Қосим-Жомарт Токаев мегӯяд, ки байни Қазиқистон ва Тоҷикистон қарордоде бо маблағи наздик ба ду миллиард доллар ба имзо расидааст ва масъулини ду кишварро зарур аст, ки барои амалӣ шудани он талош кунанд.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 4-уми майи соли 2023, Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон дар Остона ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар нишасти Бизнес-Форуме, ки рӯзҳои гузашта баргузор шуд, қарордоде бо маблағи 1 милларду 800 миллион доллар ба имзо расид.
Президенти Қазоқистон таъкид карда, ки ин бисёр як натиҷаи хуб аст ва ба ҳамин хотир ҳукуматҳои ҳар ду кишварро зарур аст, ки барои амалӣ шудани ин қарор талош кунанд.
Гуфта мешавад, Қазоқистон пас аз Чин дуввумин кишварест, ки доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва савдои берунаи Тоҷикистон бо он тавсеа ёфтааст ва тибқи оморҳои расмӣ ҳаҷми доду гирифтҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар дар соли 2022 ҳудуди 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи сарони давлатҳо, агар ҳамаи имкониятҳои дуруст истифода шаванд, имкон дорад дар ояндаи наздик ҳамҷи доду гирифтҳо аз 2 миллиард доллар ҳам афзоиш ёбанд.
Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати баландпояи кишвар дирӯз тавассути ҳавопаймои ширкати Сомон-Эйр ба Қазоқистон сафар кардааст. Аммо, на ба ҳавопаймои нав харидааш.
Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон 20-уми апрели соли ҷорӣ бо маблағи 92 миллион доллар аз пули буҷети давлатӣ барои худаш аз Мексика як ҳавопаймои шахсӣ харида буд, вале то ҳол онро мавриди истифода қарор надодааст.
Дар ҳамин ҳол аз як наворе ба дасти Azda tv расид, ки тибқи иттилои манобеъ, маъмурони амниятии тоҷик ҳамроҳи кормандони сафорати Тоҷикистон дар Истанбул ду рӯз боз ба мадрасаҳо ва маконҳои омӯзиши Қуръон, ки бо иҷозати расмии ҳукумати ин кишвар фаъолият доранд, рафта, аз шаҳрвандони тоҷик акс мегиранд ва онҳоро бо истирдод шудан ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд.
Як манбаи дигар афзуд, ки аллакай баъзе аз фарзандони тоҷикро аз ин маконҳои омӯзиши Қуръон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале то ҳанӯз сиҳати ин хабар тасдиқ нашудааст.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 26-ум то 30-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе ва бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо блогерон ва ҷавонони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯриҳо доир кард.
Аммо аксар корбарон мегӯянд, аз рафти ин мулоқот бо блогерон маълум аст, ки ҳадафи аслӣ на “тарғиби мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ”, балки тарғиби сиёсатҳои давлат аст. Ҳамон кореро, ки дар аввал дигар гурӯҳҳои омодакардаи Ҳукумат мекарданд.
Бархе огоҳони умур бар ин назаранд, ки ин иқдом баёнгари он аст, ки Ҳукумат дар тарҳи “Авангард” муваффақ набуд ва инак бо иқдоми наваш мехоҳад аз блогерон як “Авангард”-и тоза ва бо шакли дигар бисозад, ки бештар сиёсатҳои давлатро онҳо тарғиб кунанд. Зеро наворҳои онҳоро мардум аз наворҳои телевизионҳои давлатӣ бештар мебинанд.
Аз ҷумла, аз ҳар як блогере, ки дар ин чорабиниҳои ҳукуматӣ ширкат карданд, хоста шуда, ки ҳар мулоқотро дар саҳифаҳои худ нашр кунанд.
Ҷоизаи касбии Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ солона барои як нафар аз хабарнигорони кишвар дода мешавад.
Пеш аз ин дар соли 2022 Ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери зиндонии Тоҷикистон дода шуда буд, аммо баъд аз он ки тобистони соли гузашта мақомоти Тоҷикистон Далери Имомалӣ ва 7 нафари дигар аз рӯзноманигорон ва блогерони шинохтаи кишварро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, на Шӯрои ВАО ва на дигар созмонҳои дохилӣ ва хориҷие, ки барои ҳимоят аз рӯзноманигорон ташкил шудаанд, натавонистанд ҳатто, пеши роҳи зиндонӣ шудани яке аз онҳоро бигиранд.
Инчунин имсол низ эълон карда шуд, довталабон метавонанд барои дарёфти ҷоизаи Эътимод ва дигар ҷоизаҳои созмонҳои рӯзномагорӣ, ки маъмулан дар Рӯзии озодии баён-3-юми май дода мешаванд, матолиби чопшуда ва нашр гардидаи худро ирсол намоянд, баҳси блогерон ва рӯзноманигорони зиндонии Тоҷикистон, ки айни замон теъдоди онҳо ба 11 нафар мерасад, аз нав эҳё шуд.
Ҳамзамон хеле аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таваҷҷуҳ шиддат гирифтани мавҷи фишорҳо ва таъқиби мақомот аз рӯзноманигорону блогерон ва дар умум корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карда буданд, ки пеш аз довталаб шудан ба ин ҷоизаҳо дар бораи боздоштҳои эҳтимолӣ ва бегуноҳ ба кунҷи зиндонҳо фиристода шуданро ҳам бояд андеша кард.
Далери Имомалӣ пас аз як моҳи сазовор шудан ба ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳангоми бозпурсии мақомот мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Яке аз кормандони мақомот, ки ӯро бозпурсӣ мекард, як мушт ва се шаппотӣ ӯро зада буд ва баъд аз чанд муддат боздошт ва равонаи зиндон гардид.
Гуфта мешавад, “Шӯрои васоити ахбори омма як созмони мустақил буда, бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллуқ доранд, ташкил шудааст. Ҳадаф аз фаъолияти Шӯрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ дар Точикистон аст.”