Хона блог саҳифа 323

Мухолифи Путин барои 25 сол равонаи зиндон шуд

0
Оппозиционный политик, журналист и политзаключённый Владимир Кара-Мурза

Додгоҳи шаҳри Маскав 17-уми апрел сиёсатмадор ва рӯзноманигор Владимир Кара-Мурзаро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. 

Ин мухолифи рус бо ҷурми хиёнат ба давлат, паҳн кардани иттилои нодуруст дар бораи артиши Русия ва ҳамкорӣ бо “созмони номақбул” муттаҳам дониста шудааст. Худи Владимир Кара-Мурза иттиҳомоти мақомотро қабул надорад. 

Дар охирин мурофиаи додгоҳии ин мухолифи Путин дипломатҳо, аз ҷумла намояндагони сафоратҳои Британия Кабир, ИМА ва Канада дар Русия, рӯзноманигорону расонаҳои мустақил дар назди бинои Додгоҳи Маскам ҷамъ омада буданд. Аммо онҳоро ба толори мурофиа роҳ надоданд. Ҷамъомадагон мурофиаро дар пахши мустақим аз як толори дигар тамошо карданд. 

Баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар суҳбат бо рӯзноманигорон дипломатҳои хориҷӣ аз ин ҳукми додгоҳ ва амали мақомот интиқод намуда, гуфтаанд, ки аз мақомоти Русия талаби озодии Владимир Кара-Мурза идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Кара-Мурзаи 41-сола рӯзи 11-уми апрели соли 2022 дар Маскав “барои итоат накардан ба пулис” барои 15-рӯз боздошт шуд. Дар муддати боздошташ мақомоти рус алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. 

Дертар маълум шуд, ки сабаби расмии оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Владимир Кара-Мурза суханронии ӯ зидди ҳамлаи Русия ба Украина дар Палатаи намояндагон дар Аризонаи Иёлоти Муттаҳида дар 15 марти соли 2022  будааст.

Владимир Кара-Мурза рӯзи 22 апрел ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристода шуда, худи ҳамон рӯз Вазорати адлияи Русия ӯро “агенти хориҷӣ” эълон кард. Баъдан, нисбати ин сиёсатмадор, ки аллакай дар боздоштгоҳ қарор дошт, бар асоси ду моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо “созмони номақбул” ба далели ташкили мизи мудаввар ба ҳимоят аз зиндониёни сиёсӣ дар маркази Сахарова ва  “хиёнат ба давлат” муттаҳам шуд. 

Ба иддаои муфаттишон, вай дар ивази 30 ҳазор доллар моҳона гуё солҳои дароз ба созмонҳои вобаста ба кишварҳои узви НАТО кумак расонидааст, ки “кумакҳо”-и ӯ зидди амнияти Русия унвон шуда буд.

Аммо, ба гуфтаи ҳуқуқшинос Вадим Прохоров, парвандаи хиёнат ба давлат ба далели суханрониҳои Кара-Мурза дар чорабиниҳои оммавӣ дар Лиссабон, Ҳелсинки ва Вашингтон, ки ӯ дар бораи таъқиби сиёсӣ, интихобот ва сензура дар Русия ҳарф мезад, оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии ин сиёсатмадори рус дар як соли боздошт бад шуда, чанд маротиба ба утоқи ҷаримавӣ фиристода шудааст, инчунин дар рафти тафтишот бо фишори мақомот рӯ ба рӯ шудааст. 

Созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ Влалимир Кара-Мурзаро зиндонии сиёсӣ медонанд ва озодии ӯро аз мақомоти рус талаб доранд. 

Ҳамсояҳои Афғонистон Толибонро ба расмият мешиносанд?

0

Амирхон Мутаққӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Толибон мегӯяд, ки тамоми кишварҳои минтақа, ки дар ҷамъи онҳо Тоҷикистон ҳам шомил мешавад, хоҳони беҳтар кардани равобит бо Афғонистон мебошанд.

Асри имрӯз, 14-уми апрели соли 2023 нишасти дурӯзаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бар иловаи Русия, ки субҳи дирӯз дар шаҳри Самарқанд шурӯъ гардида буд, ба кори худ поён дод.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар раъси як ҳайате бо намояндагӣ аз ҳукумати муваққати Толибон дар он ширкат кард. Ӯ дар поёни ин нишаст ба расонаҳо гуфт: “мо хушҳол шудем, ки имрӯз дар ин иҷлос ҳама кишварҳои минтақаро дидем.”

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Толибон, ҳамсояҳои Афғонистон “ҳама ба ин фикру назар аст, ки бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон таъомул (ҳамкориҳо)-и хубе дошта бошанд. Ҳам дар арсаи сиёсат, ҳам дар арсаи иқтисод ва ҳам дар арсаи тронзит, дар ҳама арсаҳо таъаллуқот (робитаҳо) ва таъомули мусбате дошта бошанд. Ин як нуктаи бисёр хуберо дар ин иҷлоси Самарқанд ёфтем.

Пеш аз ин дирӯз ҳам дар вақти суханрониаш вазири корҳои хориҷаи Толибон ба ҳамаи ҳамсояҳои Афғонистон итминон дода буд, ки Афғонистон як хонаи амн аст ва ҳеч гуна хатаре аз хоки он алайҳи ҳеч як аз кишварҳои ҳамсоя таҳдид намекунад ва онҳо низ ин иҷозаро нахоҳанд дод, ки Афғонистон ба майдони ҷангҳои ниёбатӣ байни дигар давлатҳо табдил дода шавад.

Гуфта мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои зиёде мечарханд, ки дида мешавад, ин ҳайати Толибон бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ бо ҳайатҳои кишвраҳои Чину Эрон ва Узбекистону Туркманистон дидору мулоқотҳое анҷом додааст, аммо тавре ӯ мегӯяд, “дар ин иҷлос ҳама кишварҳои минтақаро” дидаанд, ҳеч аксу навори мушаххасе дар бораи дидору мулоқотҳои бо ҳайати Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар он нишаст щузур дошт, нашр на шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора то ҳол иттилоъе надодааст.

Писари шоирон Фарзона ва Озарахш даргузашт

0

Нимаи дуюми дирӯз, 13-уми апрел Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохтаи кишвар Фарзона ва Озарахш дар дарё ғарқ шуда, аз дунё гузашт.

Шоҳона Каримова, хоҳари бузурги Ҳумоюн Каримов, шоми 13-уми апрели соли 2023 дар сафҳаи фейсбукиаш дар бораи ин ҳодиса хабар дода гуфтааст: “Хабари марги Ту омад, ки ситонад ҷонам!!!” ва дар идома афзуда, “Аллоҳи ман, сабр деҳ ба мо, аз Ту ҳастем ва ба сӯи Ту бармегардем.”

Мақомоти Тоҷикистон ҳам ин ҳодисаро тасдиқ кардаанд, вале на мақомот ва на дигар пайвандони ӯ ба сурати расмӣ дар бораи ҷузъиёти он шарҳу тафсире ироа накардаанд. Аммо сомонаи ҳафтаномаи Оила бо нашри як хабар сабаби ҳалок шудани ӯро “худкӯшӣ” эълон кардааст.

Ин ҳодиса на танҳо волидони марҳумро ба мотам шинонд, балки ҷомеаи адабии Тоҷикистон ва мухлисону пайравони ин шоирони шинохтаро ҳам шука кардааст, ки аз дирӯз то ҳол ҳазорҳо нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри паёмҳои изҳори тасаллият ва шарҳ ва фиристодани паёмҳо ҳамдардии худро бо онҳо баён кардаанд.

Гуфта мешавад, Ҳумуюн Каримов, писари ягонаи шоирони шинохтаи кишвар Толиб Каримов маъруф ба Озарахш ва Иноят Хоҷаева, машҳур ба Фарзона, донишҷӯи бахши шуъбаи Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд буд ва дар гузашта, гоҳо овозхонӣ ҳам мекард.

Ҳайати кормандони Идораи Аздо тв низ ҳамдардии худро нисбат ба ин ҳодиса баён карда, ба шоирони шинохта, наздикону пайвандон ва мухлисону роҳравони онҳо аз боргоҳи Илоҳӣ сабру шикебоӣ мехоҳад.

Мақомот бародари як фаъоли тоҷикро боздошт кардаанд

0

Мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ сокини ҳамин ноҳия Қурбонов Самаридинро аз назди хонааш боздошт ва ба макони номаълум бурдаанд.

Қурбонов Самариддин бародари фаъоли сиёсӣ, Қурбонов Илҳомҷон мебошад. Номбурда дар суҳбат ба Azda tv гуфт, субҳи имрӯз 5-6 нафар аз кормандони амниятии ноҳияи Фархор бародараш Самариддинро аз назди хонаашон ғайриқонунӣ бидуни даъватнома зӯран ба як мошин савор карда, ба ҷои номаълум бурдаанд.

Ин фаъоли тоҷик мегӯяд, то ҳол сабаби аслии боздошти бародарашро мақомот эълон накардааст, “вале маълум аст, ки ба фаъолиятҳои сиёсии ман рабт дорад”.

Ӯ мегӯяд, пас аз бурдани бародараш, пайвандонаш барои ҷустуҷӯи ӯ назди идораҳои мақомот рафтаанд, вале то ҳол ҳеч хабаре нест.

“Дар аввал ду нафар омада дар беруни хона бо бародарам дар бораи ман суҳбат кардаанд ва ӯро ба такрор мегуфтаанд, ки биё ҳамроҳи мо равем ва баёнот навис ҷавобат медиҳем. Дар аҳмин ҳол як мошини дигар расид ва чор нафар поин шуданду якбора ӯро лату кӯбкунон ба мошин савор карда бо худ бурданд.”, – мегӯяд Қурбонов Илҳомҷон аз қавли пайвандон ва шоҳидони ҳодиса.

Гуфта мешавад, чандест мақомоти тоҷик фишорро болои хонаводаҳои мухолифини дар хориҷбуда шиддат бахшидаанд. Ба гуфтаи онҳо, аксари ин фишорҳо хусусан баъди иштирок дар гирдиҳамоии эътирозии шаҳри Берлин, ки рӯзи 25-уми март дар робита ба сафари Раҳмон ба Амрико барпо шуд, марбут аст.

Мулло Абдулҳаннон барои тамошои наворҳои марбут ба ПМТ зиндонӣ шудааст

0

Мулло Абдулҳаннон Усмонов (Маннонов) барои “тамошо ва паҳн кардани наворҳои вобаста ба Паймони миллии Тоҷикистон” ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.  

Саидҷаббор Алиев, вакили дифои Мулло Абдулҳаннон, рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми зерҳимояашро шарҳ дода гуфтааст, ки “Дар Ютуб ба номи “Мулло Абдулло” сабтином шуда, пайваста наворҳои Паймони миллиро тамошо ва паҳн кардааст.” Ӯ мегӯяд, мушкилии зерҳимояааш танҳо “як тӯй нест. Агар як тӯй мебуд, бале, мегуфтам, ҳукм нодуруст аст. Он вақт танҳо ҳаракати майдаавбошӣ мешуд, вале ӯ наворҳои мамнуъро дидаву паҳн кардааст”. 

Назари худи ин рӯҳонӣ ва пайвандонаш дар бораи иттиҳомоти эълоншуда дастраси расонаҳо нест. Вакили дифои мулло Абдулҳаннон низ аз ҷузъиёти дигари мурофиа чизе нагуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки мурофиаи додгоҳии Абдулҳаннон Усмонов, рӯҳонии 51-солаи тоҷик охири ҳафтаи гузашта баргузор шуда, додрас ӯро бо иттиҳоми даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор ва барои 6 сол равонаи зиндон кард. 

Моҳи январи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешуд, ин рӯҳонии тоҷик вориди ҳавлие мешавад, ки дар он туйи арусӣ мегузашт, ӯ дар ҳол монеи рақсу бозии мардум мешавад ва меҳмонони тӯйро аз хона меронад. 

Ин навор баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои итҷимоии тоҷикӣ ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ, тарафадор ва мухолифи ин амал тақсим карда буд.

Дертар маълум гашт, ки Абдулҳаннон Усмонов, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа буда, тӯи бародарзодааш будааст. 

Рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ ВКД-и Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошт ва ҷазо додани ин рӯҳонӣ хабар дода буд. Аммо дақиқ гуфта намешуд, ки мақомот нисбати ин рӯҳонӣ чӣ навъи ҷазоро татбиқ кардаанд.  

Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфта буд, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ кардааст, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст.

Дар наворе, ки ВКД нашр кардааст, мулло Абдулҳаннон мегӯяд, аз ин амали бародарзодааш асабӣ шуда, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Ӯ дар идома бахшиш пурсида гуфт, ки “як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”. 

Аксари корбарон ин амалкарди рӯҳонии тоҷикро кори шахсӣ ва хонаводагии ӯ дониста, боздошт ва зиндонӣ шуданашро аз ҷониби мақомот ғайриқонунӣ медонанд.

Гуфта мешавад, мақомоти тоҷик барои тарс додани сокинон дар чанд соли охир даҳҳо нафар аз рӯҳониён ва дигарандешонро бо иттиҳомоти ҳамкорӣ бо мухолифон ё тамошову нашри наворҳои онҳо равонаи зиндон кардааст.

Боздошти гумонбар дар нашри асноди маҳрамонаи Пентагон

0

Пулиси федероли Амрико як нафарро бо гумони даст доштан дар нашри асноди маҳрамонаи Пентагон, ки маълумоти ҷангии Украинаро низ дар худ дошт, боздошт кард.

Вазорати адлияи Амрико эълон кард, ки пулиси федеролӣ як ҷавони 21-солаеро бо номи Ҷек Тшера (Jack Teixeira), ки корманди бахши технологии Гвардияи миллии ин кишвар будааст, бо гумони нашр кардани асноди маҳрамонаи Пентагон боздошт кард.

Тибқи иттилои Вазорати адлияи Амрико, ин ҷавони 21-сола ба “бардоштан, ҳифз ва ирсоли ғайриқонунӣ”-и беш аз 100 санади табақабандишуда ва ҳассоси низомӣ муттаҳам мешавад.

Пулиси федероли Амрико мегӯяд, таҳқиқоти додситонӣ нишон дода, ки Ҷек Тшера ин аснодро дар як гурӯҳи онлайни бозиҳои компютерӣ нашр кардааст.

Гуфта мешавад, ин асноди ифшошуда наздики 100 гузориш ва таҳлилҳои низомӣ ва иттилоотӣ махфӣ мебошанд, ки ифшои онҳо ҷиноят маҳсуб мешавад. Дар онҳо аз ҷумла асноде марбут ҷанги Украина низ вуҷуд дорад. Инчунин дар байни онҳо иттилооти ҳассосе ҳам, ки дар бораи бархе аз дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидони Амрико ҷамъоваришудааст, дида мешавад.

Собир Валиев, собиқ мухолифи ҳукумат дар боздошт аст?

0

Додситонии кулли Тоҷикистон собиқ узви фаъоли “Гурӯҳи 24” Собир Валиевро даъват ва бозпурсӣ кардааст.

Расонаи “Ислоҳ.нет” рӯзи 13-уми апрел хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон алайҳи 8 нафар тафтишро оғоз кардаанд, ки Собир Валиев низ дар ин парванда шомил аст. Ба гуфтаи манбаъ, аллакай ин собиқ мухолиф ва яке аз шахсони масъул дар “Гурӯҳи 24” боздошт шудааст.

Вале Асадулло Валиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми апрел боздошти писарашро рад карда, аммо даъват ва бозпурсӣ шудани ӯро тасдиқ кардааст.

Асадулло Валиев мегӯяд, ки Додситони кул писараш Собир Валиевро аввали моҳи марти соли ҷорӣ даъват карда, “дар доираи моддаи 307” ва “чанд масъалаи иқтисодӣ” 16-17 соат бозпурсӣ карда, сипас раҳояш кардаанд. Ва ҳоло ӯ дар озодӣ аст.

Падари Собир Валиев аз он гила карда, ки “доираҳое дар ҳукумат намехоҳанд якдигарфаҳмӣ бошад”. Тибқи иттилои баъзе манобеи огоҳ, бозпурсӣ ва боздошти Собир Валиев баёнгари шиддат гирифтани низои хонаводагӣ дар байни оилаи Раҳмон мебошад. Гуфта мешавад, Рустам бо командааш ва Озода бо командааш барои гирифтани қудрат чанд соли ахир бо ҳам мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи манобеъ, сохторҳои қудратии кишвар низ дар алоҳидагӣ мутеи ҳар кадом аз фарзандони Раҳмон ҳастанд. Собир Валиев чун ҳамсабақи Рустами Эмомалӣ аст, ба эҳтимоли зиёд бо фаромни Озода даъват ва бозпурсӣ шуда, вале бо фармони Рустам ва ҳимояти сардори Раёсати кофтубоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоҳрух Саидзода озод шудааст.

Фишори Русия болои Тоҷикистон дар нишасти Самарқанд?

0

Дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки бо “ташаббус”-и Русия дар Самарқанд баргузор шудаистодааст, Кремлин Душанберо “маҷбур” карда, ки бо Толибон забон ёбад?

Субҳи рӯзи 13-уми апрели соли 2023 чаҳорумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бар иловаи Русия дар шаҳри Самарқанд ба кори худ оғоз кард.

Дар ин нишасти минтақавӣ, ки ба назар мерасад, дар раъси он Кремлин қарор дорад, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳамроҳ бо ҳамтои узбекистониаш дар садри маҷлис қарор доранд.

Пеш аз ин гуфта мешуд, вақте Узбекистон аз Созмони Милали Муттаҳид хост, ки таҳримҳои сафар алайҳи Амирхон Муттақиро муқаттан бардорад, Тоҷикистон яке аз кишварҳое буда, ки ба ин пешниҳод эътироз кардааст. Аммо ҷолиб, он ки ҳайати тадорукот, ки тибқи протоколҳо ҷойи нишасти иштироккунандаҳоро муайян мекунанд, вазири корҳои хориҷии Толибонро паҳлӯи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон шинонданд.

Мизе, ки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳаштгона дар атрофи он ҷамъ шуда, масоили Афғонистонро баррасӣ мекунанд, мудаввар аст ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар паҳлӯи Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҷо додаанд, то тез-тез чеҳраи якдигарро дида, “унс” бигиранд.

Аз як сӯ дар дигар аксу наворҳое, ки дар бораи истиқбол аз Амирхон Муттақӣ, дидору мулоқотҳо, нишастҳои дуҷониба ва чандҷонибаи вай дар Узбекистон бо ҳамтоёнаш нашр шуда, дида мешавад, ки сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Иморати исломии Афғонистон бо дили пур ва эътимод ба ваъдаҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар он нишаст иштирок кардааст.

Аммо аз сӯи дигар низ бармало мушҳида мешавад Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин қарори ташкилкунундаҳои ин нишаст, ки ӯро дар паҳлуи ҳамтои толибаш қарор доданд, роҳат нест, вале бо чеҳраи гирифта ва маҷбур ин қарори тартибдиҳандагони пртоколи расмиро таҳаммул мекунад. Вай хеле бечора менамояд, ки на тавониста маҷлисро тарк кунад ва на иҷозат дошта, эътироз карда бигӯяд, ки ҷои вазири корҳои хориҷии Толибони террористро аз паҳлуи вай дуртар кунанд.

Тоҷикистон таҳрики Толибонро, ки Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муввақати онҳост, як созмони террористӣ медонад ва тибқи муқаррароти қонунгузориҳои амалкунанда, ҳар навъ доду гирифти шаҳрвандон бо созмонҳои террористӣ пайгарди қонуниеро дар пай дорад. Аммо дар ҳоли ҳозир худи ҳукумат ҳар тавре хоста бо ҳокимони феълии Афғонистон, ки Толибон мебошанд, равобити худро тавсеа бахшидааст.

Инчунин эҳтимол меравад, пас аз таҳвили Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба дасти Толибон, ки моҳе пеш сурат гирифт ва баёнгари беҳтар шудани равобити ҳар ду кишвар буд, дар ҳамин нишасти Самарқанд низ Амирхон Муттақӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот карда, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои ояндаашон гуфтугӯ карданд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Талаби раҳоии Абдуллоҳи Шамсиддин аз Раҳмон

0

Cозмони Авфи байналмилалӣ ё Amnesty International бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хостааст, ки фаъоли тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро фавран озод кунад. 

Ин нома, ки рӯзи 11-уми апрели соли ҷорӣ фиристода шудааст, дар он аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон талаб мешавад, ки барои ҳар чи зуд ошкор кардани макони Абдуллоҳи Шамсиддин чораҳои зарурӣ биандешад. Инчунин ин созмони ҳуқуқи башарӣ аз Раҳмон замонат хостааст, ки то Абдуллоҳ шиканҷа нашавад ва битавонад бо аъзои оилааш суҳбат кунад.

Созмони Amnesty International  менависад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро барои робитааш бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ба хотири падараш Шамсиддин Саидов, ки яке аз масъулони ин ҳизб аст, нишон гирифтаанд. 

Дар охири нома аз раисҷумҳури Тоҷикистон талаб шудааст, ки ин фаъоли тоҷикро фавран аз зиндон раҳо кунад.  

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Дертар рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. 

Абдуллоҳи Шамсиддин дар ҳоле ба зиндон маҳкум шуд, ки аз замони ихроҷаш аз Олмон ба Тоҷикистон  мақомоти кишвар расман нисбати ин фаъоли тоҷик айб эълон накарда буданд ва то ҳол ҳеч ниҳоди қудратии кишвар дар боздошт нигоҳ доштани ӯро намегӯянд. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд. 

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостанд, ки макони буду боши ӯро эълон намуда, раҳояш кунанд.

Бозгушоии сафорати Эрон дар Арабистон Саудӣ

0

Баъд аз 7 соли қатъи равобит байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе, 12-уми апрели соли ҷорӣ Теҳрон дарҳои сафорати худро дар Риёз боз кард.

Маҷаллаи “Уккоз”-и Саудӣ бо такя ба манобеаш субҳи рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки пас аз эълони расидани ҳайати диплумосии эронӣ ба Риёз, рафтуои кормандон ва мошинҳо дар дохили сафорати Эрон дар Риёз дида шудааст.

Ҳамзамон хабаргузории эронии “Тасним” низ бо такя ба манобеи “Ройтерз” хабар дод, ки “дарҳои сафорати Эрон дар Арабистон рӯзи чаҳоршанбе барои аввалин бор пас аз 7 сол боз шуд.”

Вазорати корҳои хориҷаи Эрон дирӯз иттилоъ дод, ки ҳайати консулӣ ва фаннии Эрон барои бозрасии маҷмааи сафорати ин кишвар дар Арабистон вориди Риёз шуд.

Инчунин аз рӯзи шанбе ҳайати фаннии Арабистони Саудӣ дар Эрон ҳузур дорад ва ба гуфтаи Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, қарор аст сафоратҳои ду кишвар қабл аз айёми Ҳаҷ ба кори худ расман оғоз кунанд.

Гуфта мешавад, Теҳрону Риёз пас аз 7 соли қатъи робита 10-уми марти соли ҷорӣ эълон карданд, ки ҷонибҳо бо миёнҷигарии Чин равобити худро аз сар гирифтанд. Ба дунболи он, сафирони Эрону Арабистони Саудӣ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Тоҷикистон меҳмони аҳмдигар шуданд.