Хона блог саҳифа 743

Чаро бахши “Россия сегодня” дар Тоҷикистон кушода нашуд?

0
Фото: Пресс-служба МИД РФ

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар мавриди мушкилии ифтитоҳи бахши Агентии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон гуфтааст.

Ба иттилои хабаргузории “Спутник” рӯзи 14 октябр Вазири умури хориҷаи Русия бо радиоҳои Русия мусоҳиба анҷом додааст.

Лавров дар мавриди то ба имрӯз ифтитоҳ нагардидани бахши Агентии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон гуфтааст:

“Ман ҳам бар онам, ки мисолҳои зикргардида, аз ҷумла, мушкилии расонаҳои мо то охир ба эътидол оварда нашудаанд. Боварӣ дорам, ки мо ин мушкилиро ҳал мекунем, аммо розиям, ки он набояд пеш меоамад. Бо дарназардошти муносибатҳои мо, ҳамаи он корҳое, ки мо мекунем дар амал, иштирокамон дар иттиҳодҳои муштарак ва назардошти манфиатҳоямон бояд автоматӣ ва равшантар мешуданд”.

Лавров дар идома иброз доштааст: “Кишвар пурра аз мо вобаста аст, аммо ҳар кор хоҳанд мекунанд”.

“Ман наметавонам, маҳкум кунам, дар ҳоле, ки ба ҷанбаҳои амалии муносибатҳои мову шариконамон машғулам. Шумо рӯзноманигорон имконият доред, ки ба вазъият баҳои объективӣ диҳед. Вақте ки дар расонаҳо саволҳои амалиро ба пеш мегузоранд, албатта доим омодаем, ки онҳоро ба назар гирем ва дар сиёсати амалии худ аз он истифода барем”, – мегӯяд, Лавров.

Вазорати алоқа танҳо ба таври автоматӣ муносибатҳои иттифоқии байни кишварҳоро ба назар нагирифтанд, барои ҳамин вазоратҳои алоқа бояд фаъолона дар гуфтушунидҳо ширкат варзанд, – гуфтааст, Вазири умури хориҷии Русия.

Ҳамчунин Лавров дар мавриди омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикиситон гуфтааст: “Тоҷикистон мувофиқи созишҳо барномаи махсуси омодасозии муаллимони забони русӣ ва рушди забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Чунин барномаҳо дар Қирғизистон низ ба роҳ монда шудаанд”.

Чанде пеш хабаргузориҳо иттило доданд, ки Русия ба Тоҷикистон шарт гузоштааст, ки омӯзгоронеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон мераванд ба ҷойи зист таъмин намояд.

Президенти Қирғизистон ба истеъфо рафт, эътирозгарон ба хостаҳои худ расиданд?

0
Сурат: Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон

Сооронбай Жээнбеков аз вазифаи президенти Қирғизистон истеъфо дод. Дар муроҷиати Жеенбеков, ки рӯзи 15 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки вазъ дар Бишкек пас аз интихоботи баҳсбарангези парлумонӣ, ки натиҷаҳои онро мухолифин қабул надорад, шадид боқӣ мондааст.

“Аз як тараф эътирозгарон аз тарафи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбуранд, ки барои ҳимояи манзили давлатӣ аз силоҳ истифода баранд. Дар ин ҳолат, хун рехта мешавад, ин ногузир аст. Ман ҳарду ҷонибро даъват мекунам, ки ба иғвоҳо дода нашаванд. Барои ман сулҳ дар Қирғизистон, тамомияти кишвар, ваҳдати мардуми мо ва оромии ҷомеа аз ҳама чиз болотар аст.

Барои ман аз ҳаёти ҳар як ҳамватанам чизи азизтаре нест. Ман дар қудрат боқӣ монданӣ нестам. Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кардааст, сабт шавам. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам.”

Истеъфои Жээнбековро сарвазири нав Содир Жапаров хостааст. Жапаров як рӯз пеш бо Жээнбеков мулоқот карда буд, аммо Сооронбой Жээнбеков аз тарки вазифа худдорӣ кард.

Субҳи рӯзи чоршанбе Жээнбеков, Жапаровро сарвазири ҳукумат таъин кард. Дарҳол пас аз таъйини Жапаров ба сарвазирӣ, ӯ дубора дар бораи истеъфои Жээнбеков сухан гуфт.

“Истеъфои президенти Қирғизистон талаби мардум аст. Имрӯз ман ба назди президент меравам ва мо ин масъаларо ҳал хоҳем кард” – гуфта буд Жапаров ба хабарнигорон.

Дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр интихоботи парлумонӣ баргузор гардид. Дар он 16 ҳизб иштирок намуда, танҳо 4 ҳизби наздик ба ҳукумат вориди парлумон шуданд.

Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон эътирозҳо рӯзи 5 октябр бо иштироки ҷонибдорони ҳизбҳое шурӯъ шуд, ки дар интихоботи маҷлиси қонунгузории кишвар садди ҳафтфоизаро нагузаштанд ва вориди парлумон нашуданд. Ин эътирози мардум ба задухурд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ печид.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар задухӯрдҳо тақрибан 1200 нафар маҷрӯҳ шуда, як нафар ба ҳалокат расидааст.

Наздиктар ба шаби 6 октябр, эътирозгарон тавонистанд ба Кохи Сафед, ки дар он ҷой парлумони Қирғизистон ва маъмурияти президент ҷойгираст, ворид шаванд. Баъдтар, дар бино сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи тазоҳургарон, шахсони номаълум як идораро оташ задаанд, сипас оташ ба дигар биноҳо паҳн шудааст.

Қисми дигари эътирозгарон ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омаданд, ки дар он ҷо президенти пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар СИЗО нигоҳдорӣ мешуд, ва бо иттиҳоми фасод ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд,  дарвозаҳои биноро шикаста, президенти собиқро аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод карданд. Бо дархости тазоҳургарон, собиқ сарвазири ҷумҳурӣ Сапар Исаков ва собиқ депутат Содир Жапаров низ озод карда шуданд.

Рӯзи 6 – и октябр КМИ ҶҚ дар натиҷаи фишори эътирозгарон натиҷаҳои интихоботи парлумониро беътибор эълон кард. Рӯзи 9 октябр эътирозҳо дар Бишкек дигарбора оғоз шуд. Дар майдони марказӣ миёни тарафдорон ва мухолифони сарвазир Содир Жапаров задухӯрд ба амал омад. Ҳафт нафар, аз ҷумла раҳбари оппозисиюн Тилек Токтогазиев маҷрӯҳ шуданд.

Рӯзи 9 октябр Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо фармони худ дар Бишкек вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва рӯзи 13 октябр бо дастгирии ҳамаи вакилон вазъи фавқулодда то рӯзи 21 октябр тамдид карда шуд.

Баъд аз чанд рӯзи озод шудани Отамбаев ӯро рӯзи 10 октябр боз боздошт карданд. Ӯро ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек гунаҳкор медонанд. Дирӯз 14 октябр порлумони Қирғизистон, Содир Жапаровро расман ба мақоми сарвазир интихоб карда, инчунин ҳайат ва барномаи ҳукуматро тасдиқ кардааст.

Сарвазири тозаинтихоби Қирғизистон дар масъалаи боздошти Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки мешавад Ӯро аз ҳабс озод намуд ва то охири тафтиш ба ҳабси хонагӣ супоранд. Аммо инро додгоҳ бояд ҳал кунад. Субҳи 14 октябр дар назди деворҳои хонаи ҳукуматӣ дар маркази пойтахти Қирғизистон як занозании хурд рух дод, хабар медиҳад хабарнигори РИА Новости.

Пештар хабар дода шуд, ки тазоҳургарон дар назди бинои ҳукумат дар маркази Бишкек ҷамъ омада, истеъфои президенти кунуниро талаб доранд. Суол ба миён меояд, ки ин нооромиҳо дар Қирғизистон чи таъсире дар вазъи минтақа хоҳад дошт ва коршиносону нозирон чи мегӯянд?

Баъзе нозирон нисбати ҳаводиси Қирғизистон мавқеи бетарафиро ишғол карданд. Ба назари бисёриҳо, чунин менамояд, ки Қирғизистон симои “ҷазираи демократия дар Осиёи Марказиро” аз даст медиҳад ва ҳоло ҳамчун як кишвари ноороми сиёсӣ ва бо бӯҳрони ҳукуматӣ дида мешавад.

Прократураи генералии Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддинро дар пайгард қарор дод

0
Сурат: аз видеои муаллиф

Прокуратураи генералии ҶТ нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин муассиси пойгоҳи интернетии “Ислоҳ”, бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар кофтукоб қарор додааст.  Дар ин бора дар сомонаи расмии прокуратураи генералӣ хабар дода шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки феълан дар Аврупо қарор дорад, ба он айбдор мешавад, ки соли 2010 вақте дар Дубай қарор дошт, бо ваъдаи 10%-12% даромад аз Кабутов. Н, Холов С ва Қаюмов Н 430 ҳазор$-ро гирифта дигар барнагардондааст.

Ба навиштаи сомонаи расмии прокуратураи генаралӣ ба ин ниҳод шаҳрвандоне бо номи Неъматулло Кабутов, Сиёвуш Холов ва Носиҳиддин Қаюмов аз “кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садуридинов, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, соли таваллудаш 15-уми майи соли 1978” шикоят бурдаанд.

Аммо то ҳол Муҳаммадиқболи Садриддин расман дар ин бора ҷавобе нагардондааст. Муҳаммадиқбол Садриддин яке аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин авохир суханрониҳои худро ба шакли видеоӣ ва онлайнӣ роҳандозӣ кардааст.

Посухи ҷонибҳо дар робита ба хабари “Фаронса суратҳисоби бонкии Озода Раҳмонро масдуд кард?”

0

Дирӯз (14. 10. 2020) дар робита ба масдуд шудани суратҳисоби бонкии Озодаи Раҳмон раиси Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон хабаре аз номи Раиси Бонки Фаронса, Франсиско Валерой де Галҳау нашр шуда буд, ки  “Аздо тв” онро бознашр кард. Барои таҳқиқи хабар “Аздо тв” ба котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон Абдуфаттаҳо Шарифзода ва ҳамчунин ба масъули бахши матбуотии Бонки Фаронса нома ирсол намуда буд.

Имрӯз 15 октябр Котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон дар посух ба “Аздо тв” изҳори беиттилоӣ кард. Аммо дар баробари ин сухангӯӣ раиси Бонки Фаронса, хонуми Дебора Гедҷ дар посухи расмие ба “Аздо тв” навишт, ки “ин ҳисоби твиттерие, ки Шумо зикр кардед, ба раиси Бонки Фаронса тааллуқ надорад ва ҷаълӣ аст ва ӯ дар Твиттер умуман ҳисобе надорад”. Дар идома афзудааст, ки “мо ҳамеша чунин ҳисобҳои фейкиро гузориш мекунем, вале шабкаҳои иҷтимоӣ дар ҳазфи онҳо зуд вокуниш намекунанд. Масъулини марбутаи мо имрӯз ба Твиттер барои ҳазфи ин ҳисоби ҷаълӣ хоҳанд навишт”.

Дар пайи таҳқиқоти “Аздо тв” мушахас шуд, ки ҳисобе, ки бо номи раиси Бонки Фаронса, Франсиско Валерой де Галҳау дар Твиттер мавҷуд аст,

– ҳанӯз аз соли 2013 боз шуда, вале аз 31 август фаъол шудааст;

– ҳисоб ҳирфаӣ роҳандозӣ шудааст ва дар бахши маълумотҳои ин твиттер вебгоҳи расмии Бонки Фаронса зикр шудааст;

– инчунин твиттери расмии ин бонк низ оварда шудааст.

Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки ин твиттер аз тарафи афроди ҳирфаӣ роҳандозӣ шуда, мақсади хоссеро дунбол мекунанд.

Барои муайян кардани сатҳи забони фаронсавии ин твиттер мо аз як коршиноси фаронсавӣ, ки устоди Донишгоҳ аст, назар хостем, ишон дар посух гуфт: “забони фаронсавии ин твиттер аҷиб аст ва ман баид медонам, ки раиси Банки Фаронса дар ин сатҳ, номафҳум ва ғалат бинависад”.

Ба назари коршинос, Муҳаммадҷон Кабиров ин тивиттер аз чанд нигоҳ ҷаълӣ ба назар мерасад: “Як нуктае, ки ин твиттеро зери шубҳа мебарад, ин нақлу интиқоли 5 миллиард доллар дар муддати як сол мебошад. Маъмулан кишварҳои худкома барои пулшӯӣ аз эҳтиёт кор мегиранд ва барои интиқоли пулҳояшон онҳо аз чандин ҳисоби бонкӣ истифода мекунанд. Бештар аз банкҳои кишварҳое истифода мекунанд, ки қаовнини сахтгиронае барои пулшӯӣ надоранд, аз қабили бонкҳои мавҷуд дар офшорҳо ва ё Кипр ва кишварҳои Балтик. Фаронса қавонини сахтгиронае дорад барои пулшӯӣ ва инчуни молиёти боло дар Фаронса боис шудааст, ки хеле аз милярдерҳо дороиҳояшонро аз Фаросна ба дигар кишварҳо интиқол диҳанд, ба вижа ба Суис (Швейцария) ё Пуртуғол (Партгалия)”.

Дар Тоҷикистон нархи газ боз ҳам боло меравад?

0

Вазорати Энергетикаи Қазоқистон бо дастури як фармон содироти газ аз ин кишварро бо мошинҳо то се соли дигар тамдид кард. Чунин фармон аз ин вазорат соли 2017 барои се сол имзо гардида буд, ки акнун ба поён расид. Ва боз барои се соли дигар тамдид шуд.

Ба иттилои сомонаи Вазорати энергетикаи Қазоқистон шабакаҳои ҷудогона газеро, ки барои таъмини эҳиёҷоти дохилӣ пешбинӣ гардида буд, ғайриқонунӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон содир мекардаанд.

Дар идома хабар гуфта мешавад, “Содироти ғайриқонунии сӯзишвории моеъи нафтӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад, зеро назорати ин воситаи ҳамлу нақл қариб ғайри имкон аст”.

Пас аз роҳандозии тадбирҳо дар соли 2017 вазъи таъминоти бозори дохилӣ бо гази моеъ ба эътидол омада, аз мақомоти дахлдор доир ба далелҳои кӯшиши содироти он ба хориҷи кишвар маълумот нарасидааст, омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки “Фармони мазкур ҷиҳати роҳ надодан ба содироти ғайриқонунии гази моеъ ба хориҷи кишвар ва пешгирии камбуди он дар бозори дохилӣ дар робита ба фарқияти зиёди нархҳои тасдиқшудаи содиротӣ ва дохилӣ равона шудааст”.

Тибқи оморҳои интишор гардида, асосан гази моеъ ба Тоҷикистон (ҳудуди 93% аз ҳаҷми умумӣ) аз Қазоқистон варид мегардад, аз Ӯзбекистон (наздики 6%) ва Русия (тақрибан 1%) оварда мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз 60% моликони автомашинаҳо аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд, дар моҳи майи соли равон дар нуқтаҳои сӯзишворӣ нархи гази моеъ 2,50 сомониро ташкил медод, аммо дар миёнаҳои моҳи август якбора ба 4,70 расид.

Моҳи июли соли равон Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба хотири боло рафтани нархи гази моеъ дар ширкатҳои воридкунандаи газ санҷиш гузаронида буд, маълум гардид, ки ширкатҳо бе сабаб нархи газро боло бардоштаанд. Қонуншиканон ба маблағи умумии 1,1 млн сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона шудааст.

Баъд аз гузаронидани санҷиш арзиши гази моеъ ба ҳисоби миёна аз 4,7 сомонӣ (барои 1 литр) дар нимаи моҳи август то ба 4,3 сомонӣ ба аввали моҳи сентябр поин рафт.

Ба иттилои Хадамоти зиддинҳисорӣ дар Тоҷикистон 15 ширкат ба ворид кардани гази моеъ машғул будаанд, ки воридкунандагони асосӣ “Алат” (18%), “Темур Ойл” (11%), “Ғайрат” (10%) ва “Октан сервис” (10%) гуфта мешаванд.

Дар Тоҷикистон Қонунҳо барои ҷазо бозбинӣ мешаванд

0
Сурат: parlament.tj

Дар Тоҷикистон бо мақсади тартиб додани Қонуноҳои ҷазо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тайғиру иловаҳо ворид кардаанд.

Гуфта мешавад, тайғирот чанде пеш аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Намояндагони Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз он ҷонибдорӣ намудаанд.

Музаффар Ашуриён вазири адлияи Тоҷикистон дар Парлумон ибороз доштааст, тағйироту иловаҳо бо мақсади башардӯстона гардидани қонунҳои кишвар қабул карда мешаванд.

Ашуриён дар идома гуфт:

“дар тағйироту иловаҳо ҷорӣ гардидани ҷазои маъмурӣ ба амалҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, низоъи миллӣ ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудаанд, пешбинӣ шудааст”.

Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 58 сомонӣ) ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад, гуфтааст, вазири Адлия.

Пеш аз тайғиру иловаҳо ба кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.

Вазир қайд кард, ки агар шахсоне, ки барои амалҳои дар боло зикршуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошанду дар муддати як соли пас аз ҷазо гирифтан такроран онҳоро содир намоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои печидаи то ҳол ҳал нагардида маҳалгароӣ гуфта мешавад, ки ба як вабои бедаво табдил ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол Нури Туркел раиси комиссия Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури озодиҳои динии байналмиллӣ аз ин тасмими Тоҷикситон истиқбол карда, дар твиттераш чунин навиштааст: “Ман аз тасмими Тоҷикистон дар умури коҳиши муҷозотҳои марбут ба “душманӣ ва адоват” ва “инҳисор”, ки гуфтори мазҳабиро ҷурму ҷиноят талаққӣ мекунад, истиқбол мекунам ва аз Ҳукумат даъват менамоям, ки дар умури озодиҳои динӣ ба ислоҳоти бештаре даст бизанад”.

Фаронса суратҳисоби бонкии Озода Раҳмонро масдуд кард?

0

Аз номи раиси Бонки миллии Фаронса дар Твиттер дар бораи масдуд шудани суратҳисоби бонкии духтари раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Призеднт Озода Раҳмон хабар нашр шудааст.

Франсуа Вийруа де Гало (François Villeroy de Galhau) рӯзи 4 октябри ҳамин сол дар саҳифаи твиеттериаш навишта, ки
“Бо дархости додгоҳи Дезано, суратҳисоби бонкии Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳ ва духтари президенти Тоҷикистон, ба иттиҳоми пулшӯӣ масдуд шуд. Дар нишондоди бонк омада, ки аз соли 2019 то 2020 ба суратҳисоби ӯ зиёда аз 5 миллиард доллар ворид ва хориҷ мешавад”.

Таҳқиқи “Аздо ТВ” нишон дод, ки дар ҳақиқат François Villeroy de Galhau Раиси бонки миллии Фаронса мебошад. Ҳисобе, ки бо номи ӯ дар Твиттер мавҷуд аст ҳанӯз аз соли 2013 боз шуда, вале аз 31 август фаъол будааст. Дар он аз фаъолятҳои ҷаноби Франсис 38 мароиба матлабҳо нашр шудааст. Аммо маълум нест, ки ин Твиттер ҳақиқӣ аст ё ҷаълӣ. Таҳқиқи “Аздо ТВ” барои дурустсанҷии ин хабар идома дорад. Масъулони ин бонк дар тамоси телефонӣ ба “Аздо ТВ” гуфтанд, ки наметавонанд дар ин бора телефонӣ маълумоти бештаре бидиҳанд ва гуфтанд, ба сухангӯи бонк муроҷиат кунед.

Ҳамзамон мо ба уновони котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон Шарифзода Абдуфаттоҳ мактуб фиристодем. Дар сурати посухи сухангӯи ин бонк ба мактуби мо, онро ҳатман нашр хоҳем кард. Ин ҳисоби твиттериро бештар аз 600 нафар думболагирӣ мекунад. Додгоҳи Дезано дар шаҳри Порис мавҷуд аст. Аммо ин хабар дар ҷои дигаре ғайр аз ҳамин ҳисоби твиттерӣ пайдо нашуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ хабаре дар бораи муолиҷа гирифтани писари раисҷумуҳур Рустами Эмомалӣ дар Исроил аз номи мудири Маркази тиббии “Herzliya Medical Center” Дани Энгел – дар саҳифаи ҷаълии Твиттериаш нашр шуда буд. Он замон таҳқиқи “Аздо тв” нишон дод, ки хабар асос надорад.

Хабарҳо атрофи оилаи Раҳмон пас аз он шуруъ шуд, ки дар фейсбук мақолаи танқидие дар бораи Саймумин Ятимов нашр шуд. Баъзе аз нафарони наздик ба мақмомоти Тоҷокистон дар суҳбати хусусӣ бо “Аздо тв” он замон аз сард шудани ҷойгоҳи Ятимов дар назди оилаи ҳоким дар Тоҷикистон гуфта буданд. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки ин ҳама бо ҳам рабте доранд ё тасодуфиянд?

Коршиносон ба нодурсутии ин хабар ишора доранд, зеро дар кишвари фақире ба мисли Тоҷикистон маблағи 5 миллиард даллар пули кам нест, ки масъулон онро дошта бошанд. Ончи ки ин хабаро зери шубҳа мебарад, ин ишора ба гардиши 5 миллиард доллари ИМА дар ин ҳисоби бонкӣ дар давоми як сол – 2019 ва 2020 мебошад.

“Аздо тв” дар ин хусус таҳқиқ дорад ва дар ҳоли даст ёфтан ба маълумоти ҷадид хабар такмил хоҳад шуд.

“Маркази тоҷикони”-и Иззат Амонро кофтукоб карданд

0
Сурат: Фейсбук

Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ва раҳбари “Маркази тоҷикон” дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод, ки имрӯз 14 октябр кормандони пулиси минтақаи будубошаш ба идораи корияш омада идораашро кофтукоб кардананд.

Ӯ навиштааст, ки кормандони пулис бо баҳонаи ҷустуҷӯи адабиёти динӣ идора ва асноди ӯро мавриди кофтукобу бозҷӯӣ қарор додаанд. Иззат Амон дар идома навишта, ки “метавонистед як айбномаи муносибтаре пайдо кунед”.

Дар зери ин навишта корбарон ва ҳаводорони Иззат Амон вокунишҳо нишон дода андешаву назарҳои худро коридаанд. Шуҳрат Қудрат вакили мудофеи тоҷик зери ин пост сабаби ин амали мақомотро пурсидааст, Иззат Амон дар ҷавоб мегӯяд “Мисли ҳамеша, онҳо террорист ва экстремистро аз “Маркази тоҷикон” ҷустуҷӯ доранд”.

Иззат Амон яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик дар Русия аст, ки солҳо аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекунад. Ӯ ба мақсади барои кумак расондан ба муҳоҷирон марказеро бо номи “Маркази тоҷикон” кушод ва аз номи он ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонд. Хусусан муҳоҷироне, ки мефавтанд, талош мекунад ҷасадҳои онҳоро тариқи марказаш ва бо кумаки хайрхоҳон ба Ватан фиристад. Чанд рӯзи пеш навишта буд, ки аз сабаби зиёд дидани ҳолатҳои маргу мири муҳоҷирон хаста шудааст ва мехоҳад марказашро бибандад.

Чаро кордзанӣ дар байни наврасон мӯд шудааст, сабаб дар чист?

0
Сурат: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13 октябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як навҷавони 16- сола ҷавони 17-солаи дигари ҳамин ноҳияро бо корд дар рони пояш задааст. Дар натиҷа ҷавони зарбхӯрда дар бемористон бистарӣ шудааст. Бинобар ҳодисаи мазкур аз ҷониби ШВКД-и ноҳия тафтишот идома дорад.

Чанд соли ахир дар байни ҷавонон, хусусан хонандагони мактабҳои миёна ҳангоми муноқишаҳои алоҳида ва ё дастаҷамъӣ кордзанӣ ба шакли анъана даромадааст. Дар натиҷаи чунин муноқишаҳо даҳҳо ҷавон бо зарби корд ба ҳалокат расидаанд.

Коршиносон сабаби истифодаи силоҳи сардро аз ҷониби навҷавонон ба равандҳои муосир ва тарбияи насли наврас рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо дар мактабҳо дарсҳои тарбиявӣ камранг шудааст ва худи муаллимону бузургсолон, ки аз хушунат истифода мекунанд, ин насл низ хушунатро бо тарзи муосир, яъне кордзанӣ аз худ кардаанд. Ба гуфтаи ҷомешиносон ин падида агар ҳаминтавр идома ёфтан гирад, дар оянда зарарҳои зиёде ба ҷомеа хоҳад дошт.

Аз Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси шинохтаи тоҷик сабабҳои даст задани ҷавононро ба силоҳи сард пурсидем, ки ишон чунин посух доданд:

“Сабаби дар муноқишаҳо истифода аз яроқҳои сард ин мӯд будани бозии contrstraik аст. Маҳз ҳамин бозӣ солҳои 2000- бо корд ҷанг карданро ёд дод. Сабаби дигар бисёр бачаҳо машқҳои ҷисмӣ мекунанд ва на ҳар кас бо чунин бачаҳо ҷанг кардан метавонад ва барои ҷуброни сустӣ аз корд истифода мебаранд. Саввум, олами наврасону ҷавононро калонсолон бо ҷазои ҷисмӣ ё ҷаримаи падар ва тарс идора мекунанд, ки сабаби эътирози ботинии онҳо мегардад, ки бо кордзанӣ зуҳур мекунад. Дигар сабаб бекор будани наврасону ҷавонон баъди дарс, ки истифода намешавад ин вақти бекори баъд ё то дарс. Дигар сабаб дар байни ҷавонон кам будани намунаҳои расмӣ аз қисми қаҳрамонҳо ва зиёд будани намунаҳои ҷинояткор. Дигар, суст будани худидоракунии ҷавонон.”

Як коршиноси дигар, ки нахост номаш бурда шавад, дар ин маврид ба “Аздо тв” гуфт:

“Даст задани ҷавонон ба силоҳи сард чанд омил дошта метавонад, аз як тараф мактабҳо ва донишгоҳҳо маҳалли хушгузаронӣ ва ҷангу даргирии ҷавонон шудааст, на макони таълиму тарбия.

Аз тарафи дигар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон филмҳои саросар аз хушунат намоиш медиҳанд, ки ҳеч маҳдудияти синну солро ба назар намегиранд. Дар ҳоле, ки филмҳое, ки пахш мешавад тақрибан беш аз 90 дарсадашон барои калонсолон аст.

Ҳамин вазъият айнан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, яъне ҷавонон ба таври гурӯҳӣ ва бо корду, арматуру василаҳои оҳанӣ ба ҳамдигар ҳамла мекарданд, ки баёнгари вазъияти бади равонӣ ва таъсири фазои ҷангӣ буд. вазъияти феълӣ ҳам баёнгари бозгашт ба ҳамон мушкилоти равонии ҷомеа дар даврони ҷангӣ аст. Илова бар ин вақте мақомот бо роҳҳои мухталиф даст ба ҷиноят мезананд, паёмад ва натиҷааш афзоиш ва рушди хушунат дар ҷомеа бахусус миёни ҷавонон хоҳад буд”.

Журналисти шинохтаи тоҷик Мавлуда Рофиева дар Хуҷанд даргузашт

0

Мавлуда Рофиева, рӯзноманигори минтақавии “Азия-Плюс” рӯзи 13 октябр дар беморхонаи клиникии ба номи С.Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Ин беморхона ба дармонгоҳи муолиҷаи беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус мутобиқ гардонида шудааст. Далели марги ӯро дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд тасдиқ намуда, лекин аз ҷузъиёти сабабҳои маргаш маълумот надоданд.

Ҳамкорон ва дӯстони ӯ хабар доданд, ки ҳафтае пеш Мавлуда аз сулфа, зукому шамолхӯрӣ ва нотавонии ҷисмаш шикоят дошт. Ӯ дар хона муолиҷа мегирифт, лекин пас аз бад шудани вазъи солимиаш дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба гуфтаи ҳамкорон, Мавлуда ба солимии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард ва дар шароити пандемия ҳамаи чораҳои пешгириро риоя менамуд.

“Як ҳафта пеш мо бо ӯ телефонӣ суҳбат кардем, – мегӯяд дӯст ва ҳамкорӣ ӯ Муҳаббат Ҷӯраева. – Ӯ изҳор дошт, ки аллакай сиҳат шуда истодааст ва рӯзи душанбе ба кор мебарояд. Лекин воқеа чунин сурат гирифт, ки боиси таассуф аст. Мо натанҳо мутахассиси босаводи кори худу ташкилотчии моҳир, балки як зани ҷасуру ғаюр ва адолатхоҳро аз даст додем. Аз неру ва талошҳое, ки ӯ дошт, ҷавонон бояд сабақ бигиранд”.

Давоми фаъолият ба ҳайси намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ӯ тез-тез барои рӯзноманигорон мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои ҳадафнок баргузор мекард.

Мавлуда Рофиева дар шаҳраки Адрасмон ба дунё омада, дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) зиндагӣ мекард. Волидонаш зодагони деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт мебошанд. Падараш 90-сола буда, ҳамроҳи писараш дар Гулистон умр ба сар мебарад.

Раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Ориф Бобоҷонов хабар дод, ки барои анҷоми маросими гӯру чӯб оила омадани духтари Мавлударо, ки айни замон дар Маскав иқомат дорад, интизор аст.

Ба гуфтаи пайвандони марҳум, алҳол дар бораи дар куҷо гӯронидани ҷасади рӯзноманигор тасмиме гирифта нашудааст. Маросими гӯронидан зери назорати табибони санитарӣ баргузор мешавад.

Манбаъ: “Азия-Плюс”