Хона блог саҳифа 372

Абдуллоҳи Шамсиддин куҷост? Тоҷикистон Олмонро фиреб кард?

0

Нигаронии хонавода ва наздикону пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин, фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, то рафт зиёдтар мешавад.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 23-юми январи соли 2023, Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсӣ ва яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли ин, ки аз писарашон Абдуллоҳ чӣ хабар аст, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, “мутаассифона аз Абдуллоҳ ягон хабари дақиқ нест!”

Ба қавли Шамсиддини Саид, хонавода ва наздикону пайвандон ҳама “аз замони ихроҷи Абдуллоҳ аз Олмон ба Тоҷикистон то ҳол ҳеч хабари дақиқе дар даст надоранд, ки  дар куҷову дар чӣ шароите писараш қарор дорад.”

Пас аз ихроҷи ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ки бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Берлин сурат гирифт, то ҳол на мақомоти корҳои дохилӣ, на Хадамоти федеролии муҳоҷират ва на Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва на Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба мактуб ва дархостҳои хонавода ва наздикону пайвандони Абдуллоҳи Шамсидин хабари мусабате надодаанд.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни олмониашонро мутақоид карда буданд, ки нисбат ба ин фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳеч гуна парвандаи ҷиноятие, ки ҳаёти ӯро таҳдид кунад, боз нашудааст. Аммо акнун вазъият фарқ мекунад. Вай бедарак шудааст. Панҷ рӯз шуд, ҳеч хабару иттилои дақиқе дар бораи сарнавишти ӯ вуҷуд надорад.

Инчунин пас аз боздошти ин писари яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Олмон сафорати Тоҷикистон дар Берлин низ камаш ду маротиба “Сертификати баргашт ба Ватан” ба номи Абдуллоҳи Шамсиддин ба дасти мақомоти олмонӣ дода буд ва онҳо низ ӯро дар ҳамин асос ба Ватан ихроҷ карданд.

Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсии тоҷик бо нигаронии амиқ аз сарнавишти фарзандаш мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир ҳама талошҳои мо ба он равона шудааст, ки чӣ аз мақомоти олмонӣ бошад ва ё чӣ аз мақомоти тоҷикистонӣ дар бораи дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор доштани фарзандаш иттилои дақиқе дарёфт кунанд ва сипас вориди амал шаванд.”

Гуфта мешавад, 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти олмонӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсидинро тариқи ҳавопаймо нахуст ба Туркия ва сипас аз он ҷо ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Баъзе манобеъ мегӯянд, ки мақомоти тоҷик дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро таҳвил гирифтанд ва ҷудо аз дигар мусофирон ӯро алоҳида бо худ ба ҷое номаълум ҳамроҳ бураданд.

Аммо бо гузашти наздик ба як ҳафта то ҳол на мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва на аз Вазорати корҳои дохилӣ ва ё аз Прокуратураи Тоҷикистон ҳеч иттилое дар бораи замони боздошт ва дар куҷо нигаҳдорӣ кардани ӯ надодаанд.

Як сиёсатмадори рости ифротӣ дар Сувед Қуръонро оташ зад

0

Рӯзи шанбе, 21-уми январи соли ҷорӣ сиёсатмадори рости ифротии суведӣ-донморкӣ Расмус Полудан як нусхаи Қуръонро дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм оташ зад.

Расмус Полудан, сиёсатмадори рости ифротии суедӣ

Бино ба иттилои расонаҳо, қарор буд рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ вазири дифои Сувед (Шветсия) Пол Юнсон ба Анқара сафар кунад, то бо мақомоти Туркия дар мавриди мухолифитаи ин кишвар барои ҳамроҳ шудани Сувед ба НАТО гуфтугӯ кунад, аммо вазири дифои Туркия Хулуси Окар аз лағви ин сафар хабар дод. Сафари Юнсон пас аз он лағв шуд, ки ҳукумати Сувед рӯзи ҷумъа иҷозат дод, дар назди сафаорати Туркия дар Стокҳолм гирдиҳамоии эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон баргузор шавад.

Гуфта мешавад, иқдоми Қуръонсӯзии сиёсатмадои рости ифротии зидди муҳоҷирон Полудан дар вокуниш ба лағви сафари вазири дифои кишвараш ба Анқара сурат гирифтааст.

Мақомоти Сувед далели иҷозат додан ба ингуна эътирози зидди диниро вуҷуди озодии баён дар ин кишвар гуфтанд. Аммо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушуғлу гуфт, сӯзондани Қуръон дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм (душманӣ зидди як дин буда) ҳечгоҳ ба маънои озодии баён арзёбӣ намешавад.

Ӯ гуфт: “Мо ин амали бад, яъне ҳамла бар китоби муқаддаси моро бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунем. Иҷозат додан ба амали зидди ислом дар қолаби озодии баён, ки дар асл мусалмонҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва ба онҳо тавҳин мекунад, комилан ғайри қобили қабул аст.”

Эътирози шаҳрвандони Туркия дар назди сафорати Сувейд дар Анқара

Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Туркия низ рӯзи шанбе бо амали мушобеҳ дар назди сафорати Сувед дар Анқара гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карда, амали ин сиёсатмадори суведиро маҳкум карданд.

Полудан рӯзи ҷумъа, 20-уми январ эълон кард, ки дар ҷараёни эътирози рӯзи шанбе нусхае аз Қуръони Каримро оташ хоҳад зад. Ӯ моҳи апрели соли гузашта низ гуфта буд, ки дар моҳи Рамазон ин иқдомашро роҳандозӣ хоҳад кард, ки ин эълони ӯ боиси изҳороти густарда ва гиридиҳмоиҳо эътирозӣ дар саросари Сувед шуд.

Мухолифатҳои сиёсии Туркия ва Сувед пас аз он сар зад, ки ин кишвар ҳамроҳ бо Финландия моҳи майи соли 2022 дар пасманзари ҳамлаҳои Русия ба Украина хостори пайвастан ба НАТО шуданд. Аммо Анқара ба далели ҳимояти Сувед аз Ҳизби иттиҳоди демократӣ (PYD), ки Туркия онро бахше аз Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) медонад, барои пайвастани он мухолифат кард. Ҳоло ин кишварҳо талош доранд, ризоияти Трукияро барои пайвастан ба НАТО ба даст оранд, вале то рафт танишҳои ин ду кишвар шадидтар мешавад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз нав сард хоҳанд шуд?

0

Тайи шаш моҳи ахир муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон ба Исроил нисбат ба гузашта беҳтар шудааст ва ин амр Эронро нигарон кардааст.

Нигина Амонқулова, сарояндаи машҳури Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 4-уми феврали соли 2023 дар шаҳрҳои Ҳолон ва Рамлаи Исроил ба сурати зинда консерт баргузор мекунад. Ин сарояндаи эстрадаи тоҷик дар ин консертҳои худ таронаҳои тоҷикӣ, эронӣ ва туркӣ месарояд.

Баргузории ин корсертҳои бону Нигина Амонқулова дар Исроил бархе эрониҳоро нороҳат кардааст. Онҳо мегӯянд, ки хати тавлиди паҳподҳои “Абобил”-ро Теҳрон дар Душанбе роҳанзодӣ мекунад, вале тоҷикистониҳо барои исроилиҳо дар Фаластини ишғолӣ консерт медиҳанд.

Ҳамзамон  Мавароуннаҳр-“Маркази мутолиоти Тоҷикистон”, ки мақарраш дар Эрон буда, ахбор ва авзоъи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, низ ба ин иқдоми Нигина Амонқулова вокуниш нишон додааст.

Маркази мутолиоти Тоҷикистон мегӯяд, “то соли гузашта фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Исроил дар Тоҷикистон бо пӯшиши NGO (ташкилотҳои ҷамъиятӣ)-ҳои амрикоӣ иҷро мешуд, акнун бо сафари 30 ҷавони фаъоли Осиёи Марказӣ ба Фаластини ишғолӣ, давраи ҷадиди нуфузи саҳюнистҳо дар Осиёи Марказӣ оғоз шудааст. Ин консерт сароғози ин гуна фаъолиятҳо хоҳад буд.”

Аз сӯи дигар Эшон Муваҳиддиён, доктори улуми равобити байналмилал ва фаъоли сиёсии Эрон гуфтааст, “Нигина Амонқулова, хонандаи маъруфи Тоҷикистон дар Исроил консерт медиҳад. Нуфузи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо нуфузи фарҳангӣ ва донишгоҳҳо оғоз мешавад. Саҳюнистҳо улгӯе, ки дар Боку иҷро кардандро айнан дар Тоҷикистон такрор мекунанд. Саудиҳо дар ин кишвари форсизабон ба шиддат фаъол шуда? Боз газида мешавем?”

Фаъол шудани Исроил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус таваҷҷуҳ кардани расонаҳои он кишвар замоне ба Тоҷикистон зиёдтар шуд, ки тобистони соли 2022 Теҳрон эълон кард, ки дар Душанбе корхонаи хатти тавлиди паҳподҳои “Абобил 2”-ро оғоз кардааст.

Ин кор замоне буд, ки муносибатҳои Маскав бо Телавив дар бадтарин шароити худ қарор дошт ва Исроил Русияро дар ҷанг алайҳи Украина натанҳо ҳимоят накард, балки дар баъзе мавридҳо алайҳи Маскав ҳам мавъезгирӣ кард. Кремлин ҳам дар посух ба ин ҳама мавзеъгириҳои мақомоти исроилӣ фаъолиятҳои бархе созмонҳои зери нуфузи Исроилро дар қаламрави Русия маҳдуд ва қисми дигареро ҳам масдуд кард.

Гуфта мешавад, яке аз иллатҳои асосии сард шудани муносибатҳои Теҳрон ва Боку дар он аст, ки Эрони расмӣ Озарбойҷонро барои табдил шудан ба “хилватгоҳи” мақомоти исроилӣ дар пушти марзҳои худ медонад ва ба ҳамин сабаб вақте байни Озарбойҷону Арманистон ҷанг шуд, аз Арманистон ҳимоят кард.

Ин дар ҳолест, ки аксари сокинони Озарбойҷон ҳамфарҳанг, ҳамзабон бо хеле аз эрониҳо ва ҳаммазҳаб бо сарони қудрат дар Эрон мебошанд, вале бо ин вуҷуд вақте пойи Исроил дар ин васат пайдо шуд, Теҳрони расмӣ дар сахттарин шароит, замони ҷангҳои Озарбойҷону Арманистон аз Ереван ҳимоят кард, на аз Боку.

Акнун ки муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ки бо Исроил дар ҳоли гарм шудан аст, ҳарчанд Эрон расман ба ин равандҳо вокуниш накарда бошад ҳам, вале ин сару садоҳое, ки Теҳрон ба сурати ғайрирасмӣ ба роҳ андохтааст, сигналҳои ҷиддӣ мебошанд ва ба ҳамин баҳона Эрон ҳар лаҳза метавонад 180% дараҷа тағйири мавзеъ намуда, ба Тоҷикистон пушт кунад ва суол ҳам ин аст, ки гармтар шудани рабитаҳои Душанбеву Телавив муносибатҳои Тоҷикистону Эронро аз нав сард хоҳанд кард?

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Эрон ҷудошавии Қрим ва дигар минтақаҳои Украинаро эътироф накард

0

Эрон соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ эътироф мекунад. Дар ин бора вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар суҳбат бо телевизиони “TRT World”-и Туркия гуфт.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар ин мусоҳибаи телевизионӣ мегӯяд, ки Эрон стандартҳои дугонаро ҷустуҷӯ надорад ва зидди ҷанг дар Ироқ, Яман, Фаластину Афғонистон, инчунин зидди ҷанг ва овора шудани мардум дар Украина ҳаст.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки “мо соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳоро дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ эътироф мекунем”.

Ба гуфтаи Абдуллоҳиён, маҳз ба ин далел, Эрон ишғоли Қрим ва вилоятҳои Луганск ва Донетскро аз ҷониби Русия “бо вуҷуди равобити олии Теҳрон ва Маскав” эътироф накард.

Абдуллоҳиён дар ин мусоҳибааш таъкид кард, ки, Эрон мухолифи ҷанг дар Украина аст ва тарафдори ҳалли сиёсии низоъ мебошад.

“Мо барои миёнаравӣ байни Киев ва Маскав дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва президентҳо кӯшиши зиёд ба харҷ додем ва умедворем, ки ба зудӣ дар Украина сулҳ барқарор мешавад ва ҷанг хотима меёбад” – афзуд ӯ.

Дар ҳоле вазири корҳои хориҷаи Эрон зидди ҷанг дар Украина ва ғасби минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби Русия мавқеъ мегирад, ки дар гузашта хабарҳое нашр шуда буд, ки мегуфтанд, Эрон ба Русия паҳподҳои “Shahed-131” ва “Shahed-136”-ро дода ва Русия онҳоро барои ҳамла ба инфрасохтори муҳими Украина истифода мебарад.

АМИТ “Ховар” бо пуштибонии Рустами Эмомалӣ сокинонро айбор кард

0

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ)”Ховар”, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмон директорашро иваз кард, имрӯз аз Рустами Эмомалӣ пуштибонӣ карда, дар камбудиҳои ҷойдошта худи сокинонро гунаҳкор донист.

Имрӯз, 20-уми январи соли 2023 АМИТ “Ховар” бо нашри як матлаб сокинони пойтахтро ба анҷоми корҳои “худсарона” муттаҳам карда, гуфт, ки қатъи оби ошомиданӣ дар бархе биноҳо бо айби худи сокинон сурат гирифтааст.

Ин хабаргузории давлатии Тоҷикистон, ки зери назорати Президенти кишвар қарор дорад ва яке аз ниҳодҳои таблиғотии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад, дар истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) “Обу корези Душанбе” гуфтааст: «Агар як мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дар хонаҳои кӯҳнасохти замони Шӯравӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифта, имрӯз ба яхбандӣ дучор гардидаанд, сабаби дигар зуд-зуд рух додани садамаҳост, ки ин ҳолат низ бо сабаби сардии зиёди ҳаво ба вуқӯъ пайвастааст.»

Ба қавли Зуҳра Сафарзода, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе, “омили дигари танқисии оби ошомиданӣ- ин аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва баъзе хонаҳои баландошёна кушода мондани ҷумакҳои оби ошомиданӣ мебошад. Яъне, баъди дар хонаҳо кушода мондани ҷумакҳои об фишор дар қубурҳо суст гардида, норасоии об ба вуҷуд меояд. Ҳангоми аз ҷониби мутахассисони соҳа баланд намудани фишори об ба садама гирифторшавии қубурҳо бештар мегардад, ки ин кори моро дучанд менамояд”.

Гуфта мешавад, ин пуштибонии АМИТ “Ховар” аз шаҳрдори пойтахт дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи даҳ рӯзи ахир садҳо нафар аз сокинони шаҳри Дашанбе бо нашри матолиби эътирозӣ аз норасоии оби ошомиданӣ, оби гарм ва қатъи нерӯи барқ шикоят карда буданд.

Дар ин раванд, худи масъулони шаҳрдорӣ сари вақт ба доди онҳо расида натавонист. Кор то ҷое расида буд, ки бархе аз сокинон рӯзона даҳҳо маротиба ба масъулин занг мезаданд, вале ба ҷуз ваъдаи ислоҳ кардан , мушкилоти онҳоро бартараф намекарданд.

Шаҳрдори пойтахт писари Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат як бор ҳам ба сурати мустақим аз аҳволи мардум хабар нагирифт ва ҷое нарафт то мардум онро дар байни худ бибинанд, ба ҳамин хотир дар назари мардум яке аз нокоромадтарин мансабдорон ном гирифт, ки на барои рафъи мушкилот сари вақт амал мекунад ва на дар рӯзҳои сахт дар паҳлуи мардум қарор мегирад.

Поёни нишасти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон “дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.”

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми январи соли 2023 “вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ” дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ба қавли манбаъ, ин нишаст 13-уми январи соли ҷорӣ ба кори худ оғоз карда буд ва “аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.” ва “Вохӯрии навбатии тарафҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мисли пешин дар бораи ҷузъиёти чунин ҷаласаҳои муҳим чизе нагуфтааст, аммо ҷониби Қириғизистон дар аксар маврид мардуми кишварашро аз ҷараёни чунин нишастҳо дар ҷараён мегузорад.

Бо ин вуҷуд, дар моҳи январи соли ҷорӣ сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз тамосҳои телефонӣ гуфта буданд, вазъияти буҳронӣ байни ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ аст. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон чанд рӯз пеш бо таъйиди ин раванд гуфт буд, ки авзоъ хеле беҳтар шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон дар даҳ соли ахир чандин бор вориди низоъҳои мусаллаҳона гардида, хунинтарини ин низоъҳо дар ду соли ахир дар манотиқи назди сарҳадии ду кишвар, ба хусус дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Уши Қирғизистон сурат гирифта буд, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта ва захмӣ гардиданд.

Дар ин сардии ҳаво боз заминларза Тоҷикистонро такон дод

0

Шоми рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ сокинони шаҳри Душанбе заминларзаро эҳсос карданд. Ба гуфтаи сокинон шиддати он чандон тарснок набуд.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри иттилоияе ба вуқуъ пайвастани заминларзаро дар қаламрави кишвар тасдиқ карда, гуфт, ки маркази он дар кишвари ҳамсоя Афғонистон буд.

КҲФ менависад: “19-уми январи соли равон соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки бино ба гузориши Институти зилзиласанҷии кишвар маркази он қаламрави Афғонистон буд.”

Ба иттилои Институти зилзиласанҷии кишвар қувваи заминларза дар маркази он 4 баллро ташкил дод. Аммо дар Душанбе қуввати он 2 балл буд.

Хушбахтона, бар асари ин заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Оғози таҳсили замистона дар мактабҳои Тоҷикистон

0

Муҳассилини мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ ва касбии Тоҷикистон пас аз таътилҳои замистона, ки бо сабаби сардиҳо иловатан даҳ рӯзи дигар низ дар рухтасӣ буданд, ба мактабҳо бармегарданд.

Бино ба иттилои Агентии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар”, 20-уми янавари соли 2023 “дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона ба анҷом расида, дарс оғоз мегардад.”

Пеш аз ин Azda tv иттилоъ дода буд, ки 10-уми январи соли 2023, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон гуфт, ки бо сабаби сардиҳои зиёд муддати таътили замистонаи донишомӯзони мактабҳои кишварро то 20-уми январи соли ҷорӣ тамдид карданд.

Гуфта мешавад, аксари мактабҳои Тоҷикистон ҳатто дар ҳудуди пойтахт ҳам дар мавсими замистон барои гарм кардани синфхонаҳо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд ва ҳукумат дар муддати 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон натавонистааст, ки ин мушкили мактабҳоро пурра бартараф созад.

Тоҷикистон: Идомаи ҷойивазкуниҳои мансабдорон

0

Президенти Тоҷикистон бо имзои чанд амру фармон чандин нафар аз мансабдорони кишварро аз вазифаҳои худ барканор ва дар ҷои дигар мансуб кард.

Бино ба иттиллои сомонаи Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми январи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо имзои 2 амр, 10 қарор ва 2 фармон хеле аз мансабдорони кишварро ҷойгардон кард.

Тибқи ин қарорҳо, ҳамакнун собиқ муовини Кумитаи телевизион ва радиои кишвар Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Инчнуин бар асоси қарорҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон раҳбарон ва муовинони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро ҳам ҷойгардон кард.

Тибқи армҳои раисҷумҳур Давлатзода Қиёмиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд ва низ “Нӯъмон Шаҳлобону бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.

Гуфта мешавад, тибқи фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон: 1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 14 феврали соли 2023 гузаронида шавад. 2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 фармони мазкур гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

Ин ҳама амру фармон ва қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тағйироти кадрӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки худи Президенти Тоҷикитсон медонад, ба ҷуз фурӯши мансабҳо чизе дар ҳукумат тағйир намекунад.

Барои мисол, ҳамин сардиҳои чанд рӯзи ахир нишон дод, ки дар раъси нокормандатрин мансабдорони кишвари писари худаш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе Эмомалӣ ҳузур дорад.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ин қадар мушкилот як танбеҳ ҳам ба писараш намедиҳад, ба ин хотир раисони дигар шаҳру ноҳияҳо мутмаин мешаванд, ки вақте пул дода мансабҳоро харидаанд, забони  Эмомалӣ Раҳмони мансабфурӯш кӯтоҳ аст. Онҳо низ мисли Рустами Эмомалӣ дар заминҳои фасоди идорӣ, ахлоқӣ ва дуздии пулҳои буҷети давлатӣ дасту забонҳояшонро дарозтар мекунанд.

Шикояти сокинони Афғонистон аз қатъ шудани барқи Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, сокинони шаҳри Толиқон маркази вилояти Тахори Афғонистон шикоят кардаанд, ки барқи воридотии Тоҷикистон шабона дода мешавад, аммо аз тарафи рӯз қатъ мешавад.

Сокинони ин шаҳр гуфтаанд, дар гузашта барқи воридотии Тоҷикистон 24 соат васл буд, аммо ҳоло дар ин сармои сахт танҳо шабона чанд соате дода мешаваду халос.

То ҳол далоили қатъ шудани барқи Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон рӯшан нест. Масъуилин ширкати барқтаъминкунандаи “Брешно”-и Афғонистон ва ҳамчунин ширкати “Барқи тоҷик” дар ин маврид тавзеҳе надодаанд.

Шикояти сокинони ин кишвар аз камбуди барқ дар ҳолест, ки дар тамоми Тоҷикистон барқ аз оғози фасли тирамоҳ қатъ мешавад то аввали баҳор, ҳатто дар ин рӯзҳои сармои шадид ҳам сокинони худи кишвар барқ надоранд.

Дар шароите, ки аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷиҳ ҳастанд, Вазорати обу энержии Афғонистон хабар дод, ки дар торихи 10-уми январи соли ҷорӣ ширкати “Барқи тоҷик” қарордоди интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро тамдид кард.