5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 42

Боз шаш кишвари дигар давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд

0

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълон кард, ки кишвараш давлати Фаластинро расман эътироф мекунад.

Ӯ ин тасмими кишварашро рӯзи 22-уми сентябр, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк зимни суханрониаш дар ҳамоиши байналмилалии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, эълон кард.

Ҳамоиш бо ташаббуси Фаронса ва Арабистони Саудӣ доир гардида, ҳадафи асосии он эҳёи роҳҳалли таъсиси “ду давлатӣ” (исроилӣ ва фаластинӣ) дар чорчӯби сарҳадҳои байналмилалӣ эътирофшуда мебошад.

Ба гуфтаи Макрон, ин иқдом барои “таъмини сулҳ миёни ду миллат” равона гашта, аз зарурати озод кардани 48 гаравгон аз дасти “ҲАМОС” ва қатъи амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза, аз ҷумла бомбаборонҳо, қатли ом ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ гуфтааст.

Пас аз суханронии Макрон, сарвазири Белгия Барт Де Вевер, инчунин роҳбарони Люксембург, Малта ва Монако низ мавқеи худро эълон ва давлати Фаластинро расман эътироф карданд. Андорра низ худи ҳамон рӯз ба ин иқдом ҳамроҳ шуд.

Бо дарназардошти эълонҳои қаблии Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия, теъдоди давлатҳое, ки мавҷудияти Фаластинро ба расмият шинохтаанд, акнун ба 156 узви СММ мерасад.

Фаластиниҳо ин иқдомро қадами торихӣ номиданд, вале мақомоти исроилӣ онро баръакс, маҳкум намуда, “хатарнок” ва “ҳимоят аз терроризм” донистааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин иқдомҳо бештар аҳамияти рамзӣ доранд ва мақоми байналмилалии Фаластинро мустаҳкам мекунанду вазъи онро дар созмонҳои ҷаҳонӣ тағйир медиҳанд, вале мушкилоти воқеии амниятӣ, марзӣ ва вазъи сокинонашро ҳал намесозанд.

Бо пинҳон шудан дар чархдонҳои ҳавопаймо худро ба Ҳиндустон расонд

0

Як писарбачаи 13-солаи аҳли Қундузи Афғонистон бо пинҳон шудан дар дохили қуттии чархҳои ҳавопаймо аз Кобул ба Деҳлии Ҳиндустон саломат расид.

Ин писарбача дар Фурӯдгоҳи Деҳлӣ аз ҷониби маъмурони амниятии он боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифт. Ӯ ба маъмурони фурӯдгоҳ гуфта, ки тавонистааст пинҳонӣ вориди Фурӯдгоҳи Кобул шавад ва пеш аз парвоз худро ба қуттии чархҳои қафои ҳавопаймо пинҳон кунад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Industan Times”, ҳодиса тахминан соати 11:10-и рӯзи якшанбе, 21-уми сентябр рух дод. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, писарбачаи афғон бо парвози RQ-4401 ширкати ҳавопаймоии “Kam Airlines” хатсайри Кобул-Деҳлӣ дар як сафари 94-дақиқаӣ саломат ба Деҳлӣ фурӯд омад.

Бар асоси иттилои ин хабаргузорӣ, писарбачаи афғон пас аз чанд соати бозҷӯӣ соати 16:00-и ҳамон рӯз тавассути парвози дигар ба Кобул баргардонида шуд. Ҳадаф аз сафар ва зери чархҳои ҳавопаймо пинҳон шудани ин писарбачаи афғон маълум нест. Танҳо гуфта мешавад, эҳтимол аз “рӯи кунҷковӣ” бошад.

Ин ҳодиса ҳолати мушобеҳи соли 2021-ро ба ёд меорад. Замоне ки Толибон дар Кобул ба сари қудрат омаданд, ҳазорҳо нафар барои фирор аз Афғонистон худро ба Фурӯдгоҳи Кобул расониданд ва баъзе ҷавонон дар зери чархҳо ва болҳои ҳавопаймоҳои низомии Амрико худро овезон карданд, то аз Афғонистон фирор кунанд, ки мутаассифона ҳеч кадоме зинда намонд.

Усмон Дембеле барандаи “Тӯби тиллоӣ 2025” шуд

0

22-уми сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Парижи Фаронса маросими супурдани “Тӯби тиллоӣ 2025” ба беҳтарин футболбози сол баргузор гардид.

Барандаи ин ҷоизаи бонуфуз, бори аввал ҳамлагари 28-солаи Фаронса аз бошгоҳи “Пари Сен-Жермен” Усмон Дембеле шуд.

Гуфта мешавад, ин ҷоиза ба Дембеле бештар барои он ки бо дастаи “Пари Сен-Жермен” Лигаи Қаҳрамонҳоро ба даст овард ва беҳтарин бозигари ин мусобиқот шинохта шуд, дода шудааст.

Зимни суханронияш дар ин маросим ӯ аз сармурабии дастааш Луис Энрике, ки ӯ ҷоизаи муррабии солро ба даст овард, изҳори сипос намуда, аз ҳамдастаи собиқи худ Лионел Месси ёд кард ва гуфт, ки аз ӯ бисёр чизҳоро дар Барселона омӯхтааст.

Дар ҳамин ҳол узви дастаи мунтахаби Испания ва бошгоҳи “Барселона” Ламин Ямали 18-сола ҷойи дувум, Витор Феррейра (Португалия, ПСЖ) ҷойи севум, Муҳаммад Салоҳ (Миср, “Ливерпул”) ҷойи чорум ва Рафиня (Бразилия, “Барселона”) ҷойи панҷуми бозигари беҳтарини ҷаҳониро ба даст оварданд.

Дар ин маросим беҳтарин бозигари ҷавон ва соҳиби ҷоизаи “Копа Трофи” соли дуввум пайи ҳам Ламин Ямал дониста шуд. Аз ҳамлагарон бошад, ҳамлагари “Арсенал” Виктор Гёкерес беҳтарин ҳамлагари сол дониста шуд ва соҳиби ҷойизаи “Мюллер Трофи” гашт.

Дар байни занон бозингари беҳтарини сол ва барандаи “Тӯби тиллоӣ” пайдарпай соли севум Айтана Бонмати испанӣ, ки дар тими “Барселона” бозӣ мекунад, дониста шуд. Ҷоизаи “Лев Яшин” ки барои беҳтарин дарвозабони сол дода мешавад, насиби Ҷанлуиҷи Доннарумма, дарвозабони Италия ва “Манчестер Сити”, ки пештар бо “Пари Сен-Жермен” Лига Қаҳрамонҳоро ба даст оварда буд, гардид.

Инчунин беҳтарин бошгоҳи мардона “Пари Сен-Жермен” ва беҳтарин бошгоҳи занона “Арсенал” дониста шуданд. Ҳарду бошгоҳ Лигаи Қаҳрамонҳои 2024/2025-ро ба даст овардаанд.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” соли 1956 таъсис ёфта, онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии “France Football” месупорад. Соли 2020 бинобар пандемияи Коронавирус ин маросим лағв шуда буд.

“Тӯби тиллоӣ” аз соли 2010 якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) супурда мешуд, аз соли 2016 “France Football” ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис додааст.

Аз ҳама бештар Лионел Месси ҳамлагари аргентинӣ, 8 маротиба ва ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду 5 маротиба соҳиби “Тӯби тиллоӣ” гаштаанд.

Боздошту истирдоди 400 нафар дар 8 моҳи гузашта аз Русия ба Тоҷикистон

0

Вазири корҳои дохилии Русия зимни нишасте дар Душанбе гуфт, ки дар давоми 8 моҳи гузашта 400 касро бо дархости мақомоти тоҷик боздошт ва ба Душанбе истирдод шудаанд.

22-уми сентябри соли 2025 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар кори он вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев иштирок карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот тавассути низомҳои электронӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати тафтишотро мавриди муҳокима қарор доданд. Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ аҳамияти хосса касб мекунад.

Гуфта мешавад, дар поёни ҷаласа нақшаи ҳамкорӣ барои соли 2026 тасдиқ ва зарурати таҳкими чораҳои муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ таъкид гардид. Ҳар ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҳамкориҳои ВКД Тоҷикистону Русия барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муҳиме доранд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, танҳо дар ҳашт моҳи гузашта бо дархости мақомоти Тоҷикистон 400 нафар, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Коршиносон хотиррасон мекунанд, ки ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду кишвар танҳо ба мубориза бо ҷиноятҳои муқаррарӣ маҳдуд намешавад. Ба гуфтаи онҳо, Русия дар солҳои охир дар боздошт ва истирдоди чандин мухолифи сиёсии тоҷик нақши калидӣ бозида, онҳоро ба мақомоти Тоҷикистон таслим намудааст.

Шахсиятҳои сиёсии зиёде, ба монанди Маҳмадрӯзӣ Искандаров, осбиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ёқуб Салимов, собиқ вазири ВКД, Изат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чанде аз аъзои ҲНИТ, фаъолони Бадахшон, ба монанди Амриддин Аловатов, Оразу Рамзӣ Вазирбековҳо ва дигарон дар давоми солҳои гузашта аз Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Фоҷиа! Марги 5 узви як хонавода дар як тасодуфи роҳ

0

Бар асари садамаи мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хқҷанд 5 узви як хонавода, ки ба Душанбе сафар доштаанд, ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ин фоҷиаи мудҳиш соати 11:30 дақиқаи рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар километри 174-уми шоҳроҳи Душанбе-Хқҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳрстон рух додааст.

Гуфта мешавад, панҷ узви як оила, ки ҳама сокинони ноҳияи Истаравшан будаанд, мехостаанд ба Душанбе сафар кунанд, ки нохост мошинашон ба як мошини боркаши “Дулан” бархӯрда, таркиш ба вуҷуд меояд ва ҳама ҳалок шуданд.

Дар хабари КҲФ гуфта мешавад, ки ҳалокшудагони ин садама, ронанда ва падари хонавода Муродов Амирбеки 45-сола, модари хонадон 41-сола, ду духтар, ки яке 10 ва дуюмӣ 9 сол дошт ва писари панҷсола мебошанд.

Гуфта мешавад, ронандаи 24-солаи мошини “Дулан” – Азамов Ҷамолиддин, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, деҳаи Куйбеш бо ҷароҳатҳои ҷисмӣ ба беморхони марказии ноҳияи Шаҳристон интиқол дода шудаст.

То ҳанӯз сабаби ин фоҷиаи маргбор дақиқ нест, вале ба гуфтаи КҲФ, эҳтимоли зиёд суръати баланди ҳаракати мошинҳо бошад, ки ронандагон вақти рӯ ба рӯ омаданд аз уҳдаи идораи он набаромадаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чунин ҳодисаҳои маргбор рух медиҳад. Агарчи бо суръати баланд рондани мошинҳоро яке аз сабабҳои чунин ҳодисаҳо мегӯянд, вале аксари ронандагон аз ноҳамвор будани роҳҳо ва шароити хуб надоштани тӯнелҳои ин роҳ шикоят мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 10 сол мешавад, ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS), ки гуфта мешавад, ба наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ин роҳро пулакӣ карда ва онро идора мекунад. Вале ҳоло ҳам ба шароити замона ҷавобгӯ нест.

Исроилро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои футболи Аврупо маҳрум мекунанд?

0

Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар ҷаласаи рӯзи 23-уми сентябраш масъалаи муваққатан боздоштани иштироки дастаҳои миллию клубҳои Исроил дар мусобиқоти зери раҳбарияшро баррасӣ хоҳад кард.

Дар рӯйхати муҳокима гузоштани ин масъала дар УЕФА пас аз ҳамлаи Исроил ба Доҳа – пойтахти Қатар, ки 9-уми сентябр рух дод ва чанд куштаву захмӣ гузошт, инчунин бад шудани вазъи инсонӣ дар Навори Ғазза ба миён омадааст.

Бино ба навиштаи расонаҳо, Қатар дар посух ба ҳамлаи Исроил фишори дипломатиро зиёд кардааст ва талош дорад вокунишҳои ҷиддиеро аз ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз УЕФА нисбати Исроил ба даст оварад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аксар кишварҳои узви УЕФА ҷонибдори маҳрум кардани Исроил аз ширкат дар мусобиқоти футбол мебошанд.

Агар УЕФА чунин қарореро қабул кунад, ки тимми миллии Исроил ба таври автоматӣ ба иштирок дар даври интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 ва дастаҳои он мисли “Маккаби” Тел-Авив ба Лигаи Аврупо роҳ дода намешаванд.

Дар ҳамин ҳол Федератсияи футболи Исроил бо роҳҳои дипломатӣ ва ҳуқуқӣ талош дорад ин масъала аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир тимҳои миллӣ ва дастаҳои Русия дар мусобиқоти зери УЕФА ва ФИФА иштирок карда наметавонанд. Чунин қароре пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 гирифта шуд. Инчунин варзишгарони рус наметавонанд зери парчами кишварашон дар аксар мусобиқоти варзишии байналмилалӣ ширкат кунанд.

Вакилони рус: муҳоҷирон хонаводаҳояшонро ба Русия наоранд

0

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин мегӯяд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия меоянд, набояд бо худ оилаҳояшонро биёранд.

Ӯ дар ин бора наворе дар канали Telegram-и худ нашр карда, аз мавқеи Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳимоят кард.

Ҳафтаи гузашта вазири рушди иқтисоди ин кишвар Максим Решетников аз маҳдудияти нав гуфта, қайд намуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд мувофиқи принсипи “омад – кор кард – рафт” амал кунанд.

Ба иддаои ӯ, Русия вазифадор нест, ки оилаҳои шаҳрвандони хориҷиро мутобиқи ин кишвар созад ва рушди иқтисод бояд пеш аз ҳама аз ҳисоби баланд бардоштани самаранокии меҳнати худи русҳо таъмин карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 9-уми сентябри соли ҷорӣ гурӯҳе аз вакилон ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне пешниҳод карданд, ки мувофиқи он ба ҳамсарону фарзандони муҳоҷирони корӣ иҷозати вуруд ва иқомат дар Русия дода намешавад. Истисно танҳо барои шаҳрвандони Беларус ва мутахассисони баландихтисос пешбинӣ шудааст. Муаллифони ташаббус вакилони рус Сергей Миронов, Олег Нилов, Яна Лантратова, Алексей Кузнетсов ва Михаил Делягин мебошанд.

Дар тавзеҳоти ин тарҳи қонун зикр мешавад, ки оилаҳои муҳоҷирон ба инфрасохтори иҷтимоӣ ва буҷетҳои минтақавӣ сарборӣ меоранд.

Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли 2025 ба шаҳрвандони хориҷӣ 114 ҳазор иҷозатнома барои кор дода шудааст, ки 1,5 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия зиёда аз 6,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Муаллифони ин тарҳ интизор доранд, ки қабули қонун воридоти муҳоҷиронро то 15–20% коҳиш медиҳад.

Маълум нест пас аз қабули ин қонун муҳоҷироне, ки бо пайвандонашон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва шумораашон кам ҳам нест, чӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардидаву ҳамарӯза дар ин кишвар рейди зидди муҳоҷирон баргузор мегарданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар вазъи муҳоҷирон пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус”, ки гумонбаронашон муҳоҷирон мебошанд, каме бадтар шуда буд, сиёсатмадорон, бахусус вакилон фазои бадтареро бо суханрониҳои худ ба вуҷуд овардаанд.

Зеро соли 2026 дар Русия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, мисли “Справедливая Россия — За правду” ё “Новые люди” талош доранд аз ин фазои бавуҷудоварда дар Русия истифода намуда, курсиҳои худро соли оянда бештар кунанд. Пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии он қисми интихобкунандагонеро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Доналд Трамп: пойгоҳи низомии Багромро дар Афғонистон пас мегирем

0

Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки нерӯҳои ИМА бояд пойгоҳи низомии Багромро дар Афғонистон бозпас бигиранд.

Ин пойгоҳи низомӣ соли 2021 пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ба ихтиёри Толибон гузашт. Трамп 18-уми сентябр зимни суханронии худ гуфт: “Мо мехоҳем онро баргардонем ва ин бояд ҳарчи зудтар сурат гирад”.

Ба изҳороти Трамп, Толибон фавран вокуниш нишон дода, онро беасос ва ғайриқобили қабул хонданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон таъкид намуд, ки ҳеҷ порчаи хоки Афғонистон ба дигарон дода намешавад.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ дар як суҳбати телевизионӣ гуфт, ки мо Багромро ба Амирико намедиҳем. Ӯ таъкид кард, ки “ҳатто як ваҷаби замини худро намедиҳем.”

Ба гуфтаи Трамп, пойгоҳи Багром ҷойгоҳи муҳими стратегӣ дорад ва наздикии он ба минтақаҳои ҳассоси Чин аз омилҳои асосии аҳамияти он ба шумор меравад. Вале Толибон хотиррасон карданд, ки мувофиқи Созишномаи Доҳа, Амрико уҳдадор шудааст, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат накунад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин баёнияҳо бештар хусусияти сиёсӣ доранд ва эҳтимоли татбиқи амалӣ надоранд. Ба гуфтаи онҳо, вазъияти кунунии Афғонистон ва муносибатҳои Толибон бо кишварҳои хориҷӣ имкони бозгашти нерӯҳои амрикоӣ ба Багромро хеле маҳдуд месозад.

Чаҳор кишвари ғарбӣ давлати Фаластинро расман эътироф карданд

0

Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия рӯзи 21-уми сентябри соли 2025 давлати Фаластинро ҳамчун кишвари мустақил эътироф карданд.

Ин иқдом дар пасманзари афзоиши интиқодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалкарди Исроил дар Навори Ғазза ва ба бунбаст расидани раванди сулҳ сурат гирифтааст.

Мақомоти Фаластин аз тасмими кишварҳои мазкур истиқбол намуда, онро як қадами муҳими сиёсӣ ба сӯи ҳалли “ду давлатӣ” донистанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин иқдом метавонад барои барқарории адолат ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи мардуми Фаластин мусоидат кунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Исроил эътироф шудани Фаластин ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби кишварҳои ғарбиро шадидан маҳкум карда, онро “ҷоиза барои терроризм” номид. Тел-Авив бар ин назар аст, ки чунин тасмим метавонад низоъро мураккабтар намояд ва ба суботи минтақа таҳдид кунад. Нахуствазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу мегӯяд, эътирофи давлати Фаластин вуҷуди Исроилро ба хатар меандозад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки эътирофи Фаластин аз ҷониби кишварҳои калидии ғарбӣ метавонад ба афзоиши фишори дипломатӣ болои Исроил ва эҳёи музокироти сулҳ мусоидат намояд. Аммо онҳо таъкид мекунанд, ки танҳо ин иқдом кофӣ нахоҳад буд, агар дар амал барои қатъи хушунат ва таъмин намудани ҳуқуқҳои мардуми Фаластин чораҳои воқеӣ андешида нашавад.

Бо ба расмият шинохтани ин 4 кишвари ғарбӣ акнун аз 193 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид 151 давлати дунё Фаластинро ҳамчун давлати мустақил эътироф кардаанд. Қарор аст, дар нишасти имрӯзаи Маҷмаи умумии СММ, ки бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Фаронса баргузор мегардад, чанд кишвари дигар, аз ҷумла Фаронса, Малта, Луксембург ва дигарон Фаластинро эътироф кунанд.

Тақвияти равобит байни Тоҷикистон ва Исроил

0

Байни Кумитаи рушди саёҳии Тоҷикистон ва Вазорати саёҳати Исроил ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Рӯзноманигори исроилӣ Den Shamuel Elmas рӯзи ҷумъа, 19-уми сентябр дар сафҳаи “Х” хабар дод, ки вазири саёҳати Исроил Ҳойим Катз бо мақсади тақвияти равобит ба Тоҷикистон сафар карда, бо раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон мулоқот кардааст.

Тоҷикистон ва Исроил равобити расмӣ надоранд, вале сафари вазири саёҳати Исроил Ҳойим Катз аввалин мақоми расмии он маҳсуб мешавад, ки бо як ниҳоди давлатии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум имзо кард.

Ин мақомдори исроилӣ бо навиштани паёме дар сафҳаи “Х” мегӯяд: “Ҳатто дар ин давраи чолишбарангез бо намояндагони кишварҳое, ки равобити расмӣ бо онҳо надорем, дидор кардам ва ба дӯстӣ пазируфта шудам.

Бо вуҷуди сафари расмӣ ва имзои қарордодҳои саёҳӣ байни Тоҷикистон ва Исроил, ин хабар дар ҳеч як аз расонаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла сомонаи расмии Кумитаи рушди саёҳӣ, “Ховар” ва ё дигар расонаи давлатӣ нашр нашудааст.

Аз ҷузъиёти ин сафар, ки кай анҷом шудааст ва тавофуқоте, ки байни намояндагони Исроил ва Тоҷикистон ҳосил шудааст, маълумоти расмӣ дастрас нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ аз октябри соли 2023 Ғаззаро бомборон дорад ва вазъи инсонӣ дар ин борика ба шиддат тоқатфарсо шудааст. Куштани одамони бегуноҳ, манъи воридоти маводи ғизоӣ ва кумакҳои башардӯстона, вайрон кардани замину хонаҳои мардум дар Ғазза, Исроилро дар инзивои байналмилалӣ қарор додааст.

Ҳоло сарвазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ зери таъқиб қарор дорад ва Созмони Милали Муттаҳид ҳам чанд рӯзе қабл дар гузорише ин кишварро ба “наслкушӣ” муттаҳам кард. Инчунин Иттиҳоди Аврупо низ талош дорад, болои баъзе аз раҳбарони ин кишвар ба хотири нақзи меъёрҳои байналмилалӣ таҳрим ҷорӣ кунад.

Дар вокуниш ба ин хабар, бархе корбарон менависанд, ки “дар ин рӯзҳо аксари давлатҳои дунё ҳаракат доранд муносити худро бо Исроил қатъ кунанд ва ё ӯро ба Суди Гаага супоранд, Тоҷикистони мусалмонӣ бо ин давлат робита барқарор мекунад, инро чӣ гуна метавон шарҳ дод?”