Хона блог саҳифа 313

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея

0

Мақомоти олии Тоҷикисто ва Кореяи Ҷанубӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми майи соли 2023, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Ҷумҳурии Корея “таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президенти он кишвар, котиби аршад оид ба сиёсати ояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Корея, Ҷанг Сун Мин” мулоқоту гуфтугӯ кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин “мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.”

Гуфта мешавад, Корея яке аз кишварҳоест, ки ҳанӯз дар соли 1991, пас аз соҳиб шудан ба истиқлол робитаҳои дипломатии худро бо Тоҷикистон барқарор кард ва дар муддати беш аз се даҳсолаи ахир тавониста муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дипломатии худро густариш диҳад.

Ҳавопаймои як миллиардаи Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе расид

0

Ҳавопаймои гаронқимате, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои Эмомалӣ Раҳмон аз Мексика харидорӣ карда буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст.

Субҳи имрӯз, 14-уми майи соли 2023 яке аз масъулини ширкати Nomadic Aviation Group аз шаҳри Сан- Бернардинои аёлати Аризонаи Амрико бо нашри чанд акс хабар дод, ки ҳавопаймое, ки Тоҷикистон аз Мексика харида буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

Ба гуфтаи Боб Ален, як масъули ин ширкат, ки таъмир ва рангу бор кардани ин ҳавопаймои гаронқиматро ба уҳда доштааст, субҳи 15-уми майи соли ҷорӣ ин ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе расонида шуд.

Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон ин ҳавопайморо бо қимати 92 миллион доллар, муодили 1 милларду 4 миллиону 38 ҳазору 800 сомонӣ аз Мекасика махсус барои сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон харидорӣ кардааст.

Президенти Мексика ба хотири фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати шаҳрвандонаш ин ҳавопаймои гаронқиматро фурӯхт то бо пули он чанд беморхонаи хуб ва ба талаботи рӯзгор ҷавобгӯ бисозад, то шаҳрвандон ва сокинони Мексика тавонанд дар дохили ин кишвар табобат ва муолиҷа шаванд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ яке аз қашшоқтарин кишварҳои дунёст, онро барои сафарҳо ва сайру саёҳатҳои худаш харидорӣ кардааст.

Ҳамзамон аксар вақт, замоне аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва ё аъзои ҳукумати кишвар бемор мешаванд, чун ба духтурон ва беморхонаҳои Тоҷикистон бовар надоранд, барои муоилиҷа кардани худ ба хориҷи кишвар, ба хусус кишварҳои Аврупоӣ, Чин, Ҳиндустон ва ё Эрон сафар мекунанд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Мексика эълон карда буд, ки ин ҳавопаймои гаронқиматро ба Тоҷикистон фурӯхтааст, аз он замон то ҳоло хабари ин муомилаи тиҷоратӣ вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба вуҷуд овардааст, аммо ба сурати расмӣ, мақомоти Тоҷикистон чизеро шарҳ намедиҳанд ва ба мардум гузориш намедиҳанд, ки чиро бо ин қадр пули зиёд, ки аз буҷаи давлат гирифта шудааст, ин ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.

Даргирии мусаллаҳона байни Толибон ва марзбонони Эрон

0

Субҳи рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ байни марзбонони Толибон ва Ҷумҳурии исломии Эрон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзбони эронӣ кушта шудааст.

Хабаргузории “Ҳолваш” бо такя ба манобеи маҳаллӣ хабар дод, ки ин ҳодиса рӯзи гузашта дар шаҳристони “Ҳерманд”, нуқтаи марзии ду кишвар рух додааст.

Бар асоси ин гузоришот, задухӯрд миёни марзбонони ду кишвар пас аз он сурат гирифта, ки марзбонони эронӣ ба самти гурӯҳе аз қочоқчиён, ки мехостаанд марзро убур кунанд, шилик карда ва як нафари онҳоро куштаанд. Дар натиҷа марзбонони Толибон ин постгоҳро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Гуфта мешавад, чанд рӯзи пеш низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда буд, ки аз даргириҳои мусаллаҳона байни марзбонони ин ду кишвар ҳикоят мекард.

Аммо расонаҳои эронӣ ин ҳодисаро дигар тавр шарҳ додаанд. Аз ҷумла, хабаргузории “Форс” навишта, ки даргирии мазкур байни марзбонони эронӣ ва гурӯҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир дар нуқтаи марзии “Нимрӯз” сурат гирифта, касе ҳам кушта нашудааст.

Вале дар баробари ин, то ҳанӯз дар мавриди ин хабар расман аз ҷониби ҳукумати Толибон дар Афғонистон вокунишие нашуда ва ин ҳодисаро ҳеч масъули он шарҳ надодааст.

Дар интихоботи президентии Туркия кӣ пештоз аст?

0
ANKARA, TURKIYE - APRIL 14: A person holds the ballot displaying presidential candidates in front of a text translating "Supreme Election Council of Republic of Turkiye" ahead of the presidential and parliamentary elections to be held on Sunday, May 14th in Ankara, Turkiye on April 14, 2023. (Photo by Muhammed Selim Korkutata/Anadolu Agency via Getty Images)

Дар Туркия рӯзи якшанбе, 14-уми майи соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор шуд. То ин лаҳза бо шумориши 99,1%-и овози интихобкунандагон Раҷаб Тайиб Эрдуғон 49,36 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, пешсаф аст.

Тибқи охирин омори Комиссияи олии интихоботи ин кишвар, рақиби аслии Эрдуғон дар ин интихобот Камол Қличдороғлу 45 дасрсади возои мардумро касб кардааст. Ҳамин тавр, номзади дигар дар ин рақобати сиёсӣ Синон Оган 5,21 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

Ба эҳтимоли хеле қавӣ интихоботи Туркия ба даври дувум мегузарад. Агарчи Комиссияи олии интихоботи Туркия ба даври дувум гузаштани интихоботро расман эълон накардааст, аммо бархе расонаҳо аз гузаштани он ба даври дувум хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар сурати ба даври дигар гузаштан интихобот, пас аз ду ҳафта дар ин кишвар боз байни ду рақиб, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Камол Қличдороғлу рақаб оғоз меёбад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон президенти феълии Туркия шаби гузашта гуфт, ки дар сурати ба даври дувум гузаштани интихобот ба он эҳтиром хоҳад гузошт. Ҳамчунин Камол Қличдороғлу низ таъкид карда, ки дар даври дувуми интихобот пирӯз мешавад.

Бино ба иттилои Комиссия олии интихоботи Туркия, шумораи интихобкунандагон дар кишвар беш аз 60 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар умум 88,75% онҳо дар интихоби президенти ояндаи худ ширкат карданд.

Ҳамзамон дирӯз дар Туркия 24 ҳизби сиёсӣ ва 151 номзади худпешбар барои ворид шудан ба парлумон рақобат карданд, ки натиҷаҳои ниҳоӣ то ҳол эълон нашудааст.

Рӯзона беш аз 3000 тоҷик ба Русия меравад

0

Дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба Русия сафар кардаанд, ки ба таври миёна рӯзона беш аз 3 ҳазор тоҷикистонӣ ба ин кишвар мерафтааст.

Бино ба иттилои Хадамоти федералии амнияти Русия (маъруф ба ФСБ) дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 1 миллиону 300 ҳазор муҳоҷири корӣ вориди Русия шудаанд, ки ин нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта 1,6 маротиба бештар аст.

Гуфта мешавад, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 беш аз 840 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо ҳадафи кор вориди хоки Русия шуда будаанд. 

Тибқи оморҳои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон (630 859 нафар), Тоҷикистон (349 357), Қирғизистон (172 591), Арманистон (47 337), Қазоқистон (34 783) Озарбойҷон (28 690) ва Чин (10 528) ба Русия бо ҳадафи кор сафар кардаанд. 

Аз кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама кам шаҳрвандони Туркманистон (996 нафар) бо мақсади кор ба Русия рафтаанд. 

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), дар соли 2022 тақрибан 3,5 миллион муҳоҷири корӣ, аз ҷумла аз Узбекистон – беш аз 1 миллиону 450 ҳазор нафар, Тоҷикистон – қариб 987 ҳазор нафар, Қирғизистон – беш аз 562 ҳазор нафар ва Қазоқистон – ҳудуди 164 ҳазор нафар ба Русия рафтаанд. 

Даъвати баҳорӣ ба артиш 76% иҷро шуд

0

Дар 40 рӯзи даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар ҳудуди кишвар нақша 76% иҷро шудааст. 

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисли ҳамеша нақшаро дар рӯзи аввали даъват ва шаҳри Душанбе дар як моҳ 100% иҷро кардаанд. 

Ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат даъвати ҷавонон ба артишро пурра ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, то имрӯз ба 77 дар баробар шудааст.

Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Вахш, Данғара, Фархор ва шаҳри Леваканд даъвати ҳарбиро пурра иҷро карда, аммо дар тамоми вилоят бошад, нақша 73 дарсад иҷро шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Суғд иҷрои нақша ба 68 дарсад расидааст.

Вазорати мудофиаи кишвар, даъват ба артишро маъракаи муҳими сиёсӣ номида, 76% иҷро шудани нақшаи даъвати сарбозон ба артишро дар сатҳи ҷумҳурӣ мисли ҳамеша ба “натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват” рабт додааст. 

Аммо дар ин муддат наворҳо ва аксҳои ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки ҷавононро бо зарби мушту лағат ба мошин савор карда ба комиссариятҳои ҳарбӣ мебаранд. 

Нишасти сафирони кишварҳои узви НАТО дар Душанбе

0

Сафирони кишварҳои узви Паймони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар пойтахти Тоҷикистон гирди ҳам ҷамъ шуданд.

Бино ба иттилои, Сафорати Туркия дар Тоҷикистон, зуҳри имрӯз, 12-уми майи соли 2023 сафирони кишварҳои узви Паймони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе ҷаъм шуданд.

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки сафирони кишварҳои узви НАТО-ро масъулини ин сафоратхона барои чоштхӯрӣ ва баррасии масоили марбут ба НАТО даъват кардааст.

Ба қавли манбаъ, ин нишаст бо ҳадафи “талошҳои иттилоотӣ ва таблиғотии НАТО ва дипломатияи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Сафорати Туркия Маркази тамосҳои НАТО Дар Тоҷикистон дар солҳои 2023 ва 2024 мебошад. Туркия ягона кишвари исломиест, ки узви НАТО мебошад.

НАТО, як эътилофи низомӣ ва сиёсиест, ки пас аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар соли 1949 ба хотири ҳимояти кишварҳои узв аз ҳар гуна ҳамлаҳои хориҷӣ, ба хусус аз самти собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва пешгирӣ кардан аз танишҳои низомӣ таъсис дода шуда буд, ва фаъолиятҳои худро аз ҳисоби аъзои наву куҳна зиёдтар карда, то ҳол амал мекунад.

Нархи Ҳаҷ-2023 дар Тоҷикистон

0

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон нархи Ҳаҷ-2023-ро барои зоирони кишварамон эълон кард, ки аз гаронтарин нархҳо дар минтақа маҳсуб мешавад.

Бино ба иттилои ин Кумита, ки масъулияти сафарбаркунии зоиронро дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ бар уҳда дорад, ҳар як зоири довталаб метавонад бо пардохти 59 ҳазор сомонӣ, муодили 5 ҳазору 406 сад доллар ба Ҳаҷ биравад.

Кумитаи дин мегӯяд, ки имсол нисбат ба соли 2022 нархи хидматрасониҳои худро ҳудуди 1520 сомонӣ, муъодили 140 доллар арзонтар кардааст. Бо ин вуҷуд, бархе довталабон мегӯянд, ки бар иловаи ин 59 ҳазор сомонӣ, нархе, ки расман таъйин шудааст, барои номнавис кардан, барои пештар навбат гирифтан, барои обуна шудан ба чанд нашрияи ҳукуматӣ ва ғайра ҳам масъулин дар шаҳру ноҳияҳо аз довталабони зиёрати Хонаи Худо пул меситонанд.

Ин Кумита бидуни он, ки ба тафсилоти хароҷотҳои худро шарҳ диҳад, мегӯяд: “Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла билети рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хизматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб доир ба ҳаҷ ва бейҷикҳоро дар бар мегирад. Сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 10 июн то 20 июн тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома мекунад.”

Гуфта мешавад, ин нархи таъйин шуда, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар нисбат ба ҳамин гуна хидматрасониҳо дар Русия камаш 400 доллар зиёдтар аст. Ба ҳамин хотир, хеле аз тоҷикистониҳое, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, бо нархҳои арзонтар ва кайфияти беҳтар аз тариқи ширкатҳои русӣ ба Ҳаҷ сафар мекунанд.

Нархи Ҳаҷ-2023 дар Қирғизистони ҳамсоя 1 ҳазору 500 доллар камтар аз нархи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон буда, ҳар довталабони Ҳаҷ дар ин кишвар бо пардохти чизе кам 3 ҳазору 900 доллар метавонад ба Арабистони Саудӣ сафар карда, ин фаризаи Илоҳиро ба ҷо биоранд. Нархи Ҳаҷ-2022 дар Қирғизистон 4 ҳазору 500 доллар буд.

Зиндон тарбият накард. Бори дуюм аст бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт мешавад

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо ҷурми азхудкунии наздики 400 ҳазор сомонии пули мардум муттаҳам мешавад.

Тавре дар хабари ВКД омадааст, ин сокини 32-солаи пойтахт, ки аз ӯ ном бурда намешавад, пештар бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ ба миқдори калон” зиндонӣ шудааст.

“Номбурда, моҳи феврали соли 2021, дар назди беморхонаи Қарияи Боло бо роҳи фиреб ба боварии марди 56 ва бародараш, марди 53-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, даромада аз онҳо 238 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба онҳо 6,5-сотих замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”, мегӯяд ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ин марди 32-солаи пойтахт як нафари дигарро низ фиреб дода, аз ӯ 136 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи додани мошини “Лексус РХ-350” гирифта, дигар барнагардондааст.

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки як зани 40-солаи сокини шаҳри Бустони Вилояти Суғд аз ду нафар беш аз 400 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб аз худ кардааст.

Номбурдааз дигарӣ 285 ҳазор сомонӣ ва аз нафари сеюм 120 ҳазор сомонӣ гирифта, дигар барнагардонидааст.

“Номбурда, моҳи августи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 285 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол мадлағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.”,
омадааст дар хабари ВКД.

Тибқи ин хабар, маҷмуи маблағҳои аз мардум бо роҳи фиреб гирифтаи ин сокини шаҳри Бустон 405 ҳазор сомниро ташкил додааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин зани гумонбарро боздошт карда, алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Имрон Хон аз зиндон озод шуд

0

Додгоҳи олии Покистон боздошти собиқ Нахуствазири ин кишвар тавассути мақомоти қудратӣ ва тамдиди ҳабсаш то 17-уми май ғайриқонунӣ хонда, Имрон Хонро аз зиндон озод кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, зуҳри рӯзи 11-уми майи соли 2023 Додгоҳи олии Покистон ҳукми фавран озод шудани собиқ Нахуствазири ин кишвар Имрон Хонро, ки ду рӯз пеш аз дохили бинои додгоҳе дар Исломобод боздошт гардида буд, содир кард.

Ин ҳукми Додгоҳи олии Покистон пас аз он содир шуд, ки гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи Имрон Хон боздошти ӯро тавассути нерӯҳои Идораи миллии ҳисоботдиҳӣ (National Accountability Bureau) аз дохили бинои додгоҳе дар Исломобод ғайриқонунӣ хонда буданд.

Умар Ато Бониёл, раиси Додгоҳи олии Покистон ҳукми боздошт ва тамдиди онро ҳам ғайриқонунӣ хонда, ҳукми фавран озод шудани Имрон Хонро содир карда, гуфтааст, ки худаш рӯзи 12-уми майи соли ҷорӣ ба додгоҳ ҳозир шавад.

Гуфта мешавад, пас аз боздошти Имрон Хон садҳо ҳазор ҳаводорони ӯро билофосила ба майдонҳо, дар бузургшаҳрҳои Покистон баромада, хеле аз биноҳо ва амлоки марбут ба артиши ин кишварро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳукумати Покистон барои контрол кардани авзоъ аз артиш кумак хост, вале ворид шудани артиш ҳам натавонист, ки пеши роҳи хашми ҷонибдорони Имрон Хонро бигирад. Даргириҳое низ байни артиш, полис ва ҳаводорони Имрон Хон сурат гирифта, дар натиҷа дасти кам 10 нафар кушта ва ҳудуди 200 каси дигар аз ду ҷониб захмӣ шуданд.

Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покистон раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсофи ин кишвар аст, ки тавониста дар интихоботҳои миёнадавраии як соли ахир ду ҳизби пурнуфузи ин кишварро дар иёлатҳои Панҷоб ва Синд, ки солҳо ҳоким буданд, низ канор бизанад. Иёлатҳои Сарҳад, Хайбарпахтунхоҳ ва Балучистон аксаран аз ҳаводорони Имрон Хон мебошанд.