Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳукми чанд тан аз фаъолони зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки соли гузашта боздошт ва бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гардида буданд, “шарҳ” дод.
“Вокуниш”-и додситонӣ имрӯз, 26-уми январ дар сомонаи расмиаш нашр шуда, дар он гуфта мешавад, ки хабару мақолаҳои “иғвоангез” дар расонаҳои “мухолифони сиёсии дар кишварҳои Аврупо қарордошта” дар бораи Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Музаффар Муборакшоён, Хурсанд Мамадшоев, Манучеҳр Холиқназаров ва Хушрӯз Ҷумъаев бо “мақсади халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суботу амнияти миллӣ” нашр мешаванд.
Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсӣ ва яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳ имрӯз ба Azda tv гуфт, пас аз дархости онҳо мақомоти Олмон расман иттилоъ доданд, ки писараш Абдуллоҳи Шамсиддинро рӯзи 18-уми январи соли 2023 ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Ба қавли ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон бо гузашти беш аз 9 шабонарӯз то ҳол на ҷониби мақомоти олмонӣ ва на ҷониби мақомоти тоҷикистон дар бораи сарнавишти писараш Абдуллоҳи Шамсиддин ҳеч иттилое надодаанд ва нагуфтаанд, ки вай дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор дорад?
Аз сӯи дигар, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев, ихроҷи ин писари фаъоли сиёсии Тоҷикистонро аз Олмони демократӣ ба Тоҷикистони “демократӣ” як лаккаи нанг дониста гуфтааст, “номи ин амал ҷинояти башарӣ ва хиёнат бар демукросӣ ва ҳуқуқи инсон аст.”
Раҳбари ҷунбиши “Ватандор”таъкид карда, ки намедонам давлатмардонӣ олмонӣ дар робита ба ин қазия чӣ эҳсосе доранд, аммо “агар Олмон Абдуллоҳро барнагардонад, ин амал чун як доғи сиёҳ ба ҳамеша бар пешонааш хоҳад монд.“
Гуфта мешавад, Паймони миллии Тоҷикистон ва Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки то кунун дар чунин қазияҳо фаъол буданд, дар бораи парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин то ҳол расман ба расонаҳо чизе нагуфтаанд. Аммо бо ин вуҷуд, интизор меравад, рӯзҳои наздик ҷамъе аз мухолифон дар якҷоягӣ бо дигар гурӯҳҳо иқдомҳоеро дар ин бора рӯи даст бигиранд.
Рӯзномаи “Анис”чопи Кобул ҳам имрӯз, иттилоъ додааст, ки сокинони пойтахти Афғонистон ва чандин шаҳрҳои дигари ин кишвар, ки бо нерӯи барқи воридотии Узбекистон таъмин буданд, чандин рӯз аст, ки аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.
Шабакаи “Ориённюс”-и Афғонистон ҳам ба нақл аз раиси ширкати барқи Кобул гуфтааст, иллати камбуди барқ “мушкилоти техникӣ” аст ва “яке аз мушкилоте, ки бо мо шарик шудааст, иборат аз чоҳҳои газ дар Узбекистон аст, ки аз он барои тавлиди нерӯи барқ истифода мешаванд.”
Толибон дар оғози январи соли ҷорӣ қарордодҳои харид ва интиқоли нерӯи барқи содиротии Узбекистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон барои соли 2023 аз нав имзо намуда, иҷроиши онҳоро як соли дигар тамдид карда буданд.
Гуфта мешавад, ин шабу рӯзҳо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус сокинони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд. Ҳатто сокинони пойтахтҳои ин се кишвар бо камбуди нерӯи барқ мувоҷиҳ ҳастанд.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи бархе коршиносон, пас аз ин ҳушдори Толибон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҷониби Узбекистон нерӯи барқи зиёдтаре бо нархи арзонтар аз Тоҷикистон мехарад ва бо баҳои қиматтар ба Афғонистон мефурӯшад. Бо ин роҳ ҳам фоида ба даст меорад ва ҳам ба уҳдадориҳояш дар баробари Толибон амал мекунад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷорӣ намудани “мобилизатсия” ё басиҷи сарбозон ба артиш ва ҷалби даҳҳо ҳазор сарбозро баррасӣ дорад.
Тавре шабакаи телевизионии CNN дар истинод ба шахсони расмии Амрико ва Ғарб, ки “ба маълумотҳои иктишофӣ дастрасӣ доранд”, хабар медиҳад, Путин ин бор қасд дорад беш аз 200 ҳазор нафарро ба артишаш ҷалб кунад.
Бино ба иттилои CNN, мавҷи нави басиҷи сарбозон “оромтар” мешавад, зеро мақомоти Русия “аз эътирози оммавӣ ва оқибатҳои иқтисодии он нигаронанд”. Вале гуфта мешавад, то ҳол дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.
Котиби матбуотии Президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо ТАСС ин хабарро рад кардааст.
Аммо пештар Песков ҳамчунин иттилоъро дар бораи он ки Хадамоти федералии амнияти Русия аз 9-уми январ хуруҷи шаҳрвандони ба хидмати ҳарбӣ мувофиқро аз қаламрави Русия маҳдуд кардааст, рад карда буд.
Пеш аз ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз Покистону Озарбойҷон, Узбекистон ва Туркманистон ҳам дидор ва дар бораи масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи тарафҳо гуфтугӯ карда буд.