12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 333

Нақша иҷро шуд, аммо “облава” идома меёбад

0

Мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст. Дар ин бора Вазорати дифои кишвар хабар дод.

Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар рӯзҳои аввали даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро пурра иҷро карда, инчунин шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Дар хабари вазорат гуфта шудааст, ки агарчи нақша пурра дар вақташ иҷро шуда бошад ҳам, аммо тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”  ҷавонон барои омӯзиш ва омодагӣ ба хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Инчунин Вазорати дифоъ аз мақомот ва ҷавонону волидоне, ки дар ин давра фарзандонашонро ихтиёрӣ ба артиш фиристодаанд, изҳори сиппосу миннатдорӣ кардааст.

Пештар Вазорати дифоъ аз зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва дар сари вақт иҷро шудани нақшаи даъват гуфта, онро ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт дода буд. Аммо шикояти сокинон ба расонаҳо акси гуфтаҳои вазоратро нишон дода, гуфта мешавад, ки сафи ҷавононе, ки ба артиш мераванд, кам шуда истодааст.

Ҳатто имсол хабарҳо нашр шуд, ки дар аксари ҷамоату деҳоти Тоҷикистон масъулони комиссариятҳои ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомот барқро аз мардум қатъ карда, талаб карданд, ки ба онҳо сарбоз биёранд ва ё онҳое, ки дар муҳоҷиратанд барганд ва дар сафи артиши кишвар хидмат кунанд, дар акси ҳол ба онҳо барқ дода намешавад.

Шароити адои хидмат дар артиши Тоҷикистон хеле бад арзёбӣ мешавад. Яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон ин бадрафторӣ бо сарбозон ва ҳатто кушта шудани ҷавонон бар асари лату кӯб дар қимсҳои низомии кишвар гуфта мешавад.

Мақомот барои рафъи мушкилот чора наандешида, балки онро инкор мекунад ва барои пур кардани сафи артиши кишвар аз усули “облава” ё ҳамон сарбозшикор истифода мебаранд.

Кушта шудани раҳбари ДИИШ дар Сурия

0

Рӯзи чоршанбе, 30-уми ноябри соли ҷорӣ, гурӯҳи ДИИШ бо нашри паёми савтие аз кушта шудани як раҳбари худ бо номи Абуҳасан Қурайшӣ хабар дод.

Ба гузориши расонаҳо, Абуумар Муҳоҷир, сухангӯи ДИИШ дар як паёми савтие гуфтааст, савумин раҳбари ин гурӯҳ “дар яке аз набардҳои ахир” кушта шудааст. Аммо чӣ гуна ва дар кадом минтақа кушта шудани Қурайшӣ маълум нест.

Дар вокуниш ба ин хабар, сухангӯи Шӯрои амнияти Кохи Сафед гуфт, ки “аз хабари кушта шудани яке аз раҳбарони ДИИШ истиқбол мекунем, вале дар ҳоли ҳозир ҳеч ҷузъиёте аз кушта шудани ӯ дар даст надорем”.

Абуҳасан Қурайшӣ пас аз кушта шудани раҳбари собиқи ДИИШ Абуиброҳими Қурайшӣ дар моҳи феврали соли гузашта аз ҷониби нерӯҳои Амрико дар шимоли Сурия, раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда гирифта буд.

Барканории сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари Халқ”

0

Эмомалӣ Раҳмон сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбашро аз вазифа барканор ва шахси дигареро дар ин курсӣ таъйин кард.

Имрӯз, 30-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ҷаласа Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари Халқ”-ро аз вазифааш барканор кард.

Ба гуфтаи сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Бахтиёр Ҳамдамов аз вазифаи сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» озод шуда, Рауфзода Суҳроб Холмурод ба вазифаи сармуҳаррири рӯзнома интихоб гардид.”

Гуфта мешавад, Бахтиёр Ҳамдавом, адабиётшинос ва журналисти тоҷик аст, ки солҳои зиёд ба ҳайси сармуҳаррири ин рӯзномаи ҳизби ҳоким фаолият кардааст. Вай номзади илмҳои филологӣ буда, зодаи шаҳри Истаравшан ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.

Аврупо хостори таҳқиқи ҷиддии ҳамлаҳои Русия дар Украина шуд

0

Иттиҳоди Аврупо иддао дорад, ки барои таҳқиқи таҷовузҳои Русия дар Украина як додгоҳи ҷудогона бо пуштибонии Созмони Миллал ташкил карда шавад.

Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен рӯзи чоршанбе пешниҳод кард, ки парвандаи қатлу таҷовузҳои Русия дар Украинаро бояд як додгоҳи махсус аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид таҳқиқи ҳамаҷониба кунад.

Раиси Комиссияи Аврупо дар як изҳороти видеоӣ гуфт: “Дар баробари идомаи дастгирии Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, мо пешниҳод мекунем, ки як додгоҳи махсусгардонидашуда бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид барои таҳқиқ ва таъқиби ҷиноятҳои таҷовузкоронаи Русия таъсис дода шавад”.

“Мо омодаем, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунем, топуштибонии васеътари байналмилалиро барои ин додгоҳи тахассусӣ ба даст орем”, – мегӯяд Фон дер Ляйен.

Ин дар ҳолест, ки Киев борҳо аз муттаҳидони ғарбии худ даъват карда буд, ки додгоҳи байналмилалие таъсис диҳанд, то мақомоти Русия ва сарбозоне, ки дақиқ шудааст, дар Украина ба ҷиноёти ҷангӣ даст задаанд, муҳокима кунанд.

Бо идома ёфтани ҷанги Русия дар Украина мавқеи Ғарб дар қиболи Маскав то рафт шадидтар мешавад. Ҳафтаи гузашта порлумони Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки Русияро давлати ҳомии терроризм эълон кард. Кремл қаблан ҳама иттиҳомот дар бораи ҷиноятҳои эҳтимолии сарбозони рус дар Украинаро рад карда буд.

Рӯзи даҳуми Ҷоми ҷаҳон-2022

0

Дар рӯзи даҳуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар давлати Қатар бозиҳои ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ шурӯъ шуд. Дар ин рӯз мунтахабҳои Қатару Ҳоланд, Эквадору Сенегал дар гурӯҳи “А” ва Эрону ИМА ва Англияву Уэлс дар гурӯҳи “B” бо ҳам бозӣ карданд.

Давлати Қатар, ки мизбони Ҷоми ҷаҳони футбол аст аз мунтахаби Ҳоланд бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд. Дар таърихи Ҷоми ҷаҳон бори аввал аст, ки мизбон дар 3 бозии марҳилаи гурӯҳи мағлуб мешавад.

Дар ин вохӯри ҳамлагар Коди Гапко дар дақиқаи 26 ва нимҳимоятгари ҳолландӣ Френки Де Йонг дар дақиқаи 49 тӯбҳоро ба ҳадаф расонданд.

Бозии дигар миёни мунтахабҳои Эквадор ва Сенегал бо ҳисоби 1:2 анҷом шуд. Дар нимаи аввали бозӣ дар дақиқаи 44 тӯбро аз пеналти Исмаила Саар футболбози сенегалӣ ба нишон расонда, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 67-уми вохӯрӣ нимҳимоятгари Эквадор Мойсес Кайседо ҳисобро баробар кард. Аммо Калиду Кулибали капитани мунтахаби Сенегал баъд аз 2 дақиқа тӯбро ҳадаф расонд боз тимашро ба пеш баровард.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи “А” Ҳоланд бо 7 ва Сенегал бо 6 имтиёз ба даври 1/8 финал роҳхат гирифтанд.

Бозиҳои баъдӣ дар гурӯҳи “B” миёни мунтахабҳои Англияву Уэлс ва Эрону ИМА баргузор гардид.

Футболбозони мунтахаби Англия Маркус Рашфорд ва Фил Фоден дар дақиқаҳои 50, 61 ва 68 се голи бе ҷавоб ба дарвозаи Уэлс зада, барои тимашон пирӯзӣ оварданд.

Вохӯрӣ миёни мунтахабҳои Амрико ва Эрон дар ҳузури 44 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи “Ал-Тумама” баргузор гардида, бозӣ ба фоидаи мунтахаби Амрико ба ҳисоби 1:0 анҷом ёфт ва голро дар дақиқаи 38-ум Кристиан Пулишич зад.

Ҳамин тариқ дар гурӯҳи “B” Англия 7 ва ИМА 5 имтиёз ба даст оварда, ба даври 1/8 финал роҳхат гирифтанд.

То ҳол аз 32 мунтахаб Ҳоланд, Сенегал, Англия, ИМА, Фаронса, Бразилия ва Португалия ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар далати Қатар аз 20-уми ноябр оғоз шуда, финали қаҳрамонӣ рӯзи 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд.

Нишасти изтирории Иттиҳоди Аврупо дар бораи муҳоҷирон

0

Визирони корҳои дохилии Иттиҳоди Аврупо пас аз муноқишаи тунди Фаронса ва Италия бар сари муҳоҷирони ғайриқонунӣ, нишасти изтирорӣ ташкил карданд.

Италия, Юнон ва Испания кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Аврупоро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар пазируфтани муҳоҷирон ба онҳо кумаки заруриро намекунанд ва селаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ болои онҳо фишори зиёде овардааст.

Аммо дар ҷаласаи қаблии ин ниҳоди аврқпоӣ Фаронса Италияро ба он айбдор кард, ки қонунҳои баҳриро дуруст риоят намекунад ва ин сабаби ворид шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ шудааст.

Мавзӯи ин ки кадом кишвари узви Иттиҳоди Аврупо бояд муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки вориди он мешаванд, бештар пазироӣ кунад, яке аз мушкилоти ҳамешагӣ дар нишастҳои вазирони ин иттиҳодия табдил шудааст.

Пас аз таҳаввулоти “Баҳори арабӣ” дар соли 2011 ва дигар мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишварҳои шарқӣ, мавҷҳои муҳоҷират ба кишварҳои аврупоӣ бештар шуд. Солҳои ахир мақомоти Аврқпо мегӯянд, муҳоҷиратҳои ғайриқонунӣ ба кишварҳои онҳо низ афзоиш ёфтааст. Сол то сол қонунҳо барои танзими мавҷҳои ғайриқонунии муҳоҷират дар ин кишварҳо шадидтар мешавад.

БРА: Иқтисоди Тоҷикистон соли 2023 рушд мекунад

0

Мувофиқи таҳлилҳои ахири Бонки Рушди Авруосиё, дар соли 2023 иқтисоди Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа рушди аз ҳама бештарро хоҳад дошт.

Акс аз “www.btv.md”

Тавре “Авесто” хабар дод, таҳлилгарони Бонки Рушди Авруосиё дар таҳлилҳои худ афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар соли 2023 то ҳадди 6,5% арзёбӣ кардаанд.

Ба гузориши БРА, ки рӯзи 29-уми ноябри соли ҷорӣ нашр шуд, паҳншавии пандемияи оламгир ва пас аз он пастравии рубли русӣ боис шуд, ки иқтисоди кишварҳои минтақа соли 2020 рӯ ба таназзул биёрад.

Тавре дар гузориш омадааст, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021, пас аз коҳиши шадиди он дар соли 2020 дар пасманзари иншори коронавирус, 9,2 дарсадро ташкил додааст.

Тибқи пешгӯиҳои таҳлилгарони БРА, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда дар миёни кишварҳои минтақа баландтарин хоҳад буд.

“Иқтисодиёти Арманистон ва Қазоқистон дар соли 2023 дар сатҳи 4,2%, Қирғизистон – 3,5%, Беларус – 0,3% ва инчунин коҳиши иқтисоди Русия дар сатҳи -2% пешбинӣ шудааст.”

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, тибқи пешгӯии мутахассисони БРА, дар соли 2023 аз 6,9%-и охири соли ҷорӣ то 6% коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин таҳлилгарони БРА дар гузориши худ, коҳиши тадриҷии қурби пули миллӣ-сомониро дар ду соли оянда пешбинӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, интизор меравад, ки қурби пули тоҷик дар баробари доллар то охири соли ҷорӣ наздик ба 10,2 сомонӣ (барои 1 доллар) ва дар соли 2023 ба ҳисоби миёна 10,7 сомонӣ поён равад.

Баҳси курпаву курпачадӯзӣ дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон

0

Президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо аъзои ҳукумат дар маҷлиси навбатии худ дар бораи курпаву курпачадӯзӣ ва густариши ин намуди ҳунари мардумӣ суҳбат карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 29-ноябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар раъси маҷлиси навбатии Ҳукумат ширкат карда, бо тими кориаш дар бораи рушди ҳунарҳои мардумӣ баҳс кардааст.

Ба қавли манбаъ, “қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имконият фароҳам овард, ки дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ таъсис ёфта, раванди омӯзиши рушди ҳунарҳои мардумӣ тақвият ёбад.”

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир,”8 корхона ба намуди фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ва дар 38 шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишию истеҳсолии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, мунтазам фаъолият доранд.

Аз ҷониби корхонаю марказҳои ҳунарӣ матои атласу адрас, курпаю курпача, рахти хоби ороишӣ, болишти гулдӯзӣ, тоқӣ, сӯзанӣ, ҷома, куртаи чакан ва дигар номгӯи маҳсулоти мардумӣ истеҳсол карда шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта мешаванд.”