Хона блог саҳифа 306

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

0

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, 29-уми майи соли 2023 ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар кишвар бо раҳбараии Вазири иҷтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода баргузор гардид.

Дар ин нишаст “таъкид гардида, ки дар солҳои охир шумораи ҳамёнҳои электронӣ қариб 2 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ анҷомдодашуда аз 4,9 фоизи соли 2018 то 12,0 фоиз дар соли 2022 расонида шуд.”

Гуфта мешавад, Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, “бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ (дар соли 2018) таъсис дода шудааст.”

Кӣ дурӯғ мегӯяд, донишҷӯён ё Вазорат?

0

Донишҷӯён аз “облава” неву аз “нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ”-и Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб гурехтаанд. 

30-уми майи соли ҷорӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо нашри изҳороте навори баҳбарангези “облава” дар Донишгоҳи тиббии кишварро ба қавли худ шарҳ дод. 

Ба иддаои Раёсат “29-уми майи соли ҷорӣ, дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур мулоқот доир намудаанд. Дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз донишҷӯён мулоқотро тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан гумон карда, бетартибӣ намудаанд”.

Вобаста ба ин ҳодиса Раёсати ВКД-и Душанбе аз масъулони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб танҳо эроди ҷиддӣ гирифтааст. 

Ин ниҳод дар охир мегӯяд, ки “расман ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки нақшаи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани наваскарон пурра иҷро шудааст”.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суол мегузоранд, ки агар нақша дар шаҳри Душанбе пурра иҷро шудааст, пас чаро сарбозшикор ҳамоно дар пойтахти кишвар идома дорад ва ҳатто донишҷӯёнро ба хидмат бурда истодаанд. 

Дирӯз, 29-уми май Радиои Озодӣ бо нашри наворе аз облаваи донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳангоми супоридани имтиҳон хабар дода буд. 

Дар ин навор дида мешавад, ки донишҷӯён ба ҳар тараф мегурезанд.

Як донишҷӯи хориҷӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “Ҳангоми аз имтиҳон баромадан бачаҳои маҳаллиро қапида дар мошинҳо шинонда бурданд. Чанд касро. Бархе гурехтанд, баъзе кӯшиш карданд, ки қапида нашаванд ва як қисми дигар аз тарс ба имтиҳон надаромадаанд”.  

Масъулони Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон сарбозшикорро рад карда, гуфтанд, ки “21 хатмкунанда бо хоҳиши худ ба артиш рафтанд”.

Бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар боис шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмат даст мекашанд ва мақомот барои ҷалби онҳо аз усулҳои “облава” ва фишор ба пайвандону наздиконашон истифода мебаранд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин

0

Дар ҳоле, ки мақомоти Русия фишорҳо болои муҳоҷирони кории тоҷики муқими ин кишварро афзоиш медиҳанд, мақомоти расмӣ дар шаҳри Душанбе баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чинро дар авлавият қарор додаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дирӯз, 29-уми майи соли 2023 “муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шуминро ба ҳузур пазируфт.”

Ба қавли манбаъ, дар рафати ин дидор ҷонибҳо натиҷаҳои сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чинро, ки “аз 16 то 19 майи соли 2023, инчунин татбиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди муштарак дар бахшҳои мухталиф”-ро ба баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, хеле аз коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки яке аз сабабҳои зиёд шудани фишорҳо, боздоштҳо ва бозпурсиҳои муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳамин сафари Президенти Тоҷикистон ба Чин будааст.

Ин коршиносон мегӯянд, яке аз иллатҳои нороҳат шудани русҳо кам шудани боварии онҳо ба давлатмардони Тоҷикистон аст, ки Маскавро пушт карда, ба Пекин рӯ овардаанд. Далелашон ҳам мулоқотҳои Эмомалӣ Рамҳон тайи ҳамин сафараш ба Чин бо як қатор раҳбарон ва тоҷирону сармоягузорони ин кишвар арзёбӣ мешавад.

Боз беш аз 150 муҳоҷири тоҷик боздошт шуд

0

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ беш аз 150 муҳоҷири тоҷикро дар назди метрои Митинои Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд. 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, онҳо дар яке аз сохтмонҳои назди ин метро кор мекарданд ва ҷойи хобашон низ онҷо будааст. 

Кормандони амниятии ин кишвар беш аз 150 муҳоҷирро аз хобашон бедор карда, дар чор автобус савор карда, бо худ бурдаанд, вале то ҳол сабаби боздошти онҳоро шарҳ надодаанд. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳоло муҳоҷирони боздоштшуда дар саҳни Шуъбаи пулиси ноҳияи Митино қарор дошта, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ ҳодисаро пайгирӣ дорад.

Мақомоти Русия мисли боздоштҳои қаблии муҳоҷирон ин ҳодисаро шарҳ надодааст.  

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон идома дорад.

То ин муддат наворҳое нашр шудаанд, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, онҳоро ба таври дастаҷамъӣ боздошт мекунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дорад озод мекунанд, аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки кормандони интизомии Русия аз баъзе муҳоҷироне, ки мушкили ҳуҷҷат доранд, маблағ гирифта онҳоро озод мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар иловаи гирифтани ришва ҳолати латтукӯби муҳоҷирон дар рафти ин “рейд”-ҳо низ вуҷуд дорад.

Дар пайи ин рейдҳо Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон хоста буд, ки “тартиби будубошро дар кишвари иқомат риоя намуда, аз сафар ба вилоятҳои Москва ва ҷамъомадҳое, ки дар он ҷойҳо мегузаранд, худдорӣ намоянд”.

Пештар аз ин кормандони ОМОН-и Русия дар минтақаи Хабаровск беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолски лаби Амурро бераҳмона латтукӯб ва шиканҷа карда буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба боздошту фишори муҳоҷирон дар Русия эътироз карда, сафири Русияро дар Душанбе барои суҳбат даъват кард. 

Инчунин Омбудсмени тоҷик ва Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳамтоёни руси худ хоста буданд, ки қазияи латтукӯби донишҷӯён ва “рейд”-и муҳоҷиронро одилона таҳқиқ кунанд. 

То ҳол мақомоти рус ин ҳама фишор болои зодагони Тоҷикистонро, ки дар Русия қарор доранд, расман шарҳ надодаанд. 

Аммо чанд рӯзи охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ русҳо якуякбора шуруъ кардаанд ба таҳқиру танқиди муҳоҷирон асосан зодагони Тоҷикистон. 

Чанд соли охир фишори дастаҷамъонаи мақомоти Русия болои муҳоҷирон камтар мушоҳида мешуд. Фишорҳо ҳарчанд вуҷуд доштанд, фарогир ва ҳадафманд набуда, шумори боздоштшавандагон ҳам бамаротиб камтар буд. Фишори густурда, ҳадафманд ва саросарӣ ба муҳоҷирон, ихроҷи дастаҷамъонаи онҳо асосан замоне иттифоқ меафтоданд, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон кадом саркашие нисбати Русия анҷом диҳанд. 

Payom.net дар як матлаби таҳлилие дар ин бора гуфтааст, ки “Бо дарназардошти таҷрибаи гузашта, метавон бо итмонон гуфт, ки ин дафъа ҳам ҷуръати “ғулом” (Тоҷикистон) “хоҷа”-ро (Русия) ба ғазаб овардааст. Аммо кадом ҷуръат? 

Масъала бармегардад ба нишасти сарони Осиёи Марказиву Чин, ки дар Пекин баргузор шуд ва натоиҷи баде ҳам надошт. Натоиҷи иқтисодии он албатта мавзӯъи баҳси дигар аст. Ва чун натоиҷи сиёсии он ба мавқеъи Русия зарба мезанаду бо эҳтимоли зиёд ғазаби Хирси шимолиро барнагехтааст. Албатта яке аз натоиҷи иқтисодӣ — сохтмони роҳи оҳани Чин — Қирғизистон — Қазоқистон барои пайвастан ба Аврупо бо давр задани Русия наметавонад мақомоти ин кишварро нигарон накунад, аммо солҳост, ки Русия ба гигемонияи иқтисодии Чин бар Осиёи Миёна тан додааст.

Чин дар ин нишаст зимнан эълом кард, ки амният ва бехатарии кишварҳои Осиёи Марказиро ба дӯш мегирад — масъулияте, ки Русия онро то ин замон ба худаш нисбат медод”.

Ба гуфтаи бархе коршиносн, ба ҷуз ин масъала, ҷалби иҷбории муҳоҷирони корӣ ба ҷанг дар Украина низ дар миён аст. 

Як муҳоҷири тоҷик бо шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки “як дӯстам, ки дар яке аз комиссияҳоии тиббии харбии Русия кор мекунад ба ман гуфт, ки ба дӯсту шиносҳоят хабар деҳ, ки дигар эҳтиёт бошанд ва гурӯҳ-гурӯҳ дар ягонҷо ҷамъ нашаванд, чун дар ин чанд рӯзи рейд ҳамарӯза 5-10 тоҷикро барои муоина оварда, аз комиссия мегузаронанд ва ба ҷанг дар Украина мефиристанд”.

Azda.tv гуфтаҳои ин муҳоҷири тоҷикро таҳқиқ дорад.

Пеш аз ин ҳама фишорҳои густурда болои муҳоҷирон чанд вакили парлумони Русия даъват карда буданд, ки дигар ба зодагони Тоҷикистон шаҳрвандӣ дода нашавад ва онҳое, ки дорои душаҳрвандиянд ба ҷанг бурда шаванд. 

Хонандагони гиромии Azda.tv, агар аксу наворе ё хабаре дар бораи рейду боздошти муҳоҷирон дар Русия дошта бошед, метавонед ба рақами +48 571 60 8008 дар Whatsapp ва Telegram маълумоти худро ба мо фиристед!

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар қаллобӣ ва азхудкунии пулҳои мардум бо роҳи фиреб муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои ВКД, як марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе танҳо дар давоми як моҳ ду нафар – як мард ва як занро фиреб дода, аз яке, 95 ҳазор ва аз дигарӣ 117 ҳазор сомонӣ гирифта, дигар пули онҳоро барнагардонидааст.

Ин сокини пойтахт “моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 95 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағҳояш ба ӯ 1-адад автомашина оварда медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, номбурда моҳи ноябри соли 2022, аз зани 45-солаи сокини шаҳри Душанбе 117 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағҳояш ба ӯ 1-адад автомашина оварда медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.”
, омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ин марди 27-сола бо ҳамин шакл ба боварии ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Кушониён даромада, аз ӯ 72 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ мошини тамғаи “Тайота Кемри” оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ин марди 27-солаи сокини пойтахт, ки аз ӯ номбурда намешавад, дастгир шудааст ва дар ин робита ҳоло тафтишот идома дорад.

ВКД чанде пеш аз боздошти қаллобоне хабар дода буд, ки баъзе онҳо бо роҳи фиреб то ним миллион ва бархе ҳатто то беш аз як миллион сомонии мардумро азонихуд кардаанд, вале боз ҳам дида мешавад, ки сафи чунин одамфиребон кам нашудааст.

Ба гуфтаи огаҳони умур, мутаассифона, аксари қаллобон ва мардумфиребон пас аз боздошт бо роҳи додани ришва ва фасод ба зудӣ озод мешаванд ва боз ба кори худ идома медиҳанд, ки ин баёнгари даст доштани худи мақомот дар афзоиши сафи ин гуна инсонҳо аст.

Ҳушдори Белорус ба Ғарб: Хатти сурхро убур накунед!

0

Як мақомдори баландпояи низомии Белорус пас аз ҷобаҷакунии силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки ин кишвар ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатти сурхро убуб накунанд.

Александр Волфович, Дабири умури хориҷаи Шӯрои амнияти Белорус дар робита ба эътирозоти Ғарб алаҳи ҷобаҷо кардани силоҳҳои атомии Русия дар хоки кишвараш гуфт: “кишварҳои ғарбӣ чорае ҷуз овардан ва гузоштани силоҳҳои ҳастаии тактикии Русия барои Минск боқӣ нагузоштанд” ва кишавараш маҷбур шуд ба ин иқдом даст бизанад.

Волфович ҷобаҷокунии силоҳҳои ҳастаии тактикии Русия дар хоки кишварашро яке аз иқдомҳои стратегӣ тавсиф кард.

Ҳамзамон Дабири умури хориҷаи Шӯрои амнияти Белорус рӯзи 29-уми май дар суҳбат бо расонаҳо ҳушдор дод, ки Ғарб беҳтар аст муроқиб бошад ва дар мавриди масоили калидӣ хатҳои сурхро убур накунад.

Ин мақоми баландпояи низомии Белорус барои чунин тасмим гирифтани кишвараш Амрикоро гунаҳкор медоанд, ки ба гуфтаи ӯ, ин кишвар “ҳама чмзро зери по гузошт ва дар қиболи тааҳҳудоти худ пойбанд намонд.”

Кишвари Билорус, ки бо Лаҳистон ҳаммарз аст, яке муттаҳидони бисёр наздики Путин мебошад. Пас аз ҳамлаи Русия бар Украина ин кишвар низ дар рӯйхати таҳримҳои Ғарб қарор гирифт. Ва Маскав ахиран силоҳҳои ҳастаии тактикии худро дар Белорус ҷобаҷо кард, ки ин иқдоми ӯ ба вокуниши шадиди кишварҳои ғарбӣ ва Амрико рӯбарӯ шуд.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

0

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон идома дорад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шудаанд, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Навори тозае рӯзи 29-уми май дар саҳфаи инстаграмии Parviz.tv нашр шуд, ки дида мешавад, дар як майдони варзишие дар шаҳри Маскав гурӯҳе аз муҳоҷирон ба шикам хобида, дастонашон пушти сар аст ва чанд низомие дар наздашон рост истодааст. Дар навори дигаре дида мешавад, ки муҳоҷирон қатор дастҳо болои китфҳои якдигаранд ва нерӯҳои интизомии рус онҳоро ба куҷое бурда истодаанд.

Дар зери ин навор навишта шудааст, ки “Имрӯз, 29.05.2023 даҳҳо муҳоҷирро дар шаҳри Москва ҳангоми бозии футбол дар яке аз майдончаҳои футбол дастгир кардаанд. Гӯё ки муҳоҷирони корӣ кӯдаконро аз майдончаи футбол пеш карда, худ футбол бозӣ карда бошанд“.

Инчунин ҳафтаи пеш дар яке аз масҷидҳои Русия, мақомоти интизомии ин кишвар дарҳоро аз берун баста ҳуҷҷати муҳоҷиронро тафтиш кардаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дорад озод мекунанд, аммо онҳое ки ҳуҷҷат надоранд ба идораи пулис бурда ихроҷашон мекунанд.

Гуфта мешавад, ин “рейд”-ҳо бо иштироки ОМОН, кормандони воҳидҳои оперативӣ, Хадамоти амнияти федеролӣ (маъруф ба ФСБ) ва нерӯҳои марзбонии Русия баргузор шуда истодааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷиронро бо худ ба шуъбаҳои пулис ва дигар ниҳодҳои қудратӣ мебаранд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки кормандони интизомии Русия аз баъзе муҳоҷироне, ки мушкили ҳуҷҷат доранд, маблағ гирифта онҳоро озод мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар иловаи гирифтани ришва ҳолати латтукӯби муҳоҷирон дар рафти ин “рейд”-ҳо низ вуҷуд дорад.

То ҳол мақомоти Русия сабаби яку якбора даст задан ба тафтиши густурдаи муҳоҷиронро шарҳ надодаанд.

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

0

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи “Тоҷик-Эйр”-ро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 26-уми майи соли 2023 бо амри Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Холиқов, собиқ раҳбари ширкати ҳавопаймоии Тоҷик-Эйр ва мудири Фурӯдгоҳи байлналмилалии шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Радиои Озодӣ ба нақл аз манбаъҳои худ хабар додааст, ки “Рустам Холиқов ба “азхудкунӣ ё исрофи маблағ”, “сохтакорӣ” ва “қаллобӣ” муттаҳам аст.”

Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир “амволу дороиҳояш низ феълан ба ҳабс гирифта шудааст. Парванда ба замони кораш дар ширкати “Тоҷик Эйр” пайванд дорад.”

Аммо 25-уми июли соли 2014 дар як суҳбати худ бо расонаҳо гуфта буд, ки айни замон қарзи ширкати Тоҷик-Эйр дар назди Фурӯдгоҳи Душанбе беш аз 70 миллион сомониро ташкил медиҳад ва барои беҳтар кардани вазъи иқтисодии ин ширкат талош мекунем.

Ба қавли ББС, 19-уми январи соли 2015 Рустам Холиқов дар нишасти матбуотии муштараки Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати “Тоҷи-Эйр” гуфта буд, дар тӯли камтар аз шаш моҳ ин ширкат вомҳои худ дар назди фурӯдгоҳҳои байналмилалиро пардохт кардааст ва онҳо тавонистаанд, бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳои ин ширкатро таъмин кунанд.

Ҳамзамон бархе коршиносон мегӯянд, дар фалаҷ сохтани ширкати Тоҷик-Эйр ва қарздор кардани он худи Президенти Тоҷикистон низ бевосита саҳмгузор аст. Эмомалӣ Раҳмон бо додани имтиёзҳои зиёд ба ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйр, ки як ширкати офшорӣ ва ба додарарусаш Ҳасан Асадуллозода марбут аст, беш аз нисфи хатҳои парвози Тоҷик-Эйрро бекор ва ин ширкати давлатиро муфлис кардааст.

Гуфта мешавад, 21-уми июли соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо судури як Қарори худ амр карда буд: Ба ӯҳдаи Холиқов Рустам Исуфович директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” вогузор карда шавад.”

Рустам Холиқов дар ин мақом то 27-уми январи соли 2016 кор кард ва баъдат бо як фармони дигари Эмомлӣ аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” озод карда шуд.

Ин бори аввал нест, ки дар бораи оғоз шудани парванда ва содир шудани ҳукми боздошт нисбат ба собиқ мудири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Тоҷик-Эйр хабарҳо расонаӣ мешаванд, балки субҳи 4-уми августи соли 2019 низ Рустам Холиқов пеш аз парвоз ба Туркия дар Фурӯдгоҳи байланмилалии шаҳри Душанбе тавассути кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт ва баъд аз бозпурсӣ раҳо шуда буд.

Мақомот Тоҷикистон то ҳол расман дар бораи боздошти ӯ ба расонаҳо иттилоъ надодаанд ва аз сӯи дигар на худи ӯ на вакили дифоъ ва на наздикону пайвандонаш дар бораи сабабҳои ин боздошт ва иттиҳомоти ворид шуда ба он изҳори назар накардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

0

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 27-уми майи соли 2023 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона байни марзбонони эронӣ ва афғонистонӣ дар Нимрӯз се нафар, аз ҷумла ду марзбони эронӣ ва як сарбози афғонистонӣ кушта ва беш аз 100 нафари дигар маҷруҳ шудааст.

Танишҳои лафзӣ ва физикие, ки ахиран байни раҳбарони эронӣ ва афағонистонӣ доманаи онҳо фаротар аз маҳдудаи сиёсатҳои ҳусни ҳамсоядорӣ густариш пайдо кардааст, на танҳо ин ду кишвар, балки то ҳадде кишварҳое минтақаро низ зери таъсири худ қарор додааст.

Ҳафтаи гузашта Президенти Эрон зимни як сафари худ ба устони Сиистон ва Балучистони ин кишвар аз тариқи расонаҳо ба ҳокимони Афғонистон ҳушдор дода гуфт: “Ман дорам ахтор (ҳушдор) мекунам ба масъулин ва ҳокимони Афғонистон, ки ҳаққи оби мардуми Сиистон ва Балучистонро бидиҳанд…” Ин ҳушдорҳои раиси ҷумҳури Эрон ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон ҳам бо баёни он ки дар робита ба камобӣ дарди мардуми устони Сиистон ва Балучистони Эронро дарди мардуми худ медонад ва дилашон ба онҳо низ ба андозаи мардумони вилоятҳои Нимрӯз ва Фароҳ месӯзад, гуфт: “Дар робита ба Ҳаққобаи Эрон Иморати исломии Афғонистон ба мувофиқатномаи соли 1351 ҳиҷрӣ шамсӣ мутааҳҳид (пойбанд) аст. Вале хушксолие, ки дар Афғонистон ва минтақа ҷараён дорад, низ набояд аз мадди назар дур андохта шавад.”

Аз сӯи дигар, давлатмардони низомӣ ва соҳибони қарор дар марзҳои муштараки ду кишвар ҳам дар ин росто ором набуданд, балки ҳар ду ҷониб бо вокунишҳо ва аксуламалҳои худ барои заминагузорӣ ба як ҷанги тамомъайёр афсарону сарбозонро дар Эрон ва Афғонистон омода мекарданд.

Ҳамзамон Абдурраҳмон Умарзиҳӣ, яке аз рӯҳониҳои эронӣ ҳам, навори суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд дасти ба даст мешавад, ки дар вокуниш ба ҳушдори Иброҳим Раисӣ ба Толибон мегӯяд: “Оқои раиси ҷумҳур, адабиёте Шумо дар қиболи ҳокимони Афғонистон ба кор бурдед, комилан иштибоҳ ва нодурусте буд. Адибиёти холӣ аз усулу завобит буд, адабиёти ба дур аз саводу дониши рӯз буд”. Вай мепурсад, “оқои раиси ҷумҳур чаро одат кардаед, ки бо мардум зӯр бигӯед, бо ҳамсояҳо зӯр бигӯед, бо дунёи хориҷ зӯр бигӯед? Шумо як раиси ҷумҳур ҳастед ва ба намояндагӣ аз ҳама мардуми Эрон суҳбат мекунед, на қозӣ, ки бо зӯр гуфтан ҳамаро муттаҳам кунед!”

Хеле аз расонаҳои мансуб ба Эрон ва Афғонистон ҳам дар таҳрики афкори умум ва омодасозии онҳо барои ба вуҷуд овардани ҷанг аз забони коршиносон ва таҳлилгарони худ саҳмгузорӣ карданд. Бархе аз ин коршиносон ва таҳлилгарон бо бартар нишон додани тавоноиҳои артиши Эрон то ҳадде тавонистанд, ки ангезаи ҷангталабӣ дар мардуми Афғонистонро, ки тайи 44 соли ахир ноором аст, аз нав бедор кунанд.

Кори ин “даъвоҳои обталабии Эрон” ва “худамон оби камтар дорем”-и Афғонистон то ҷое кашида шуд, ки тавре дар наворҳо дида мешавад, ҳар ду ҷониб вориди набард ва даргириҳо шуданд ва дар натиҷа дасти кам ду сарбози эронӣ ва як сарбози афғонистонӣ кушта ва даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аммо аз сӯи дигар, бархе коршиносон бар ин назаранд, ки чун дар ҳоли ҳозир ҳам давлатмардони ҳоким дар Эрон ва ҳам ҳокимони феълии Афғонистон, ки иттиҷоҳоти мухталифи мазҳабӣ ва эътиқодӣ доранд, ба хотири ба дигар сӯ бурдани таваҷҷуҳ ва афкори мардум аз мушкилоти дохилиашон ба роҳандозии чунин задухӯрдҳои идорашаванда дар марзҳо ниёз доранд.

Ба гуфтаи онҳо, баҳси дуруст идораи кардани об дар минтақа ҷои худаш, вале дар ҳоли ҳозир ба сабаби ин гуна ҷангҳои идорашаванд то андозае муттаҳид кардани афкори омма барои ҳокимони ҳарду кишвар муҳимтар аст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

0

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд. 

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки бо талоши зиёди фаъолон, ҳомии ҳуқуқ аз Украина Анвар Деркач ва вакили дифои лаҳистонӣ тавонистанд дар охирин лаҳза монеи истирдоди ин паноҳҷӯ дар Фурӯдгоҳи Варшава шаванд. 

Бино ба иттилои Бобоев, қазияи Сорбон Абдураҳимзода ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург рафта буд ва додгоҳ аз мақомоти Лаҳистон хоста буд, ки ӯро то анҷоми баррасии шикояташ истирдод накунанд.

Қарор аст рӯзҳои наздик яке аз Додгоҳҳои Лаҳистон қазияи Сорбонро аз нав баррасӣ бикунад. 

Пӯлодҷон Абдураҳимзода, падари Сорбон Абдураҳимзода, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар сурати истирдод фарзандашро дар Тоҷикистон “азияту шиканҷа ва эътирофи маҷбурӣ ба гуноҳи нокарда” ӯро интизор аст.

Гуфта мешавад, Сорбон Абдураҳимзода бо хонаводааш дар Украина зиндагӣ мекард ва баъди ҳамлаи Русия ба Украина моҳи феврали соли 2022 ба Лаҳистон паноҳ овард. 

Вале ҳангоми вуруд ба қаламрави Лаҳистон маълум шудааст, ки исми Сорбон Абдураҳимзода дар рӯйхатти Интерпол қарор дорад ва ба ин далел, ӯро дастгир карданд ва аз ҳамон вақт ӯ дар як боздоштгоҳи муҳоҷирон қарор дошт.

10-уми июни соли 2022 додгоҳи минтақаи Пшемишли Лаҳистон ҳукми истирдоди шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро таъйид ва ба истирдоди ӯ раъй дода буд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд, ки чаро Сорбон Абдураҳимзодаро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд. Аммо падараш мегӯяд, ки мақомот ӯро барои гуё “лайк”-гузорӣ дар зери навори мухолифон ва пайравӣ аз он муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтаи падари Сорбон “асос надорад”.

Пештар аз ин Сорбон дар Украина ҳам боздошт шуда буд, вале Украина аз истирдоди ин паноҳҷӯи тоҷик ба Душанбе худдорӣ карда буд.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач моҳи июни соли гузашта дар суҳбат ба Azda.tv гуфта буд, ки Сорбон Абдураҳимзода аз ҷониби мақомоти тоҷик ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротии ДИИШ ва “Алқоида” дар пайгард қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта баъд аз ихроҷи чанд паноҳҷӯи тоҷик аз Аврупо ба Тоҷикистон ҳамаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Аз ҷумла, соли 2020 додгоҳе дар Утриш Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд ва ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. 

Инчунин моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди узви аршади ҲНИТ Шамсиддин Саидовро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар Тоҷикистон ӯ барои 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.