1.9 C
Dushanbe

Оташсӯзӣ дар Лос-Андҷелес ҳазорҳо манзили гаронбаҳоро нобуд кард

Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, оташсӯзии шадид дар шаҳри Лос-Анҷелес ҳазорҳо манзили гаронбаҳоро сӯзонда нобуд кард.

Тибқи оморҳо дар ин оташсӯзӣ 85 нафар ҷон бохта, беш аз 130 ҳазор нафар маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк карда, овора шудаанд. Сӯхтор рӯзи сешанбеи 7-уми январи соли ҷорӣ сар зад.

То ҳол сабаби аслии сар задани оташсӯзиро мушаххас накардаанд, вале гуфта мешавад, боди сахт, ки суръати он 97 км дар соат мерасад, сабаби паҳн шудани он шудааст.

Беш аз 2000 иншоот, аз ҷумла манзилҳои истиқоматӣ, мактабҳо ва марказҳои касбу кор дар хиёбони машҳури Сансет ба коми оташ рафтаанд. Хисороти эҳтимолии ин сӯхтор тақрибан аз 135 то 150 милард доллар гуфта мешвад ва сӯхтор то баҳол идома дорад.

Ба иттилои мақомоти амрикоӣ, оташсӯзӣ дар 5 нуқта аз шаҳрҳои Калифорния ва Лос-Анҷелес сар задааст. Ширкатҳои бимаи Амрико мегӯянд, ин бузургтарин ва зиёновартарин оташсӯӣ дар таърихи ин кишвар маҳсуб мешавад.

Дар натиҷаи ин оташсӯзиҳо, чандин ситораҳои Ҳолливуд ва шахсони машҳур, аз ҷумла Лейтон Мистер ва Адам Броди хонаи 6,5 миллион долларии худро дар оташ аз даст додаанд. Билли Кристал ва ҳамсараш, ки 46 сол дар як манзил бо фарзандон ва набераҳояшон зиндагӣ мекарданд, манзилашон ба коми оташ рафтааст. Перис Ҳилтон, ситораи барномаҳои телевизионӣ, изҳор дошта, ки аз даст додани хонаи худ дар Малибу таҷрибаи хеле сахт буд. Ӯ гуфт, ки хонаи худро дар пахши зиндаи телевизионӣ ки дар оташ месӯхт, дидааст.

Шрайвер, ҳамсари пешини ситораи кино Арнолд Шварценеггер дар бораи ба коми оташ рафтани манзилаш гуфт: “Ҳама чизро аз даст додем. Маҳал ва тарабхонаҳои мо ҳама нобуд шуд.”

Ӯ афзуд: “Оташнишонҳо тамоми кӯшишҳояшонро ба харҷ доданд, вале оташ чунон паҳн шуд, ки ғайри қобили назорат гардид.”

Хонаҳои ситораҳои машҳури Амрико, ки ба коми оташ рафтаанд, дар маҳаллаи сарватмандони Пасифик Палисейдс ҷойгир буд, ки ба ҳисоби миёна ҳар як хона 4,5 миллион доллар арзиш доштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.

Кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ҷанги Русияву Украина ҳудиди 1000 сарбози Кореяи Шимолӣ, ки дар сафи артиши Русия меҷангиданд, кушта шудаанд.