Хона блог саҳифа 305

Вокуниши Додситонии кул ба қазияи муҳоҷирон дар Русия

0

Додситонии куллии Тоҷикистон 2-уми июни соли ҷорӣ бо ирсоли номаи фаврӣ ба ҳамтои русаш, хостори таҳқиқи боздоштҳо ва рафтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар нисбати муҳоҷирон шудааст.

Додситонии кулли кишвар боздоштҳои бесабаб ва латтукӯби муҳоҷирони тоҷикро “муносибати бераҳмона”-и мақомоти Русия дар баробари муҳоҷирон номида, вале онро ошкор маҳкум накардааст.

Дар изҳороти Додситонии кулли кишвар, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд ва ҳамагӣ дар як ҷумлаи дароз ифода ёфтааст, бархӯрди бераҳмонаи мақомоти Русияро кори дасти бархе аз “кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия” донистааст, ки гӯё мақомоти болӣ аз рафтори онҳо огоҳ нестанд.

Раҳмон Юсуф аз ҳамтои русаш “тақозо” кардааст ки “ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.”

Пеш аз ин вазоратҳои дохила в ахориҷаи Тоҷикистон ва инчунин Омбудсмени тоҷик низ барқияҳои ҳамсон фиристода, аз ҳамтоёни худ “тақозо” карда буданд, ки нисбати омилони боздоштҳои бемаврид чора андешанд ва ба онҳо “баҳои ҳуқуқӣ” бидиҳанд. Аммо пас аз ирсоли ин номаҳои фаврӣ вазъи муҳоҷирон бадтар шудааст.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, эҳтимол меравад, иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Чин бе иҷозати Путин сурат гирифта ва ё зери санадҳое имзо гузошта, ки мақомоти Русияро ба шидаат нигарон кардааст. Ва мақомоти Русия аз муҳоҷирон ҳамчун фишанг болои Раҳмон истифода мекунанд.

ПМТ: Хомӯшии ҳукумати Раҳмон сабаби густариши фишорҳо болои муҳоҷирон аст

0

Эътилофи Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте боздошту латтукӯби бераҳмонаи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки чанд рӯзи ахир аз ҷониби мақомоти Русия шиддат гирифтааст, макум кард.

Ин эътилофи гурӯҳе аз мухолифин дар хориҷ аз кишвар амалкарди мақомоти Русияро, ки аз ҳама бештар алайҳи муҳоҷрони тоҷик равона шудааст, “ҷинояти ғайриинсонӣ” хондааст.

Дар изҳороти ПМТ хомӯшӣ ва адами вокуниши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро омили аслии рафторҳои ғайриинсонии мақомоти рус нисбати муҳоҷирони тоҷик дониста, бархӯрди нерӯҳои интизомии ин кишварро “кирдорҳои репрессивӣ ва табъизомез, дуруст мисли рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони ҷангӣ” номидааст.

Қобили зикр аст, тоҷикистониҳо, бахусус донишҷӯён ва муҳоҷирони корӣ, бар асоси қонун ва мутобиқ бар низоми рафтуои бераводид ва дигар меъёрҳои таъйиднамудаи Русия, ки ба будубоши шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар ин кишвар иҷозат медиҳад, ба сар мебаранд.”, омадааст дар изҳорот.

Паймони миллии Тоҷикистон дар изҳороти худ аз мақомоти Русия хостааст, ки “аз қонуншикании нафратовар ва ғайриқобили қабул алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар” даст бикашанд ва боздоштҳои бесабабро поён диҳанд.

Мо хоҳони он ҳастем, ки режими Эмомалӣ Раҳмон иззату обрӯи боқимондаи миллиро дар худ биёбад ва аз шаҳрвандони худ, ки ноновари кишвар ҳастанд муҳофизат ва касонеро, ки мехоҳанд, ба ватан баргардонад ва барояшон шуғли муносиб фароҳам созад ва бад-ин васила онҳоро аз истихдоми иҷборӣ ва марги бемаънӣ дар ҷанги Украина наҷот диҳад.“, таъкид мешавад дар изҳорот.

Пайомони милии Тоҷикистон мегӯяд, масъулияти ин ҳама мушкилоти муҳоҷирони тоҷик, ба монанди озору азият ва ҳатто кушта шудани онҳо “байни режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Русия ба таври баробар тақсим мешавад.”

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

0

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид. 

Дар изҳороти ин ҳаракати сиёсӣ, ки рӯзи 1-уми июн нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳафтаи дуввум аст, ки ниҳодҳои интизомии Русия муҳоҷирони кории тоҷикистонии муқими Русияро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва нисбати онҳо рафтори ғайриинсонӣ менамоянд. 

Инчунин ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳодисаҳои нави боздошти дастаҷамъии тоҷикон, бадрафторӣ нисбати онҳо ва ихроҷашон аз Русия хабарҳои тоза нашр мешаванд.

“Гурӯҳи 24” дар изҳороташ мақомоти Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода мегӯяд, ки “чун ҳамеша барои ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони худ дар Русияи фашистӣ ва нажодпараст чораҳои мушаххас намеандешанд”.

Ин ҳаракати сиёсӣ рафтор ва вокуниши вазоратҳои хориҷаву дохила, инчунин Омбудсмени тоҷикро дар пайванд ба қазияи муҳоҷирон хандаовар хондааст.

“Мақомоти тоҷик то ҳадде аз Путин вобастаанд, ки ба ҷуз “изҳори нигаронӣ” ва ё “дархости тафтишот” кори дигаре карда наметавонанд”– омадааст дар изҳорот. 

Дар охир Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” амалҳои мақомоти Русия дар робита ба муносибати бераҳмона нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ва беамалии Ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карда, аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия қарор доранд, хоста, ки дар сурати имкон ин кишварро тарк кунанд.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

0

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Вакили дифоъ Анвар Бобохонов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба ҳукми зинаи аввал розӣ нестанд ва умед доранд, “додгоҳи вилоятӣ қазияро одилона ва мунсифона баррасӣ хоҳад кард”.

Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 26-уми майи соли ҷорӣ дар мурофиаи додгоҳие дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷанд ба иттиҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Пайвандону наздиконаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. 

Дар пайи зиндонӣ шудани ӯ, чандин созмони ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии ӯро талаб карданд. Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти тоҷик Хуршед Фозиловро мисли дигар рӯзноманигорони зиндонӣ маҳз ба хотири фаъолияти касбияш равонаи зиндон кардаанд. 

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо худи Фозилов иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кард. 

Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯби рӯзноманагирон, блогерон ва фаъолони маданӣ дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

0

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Наворе дар шабакаҳои итҷимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, пулиси Русия чанде аз муҳоҷиронро дар як майдони варзишӣ дастгир карда, ду пулис яке аз онҳоро бо мушту лагад сахт мезананд.

Дар ҳамин ҳол субҳи 1-уми июн чанд сабту наворе аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба дасти Azda tv расид, ки муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, нерӯҳои интизомии ин кишвар бедалел ба ҷойҳои кор ва ҳатто хонаи хоби онҳо даромада, онҳоро боздошт мекунанд.

Як сабти садое, ки ба дасти мо расидааст, муҳоҷири тоҷик чунин нақл мекунад: “Як ҳамхонаамон, баъд аз боздошт занг зада, бо садои пасти гиряолуд ҳарф мезад, гуфт, ки моро ОМОН дастгир кардааст, тақрибан 50 нафар ҳастем. Дар куҷоем намедонем. Дар торикии шаб танҳо медонем, ки дар лаби як дарёем. Аз байни мо ду нафар даъвао карданд, ки онҳоро парронданд. Намедонем бо мо чӣ кор мекунанд, мекушанд ё ба куҷое мебаранд. Мегӯянд, ҳоло киштие меояду моро ба куҷое мебаранд. Ҳоло дар поям бо корд задаанд.”

Ҳамзамон як муҳоҷири дигар низ таъкид кард, ки як ҳамхонаашон пас аз дастгир шудан тариқи вотсап унвони макони қарор доштаашро фиристодааст, ки мегӯяд, 630 километр аз онҳо дур буда, лаби кадом соҳилест.

Як муҳоҷири дигар низ мегӯяд, шиносеаш, ки аз ноҳия Панҷи Тоҷикистон буд, як ҳафта пеш дар Маскав боздошт шуда, имрӯз хабар расидааст, ки ӯ аллакай дар шаҳри Перм дар кадом пойгоҳи низомие тамрин мегирад ва омодаи рафтан ба ҷанг ба Украина аст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон вақти тафтишу боздошт, кормандони интизомии Русия онҳоро латтукӯб ва таҳқир намуда, гуфтаанд: “Мехоҳед мо шуморо эҳтиром кунем, насли Раҳмонов? Миллати паст!”.

То ҳол мақомоти Русия ошкор намегӯянд чаро ва бо кадом мақсад ба чунин кор даст мезананд. Бархе мегӯянд, мақомоти интизомии Русия муҳоҷиронро – сарфи назар аз доштан ва ё надоштани асонди кору будубош, боздошт када, ба маконҳои дурдаст бурда, тамрин медиҳанд ва барои ҷанг ба Украина мефиристанд.

Ин боздошт ва латтукӯб кардани муҳоҷирони тоҷик аз субҳи 19-уми май шуруъ шуд. Замоне ки нерӯҳои ОМОН-и Русия субҳи барвақт ба хобгоҳи донишҷӯён зада даромада, беш аз 100 донишҷӯро бераҳмона мавриди азият қарор доданд.

Дар вокуниш ба ин боздоштҳо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Омбудсмени тоҷик аз ҳамтоёни худ хоста буданд, ки боздошти муҳоҷиронро мутаваққиф ва онро таҳқиқ кунанд. Вале дида мешавад, ки рӯз ба рӯз домани ин боздоштҳо густардатар мешавад.

Бо боздошту, бераҳмона латтукӯб акрдан ва ҳатто ба ҷойҳои номаълум бурдани муҳоҷирон суолҳои зиёдеро дар зеҳни ҷомеаи тоҷик ба вуҷуд овардааст. Мардум аз як сӯ писарони худро барои ёфтани як луқма нон ва ё аз бадрафториҳои артиши Тоҷикистон ба Русия мегурезонанд, аммо аз сӯи дигар, дар Русия онҳоро боздошту ба ҷанги Украина фиристодан таҳдид мекунад.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

0

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст. Дар ин бора ширкати нигоҳдории роҳ “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) хабар медиҳад.

Акнун ронандагон бояд тибқи муқаррароти ширкати (IRS) сафарҳои худро аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё баракс ба нақша бигиранд.

Ширкат иттилоъ дода, ки “бо фаро расидани мавсими гармо, шурӯъ аз 1-уми июни  соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 19:00 ҷорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ин маҳдудият бештар ба мошинҳои гаронвазни аз 6 тонна боло марбут аст. Мошинҳои аз ин вазн сабуктар метавонанд ба рафтуомади худ идома бидиҳанд.

Ширкати (IRS) дар иттилоияи худ хабар медиҳад, ки икдоми мазкур ба хотири тармим ва навсозии ин шоҳроҳ, ки дар зимистони аксари он хароб гаштааст, гирифта шудааст. Ба гуфтаи масъулони ширкат, 50 километри роҳи мазкур таъмири куллӣ ва беш аз 100 километри дигари он таъмири ҷузъӣ хоҳад шуд.

Аммо, дар баробари ҷорӣ шудани маҳдудияти роҳ, аксари ронандагон аз хомӯш будани барқ дар тунелҳои ин роҳ, бахусус тунели “Истиқлол” шикоят доранд. Ба гуфтаи ронандагон ва мусофирон, тунели мазкур умуман барқ надорад ва убур аз онро душвор кардааст.

Дар посух ба ин эътирози ронандагон масъулони ширкати (IRS) мегӯянд, нигоҳдории “тунели “Истиқлол”, ки нигаронии мардум бештар ба он рабт дорад, ба зиммаи филиали Ширкат нест ва мо ваколати шарҳу тавзеҳ додани мушкилоти марбут ба онро надорем.

Аммо ин ширкат эътироф кардааст, ки дар дигар тунелҳо, аз ҷумла тунели “Шаҳристон” низ давоми чанд рӯзи ахир низоми равшанидиҳӣ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст ва сабаби онро “ҷанбаи техникӣ” гуфтааст.

Аммо корбарон дар баробари ин посухҳои амсъулони ширкат навиштаанд, ки ҳама мушкилоти роҳ ба шумо дахл надошта ва худро масъули он намедонед, пас чаро аз мардум пул мегиред?

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

0

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд ва ин амали онҳо боиси вокунишҳои зиёди корбарон гашта буд, барои солҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Sputnik Тоҷикистон бо такя ба манбаи худ аз Коллегияи ҳарбии гарнизонии Хуҷанд хабар дод, ки дар робита ба қазияи мазкур додгоҳ 6 сарбоз ва 2 афсарро гунаҳкор дониста, барои солҳои тилонӣ маҳкум ба зиндон кард.

“Додгоҳ барои ду афсар 11,5 сол ва барои шаш сарбози дигар, ки ҳамхидматони худро мавриди латукӯб қарор додаанд 9,5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳукм содир кард.”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳукми додгоҳ рӯзи 30 майи соли ҷорӣ дар бинои гарнизони Хуҷанд содир шудааст.

Сарбозон ва афсарон дар “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” ва “суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” гунаҳкор дониста шудаанд.

24-уми апрели апрели соли ҷорӣ наворе аз латтуқӯби бераҳмонаи наваскарон аз ҷониби сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки он вокуниши шадиди корбаронро ба бор овард. Пас аз нашри густардаи он навор Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи онро шуруъ кард.

Бино ба иттилои тафтишотии Додситонии кулли кишвар, ҳодисаи латтукӯби сарбозон тахминан 15-уми декабри соли 2022 дар қисми низомии 0215-и Нерӯҳои марзбонии тобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, баъзе аз сарбозоне, ки ба ин амал даст зада буданд, аллакай муҳлати адои хидмати ҳарбияшон ба поён расида, ба хонаҳои худ баргашта буданд. Аммо пас аз боз шудани парванда нисбати ин ҳодиса ҳамаи онҳо, аз ҷумла сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд.

Назари маҳкумшудагон, вакилони дифоъ ва ё наздикони онҳо дастараси расонаҳо нашудааст ва маълум нест онҳо ба ин ҳукми додгоҳ эътирозе кардаанд ва ё на.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

0

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Масъулини сафорат дар сафҳифаи фейсбукии ин ниҳоди дипломатӣ дар робита ба боздошти 150 нафар муҳоҷирон, ки рӯзи гузашта дар варзишгоҳе дар ноҳия Митинои Русия рух дод, навиштаанд, ки ҳамаи онҳо тоҷикистонӣ набудаанд.

“Кормандони Хадамоти консулӣ ба шуъбаи корҳои дохилии минтақаи мазкур сафарбар шуда, дар натиҷа муайян намуданд, ки аз ин шумора 57 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни ҳол 20 нафари онҳо озод шуда, тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши боқимонда шаҳрвандон идома дорад.”, омадааст дар хабари Сафорат.

Ҳамзамон ин ниҳоди дипломатии Тоҷикистон дар Русия таъкид мекунад, “Тибқи маълумоти маъмурияти полиси ин минтақа, пас аз хотима ёфтани тафтиши ҳуҷҷатҳои боздоштшудагон, онҳо тибқи тартиб аз ин муассиса озод мегарданд.”

Изҳороти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ҳоле садо медиҳад, ки тайи ду ҳафтаи ахир мақомоти амниятӣ ва интизомии Русия муҳоҷирони зиёде, бахусус тоҷикистониҳоро дастаҷамъӣ боздошт карда, дар кӯчаҳо байни мардум дастонашонро пушти сар дошта, ба шуъбаҳои пулси мебаранд.

Вобаста ба ин амали мақомоти Русия аксари корбарони тоҷик вокунишҳои зиёд карда, бештари онҳо ниҳодҳои дипломатӣ ва мақомоти расмии Тоҷикистонро ба хотири хомӯшиҳояшон дар баробари чунин қазияҳо гунаҳкор мекарданд.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

0

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри полковники кушташуда Мамадбоқир Мамадбоқировро канда, навиштаҳои зери онро шикастанд. 

Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик бо нашри аксе дар телеграми худ менависад, ки кормандони КДАМ соати сеи шаби 31-уми май ба қабристони шаҳраки Амзадахти Бархоруғ, ки Мамадбоқиров дар онҷо ба хок супурда шудааст, рафта санги мазорро, ки дар он ном ва акси марҳум буд, кандаанд.

Инчунин дар ин акс дида мешавад, ки як санги дигарро, ки дар он навиштаҷоте вуҷуд дошт, шикастаанд. 

То ҳол мақомот расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. 

Мақомоти кишвар, ки болои фаъолон ва мухолифини режими Тоҷикистон тамғаи террористу экстремист задаанд, чанде пеш қароре қабул кард, ки мувофиқи он мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва масъулони гӯручӯб ҷасади “террористҳо”-и кушташударо дар ҷойи таъйин кардаи мақомоти тафтишотӣ дафн хоҳанд кард ва дар мавриди ҷойи дафни онҳо ба касе маълумот дода намешавад. 

Тибқи ин қарор, дар дафтари сабт торихи таваллуд ва рақами қабр навишта мешавад, аммо ному насаби онҳо сабт намегардад.

Инчунин ҷасад ба макони дафн дар тобути сарпӯшида (гроб) интиқол дода шуда, дафнашон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда сурат мегирад.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ дар суҳбат бо Azda.tv гуфта буд, ки мақомоти кишвар ин қарорро ба хотире қабул кардааст, ки намехоҳанд рӯзе ҷиноятҳояшон, ки дар вақти ин амалиётҳо содир кардаанд ва нафарони бегуноҳро ба қатл расондаанд, таҳқиқ ва ошкор шавад. 

“Режими имрӯзаи Тоҷикистон аз мурдаи қаҳрамонҳое мисли Муҳаммадбоқир ҳарос дорад”,- мегӯяд Алим Шерзамонов. 

Ёдовар мешавем, ки 22-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии маҳаллаи Бойне Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбаронии мардумии Бадахшон аз сӯи хадамоти махсуси Тоҷикистон кушта шуд.

Баъд аз куштани Мамадбоқиров мақомот тамоми роҳҳоро дар Хоруғ бастанд, то сокинони шаҳр дар маросими видоъ бо марҳум ширкат накунанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама маҳдудиятҳо садҳо нафар барои ширкат дар маросими ҷанозаи ин раҳбари мардумии Бадахшон ширкат карданд. 

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

0

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 30-уми майи соли 2023 пойтахти Русия, шаҳри Маскав тавассути чанд паҳпод мавриди ҳамла қарор гирифт, вале мақомти Русия мегӯянд, ки тамоми он 8 паҳподҳое, ки қасди ҳамла доштанд, дар ҳаво хунсо шуданд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав хабар дод, ки субҳи барвақт бар асари ҳамлаҳои паҳподҳо ба чанд бино хисорот ворид шудааст, вале талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад. Губернатори вилояти Маскав ҳам гуфта, ки субҳи имрӯз садои таркишҳо дар бархе ноҳияҳои Маскав ва атрофи он шунида шуд, ин садои падофандҳои ҳавоӣ буданд, ки чанд паҳподеро дар ҳаво мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Аммо бар хилофи ин ҳамлаҳо ба Маскав, ББС ба нақл аз мақомоти Украина гузориш дод, ки Русия тайи се шаби гузашта Киевро мавриди ҳамла қарор додааст ва бар асари ин ҳамлаҳо чанд сохтмон оташ гирифтааст. Мақомоти Украина ҳам гуфтаанд, ки бар асари ин ҳамла дасти кам як нафар кушта шудааст. Ҳамзамон хабар додаанд, ки падофанди ҳавоии ин кишвар тавониста беш аз 20 паҳподро раҳгирӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе мақомоти расмӣ дар Киев аз ин ҳамлаҳо ба Маскав ҳимоят кардаанд, вале гуфтаанд, ки артиши Украина дар пушти ин ҳамлаҳо ҳузур надорад. Бархе коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ки эҳтимол меравад, ин ҳамлаҳо ба Маскав аз дохили хоки Русия анҷом гирифта бошанд.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҷанг дар Украина, ки 24-уми феврали соли 2022 оғоз шуд, ин бори дувум аст, ки Маскав, пойтахти Русия тавассути паҳподҳо мавриди ҳамла қарор мегирад. Дар ҳар ду маврид Русия артиши Украинаро муттаҳам кардааст, вале ҷониби Украина бо вуҷуди ҳимоят кардан аз ин ҳамлаҳо ба сурати расмӣ эътироф накардаанд, ки дар пушти ин ҳамлаҳо нерӯҳои украинӣ ҳузур доранд.