Қарор аст дар аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Михаил Мишустин, сарвазири Русия
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дод, ки 24-уми январи соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин мулоқот карданд.
Зодагони Тоҷикистону Қирғизистон, ки мехостанд аз Русия ба ватани худ бираванд, дар марз ба онҳо гуфтаанд, ки барои вуҷуди номашон дар руйхати мобилизатсия то 12-уми феврал иҷозаи тарки кишварро надоранд.
Гуфта мешавад, муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия даъватнома барои рафтан ба артиш мегиранд ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои суҳбат даъват намуда, мефаҳмонанд, ки фирор аз сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷазои сахт дар пай дорад.
Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки 13-уми январи соли ҷорӣ, раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин гуфта буд, хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконе, ки шаҳрванди ин кишвар шудаанд, бояд ба ҷанги Русия ба зидди Украина сафарбар шаванд. Бастрикин афзуд, тайи панҷ соли ахир беш аз ним миллион нафар аз Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон шиносномаи Русия гирифтаанд ва уҳдадоранд, ки ба сафи артиш ҷалб гарданд.
Дар Бишкек пойтахти Қирғизистон коргарони дорои шиносномаҳои Русияро аллакай ҳушдор додаанд, ки дар шароити мобилизатсия наметавонанд ба онҳо кумак кунанд. Русия бо Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон созишнома дар бораи душаҳрвандӣ надорад.
Бар асоси қонунҳои ин ду кишвар ҳар касе, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Маълум нест, ки чӣ қадар зодагони Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аллакай ба артиш даъват шудаанд ва дар ҷанги Украина ширкат мекунанд. Аммо аз хабару гузоришҳои охир шумораи онҳо хеле зиёд буда, дар ин муддат чандин нафар кушта ва ҳатто бе ному нишон шудаанд.
То ҳол ягон ниҳоди расмии Тоҷикистон хабари аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор гирифтани ин сокини ноҳияи Кӯшониёнро рад ё тасдиқ нақарданд.