Хона блог саҳифа 324

Ҳузури Толибон дар нишасти Узбекистон

0

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти ҳукумати муваққати Иморати исломӣ дар Афғонистон дар раъси ҳайате вориди Узбекистон гардида, бо ҳамтоёни чинӣ ва эронии худаш дар Самарқанд дидор кардааст.

Бино ба иттилои “Афғонистон Интернешнл”, субҳи имрӯз, 13-уми апрели соли 2023 чаҳорумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бар иловаи Русия бидуни ҳузури намояндагони Толибон дар шаҳри бостонии Самарқанд ба кори худ оғоз кард.

Аммо Ҳафиз Зиё Аҳмад, сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Толибон бо нашри аксу наворҳое дар саҳфаи твиттериаш мегӯяд, ки Амирхон Мутаққӣ, сарпарасти ин ниҳоди Иморати исломӣ дар Афғонистон дар раъсе як ҳайате вориди Узбекистон шуда, нахуст қабл аз оғози нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ҳамтоёни чинӣ ва эрониаш дар Самарқанд дидору мулоқотҳоеро баргузор кардааст.

Ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин нишасти минтақавӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишварамон раҳбарӣ мекунад.

Ду рӯз пеш аз баргузории ин нишаст Узбекистон ба унвони кишвари мизбон дар ин нишасти минтақавӣ аз Созмони Милали хоста буд, ки таҳримҳои сафари рафту омади Амирхон Мутаққӣ, сарпарасти ҳукумати муваққати Иморати исломӣ дар Афғонистонро ба сурати муваққат бардорад, то вазири корҳои хориҷии Толибон тавонад дар он ширкат кунад. Тоҷикистон яке аз кишварҳое буд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид ба ин пешниҳоди Узбекистон эътироз карда, ба он раъйи манфӣ дод.

Гуфта мешавад, пеш аз оғози ин нишаст, кишварҳои ширкаткунанда дар ҷаласаҳои чандҷониба мавзӯъҳои мухталифи Афғонистонро ба баҳсу баррасӣ гирифтанд. Сухангӯи Толибон ҳам мегӯяд, ки дидору мулоқотҳои ҳайати Афғонистон бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ бо намояндагони дигар ҳамсояҳои Афғонистон идома дорад.

Пас аз таҳвил додани Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ба дасти Толибон, акнун ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо вазири корҳои хориҷии Толибон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ дар ҳошияи ин нишасти Самарқанд дидору мулоқотҳоеро низ баргузор кунад.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдова

0

Мақомоти Тоҷикистон дар мулоқот ва суҳбатҳои алоҳида бо мақомоти Молдова дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои худ дар шаҳри Кишинёв мулоқот карданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзҳои 10-11-уми апрели соли 2023 “сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова Руслан Болбочан ва бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова Сергей Харя” мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, ин мулоқот дар шаҳри Кишинёв баргузор шуда, “ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдоваро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.”

Инчунин дар ин дидорҳо “таъкид гардида, ки барои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ҳарду давлат зарфияти васеъ ва имкониятҳои истифоданашуда доранд.”

Гуфта мешавад, дар рафти ҳамин мулоқот ҳар ду ҷониб “роҷеъ ба мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.”

Боз як ҷасади сарбози тоҷикро ба пайвандонаш супурданд

0

Мақомоти тоҷик сабаби марги сарбози тоҷикро, ки чанд рӯз пеш ҷасадашро ба пайвандонаш дода буданд, шарҳ намедиҳанд. 

Ибодулло Додов сокини 18-солаи ноҳияи Восеъ, ки моҳи ноябри соли гузашта ба артиш рафта буд, рӯзи 10-уми апрел масъулони қисми ҳарбӣ ҷасади ин ҷавонро ба пайвандонаш супурдаанд.

Лоиқ Додов, падари Ибодулло дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “рӯзи 9-уми апрел бо писарам телефонӣ суҳбат доштам, вале даҳуми апрел ҷасадашро гирифтам”.

Падари ин сарбоз мегӯяд, вақти суҳбати телефонӣ, писараш аз вазъи саломатияш шикоят надошт. 

Лоиқ Додов мегӯяд, барои дақиқ кардани марги писараш ба мақомот ариза навишт, чун онҳо сабаби марги писарашро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони Додов, ки ҷасадро дидааст, мегӯяд, Ибодулло аз пушти сараш зарб хӯрда буд. Яъне ин сарбози тоҷик ба эҳтимоли зиёд кушта шудааст. 

Ҳолати марги ҷавонон бори авввал нест, ки садо медиҳад. Солона даҳҳо тан аз сарбозони қатории Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз вазъияти бади хизмат ва бадрафтории “Дед”-ҳо маъюб мешаванд, ба беморхонаҳо интиқол меёбанд ва ё ин ки ба ҳалокат мерасанд. Дар бештарин ҳолат мақомот мегӯянд, ки ин сарбозон худ даст ба худкушӣ задаанд.

Масъалаи хидмати ҳарбӣ яке аз мушкилоти муҳими ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гарчанде мақомот мегӯяд, талош дорад сатҳи сифат ва шароити мусоидро барои сарбозон фароҳам кунад, аммо хабарҳои зӯран тавассути “Облава” рабудани наврасон аз бозору кӯчаҳо ва лату кӯб шудани наваскарон аз ҷониби ҳамхидматонашон, ҳатто ба марг оварда расондани онҳо зиёд нашр мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ва дигар омилҳо сабаб шудааст, ки мардум намехоҳанд фарзандонашонро ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.

Мулоқоти гузоришгари вежаи СММ бо мақомоти Тоҷикистон

0

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод Нозила Ғана бо намояндагони Маркази тадқиқот стратегии Тоҷикистон мулоқот кард.

Тавре сомонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, 12-уми апрели соли ҷорӣ директори ин ниҳод Хайриддин Усмонзода бо намояндаи вежаи СММ дар умури озодии дин ва эътиқод Нозила Ғана вохӯрӣ гузарониданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамчунин муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Маъруф Абдуҷабборов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштаанд.

Гуфта мешавад, гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид “вобаста ба масъалаи озодии дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Марказ саволҳо дод, ки Хайриддин Усмонзода вобаста ба ҳар як савол бо далелҳо посухҳои мушаххас ироа намуд.”

Маълум нест байни намояндаи СММ ва намояндагони Тоҷикистон чӣ суолҳо раду бадал шуда ва то куҷо посухҳо қонеъкунанда будаанд.

Усмонзода дар мулоқот бо ин намояндаи СММ иброз дошта, ки тибқи меъёрҳои Сарқонун Тоҷикистон давлати дунявӣ эълон шудааст ва аз ин лиҳоз ҳар кас дар кишвар дар интихобу дину эътиқоди худ озод аст ва озодона метавонад “дар маросим ва расму оинҳои динӣ” иштирок кунад.

Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкида карда, ки “дар ҷумҳурӣ баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда, барои фаъолияти осоиштаи дин, ибодат, расму оин ва маросимҳо ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надорад.

Аммо корбарон ва мунтақидони ҳукумат ин гуфтаҳоро қабул надоранд, зеро ба гуфтаи онҳо, меъёр ва ё ҳуқуқи озодии интихоби дину эътиқод дар Тоҷикистон танҳо дар рӯи коғаз асту бас. Солона садҳо мусалмон танҳо ба хотири иштирок ва ё баргузор кардани маросими динӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ мешаванд.

Ба гуфтаи як коршиноси мустақил, ки нахост номаш фош шавад, мақомоти тоҷик ҳамеша бо ниҳодҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва СММ омори бардурӯғ тақдим мекунанд. “Як кас аз мақомоти тоҷик намепурсад, ки модом ки барои баргузории ибодат, расму оин ва маросимҳо ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надошта бошад, пас қонуни то 18-сола ба масҷид нарафтан, то 40-сола ба Ҳаҷ нарафтан, манъи вуруди занҳои ҳиҷобдор ба донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ, тарошидани риши ҷавонон, чӣ маъно доранд?“, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Эътирози Тоҷикистон ба сафари Толибон

0

Тоҷикистон ба сафари вазири корҳои хориҷии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон ба Узбекистон дар Созмони Милали Муттаҳид эътироз кардааст.

Фардо, 13-уми апрели соли 2023, дар шаҳри Самарқанди Узбекистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад.

Узбекистон аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки маҳдудиятҳои сафари Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистонро ба сурати муваққат барои иштирок дар ин нишаст, бардорад. Тоҷикистон ба ин пешниҳоди Узбекистон дар Созмони Милали Муттаҳид эътироз кардааст. Муҳлати пешниҳоди эътироз то соати 18:00 имрӯз муқаррар шудааст.

Пеш аз ин се давра нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор шуда буд ва Амирхон Муттақӣ дар раъси як ҳайате аз Толибон бори ахир дар ин нишастҳо дар Чин иштирок кард. Вале агар Созмони Милали Муттаҳид ин дафъа маҳдудиятҳои сафари Амирхон Муттақиро бардорад, ин якумин сафари расмии ӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Гуфта мешавад, нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистону Эрон, Чину Покистон ва Русия баргузор мешавад. Ва ҳадаф аз он баррасии буҳронҳои инсонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятии Афғонистон ва минтақа унвон шудааст.

Охири ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мешавад

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 12-уми апрел хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд рӯзи ҷумъа, 21-уми апрели соли ҷорӣ Иди Рамазон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин бора маҷаллаи “Дин ва ҷомеа“-и тобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон имрӯз дар саҳифаи фейсбукияш аз номи Шӯрои уламои Маркази исломӣ хабар дод.

Аввали ҳафтаи оянда ҷаласаи навбатии Шурои уламо ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор мегардад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ рамазони имсола 29 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, ба эҳтимоли зиёд рӯзи ҷумъа, 21 апрел Иди Рамазон таҷлил мешавад.“, омадааст дар хабар.

Аммо сомонаи худи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин бора чизе нашр накардааст.

Моҳи Рамазон имсол дар тамоми кишварҳои дунё рӯзи 23-уми март оғоз шуда буд. Тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ, чун моҳи шаъбон 30 рӯзи комил омад, моҳи Рамазон бояд 29 рӯз бошад. Аз ин ҳисоб ба эҳтимоли хеле қавӣ рӯзи панҷшанбе, 20-уми апрели соли равон поёни моҳи Рамазон буда, рӯзи ҷумъа, 21-уми апрел дар аксар кишварҳои дунё ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Камбуди доллар дар Тоҷикистон

0
Доллары в банке Бангкока. Доллар достиг отметки выше трехнедельного пика к евро и почти трехнедельного максимума к иене в среду, копируя рост доходности казначейских облигаций США на фоне ожиданий новых "ястребиных" комментариев представителей Федрезерва США. REUTERS/Athit Perawongmetha

Бархе корбарони тоҷик дар шабакҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки аксар бонкҳои муқими пойтахт доду ситади мизоҷон бо доллари амрикоиро маҳдуд кардаанд.

Субҳи имрӯз, 12-уми апрели 2023, бархе корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи маҳдуд шудани доду ситади бонкҳои Тоҷикистон бо доллари амрикоиро ба баҳс кашида, аз он нигаронӣ карданд, ки ин кори бонкдорон метавонад қурби доллар дар баробари сомониро баланд барад.

Рӯзноманигор Маҳамадалӣ Мақсадулло дар вокуниш ба ин баҳс гуфтааст, “ин яқин аст, ки минбаъд ҳам доллар боз ҳам боло мераваду қурби сомонӣ паст мешавад, чун баъд аз Рамазон мавсими ҳаҷ дар пеш аст ва ҳама долларҳоро ҳоҷишавандагон аз кишвар мебароранд.

Корбари дигаре бо номи Омина дар бораи вуҷуд доштани яке аз нуқтаҳои маъруф ба бозори сиёҳи долларфурӯшон ишора карда мегӯяд, “Душанбе навситагияя ку тарафи бозори Корвон таҳи ҳамонда саҳар баъди намози бомдод мерӣ, навбат мегирӣ, меёбӣ…”

Бархе корбарони дигар ин масъаларо ба “гарм” шудани бозори сиёҳи долларфурӯшон рабт дода, иддаъо доранд, ки аксари кормандони худи бонкҳои Тоҷикистон дар ривоҷу равнақ додани ин бозорҳои ғайрирасмӣ даст доранд. Дар ин робита корбаре бо номи Ҳомид Муҳамадиев мегӯяд: “Тамоми бонкҳо мефурӯшанд ва муштариёни худро доранд, бо онҳо хапу дам пул кор мекунанд ва он долларфурӯшоне, ки дар берун ба шумо доллар мефурӯшанд, ҳама машиникҳои ҳамон бонкҳоянд.

Гуфта мешавад, камёб шудани доллар ва дигар арзҳои хориҷӣ ба таври сунъӣ пеш аз ҳар мавсимҳои муайян дар Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ дорард. Касоне, ки ин бозорҳои сиёҳи фурӯши асъори хориҷиро идора мекунанд, гоҳе сардиро баҳона мекунанд ва гоҳи дигар оғози гармиро, ки хириди мардум барои кишту кор ва ғайра зиёд мешавад ва бо ин роҳҳо қурби арзҳоро пасту баланд мекунанд.

Гуфтанист, бархе коршиносон масъалаи рафтани ҳоҷиёнро ҳам як баҳонае барои қаллобон дар бозори сиёҳ медонанд. Ба гуфтаи онҳо, дуруст аст, вақте соле як бор дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ ҳудуди 6 ҳазору 200 нафар аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар карда, ҳар яки онҳо барои харидҳои савғотӣ ва ғайра дасти кам 1 ҳазор доллари амрикоӣ бо худ мебаранд, вале ин чиз сабаб шуда наметавонад, ки доллар гарону камёб шавад. Барои мисол, дар Тоҷикистон ҳазорҳо тоҷиру соҳибкоре вуҷуд дорад, ки амлиёти як рӯзаи онҳо бо хориҷи кишвар миллионҳо долларро ташкил медиҳад, вале Бонки миллӣ ҳамаи ин равандҳоро ба назар гирифта, бозорро назорат мекунад, пули миллӣ-сомонӣ қурби худро ҳифз мекунад.

Даъвати баҳорӣ ба артиш 40% иҷро шуд

0

Дар 10 рӯзи даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар ҳудуди кишвар нақша 40% иҷро шуд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисли ҳамеша нақшаро дар рӯзи аввали даъват 100% иҷро кардааст. 

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш дар 10 рӯзи аввал 57 дарсадро ташкил дода, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат даъвати ҷавонон ба артишро пурра ба анҷом расонидаанд.

Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияи Вахш даъвати ҳарбиро пурра иҷро карда, аммо дар тамоми вилоят бошад нақша беш аз 34 дарсад иҷро шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Суғд иҷрои нақша ба 26 дарсад расида, дар шаҳри Душанбе бошад, 30 дарсадро ташкил медиҳад.

Вазорати мудофиаи кишвар 40% иҷро шудани нақшаи даъвати сарбозон ба артишро дар сатҳи ҷумҳурӣ ба “натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват” рабт додааст. 

Дар ҳоле Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз 40% иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш хабар медиҳад, ки рӯзҳои охир наворҳо ва аксҳои ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта истодааст. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавононро бо зарби мушту лағат ба мошин савор карда ба комиссариятҳои ҳарбӣ мебаранд. 

Ҳамасола бо оғози мавсими даъвати сарбозон ба артиш, маъракаи сарбозшикор ва ё “Облава” низ оғоз мешавад. Наворҳои зиёде аз раванди ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад, ки тибқи гуфтаи ҳуқуқдонҳо, ин амал хилофи тамоми қавонини ҳуқуқуи шаҳрвандон дар кишвар мебошад. Аммо, бо вуҷуди далолили зиёд аз ин хилофкориҳо, мақомот ҳамеша иддао мекунад, ки “облава” дар кишвар вуҷуд надорад. Ин боис гашта, ки корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида дар Тоҷикистон ҳал шуданӣ нест.

Даргириҳои нав байни Арманистону Озарбойҷон

0

Рӯзи сешанбе, 11-уми апрели соли ҷорӣ байни нерӯҳои марзбонии Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа аз ду тараф кушта ва захмӣ баҷо гузошт.

Вазорати дифои Арманистон бо нашри изҳороте субҳи 12-уми апрел хабар дод, ки ҳоло вазъ дар марз муътадил аст. Ин ниҳод аз захмӣ шудани 6 марзбонии худ хабар дод ва ҳолати сетои онҳоро вазнин арзёбӣ кард.

Аммо тибқи иттилои мақомоти Боку, дар даргирии рӯзи 11-уми апрел дасти кам 7 сарбоз, 4 нафар аз ҷониби Арманистон ва 3 нафар аз ҷониби Озарбойҷон кушта шудаанд. Ҳарду тараф бо таъйиди кушта ва захмӣ шуданҳо омори дақиқе ироа намекунанд.

Гуфта мешавад, задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонони ин ду кишвари ҳамсоя дар наздикии рустои Тех, воқеъ дар миёни шаҳрҳои Горис ва Лочин, дар наздикии марзи Арманистон ва Озарбойҷон рух дод. Дар сар задани муноқиша Ереван ва Боку якдигарро муттаҳам мекунанд.

Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Арманистонро дар бетаваҷҷӯҳӣ ба раванди сулҳ муттаҳам кард. Мақомоти Ераван баракс, ҷониби Бокуро ба нақзи тааҳҳудоти сулҳ айбдор мекунад.

Гуфта мешавад, ин задухӯрд миёни ду кишвар ба дунболи моҳҳо таниш бар сари баста шудани шоҳроҳест, ки Арманистонро ба Қарабоғи Кӯҳӣ мерасонад. Озарбойҷон пас аз ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ин роҳро баст ва ба ҷониби Арманистон иҷозат намедиҳад аз он истифода кунад.

Ҷорӣ шудани “мобилизатсия”-и онлайнӣ дар Русия

0

Мақомоти Русия ҷалби сарбозон ба артиш ва ё “мобилизатсия”-ро тариқи онлайнӣ ба роҳ мондаанд, ки ин амал русҳо ва ҳатто муҳоҷиронро нигарон кардааст.

Рӯзи 11-уми апрели соли ҷорӣ Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро дар мавриди усули нави басиҷи сарбазон ба артиш ва ё худ “Мобилизатсия”-ро ба тасвиб расонд. Аз ҷумла, тибқи талаботи тарҳи қонуни нави Русия, даъватномаҳо барои даъват ба артиш тариқи онлайнӣ ба роҳ монда мешаванд ва ҳатто бидуни ҳузури шаҳрванд дар комиссариати ҳарбӣ онҳоро дар қайди ҳарбӣ мегузоранд.

Гуфта мешавад, пеш аз қабули ин тарҳи қонуни нав даъвати онлайнии сарбозон ба артиш оғоз ёфта буд. Акнун тибқи ин тарҳ, агар дар телефони ҳамроҳи ҳар шаҳрванде паёмак биёяд, ӯ дигар наметавонад кишварро тарк кунад.

Муовини сарвазири Русия Дмитрий Чернишенко рӯзи сешанбе ба расонаҳо гуфт, давоми як ҳафтаи ахир беш аз 22 ҳазор шикоят дар бораи даъвати иҷборӣ ба артиш, ки шаҳрвандон тавассути портали “Госулуг” дарёфт кардаанд, ворид шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бори аввал 21-уми сентябри соли 2022 ҳангоме ки расиҷумҳури Русия Владимир Путин фармони ҷалби то 300 ҳазор сарбоз ба артишро эълон кард, танҳо аз ҳисоби худи русҳо каму беш 1 миллион нафар Русияро такр карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин бор мақомоти Русия тасмим гирифтаанд, ки бо роҳи даъватҳои онлайнӣ аз раванди фирори ҷавонон пешгирӣ кунанд.

Аммо, амалан мақомоти Русия то рӯзҳои наздик ба расонаҳо мегуфтанд, ки аллакай нақшаи даъвати сарбозон ба артиш комилан иҷро шудааст ва ҳоло ҳоҷат ба даъвати такрорӣ нест. Тавре рӯзи 28 октябри соли 2022 вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо Владимир Путин гуфт, ки “имрӯз басиҷи сарбозони даъватшуда ба артиш анҷом ёфт, раванди даъвати шаҳрвандон қатъ шудааст ва ҳеҷ гуна супориши иловагӣ ба нақша гирифта нашудааст”. Ӯ дар ин мулоқот гуфта буд, ки нақшаи даъвати 300 ҳазор сарбоз ба сафи артиши Русия дар зарфи бештар аз як моҳ комилан иҷро шуд.

ВаледДар ин миён наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтомӣ роҳ ёфт, ки аз боздошту маҷбурӣ фиристодани музоҷирони корӣ ба ҷанг дар Украина ҳикоят мекраданд. Гуфта мешавад, муҳоҷирони кории шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он шикоят доранд, ки мақомоти Русия нафарони зиёдеро бо баҳонаи надошти асноди будубош ва ё ваъдаи додани шаҳрвандӣ барои ҷанг ба Украина мефиристад.