15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 314

Боздошти раиси ноҳияи Рашт бо иттиҳоми ришвахорӣ

0

Раиси ноҳияи Рашт ва раиси дастгоҳи ҳукумати ин ноҳия барои тақсими ғайриқонунии замин ва гирифтани ришва аз ҷониби маъмурони Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, боздошти Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт ва Холмуҳаммад Ортиқов, раиси дастгоҳи ин ноҳия рӯзи 22-юми январ дар ҷойи корашон ва дар ҳузури шоҳидон сурат гирифтааст.

Як манбаъ аз Ожонсии зидди фасод ба Радиои Озодӣ хабар дода, ки “Шикоят расид, ки раиси ноҳия замин фурӯхта, дар маркази ноҳия чанд ҷойро ғайриқонунӣ ба соҳибкорон додааст. Далели тақсими ғайриқонунии замин тасдиқ шуда буд, вале раисро ҳангоми гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар боздошт карданд. Ришваро раҳбари дастгоҳ гирифта, ҳангоми ба раиси ноҳия додан дастгир шудааст”.

Дар ҳамин ҳол “Isloh.net” дар истинод ба манобеаш мегӯяд, ки “Айни замон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба сабаб ин ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад, мақоми дахнопазирӣ дорад ва танҳо баъди лағви ваколат ва масунияти дахлнопазирии вай аз тарафи Маҷлиси миллӣ чораи боздошт алайҳи вай татбиқ хоҳад шуд. Бинобар ин қарор аст дар рӯзҳои наздик ҷаласаи фаврии Маҷлиси миллӣ баргузор шавад.”

То ҳол ягон ниҳоди давлатӣ хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва зердасташро тасдиқ ё рад накардааст.

Раҳимҷон Набизодаи 61-сола, ки аз соли 2019 раёсати ҳукумати ноҳияи Раштро ба дӯш дорад, дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ҳукумати Рашт буд.

Бо вуҷуди шикояти сокинон, боздошту ба ҷавобгарӣ кашидан ва ҳатто танбеҳи раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кам сурат мегирад. Дар аксар ҳолат ягон раисе ҳам агар боздошт шуд, мавзуи парванда аз фасоду ришва ба сӯистифода аз мансаб тағйир меёбад ё пурра иттиҳомот бекор карда мешаванд.

Танҳо дар соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб баъд аз танқид карданаш аз Бек Сабур қудои раисҷумҳур ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.

Маъмурони Ожонси зидди фасод дар Тоҷикистон бошанд бештар ба боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ машғуланд.

Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтоёнаш аз Узбекистон ва Покистон

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамтоёнаш аз Узбекистон ва Покистон мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Тошканд бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳутто Зардарӣ дар алоҳидагӣ мулоқот кард.

Дар ин мулоқотҳо сарони дастгоҳҳои дипломатии кишварҳо дар бораи равобити бисёрҷониба бо ҳам гуфтугӯ намуданд ва таъкид карданд, дар татбиқи созишномаҳо ва мувофиқатномаҳо то ҳол ба имзорасида талош варзанд.

Инчунин дар рафти ин мулоқотҳо пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар кори 26-умин нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 23-юми январи соли ҷорӣ дар пойтахти Узбекистон, шаҳри Тошканд ба кор худ оғод кард, ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Туркия, Эрон ва Покистон, инчунин Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат карданд.

Сарвазири Сувед: Ҳар амали қонунӣ, маънои дуруст будани онро надорад

0

Пас аз ҳодисаи сӯзондани Қуръон дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм сарвазири Сувед Улф Кристерссон бо нашри изҳороте онро маҳкум карда, гуфт, ҳар амале, ки қонунӣ бошад маънои онро надорад, кори дуруст аст.

Бо нашри ин изҳороташ Кристерссон гуфт: “Озодии баён ҷузъи асосии демократия аст, локин ҳар чизе, ки қонунӣ аст, ба ин маъно нест, ки ҳатман кори дурусте бошад. Сӯзондани китоби муқаддас барои аксари мардум амали бисёр нописанду зишт маҳсуб мешавад.”

Сарвазири Сувед дар идомаи изҳороташ аз мусалмонон узрхоҳӣ карда, гуфтааст, “Мехоҳам ба тамоми мусалмононе, ки ба сабаби ончи ки гузашт нороҳат шуданд, изҳори ҳамдардӣ кунам “.

Изҳороти сарвазири Сувед дар ҳолест, ки пештар аз ӯ мақомоти Туркия гуфта буданд, ки сӯзондани китоби муқаддаст ҳечгоҳ ба маънои озодӣ баён шуда наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе, 21-уми январи соли ҷорӣ сиёсатмадори рости ифротии суведӣ-донморкӣ Расмус Полудан як нусхаи Қуръонро дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм оташ зад.

Қарор буд, рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ вазири дифои Сувед Пол Юнсон ба Анқара сафар кунад, аммо чун ҳукумати Сувед рӯзи ҷумъа ба сиёсатмадори ифротӣ Полудан иҷозат дод, дар назди сафаорати Туркия дар Стокҳолм гирдиҳамоии эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон баргузор кунад, ҳукумати Тукрия сафари вазири дифои Суведро лағв кард.

Баргузории Маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон

0

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳузури Президент Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳир Расулзода, Сарвазири кишвар ва дигар аъзои ҳукумат оғоз ба кор кард.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти Президенти Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 24-уми январи соли 2023 “дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.”

Ба қавли манбаъ, “дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.”

Гуфта мешавад, дар ин “маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда мешавад.”

Мулло ба хотири тӯи писараш боздошт шуд

0

Абдулҳаннон Усмонов, сокини ноҳияи Кӯшониён, ки монеи бо рақсу мусиқӣ гузаронидани тӯйи домодии писараш шуд, мавриди боздошту бозпурсии мақомот қарор гирифтааст.

Акс аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

Чанд рӯз аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезанад, ки дар он дида мешавад як сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон монеи бо рақсу мусиқӣ гузаронидани тӯйи домодии писараш мешавад.

Дар ин навор дида мешавад, ки домоду арӯс дар тан либоси тӯёна зери рақсу мусиқӣ вориди ҳавлӣ мешаванд. Вале дар ин ҳолат як марди ришдор, ки дар тан ҷомаи тоҷикӣ дорад, талаб мекунад, ки рақсу мусиқиро бас кунанд ва “дигар дар инҷо чунин масхарабозӣ накунанд”. Дар натиҷа рақсу мусиқӣ қатъ мешавад ва меҳмонон низ пароканда мегарданд.

Аз баҳси ин мард бо домод бармеояд, ки ӯ падари домод аст. Чун ӯ бо норозигӣ мегӯяд, бо вуҷуди аз пеш талабу шарт гузоштан, домод ҳурмати сухани падарашро шикаста, навозандагонро ба тӯй даъват кардааст.

Дертар маълум шуд, ки ин нафар Усмонов Абдулҳаннон Бурҳонович ном дошта, дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Кӯшониён зиндагӣ мекунад ва миёни мардум бо номи домулло Абдулҳаннон маъруф будааст .

Дар ҳамин ҳол пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш хабар дод, ки “писари домулло Абдулҳаннон ваъда дода будааст, ки тӯйро тибқи фармудаи падараш доир мекунад, вале вақте ки ӯ аз хона баромада, куҷое меравад, инҳо ба рақсу мусиқӣ сар мекунанд. Инро касе ба домулло хабар мерасонад ва ӯ аз ними роҳ ба хона баргашта, ба қавли маъруф, тӯйро “клет” мекунад. Баъд аз он домулло мавриди пурсуҷӯи мақомот гирифтааст”.

Дар ҳамин ҳол саҳфаҳои фейкии наздик ба мақомоти Тоҷикистон, аксеро дар фейсбук нашр кардаан, ки дар он домулло Абдулҳаннон дар кадом як идораи давлатӣ дар паси миз нишааст ва баъзе ин саҳфаҳои фейкӣ, ин аксро ба ин навъ шарҳ додаанд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон як азви ҲНИТ-ро боздошт кардаанд.

Аммо Мирзораҳим Карим, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Azda tv” аъзои ҲНИТ будани мулло Абдулҳаннонро рад кард.

То ҳол ягон ниҳоди расмии Тоҷикистон хабари аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор гирифтани ин сокини ноҳияи Кӯшониёнро  рад ё тасдиқ нақарданд.

Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Гурӯҳи аввал ин амали домуллоро танқид карда, ба рафтори Толибон ташбеҳ намудаанд.

Гурӯҳи дуввум аз мулло Абдулҳаннон пуштибонӣ намуда, ба гуфтаи журналист Азизи Каримов, “Ҳамин мард заррае аз марзи қонун берун пой намондааст! Ин бечора ба мо кор надорад, ки дар хонаамон рақс мекунем ё суруд мехонем. Чаро ӯ ҳақ надошта бошад, ки сураш бидуни рақсу бозӣ бигзарад? Хонаи ӯ ҳарими хусусиаш аст! Шумо чӣ ҳақ доред ба ҳарими ӯ, ки сар мехалонед? Аз ин ҳам бигзарем. Ҳич кадоме аз мо ҷасорати инро надорем, ки аз мақомот талаб бикунем, то бегуноҳеро ҷазо надиҳанд. Аммо дар ин мавридҳо барои талаби ҷазо ҳама далеру ҷасур мешавем. Дареғу афсӯс!”

ВМКБ: Ҳамкории Толибон бо Тоҷикистон

0

Дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамкориҳои Толибон бо мақомоти кишвар афзоиш ёфтааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 23-юми январи соли 2023, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар саҳфаи твиттериаш дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Аморати исломии Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон хабар дод.

Ба қавли Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, “тими пизишкӣ ва таҷҳизоти Вазорати сиҳҳати оммаи Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон барои ташхис ва дармони беморон дар вулусволии Вохони Бадахшон вориди он минтақа шуданд.”

Дар  ҷамъи ин гурӯҳ, ки як тими хабарнигорон ҳам аз телевизоини миллии Афғонистон онҳоро ҳамроҳӣ карданд. Ба гуфтаи хабарнигорон, дар ин минтақа беморие хурӯҷ карда ва ба қавли сокинон дар натиҷа он 21 нафар ҳам ҷони худро аз даст додааст.

То замони таҳияи ин хабар Вазорати тандурустӣ ва ё дигар мақомоти Тоҷикитсон, аз он ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон масъули ҳифзи сарҳадоти кишвар аст, мисли пешин дар бораи ин ҳамкориҳои дуҷониба ҳеч иттилое надодаанд.

Пеш аз ин Толибон эълон карда буданд, ки масъулини ширкати Бришнои Афғонистон қарордоди навбатиеро бо ширкати Барқи тоҷик дар хусуси хариди нерӯи барқ барои соли 2023 дар Туркия имзо карданд.

Аз сӯи дигар тарафи Афғонистон Тоҷикистонро ба пойбанд набудан ба бандҳои ин қарордоди бузурги тиҷоратӣ муттаҳам карда, сокинони вилояти Таххори ҳамсоякишвар ҳам иддаъо доранд ба фарқ аз гузашта, шабҳо аз ҷониби Тоҷикистон нерӯи барқ хомӯш карда мешавад.

Гуфта мешавад, рафту омад, доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ дар ҳоле байни Тоҷикистон ва Аморати исломии Афғонистон рӯз то рӯз афзоиш меёбад, ки Тоҷикистон расман Толибон як созмони террористӣ медонад ва ҳар навъ ҳамкории шаҳрвандон бо ин гурӯҳро ҷиноят дониста, то кунун даҳҳо нафарро ба ин баҳона зиндонӣ кардааст.

Абдуллоҳи Шамсиддин куҷост? Тоҷикистон Олмонро фиреб кард?

0

Нигаронии хонавода ва наздикону пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин, фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, то рафт зиёдтар мешавад.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 23-юми январи соли 2023, Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсӣ ва яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли ин, ки аз писарашон Абдуллоҳ чӣ хабар аст, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, “мутаассифона аз Абдуллоҳ ягон хабари дақиқ нест!”

Ба қавли Шамсиддини Саид, хонавода ва наздикону пайвандон ҳама “аз замони ихроҷи Абдуллоҳ аз Олмон ба Тоҷикистон то ҳол ҳеч хабари дақиқе дар даст надоранд, ки  дар куҷову дар чӣ шароите писараш қарор дорад.”

Пас аз ихроҷи ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ки бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Берлин сурат гирифт, то ҳол на мақомоти корҳои дохилӣ, на Хадамоти федеролии муҳоҷират ва на Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва на Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба мактуб ва дархостҳои хонавода ва наздикону пайвандони Абдуллоҳи Шамсидин хабари мусабате надодаанд.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни олмониашонро мутақоид карда буданд, ки нисбат ба ин фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳеч гуна парвандаи ҷиноятие, ки ҳаёти ӯро таҳдид кунад, боз нашудааст. Аммо акнун вазъият фарқ мекунад. Вай бедарак шудааст. Панҷ рӯз шуд, ҳеч хабару иттилои дақиқе дар бораи сарнавишти ӯ вуҷуд надорад.

Инчунин пас аз боздошти ин писари яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Олмон сафорати Тоҷикистон дар Берлин низ камаш ду маротиба “Сертификати баргашт ба Ватан” ба номи Абдуллоҳи Шамсиддин ба дасти мақомоти олмонӣ дода буд ва онҳо низ ӯро дар ҳамин асос ба Ватан ихроҷ карданд.

Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсии тоҷик бо нигаронии амиқ аз сарнавишти фарзандаш мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир ҳама талошҳои мо ба он равона шудааст, ки чӣ аз мақомоти олмонӣ бошад ва ё чӣ аз мақомоти тоҷикистонӣ дар бораи дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор доштани фарзандаш иттилои дақиқе дарёфт кунанд ва сипас вориди амал шаванд.”

Гуфта мешавад, 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти олмонӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсидинро тариқи ҳавопаймо нахуст ба Туркия ва сипас аз он ҷо ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Баъзе манобеъ мегӯянд, ки мақомоти тоҷик дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро таҳвил гирифтанд ва ҷудо аз дигар мусофирон ӯро алоҳида бо худ ба ҷое номаълум ҳамроҳ бураданд.

Аммо бо гузашти наздик ба як ҳафта то ҳол на мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва на аз Вазорати корҳои дохилӣ ва ё аз Прокуратураи Тоҷикистон ҳеч иттилое дар бораи замони боздошт ва дар куҷо нигаҳдорӣ кардани ӯ надодаанд.

Як сиёсатмадори рости ифротӣ дар Сувед Қуръонро оташ зад

0

Рӯзи шанбе, 21-уми январи соли ҷорӣ сиёсатмадори рости ифротии суведӣ-донморкӣ Расмус Полудан як нусхаи Қуръонро дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм оташ зад.

Расмус Полудан, сиёсатмадори рости ифротии суедӣ

Бино ба иттилои расонаҳо, қарор буд рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ вазири дифои Сувед (Шветсия) Пол Юнсон ба Анқара сафар кунад, то бо мақомоти Туркия дар мавриди мухолифитаи ин кишвар барои ҳамроҳ шудани Сувед ба НАТО гуфтугӯ кунад, аммо вазири дифои Туркия Хулуси Окар аз лағви ин сафар хабар дод. Сафари Юнсон пас аз он лағв шуд, ки ҳукумати Сувед рӯзи ҷумъа иҷозат дод, дар назди сафаорати Туркия дар Стокҳолм гирдиҳамоии эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон баргузор шавад.

Гуфта мешавад, иқдоми Қуръонсӯзии сиёсатмадои рости ифротии зидди муҳоҷирон Полудан дар вокуниш ба лағви сафари вазири дифои кишвараш ба Анқара сурат гирифтааст.

Мақомоти Сувед далели иҷозат додан ба ингуна эътирози зидди диниро вуҷуди озодии баён дар ин кишвар гуфтанд. Аммо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушуғлу гуфт, сӯзондани Қуръон дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм (душманӣ зидди як дин буда) ҳечгоҳ ба маънои озодии баён арзёбӣ намешавад.

Ӯ гуфт: “Мо ин амали бад, яъне ҳамла бар китоби муқаддаси моро бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунем. Иҷозат додан ба амали зидди ислом дар қолаби озодии баён, ки дар асл мусалмонҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва ба онҳо тавҳин мекунад, комилан ғайри қобили қабул аст.”

Эътирози шаҳрвандони Туркия дар назди сафорати Сувейд дар Анқара

Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Туркия низ рӯзи шанбе бо амали мушобеҳ дар назди сафорати Сувед дар Анқара гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карда, амали ин сиёсатмадори суведиро маҳкум карданд.

Полудан рӯзи ҷумъа, 20-уми январ эълон кард, ки дар ҷараёни эътирози рӯзи шанбе нусхае аз Қуръони Каримро оташ хоҳад зад. Ӯ моҳи апрели соли гузашта низ гуфта буд, ки дар моҳи Рамазон ин иқдомашро роҳандозӣ хоҳад кард, ки ин эълони ӯ боиси изҳороти густарда ва гиридиҳмоиҳо эътирозӣ дар саросари Сувед шуд.

Мухолифатҳои сиёсии Туркия ва Сувед пас аз он сар зад, ки ин кишвар ҳамроҳ бо Финландия моҳи майи соли 2022 дар пасманзари ҳамлаҳои Русия ба Украина хостори пайвастан ба НАТО шуданд. Аммо Анқара ба далели ҳимояти Сувед аз Ҳизби иттиҳоди демократӣ (PYD), ки Туркия онро бахше аз Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) медонад, барои пайвастани он мухолифат кард. Ҳоло ин кишварҳо талош доранд, ризоияти Трукияро барои пайвастан ба НАТО ба даст оранд, вале то рафт танишҳои ин ду кишвар шадидтар мешавад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз нав сард хоҳанд шуд?

0

Тайи шаш моҳи ахир муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон ба Исроил нисбат ба гузашта беҳтар шудааст ва ин амр Эронро нигарон кардааст.

Нигина Амонқулова, сарояндаи машҳури Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 4-уми феврали соли 2023 дар шаҳрҳои Ҳолон ва Рамлаи Исроил ба сурати зинда консерт баргузор мекунад. Ин сарояндаи эстрадаи тоҷик дар ин консертҳои худ таронаҳои тоҷикӣ, эронӣ ва туркӣ месарояд.

Баргузории ин корсертҳои бону Нигина Амонқулова дар Исроил бархе эрониҳоро нороҳат кардааст. Онҳо мегӯянд, ки хати тавлиди паҳподҳои “Абобил”-ро Теҳрон дар Душанбе роҳанзодӣ мекунад, вале тоҷикистониҳо барои исроилиҳо дар Фаластини ишғолӣ консерт медиҳанд.

Ҳамзамон  Мавароуннаҳр-“Маркази мутолиоти Тоҷикистон”, ки мақарраш дар Эрон буда, ахбор ва авзоъи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, низ ба ин иқдоми Нигина Амонқулова вокуниш нишон додааст.

Маркази мутолиоти Тоҷикистон мегӯяд, “то соли гузашта фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Исроил дар Тоҷикистон бо пӯшиши NGO (ташкилотҳои ҷамъиятӣ)-ҳои амрикоӣ иҷро мешуд, акнун бо сафари 30 ҷавони фаъоли Осиёи Марказӣ ба Фаластини ишғолӣ, давраи ҷадиди нуфузи саҳюнистҳо дар Осиёи Марказӣ оғоз шудааст. Ин консерт сароғози ин гуна фаъолиятҳо хоҳад буд.”

Аз сӯи дигар Эшон Муваҳиддиён, доктори улуми равобити байналмилал ва фаъоли сиёсии Эрон гуфтааст, “Нигина Амонқулова, хонандаи маъруфи Тоҷикистон дар Исроил консерт медиҳад. Нуфузи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо нуфузи фарҳангӣ ва донишгоҳҳо оғоз мешавад. Саҳюнистҳо улгӯе, ки дар Боку иҷро кардандро айнан дар Тоҷикистон такрор мекунанд. Саудиҳо дар ин кишвари форсизабон ба шиддат фаъол шуда? Боз газида мешавем?”

Фаъол шудани Исроил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус таваҷҷуҳ кардани расонаҳои он кишвар замоне ба Тоҷикистон зиёдтар шуд, ки тобистони соли 2022 Теҳрон эълон кард, ки дар Душанбе корхонаи хатти тавлиди паҳподҳои “Абобил 2”-ро оғоз кардааст.

Ин кор замоне буд, ки муносибатҳои Маскав бо Телавив дар бадтарин шароити худ қарор дошт ва Исроил Русияро дар ҷанг алайҳи Украина натанҳо ҳимоят накард, балки дар баъзе мавридҳо алайҳи Маскав ҳам мавъезгирӣ кард. Кремлин ҳам дар посух ба ин ҳама мавзеъгириҳои мақомоти исроилӣ фаъолиятҳои бархе созмонҳои зери нуфузи Исроилро дар қаламрави Русия маҳдуд ва қисми дигареро ҳам масдуд кард.

Гуфта мешавад, яке аз иллатҳои асосии сард шудани муносибатҳои Теҳрон ва Боку дар он аст, ки Эрони расмӣ Озарбойҷонро барои табдил шудан ба “хилватгоҳи” мақомоти исроилӣ дар пушти марзҳои худ медонад ва ба ҳамин сабаб вақте байни Озарбойҷону Арманистон ҷанг шуд, аз Арманистон ҳимоят кард.

Ин дар ҳолест, ки аксари сокинони Озарбойҷон ҳамфарҳанг, ҳамзабон бо хеле аз эрониҳо ва ҳаммазҳаб бо сарони қудрат дар Эрон мебошанд, вале бо ин вуҷуд вақте пойи Исроил дар ин васат пайдо шуд, Теҳрони расмӣ дар сахттарин шароит, замони ҷангҳои Озарбойҷону Арманистон аз Ереван ҳимоят кард, на аз Боку.

Акнун ки муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ки бо Исроил дар ҳоли гарм шудан аст, ҳарчанд Эрон расман ба ин равандҳо вокуниш накарда бошад ҳам, вале ин сару садоҳое, ки Теҳрон ба сурати ғайрирасмӣ ба роҳ андохтааст, сигналҳои ҷиддӣ мебошанд ва ба ҳамин баҳона Эрон ҳар лаҳза метавонад 180% дараҷа тағйири мавзеъ намуда, ба Тоҷикистон пушт кунад ва суол ҳам ин аст, ки гармтар шудани рабитаҳои Душанбеву Телавив муносибатҳои Тоҷикистону Эронро аз нав сард хоҳанд кард?

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Эрон ҷудошавии Қрим ва дигар минтақаҳои Украинаро эътироф накард

0

Эрон соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ эътироф мекунад. Дар ин бора вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар суҳбат бо телевизиони “TRT World”-и Туркия гуфт.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар ин мусоҳибаи телевизионӣ мегӯяд, ки Эрон стандартҳои дугонаро ҷустуҷӯ надорад ва зидди ҷанг дар Ироқ, Яман, Фаластину Афғонистон, инчунин зидди ҷанг ва овора шудани мардум дар Украина ҳаст.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки “мо соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳоро дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ эътироф мекунем”.

Ба гуфтаи Абдуллоҳиён, маҳз ба ин далел, Эрон ишғоли Қрим ва вилоятҳои Луганск ва Донетскро аз ҷониби Русия “бо вуҷуди равобити олии Теҳрон ва Маскав” эътироф накард.

Абдуллоҳиён дар ин мусоҳибааш таъкид кард, ки, Эрон мухолифи ҷанг дар Украина аст ва тарафдори ҳалли сиёсии низоъ мебошад.

“Мо барои миёнаравӣ байни Киев ва Маскав дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва президентҳо кӯшиши зиёд ба харҷ додем ва умедворем, ки ба зудӣ дар Украина сулҳ барқарор мешавад ва ҷанг хотима меёбад” – афзуд ӯ.

Дар ҳоле вазири корҳои хориҷаи Эрон зидди ҷанг дар Украина ва ғасби минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби Русия мавқеъ мегирад, ки дар гузашта хабарҳое нашр шуда буд, ки мегуфтанд, Эрон ба Русия паҳподҳои “Shahed-131” ва “Shahed-136”-ро дода ва Русия онҳоро барои ҳамла ба инфрасохтори муҳими Украина истифода мебарад.