13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 366

Боздошти 20 хабарнигор дар Эрон

0

Аз замони оғози мавҷи ҷадиди эътирозҳо дар Эрон то ҳол дастикам 20 хабарнигор боздошт шудааст.

Акс аз сомонаи созмони “Хабарнигорони бидуни марз”

Имрӯз, 27-уми сентябри соли 2022 созмони ҷаҳонии “Кумитаи дифоъ аз журналистон” хабар додааст, ки пас аз марги Маҳсо Аминӣ, духтари 22-солаи курдтабори эронӣ ва оғози мавҷи ҷадиде аз эътирозҳои мардумӣ дар Эрон то ҳол дастикам боздошти 20 хабарнигорро сабт кардааст.

Ин созмон дар бораи ҷузиёти парвандаҳои ин хабарнигорони боздоштшуда чизе нагуфтааст, вале таъкид кардааст: “Мақомот бояд боздошти шахсонеро, ки тазоҳуротро пӯшиш медиҳанд, қатъ кунад ва афроди боздоштшударо фавран озод намояд.”

Гуфта мешавад, полиси ахлоқ ва ё ба истилоҳи эрониҳо “маъмурони гашти иршод” бону Маҳсо Аминӣ, духтари 22-солаи курди эрониро барои тарзи либоспӯшиаш боздошт карда, чор рӯз пас аз он ҷасади беҷони ӯро ба хонаводааш таҳвил доданд.

Хонаводаи Маҳсо Аминӣ ва эътирозгарон мегӯянд, ки вай дар асари шиканҷа ҷон бохтааст, вале мақомоти эронӣ ин ривоятро рад карда мегӯянд, ки марги ин хонум ба далели исти қалбӣ будааст.

Гуфта мешавад, дар давоми ин эътирозҳо, ки дар хеле аз манотиқи Эрон сабабгори беназмӣ, тахриби амлоки мардум ва давлат низ шудааст, даҳҳо нафар аз ду ҷониб эътирозгарон ва мақомоти эронӣ захмӣ ва кушта ҳам шудаанд.

Ҷаримаи 29 паноҳандаи афғон аз ҷониби ВКД-и Тоҷикистон

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 шаҳрванди Афғонистонро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима кардааст.

Аз маркази матбуоти ВКД ба “Asia-Plus” гуфтаанд, ки шаҳрвандони Афғонистонро ҷарима бастаанд, аммо ихроҷи шаҳрвандони ин кишварро рад ва ё таъйид накарда, гуфтаанд, ки ихроҷи онҳо ба ВКД рабте надорад.

“Нисбати қоидавайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ кардем. Онҳо вобаста ба кирдори хеш ҷаримабандӣ мешаванд ва ҳаҷми ҷарима низ ба кирдори онҳо вобаста аст”, – гуфтанд аз ВКД.

Ҷарима бастани шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҷониби ВКД дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз ихроҷи иҷбории беш аз 200 шаҳрванди Афғонистон, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Тоҷикистон паноҳанда шуданд, хабар дода буданд.

Он замон муҳоҷирони афғонистонӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки онҳоро аз кӯчаву хонаҳояшон боздошт карда, ба марз мебаранд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, аксаран кормандони пулис ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ паноҳандагонро боздошта ва мустақим то лаби марз мебаранду ба Афғонистон ихроҷ мекунанд.

Пас аз нашри ин хабарҳо, Намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевди бо мақомоти тоҷик мулоқот анҷом дод. Инчунин бо нашри изҳороте аз ин ҳолатҳо ибрози нигаронӣ намуда, аз Тоҷикистон хоста буд, ки афғонистониҳоро ба ватанашон ихроҷ накунанд.

Дар пасманзари ихроҷи паноҳандагони Афғонистон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш низ ду маротиба бо Раҳмон телефонӣ суҳбат кард, ки ба гуфтаи коршиносон, суҳбатҳо бештар ба масъалаи паноҳандагон рабт доштааст.

Баъд аз сари қудрат омадани Толибон афғонҳои зиёде аз тарси ҷон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, ки шуморашон он замон то 10 ҳазор гуфта мешуд, вале ҳоло тибқи оморҳои ғайрирасмӣ то 3-4 ҳазор боқӣ мондааст.

9 варзишгари тоҷик ба Тошканд мераванд

0

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо, ки рӯзҳои 6-13-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, аз Тоҷикистон 9 варзишгар ширкат хоҳанд кард.

Акс аз сомонаи КМОТ

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо, Эмомалӣ Нуралӣ (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (то 73 кг), Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Абубакри Акобир (то 100 кг) ва Темур Раҳимов (то 100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои ширкат дар ин мусобиқа 563 варзишгар (305 мард ва 258 зан) аз 85 кишвари ҷаҳон сабти ном шуда, занону мардон дар ҳафт вазн қувваозмоӣ хоҳанд кард. Инчунин рақобати даставии омехта дар рӯзи охири қаҳрамонӣ баргузор мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонӣ дар баробари медалҳо ҷоизапулӣ, аз ҷумла ба ҷои аввал 26 000 евро, ба ҷои дуюм 15 000 евро ва ба ҷои сеюм 8 000 евро дода мешавад. Дар рақобати даставии омехта ғолиб сазовори 90 000 евро, ҷои дуюм 60 000 евро ва ҷои сеюм 25 000 евро мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон бемор аст?

0

Бино ба хабарҳои ғайрирасмӣ, Президенти Тоҷикистон пас аз ширкат дар ҷаласаҳои Шӯрои Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай бемор шудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 26-уми сентябри соли 2022

Ин мухолифи сарсахти Эмомалӣ Раҳмон, ки наздик ба 30 сол мешавад, дар сангари мухолифат бо низоми Президенти Тоҷикистон қарор дорад, аз мухотабонаш хостааст: “аз таҳқиру тавҳин даст бикашанд ва барои шифои комилу оҷили ӯ дуогӯ бошанд.”

Пеш аз ин ҳам дар байни бархе доираҳои журналистӣ ин овоза паҳн гардида буд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сафари ахираш ба Узбекистон ва иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бемор шудааст.

Он замон бархеҳо дар такия ба манобеи худ мегуфтанд, ки Президенти Тоҷикистон дучори сактаи қалбӣ шудааст, вале ҳеч касе аз журналистони дохилӣ ва хориҷӣ бо сабабҳое, аз он ҷумла даргириҳои марзӣ ва осору табаоти он дар рӯҳияи мардум, инчунин таъйид нашудани хабар аз ҷиҳатҳои расмӣ ин ҷуръатро надоштанд, ки дар бораи бемор шудани Эмомалӣ Раҳмон мустақиман ва бидуни парда хабар диҳанд.

Аммо баъзе аз ҳамкасбонамон дар “Радиои Озодӣ” бо нашри як матлабе зери унвони “Президент Раҳмон дар бораи марз паёме надод, таъзия баён накард, чаро?” дар бораи ҳодисаҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва хомӯш будани Эмомалӣ Раҳмон солим будани ӯро зери суол қарор дода буданд.

Бо ин вуҷуд, то замоне, ки ин матлаб таҳия мешуд, ҳеч ниҳоди расмӣ ва ё Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон ва ё ба чӣ беморие мубтало шудани вай ба таври аланӣ иттилое надодаанд.

Аммо як манбаи муътамад аз Ҳукумати кишвар, ки номаш ба далелҳои амнӣ фош намешавад, дар тамос бо Azda tv бемор будани Раҳмоновро рад карда гуфт, ки дирӯз як хамкораш дар ноҳияи Данғара ӯро дидааст. Ба гуфтаи вай, Президент хуб аст ва ба тамошои боғҳояш дар Данғара, Фахробод ва атрофи Норак рафтааст.

“Дар атрофи нерӯгоҳи обии “Норак” як минтақаро мамнуъгоҳ сохтааст ва дар онҷо парандаҳои гуногун, кабк, бузу гусфандони кӯҳӣ ва оҳу нигаҳдори мешавад. Дар тирамоҳ, ки ҳавои Душанбе хуб нест, ӯ ба боғҳояш сар зада ҳамроҳи пайвпндонаш истироҳат мекунад”, – мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст, ва қарор аст имсол 70-солагии умри худро ҳамроҳ бо 30-солагии сари қудрат буданаш дар Тоҷикистон ҷашн бигирад.

Оғози нишасти САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава

0

Нишасти навбатии Созмони Амният ва Ҳамкоири Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ба кори худ оғоз кард.

Нишасти солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава имруз 26-ми сентябри соли 2022 шуруъ шуда, то 7-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшва баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуд.

Нишасти имсоларо Збигнев Рау, вазири умури хориҷаи Лаҳистон, ки ҳамзамон раёсати САҲА-ро ба душ дорад оғоз кард ва дар нишасти ифтитоҳия намояндагони Тоҷикистон, Русия, Белорус ҳузур надоштанд.

Дар нишасти САҲА вобаста ба ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихобти озод ва ғайра барои ду ҳафта аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу баррасӣ мешавад .

Ба иттилои хабарнигори Azda tv, имсол аз Тоҷикистон бояд намояндагони Ҳукумат ширкат кунанд, вале то ҳол мизи онҳо холӣ аст ва касе аз намояндагони расмии кишвар ҳузур надорад.

Аммо ба намояндагӣ аз Тоҷикистон, ба ҷуз намояндагони Ҳукумат, аз мухолифини табъидии “Гурӯҳи 24”, ҲНИТ, ПМТ, ва дигар шахсони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин нишаст ҳузур доранд.

Болоравии қурби сомонӣ дар баробари доллар ва евро

0

Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои аввалин бор қурби евроро аз марзи 10 сомонӣ пойинтар кашонд.

Имрӯз, 26-уми сентябри соли 2022, Бонки миллии Тоҷикистон дар тозатарин тағйироти худ дар қурби асъори хориҷӣ, арзиши 1 евроро баробар ба 9,9644 дирам эълон кард.

Инчунин бар асоси ин эълони ҷадиди Бонки миллӣ қурби 1 доллари амрикоӣ низ нисбат ба пули миллӣ-сомонӣ тағйир карда, айни замон ба 10, 2493 сомонӣ баробар шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар замоне қурби пулли миллӣ-сомониро дар баробари доллар ва евро каме боло бурдааст, ки ин раванд чанд рӯз пеш дар бозорҳои ҷаҳонӣ мушоҳида мешуд, вале тибқи арзёбиҳои ахир имрӯз дубора ин раванд ба ҳолати пешини худ баргашта истодааст.

Гуфта мешавад, то ин замон расман дар Тоҷикистон қурби як евро баробар ба беш аз 10 сомонӣ арзиш дошт, вале чун евро дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ арзиши қаблии худро аз даст додааст, қимати пули миллӣ-сомонӣ дар баробари ин намуд арзҳои хориҷӣ каме боло рафтааст

Хитоби Фарҳоди Дарё ба Эмомалӣ: дар ихроҷи афғонҳо таҷдиди назар кунед

0

Таронасарои афғонистонӣ Фарҳоди Дарё бо нашри номаи саргушодае ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, ки даст аз ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон бардорад.

Ин таронасарои афағонистонӣ аз он нигаронӣ карда, ки расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди он ки дар дили афғонҳо нисбат ба дигар раҳбарон ба сабаби ҳамзабонӣ ва ҳам миллатӣ ҷойгоҳи вежв дорад, вале бидуни далел паноҳҷӯёни афғонро аз хоки Тоҷикистон ба Афғонистон берун мекунад.

“Шӯрбахтона, имрӯз яке аз фаслҳои талхи торихи муосири Афғонистон барои дувумин бор такрор мешавад. Мардум барои ҳифзи иззату ҷони худ ва азизони хеш маҷбур ба тарки хонаи ширин ва ошёнаи дерини худ шудаанд. Дар чунин вазъияти асафангез хабари ин ки шумо муҳоҷирони афғонро аз хоки меҳмонпарвари Тоҷикистон ихроҷ мекунед, барои ман ва мардуми Афғонистон такондиҳанда ва ғайри қобили бовар буд.”, мегӯяд Фарҳоди Дарё дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин дар номаи худ аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоста, ки афғонҳо Тоҷикистонро “ҳамсояи нек”-и худ мепиндоранд ва чашми умеди ҳамаи афғонҳои бесарпаноҳ ба сӯи ин кишвар аст, аз ин рӯ, дар қарори ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон таҷдиди назар карда, “барои муддате дигар ҳам мизбони ин паноҳҷӯён” бошад.

Номаи саргушодаи ин таронасарои Афғонистон ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки давоми як моҳи ахир Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо сардории Саймумин Ятимов даҳҳо паноҳҷӯи афғон, бо шумули кӯдакон ва пиронсолонро бо вуҷуди доштани ҳуҷҷати паноҳандагӣ аз Созмони Миллали Муттаҳид, аз дохили хонаҳояшон боздошт карда, маҷбуран ба Афғонистон ихроҷ кард. Ба гуфтаи паноҳҷӯён, ҳатто маъмурони амниятӣ намегузоранд боздоштшудаҳо либосҳояшонро иваз кунанд.

Баъд аз сари қудрат омадани Толибон афғонҳои зиёде аз тарси ҷон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, ки шуморашон он замон то 10 ҳазор гуфта мешуд, вале ҳоло тибқи оморҳои ғайрирасмӣ то 3-4 ҳазор боқӣ мондааст.

Мунтахаби Тоҷикистон соҳиб Шоҳҷоиза шуд

0

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барандаи 48-умин Ҷоми байналмилалии Шоҳи Тайланд шуд.

Шоми 25-уми сентябри соли 2022 тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон охирин бозии худро дар мусобиқоти «King’s Cup 2022» (Ҷоми Шоҳ-2022) бо рақибаш аз Малайзия бо ҳисоби 3:00 бурд ва ғолиби ин мусобиқа эълон гардид.

Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо Малайзия мусовӣ бо натиҷаи 0:0 ба поён расид ва доварон барои муайян кардани ғолиби озмун байни ин дастаҳо зарбаҳои 11-метрӣ таъйин кардан.

Гуфта мешавад, дар ин бозӣ, ки дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор шуд, ҷониби Тоҷикистон тавонист се гол ба дарвозаи ҳарифи худ ворид кунад ва дарвозабони мунтахаби миллии кишварамон моҳирона ҳама зарбаҳои рақибро мегардонд.

Шайх Юсуф Қарзовӣ даргузашт

0

Собиқ раҳбари Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон шайх Юсуф Қарзовӣ дар синни 96-солагӣ аз дунё гузашт.

Имрӯз, 26-уми сентбяри соли 2022, шайх Юсуф Қарзовӣ, собиқ раҳбар ва муассиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмонон, ки дар Давҳаи Қатар ба сар мебурд, бар асари куҳулати син ва беморӣ вафот кард.

Аз соли 2000 ба ин сӯ, он ҳам замоне, ки бедории исломӣ дар дунёи ҷаҳони ислом ба гунаҳои мухталиф шакл мегирифт, Имом Юсуф Қарзовӣ, бо китобу рисолаҳо, суханрониҳову мавзеъгириҳои худ яке аз пешгомони ин ҳаракатҳои бедорӣ буд.

Шайх Юсуф Қарзовӣ пас оғози мавҷи ин бедориҳо дар соли 2011 дар кишварҳои арабӣ, ки бо номи “Баҳори арабӣ” низ маъруф аст, дар канори мардум буд ва пайваста аз онҳо ҳимоят мекард.

Бо вуҷуди он ки ин мавҷи бедориҳо сипас саркӯб шуд ва то ҳол саркӯб кардани он идома дорад, вале шайх Юсуф Қарзовӣ дар ин масирҳо ҳеч гоҳ тағйири мавзеъ ва мавқеъ накард ва то охир дар канори мардум буд.

Аз сӯи дигар вақте дар соли 2013 дар Миср Муҳаммад Мурсӣ тавассути Абдулфаттоҳ Сисӣ аз қудрат барканор шуд ва баъдтар дувумӣ дар ҷои вай нишаст, мақомоти мисрӣ шайх Қарзовиро ба терроризм муттаҳам карданд ва барои муҳокимаи ӯ дар додгоҳҳои Миср аз давлати Қатар хостанд, ки Юсуф Қарзовиро истирдод кунад, вале Қатар ба ин пешниҳод розӣ нашуд.

Юсуф Қарзовӣ, зодаи Ҷумҳурии Мисри араб аст. Вай 9-уми сентябри соли 1926 таваллуд шуда, таълимоти ибтидоӣ, донишгоҳӣ ва дуктурои худро ҳам аз кишвараш дарёфт кардааст. Аммо дар ду даҳсолаи ахир дар пойтахти давлати Қатар зиндагӣ мекард ва фаъолиятҳои илмӣ ва эҷодиашро ҳам дар ҳамон ҷо анҷом медод.

Гуфта мешавад, шайх Юсуф Қарзовӣ, яке аз боризтарин уламои ҷаҳони ислом буд, ки дар тӯли ҳаёти худ беш аз 197 китоб ва рисолаҳои мухталиф дар робита ба улуми исломӣ таълиф карда ва охирин китоби ӯ зери унвони “Фиқҳи намоз” чанд рӯзе пеш бо зевари чоп ороста шуда буд.

Вай дорандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Ҷоизаи Бонки рушди исломӣ”, “Ҷоизаи Малик Файсал” ва “Ҷоизаи вежаи Донишгоҳи байналмилалии исломии Малайзия”-ро ҳам дошт.

Раиси Ожонсии содироти Тоҷикистон боздошт шудааст

0

Раиси Ожонсии содирот ва собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода боздошт шудааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар дод, ки Шавкат Бобозода, ки аз соли 2019 роҳбари Ожонсии содироти Тоҷикистон аст, ду ҳафта пеш ба хотири қаллобии махсусан калон боздошт шудааст.

Нисбати ӯ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушода шуда, Бобозодаро ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.

Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, боздошти ӯ бар асоси шикояти як ширкати хориҷӣ сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ, “Бобозода ба он гумонбар дониста мешавад, ки беш аз 300 ҳазор долларро аз ин ширкат гирифта, шартномаи қаблан ҳосилшударо иҷро накардааст”.

Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки дар пушти дари утоқи кории Шавкат Бобозода муҳри “шуъбаи корҳои махсуси ҳукумат” зада шудааст. Рӯзи 19-уми сентябр ҳамкоронаш гуфтаанд, ки “барои як кор берун рафтааст”. Аммо, рӯзи 26-уми сентябр як корманди ожонсӣ гуфтааст, ки “Бобозода бемор аст” ва ду ҳафта шуд дар ҷойи кор нест.

То ҳол назари худи ӯ, наздикон ва вакили дифоаш дастраси расонаҳо нашудааст.