Хона блог саҳифа 314

Имрон Хон аз зиндон озод шуд

0

Додгоҳи олии Покистон боздошти собиқ Нахуствазири ин кишвар тавассути мақомоти қудратӣ ва тамдиди ҳабсаш то 17-уми май ғайриқонунӣ хонда, Имрон Хонро аз зиндон озод кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, зуҳри рӯзи 11-уми майи соли 2023 Додгоҳи олии Покистон ҳукми фавран озод шудани собиқ Нахуствазири ин кишвар Имрон Хонро, ки ду рӯз пеш аз дохили бинои додгоҳе дар Исломобод боздошт гардида буд, содир кард.

Ин ҳукми Додгоҳи олии Покистон пас аз он содир шуд, ки гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи Имрон Хон боздошти ӯро тавассути нерӯҳои Идораи миллии ҳисоботдиҳӣ (National Accountability Bureau) аз дохили бинои додгоҳе дар Исломобод ғайриқонунӣ хонда буданд.

Умар Ато Бониёл, раиси Додгоҳи олии Покистон ҳукми боздошт ва тамдиди онро ҳам ғайриқонунӣ хонда, ҳукми фавран озод шудани Имрон Хонро содир карда, гуфтааст, ки худаш рӯзи 12-уми майи соли ҷорӣ ба додгоҳ ҳозир шавад.

Гуфта мешавад, пас аз боздошти Имрон Хон садҳо ҳазор ҳаводорони ӯро билофосила ба майдонҳо, дар бузургшаҳрҳои Покистон баромада, хеле аз биноҳо ва амлоки марбут ба артиши ин кишварро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳукумати Покистон барои контрол кардани авзоъ аз артиш кумак хост, вале ворид шудани артиш ҳам натавонист, ки пеши роҳи хашми ҷонибдорони Имрон Хонро бигирад. Даргириҳое низ байни артиш, полис ва ҳаводорони Имрон Хон сурат гирифта, дар натиҷа дасти кам 10 нафар кушта ва ҳудуди 200 каси дигар аз ду ҷониб захмӣ шуданд.

Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покистон раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсофи ин кишвар аст, ки тавониста дар интихоботҳои миёнадавраии як соли ахир ду ҳизби пурнуфузи ин кишварро дар иёлатҳои Панҷоб ва Синд, ки солҳо ҳоким буданд, низ канор бизанад. Иёлатҳои Сарҳад, Хайбарпахтунхоҳ ва Балучистон аксаран аз ҳаводорони Имрон Хон мебошанд.

Афзоиши фишорҳо барои сарбозгирӣ дар Тоҷикистон

0

Кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ки солона дар ду мавсим-тобистон ва тирамоҳ аз кисаҳои мардум “ҳосили кор”-ашонро меғундоранд, имсол фишорҳои худро болои онҳо зиёдтар кардаанд.

Гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки аксар маврид ахбор ва ҳодисаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон пайгирӣ ва пӯшиш медиҳад, шикоятеро нашр карда, ки дар он таъкид мешавад, “таҳдид, зӯрӣ, маҷбурӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ” афзоиш ёфтааст.

Муаллифи ин матлаб ин шеваи кори мақомот ва кормандони комиссариатҳои ҳарбиро “шармандагӣ” хонда мегӯяд: “Модоме, ки аз уҳдаи вазифа намебароед, пас бигзоред шоистагон ба миллат хидмат кунанд! Бо оне, ки волидайнро бо зуриву маҷбурӣ (сӯистифода аз ваколатҳо ва гузашан аз он) ба комиссариати ҳарбӣ мебаред, то фарзандонро аз мардикори ба Ватан биёранд ва адои хизмати ҳарбӣ кунанд, ин РОҲИ ҲАЛ НЕСТ!!!”

Дар вокуниш ба ин матлаб бархе ҳуқуқшиносони тоҷик низ ба мисли Каримҷон Ёров низ ҳамроҳ шуда, гуфтааст: “Кадом волидайнеро ки маҷбурӣ ба коммисарияти ҳарбӣ бурдан бо дилхоҳ қувва ба даҳонашон мушт занеду ба рӯяшон туф кунед. Чунки онҳо ваколати шуморо барои фарзанд даъват кардан ё таҳдид надоранд. Ба хонаатон омаданд бе ҳуҷҷати расмӣ аз дар даромада намонед, бо дилхоҳ чиз ба фарқи сарашон занед, иҷозат доред, чунки ин хонаи шахсии шумост ва қонун кафолати амнияти шуморо додааст дар манзилатон.

Аз сӯи дигар Баҳодур Раззоқов, фаъоли ҷомеаи маданӣ барои решакан кардани ин мушкили ҷомеа, ки тӯли 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сол то сол зиёдтар мешаваду камтар не, пешниҳод кардааст:” “Реформа” (ислоҳот) зарур аст – барҳам додани комиссариатҳои ҳарбӣ ва пурра ба низоми қарордод гузаронидани хизмати ҳарбӣ.., проблема аз реша бардошта мешавад..”

Бархе корбарони дигаре, ки дар ин баҳс шарик шудаанд, мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон то 18-сола шудани фарзандони мардум дар фикри тарбияи ватандӯстии онҳо нестанд, вале ҳамин, ки бачаҳо 18-сола шуданд, дар ҳол онҳоро пайдо карда, маҷбур мекунанд, ки ватанро дӯст доранд ва рафта ду сол хидмат кунанд.

Гуфтанист, бархе коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз иллатҳои аслии саркашӣ кардани ҷавонон аз рафтан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мушкилоти иқтисодии мардум бошад, мушкили бадтар аз он дар дохили худи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст, ки сарбозозорӣ, шиканҷаи наваскарон ва лату кӯби онҳо тавассути ҳамхидматони худи онҳост. Ба ҳамин хотир, решакан кардани ин мушкили ҷомеа ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ичунин як таҳқиқи кӯчак дар Интернет нишон медиҳад, ки дар ин шабу рӯзҳо ибораи “облава дар Тоҷикистон” яке аз пур истифодатарин суолҳоест, ки мардум аз ҷустуҷӯгарҳо мепурсанд, то аҳвол ва ахбори тозаеро дар ин бора дарёфт кунанд.

Улфатхоним Мамадшоеваро ба зиндони Норак интиқол ёфт

0

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон рӯзноманигор ва маҳбуси сиёсӣ Улфатхоним Мамадшоеваро ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд.

Улфатхоним Мамадшоева аз замони боздошташ то 6-уми майи соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешуд.

Сабаби ба зиндони Норак бурдани ин маҳбуси сиёсиро “эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм” гуфтаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки “ӯро рӯзи шанбе, 6-уми май, ба маҳбаси Норак интиқол доданд. То он вақт пайвандон чанд дафъа бо ӯ мулоқот карданд, аз саломатӣ шикоят надошт. Барои бозбинии ҳукм низ ариза нанавишта буд”. 

Рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоеваи 66-сола баъд аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи соли гузашта дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, ҳамроҳи садҳо нафар аз фаъолони маданӣ аз ҷониби мақомоти кишвар боздошт шуд. 

Дар аввалҳои моҳи декабри соли 2022, Улфатхоним Мамадшоева дар мурофиае пушти дарҳои баста бар асоси 8 банди қонун, аз ҷумла “даъвати оммавӣ ба сарнагунии сохти конститутсинонӣ”гунаҳкор дониста шуда, ба бист сол зиндон маҳкум шуд. Худи Улфатхоним Мамадшоева ва пайвандонаш иттиҳомоти мақомотро рад карда, онро сохта номида буданд. 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар фаъолонро талаб намуда, хоста буданд, ки боздоштҳои ғайриқонунии дигарандешонро бас кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон талабу тавсияҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқро нодида мегирад. 

Муҳоҷиронро “қонунӣ” ба ҷанг мефиристанд?

0

Вакили парлумони Русия аз Ҳизби коммунистӣ Михаил Матвеев тарҳи қонунеро дар бораи фиристодани муҳоҷирон ба ҷанги Украина ба Дума пешкаш кард. 

Ба иддаои Матвеев, ин қонун пешнищод мекунад, ки муҳоҷирони дорои душаҳрвандь ба ҷанг даъват ва эъзом карда шаванд. Вакили Думаи Русия мегӯяд, ки бояд дар як взвод бештар аз ду-се муҳоҷир набошад, чун он ба маҳаллиҳо имкон намедиҳад, ки интизомро нигаҳ доранд. 

Матвеев қайд кард, ки муҳоҷиронро ҳамчун баталиони бинокорӣ, аз ҷумла дар хатти фронт фаъолона истифода бурдан мумкин аст.

Матвеев афзуд, лоиҳаи қонун бояд тартиби мавҷударо тағйир диҳад. Тибқи қонунҳои мавҷуда шахсони душаҳрвандӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд ва танҳо бо бастани шартнома метавонанд дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат кунанд.

Пештар аз ин низ вакили рус бо суол гузоштан, ки “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” ва “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?”, масъалаи фиристодани тоҷиконро ба ҷанг дар Украина бардошта буд. 

Ӯ гуфта буд, ки “Дар он ҷо мардони мардуми таҳҷоии Русия барои ватани худ, пеш аз ҳама русҳо кушта мешаванд, ки дар ин ҷо садҳо ҳазор осиёгиҳо онҳоро иваз мекунанд”.

Вакили парлумони Русия гуфта буд, сабаби асосии дар ҳошия мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг мақоми душаҳрвандии онҳо аст ва хоста буд зуд ин қонун дигар карда шавад.

Дар ҳоле Михаил Матвеев ин тарҳи қонунро пешниҳод дорад, ки аз шуруи ҳамлаи беасоси Русия ба хоки Украина ҳазорҳо нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ ба таври иҷборӣ ва шартновӣ бурда шуда, қисми зиёдашон дар онҷо кушта шудаанд.

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои мардуми Ғазза

0

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Навори Ғазза дасти кам 25 нафар кушта, 60 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки дар байни кушташудаҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, артиши Исроил субҳи рӯзи панвшанбе ҳамлаҳои ҳавоии худро ба биноҳои маскунӣ дар Навори Ғаззаи Фаластин идома дод, ки бар асари он чандин хона вайрону валангор гашта, кӯдакону занон кушта шуданд.

Артиши Исроил мегӯяд, дар ин ҳамлаҳояш, ки рӯзи сешанбе оғоз карда буд, раҳбарони шохаи Муқовимати Фаластинӣ – Ҷиҳоди исломиро ҳадаф қарор дода буд ва то имрӯз 4 нафар аз раҳбарони ин ҳаракатро куштааст.

Ҷиҳоди исломӣ низ дар посух баҳамлаҳои Исроил пойтахти ин кишвар, шаҳри Тел-Аавивро мушакборон кард. Тибқи иттилои расонаҳо, то ин дам аз Навори Ғазза ба сӯи шаҳрҳои Исроил, аз ҷумла Тел-Аавив ва Асқалон наздики 400 мушак партоб шудааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки пас аз шунидани бонги хатар мардумро як ҳолати тарсу даҳшати беандоза фаро гирифта, ҳама аз соҳили дарё ва ё кӯчаҳо ба сӯи паноҳгоҳҳо мешитобанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди фаъолияти гунбади оҳанини Исроил мушакҳои Ҷиҳоди исломӣ бар чанд нукта дар шаҳрҳои ин кишвар исобат кардааст. Аммо омори дақиқе аз шумори кушта ва захмӣ шудагони исроилӣ нашр нашудааст.

Ҷониби Исроил суҳбҳи рӯзи сешанбе амалиётеро зидди раҳбарони ҳаракати Ҷиҳоди исломӣ оғоз карда, хонаҳои онҳоро дар Навори Ғазза мавриди ҳамла қарор дод, ки гуфта мешавад, то имрӯз 4 нафар кушта шудаанд. Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ низ мегӯяд, дар рад ба ҳамлаҳои Исроил шаҳрҳои ин кишварро мушакборон кард ва дар сурати идомаи ҳамлаҳои исроилӣ боз ҳам ба ин гуна мушакборон кардан идома хоҳад дод.

Боздошти собиқ вазири корҳои хориҷӣ

0

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ собиқ вазири корҳои хориҷиро дар манзиле дар пойтахт боздошт карда бо худ бурданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Покистон пеш аз боздошти худ бо нашри наворе гуфта, ки чанд нафар аз нерӯҳои интизомӣ барои боздошти вай омадаанд, ва ин “як раванди озодӣ дониста мешавад.”

Боздошти собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва яке аз раҳбарони Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон дар ҳоле сурат гирифта, ки боздошти Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покиситон мавҷи эътирозҳои густурдаеро дар сар то сари ин кишвар ба вуҷуд овардааст.

Гуфта мешавад, пас аз боздошти Имрон Хон, раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон зуҳри 9-уми май ва боздошти собиқ вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳам субҳи 10-уми ҳамин моҳ дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Исломобод сурат гирифтааст. Пас аз ин боздоштҳо даҳҳо ҳазор нафар аз ҳаводорони ӯ ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, хеле аз биноҳо ва дороиҳои мансуб ба артиши ин кишварро мавриди ҳамла қарор дода, мавҷе аз ноамниҳои камсобиқаро дар ин кишвар ба вуҷуд овардаанд.

Ҳукумат барои ором кардани мардум ва ба эътидол овардани авзоъ аз артиш кумак хоста, вале бо ин ҳол мардуми ба хиёбонҳо омада, ба эътирозҳои худ идома доданд, ки дар натиҷа байни онҳо даргириҳо низ сурат гирифтааст. Тибқи оморҳои расмӣ дасти кам то ҳол 10 нафар кушта ва наздик ба 200 каси дигар захмӣ шудааст.

Мақомоти интизомӣ ва артиши Покистон собиқ Нахуствазири ин кишварро ба фасод муттаҳам мекунанд, вале Имрон Хон ҳама ин иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста онҳоро рад мекунад.

Поёни тафтишоти пешакии парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров

0

Тафтишоти пешакии парвандаи чоруми маҳбуси сиёсӣ ва адвокати маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба охир расида, парванда ба додгоҳ фиристода шуда аст.

Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд баъди ду ҳафта мурофиаи додгоҳии бародараш дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Бу гуфтаи Ҷамшед Ёров, ин парвандаи бародараш ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Ёров мегӯяд, дар ҳоле тафтишоти пешакӣ ба анҷом расид, ки дархостҳои Бузургмеҳр Ёров иҷро нашуда, даъвогарро бо ӯ рӯбарӯ накардаанд. Инчунин то ҳол  маводҳои лозимае, ки гирифтани пулҳоро тасдиқ кунанд ҷамъоварӣ нашудааст.

Раиси Бунёди “Бузургмеҳр” таъкид мекунад, ки асос барои ба ҷавобгарӣ кашидани Бузургмеҳр Ёров танҳо аризаи хаттии зери шиканҷа навистаи маҳбус Ҳасанов Ҳасан асту тамом. Ягон тасдиқи ҳуҷҷатии гирифтан ва ё ирсоли маблағҳо дар парванда нест. 

Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки парвандаи бародараш фармоишӣ ва сиёсӣ буда, чунин парвандаҳо нисбати шахсоне сохта мешаванд, ки буданашон барои ҳукумат дарди сар соз аст.  “Барои ҳамин бо ҳар роҳу воситаи “қонунӣ” чунин шахсон бояд несту нобуд карда шаванд”, — мегӯяд мусоҳиби мо.

Ҳоло Бузургмеҳр Ёров бо сабабҳои номаълум барои 15 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст.  

Дар ҳамин ҳол модари Бузургмеҳр Ёров бо навиштани номае ба Озода Раҳмон аз Мансурҷон Умаров ва додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ талаби адолат карда ва хостааст, ки ба писараш иҷозат диҳанд то худро ҳимоят карда тавонаду аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода барад ва далелу суханони ӯро низ шунаванд.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Боздошти Имрон Хон мавҷи нооромиҳоро дар Покистон ба вуҷуд овард

0

Собиқ Нахуствазири Покистон, ки 9-уми майи соли ҷорӣ дар дохили бинои Додгоҳи олии ин кишвар дар шаҳри Исломобод боздошт гардид, мавҷи эътирозҳо ва ноамниҳоро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, бар асоси ҳукми додгоҳ боздошти собиқ Нахуствазири Покистон ба муҳлати 8 рӯз тамдид гардида, қарор аст 17-уми майи соли ҷорӣ дубора ба додгоҳ иҳзор шавад.

Зуҳри рӯзи 9-уми май Имрон Хон барои изи ангуштсупорӣ дар бархе парвандҳое, ки ба он муттаҳам мешуд, аз маркази иёлати Панҷоби шаҳри Лоҳур ба пойтахти ин кишвар шаҳри Исломобод рафт, вале пеш аз анҷоми ин кор тавассути нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии кишвараш боздошт гардид.

Дар наворҳое, ки рафти ин боздоштро сабт кардаву ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки собиқ Нахуствазири Покистон бо аробачаи маъюбӣ дар додгоҳ ҳозир шудааст, вале вақте нерӯҳои махсус ба бинои додгоҳ ҳамла карда, ӯро боздошт мекунанд, даҳҳо нафар аз низомипӯшҳо ӯро дар иҳотаи худ қарор дода, давон-давон то дохили мошин мерасонанд ва сипас маҳалли ҳодисаро тарк мекунанд.

Имрон Хон пеш аз ворид шудан ба бинои додгоҳ эълон карда буд, ки омодааст, ки барои иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, ба додгоҳ рафта посух гӯяд. Вай то ин замон борҳо дар додгоҳҳо ҳузур пайдо карда буд, вале дирӯз пеш аз ин, ки вориди додгоҳ шавад, бори дигар артиши кишварашро ба даст доштан дар сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам карда гуфт, барои боздошти вай ҳеч зарурате вуҷуд надорад, ки артиш садҳо нафарро саргардон карда, саҳнасозӣ кунад, вай омода аст, ки бо як ҳалномаи додгоҳӣ худаш ба зиндон биравад.

Хабари боздошти собиқ Нахуствазир, ки ҳаводоронаш онро амали ғайриқонунӣ, одамрабоӣ ва ҷинояти артиш ҳам аразёбӣ кардаанд, қаҳру ғазаби садҳо ҳазор покистониро ба вуҷуд оварда, худи ҳамон рӯз дар бузургшаҳрҳои ин кишвар, ба хусус шаҳрҳои Исломободу Ровилпиндӣ, Лоҳуру Карочӣ, Мултону Пишовар, Кувейта ва ғайра ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва хеле аз таҷҳизот ва биноҳои мансуб ба артишро мавриди ҳамла қарор доданд.

Артиши Покистон субҳи имрӯз гуфт, тибқи қонун Имрон Хонро дар ҳиросату нигаҳбонии худ гирифтааст, вале ҳаводоронаш ба таҷҳизот, биноҳо ва амлоку дороиҳои мансуб ба артиш ҳамла карда, алайҳи он шиорпартоӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар бархе раҳбарони Ҳизби Таҳрики Инсоф ҳам тариқи расонҳо мардумро ба майдондорӣ ва ҳимоят аз Имрон Хон даъват карда мегӯянд, вай тамоми имтиҳоноти худашро назди мардум ва миллат супоридааст ва акнун замони он расида, ки мардум ҳам дар ин имтиҳон сарбаландона аз раҳбари худ ҳимоят кунанд.

Дар рафти ин бетартибиҳо, ки дар бархе маворид ба сангаргириҳо миёни артиш ва мардум табдил шуд, тибқи оморҳои расмӣ, дасти кам 8 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду ҷониб захмӣ шудааст. Хеле аз сарони артиш дар Исломобод ва бархе дигар аз раҳбарони он дар минтақаҳо низ аз тарси он ки мабодо дар ин кашмакашҳо ба дасти мардуми ғазаболӯд биуфтанд, ба панаҳгоҳҳо фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, 10-уми апрели соли 2022 парлумони Покистон ба Имрон Хон, собиқ Нахуствазири ин кишвар раъйи адами этимод дода, ӯро аз ин симат барканор кард. Имрон Хон дар амри барканории худ кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Амрико ва артиши кишварашро муттаҳам мекард. Артиши Покистон, ки то сари қудрат омадани Имрон Хон касе ҷуръат надошт алайҳи он мавзеъгирӣ кунад, ин кори Хонро убур кардан аз хатти қирмиз медонист.

Як рӯз пеш аз ин боздошт, 8-уми майи соли ҷорӣ Имрон Хон тариқи расонаҳо яке аз раҳбарони артишти Покистонро ба ду бор сӯиқасд кардан ба ҷонаш муттаҳам карда буд. Артиши Покиистон ҳам дар вокуниш ба ин иттиҳом ҳушдор дода буд, ки набояд касе аз сиёсатмадорони покитсонӣ бидуни далел алайҳи он мавзеъгирӣ кунанд.

Собиқ Нахуствазири Покистон пас аз он ки аз қудрат барканор шуд, дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвараш гирдиҳамоиҳои даҳҳо ҳазор нафариеро роҳандозӣ карда, тӯли як соли ахир тавонист беш аз пеш ба теъдоди ҳамводоронаш биафзояд. Тибқи барнома дирӯз ҳам қарор буд, ки дар пойтахти Покистон як гирдиҳамоии бузургеро ба роҳ монад, вале вақте боздошт дошт, ҳаводоронаш бо шиори ин, ки “хатти сурхи мардумро артиш ҳам набояд убур кунад” ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, озодии ӯро талаб доранд.

Гуфта мешавад, Покистон ба хотири пешгирӣ аз оғози ноамниҳо ва гирдиҳамоиҳои эҳтимолӣ дастрасӣ ба шабакаҳои мухобиротӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро дар сартосари ин кишвар маҳдуд кардааст. Вале тибқи гузориши расонаҳо, ҳаводорони Имрон Хон кӯтоҳ наомада таъкид карда буданд, ки барои озод кардани вай аз дасти артиш талош мекунанд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон тарси артиш ва ҳукумати феълии Покистон дар он аст, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи ин кишвар барои мақоми нахуствазирӣ агар Имрон Хон бори дигар номзад шавад, баранда ва дубора сари қудрат хоҳад омад ва ба ҳамин хотир талош доранд, ки тавассути додгоҳ пеши роҳи ӯро бигиранд…

Имзои 23 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон

0

Дар сафари имрӯзаи Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон 23 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расида, ки муҳимтарини онҳо “карантини растаниҳо” ва “ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ” мебошанд.

Бино ба иттилои расмӣ, зуҳри имрӯз, 10-уми майи соли 2023 байни намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳайати Ҳукумати Туркманистон 23 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ки муъзами онҳо дар қолиби “созишнома” ва ёддошти тафоҳум” мебошанд.

Дар байни ин ҳама санадҳо, ки 8 адади онҳоро созишнома, 12 адади дигар ёддошти тафоҳум, 1 харитаи роҳ ва 1 барномаи муштарак ва 1 протоколро ташкил медиҳанд, ҳатто як қарордоди расмие вуҷуд надорад, ки ҷонибҳоро барои ҷалби сармоя ва ё маблағгузорӣ кардан дар соҳае водор кунад, то уҳдадориҳои худро сари вақт иҷро намоянд.

Бархе коршиносон мегӯянд, дар замоне, ки ҳар ду кишвар даҳҳо ҳазор заминҳои кишоварзии обии худро ба заминҳои партов табдил додаву на худашон аз онҳо истифода мекунанд ва на шароит фароҳам меоранд, то мавриди истифодаи шаҳрвандонашон қарор бигиранд, маҳол аст, ки ин санади “Харитаи роҳ” барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Туркманистон барои солҳои 2023-2025″ ба имзо расидааст, барои ҷонибҳо дар солҳои наздик ҳуҷҷати бадардбихӯре шуда тавонад.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз, Сардор Бердуҳаммадов, Президенти Туркманистон дар раъси як ҳайати воломақоми кишвараш бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз ин меҳмони худ пазироӣ кард ва сипас ҷаласаи муштараке байни ҳайатҳои ду кишвар баргузор гардид.

Беш аз 1 млн муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Аврупо

0

Соли гузашта дар кишварҳои аврупоӣ беш аз 1 миллион муҳоҷир ғайриқонунӣ иқомат доштаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 59 дарсад бештар гуфта мешавад. 

Бино ба иттилои Бюрои омори Аврупо (Eurostat), аз шумораи умумӣ 222 520 ҳолати будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон дар Маҷористон, 198 310 ҳолат дар Олмон ва 138 420 ҳолати дигар дар Италия ба қайд гирифта шудааст. 

Тибқи ин омори расмӣ, аз ҳама бештар миёни миллатҳо, суриягиҳо дар кишварҳои аврупоӣ иқомати ғайриқонунӣ доштаанд, ки шумораашон 175,960 нафарро ташкил додааст. Пас аз он афғонҳо (бо шумори 119,520 нафар) ва марокашиҳо (60,215 нафар) мебошанд.

Дар соли 2022 ба 422,400 нафар фармон дода шуда, ки хоки иттиҳоди Аврупоро тарк кунанд ва ин шумора нисбат ба соли 2021 беш аз 23 дарсад гуфта мешавад. Тибқи ин омор, аз ҳама бештар Фаронса (бо 135,650 нафар), Хорватия (ба 40,525 нафар) ва Юнон (ба 33,500 муҳоҷир) фармони тарки хокро содир кардаанд. 

Теъдоди афроде, ки ба кишвари дигар баргардонида шудаанд, дар соли 2022 ба 96,795 нафар расидааст, ки асосан аз албаниҳо (9,950), гурҷҳо (8,040) ва суриягиҳо (5,590) иборат будаанд.

Аз ҳама бештар Фаронса (14,240) Олмон (13,130) ва Шветсия (10,490) аз баргардондани одамон ба дигар кишварҳо гузориш додаанд.