15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 432

Толибон: мо чархболҳои бурдашударо бозмегардонем

0

Толибон бори дигар иддао доранд, ки чархболҳои низомие, ки сарбозони артиши ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор ба Узбекистону Тоҷикистон бурда буданд, бозгардонида шаванд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар нишасте рӯзи 8-май ба хабарнигорон гуфт, дар масъалаи бозгардондани чархболҳои ба хориҷ интиқолдодашуда бо Амрико ва кишварҳои ҳамсоя вориди гуфтугӯ шудаанд.

Сухангӯи Толибон онҳоеро, ки чархболҳоро ба хориҷ аз Афғонистон интиқол додаанд, хоин хонда, таъкид намудааст, ки ба зудӣ ин чархболҳо ба кишвараш баргардонда мешаванд.

“Ин ки сарнавишти ин чархболҳо чӣ мешавад, мо бо амрикоиҳо дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем. Ва бо кишварҳои ҳамсоя, ки чархболҳои Афғонистон онҷо ҳастанд, гуфтугӯ шуда ва дар талош ҳастем, ки онҳо ба зудӣ баргардонда шаванд.”, – гуфт Забиҳуллоҳои Муҷоҳид.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш Амркио эълон карда буд, 16 чархболе, ки ин кишвар барои артиши собиқи Афғонистон харидорӣ карда буд, ба Украина таҳвил медиҳад.

Моҳи январи соли ҷорӣ Муло Муҳаммад Яқуб, сарпарасти Вазорати дифои Толибон зимни маросими эҳёи фаъолияти чархболҳои нерӯи ҳавоии Афғонистон аз Тоҷикистон ва Узбекистон хоста буд, ки чархболҳои Афғонистонро бозгардонанд ва сабри онҳоро имтиҳон накунанд.

Бар асоси маъулумоти сомонаи “Avia.pro“, беш аз 60 ҳавопаймои низомӣ Афғонистон 15 август ба хориҷ аз Афғонистон интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, халабонони собиқи Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол даданд.

Имсол Путин 9-уми майро танҳо ҷашн гирифт

0

Ҷашни Ғалабаи рӯзи 9-уми май ҳамасола дар Маскав бо ҳузури раҳбарони чанд кишвари дунё баргузор мешуд, аммо имсол касе ба ҷуз худи Путин дар ин ҷашн ширкат накард.

Имрӯз 9-уми май дар Майдони сурхи Маскав 77-уми солгарди ғлаба бар фошизм ҷашн гирифта шуд. Аммо дар ин маросим, ки одатан руасои ҷумҳуриҳо низ ширкат мекарданд, касе дида нашуд. Танҳо худи Путин ҳузур дошт, бидуни иштироки меҳмонони хориҷӣ.

Сухангуй Кремл Дмитрий Песков 29 апрел гуфта буд, ки “Ҳеч раҳбаре аз кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар Рӯзи Ғалаба даъват нашудааст”.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пештар худи Песков ба хабарнигорон гуфта буд, ки Маскав мунтазири меҳмонҳои хориҷист ва раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар режаи низомии Майдони сурх даъват мешаванд, аммо Путин киҳоро даъват мекунад маълум нест.

Ҳузури раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷашни Ғалаба пас аз соли 2014, замоне, ки Русия Қримро ба хоки худ ҳамроҳ кард, камранг шуд. Ҳатто соли гузашта дар ин маросим ҳамчун меҳмони хориҷӣ танҳо Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт. Аммо имсол пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва дар инзивои байналмилалӣ қарор гирифтани Маскав, ҳатто Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат накард.

Оё дар Тоҷикистон ҷиноҳи низомии мухолифин ташкил мешавад? (САДО)

0

Андрей Серенко, рӯзноманигор ва сиёсатмадори рус дар

Ба иддаои Серенко, мухолифони тоҷик қасд доранд, барои расидан ба ҳадафи худ, яъне сарнагун кардани режими Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз шеваҳои сиёсӣ, балки низомиро низ истифода баранд.

Ин рӯзноманигори рус аз ҳеч гурӯҳи мухолифине мушаххас ном набурдааст, аммо бо такя ба манбааш бо номи “Умар”, ки худро намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик гуфтааст, менависад, ки “тасмим дар бораи гузаштан ба усулҳои ҳарбӣ рӯзи 4-май аз ҷониби гурӯҳе аз ҷонибдорони мухолифин, ки бефоида ва нокифоя будани усулҳои танҳо сиёсии муборизаро дарк мекунанд, гирифта шуд”.

Дар идома қайд гардидааст, ки бо бархе аз фармондеҳони собиқи “ИНОТ” ва “Фронти халқӣ”, ки зарурати тағйироти системавӣ дар Тоҷикистонро мехоҳанд, аллакай тавофуқот ҳосил шудааст.

Ба навиштаи Серенко “намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик ваъда додааст, ки эъломияи сиёсӣ ва барномаи ҷиноҳи низомии мухолифони тоҷик то охири моҳи май ба нашр мерасад”.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки хабари паҳн намудаи Андрей Серенко, рӯзноманигор ва сиёсатмадори рус “фейк” буда, дасти кори мақомоти амниятии тоҷик ё дасти нерӯҳои хориҷӣ мебошад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) бар ин бовар аст, ки пайдоиши хабари “ташкили ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик дар дохили Тоҷикистон” раванди табиӣ буда, дасти кори мақомоти амниятии тоҷик ё дасти нерӯҳои хориҷӣ нест. Раҳбари ПМТ мегӯяд, ки дер ё зуд ҳамингуна эълонҳо ҳатман мешуданд ва ӯ дар пайдо шудани ин эълон чанд омилро муассир медонад:  

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (1)

Кабирӣ дар идома таъкид мекунад, ки дар байни ҷавонони мубориз, нерӯҳои мухолифин ва ҳатто баъзе инсонҳое, ки то имрӯз зидди истифодаи силоҳ буданд нафароне бар ин хулоса расидаанд, ки дигар муборизаи сирф сиёсӣ ва расонаиву дипломатӣ бо режими Раҳмон ҳеҷ натиҷае нахоҳад дод.

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (2)

Раҳбари ПМТ мегӯяд, ки “то чанд соли пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ дар Тоҷикистон рад мешуд, аммо баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…”.

Кабирӣ мегӯяд, баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина назари аксари мухолифин тағйир карда, баъзе доираҳо суол мегузоранд, ки “Чаро русҳо ва украиниҳо аз силоҳ барои расидан ба озодӣ, каромат ва шарофати инсонии худ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад? Ва истифодаи силоҳу нерӯ танҳо дар ихтиёри як тараф, яъне режими диктатории Раҳмон бошад, ки ӯ ҳар вақте бихоҳад ва чи хеле бихоҳад аз нерӯ истифода барад, аммо миллат дар муқобили ӯ халъи силоҳ шуда бошад ва нотавону ночиз бошад?”    

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (3)

Раҳбари ПМТ таъкид мекунад, ки “Мо муборизаро бо роҳи мусолиматомез идома доданӣ ҳастем, аммо оппозитсияи тоҷик танҳо ПМТ нест…”.

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ (4)

Ба назари баъзе аз таҳлилгарони мустақил нерӯҳои мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сулҳи соли 1997 дигар қудрати низомӣ надоранд ва Ҳукумат ҳам аз ин ҷониб мутмаин буд, аммо бо омадани Толибон ба сари қудрат ва тақвият ёфтани шохаи ДИИШ ва Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки пайравонаш аксаран зодагони Тоҷикистонанд, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ҷиддан нигарон кардааст.

Баррасии дурнамои рушди Тоҷикистону Олмон

0

Тоҷикистону Олмон баъд аз баррасии дурнамои рушди муносибатҳои сиёсии ду кишвар ба таҳкими робитаҳои худ таъкид карданд.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “6-уми майи соли 2022 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардиданд.”

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон зери раҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг гузаронида шуданд.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷиистон “дар рафти муколама ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Гуфтанист, муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистону Олмон дар соли 1992 оғоз гардида, ҷонибҳо қасд доранд соли ҷорӣ 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварро таҷлил намоянд.

КДАМ: ДИИШ тасодуфан ба сӯи Тоҷикстон тир кушодааст

0

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи якшанбе расман эълом карданд, ки 7-уми майи соли ҷорӣ аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон 4 мушаки дастсози навъи BM-1 тасодуфан шиллик шудааст.

Акс аз: “РИА Новости”

Тавре АМИТ “Ховар” бо такя ба нерӯҳои марзбонии кишвар хабар дод, “7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 миёни қувваҳои Толибон ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” задухурди мусаллаҳона сурат гирифт”.

Ба гуфтаи манобеи амниятии Тоҷикистон, ин даргирӣ байни нерӯҳои Толибон ва ДИИШ дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахор сурат гирифта ва аз сабаби наздик будани макони даргирӣ бо марзи Тоҷикистон тасодуфан ба хоки кишвар 4 мушак расидааст.

Аммо шохаи Хуросони гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори паёме масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт ва таъкид кард, ки нерӯҳояш манотиқи марзии Тоҷикистонро бо 7 мушаки (Катюша) мавриди ҳамла қарор додаанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе манобеи амниятии Тоҷикистон ин ҳамларо кори дасти гурӯҳи Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки пайравони он аксаран зодагони Тоҷикистон ҳастанд, медонанд.

То ҳол худи мақомоти Толибон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Фаврӣ! Ҳамлаи мушакӣ ба Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон

0

Аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамлаҳои мушакӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора чанд рӯзномагори афғон дар саҳфаи твиттерии худ хабар доданд.

Бино ба иттилои Тоҷиддин Суруш, рӯзноманигори афғон афроди мусаллаҳи ношинос дар хатти марзӣ бо Тоҷикистон дар ноҳияи Хоҷа Ғори вилояти Тахор аз як мошини тамғаи “Тойота” ба хоки Тоҷикистон ҳафт мушак партоб карда, маҳалли ҳодисароро тарк кардаанд.

Инчунин Эрфан Барзегар, хабарнигори маҳаллӣ дар Тахор, хабар дод, ки нерӯҳои тоҷик пас аз партоби чанд мушак аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон, ба сӯи ноҳияи Хоҷа Ғори Тахор оташ кушодаанд.

То ҳол мақомоти расмии ҳарду ҷониб дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ДОИШ аз партоби чанд мушак ба хоки Узбекистон аз қаламрави Афғонистон хабар дода буд. Аммо ҷониби Узбекистон ва Толибон ин хабарро рад карда буданд.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад!

Раиси ВМКБ: “Касе ҳақ надорад Гулбиддин Зиёбековро ҷинояткор номад”

0

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар посух ба номаи модари Гулбиддин Зиёбеков гуфтааст, ки “касе ҳақ надорад писари ӯро ҷинояткор номад.”

5-уми майи соли 2022 Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбуддин Зиёбеков дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” иттилоъ дода, ки дар посух ба номаи ӯ Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ гуфтааст, “тибқи Конститутсия касе ҳақ надорад, писари ӯро ҷинояткор номад, чун ҳеч додгоҳе ҳоло ӯро гунаҳкор эълон накардааст.”

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбуддин Зиёбеков аз замони қатли писараш дар 25-уми ноябри соли 2021 то кунун додхоҳӣ мекунад ва чандин номаҳо ба раҳбарони кишвар, аз он ҷумла ба раиси вилоят, Додгоҳи олӣ, Дастгоҳи Прзедидент ва худи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ирсол кардааст, аммо то кунун талаботи ӯро қонеъ накардаанд.

Модари Гулбиддин Зиёбеков дар охирин муроҷиати худ, ки 4-уми майи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, мегӯяд:

“Писарамро бераҳмона куштанд. Навиштам, онҳое, ки ғайриқонунӣ писарамро куштаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не. Ба ман ҷавоб медиҳанд, ки тафтиш мекунем, лекин панҷ моҳ шуд, ягон натиҷааш маълум нест. Фақат мегӯянд, ки писарат пистолет дошт. Гуфтам, исбот нашудааст, ки писарам пистолет дошт. Ӯ надошт,”

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон пеш аз содир шудани ҳукми суд ҳеч касе ҳақ надорад, ки касеро ҷинояткор эълон кунад, аммо ин банди қонунгузории кишвар пайваста дар нисбати мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Рамҳон тавассути мақомот ва расонаҳои давлатӣ нодида гирифта мешавад.

Хонум Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбуддин Зиёбеков ҳам иддао дорад, ки дар муддати 5 моҳе, ки аз қатли писараш мегузарад, телевизиони расмии ВМКБ ва дигар расонаҳои вобаста ба ин вилоят хилофи қонунгузории кишвар писарашро ҷинояткор эълон мекунанд.

25-уми ноябри соли 2022 Гулбиддин Зиёбеков тавассути кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар зодгоҳаш, дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бидуни муҳокимаи додгоҳӣ дар кӯча ба тавари ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.

Қатли Гулбиддин Зиёбеков боис шуд, ки дар маркази маъмурии ин вилоят ба муддати 3 рӯз, яъне 25-ум то 28-уми ноябри соли 2021 мардум гирдиҳамоӣ ва додхоҳӣ кунанд, аммо мақомоти қудратии кишвар ба ҷои посух додан ба мардум болои онҳо оташ кушоданд ва дар натиҷа дасти кам 2 каси дигар кушта ва 17 нафар аз иштирокчиёни ин гирдиҳамоиҳо захмӣ шуд.

Донишҷӯён “ихтиёрӣ” ба артиш мераванд ё маҷбурӣ?

0

Беш аз 120 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ “ихтиёран” ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.

Акс аз Asia-plus

Ба иттилои АМИТ “Ховар” дар истинод ба дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар маросими гусели наваскарон ба артиш устодони донишгоҳ, намоядагони Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.

Ба иддаои расонаҳои ҳукуматӣ, сафи хоҳишмандони хидмат ба Ватан рӯз то рӯз бештар гардида, донишҷӯён имтиҳонҳои худро пеш аз муҳлат супорида, ихтиёран ба артиш мераванд.

Аммо аз шикояти сокинон ва наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, бармеояд, ки баръакс ҷалби иҷбории донишҷӯёну ҷавон ба артиш ё “облава” бештар шудааст, на оне ки мақомот ва расонаҳои марбут ба Ҳукумати кишвар мегӯянд.

Чанд нафар аз донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар, ки имсол хатмкунанда ҳастанд дар суҳбат бо Azda tv гуфтанд, ки дар донишгоҳ онҳоро маҷбур доранд дар зери аризаҳои аз пеш омодашуда имзо гузоранд, то имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супурда ба артиш раванд.

Ба гуфтаи донишҷӯён онҳо мехоҳанд, таҳсилро дар бахши магистратура идома диҳанд, аммо раҳбарияти донишкадаҳоро маҷбур кардаанд, ки ба артиш донишҷӯёнро маҷбуран фиристанд. Як манбаи мо гуфт:

“Рӯз то рӯз раҳбарияти донишкада фишорро болоямон бештар мекунанд ва маълум нест, агар зери ин аризаҳои аз пеш омодашуда имзо нагузорем чӣ мешавад. Мо мехоҳем таҳсилро идома диҳем.”

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар даъвати баҳории имсола ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” танҳо дар Душанбе 200 арзу шикоят оид ба тарзҳои гуногуни ҷалби сокинон ба хидмати ҳарбӣ расидааст, ки аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медодаанд.

Чанде пеш Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бар асоси мактуби раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон, бо ирсоли як мактуб ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат дода буд, ки ихтиёран имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд. Аммо дида мешавад, ки дар натиҷаи ин нома фишор болои донишҷӯён бештар шудааст.

Номаи Вазорати маориф ба хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон баҳси зиёдеро миёни сокинони кишвар ба бор овардааст.

Бештари сокинон ин амали мақомотро интиқод намуда гуфтаанд, ки “ин ба раванди омӯзишу азхудкунии дарсҳо халал мерасонад”.

Гурӯҳи хурди сокинон низ ҳастанд, ки аз иқдоми пешгирифтаи Вазорати маориф пуштибонӣ мекунанд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд. Корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида ҳал шуданӣ нест.

Кумаки беш аз 60 миллион долларии ИМА ба Тоҷикистон

0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад дар ду соли оянда барои мустаҳкам кардани вазъи амнияти Тоҷикистон зиёда аз 60 миллион доллар кумак кунад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар додааст, ки, 5-уми майи соли 2022 маросими супоридани 8 мошини “IVECO” ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи 2,3 миллион доллар бо хонум Бриҷет Уолкер, муовини Сардори Намояндагии ИМА ва генерал-майор Хайриддин Ҳукмиддинзода, намояндаи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Хонум Бриҷет Уолкер, муовини Сардори Намояндагии ИМА гуфтааст:

Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ, мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар, ҳамчун кумак ба соҳаи амният ҷудо кардем, ки он дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида хоҳад шуд.

Муовини Сардори Намояндагии ИМА дар Душанбе таъкид кардааст:

Ин хайрия танҳо як мисоли кумакҳое аст, ки мо ба артиши тоҷик мерасонем ва тааҳҳуди моро барои беҳбуд бахшидан ба тавонмандии Тоҷикистон барои дифои худ аз ҷангҷӯёни мусаллаҳ ва ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддири ғайриқонунӣ нишон медиҳад.”

Тоҷикистон дар муддати 30 соли истиқлол натавонист артиши худро бидуни кумакҳои хайрияҳои кишварҳои хориҷӣ бисозад. Артише, ки бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар ин замон сохта шуд, аксари сарбозонаш бо роҳи сарбозшикор ё худ “облава” ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб карда мешаванд ва таҷҳизоти низомиаш қисман бо роҳи кумакҳои хайрияи кишварҳое назири ИМА, Чин, Қазоқистон ва боқимонда бо кӯҳнатаҷҳизоти артиши Русия ва дигар кишварҳо муҷаҳҳаз шудааст.