Хона блог саҳифа 325

“Рейд”-и муҳоҷирон дар Челябинск

0

Мақомоти интизомии рус ба тафтиш ё рейди густардаи муҳоҷирони корӣ дар вилояти Челябински Русия оғоз кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Челябинск, рейдҳо аз рӯзи сешанбе 11-уми апрел оғоз шуда, мақомоти интизомии рус дар Урали Ҷанубӣ ҷойи кор ва истиқомати муҳочиронро тафтиш мекунанд.

Рейдҳо бо иштироки ОМОН, кормандони воҳидҳои оперативӣ, Хадамоти амнияти федеролӣ (маъруф ба ФСБ) ва нерӯҳои марзбонӣ баргузор шуда, онҳо қонунӣ будани будубош дар Русия ва мавҷудияти иҷозатномаи кории муҳоҷиронро месанҷанд.  

Дар сурати ошкор шудани нақзи қонунҳои муҳоҷират, шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, масъалаи ихроҷи онҳо низ баррасӣ мешавад. Корфармоёне, ки аз меҳнати муҳоҷирон ғайриқонунӣ истифода мебаранд, ба маблағи то як миллион рубл ҷарима ва ё фаъолияти корхона то 90 рӯз боздошта мешавад.

Ин амалиёти тафтиши ногаҳонии муҳоҷирон (ё рейд) дар ин вилоят кай ба охир мерасад маълум нест. Гуфта мешавад, он дар пасманзари занозании гурӯҳии ҷавони тоҷику рус ва кушта шудани як наврас дар Челябинск сурат гирифта истодааст. 

Боздошти чор ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми куштор

0

Чор ҷавони зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як сокини шаҳри Челябински Русия боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. 

Рӯзи 11-уми апрели соли 2023 мурофиаи аввали додгоҳии ҷавонони тоҷик, ки дар куштори як навраси 17-солаи рус гумонбар мебошанд, дар додгоҳи ноҳияи Сентралнийи шаҳри Челябински Русия баргузор гардид. 

Додрас донишҷӯи 20-солаи коллеҷи минтақавии Урал Шаҳрон Миров, бародарон Зоҳир ва Тоҳир Ҷалиловҳо ва Наҷмиддин Имомовро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. 

Шаҳрон Миров гуноҳро қисман қабул карда, бародарон Ҷалиловҳо ва гумонбари дигар Имомов худро бегуноҳ мешуморанд ва аз додрас дар рафти мурофиа хостаанд, ки нисбати онҳо ҷазои сабуктар, яъне ҳабси хонагӣ татбиқ шавад. 

Гуфта мешавад, бародарон Ҷалиловҳо ҳарду донишҷӯи коллеҷи минтақавии Урал дар риштаи “маъмурияти ҳифзи ҳуқуқ” мебошанд.

Наҷмиддин Имомов 33-сол дошта, соҳиби се фарзанд аст. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳарчор гумонбар бо ҳам пайвандии хешу таборӣ низ доштаанд. 

Ёдовар мешавем, ки шаби 9-уми апрел дар назди яке аз маркази бозиҳои компютерӣ дар Челябинск миёни ҷавонони тоҷик ва рус занозанӣ сар зад, ки дар натиҷа як навраси 17-cолаи рус кушта шуд. 

Пас аз ин ҳодиса чор иштирокчии заноназиро дастгир кардаанд, ки ҳамаи он боздоштшудаҳо зодагони Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилои ВКД Русия ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ аъзои як “гурӯҳи бозӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ буда, сабаби сар задани муноқиша “суханҳои таҳқиромез дар чати умумӣ” будааст. 

Тибқи тафтишот, шумораи гумонбарон беш аз чор нафар буда, гумонбари асосӣ ҷавони 20-солаи тоҷик Шаҳрон Миров мебошад, ки гуфта мешавад, ва маҳз ӯ бо зарби корд навраси русро ба ҳалокат расондааст. 

Дар робита ба куштори навраси рус мақомоти тафтишотии Челябинск бар асоси моддаи 105, қисми 2, банди “ж”-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон, ё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад.

Оғози таҳқиқот дар бораи чӣ гуна ифшо шудани иттилооти сиррии Пентагон

0

Вазорати адлияи Амрико дар бораи чӣ гуна ифшо шудани иттилооти ниҳоят махфии кишвараш таҳқиқотро оғоз кардааст.

Пас аз ифшо шудани иттилооти дорои маълумоти ниҳояти махфии Вазорати дифои Амрико, Вазорати адлияи ин кишвар таҳқиқоти густардаро дар мавриди пайдо кардани манбаъ ва ифшогари асосии ин иттилоот оғоз кардааст.

Бино ба иттилои Ожонси хабарии Бохтар, ифшои ин асноди маҳрамона, бавежа маълумоти ҳассос дар бораи ҷанги Украина мақомоти низомии Амрикоро сахт нигарон кардааст. Зеро дар ин асноди маҳрамона ҷузъиёти заъф дар артиши Украина, ба хусус камбуди муҳиммот ва падофанди ҳавоӣ зикр шудааст.

Тибқи асноди ифшошуда, Миср барои таъмини даҳҳо ҳазор силоҳи навъи мушакӣ бо Русия мувофиқат кардааст. Гуфтанист, худи Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср ба нерӯҳои низомияш дастур дода, ки ҳангоми интиқоли аслиҳа ба Русия аз сиррияти том истифода кунанд, ки мабодо дар сурати ифшо шудани маълумот “бо Ғарб ба мушкилӣ рӯбарӯ нашавад”. Аммо мақмоти Миср инро рад мекунаднд.

Гуфта мешавад, тибқи нишондодҳои ин асноди маҳрамона, ҷосусони Амрико дар артиши Русия нуфузи амиқе доштаанд ва ҳамзамон Вашингтон аз кишварҳои ҳомӣ ва муттаҳиди худ низ ҷосусӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки “The Washington Post” асноди ифшошудаи махфии беш аз 50 саҳифагии Пентагон ва Идораи марказии иктишофии Амрикоро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, дар аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ширкати хусусии низомии “Вагнер”-и Русия барои харидани яроқ ба ҷангиёнаш дар Малӣ ва Украина бо Туркия – кишваре, ки ба ҳайати НАТО дохил аст, гуфтушунид анҷом додааст.

Размоиши муштараки Тоҷикистону Эрон

0

Қарор аст нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар якҷоягӣ размоиши муштаракаи низомӣ баргузор кунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Тасним“-и Эрон, як ҳайати низомие зери раҳбарии генерал Шараф Эгамзод, ҷонишини Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба Эрон сафар карда, бо ҳамтои эронии худ “дар хусуси чигунагии баргузории размоишҳои мураккаб бо ҳамкории ду кишвар” гуфтугӯ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин дидор Ҳусейн Валиванд Замонӣ, фармондеҳи Донишгоҳи фармондеҳӣ ва Ситоди артиши Эрон ҳам гуфта, ки “Донишгоҳи фармондеҳӣ ва Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иртибот бо кишварҳои дӯст ва ҳампаймон, аз ҷумла Тоҷикистон дар тамоми ҳавзаҳо ва бавежа ҳавзаи дифоӣ ва низомӣ истиқбол мекунад ва умедвор ҳастем, ки таъомулоти байни ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.”

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки омӯзишҳои низомӣ дар Тоҷикистон торихи тӯлонӣ дорад ва чун омӯзишҳои анҷомшуда дар Эрон шабоҳати бисёре бо омӯзишҳои низомӣ дар Тоҷикистон дорад, “умедворем битавонем дар арсаҳои дифоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо гомҳои хубе бардорем.”

Дар хусуси ин сафар ва вохӯрии расмии намояндагони низомии Тоҷикистон бо намояндагони Эрон то ҳол расонаҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус маркази матбуоти Вазорати мудофеи кишвар иттилое нашр накардааст.

Ҳамкории Русия бо Толибон нархҳоро дар Афғонистон коҳиш додааст

0

Вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати сарпарасти Толибон мегӯяд, ки мо беҳтарин тиҷоратро бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҷумла бо Тоҷикистону Узбекистон дорем.

Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон дар суҳбат бо телевизони миллии Афғонистон гуфтааст, “мо ҳамроҳи Узбекистон, Қазоқистон ва ҳатто Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратӣ дорем”. Ӯ мегӯяд, кишвараш бо Туркманистон ва Русия “дар арсаи маводи нафтӣ беҳтарин тиҷоратро” дорад.

Ба гуфтаи вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон “ба ҳама дӯстон маълум аст, ки дар замистон ва ҳоло ҳам мо аз тариқи ҳамон барномаҳое, ки ҳамроҳи кишвари Русия доштем, қимати маводҳои нафтиро контурл мекунем, алҳамду Лиллоҳ, қиматҳо хеле коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки қиматҳои ҷаҳонӣ сарсоновар боло рафтароист.”

Нуриддин Азизӣ дар идома таъкид карда, ки “мо хусусан ҳамроҳи кишварҳои ҳамсояе, ки дар чор тарафи мо ҳаст, як равобити бисёр ҳасанаи тиҷоратӣ дорем. Ҳамроҳи Чин беҳтарин тиҷоратро дорем, ки дар ҳудуди 98 дарсад аз ақломи содиротии Афғонистон бо як миконизми хос ба кишвари Чин ҳам содирот мешавад.”

Гуфта мешавад, аз замоне ки Толибон дубора дар 15-уми августи соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат омаданд, то ҳол ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст, вале амалан тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо Толибон равобити хуби тиҷоратӣ ва дипломатӣ ҳам доранд. Ин амр боис шуда, ки тибқи омори солонаи мақомоти Толибон, ин кишвар барои нахустин бор дар торихи худ содироташро ба ду миллиард доллар расонид.

Мулоқоти сафирони Риёз ва Теҳрон дар Тоҷикистон

0

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки шоми дирӯз дар меҳмонии ҳамтои Арабистониаш буд, бо нашри чанд акс хушҳолии худро ба намоиш гузоштааст.

Шоми 10-уми апрели соли 2023 Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, “бо даъвати ҷаноби оқои Валид бин Абдурраҳмон Ар-Рушайдон, сафири муҳтарами Арабистони Саудӣ дар зиёфати ифтори эшон ширкат намудам.”

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар идома таъкид карда, ки ин “меҳмонӣ дар фазои самимӣ буд ва гуфтугӯҳои хубе анҷом шуд.”

Дар аксҳои нашршуда, дида мешавад, ки сафирони Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар як миз паҳлуи ҳам нишаста ва дар паҳлӯи рости сафири Арабистони Саудӣ раиси Макази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода низ ҳузур дорад.

Инчунин дар ин миз, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон ва Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломишиносии назди Президенти Тоҷикистон низ ҳузур дорад ва якҷоя ҳама даст ба дуо бардоштаанд.

Гуфта мешавад, бо дидани ин аксҳо ва чеҳраҳои шиносе, ки то чанд рӯзе пеш аз минбарҳои мухталиф алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон “сангпартоӣ” мекарданд, ҷолиб он аст, ки акнун бо баракати сулҳу оштии чинӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ барои ҳокимони Риёз ва Теҳрон ба армуғон овард, Саидмукаррам Абдуқодирзода, Сулаймон Давлатзода ва Файзулло Баротзода, се раҳбари минбарҳои таблиғотии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳам ночор бо сафири Эрон сари як хон нишаста, бо табассумҳои “намакин” ба рӯи якдигар менигаранд.

Мулло Абдулҳаннон ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи вилояти Хатлон мулло Абдулҳаннон Усмонов (Маннонов) – қаҳрамони навори баҳсбаренгез дар шабакаҳои иҷтимоиро барои 6 сол равонаи зиндон кард. 

Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонии 51-сола охири ҳафтаи гузашта баргузор шуда, додрас ӯро бо иттиҳоми даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор кардааст.

Вакили дифоъ Саидҷаббор Алиев рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ карда, аз рафти мурофиа тафсилот надодааст. 

Назари худи маҳкумшуда ва пайвандонаш дастраси расонаҳо нест ва маълум нест, ки оё қасди аз болои ҳукм шикоят бурдан доранд ё не. 

Дар ҳоле Абдулҳаннон Усмонов ба 6 соли зиндон маҳкум мешавад, ки мақомот се моҳ парвандаашро тафтиш кардаанд ва худи ӯ дар ин муддат дар Боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштааст. 

Мақомот то ҳол аз ҷузъиёти парвандаи ин рӯҳонии тоҷик чизе нагуфтаанд. 

Моҳи январи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ин рӯҳонии тоҷик вориди ҳавлие мешавад, ки дар он туйи домодӣ мегузашт, ӯ дар ҳол монеи рақсу бозии мардум мешавад ва меҳмонони тӯйро аз хона меронад. 

Ин навор баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои итҷимоии тоҷикӣ ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ, тарафадор ва мухолифи ин амал тақсим карда буд.

Дертар маълум гашт, ки Абдулҳаннон Усмонов, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа буда, домод бародарзодааш будааст. 

Рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ ВКД-и Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошт ва ҷазо додани ин рӯҳонӣ хабар дода буд. Аммо дар он дақиқ гуфта намешуд, ки мақомот нисбати ин рӯҳонӣ чӣ навъи ҷазоро татбиқ кардаанд.  

Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфта буд, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ кардааст, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст.

Дар наворе, ки ВКД нашр кардааст, мулло Абдулҳаннон мегӯяд, ки аз ин амали бародарзодааш асабӣ шуда, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Ӯ дар идома бахшиш пурсида гуфт, ки “як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”. 

Аксари корбарон ин амалкарди рӯҳонии тоҷикро кори шахсӣ ва хонаводагии ӯ дониста, боздошт ва зиндонӣ шуданашро аз ҷониби мақомот ғайриқонунӣ медонанд. Ба гуфтаи яке аз корбарон, ки дар суҳбати хусусӣ бо Azda tv дошт, “мақомот дар умури хонаводагӣ ва хусусии мардум набояд дахолат кунад ва агар ин рафтори рӯҳонӣ мухолифи қонун мебуд, бояд бо ҷазои сабуктаре, ба монанди ҷарима озод мешуд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки чанд соли ахир нисбати дигарандешон, бахусус диндорон мавқеи сахтеро пеш гирифтааст, дар андактарин хилофкорӣ шаҳрвандонро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад.”

Фарёди “Марг бар Исроил” дар назди сафорати ин кишвар дар Лондон

0

Рӯзи ҷумъа, 7-уми апрели соли ҷорӣ садҳо нафар аз сокинони Бритониё дар назди сафорати Исроил дар Лондон дар эътироз ба юруиши нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсо даст ба гирдиҳамоии эътирозӣ зада, шиори “Маркг бар Исроил”-ро сар доданд.

Гуфта мешавад, ин таҷаммӯи эътирозӣ дар назди сафорати Исроил дар Лондон бо тадобири шадиди амниятӣ баргузор шудааст.

Ширкаткунандагон дар ин ҳаракати эътирозӣ бо сар додани шиорҳои зидди саҳюнистӣ ва бо бардоштани парчами Фаластин ҳимоти худро аз мардуми ин кишвар ба намоиш гузоштанд.

Эътирозгарон ҳамчунин аз хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ҳамлаҳои бедалели нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсо ва латку кӯбу боздошти намозгузорони фаластинӣ интиқод карда, хостори вокуниши созмонҳои ҳуқуқӣ бар ин ҳамлаҳо шуданд. Ҳамчунин эътирозгарон аз мақомоти Исроил дархости раҳоии боздоштшудаҳоеро, ки дар ин ҳаводиси ахир асир шудаанд, карданд.

“Вагнер” аз Туркия мехост силоҳ бихарад?

0

Ширкати хусусии низомии “Вагнер”-и Русия барои харидани силоҳ бо Туркия гуфтугӯҳое анҷом додааст.

Рӯзноманигорони “The Washington Post” беш аз 50 саҳифаи санадҳои махфии ифшошудаи Пентагон ва Идораи марказии иктишофии Амрикоро хондаанд, ки дар он гуфта мешавад, дар аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ширкати хусусии низомии “Вагнер”-и Русия барои харидани яроқ ба ҷангиёнаш дар Малӣ ва Украина бо Туркия – кишваре, ки ба ҳайати НАТО дохил аст, гуфтушунид анҷом додааст.

Дар он гуфта мешавад, ки президенти муваққати Малӣ Ассими Гоита тасдиқ кардааст, ки кишвараш омода аст аз Туркия барои “Вагнер” силоҳ бихарад.

Аз ин санадҳо маълум нест, ки музокирот чӣ гуна анҷом ёфт ва мақомоти Туркия дар бораи онҳо чизе медонистанд ё на. Дафтари матбуоти ҳукумати Туркия ва сафорати Малӣ дар Вашингтон аз шарҳи хабар ба рӯзномаи “The Washington Post” худдорӣ карданд.

Дар санадҳо ҳамчунин мавқеи Чин нисбат ба ҷанги Украина оварда шудааст. Ба ба додаҳои истихбороти амрикоӣ, Чин ҷонибдори харобкории украиниҳо дар Русия аст. Зеро бо ин роҳ НАТО-ро таҷовузгар номида, кумак ба Русияро афзоиш медиҳад.

Дар санадҳо инчунин дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ва озмоишҳои мушакии Куриёи Шимолӣ низ гуфта шудааст.

Инчунин ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ санадҳои махфии ифшошудаи Пентагон дорои маълумоти тактикӣ дар бораи ҷанг дар Украина, аз ҷумла имконоти ҷангии ин кишвар аст. Дафтари президенти Украина ифшои санадҳои махфиро “фотошоп” номид.

Аммо шабакаи телевизионии “CNN” бо такя ба як манбаи наздик ба президенти Украина Владимир Зеленский хабар медиҳад, ки Киев ба далели ифшои асноди махфии Пентагон бархе аз нақшаҳои низомии худро тағйир додааст. 

Чун дар ин санадҳо харитаи амалиёти ҷангӣ дар Баҳмути Украина, таъмини силоҳ, инчунин дар бораи тамрин ва таҷҳизоти даҳҳо бригадаи наве, ки Украина барои ҳамла омода мекунад, тафсилот дода мешавад, аз ҷумла дар он ҳамаи тонкҳо, мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳҳои аз ҷониби ғарбиҳо ба Украина интиқолёфта номбар шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ нашрияи амрикоии “The New York Times” хабар дод, ки санадҳои махфии низомие дар Твиттер ва Телеграм нашр шудааст, ки дар он аз нақшаҳои ИМА ва НАТО дар бораи рушди артиши Украина тафсилот дода шудааст. Аммо тадқиқотгарони “Bellingcat” муайян карданд, ки асноди махфии ахиран нашршуда рӯзҳои 1 ва 2 март дар сервери “Discord” бо номи “WowMao” паҳн шуда буданд, ва манбаи аслӣ метавонад онро аз ин ҳам пештар нашр карда бошад.

Баъдтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи нави асноди махфӣ пайдо шуд, ки эҳтимолан дар он аз сирри амнияти миллии Амрико дар бораи Украина, Ховари Миёна ва Чин тафсилот дода мешавад.

То ҳол манбаи асосоии ифшои ин санадҳо муайян нашудааст. Тавре дар хабарҳо гуфта мешавад, санадҳои нашршуда барои мансабдорони воломақоми ИМА, аз ҷумла фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ генерал Марк Милли пешбинӣ шудаанд.

Вазорати адлияи ИМА рӯзи 9-уми апрели соли ҷорӣ аз оғози таҳқиқи ифшо шудани санадҳои махфии Пентагон ва Идораи марказии иктишофии Амрико хабар дод. 

СММ озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекунад

0

Қарор аст ҳафтаи оняда гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳаид (СММ) дар умури озодиҳои динӣ ба Тоҷикистон сафар кунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоити СММ, хонум Нозила Ғана, гузоришгари вежаи СММ дар умури озодиҳои динӣ аз рӯзҳои 11-ум то 21-уми апрели соли ҷорӣ барои арзёбии озодиҳои динӣ, ақаллиятҳои мазҳабӣ, озодии баён, баробарии зану мард ва ҳуқуқи кӯдакон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Гузоришгари вежаи СММ ҳамчунин талошҳои Тоҷикитонро дар ростои фароҳам овардани шароити ҳамзистиии осоиштаи пайравони мазҳабҳои мухталиф ва ба ҳам овардани онҳоро дар мубориза бо ифротгароӣ арзёбӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, Гузоришгари вежаи СММ дар ҷараёни боздиди 11-рӯзаи худ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон, рӯҳониён, намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард. Гуфта мешавад, вай ҳамчунин аз мақомоти тоҷик масъалаи боздид аз шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон дархост хоҳад кард.

Дафтари матбуоти СММ мегӯяд, хонум Нозила Ғана дар поёни сафараш рӯзи ҷумъа, 21-уми апрели соли ҷорӣ соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ дар қароргоҳи СММ дар Душанбе нишасти хабарӣ доир карда, мушоҳидаҳо ва хулосаи маъмурияташро ба хабарнигорон иро хоҳад кард.

Гуфта мешавад, хонум Нозила Ғана дар моҳи марти соли 2024 хулосаи сафари худ ба Тоҷикистонро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гузориш медиҳад.

Сафари гузоришгари СММ дар умури озодиҳои динӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз соли 2016 ба ин тараф ҳамасола Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун поймолкардани озодиҳои динӣ, адами риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои мазҳабӣ ва ғайра мавриди интиқод сахт қарор мегирад.

Амрико дар гузориши ахири худ дар мавриди озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари поймолкунандаи ҷиддии озодиҳои динӣ муаррифӣ кард. Инчунин созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар гузоришҳои худ борҳо овардаанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ маҳдудиятҳои зиёде болои диндорон ҷорӣ кардааст, ки ҳатто то 18-сола наметавонад ба масҷид биравад.

Аммо мақомоти тоҷик ҳамеша мегӯянд, гузоришҳои ин созмонҳо якҷониба аст. Онҳо бештар аз шумори масҷидҳо ва рафтани мардум ба намозҳоро мисол меоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳеч зани ҳиҷобдор ҳақ надорад ба идораҳои давлатӣ ва ҳатто ба донишгоҳҳо ворид шавад.