Хона блог саҳифа 315

Чаро Фаронсаи демократ аз Эмомалии диктотур истиқбол мекунад?

0

Бархе коршиносони масоили сиёсӣ муносибатҳои кишварҳои аврупоӣ бо кишварҳои диктотурӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистонро муносибатҳои духӯра ном ниҳода, аз он интиқод мекунанд.

Аз ҷумла, дар ин бора аз кишвари Фаронса, ҳамчун давлати – ба қавле, падари демократия дар Аврупо мисол зада мешавад, ки мақомоти ин кишвар бо вуҷуди талошҳояш барои тарвиҷи демократия, боз бо раҳбарони кишварҳои диктотурӣ, мислӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон муносибатҳои нек доранд, ки дар аксар доираҳо ба маънои муносибати дугона арзёбӣ мешавад.

Дар ин бора Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймои миллии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта бо сафаре дар Фаронса қарор дошт, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, Фаронса дар муносибатҳояш бо давлатҳои диктотурӣ ҳадафаҳои хосси худро дунбол мекунад ва равобиташ бо диктотурҳои дунё ба маънои он нест, ки ин кишвар онҳоро қабул дорад ва ё ба ҳуқуқи башару озодиҳои инсон таваҷҷуҳ надорад.

Вале, ба гуфтаи Кабирӣ, даъват шудани диктотурҳо ба кишварҳои демократӣ худи онҳоро водор мекунад, ки сафарҳояшонро як навъ таблиғот ҷилва бидиҳанд. “Аз ҷумла, Эмомалӣ сафараш ба Фаронсаро як навъе таблиғот истифода мебарад.” Диктотурҳое монанди Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки “бубинед сиёсати мо дар Аврупо, бахусус дар Фаронса мавриди таъйид аст.” Аз инҷост, ки ин гуна даъват шудани Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодихоҳони Тоҷикистон мешавад.

Раиси ПМТ мегӯяд, аз мақомоти Фаронса пурсидам, ки “чаро дигар раҳбарони кишварҳои пешрафтаи дунё аз диктотурҳо камтар даъват мекунанд, аз он ҷумла аз Эмомалӣ Раҳмон, вале Фаронса дар ин 5 соли ахир 2 маротиба шуд, расман ӯро даъват мекунад? Мақомоти Фаронсавӣ ҳам гуфтанд, инҷо баъзе масъалаҳои хос аст, бахусус қазияи Афғонистон.”

Ӯ мегӯяд, Фаронса бо хеле ҳассосият аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва дар гузашта ҳам аз Аҳмадшоҳ Масъуд пуштибонӣ мекард ва “ин мавзуи Афғонистон боис шудааст, ки ин кишвар як робитаҳои хоссе бо диктотурҳои Осиёи Марказӣ дошта бошад.”

Кабирӣ мегӯяд, дар суҳбат бо мақомоти кишвари Фаронса таъкид шуд, ки “дар оняда суҳбатҳое дар мавриди озодиҳо ва ҳуқуқи башар бо диктотурҳо бардошта хоҳад шуд.”

CPJ иттиҳомот нисбати хабарнигоронро сохта номид

0

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (CPJ) бори дигар аз Ҳукумати Тоҷикистон раҳоии рӯзноманигорони зиндониро талаб кард.

CPJ дар ҳисоби твиттерии худ аз 2 моҳи боздошти хабарнигор Хуршед Фозилов ёдовар шуда, иттиҳомоти эълоншуда нисбати ӯро сохта номидааст. 

Ин Кумита менависад, ки Хуршед Фозилов ягона рӯзноманигоре нест, ки бо иттиҳомоти сохтаи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ боздошт мешавад.

Зимни нашир ин паём CPJ аз мақомоти тоҷикистон хостори раҳоии ӯ ва дигар рӯзноманигорони зиндонӣ шудааст. 

Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт, рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ин шаҳр  дастгир шуд. Ҳоло ин рӯзноманигори тоҷик ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд инқол дода шудааст.

Мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнӯъ гумонбар карда, нисбаташ бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Аммо рӯзноманигори боздоштшуда иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, ки мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Ин рӯзноманигор аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран нишондод додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кардааст. 

Мақомот аз замони боздошти Хуршед Фозилов то ҳол қазияи ӯро шарҳ надодаанд.  

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ  борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб карданд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯбҳо дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.  

Хашми Рустаму рашки Озода Раҳмон

0

Сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, ки ба истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯ шуд, хашми писар ва рашки духтарашро ба вуҷуд овардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 10-уми майи соли 2023, Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон бо сафари давлатӣ ва дар раъси як ҳайати баланпояи кишвараш вориди Тоҷикистон шуд.

Президенти Туркманистон ду рӯз пеш аз ин сафар ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Беларус ва нахуствазири Арманистон ба дидори Владимир Путин ва иштирок дар ҷашни 78-солагии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба Маскав даъват шуда буданд.

Дар бархе аксу наворҳое, ки аз рафти баргузории паради ҳарбии Русия ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки Сардор Бердимуҳаммадов паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дорад. Дар ҷойҳои дигаре ҳам дида мешавад, ки Президенти Тоҷикистон дар бархе мавридҳо паҳлуи Раисҷумҳури Русия истидову аз паҳлуи дигараш Президенти Туркманистон қарор дорад.

Дар миёни меҳмонони воломақоми Владимир Путин ҷавонтарини онҳо Президенти Туркманистон дар канори калонсолтарини раҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ-Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд.

Тамоми ин саҳнаҳое, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав дар онҳо ҳузур доштанд ва тавассути расонаҳо пӯшиш дода шуданд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон дар онҳо ҳузур дошт ва табиист, ки фарзандонаш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ ва Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи Раисҷумҳури кишвар низ агар ҳамаи онҳоро пайгирӣ накарда бошанд ҳам, аксари онҳоро дидаву пайгирӣ кардаанд.

Дар он саҳнаҳо Президенти Туркманистон ба сурати ҷавонтарин раҳбар дар байни сарони дигар давлатҳо, ки ҳама мӯйсафед буданд, намоён буд. Ба назар мерасад, ин дурахшиданҳо дар Маскав ва пайи ҳам истиқболи гарму самимии он дар Душанбе ба мизоҷҳои нозуки фарзандони Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳост дар интизор расидан ба қудрат ҳастанд, нафоридааст.

Биноан, субҳи имрӯз, вақте Президенти Туркманистон, ки қудратро муфт аз падараш мерос гирифтаву Рустаму Озодаро солҳост падарашон бо ваъдаҳои имсолу соли дигар таскин медиҳад, ки соҳиби қудрат хоҳанд шуд, бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон гардид.

Дар рафти пешвозгирӣ аз ин меҳмони олиқадр Эмомалӣ Раҳмон ҳарду фарзандонаш-Рустами Эмомалӣ ва Озода Руҳмонро ҳам маҷбур карда, ки ба истиқболаш бираванд ва бубинанд, ки як пири кордида чӣ гуна аз як ҷавони тоза ба қудрат расида пазироӣ мекунад.

Дар ин раванд Эмомалӣ Рамҳон, ҳамчун падар мехост фарзандонаш, раиси Маҷлиси Миллӣ ва раҳбари Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон бибинанду таҷриба ҳосил кунанд, вале гумон мекунам, ки Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон ҳар ду ин амри падарашонро ҳамчун муҷозот дар рӯзҳои ҷашни Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон барои худ қабул карданд, ки на писар тавониста хашмашро пинҳон кунаду на духтар тавониста рашкашро ба намоиш нагузорад.

Гуфта мешавад, ин пазироии Президенти Тоҷикистон аз Президенти Туркманистон он қадар бо шукӯҳ баргузор шуда, ки аз як сӯй ҳам фарзандонашро нороҳат кардаву аз сӯи дигар худи Сардор Бердимуҳаммадовро ҳам ҳайратзада кардааст. Агар дӯстон, хуб таваҷҷуҳ кунанд, дар бархе аксу наворҳо хуб дида мешавад, ки Президенти Туркманистон аз он чи дар сақф ва болои сараш асту онҳоро мебинад, шигифтзада шуда ва наметавонад ба осонӣ аз онҳо чашм биканад…

Ҳамлу нақли ҳавоӣ байни Тоҷикистону Иморот осонтар мешавад

0

9-уми майи соли 2023 байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати генералии авиатсияи граждании Иморати Муттаҳаидаи Арабӣ (GCAA) Созишнома дар бораи хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ ва Ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз имзои ин ду санад аз байн бурдани маҳдудиятҳо ҳангоми интиқоли молу маҳсулот, ба низом даровардани тиҷорат ва осонсозии ҳамлу нақли ҳавоӣ байни ду кишвар, инчунин афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо ва рушди гардиши фурӯдгоҳҳо мебошад.

Бино ба иттилои расонаҳои иморотӣ, Сайф Муҳаммад Ал-Сувайдӣ, раиси Идораи GCAA мегӯяд, “ба имзорасонии ин созишномаҳои авиатсионӣ бо хоҳиши ҷониби Тоҷикистон сурат гирифта, дар таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар бахши нақлиёти ҳавоӣ муассир мебошад. Ва ин иқдом ба нафъи интиқолдиҳандагони ҳарду кишвар, инчунин рушди тиҷорат ва гардишгарии дуҷониба мусоидат мекунанд.”

Аммо то ҳол дар ин бора расонаҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус маркази матбуоти Агентии авиатсияи граждании кишвар чизе нашр накардаанд.

Рӯзноманигорони табъидӣ аз мушкилоташон гуфтанд

0

Гурӯҳе аз журналистони табъидии чанд кишвар дар Рӯзи озодии матбуот аз мушкилот ва мавриди фишору саркӯб қарор гирифтан аз ҷониби ҳукуматҳояшонро гуфтанд.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Кумитаи миллии матбуоти озод ва донишкадаи журналисткаи Клуби Миллии Матбуот “the National Press Club’s Press Freedom Committee and the Journalism Institute”, ки мақараш дар Вашингтон аст, 4-уми майи соли ҷорӣ нишасти онлайние баргузор кард, ки дар он меҳвари гуфтугӯ мушкилоти рӯзафзуни рӯзноманигорони табъидӣ баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст рӯзноманигорон аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Кабиров, аз давлати Некарагуа Мария Лилли Делгадо, аз давлати Миянмар Сонни Све, аз Кашмири Ҳиндустон Масрат Заҳро ва аз Ҳиндустон Притти Наллу ширкат ва суханронӣ карданд. 

Рӯзноманигорон аз вазъи кунунии кишварҳояшон, саркӯби рӯзноманигорон аз ҷониби ҳукуматҳо, аз мушкилиҳое, ки ҳамарӯза бо он рӯ бу рӯ мешаванд, аз ҷумла аз таҷрибаи раванди паноҳандагӣ ва муҳоҷират, монеаҳо барои вуруд ва гирифтани раводиди корӣ, қарор дар бораи идома додани кори рӯзноманигорӣ ё гузаштан ба кори дигар, мушкилоти пайдо намуда хабар, мушкилоти техникӣ, молиявӣ ва кадрӣ гуфтанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли охир даст ба саркӯби рӯзноманигорон зада чанд тан аз онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Даҳҳо тан аз рӯзноманигорону блогерони тоҷик маҷбур шуданд Тоҷикистонро тарк кунанд. Аммо бо вуҷуди мушкилоти дигар дар хориҷ, бо таъқиб рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ танқид мешунавад.

Клуби Миллии Матбуот “The National Press Club” низ сабабҳои тарки афзояндаи рӯзноманигорон аз кишварҳояшонро саркӯби ҳукумат, таҷовузи хориҷӣ, тарс аз сӯиқасду боздоштҳо ва ғайра номидааст.

Толибон: Ҳаракати Ансоруллоҳи Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ нест

0

Толибони Афғонистон Ҳаракати Ансоруллоҳи Тоҷикистон, ки ахиран ба Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) тағйир ном карда ва акасари нерӯҳояш дар манотиқи назди марзии Афғонистону ҳузур доранд, гурӯҳи террористӣ намешиносад.

Бино ба иттилои ББС, Амрихон Муттақӣ, ки имрӯз дар Маркази мутолеоти стратегӣ дар пойтахти Покиситон шаҳри Исломобод суҳбат мекард, гуфт, дар Афғонистон ҳатто як гурӯҳи террористӣ вуҷуд надорад.”

Вазири умури хориҷии ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон таъкид кард: “ин ки мегӯянд дар Афғонистон чандин гурӯҳи террористӣ вуҷуд дорад, таблиғотест, ки хилофи мо дар 20 соли гузашта анҷом мешавад. Чанд гурӯҳи террористӣ на, як гурӯҳи террористиро пайдо кунанд, ки нест. Як мадрак ҳам надоранд. Ин ҳама талошҳо барои бадномии мост.”

Амирхон Муттақӣ бо ишора ба ҳузури бархе аъзои Таҳрики Толибони Покистон маъруф ба ТТП гуфта ба онҳо иҷозаи фаъолият аз Афғонистон алайҳи Покистон дода намешавад, “чун ба нафъи мо ва ба нафъи Покистон нест.”

Гуфта мешавад, Вазири умури хориҷии Афғонистон, ки бо бардоштани маҳдудиятҳои муваққатии сафарҳои хориҷиаш аз сӯи Созмони Миллали Муттаҳид дар Покистон ҳузур дорад, ду рӯз пеш аз ин барои ширкат кардан дар Нишасти панҷуми вазирони умури хориҷии кишварҳои Покистону Чин ва Афғонистон ба Исломобод сафар кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Толибон дар ҳоле таъкид мекунад, ки Иморати исломӣ ба ҳеч кас иҷоза намедиҳад аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишваре дигар истифода кунад, вале мақомоти Тоҷикистон борҳо иддао кардаанд, ки ҳузури беш аз 10 гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи назди марзии Афғонистон онҳоро нигарон кардааст.

Тоҷикистон мизбони мусобиқоти футболи кишваҳои Осиёи Марказӣ

0

Тоҷикистон барои мизбонии мусобиқоти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки тобистони имсол дар варзишгоҳҳои кишварамон баргузор мегардад, омода мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 8-уми майи соли 2023, мунтахаби зери 20-солаҳои футболи Афғонистони барои омодагӣ ва ширкат кардан дар мусобиқоти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ вориди Тоҷикистон мегардад.

Дар ин мусобиқоти минтақавӣ, ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, мунтахаби зери 20-солаҳои футболи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худашон аз кишварҳои минтақа ва Афғонистону Эрон рақобат хоҳанд кард.

Инчунин дар назар аст, ки мунтахаби зери 20-солаҳои футболи Афғонистон, ки имрӯз ба кишварамон сафар мекунанд, муддати 10 рӯзи оянда дар варзишгоҳҳо тамрин мекунанд то тавонанд ба наҳви беҳтар вориди рақобатҳои футбол гарданд.

Гуфта мешавад, ин мусобиқот аз 19 то 29-уми моҳи майи соли ҷорӣ идома ёфта, дар он тимҳои зери 20-солаҳои кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Туркманистону ва Афғонистону Эрон барои ба даст овардани Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ вориди рақобатҳо хоҳанд шуд.

Бузургмеҳр Ёров боз ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфт

0

Бузургмеҳр Ёров, зиндониии сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик боз ба утоқи ҷаримавӣ ё “картсер”-и Боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. 

Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки бародарош Бузургмеҳр Ёровро мақомоти зиндонҳо 5-6 рӯз пеш ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додаанд ва гуфтаанд, ки 15-уми май ӯро аз онҷо раҳо карда, ба утоқи оддӣ мегузаронанд. 

Сабаби ҷазо гирифтани Бузургмеҳр Ёров маълум нест ва адвокаташ ҳам то ҳол дар ин бора ба пайвандонаш ягон маълумот надодааст. 

Аммо Ҷамшед Ёров мегӯяд: “Шояд сабаби ҷазо доданаш ин расонаӣ шудани мактуби ӯ бошад, ки дар бораи ҷинояти мақомоти зиндон навишт. Ва ин ягона роҳе буд, ки мехост ба он дар бораи қазияаш ҷомеаро бо нишон додани ҷиноятҳои коргарони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и шаҳри Ваҳдат огоҳ кунад”. 

Бузургмеҳр Ёров пештар аз ин чанд маротибаи дигар низ ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфта буд.  

Мақомоти зиндонҳо мисли ҳамеша чунин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (чорум) бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузаронданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навиштааст, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Дар номаи Бузургмеҳр Ёров аз тафтишот хоста шудааст, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Аммо то куҷо ин дархости Бузургмеҳр Ёров иҷро мешавад, маълум нест. 

Як муфаттиши Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 4-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бидуни зикри номаш гуфтааст, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва онро шарҳ дода наметавонад.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон парвандаи “қаллобӣ” зарурат ба муҳри махфӣ надорад.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

0

Рӯзи душанбе, 8-уми майи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷаи Чин иттилоъ дода, ки раисҷумҳури ин кишвар Си Ҷинпин раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи марказиро ба кишвараш даъват кардааст.

Қарор аст ҳафтаи оняда Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қазоиқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати расмии Си Ҷинпин ба Чин сафар кунанд.

Гуфта мешавад, сафари раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давлати Чин рӯзи 16-ум майи соли ҷорӣ оғоз ёфта, то 20-уми ҳамин моҳ идома пайдо мекунад.

Аммо дар хабар ҳадаф аз сафар ва ин ки кадом масоили мубрам буррасӣ мешаванд, мушаххас чизе гуфта нашудааст.

Чин барои Тоҷикистон аз сармоягузорони аслӣ ба шумор рафта, беш аз 1 миллард доллар ба лоиҳаҳои бузурги кишвар сармоягузорӣ кардааст.

Ба иттилои бархе коршиносон, дар ин авохир дар пайи тағйири вазъияти сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла ҷанг дар Украина кишвари Чин ба давлатҳои Осиёи Марказӣ тамоюли бештар нишон медиҳад. Ва ҳадаф аз ин кор ҷалби бештари шарикони стратегӣ гуфта мешавад.

Баҳси “Зиёдаравӣ дар дин” дар як семинари илмӣ дар Лаҳистон

0

Дар торихи 6-уми майи соли ҷорӣ гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Лаҳистон бо ташкили семинари илмие масъалаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва кофир хондани дигаронро баррасӣ карданд.

Рӯзи шанбе аз Намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Лаҳистон ба Azda tv гуфтанд, ки ин семинари илмӣ бо ташаббуси ин ҳизб зери унвони “Зиёдаравӣ дар дин ва хатарҳои он дар ҷомеа” баргузор гардид. Гуфта мешавад, дар ин нишасти илмӣ меҳмонон аз Олмон, Утриш ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҳузур доштанд.

Исломҷон Саидов, донишманд ва пажӯҳишгари масоили динӣ, ки ин мавзуъро омода ва пешкаш кард, дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки ҳадаф аз баргузории нишасти мазкур, равшанӣ андохтан ва огоҳ сохтани қишри ҷавон ва ноогоҳи ҷомеа аз андешаҳои такфирӣ мебошад “ва дар ин шабу рӯзҳо зиёд шудани фаъолияти гурӯҳҳои такфирӣ дар байни муҳоҷирон ва хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро ба баргузории чунин маҳфиле водор кард.”

“Аксари ҷавонони мо, мутаассифона, ба хотири набудани як фазои озод дар дохили Тоҷикистон барои ба даст овардани маълумоти динӣ фирефтаи ин гурӯҳҳо мешаванд ва ҳарчи ки ин гурӯҳҳо мегӯянд, онро ҳамчун дин қабул мекунанд. Ва аксари нафароне, ки дунболи инҳо мераванд, нафароне ҳастанд, ки дониши динӣ надоранд ва фиреби ҳарфҳои онҳоро мехӯранд. Инҷост, ки ин заруратро мо эҳсос кардем, агарчи мақолаҳои пароканда дар робита ба ин мавзуъ доштем, вале тасмим гирифтем, ки як чизи нав ва дар як шакли комилтар пешниҳод кунем, ҳам барои муҳоҷирони дохили худи Лаҳистон ва ҳам барои ҳар муҳоҷироне, ки дар Урупо қарор доранд ва инчунин барои худи мардуми Тоҷикистон.”, – мегӯяд Саидов.

Ӯ дар идома афзуд, ки қасд дорад дар оянда бо баргузор кардани чунин маҳфилҳои илмӣ сатҳи дониши динии мардуми тоҷики муҳоҷирро то андозае боло баранд ва нишон бидиҳанд, ки “дини ислом як дини миёна ва осонгир аст, на он дине, ки дар андешаи гурӯҳҳои ифротӣ матраҳ мешавад.”

Дар ин нишасти илмӣ, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ҳузур дошт, зимни суханронияш ин иқдомро “бозгашт ба асли худ” номида, афзуд, ки ҲНИТ фаъолияташро аз огоҳсозии мардум ва равшангароии динӣ дар муқобили хурофот ва бидъатҳо оғоз карда буд ва он давраро аз ҳама давраҳои “пурбаракату пурнатиҷа”-и ҳизбаш хонд.

Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ дар робита ба омилҳои аслии кофир хондани дигарон аз ҷониби як гурӯҳ ишора карда гуфт: “Омили аслии такфир дар тафаккури динӣ ва дар қироате аз дин аст. Як қироат ва як бардошти динӣ боис мешавад, ки масъалаи такфир пеш биёяд. Ва касе ҳам, ки такфир мекунад, далилаш аз дин аст ва касе ҳам, ки дар натиҷаи ин такфир қурбонӣ мешавад, ӯ ҳам далил дорад аз дин, ки ман қурбонӣ ҳастам.”

Ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, роҳи ҳал дар ин масъала ин аст, ки “он тарзи тафаккур ва он қироати диние, ки бар муқобили тафаккури такфирӣ аст ва аксарияти мусалмонон ҳам ба он пойбанд ҳастанд, бояд ҷои тафаккури ақаллияти такфириро бигирад“. Ва ба гуфтаи ӯ, ин кор бо баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ ва тарҳи масъала ба шакали васеътар метавонад амалӣ шавад.

Инчунин дар ин нишасти илмӣ назару андешаҳои меҳмонон низ шунида шуд, ки ҳама падидаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва бахусус кофир хондани дигар мусалмононро амали номатлуб ва зарарнок бар ҷомеа хонданд.