Хона блог саҳифа 321

Гузоришгари СММ: Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи дин мутобиқ нестанд

0

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Қонеъ дар поёни сафари 10-рӯзааш ба Тоҷикистон сиёсатҳо ва қонунҳои кишварро дар бораи дин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ надонист.

Тавре “Азия-Плюс” иттилоъ дод, Гузоришгари вежаи СММ дар умури озодии дин ва эътиқод дар поёни сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел дар толори Намояндагии СММ дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир кард.

Хонум Нозила Қонеъ дар ин нишаст гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд дар сиёсатҳо ва қонунҳои худ дар бораи дин ва эътиқод таҷдиди назар кунад ва онҳоро мутобиқ созад.

Ҳамзамон ин намояндаи СММ аз монеагузориҳо барои рафтани занону кӯдакон ва наврасони то 18-сола ба масҷид интиқод карда, гуфтааст: “Эҳтиром ба озодии дин ва эътиқод бояд ки дар фаъолияти оммавӣ низ ба чашм намоён бошад ва бояд ба ҳама, аз ҷумла занон, ақалиятҳои динӣ ва эътиқодӣ ва кӯдакону ҷавонон дахл дошта бошад. Ба онҳо бояд иҷозат дода шавад, ки аз ин озодӣ дар якҷоягӣ бо дигарон бархурдор шаванд”.

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “дар робита ба манъи ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18 мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар сурати ба масҷид рафтан, онҳо аз таҳсил канор мемонанд, оид ба Қонуни танзим мегуфтанд, ки он барои сарфакорӣ ҷорӣ шудааст ё оид ба манъи ибодати занон дар масоҷид мегуфтанд, ки ин хилофи мазҳаби Ҳанафӣ аст.”

Далелҳои пешкаш намудаи мақомоти тоҷик барои намояндаи СММ қонеъкунанда набудаанд, чуноне ки пештар ҳам ин далоил барои ҷомеаи мадании тоҷик ҳам мантиқӣ ба назар намерасиданд.

Гуфта мешавад, хонум Нозила дар ҷараёни сафараш бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи маданию рӯҳониён мулоқот гузарондааст. Ҳамчунин ӯ аз зиндони шаҳри Ваҳдат низ дидан карда, аз вазъи зиндониён огоҳ шудааст. Аммо маълум нест, ки бо зиндониёни сиёсӣ дар алоҳидагӣ суҳбате карда ва ё на. Гузоришгари вежаи СММ барои баҳо додани озодиҳои эътиқодии ақаллиятҳои мазҳабӣ ба ВМКБ низ сафар кардааст.

Мақмоти тоҷик солҳост, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароии динӣ тамоми озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқодиро аз мардум салб кардаанд. Ҳазорҳо ҷавон танҳо ба хотири риш доштан ва ё ҳиҷоб пӯшидан зиндонӣ шудаанд ва ё аз ҷои кору донишгоҳҳо ихроҷ шудаанд.

Бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Ироқ тасмим гирифтаанд, ки боқимонда зиндониҳо ва шаҳрвандоне, ки пас аз шикасти ДИИШ дар Ироқ банд мондаанд, ба Ватан баргардонанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки сафири Тоҷикистон дар Ироқ ҷаноби Зубайдулло Зубайдзода дар мулоқот бо мақомоти расмӣ дар Бағдод раванди бозгардонии шаҳрвандони кишварро баррасӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, 17-уми апрели соли 2023, сафири Тоҷикистон дар Ироқ (бо қароргох дар Кувайт) Зубайдулло Зубайдзода дар як ҷаласаи махсусе дар мавриди баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвари арабӣ ба Ватан ширкат кардаст.

Инчунин Зубайдзода дар мулоқоти алоҳида низ бо мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим ал-Аъраҷӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти байни ду кишварро баррасӣ карда, перомуни вазъияти Ховари Миёна низ гуфтугӯ кардааст.

Гуфта мешавад, тайи чор соли ахир Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва дигар кишварҳо дар чанд маврид шаҳрвандони худро аз кишварҳои Ироқу Сурия ба Ватан баргардонида буд.

Боздошти додраси додгоҳи Бадахшон

0

Додраси Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳафтаи гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шудааст. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Додситони кулли Тоҷикистон нисбати додрас Зафар Қодирзода бо иттиҳоми “гирифтани пора ва қаллобӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. 

Мақомот расман ҷузъиёти парвандаи ин додрасро шарҳ надодаанд, аммо ба навиштаи манбаъ, Қодирзода ҷиноятҳоро дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва ВМКБ содир кардааст.

Назари худи додраси боздоштшуда ва пайвандонаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест. 

Инчунин то ҳол фармони барканории Зафар Қодирзода дар сомонаи Президенти Тоҷикистон нашр нашудааст ва бояд пеш аз боздошти ин додрас Эмомалӣ Раҳмон фармони барканориашро содир ва порлумони кишвар онро тасдиқ мекард.

Гуфта мешавад, Зафар Қодирзода, ки пеш дар Додгоҳи шаҳри Ваҳдат низ кор кардааст, моҳи декабри соли гузашта бо як фармони Президент додраси Додгоҳи ВМКБ таъйин гардида буд. 

Зафар Қодирзода аввалин додрасе нест, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора ва қаллобӣ боздошт мешавад. 

Ба гуфтаи таҳлилгарон, яке аз сабабҳои даст задани додрасҳо ва мансабдорони давлатӣ ба фасод дар кишвар он аст, ки худи онҳо бо ришва мансаб харидаанд ва ин кор онҳоро водор мекунад то ба фасодкорӣ ва ришваситонӣ дар ҳама соҳаҳо идома бидиҳанд.

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз мардум: Сарҷамъ ва муттаҳид бошем

0

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар арафаи Иди саиди Фитр аз мардуми кишвар хостааст, ки дар ин “шароити хеле вазнин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ” сарҷамъ ва муттаҳид бошанд.

Имрӯз, 20-уми апрели соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки “ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.”

Президенти Тоҷикистон, ки тайи беш аз 7 соли ахир алайҳи мухолифони худ сангар гирифта, ва то қадри тавон болои қисме аз онҳо фишор оварда, мавриди бозхосту боздоштҳо, таъқиб, саркӯб қарор дода ва зиндонӣ ҳам карда ва қисме дигареро аз ватан фирорӣ додааст, ҳоло “бино ба вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ” таъкид карда, ки миллат муттаҳид бошад.

Эмомалӣ Раҳмон хуб медонад, ки аксари ҷангу низоъҳо дар кишварҳое ҷараён доранд, ки раҳбарони онҳо чанд даҳсола қудратро дар кишварҳояшон бо роҳҳои ғайриқонунӣ тасарруф кардаанд ва ҳоло мехоҳад мардумро гул занад, ба ин хотир мегӯяд: “Бар асари мухолифату низоъҳо дар байни абарқудратҳо, таҳримҳо ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон бисёр ҳассосу мураккаб шуда, сулҳу оромӣ ва ҳатто истиқлоли сиёсии давлатҳо осебпазир гардидааст.”

Ба назар мерасад, ин дафъа Президенти Тоҷикистон хуб дарк кардааст, ки ҳузури беш аз 30-солаи вай дар раъси қудрат ба фоида давлатдорӣ ва мардуми Тоҷикистон нест. Ва то замоне, ки вай раҳбарии давлатро бар уҳда дорад, чун тавони дуруст идора карданро надорад, фақру фасод дар ҷомеа бештар густариш меёбанду ба ин васила пояҳои суҳлу суботи ҳукуматаш беш аз пеш осебпазиртар мешаванд.

Раиси Ҳукумати Токистон, ки на ба вазиронаш эътимод дораду на ба сафиронаш, ҳоло омада ба таври умум тамоми тоҷикистониҳоро мавриди хитоб қарор дода гуфтааст: “Дар чунин шароит мо бояд беш аз пеш сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои милливу давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз кунем.”

Бо вуҷуди он ки дар ин ҳама таъкидҳо Эмомалӣ Раҳмон аз мухолифони худаш дар дохили кишвар ва берун аз он ном нагирифтааст, вале ба назар мерасад, ин ҳама ишораҳову таъкидҳои ӯ баёнгари он ҳастанд, ки вай мехоҳад дар ин рӯз ба мухолифони худаш низ як паёме барои дубора фиреб додани онҳо ва ё вақт харидан аз онҳо ва тамдид кардани ҳукуматаш бифиристад. Ва ба ҳамин хотир дар охири ин паёми табрикотиаш мардуми Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ мухотаби худ қарор додаву “ҳамватанони бурунмарзиомон“-ро гуфта ба таври хос ба Ид табрик карда ва барои онҳо тансиҳативу хонаободӣ хостааст. Ин паёмҳоро мухолифин чӣ хел қабул хоҳанд кард, вақт нишон хоҳад дод.

Амруллоҳи Низом

Додситонӣ барои гӯш кардани телефонҳо тамрин мегузаронад

0

Додситонии кулли Тоҷикистон бо як ташабубс барои кормандони сохторҳои қудратӣ дар бораи чӣ гуна “гӯш кардан ва сабти гуфтугӯӣ телефон”-ҳо курсҳои таълимӣ доир кард.

Тавре маркази матбуоти Додситонии кулли кишвар рӯзи 19-уми апрел хабар дод, ин курсҳои таълимӣ бо фармони раҳбари ин ниҳод Юсуф Раҳмон аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти додситонии Тоҷикистон аз 4 то 12 апрели соли 2023 гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ин курсҳои таълимӣ “дар се минтақа бо иштироки 71 нафар муфаттишон мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркадашуда дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон дар мавзӯи «Гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқи ва алоқаи почта интиқол дода мешаванд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯӣ телефонӣ” гузаронида шудааст.

Ба иттилои Додситонӣ, ҳадафи асосии ин курсҳои таълимӣ “омӯзиши талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини саривақтии ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабси молу мулк ҷиҳати таъимини даъвои гражданӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва барқарор намудани зарари расонидашуда” будааст.

91 млн евро гранти ИА ба Тоҷикистон

0
Delegation of the European Union to Tajikistan

Рӯзи 19-уми апрели соли 2023, Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷаласаи 3-юми зеркумитаи Ҳамкориҳои рушд “3rd Sub-Committee on Development Cooperation”-ро дар Душанбе баргузор карданд.

Дар ин ҷаласа сафири ИА дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва муовинаш Петра Гаспарова ширкат доштанд. 

Бино ба иттилои Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, ҷонибҳо аз рафти иҷроиш ва натиҷаҳои барномаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфта, масъалаҳои рақамисозӣ, энергетикаи сабз, саноаткунонӣ ва соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии рушди Тоҷикистон (2021-2024) 91 миллион евро грант ҷудо намудааст. Илова бар ин, Тоҷикистон аз барномаҳои минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ташаббуси Гурӯҳи Аврупо дар мавриди захираҳои об, энергетика ва тағйирёбии иқлим кӯмак дарёфт мекунад.

Нишасти СММ барои ба расмият шинохтани Толибон

0

Қарор аст Созмони Миллали Муттаҳид нишасте барои гуфтугӯ дар барои ба расмият шинохтани давлати Толибон дар Афғонистон баргузор кунад.

Ба ба иттилои расонаҳо, Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи душанбе дар нишасте гуфт, ки ин созмон қасд дорад дар рӯзҳои оянда конфронсеро барои гуфтугӯ дар мавриди ба расмият шинохтани ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон тартиб диҳад.

Ин намояндаи аршади СММ бар зарурати таомули ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақомоти ҳукумати сарпарасти Толибон таъкид кард.

Хонум Амина Муҳаммад изҳор дошта, ки ин нишасти байналмилалӣ зарфи ду ҳафтаи оянда баргузор мешавад ва намояндагонеро, ки дар мавриди Афғонистон кор мекунанд, ба мизи музокира хоҳад овард.

Аммо дар марди ин ки намояндаи Толибон дар ин нишаст ҳузур пайдо мекунд ё на, дар изҳороти муовини Дабири кулли СММ дақиқ чизе гуфта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Толибон дар Афғонистон монеи кори кормандони зани СММ дар ин кишвар шудаанд. Чанде пеш ҳудуди 300 зани корманди ин ниҳодро нагузоштанд дар он кор кунанд. Мудири Барномаи тавсеаи СММ дар Афғонистон рӯзи чоршанбе ба расонаҳо гуфт, ки дар пайи боздоштани кормандони зани ин ниҳод бо мақомоти Толибон вориди гуфтугӯ шудааст, то фармони мамнӯияти кори занони СММ-ро бекор кунанд. Мудири Барномаи тавсеаи СММ гуфта, ки агар гуфтугӯҳо бо Тлибон натиҷае надиҳад, ин созмон маҷбур аст дар моҳи май тасмими тарк кардани хоки Афғонистонро бигирад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон аз 15-уми августи соли 2021 то кунан ҳеч кишваре ошкор ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Аммо равобити кишврҳо бо Афғонистон дар шакли кумакрасонӣ, муомилоти тиҷоратӣ ва бо бархе дипломатӣ вуҷуд дорад.

Коҳиши воридоти кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон

0

Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 19,2 миллион доллар, кумаки башардӯстона дарёфт кардааст. Вазни ин кумакҳо дар умум ҳудуди 10,3 ҳазор тоннаро ташкил додааст.  

Ин омор нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2022 аз рӯи арзиш 2,7 маротиба ва аз рӯи вазн 2,1 маротиба камтар аст. Инчунин шумораи кишварҳои кумакрасон низ дар ин давра аз 44 ба 35 кишвар коҳиш ёфтааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз ҳама бештар Чин (26,2%), Белгия (17,8%), ИМА (15,8%), Қазоқистон (8,6%), Русия (7,9%), Туркия (5,6%), Ҳиндустон (2,9%), Узбекистон (2,6%), Дания (2,3%) ва Олмон (2%) кумак равон кардаанд. 

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз ҳама бештар дар соли 2022 бо маблағи умумии 141 миллион доллар ва аз ҳама камтар дар соли 2015 бо арзиши 44,8 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст. 

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи тақсими кумакҳои башардӯстона дар миёни ниёзмандон ба расонаҳо маълумот намедиҳад. Ба гуфтаи огоҳони умур, кумакҳои башардӯстона аз ҷониби мақомдорон дар аксар ҳолат дуздида ва дар бозорҳо фурӯхта мешаванд ё қисме аз он аз номи Президент ба ниёзмандон тақсим карда мешавад. 

Ҳатто, ахиран мушоҳида шуда, ки Арабистони Саудӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз ин дуздиҳо рӯи тамоми маҳсулоте, ки дар доираи лоиҳаи “Сабади озӯқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои тақсим кардан омода шуда буд, навишта буданд, ки “РОЙГОН ТАҚДИМ КАРДА ШУДА, ФУРӮХТА НАМЕШАВАД!”

Маълумот дар бораи баргузории намози Ид барои тоҷикони муқими Варшава

0

Тибқи эълони Маркази фарҳанги исломӣ дар Варшава, намози Иди Фитр рӯзи 21-уми апрел соати 9:00 дар толори футбол дар кӯчаи “księcia bolesława 1/3” баргузор мешавад.

Зимни нашри эълон, масъулони Марказ аз намозгузорон хоҳиш кардаанд, ки барои пешгирӣ аз танбашавии мошинҳо ва баста шудани роҳҳо аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода шавад.

Ҳамзамон дар эълон гуфта мешавад, ки барои гузоштани мошинҳо дар таваққуфгоҳи паҳлуи толори варзишӣ, танҳо барои калонсолон ва оилаҳои серфарзанд иҷозат дода мешавад. Вуруди мошинҳои таксӣ (Uber, Bolt …) иҷозат нест.

Аз намозгузорон ҳамчунин хоста шуда, ки ҳамроҳи худ ҷойнамоз бигиранд.

Мақомот аз имомони масҷидҳо сарбоз талаб доранд

0

Дар вилояти Хатлон мақомоти комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳ бо маъмурони амниятӣ ва интизомӣ дари ҳар масҷид рафта, имомонро маҷбур доранд, ки ҳар кадом аз 1 то 3 сарбоз оварда ба мақомот таслим кунад, дар акси ҳол масҷидро мебандад.

Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб (бо сабабҳои амниятӣ ном ва номи деҳааш зикр намешавад) рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки мақомоти комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳамроҳ бо чанд масъули дигар ҳамаи имомҳои масҷидҳои ин шаҳр ва дигар навоҳии атрофро муваззаф кардаанд, ки барояшон сарбоз бидиҳанд. Ва онҳо ҳамеша таҳдид мекунанд, ки дар сурати наовардани сарбоз дари масҷидро бар рӯи намозгузорон мебанднд.

“Ман худам чанд сол имоми масҷиди маҳаллаамон будам, аз сабаби фишор ва талаботи зиёди мақомот дигар натавонистам ба кори имоматии худ идома бидиҳам. Ҳамеша аз мо талаб мекунанд, ки ё саррбоз оварда таслим кунем, ё барои чорабиние аз мардум пул ҷамъ кунем. Мақомот ба ҷои он ки моро роҳнамоӣ кунад то бо мардум наздик шавем, бо фармону фишорҳояшон коре кардаанд, ки ҳама аз имом гурезон шудааст.”, – мегӯяд манбаи мо.

Ӯ ҳамчунин дар идома афзуд: “Моро дигар дар деҳа на ҳамчун имоми масҷид, ки бештар ба мушкилоти мардум расида мекардем, мешиносанд, балки ба як маъмури амниятӣ ва таблиғгари ҳукумат мубаддал шудаем. Дар оянда ин кор зарараш бештар хоҳад шуд, мардум дигар ба мо эътимод намекунад.”

Ба иттилои манбаъ, мақомот на танҳо масҷидҳоро маҷбур доранд, ки сарбоз ҷамъ кунанд, балки дар ин шабу рӯзҳо барои ҷамъоварии фитри рӯзаву садақоти мардум, ба хусус болои имомон фишори зиёде меоранд. “То он ҷо ки ба имоми маҳалла мегӯянд, агар фалон миқдор маблағ ҷамъоварӣ нашавад, аз ҳисоби худат пардохт мекунӣ.

Манбаи мо мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ ҳатто дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ҳам болои масҷидҳои маҳаллаҳо барои ҷамъоварии маблағ аз мардум шартҳое мегузоранд, ки дар сурати иҷро нашудан таҳдиди қатъи барқу об ва ҳатто бастани масҷидро низ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар мавсими гузаштаи даъвати сарбозон ба артиш низ маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ дар аксари навоҳии кишвар барқи мардумро қатъ карда, аз ҳар масҷид сарбоз талаб карда буданд.

Мақомот мисли ҳамеша “сарбозшикор” ва ё ин шеваи нави пулҷамъкуниро рад мекунад.