13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 315

АМИТ “Ховар” бо пуштибонии Рустами Эмомалӣ сокинонро айбор кард

0

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ)”Ховар”, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмон директорашро иваз кард, имрӯз аз Рустами Эмомалӣ пуштибонӣ карда, дар камбудиҳои ҷойдошта худи сокинонро гунаҳкор донист.

Имрӯз, 20-уми январи соли 2023 АМИТ “Ховар” бо нашри як матлаб сокинони пойтахтро ба анҷоми корҳои “худсарона” муттаҳам карда, гуфт, ки қатъи оби ошомиданӣ дар бархе биноҳо бо айби худи сокинон сурат гирифтааст.

Ин хабаргузории давлатии Тоҷикистон, ки зери назорати Президенти кишвар қарор дорад ва яке аз ниҳодҳои таблиғотии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад, дар истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) “Обу корези Душанбе” гуфтааст: «Агар як мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дар хонаҳои кӯҳнасохти замони Шӯравӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифта, имрӯз ба яхбандӣ дучор гардидаанд, сабаби дигар зуд-зуд рух додани садамаҳост, ки ин ҳолат низ бо сабаби сардии зиёди ҳаво ба вуқӯъ пайвастааст.»

Ба қавли Зуҳра Сафарзода, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе,омили дигари танқисии оби ошомиданӣ- ин аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва баъзе хонаҳои баландошёна кушода мондани ҷумакҳои оби ошомиданӣ мебошад. Яъне, баъди дар хонаҳо кушода мондани ҷумакҳои об фишор дар қубурҳо суст гардида, норасоии об ба вуҷуд меояд. Ҳангоми аз ҷониби мутахассисони соҳа баланд намудани фишори об ба садама гирифторшавии қубурҳо бештар мегардад, ки ин кори моро дучанд менамояд”.

Гуфта мешавад, ин пуштибонии АМИТ “Ховар” аз шаҳрдори пойтахт дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи даҳ рӯзи ахир садҳо нафар аз сокинони шаҳри Дашанбе бо нашри матолиби эътирозӣ аз норасоии оби ошомиданӣ, оби гарм ва қатъи нерӯи барқ шикоят карда буданд.

Дар ин раванд, худи масъулони шаҳрдорӣ сари вақт ба доди онҳо расида натавонист. Кор то ҷое расида буд, ки бархе аз сокинон рӯзона даҳҳо маротиба ба масъулин занг мезаданд, вале ба ҷуз ваъдаи ислоҳ кардан , мушкилоти онҳоро бартараф намекарданд.

Шаҳрдори пойтахт писари Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат як бор ҳам ба сурати мустақим аз аҳволи мардум хабар нагирифт ва ҷое нарафт то мардум онро дар байни худ бибинанд, ба ҳамин хотир дар назари мардум яке аз нокоромадтарин мансабдорон ном гирифт, ки на барои рафъи мушкилот сари вақт амал мекунад ва на дар рӯзҳои сахт дар паҳлуи мардум қарор мегирад.

Поёни нишасти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон “дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.”

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми январи соли 2023 “вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ” дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ба қавли манбаъ, ин нишаст 13-уми январи соли ҷорӣ ба кори худ оғоз карда буд ва “аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.” ва “Вохӯрии навбатии тарафҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мисли пешин дар бораи ҷузъиёти чунин ҷаласаҳои муҳим чизе нагуфтааст, аммо ҷониби Қириғизистон дар аксар маврид мардуми кишварашро аз ҷараёни чунин нишастҳо дар ҷараён мегузорад.

Бо ин вуҷуд, дар моҳи январи соли ҷорӣ сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз тамосҳои телефонӣ гуфта буданд, вазъияти буҳронӣ байни ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ аст. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон чанд рӯз пеш бо таъйиди ин раванд гуфт буд, ки авзоъ хеле беҳтар шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон дар даҳ соли ахир чандин бор вориди низоъҳои мусаллаҳона гардида, хунинтарини ин низоъҳо дар ду соли ахир дар манотиқи назди сарҳадии ду кишвар, ба хусус дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Уши Қирғизистон сурат гирифта буд, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта ва захмӣ гардиданд.

Дар ин сардии ҳаво боз заминларза Тоҷикистонро такон дод

0

Шоми рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ сокинони шаҳри Душанбе заминларзаро эҳсос карданд. Ба гуфтаи сокинон шиддати он чандон тарснок набуд.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри иттилоияе ба вуқуъ пайвастани заминларзаро дар қаламрави кишвар тасдиқ карда, гуфт, ки маркази он дар кишвари ҳамсоя Афғонистон буд.

КҲФ менависад: “19-уми январи соли равон соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки бино ба гузориши Институти зилзиласанҷии кишвар маркази он қаламрави Афғонистон буд.”

Ба иттилои Институти зилзиласанҷии кишвар қувваи заминларза дар маркази он 4 баллро ташкил дод. Аммо дар Душанбе қуввати он 2 балл буд.

Хушбахтона, бар асари ин заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Оғози таҳсили замистона дар мактабҳои Тоҷикистон

0

Муҳассилини мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ ва касбии Тоҷикистон пас аз таътилҳои замистона, ки бо сабаби сардиҳо иловатан даҳ рӯзи дигар низ дар рухтасӣ буданд, ба мактабҳо бармегарданд.

Бино ба иттилои Агентии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар”, 20-уми янавари соли 2023 “дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона ба анҷом расида, дарс оғоз мегардад.”

Пеш аз ин Azda tv иттилоъ дода буд, ки 10-уми январи соли 2023, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон гуфт, ки бо сабаби сардиҳои зиёд муддати таътили замистонаи донишомӯзони мактабҳои кишварро то 20-уми январи соли ҷорӣ тамдид карданд.

Гуфта мешавад, аксари мактабҳои Тоҷикистон ҳатто дар ҳудуди пойтахт ҳам дар мавсими замистон барои гарм кардани синфхонаҳо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд ва ҳукумат дар муддати 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон натавонистааст, ки ин мушкили мактабҳоро пурра бартараф созад.

Тоҷикистон: Идомаи ҷойивазкуниҳои мансабдорон

0

Президенти Тоҷикистон бо имзои чанд амру фармон чандин нафар аз мансабдорони кишварро аз вазифаҳои худ барканор ва дар ҷои дигар мансуб кард.

Бино ба иттиллои сомонаи Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми январи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо имзои 2 амр, 10 қарор ва 2 фармон хеле аз мансабдорони кишварро ҷойгардон кард.

Тибқи ин қарорҳо, ҳамакнун собиқ муовини Кумитаи телевизион ва радиои кишвар Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Инчнуин бар асоси қарорҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон раҳбарон ва муовинони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро ҳам ҷойгардон кард.

Тибқи армҳои раисҷумҳур Давлатзода Қиёмиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд ва низ Нӯъмон Шаҳлобону бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.

Гуфта мешавад, тибқи фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон: 1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 14 феврали соли 2023 гузаронида шавад. 2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 фармони мазкур гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

Ин ҳама амру фармон ва қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тағйироти кадрӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки худи Президенти Тоҷикитсон медонад, ба ҷуз фурӯши мансабҳо чизе дар ҳукумат тағйир намекунад.

Барои мисол, ҳамин сардиҳои чанд рӯзи ахир нишон дод, ки дар раъси нокормандатрин мансабдорони кишвари писари худаш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе Эмомалӣ ҳузур дорад.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ин қадар мушкилот як танбеҳ ҳам ба писараш намедиҳад, ба ин хотир раисони дигар шаҳру ноҳияҳо мутмаин мешаванд, ки вақте пул дода мансабҳоро харидаанд, забони  Эмомалӣ Раҳмони мансабфурӯш кӯтоҳ аст. Онҳо низ мисли Рустами Эмомалӣ дар заминҳои фасоди идорӣ, ахлоқӣ ва дуздии пулҳои буҷети давлатӣ дасту забонҳояшонро дарозтар мекунанд.

Шикояти сокинони Афғонистон аз қатъ шудани барқи Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, сокинони шаҳри Толиқон маркази вилояти Тахори Афғонистон шикоят кардаанд, ки барқи воридотии Тоҷикистон шабона дода мешавад, аммо аз тарафи рӯз қатъ мешавад.

Сокинони ин шаҳр гуфтаанд, дар гузашта барқи воридотии Тоҷикистон 24 соат васл буд, аммо ҳоло дар ин сармои сахт танҳо шабона чанд соате дода мешаваду халос.

То ҳол далоили қатъ шудани барқи Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон рӯшан нест. Масъуилин ширкати барқтаъминкунандаи “Брешно”-и Афғонистон ва ҳамчунин ширкати “Барқи тоҷик” дар ин маврид тавзеҳе надодаанд.

Шикояти сокинони ин кишвар аз камбуди барқ дар ҳолест, ки дар тамоми Тоҷикистон барқ аз оғози фасли тирамоҳ қатъ мешавад то аввали баҳор, ҳатто дар ин рӯзҳои сармои шадид ҳам сокинони худи кишвар барқ надоранд.

Дар шароите, ки аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷиҳ ҳастанд, Вазорати обу энержии Афғонистон хабар дод, ки дар торихи 10-уми январи соли ҷорӣ ширкати “Барқи тоҷик” қарордоди интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро тамдид кард.

Қирғизистон боз аз Туркия паҳпод харид. Тоҷикистон чӣ?

0

Қирғизистон аз кишвари Туркия паҳподҳои навъи “Anka”-ро харидорӣ кард. Дар ин бора раиси дафтари матбуоти раисиҷумҳури ин кишвар Дайирбек Орунбеков дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод.

Бино ба иттилои Дайирбек Орунбеков, Қирғизистон барои дифоъ аз худаш паҳподи “Анка”-ро харидааст. Аммо Орунбеков мушаххас накардааст, ки чӣ миқдор паҳпод харидорӣ ва ба ин кишвар ворид шудааст.

Қаблан мақомоти Қирғизистон аз харидории паҳподҳои Байрактар, Аксунгур ва Акинҷӣ аз Туркия низ хабар дода буданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи паҳподҳо дар ихтиёри Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гузошта шудаанд.

Дайирбек Орунбеков пештар хабар дода буд, ки бо як қарори кобинаи вазирон пардохти мукофотпулӣ ба хизматчиёни давлатии Қирғизистон барои харидани ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ аз охири соли гузашта боздошта шуд.

Ба гуфтаи Орунбеков “пас аз задухӯрд дар Бодканд, ба таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ ва дифоъ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад. Ҷоизае, ки ба хизматчиёни давлатӣ дода мешавад, ба таҳкими амнияти давлат нигаронида шудааст. Агар давлат бехатарии худро таъмин карда натавонанд, мукофотпулиҳо арзише надоранд”.

Хабари харидории навъи чоруми паҳподҳои Туркия аз ҷониби Қирғизистон, шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан нафаронеро, ки дар марз бо Қирғизистон хона доранд, нигарон кардааст. Чун Ҷониби Қирғизистон дар муноқишаи ахир, ки рӯзҳои 14-17-сентябри соли 2022 сурат гирифт ва дар он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуд, аз аз паҳпод истифода карда буд.

Дар шабакаҳои иҷтимо бархе корбарони ва сокинони кишвар мепурсанд, ки “Чиро Ҳукумати Тоҷикистон баръакси Қирғизистон дар фикри таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш нест? Оё мақомоти кишвар наметавонад як иқдомеро мисли мақомдорони қирғиз роҳандозӣ кунанду аз мукофотпулиҳои худ даст кашанд? Ё Эмомалӣ Раҳмон, ки худро “Пешво” эълон кардааст, наметавонад аз фонди захиравиаш, ки солона он аз буҷаи кишвар пур карда мешавад, барои дифои марзу буми кишвар пул ҷудо кунад?”

Гуфта мешавад, тибқи қонун “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фонди захиравии Президент ба андозаи 2 дарсади даромади буҷаи давлат муқаррар карда шудааст ва тартиби истифодабарии маблағҳои Фондро худи Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии ҷумҳурӣ танҳо дар соли 2021 404 миллион сомонӣ муқаррар карда шуда буд.

“Маҳал ва маъшуқа” меъёрҳои қабули кори тв-ҳои Тоҷикистон

0

Баҳси кор дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, ки барномаҳои якранге доранд, аз нав дар миёни бархе сокинони кишвар доғ шудааст.

Журналисти шинохтаи тоҷик, бону Ҳуринисо Ализода, раҳбари Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо нашри як матлаб телевизионҳои давлатиро ба макони маҳалгароӣ ва маъшуқачаронӣ муттаҳам кардааст.

Ба қавли раҳбари Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон: “Дар шабакаҳои мо озодии баён намерасад. Маоши хуб намерасад, имкониятҳои техникӣ ва омӯзиши пайваста намерасад.  Журналистони хубро ҷалб кардан зарур аст. Маҳалу маъшуқа не, саводу истеъдод, критерияи интихоби журналистон дар ТВ  бояд бошад.

Бону Ҳуринисо Ализода таъкид мекунад, ки телевизионҳои давлатӣ ҷойи “Тутиҳои хушпару болу такроргар не, журналисти донишманду эҷодкор даркор, ки барномаҳои креативӣ кунанд. Ними кишвар дар руйхати сиёҳ неву дар барномаҳо бояд бошанд.

Ин интиқодҳои хонум Ҳуринисо Ализода, раҳбари Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба истиқболи зиёде рӯбарӯ шудааст. Аз ҷумла, корбаре бо номи Маҳмуд Холов мегӯяд: “Эфирро бо барномаҳои “дуздӣ”-и аз телевизионҳои ҷаҳон пур мекунанд. Ҳаваскори ҳич кас намешинохтаро ба эфир роҳ медиҳанд, вай чӣ мехонад, чӣ мегӯяд, касе тафтиш намекунад ва ҳоказо…”

Корбари дигаре ҳам бо номи Гулсара Ёрова таъкид мекунад: “Аҷоиб ҳаст, тамоми кӯчаҳо, транспортҳои мусофиркаш, рекламаҳо, ном ва нишонаҳои корҳонаву, мағозаву ошхонаҳо саросар мавзӯь барои баҳс ҳаст, аммо журналистон хоҳиши барнома сохтан надоранд…

Гуфта мешавад, ин интиқоди раҳбари Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар интиқод ба як матлаби ҳафтаномаи “Фараж”, ки аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хоста буд, “Шахсони маъруфи интернетро ба телевизион оредсадо додааст.

Муаллифи “Шахсони маъруфи интернетро ба телевизион оред” иддао карда карда буд, ки “зиёда аз 90 фоизи аҳолӣ шабакаҳои телевизионии ватаниро тамошо мекунанд.” Аммо раҳбари Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, гуфт: “Аввалаш ин ки 90 фоизи тамошобини гуфтаатон омори ҳавоӣ аст. Телевизор тамошо кардан ин маънои телевизиони тоҷикро дидан нест. “

Бону Ҳуринисо Ализад меафзояд: “Ҳоло, ки садҳо шабакаҳои ҷаҳонӣ дастрасанд, фисади камтарини аҳолӣ, бинандаи телевизионҳои мо ҳастанд. Мардум телевизор тамошо мекунад, вале шабакаҳои бегонаро. Ва то кай мо онҳоро ҳамчун омори тамошобинони шабакаҳои тоҷикӣ “меҳисобонем”?

Ин баҳсҳо дар ҳоле гарм мешаванд, ки аксари сокинони кишвар ҳам ҳамин эътирозҳоро нисбати телевизионҳои давлатӣ доранд. Ба гуфтаи сокинон, дар телевизионҳои давлатӣ ба ҷуз тавсифҳои беҷо аз расиҷумҳур ва омори дурӯғ додан аз пешравиву саноат дигар чизе надоранд. Аммо бо вуҷуди ҳар дам иваз шудани раиси Кумитаи раидо ва телевизиони кишвар, ҳеч тағйироте дар барномаҳои ин соҳа дида намешавад.

Ба хотири додхоҳӣ бародари адвокати зиндонӣ ҳам зиндонӣ шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сокини ин ноҳия Баҳоуддин Шамсиддинов, бародари вакили дифои зиндонӣ Саиднуриддин Шамсиддиновро ба 4 соли зиндон маҳкум кард.

Акс аз Интернет

Як манбаи ошно ба парванда бидуни зикри номаш ба Azda tv хабар дод, ки рӯзи 13-уми январ Додгоҳи ноҳияи Вахш Баҳоуддин Шамсиддиновро, ки барои озод кардани бародари зиндонияш Саиднуриддин талош мекард, бо 3 моддаи Кодекси Ҷиноятии кишвар, аз ҷумла 307, 338 ва 345 (ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъ ва фош кардани сирри давлатӣ ва инчунин худсарона азхудкунии замн) гунаҳкор дониста, 4 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба гуфтаи манбаъ, “додситонии ноҳия барои зиндонӣ кардани ӯ 9 сол талаб карда буд, аммо додгоҳ 4 сол ҳукм баровард.”

Манбаи Azda tv гуфт: “Баҳоуддин 31 сол дошт, мақомот аз ӯ қасос гирифт. Онҳо фармони додситони вилояти Хатлонро иҷро карданд. Фармонро Раҳимзода Абдураҳим додаст, ки Баҳовиддинро ба ҳабс бигиранд. Чун Баҳоуддин барои озод кардани бародараш Саиднуриддин мубориза мебурд ва ҳатто як чан маротиба ба Дастгоҳи Президент, Додситони кул ва дигар мақомоти дахлдор аз болои додситони вилояти Хатлон Раҳимзода Абдураҳим шикоят карда буд.”

Манбаъ мегӯяд, Баҳоуддин гуноҳе надошт, танҳо мақсадаш ин буд, ки бародараш озод шавад, аммо додситони ноҳия Раҳимзода Абдураҳим аз тарси ин ки бародараш Саиднуриддин озод нашавад, аз ӯ қасос гирифт. “Худаш дар сухани охиринаш зиёд ҳарф назад, танҳо гуфт, ки гуноҳе надорам, маро шиканҷа карданд, ки гуноҳи накардаро ба дӯш гириам, аммо шумо аз Худованд мебинед, ман 3 фарзанд дорм, оҳи дил доранд”, – афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аввали соли 2021 мақомоти ноҳияи Вахш вакили дифоъ Саиднуриддин Шамсиддиновро бо иттиҳоми “хариду фурӯши ғайриқонуни замин”, “қаллобӣ” ва “паҳн кардани маълумоти дурӯғ” барои 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Пас аз талошҳои зиёд барои озод шуданаш ва даъвоҳо ба зинаҳои болоӣ мақомот боз як иттиҳоми дигар, “ҳамкорӣ бо Гурӯҳи 24”-ро дар парвандааш илова карда, 8 моҳи дигар ба ҳукми зиндонаш афзуд.

ЭЪЛОН! ОЗМУНИ ТАНЗИ СИЁСӢ ДАР AZDA TV

0

Шабакаи Аздо тв ба муносибати ҷашни Наврӯзи соли 2023 ва шод кардани рӯҳияи мардум нахуст озмуни навиштани танзи сиёсиро эълон мекунад!

Иштирокдорони ин озмун метавонанд матни танзҳои сиёсии худро тариқи эмайл ва ё ин рақамҳо аз тариқи Ватсапп ва ё Телеграм ба мо фиристанд. Ғолибони озмунро мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми умумӣ то 10 ҳазор сомонӣ интизор аст.

Эзоҳ:

  1. Ҳувияти иштироккунандаҳо бидуни ризоияти муаллифон фош намешавад;
  2. Қабули матнҳо барои озмун аз 19-уми январ то 16-уми марти соли ҷорӣ идома меёбад;
  3. Матни танзҳои ирсолшуда ҳам ба сурати навишторӣ ва ҳам сурати видеоӣ дар сафҳаҳои Azda tv дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Ютуб нашр мешаванд;
  4. Ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо гузоштани лайк ва шарҳҳои хонандаҳо ва бинандаҳо интихоб мешаванд;
  5. Мукофот барои ҷои якум 5000 сомонӣ, ҷои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷои сеюм 2000 сомонӣ;
  6. Муддати ҳисоби “лайк”-ҳо ва шарҳҳои корбарон дар поёни матнҳои нашршуда як ҳафтаро дар бар мегирад ва аз рӯзи нашри матн то 7 рӯз идома меёбад ва сипас ҷамъбаст мешаванд.