Хона блог саҳифа 365

Таваллуди навзоде зери оворҳо дар Сурия

0

Дар яке аз манотиқи осебдида аз заминларзаи дирӯз дар Сурия навзоде сиҳату саломат зери оворҳои ба ҷо монда аз ин ҳодиса ба дунё омад.

Акс аз манбаъҳои боз

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, эҳтимол меравад теъдоди қурбониёни ҳодисаи заминларзаҳои субҳи дирӯз

Акс аз манбаъҳои боз

Бо ин вуҷуд, қиссаҳои талху ширин аз ин ҳодисаҳои мудҳиш, ки ҳазорҳо нафарро дар Туркияву Сурия қурбон кард ва садҳо каси дигарро ба мотам шинонд, хеле зиёданд. Дар бораи шумори маҷруҳону зарардидаҳо ва аҳволи онҳо ҷои ҳарф гуфтан нест, чунки дарду ғами онҳо низ хеле зиёд аст.

Талх ба он хотир мегӯем, ки хеле аз мардумони маҳаллӣ ва сокинони ин кишварҳо азизонашонро аз даст додаанд ва ширин ба он хотир мегӯем, ки ҳанӯз ҳам шуълаҳои умеде дар дилҳо вуҷуд дорад, то гурӯҳҳои наҷот ҳазорҳо каси дигарро аз зери ин оворҳои ба ҷо монда аз заминҷунбиҳо зинда ва саломат берун бароранд…

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Заминларзаи ҷадид шарқи Туркияро такон дод

0

Субҳи имрӯз боз як заминларзаи ҷадиде дар шарқи Туркия ба қайд гирифта шуд, вале шиддати он камтар аз заминларзаҳои субҳи дирӯз арзёбӣ мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 07-уми феврали соли 2023, боз як заминларзаи дигар шарқи Туркияро такон дод, вале то ҳол дар бораи омори зиёну зарарҳои он расман иттилоъ дода нашудааст.

Ба қавли Маркази заминларзашиносии Аврупо, заминҷунбии субҳи имрӯз ба бузургии 5,7 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер ба қайд гирифта шудааст. Ин заминларза дар минтақаҳои то 60 километрии марзи Сурия ба вуқуъ пайваста, қисматҳое аз ин кишварро низ такон додааст.

Гуфта мешавад, субҳи дирӯз ду заминларзаи шадиде ҷануби Туркия ва шимолу ғарби Сурияро такон дод ва тибқи охирин оморҳо дар натиҷа беш аз панҷ ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорҳо каси дигар маҷруҳ ва зери оворҳо монда, беному нишон гардидаанд.

Ин дар ҳолест, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълон кардааст, эҳтимол меравад бар асари заминларзаи субҳи дирӯз, ки қисматҳое аз Туркия, Сурия, Ироқ, Лубнон, Қубрус, Юнон ва ҳатто Мисрро такон дод, ҳудуд 23 миллион одам зарар дидааст. Барои наҷоти онҳое, ки зери оворҳо монда беному нишон гардидаанд, аз тамоми имконот бояд истифода карда шавад.

Русия дар Тоҷикистон 300 корхона сохтааст

0

Бино ба иттилои вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников, бо сармоягузории кишвараш дар Тоҷикистон 300 корхона сохта ва ба истифода дода шудааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати рушди иқтисоди Русия, вазири ин ниҳод Максим Решетников зимни як сафари корӣ ба Душанбе бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва сиёсати муҳоҷиратро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот Максим Решетников таъкид карда, ки Русия аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҷои дуввум қарор дорад ва яке аз шарикони пешрафтаи тиҷоратии кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 корхона бо ширкати Русия фаъолият доранд. Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “соҳибкорони рус ба соҳаҳои сохтмон, энергетика, коммуникатсия, иктишофи геологӣ, хадамоти молиявӣ, тандурустӣ, савдо ва сайёҳӣ фаъолона сармоягузорӣ мекунанд.”

Вале вазири рушди иқтисоди Русия дар мулоқот бо Сарвазири Тоҷикистон таъкид карда, ки барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, “ҳисоббаробаркуниҳои боэътимод ва бефосила зарур аст.”

Ин таъкиди мақомдори Русия дар мавриди “ҳисоббаробаркуниҳои бефосила” дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик”, ниҳоди асосии барқтаъминкунанда дар Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1″ ва Сангтӯда-2”, ки русҳо онҳоро идора мекунанд, миллионҳо доллар қарздор аст ва солҳост, ки наметавонад қарзи худро бо ин нерӯгоҳҳои барқи обӣ соф кунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия телефони бовариашро фаъол кард

0

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия барои тоҷикистониҳои муқими ин кишвар, ки бар асари заминларза осеб дидаанд, телефони боварии худро фаъол кардааст.

Сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Тукрия бо нашри як иттилоия эълом кардааст, ки омодааст, ки барои шаҳрвандони осебдидаи кишварамон, ки бар асари заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, кумак кунад.

Дар ин иттилоия таъкид шудааст: “Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Қаҳраманмараш, Хатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст. Тел: + 90 312 491 16 07/+ 90 538 594 32 10 (WhatsApp)”

Гуфта мешавад, ин телефони боварии сафорати Тоҷикистон дар ҳоле фаъол шудааст, ки беш аз даҳ ҳазор шаҳрвандони кишварамон дар Тукрия сукунат ва кору зиндагӣ мекунанд. Теъдоди донишҷӯён ва донишомӯзони тоҷикистонӣ низ ба ҳазорҳо нафар мерасад, аммо то кунун Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи аҳволи онҳо пас аз ин ҳодисаҳо расман иттилоъ надодааст

Инчунин тибқи охирин оморҳои нашршуда аз ҳодисаҳои заминларзаи субҳи дирӯз дасти кам 4300 нафар ҷони худро аз даста дода, ҳазорҳо каси дигар маҷруҳ ва зери овораҳо беному нишон гардидаанд.

Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 06.02.2023 | AZDА TV

0

Тоҷикматлубот сабабҳои болоравии нархи пиёзро гуфт

Боздошти як мансабдор дар Исфара бо иттиҳоми қаллобӣ

Заминларзаи шадид дар Туркия садҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт

Эмомалӣ Раҳмон Асадро аз Эрдуғон беҳтар медонад

0

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли ду барқияи изҳори ҳамдардӣ ба ҳамтоёнаш дар Сурия ва Туркия ба онҳо тасаллият гуфтааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 6-уми феврали соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани ду номаи алоҳида ба сарони Туркия ва Сурия ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Башшор Асад изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар номааш ба Башшор Асад, Президенти Сурия бо як самимияти хосса таъкид мекунад: “Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси  фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид.”

Аммо дар номаи дигар Президенти Тоҷикистон ба сурати расмӣ ба ҳамтори Туркиаш Раҷаб Тайиб Ардуғон мегӯяд: “Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.“

Эмомалӣ Раҳмон вақте мехоҳад ба Башшор Асад изҳори ҳамдардӣ кунад, бо як дилсӯзии вижа аз ибораи “дар ин лаҳзаҳои сангин” истифода мекунад, аммо вақте навбат ба Эрдуғон мерасад, мегӯяд, ” ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ” ва “ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.”

Гуфта мешавад, бар асари заминларзаи шадиде, ки имрӯз қисматҳои аз Туркияву Сурия, Ироқу Лубнон, Юнон ва ҳатто Мисрро такон дод, дасти кам дар Турия 912 нафар ва дар Сурия 592 каси дигар ҷони худро аз даст доданд ва наздик ба 10 ҳазори каси дигар осеб дидааст. Дар бораи хисороти моддии мардум то ҳол гузориши дақиқе ироа нашудааст.

Пешгӯйи як муҳаққиқи Ҳоландӣ дар бораи заминларзаи Туркия

0

Пешгӯйии як муҳаққиқи Ҳоландӣ дар бораи заминларзаи имрӯзаи Туркия, ки дар натиҷа кишварҳои ҳамсояи он ва ҳатто Мисрро низ такон дод, то рафт доғтар мешавад.

3-юми феврали соли 2023, муҳаққиқи Ҳоландӣ Франк Ҳугербетс (Frank Hoogerbeets) дар саҳифаи твиттериаш ҳушдор дода буд: “Дер ё зуд дар ин минтақа (Маркази Туркия, Урдун, Сурия, Лубнон) заминларзае ба бузурии 7,5 дараҷа ба миқёси ҷадвали Рихтер рух хоҳад дод.”

Аммо се рӯз пас аз нашри ин ҳушдори Франк субҳи имрӯз 6-уми феврали соли ҷорӣ Туркия шоҳиди заминларзаи шадиде ба қавли маркази заминларзашиносии Амрико ба бузургии 7,8 балл буд, ки дар натиҷа кишварҳои ҳамсояи он, Сурияву Ироқ, Лубнону Юнон, Ироқ ва ҳатто Сурияро низ такон дод.

Аммо баъд аз ин заминҷунбии шадиди Туркия имрӯз пешгӯйи ин муҳаққиқи Ҳоландӣ ба вокунишҳои мухталифе рӯбарӯ шуд, кор то ҷое расида, баъзеҳо табиӣ будани ин ҳодисаро зери суол қарор додаанд ва мегӯянд, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки ҳодисаи заминларзаи имрӯза як кори сунъӣ бошад ва бархе инсонҳо дар он даст дошта бошанд.

Гуфта мешавад, тибқи охирин оморҳо дар бораи ин ҳодиса дар Туркия ва Сурия дасти кам 1504 нафар кушта шуда, теъдоди осебдидагон низ беш аз 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин омори талафоти ҷонӣ байни инсонҳо ва ҳайвонот дар ҳоли афзоиш аст.

Тоҷикматлубот сабабҳои болоравии нархи пиёзро гуфт

0

Имрӯз, 06-уми феврали соли 2023 муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон сабаби болоравии нархи пиёз ва хисороти маҳсулот дар анборҳои кишварро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Раҳмонализода, яке аз сабабҳои якбора гарон шудани нархи пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон, коҳиши ҳосили ин маҳсулоти кишоварзӣ ва кам ворид шудани он ба кишвар мебошад.

Инчунин ӯ таъкид кард, ки ҳоло дар бозорҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии “Тоҷикматлубот” мавҷуданд, ки дар онҳо як кило пиёз бо нархи 3,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Сокинони кишвар мегӯянд, ки ҳоло нархи пиёз дар бозорҳо 8-10 сомонӣ арзиш дорад. Ҳукумат низ чанде пеш барои ба эътидол даровардани нарху навоҳо бо як қарор содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷ боздошта буд.

Дар ҳамин ҳол муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” гуфт, ки аз сардиҳои зимистони имсола тақрибан 20 дарсади маҳсулоти захирашуда дар сардхонаву анборҳо талаф ёфта, барои муайян кардани ҳаҷми хисороти дақиқ ситоди махсус ташкил карда шудааст.

Хуршед Раҳмонализода мегӯяд, ки барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» дар анбору сардхонаҳои Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 1625 тонна пиёз, 680 тонна картошка, 100 тонна сабзӣ ва 300 тонна мева, инчунин 180 тонна ангишт низ захира карда шудааст.

Аммо Раҳмонализода мегӯяд, ки аз захиракунии маҳсулот дар мавридҳои зиёд фоида дида намешавад, чунки асоси захира – ин қонеъ кардани талабот ва андешидани тадбирҳо барои он аст, ки маҳсулот бо нархи нисбат ба бозор арзонтар дастраси мардум карда шавад.

Дар ҳоле муовини “Тоҷикматлубот” аз зарар дидани захира кардан мегӯяд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояш ҳамеша ба мардум мегӯяд, ки бояд сокинон 2-сола захира кунанд. Ин гуфтаҳои Раҳмонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ суолҳои зиёд ва баҳси зиёдеро ба бор оварда буд.

Баъд аз нишасти имрӯзаи “Тоҷикматлубот” боз сокинони кишвар суол дода истодаанд, ки агар Ҳукумат тавони захираи маҳсулотро надоранд, чӣ гуна ва дар куҷо як сокини оддӣ метавонад маҳсулотро барои ду сол захира кунад?

Боздошти як мансабдор дар Исфара бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як мансабдори шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаи замин боздошт кард.

Акс аз Интернет

Тавре Маркази матбуоти Агентии зидди фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, сардори раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Файзуллозода Парвиз “бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хидматӣ аз шаҳрванд “А” барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 20 000 доллари ИМА талаб намудааст.”

Гуфта мешавад, ин мансабдори давлатии шаҳри Исфара аз маблағи талаб намудааш 57 ҳазор сомониашро гирифта, “ба манфиати худ сарф намудааст, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдона ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.”

Мақомоти Агентӣ нисбати Файзуллозода Парвиз бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, парвандаи ӯро аллакай барои эълони ҳукм ба додгоҳ фиристодаанд.

Ин банди қонун барои шахси гунаҳкор аз 8 то 12 соли зиндон бо маҳрум сохтан аз ҳаққи ишғоли мансбҳои муайян то 5 сол ҷазо пешбинӣ кардааст.

Аммо, ба гуфтаи бархе коршиносон, дар Тоҷикистон аз сабабе, ки дар ҳама соҳаҳо, ҳатто дар дохили додгоҳу байни додрасҳо ришваву фасод вуҷуд дорад, одатан, чунин мақомдорони муттаҳамшуда бо додани ришва худро озод мекунанд ва ҳатто ба сари кору мансаби худ бармегарданд.

Фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик, Сайид Шамс озод шуд

0

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, ки дар Русия боздошт ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, аз зиндон озод шудааст.

Сайид Шамс, фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик, ки августи соли 2022 дар Русия боздошт ва сипас дар ноябри ҳамон сол ба Тоҷиҷистон истирдод шуда буд, 21-уми январи соли ҷорӣ аз Боздоштгоҳи муваққатӣ озод шуд.

Ин фаъоли 59-солаи ҷомеаи мадании Тоҷикистон пас аз раҳоӣ аз зиндон ба қасди ба ҷо овардани ҳаҷҷи Умра озими Арабистони Саудӣ гардида, бо нашри чанд аксе аз дохили ҳарами Маккӣ ва атрофи он аз худ дарак додааст.

Гуфта мешавад, Сайид Шамс, як фаъоли ҷомеаи мадании Тоҷикистони муқими Русия буд ва дар хеле мавридҳо аз бархе сиёсатҳои идорӣ ва кадрӣ, ки ба назари ӯ  боиси рукуди иқтисодӣ ва пасрафти ҷомеа мешуд, сахт интиқод мекард ва инчунин дар амри решкан кардани фасод дар идораҳои давлатӣ низ бо ироаи пешниҳодҳо ва роҳи ҳалҳо интиқод мекард.

Мушкили Сайид Шамс бо мақомоти амниятии Русия чанд сол боз идома дошт ва ӯ дар ин байн чанд дафъа, аз ҷумла дар соли 2019 ва дар аввали соли 2022 низ боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ки Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) ӯро ба нақзи қонунҳои Русия ҳангоми  гирифтани ҳаққи иқомат дар ин кишвар айбдор мекунад.

Дар гузашта мақомоти рус бо иттиҳомҳои ба ин монанд, чанд фаъоли дигари тоҷик, аз ҷумла Каромат Шарипов ва Иззат Амон ва даҳҳо каси дигар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, ба Тоҷикистон фиристода буданд ва дар натиҷа аксари онҳо аз озодӣ маҳрум шуданд.