Аз сӯи дигаре гурӯҳе низ айбро сари худи таксиронҳо партофта мегӯянд, “як бепарвогии ронандаи таксӣ ҳама таксиҳои 33 33 ,11 11, 25 25 ва ғайраҳоро аз нони хӯрдан бозмонд…”
Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон барои машғул шудан ба таксиронӣ ронандаҳо ҳуқуқ надоранд, ки бо мошинҳое, ки соли бароришон зиёда аз 7 сол пеш бошад, фаъолият кунанд. Инчунин касоне, ки мехоҳанд ба сурати расмӣ ба ин кор машғул шаванд, бояд иҷозатномаи мусофиркашонӣ ва рақамҳои давлатии ранги зард дошта бошанд.