7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 40

Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷиронро бо полиграф санҷанд

0

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки вориди ин кишвар мешаванд, аз санҷиши ҳатмӣ бо полиграф ё детектори дурӯғ гузаронида шаванд.

Ба иддаои муаллифи ин тарҳ, фаъоли ҷамъиятӣ Алексей Ярошенко санҷиши маъмулии ҳуҷҷатҳо наметавонад шаҳрвандонро аз ҷиноятҳои ғайриқонунӣ пурра муҳофизат кунад ва чунин чора имкон медиҳад, ки ворид гардидани – ба гуфтааш – ҷинояткорон ва террористон ба Русия коҳиш ёфта, ҳолатҳои убури ғайриқонунии марз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои сохта пешгирӣ гарданд.

Ба андешаи Ярошенко, пурсиш бо нармафзори дурӯғсанҷ ё ҳамон детектори дурӯғ инчунин онҳоеро, ки кӯшиши ворид шудан ба Русияро танҳо бо ҳадафи гирифтани кумакпулиҳо ва роҳандозии корҳои қаллобона доранд, муайян намуда, дар баробари паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, низоъҳои байниқавмӣ низ пешгирӣ мегардад.

Чунин пешниҳод аз ҷониби ин фаъоли рус дар ҳоле садо медиҳад, ки пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосияш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатии Русия пешниҳоду қабул гардид, ки шароити кор ва будубош дар ин кишварро юарои муҳоҷирон сахттар кард.

Ин пешниҳоду қабули қонунҳо дар ҳоле аст, ки мувофиқи оморҳои расмӣ, Русия худ ба беш аз 2,2 миллион қувваи корӣ ниёз дорад, вале ба гуфтаи коршиносон, ҳар гоҳ дар дохили Русия мушкилоте пайдо шавад, мақомот фазои муҳоҷирбадбиниро ба вуҷуд меоранд, то таваҷҷуҳи шаҳрвандонро аз мушкилоти асосӣ дигар тараф равона кунанд ва маҳз ҳодисаи “Крокус” ба мақомот ин имконро фароҳам овардааст. 

Толибон пурра интернетро қатъ карданд

0

Дар тамоми Афғонистон интернет ва алоқаи мобилиро Толибон пурра қатъ карданд.

Бино ба иттилои “NetBlocks”, ки амнияти киберӣ ва мудирияти интернетро дар тамоми дунё назорат мекунад, эълон карда, ки шоми 29-уми сентябр сатҳи пайвастшавии Афғонистон ба алоқаи мобилӣ ва интернет қариб ба сифр расида, ҳам интернети ноқилӣ ва ҳам шабакаҳои мобилии 3G/4G ғайрифаъол шудаву миллионҳо нафар аз дастрасӣ ба иртиботи дохилӣ ва байналмилалӣ маҳрум шуданд.

Гуфта мешавад, ки қатъи интернет ба бахшҳои гуногуни ин кишвар осеб расонда, дар Кобул парвозҳо дар фурӯдгоҳи байналмилалӣ бекор шуда, Афғонистон пурра дучори мушкили хидматрасониҳои бонкӣ, аз кор мондани дурбинҳои амниятӣ, мушкилот дар кори гумрук, қатъи пахши бархе шабакаҳои телевизионӣ ва саргардонии мардум шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар медиҳанд, ки ба сабаби қатъи интернет дар Афғонистон 30-уми сентябр панҷ парвоз аз хориҷ ба Афғонистон, аз ҷумла се парвоз аз Дубай, ду парвоз аз Истанбул ва як парвози дигар аз Маскав ба Кобул лағв шуда, мусофирон саргардон шудаанд.

Сокинон вазъиятро фалокатбор номида, гуфтаанд, ки “бидуни интернет ва телефон нобино ҳастем”.

Зарбаи сахт бештар ба занону духтарон расидааст, ки аз дастрасӣ ба таҳсил маҳрум ва машғули курсҳои онлайнӣ буданд.

Гуфта мешавад, то ҳол Толибон, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, расман бе алоқаи мобилӣ ва интернет гузоштани аҳолиро шарҳ надодаанд ва маълум нест кай интернет дубора барқарор мешавад.

Аммо дар миёнаҳои моҳи сентябр бо қарори раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода ва бо баҳонаи “ҳифзи арзишҳои исломӣ ва ахлоқӣ” дар Балх, Бадахшон, Қундуз, Балғон ва Нангарҳор интернетро қатъ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон аз тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон дар даст дорад ва дар ин давра ин гурӯҳ чандин маҳдудиятҳоро барои аҳолии ин кишвар, махсусан занону духтарон дар таҳсилу кор ҷорӣ карданд, ки боиси вокуниши тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ва ба сабаби ин рафторҳо, ҳукумати Толибонро бо гузашти беш аз 4 сол, ба ҷуз Русия, ҳеч давлате расман эътироф накардааст.

Дипломатҳои афғон дар шаҳри Бони Олмон дастаҷамъона исеъфо доданд

0

29-уми сентябр соли 2025 кормандони консулгарии умумии Афғонистон дар шаҳри Бони Олмон фаъолияти худро қатъ намуда, ба нишони эътироз дастаҷамъона истеъфо доданд.

Ба гуфтаи онҳо, ин қарор пас аз он гирифта шуд, ки мақомоти Олмон иҷозати фаъолият ба намояндагони Толибон дар консулгариро доданд.

Собиқ кормандони консулгарӣ изҳор доштанд, ки дар чунин шароит идомаи корро ғайриимкон медонанд. Онҳо аз ҷумла таъкид намуданд, ки тасмими Олмон мухолифи арзишҳо ва ормонҳое мебошад, ки онҳо то имрӯз ҳифз мекарданд.

Ин кормандон соли 2021, пеш аз ба қудрат омадани Толибон таъйин шуда буданд ва баъдан ҳам дар Олмон ба намояндагии ҳукумати пешини Афғонистон фаъолият мекарданд, гарчанде дигар аз ҷониби Кобул расман эътироф намешуданд.

Ба иттилои расонаҳои олмонӣ, ворид шудани намояндагони Толибон ба консулгарии Бон яке аз омилҳои асосии ин истеъфоҳо будааст. Ҳамзамон созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз вазъи Афғонистон, бахусус саркӯби занон ва афзоиши шиканҷаву қатлҳо дар зиндони Толибон изҳори нигаронӣ доранд

Оё тарҳи оташбаси Трамп ба Ғазза сулҳ меорад?

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе тарҳи ҷадидеро барои оташбас ва поён додани ҷанг дар Ғазза пешниҳод кард.

Рӯзи душанбе Доланд Трамп бо Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед мулоқот кард ва дар ҳузури хабарнигорон аз тарҳи ҷадиде дар бораи оташбас ва поён додани ҷанг дар Ғазза хабар дод, ки аз 20 банд иборат аст.

Мувофиқи ин тарҳ, ҲАМОС бояд ба таври куллӣ халъи силоҳ шавад ва аз қудрат дар Ғазза канор равад ва идораи ин борика ба дасти як кумитаи махсус аз текнократҳои ғайрисиёсии фаластинӣ ва коршиносони байналмилалӣ мегузарад. Ин кумита зери назари “Шӯрои сулҳ” бо раёсати худи Трамп, Тони Блэр ва дигарон фаъолият хоҳад кард.

Яке аз бандҳои дигари ин тарҳ ин аст, ки, пас аз пазируфтани оташбас аз ҷониби Исроил ва ҲАМОС дар ҳол ҷанг хотима меёбад Исроил аз нақшаи худ дар бораи ғасби Ғазза даст мекашад. Ва инчунин бояд дар давоми 72 соат ҲАМОС тамоми гаравгонҳои исроилӣ, чи мурда ва чи зиндаро ба Исроил бозгардонад. Пас аз озодии гаравгонҳои исроилӣ аз ҷониби ҲАМОС, Исроил 250 зиндонии фаластиниеро, ки ҳукми абад доранд ва инчунин 1700 нафари дигарро, ки баъд аз 7-уми октябри соли 2023 боздошт шудаанд, озод мекунад.

Бар асоси ин тарҳ, кумакҳои башардӯстона мувофиқи бандҳои оташбаси 19-уми январи ҳамин сол фавран вориди Ғазза мешаванд. Ва дар ҳол бозсозии зерсохторҳо, обрасониҳо, бемористонҳо, нонвойҳо ва макони омодасозии ғизо ва эҳтиёҷоти зарурӣ оғоз мегардад.

Вуруди кумакҳои башардӯстона аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид, Ҳилоли Аҳмар ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ва бидуни мудохилаи Исроил ва ҲАМОС анҷом мешавад. Инчунин гузаргоҳи “Рафаҳ” низ мувофиқи шартҳои тавофуқномаи моҳи январи соли 2025 бозгушоӣ мешавад.

Бар мабнои ин тарҳ, бояд бо назорати ниҳодҳои байналмилалӣ тамоми тунелҳои ҲАМОС тахриб шуда, раванди халъи силоҳи ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимат ба воситаи нозирони байналмилалӣ ва барномаи хариди силоҳ дунбол хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Натанёҳу дар ҳузури Трамп ба ин тарҳ розигии худро баён кард, вале имрӯз, сешанбе гуфт, ки артиши Исроил то комилан халъи силоҳ шудани нерӯҳои ҲАМОС дар Ғазза хоҳад монд. Ҳамзамон гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ ин тарҳро рад карда, онро як ҳиллаи аз байни бурдани муқовимат номид, аммо то ҳанӯз ҲАМОС дар ин маврид чизе нагуфтааст.

Бархе кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ аз ин тарҳ истиқбол карда, бархе дигар онро талаи нави Трамп бар зидди ҲАМОС ва фаластиниён медонанд. Ҳатто баъзе аз расонаҳои фаронсавӣ ин тарҳро фурсати ҷадиде барои Исроил ва ҳатто иҷозати расмии ҳамлаи густурда алайҳи ҲАМОС унвон кардаанд.

Беш аз 10 созмон озодии Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд

0

Дувоздаҳ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаврии маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро, ки даҳ сол боз дар зиндон қарор дорад, талаб карданд.

Дар баёнияе, ки 29-уми сентябр нашр шуд ва Amnesty International, Human Rights Watch, Freedom Now, CIVICUS ва чанд созмони дигар зери он имзо гузоштаанд, гуфта мешавад, ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёрови 54-сола пас аз эълони дифоъ аз 14 узви баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 боздошт шуд.

Додгоҳ ӯро соли 2016 бо иттиҳомоти сохтаи “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ин ҳуқуқдони шинохта борҳо дар зиндон ҳуқуқаш поймол шудаву дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигаҳдорӣ шуда, шиканҷа шудааст.

Бо вуҷуди кӯтоҳ кардани муҳлаташ дар авф, мақомот бар зидди ӯ боз чандин айби нав эълон карданд ва ӯ то соли 2043 дар зиндон хоҳад монд.

Ин 12 созмон аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Ёров ва ҳамаи маҳбусони сиёсиро фавран ва бе қайду шарт озод карда, ба боздоштҳои худсарона ва шиканҷа хотима диҳанд ва уҳдадориҳои байналмилалиро барои таъмини озодии ҳуқуқи инсон иҷро кунанд.

Ҳамчунин онҳо аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон даъват карданд, ки бо роҳҳои дипломатии дуҷониба ва бисёрҷониба барои озодии Ёров ва дигар маҳбусони сиёсӣ талош варзанд.

Пештар СММ боздошти Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Мақсуд Иброҳимов ва чанд тан аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ-ро худсарона номида, озодии фавриашонро талаб карда буд.

Нафақаи иҷтимоӣ дигар ба муҳоҷирон дода намешавад?

0

Дар Русия мехоҳанд нафақаҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷиронро бекор кунанд, то сарборӣ аз буҷети федералӣ кам гардад.

Чунин пешниҳодеро раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ ва вакили Думаи давлатии Русия Леонид Слутский кардааст.

Ба гуфтаи ӯ ҳоло Русия вазъи ҳасосеро паси сар дорад ва ҳар як танга барояш лозимӣ ҳаст.

Слутский иддао карда, ки аксари хориҷиён дар рушди Русия саҳме намегузоранд, вале ҳаққи нафақа доранд, дар ҳоле, ки нафақахӯрони рус аз дастгирии хуби иҷтимоӣ бархурдор нестанд.

Дар тавзеҳи ин лоиҳаи қонун гуфта шуда, ки бекор кардани нафақаҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷирон имкон медиҳад, ки низоми нафақавӣ аз уҳдадориҳои беасос эмин нигаҳ дошта шавад ва сарбории буҷет кам гардад.

Тибқи қонунгузории амалкунанда дар Русия, ҳаққи гирифтани нафақаи иҷтимоиро хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандие доранд, ки дар Русия на камтар аз 15 сол истиқомати доимӣ дошта бошанд ва ба синни муқарраршудаи бознишастагӣ расида бошанд.

Бино ба оморҳои расмӣ, ҳоло дар Русия беш аз 6 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор доранд ва маълум нест, чанд нафари онҳо нафақаи иҷтимоӣ мегиранд.

Қаблан вакилон аз Ҳизби либерал-демократии Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод карда буданд, ки тибқи он муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, вазифадор мешаванд, ки хароҷоти давлат барои дастгирии иҷтимоӣ, тиб ва маорифро пардохт кунанд.

Иттиҳоди Аврупо бар зидди Эрон таҳримҳои нави худро ҷорӣ кард

0

Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе, 29-сентябр эълом кард, ки таҳримҳои худ алайҳи Эронро ба хотири “фаъолиятҳои ҳастаияш” дигарбора фаъол кард.

Ба гуфтаи ИА, ин таҳримҳо шомили маҳсулоти тиҷорӣ, молӣ, таслиҳотӣ ва боздошти дороиҳои бонкҳои Эрон, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки пеш аз БАРҶОМ таҳти таҳрим буданд, мешавад.

Бар асоси баёнияи расонаҳои шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, ки субҳи рӯзи душанбе нашр шуд, Иттиҳоди Аврупо бори дигар тамоми таҳримҳоеро, ки пас аз тавофуқи БАРҶОМ муваққатан боздошта шуда буданд, бар зидди Эрон дигарбора ҷорӣ кард.

Таҳримҳо пас аз он эълон шуданд, ки Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳафтаи гузашта муддати лағви таҳримҳо бар зидди Эронро тамдид накард. Ин ҳам дар пас аз он рух медиҳад, ки соли 2015 се кишвари аврупоии узви БАРҶОМ – Фаронса, Олмон ва Британия ҳангоми гуфтушунидҳои ҳастаии Эрон, таҳримҳоро ба ҳолати таълиқ дароварда буданд.

Таҳримҳои эълоншуда шомили мавридҳои зер ҳастанд:

. Мамнуияти сафар барои афрод ва боздошти дороиҳои онҳо ва дороиҳои ниҳодҳое, ки шомили таҳрим шудаанд;

. таҳримҳои иқтисодӣ ва молӣ, ки бахшҳои тиҷорӣ ва молӣ ва ҳамлу нақлро дар бар мегиранд;

. мамнуияти содироти аслиҳа ба Эрон

. мамнуияти ҳар навъ мавод ва колое, ки дар сохти мушакҳои эронӣ истифода мешаванд;

. мамнуияти воридот, харид, ҳамлу нақли нефти хом ва гази табиӣ;

. фурӯш ё арзи таҷҳизоти калидие, ки дар бахшҳои энержӣ истифода мешавад;

. фурӯш ё арзи тилло, алмос ва дигар филизоти гаронбаҳо;

. мамнуияти бархе нармафзорҳо.

Дар вокуниш ба эълони таҳримҳо Эрон ин тасмими Иттиҳоди Аврупоро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, ки барои муқобила бо таҳримҳо ва таъсироти иқтисодии онҳо тадбирҳои лозимаро пешбинӣ кардааст.

Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон маҳдуд карда мешавад?

0

Дар Тоҷикистон талош мешавад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон маҳдуд карда шавад.

Дилноза Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 14-сола пурра манъ карда шавад. Ин пешниҳод дар рӯзномаи “Народная газета” нашр шудааст.

Ба гуфтаи вакил, шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба рушди равонӣ ва ахлоқии кӯдакон таъсири манфӣ расонанд ва паҳншавии маълумоти бардурӯғ низ хатарзо аст. Ӯ таъкид мекунад, ки бо вуҷуди ворид шудани баъзе тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, назорат дар ин самт ҳанӯз нокифоя мебошад.

Аҳмадзода пешниҳод кардааст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 14-сола пурра манъ гардад. Барои наврасони аз 14 то 17-сола бошад, танҳо бо ризояти хаттии падару модар иҷозаи истифода аз чунин шабакаҳо дода шавад.

Ин пешниҳод вокунишҳои гуногунро дар ҷомеа ба бор оварда, ҳам ҷонибдорони ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳам мухолифони маҳдудияти озодиҳои шахсиро ба баҳс кашидааст.

Хидмат дар артиш – дар ивази шаҳодатномаи ронандагӣ

0

Аз 1-уми октябр то охири моҳи ноябри соли 2025 дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ баргузор мешавад.

Тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998–2007 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мегарданд. Дар ин бора расонаи давлатии АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин масъала дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2025 ба хидмати ҳарбӣ баргузор шуда, масъалаҳои иҷрои нақшаи даъват, беҳтар кардани шароити хидмат, пешгирии қонуншиканиҳо ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон баррасӣ шуданд.

Барои ҷавонони 18 то 27-сола хидмати ҳарбӣ ҳатмӣ буда, муҳлати хидмат барои хатмкунандагони мактабҳои миёна ва миёнаи касбӣ 2 сол ва барои хатмкунандагони донишгоҳҳо бо кафедраи ҳарбӣ 1 сол пешбинӣ шудааст. Ҳукумати кишвар барои сарбозон баъзе имтиёзҳо, аз ҷумла гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро ваъда додааст.

Мақомоти масъул таъкид карданд, ки хидмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар ҷавон аст ва маъракаи тирамоҳӣ бояд дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҳарбӣ, ки миёни мардум бо номи «Облава» маъруф аст, ҳамасола боиси баҳсу вокунишҳои зиёд мегардад.

Қисме аз ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ худдорӣ мекунанд ва мақомоти масъул онҳоро бо роҳҳои ғайриқонунӣ тавассути боздошт дар кӯчаҳо ва хиёбонҳо ба хидмат мебаранд. Инчунин солҳои охир сокинон аз он шикоят доранд, ки мақомот барқи деҳаро қатъ мекунанду дарҳои масҷидҳоро баста, талаб мекунанд, ки фарзандонашонро ба артиш фиристанд.

Таҳлилгарон яке аз омилҳои асосии фирори ҷавононро аз хидмати ҳарбӣ набудани шароити муносиб дар қисмҳои ҳарбӣ, инчунин ҳолатҳои озору азияти аскарон аз ҷониби сарбозони бузургсол медонанд. Борҳо расонаҳои кишвар аз ҳолати ба ҳалокат расидани сарбозони ҷавон дар натиҷаи чунин муносибатҳо ва шароити сахт дар қисмҳои ҳарбӣ хабар додаанд.

Трамп: Ба Исроил иҷозат намедиҳам Соҳили ғарбии рӯди Урдунро ғасб кунад

0

Президенти ИМА Доналд Трамп эълом кард, ки ғасби эҳтимолии қаламравҳои Фаластинро дар соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун аз ҷониби Исроил дастгирӣ намекунад. Ӯ дар ин бора 25-уми сентябр зимни нишасти матбуотие дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт.

Трамп дар ин нишаст гуфта, ки “Ман ба Исроил иҷозат намедиҳам соҳилҳои ғарбиро ғасб кунад. Не, ман инро иҷозат намедиҳам. Ин рух намедиҳад”.

Инчунин ӯ дар посух ба савол дар мавриди он ки оё дар ин бора бо нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу тавассути телефон баррасӣ кардааст ё на, гуфта: “Оё ман бо ӯ суҳбат кардам ё на — ман ба Исроил иҷозат намедиҳам, ки Соҳили ғарбии рӯди Урдунро ғасб кунад. Бас аст. Вақти он расидааст, ки инро қатъ кунем”.

Ин гуфтаҳои Трамп дар ҳоле садо медиҳанд, ки нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу пас аз ба расмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби Фаронса, Британия, Канада, Австралия ва чанд кишвари урупоии дигар гуфт, ки “Ҳеҷ давлате дар Ғарби рӯди Урдун ташкил намешавад” ва изҳор дошт, ки нақша дорад деҳаҳои аҳолинишини яҳудиро аз ҳисоби соҳилҳои ғарбӣ васеъ кунад.

Пеш аз ӯ вазири ифротии исроилӣ Смотрич ҳам ба ғасби пурраи соҳилҳои ғарбӣ даъват карда буд ва гуфт, ки Исроил аллакай 82% ин қаламравҳоро назорат мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ин қаламравҳоро ишғолшуда меҳисобад.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфта, ки умедвор аст ба зудӣ оташбас дар Навори Ғазза таъмин шавад ё ҳатто созишномаи сулҳи дарозмуддат имзо гардад.

Намояндаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф низ ба расонаҳо дар бораи «нақшаи 21 бандӣ» барои коҳиш додани таниш дар Ховари Миёна гуфтааст, ки он на танҳо Навори Ғаззаро, балки қаламравҳо дар Соҳили ғарбии рӯди Урдунро низ дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, Трамп ин нақшаи сулҳро ба ҷуз Исроил аллакай бо Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Миср, Урдун, Туркия, Индонезия ва Покистон муҳокима кардааст.

Манобеи нашрияи Financial Times мегӯяд, ки дар он аз озодии тамоми гаравгонҳои боқимонда ва барқарории оташбаси доимӣ гуфта шуда, пешниҳод гардидааст, ки қувваҳои Исроил аз минтақа марҳила ба марҳила, вале ба таври пурра бароварда шаванд ва ба ҷои онҳо дар навори Ғазза “нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ”, ки иборат аз кишварҳои мусалмонӣ мебошанд, ҷойгир шаванд.

Ҳамчунин дар ин нақша гуфта шудааст, ки идоракунии Ғазза, бидуни ҳузури ҲАМОС ба як ниҳоди махсуси байналмилалӣ вогузор гардад, ки дар он намояндагони Маъмурияти Миллии Фаластинӣ низ иштирок хоҳанд кард ва маблағгузорӣ аз ҷониби кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, кишварҳои дар боло зикр шуда, дар баробари ин нақша чанд шартеро ба мисли иҷозаи фаврии вуриди ёриҳои гуманитарӣ ба Ғазза, қатъи ишғол ва шаҳраксозии Исроил дар Ғазза, ғасб накардани минтқаҳо дар Соҳили ғарбӣ аз ҷониби Исроил ва ғайра низ гузоштаанд.

Имрӯз, 26-уми сентябр Натанёҳу дар СММ суханронӣ кард ва 29-уми сентябр вохӯрии ӯ бо Трамп дар Кохи Сафед пешбинӣ шудааст ва назари Натанёҳу дар бораи нақша маълум хоҳад гашт.

Ёдовар мешавкем, ки пас аз моҳи октябри соли 2023 Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ (Соҳили ғарбии рӯди Урдун) шиддат бахшидааст. Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, ба сабаби бомборонҳои Исроил дар Ғазза то кунун беш аз 65 ҳазору 500 нафар кушта ва наздики 168 ҳазор нафари дигар захмӣ шудааст.