Хона блог саҳифа 322

Набарди генералҳо дар Судон

0

Набарди генералҳои судонӣ, ки дар пойтахти ин кишвар идома дорад ва ҳар ду ҷониб якдигарро дар нақзи қонунҳои амалкунанда ва ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд.

Бино ба иттилои Алҷазира, ҳам Нерӯҳои зудамали Судон бо раҳбарии генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу маъруф ба Ҳамидтӣ ва ҳам Артиши ин кишвар бо раҳбарии генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон пешниҳоди оташбаси 24-соатаро қабул кардаанд.

Ба қавли манбаъ, генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон, ки ҳамзамон риёсати Шӯрои раҳбарии интиқолиро дар Судон бар уҳда дорад, гуфтааст, ки пешниҳоди ин оташбаси 24-соата қабул карда, ҷонибҳо шурӯъ fp соати 18:00-и имрӯз, 18-уми апрел муваққатан ҷангро қатъ мекунанд.

Аз ҷониби дигар Вазорати корҳои дохилии Судон ҳам эълон кардааст, ки мудири кулли пулис бо судури як қарор ваколати тамоми афсароне, ки дар Нерӯҳои зудамали Судон зери раҳбарии генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу адои вазифа мекунанд, бекор кардааст.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Судон ҳам аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки шӯриши Нерӯҳои зудамал алайҳи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишварро маҳкум кунанд.

Аз сӯи дигар, Иттиҳоди ҷаҳонии ҷамъиятҳои Салиби Сурх эълон кардааст, ки ваъият дар пойтахти Судон шаҳри Хартум ва атрофи он буҳронӣ шуда, имконоти кумакрасонӣ номумкин шуда, ҳушдор додааст, ки пойдории низоми тандурустӣ дар кишвар зери хатар қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин набардҳои шидиде, ки байни генералҳо ва афсарони Қувваҳои мусаллаҳ ва Нерӯҳои зудамали Судон чор рӯз боз идома дорад, дасти кам 180 нафар кушта ва беш аз 1800 каси дигар маҷруҳ шудааст.

Ҷанги қудрат байни генералҳои Судон замоне шиддат гирифт, ки дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ раиси Шӯрои раҳбарии интиқолӣ, ки ҳамзамон раиси Қувваҳои мусаллаҳи Судонро бар уҳда дорад, тасмим гирифта буд, ки Нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилӣ бо раҳбарии муовинаш дар Шӯрои раҳбарии интиқолӣ генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлуро ба артиш мулҳақ карда, амалан генерал Ҳамидтиро халъи силоҳ кунад, аммо ҷонибҳо ба тавофуқ нарисаданд ва кори онҳо сангаргирӣ алайҳи як дигар ва ба оғози набардҳои хунин мунҷар шуд.

Боз як бародари дигари Толиб Аёмбеков боздошт шуд

0

Мақомоти қудратии кишвар боз як бародари дигари Толиб Аёмбеков, Рашид Аёмбековро боздошт кардааст. Ӯ охирин нафар аз бародарони Толиб буд, ки боздошт нашуда буд. Сабаби боздошти ӯ то ҳол маълум нест.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, кормандони милиса 14-уми апрели соли ҷорӣ Рашид Аёмбековро дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми берун шудан аз ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт кардаанд. 

Яке аз пайвандонаш хабари боздошти Аёмбековро тасдиқ карда гуфта, ки ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот мисли ҳамеша хомӯшанд ва боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд.

Пайвандони Рашид Аёмбеков мегӯянд, ки ӯ ҳеч гуноҳе надошт ва то соле пеш ба ҳайси ронанда дар Беморхонаи ёрии таъҷилӣ кор мекард.

Рашид Аёмбеков бародари дуюми Толиб Аёмбеков буда, аз се бародараш фақат ӯ дар озодӣ буд. 

Аз хонаводаи Аёмбековҳо Рашид даҳум нафар аст, ки боздошт мешавад. Пештар аз ӯ полковники бознишастаи Идораи марзбонии Тоҷикистон Толиб Аёмбеков ба ҳукми абад, бародаронаш Оқил ва Аноятшо Айёмбековҳо ба муҳлати 30 солӣ ва бародарзодааш Мамадамон Аёмбеков барои 10 сол равонаи зиндон шудаанд.

Инчунин мақомот писарони Толиб Аёмбеков Мамадалӣ Айёмбеков (соли 2019 дастгиру муҳокима шуда буд) дар умум ба 22 сол зиндон, Ғуломалӣ Абдураҳмонови 33-сола ба ҳукми абад ва Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-соларо ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Наздиконашон боздошт ва ҳукмҳои сангини додгоҳро нисбати Аёмбековҳо дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва онро ба идомаи саркӯбҳои мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшон рабт додаанд.

Мақомоти кишвар баъд аз саркӯби эътирози сокинон дар Хоруғ ва Рӯшон бо баҳонаи мубориза бо ҷинояткорӣ даҳҳо фаъолу чеҳраҳои шинохтаро дар ВМКБ боздошту зиндонӣ карданд. Инчунин мақомот таъқиби зодагони Бадахшонро дар хориҷ аз кишвар идома дода, қисмеро аз Русия дуздида дар Тоҷикистон зиндонӣ кардаанд ва нисбати қисми дигар парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҷойи онҳо болои пайвандонашон фишор меоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон борҳо барои таъқибу зиндонӣ кардани дигарандешон аз созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ интиқод мешавад, аммо ба назар мерасад ин интиқодоту талабҳо барои ислоҳи вазъ дар Тоҷикистон ҳеҷ таъсире надоштаанд. 

Поёни мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои Тоҷикистону Узбекистон

0

Гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон дар рафти вохӯриҳо ва нишастҳои ҳафтрӯзаи худ масъалаи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “аз 10 то 16 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.”

Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти ин мулоқот “масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.”

Ҷонибҳо нагуфтанд, ки дар рафти ин мулоқотҳои ҳафтрӯза ба чӣ натиҷаи муайяне расидаанд ва баҳсҳои онҳо дар бораи муайян кардани хатти марзи муштараки давлатӣ байни ду кишвар, ки тӯли он 1332,9 километрро ташкил медиҳад, то куҷо пешрафт кардааст?

Вазорати корҳои хориҷии кишвар таъкид карда, ки ин “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.” Ҳамзамон аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расида ва мулоқоти баъдӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон барпо мегардад. 

Бӯи партов дар таги биниямон. Шикояти сокинон аз бемасъулиятии масъулон

0

Сокинони шаҳри Душанбе аз бемасъулиятии масъулон дар робита ба тозакорӣ ва дур кардани партовҳои назди биноҳо шикоят доранд, вале касе ба додашон намерасад.

Як сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят карда, ки ҳамагӣ 10-15 метр дуртар аз зери бинои истиқоматияшон партовгоҳ вуҷуд дорад ва барои дур кардани партовҳо аз назди бино масъулини дахлдор вазифаи худро иҷро намекунанд.

Дар ин навор гуфта мешавад, бо вуҷуди муроҷиатҳои пайи ҳам ба масъулини марбутаи ноҳия ва шаҳр дастгирӣ наёфтанд.

Мо ваъда додем, ки сари вақт пул ҷамъ мекунем ва ба шумо медиҳем, лекин шумо ҳам сари вақт омада пуртоби моро бибаред. Лекин моро ҳеч кадомашон гӯш накард.“, мегӯяд ин сокини пойтахт.

Дар идома аз ҳукумати шаҳри Душанбе хоҳиш мекунад, ки ба онҳо кумак расонад ва партовҳои онҳо аз назди тирезаҳояшон бурда шавад.

Тавре дар навор дида мешавад ва наворбардор ҳам мегӯяд, ки “Ин биносоз ҳам партовгоҳи моро дар таги бино сохтааст, мо чӣ гуна дар инҷо зиндагӣ мекунем? Кӯдакони мо берун баромада наметавонанд. Аз сабаби ҳамин партов касал шуданд. Инҷо ҳама микроб ва ифлосӣ аст, намедонем чӣ кор кунем.”

Ҳатто ин сокини шаҳр мегӯяд, мо талош ҳам мекунем, ки аз ҳисоби худамон ташкил карда мошин биёрем ва партовҳоро бурда дар ҷое дуртар андозем, вале боз ҳам масъулин намегузоранд ин корро кунем. Онҳо мегӯянд, иҷозат нест.

Чунин шикоятҳо бори аввал нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Сокинон чун мебинанд, ки масъулини маҳаллу ноҳия ба додашон намераванд ва ба мушкилоташон касе расидагӣ намекунад, ночор бо муроҷиат ба шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ва ё худи Эмомалӣ Раҳмон хостори рафъи мушкилоташон мешаванд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, фасоду ришва дар кишвар чунон реша давонда, ки ҳеч кореро масъулин бе пардохти иловагӣ ва ё дахолати миёнаравҳо (тағобозӣ) анҷом намедиҳанд. Ва мардум ҳам ба ин бовар расидаанд, ки бо ин масъулини саркаш, ҳатто мушкили партови назди хонаашон бе дахолати Рустам ва ё худи Раҳмон ҳал намешавад. Чун калиди ҳама чизро дар дасти падру писар мебинанд.

Вазири бесалоҳият ё президенти тарсу?

0

Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Президенти Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар хеле аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шуданд.

Дафтари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода, ки 17-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон “дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.”

Ба қавли манбаъ, “дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, ноҳияи Лахш, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Левакант, Хуросон, Восеъ, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Муъминобод, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистону Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.”

Хадамоти матбуоти Президенти кишвар феҳристи ин кадрҳои навине, ки ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шудаанд, нашр накардааст, аммо суол ин аст, ки вақте онҳо дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон ин курсиҳоро соҳиб шуданд, маънои онро дорад, ҳама гузоришҳои махсусро мустақим ба Президент мерасонанд ё ба раёсатҳои корҳои дохилӣ ва вазорат?

Вақте ин ҳама сардорони шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ дар мувофиқа бо Президенти кишвар ба кор таъйин мешаванд ва ё аз кор озод карда мешаванд, вазири корҳои дохилӣ, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳо дар вақти интихоби кадрҳо чӣ салоҳиятҳое доранд?

Суоли дигар ин ки вақте вазири корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон салоҳияти онро надорад, ки ба сурати мустақим ё дар мувофиқа ва ё мушовира бо сардорони раёсатҳои ин вазорат, ба хусус Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ду раёсат яке вазифааш интихоби кадрҳо ва дувумӣ ҳам ба хотири таъмини амнияти бештар ва муайян кардани шахсияти кадрҳо ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шудаанд – кадрҳоро интихоб ва ё аз вазифа озод кунанд, вуҷуди онҳо чӣ маъно дорад?

Вазири корҳои дохилӣ муовини якум ва чор муовини дигар, ки ҳамагӣ 5 нафар муовинонашро ташкил медиҳанд ва ҳамзамон сардорони раёсатҳои ин вазорат дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон чӣ кора ҳастанд, ки наметавонанда бидуни иҷозат пурсидан аз Эмомалӣ Раҳмон сардори шуъбаи як ноҳияро чӣ маркази пойтахт бошад ва ё чӣ дар яке манотиқи кӯҳистонӣ интихоб кунанд?

Ин чиз ду паёмро метавонад ба ҷомеа бирасонад:

а) бахше аз салоҳиятҳои вазиру муовинонаш ва сардорони раёсатҳои ин вазорат аз ҷониби Президенти кишвар ғасб шудаанд;

б) Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент ва раиси ҳукумат ба раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар интихоби кадрҳо эътимод надорад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Зиёда аз 100 кушта ва 1000 захмӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Судон

0

Дар рафти набардҳои шадиде, ки байни Нерӯҳои зудамал ва артиши Судон дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Хуртум мегузарад, то кунун дасти кам 100 нафар кушта ва беш аз 1000 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон, раиси артиши Судон, ки ҳамзамон раҳбари Шӯрои раҳбарии интиқолии Судон аст ва амалан зимоми давлатдориро дар ин кишвар дар даст дорад, дар охирин иқдоми худ Нирӯҳои зудамали кишварашро барҳам додааст.

Нерӯҳои зудамали Судон, ки гуфта мешавад, теъдодашон ба 100 ҳазор нафар мерасад ва дар гӯшаҳои мухталифи ин кишвар, ба хусус сарҳадот ба сурати проканда амал мекунанд, як ниҳоди низомӣ буда, ҷудо аз артиш ва дигар мақомоти қудратӣ амал мекунад.

Нерӯҳои зудамали Судон бо раҳбарии генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу, маъруф ба Ҳамидтӣ фаъолияти худро ба сурати гусутрда ҳанӯз дар замони собиқ президенти ин кишвар Умар ал-Башир дар соли 2015 оғоз кардааст.

Муҳаммад Ҳамдон Дақлу дар ҳоли ҳозир аз нигоҳи доштани мақоми расмӣ дувумин фарди ин кишвар пас аз генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон, раиси артиш ва раҳбари Шӯрои раҳбарии интиқолӣ мебошад. Генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу дар Шӯрои раҳбарии интиқолии Судон муовини генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон мебошад.

Гуфта мешавад, даъвоҳо барои тасоҳуби бештари қудрат ва ҳифзи манофеи шахсӣ ва гурӯҳӣ байни раису муовинаш дар Шӯрои раҳбарии интиқолии Судон собиқаи тӯлонӣ дорад, вале шурӯъ аз оғози ҳамин моҳи апрели соли 2023 шиддати ихтилофоти онҳо ранги дигаре ба худ касб кард.

Ин дафъа генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон пешниҳод карда, ки Нерӯҳои зудамали Судон ҳамчун як шохаи низомӣ ба артиш бипайвандад ва салоҳияти худмухторӣ аз он салб карда шавад. Ин пешниҳоди Шӯрои Раҳбарии Интиқолӣ ба муовинаш генерал Муҳаммад Ҳамдон ки дасту бозӯи пурқудраташро кӯтоҳ мекард, писанд наомадааст.

Даъвоҳои ҳар ду ҷониб рӯз то рӯз зиёдтар шуда ва билохира субҳи шанбеи 15-уми апрели соли ҷорӣ алайҳи якдигар сангар гирифтанд. Дар натиҷаи ин сангаргириҳо ва даргириҳои мусаллаҳона то кунун дасти кам 100 нафар кушта ва зиёда аз 1000 каси дигар маҷрӯҳ шудааст. Тибқи иттилооти ахир, бемористони марказии шаҳри Хартум мавриди ҳамлаҳои мушакӣ қарор гирифта, дасти кам 50 нафар аз беморон зери харобаҳо банд монда ва ё кушта шудаанд.

Шикоят хабарнигор аз бадрафтории кормандони милиса

0

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабарнигор таҳдид карда гуфтанд, ки агар аз рафти намозгузории мардум дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе наворгирӣ кунад, ӯро 15 рӯзи маҳбас таҳдид мекунад.

Нурангез Рустамзода, хабаринори бахши тоҷикистонии ВАО-Дарӣ (Садои Амрико) бо ирсоли як нома ба хонум Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи Президент аз он шикоят кардааст, ки 14-уми апрели соли ҷорӣ се нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо ӯ дағалрафторӣ ва дуруштгуфторӣ кардаанд.

Ин хабариноги тоҷикистонии муқими Душанбе мегӯяд, ки дар рӯзи рӯшан се нафар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахт бо ӯ рафтори бад карда, монеи рисолати касбиаш гардидаанд.

Вай гуфтааст, “Рӯзи 14 уми апрели соли равон дар назди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе мехостам чанд кадр аз рафти намози ҷумъа наворбардорӣ кунам, то барои гузориш дар мавзуъи таҷлили Иди Сайиди Фитр дар Тоҷикистон истифода намоям. Аммо 3 корманди милитсия нагузоштанд, ки рисолати касбии худро ҳамчун журналист иҷро кунам. Сарфи назар аз он, ки ман худро муаррифӣ намудам, ҳуҷҷати шахсиамро нишон додам, онҳо худро муаррифӣ нанамуданд, иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷиро (аккредитатсия) эътироф накарданд.”

Бону Нурангез Рустамзода таъкид мекунад, ки барои сабти навор ва таҳия гузориш бо мактуб ба Кумитаи дин ҳам муроҷиат карда ва онҳо мусоидат карданд, “вале ин 3 корманди милитсия дағалона нисбати ман муносибат намуда, бо суханҳои қабеҳ маро аз назди масҷид дур карданд. Яке аз онҳо таҳдид ҳам кард, ки 15 рӯз маро ба маҳкама мебарад ва ақламро дар ҷояш меорад ва дигар фикри наворбардориро нахоҳам кард.”

Ин милисаҳои назди масҷид дар идомаи таҳдидҳояшон ба хабарнигор санадҳои расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи дин, ки ба онҳо пешниҳод шуда, ба эътибор нагирифта гуфтаанд, “ин ҷо як намуд одамову вазиро миёян, ки агар ту камера бкни медонӣ чӣ меша? Ин аккредитатсияи ту пеши уво ҳичиай, кумитаи дини ту да иҷа ҳичкаай” (гуфтаҳои корманди милиса айнан оварда шудааст).

Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон кормандони давлатӣ дар рӯзҳои корӣ ва дар идораҳои давлатӣ ҳаққи баргузор кардани маросими динӣ, ба хусус намоз хонданро надоранд. Аммо, рӯзҳои ҷумъа бархе аз онҳо бо баҳонаҳои мухталиф ҷои корашонро тарк карда, пинҳонӣ ба масҷидҳо рафта намози ҷумъаро мехонанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ироқ

0

Сафири Тоҷикистон дар чор кишвари арабӣ дар мулоқот бо президенти Ироқ ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доранд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, 16 апрели соли 2023, Президенти Ҷумҳурии Ироқ Абдулатиф Ҷамол Рашид сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо қароргоҳ дар кишвари Кувайт) Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи масоиили сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва дигар масоили муҳимме барои ҳар ду ҷониб зарурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Ироқ ба сурати мустақим ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии тавсеаёфта надоранд, вале таҷрибаи ҳамкории онҳо дар чанд соли ахир, ба хусус пас ҷангҳои шадиде, ки тайи 10 соли ахир Ироқ таҷриба кард, ҳамкориҳои Душанбеву Бағдод дар бахши ҳамкориҳои амниятӣ ва табодули иттилоот хеле рушд кардааст.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо иттиҳоми терроризм

0

Пулиси вилояти Чуйскйи Қирғизистон 17-уми апрели соли ҷорӣ як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусисяти террористӣ боздошт кард.

Дар ноҳияи Аламудунский Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони байналмилалии террористӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ӯ дар пайгарди қонунӣ қарор дошт ва аз деҳаи Лебединовкаи ноҳияи Аламудунский боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии вилояти Чуйский хабар медиҳад.

Пулис мегӯяд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон З.М. соли таваллудаш 1993 қаблан бо ҷурми “Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ” дар Қирғизистон боздошт шуда ва бо пардохти ҷарима озод шуда буд.

“Тибқи маълумоте, ки аз ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсоя ба мо расид, З.М. борҳо барои ҷиноятҳои вазнин суд шуда, ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Ӯ узви созмони байналмилалии террористӣ мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳоло ин шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Вале то ҳануз назари боздоштшуда ва наздиконаш дастраси расонаҳо нашудааст. Ва маълум ҳам нест, ки вакили дифоъ дорад ё на.

Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми терроризм ба ҳукми абад маҳкум шуд

0

Хадамоти федеролии амният (ФСБ)-и Русия аз боздошти яке аз раҳбарони ДИИШ, ки зодаи Тоҷикистон будааст хабар дод.

Бино ба маълумоти мақомоти амниятии Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз раҳбарони ДИИШ ба шумор рафта, дар шаҳрҳои Новосибирск ва Москва қасди ҳамлаи террористиро доштааст. 

Дар хабар гуфта мешавад, ки “шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Т.М., соли таваллудаш 1989 бо мақсади анҷом додани амалиёти харобкорӣ ва террористӣ дар қаламрави вилояти Маскав ва Новосибирск як шохаи ин созмонро таъсис додааст”.

Инчунин Назаров гуфта мешавад, қасд доштааст дар ҷойҳои серодам, аз ҷумла дар роҳи оҳан аз маводи тарканда истифода кунад.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, боздоштшуда барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб карда, истеҳсоли ғайриқонунии маводи таркандаро ташкил кардааст.

Ин зодаи Тоҷикистонро мақомоти рус дар 21 ҷиноят гунаҳкор дониста, ӯро ба ҳабси абад ва пардохти якуним миллион рубл ҷарима маҳкум кардаанд.

Назари худи гумонбар дастраси расонаҳо нест. Инчунин гуфта нашудааст, ки гурӯҳи ташкил кардаи Назаров аз чанд нафар иборат буда, чанд зодаи Тоҷикистон шомили он шудаанд. 

Ҳамзамон замони боздошту муҳокимаи ин зодаи Тоҷикистон низ маълум нест.