Хона блог саҳифа 431

Муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Дар ин бора Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар доданд, субҳи рӯзи 14-уми сентябр марзбонони қирғиз “аз дидбонгоҳи сарҳадии “Булак-Бошӣ”-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.”

Ба иттилои манбаъ, ҷониби Қирғизистон аллакай ба минтақаи даргирӣ нерӯҳои ҳарбии иловагии худро бештар кардааст.

Аммо ҷониби Қирғизистон дар сарзадани ин муноқишаи нав марзбонони Тоҷикистонро гунаҳкор медонад.

Хабаргузории “РИА Новости” иттилоъ дод, ки Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ин расона гуфтаанд, бар асари ҳамлаи миномётӣ аз ҷониби Қирғизистон як марзбони тоҷик кушта ва ду нафар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои сарзадани низои нави марзӣ байни сардори Раёсати вилоятии Нерӯҳои марзбонии Бодкен полковник Қиёлбек Толонбоев ва сардори Раёсати Нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Ҳ.Пиракзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом шудааст.

Вокуниш уламои мусалмон ба ҳукмҳои сангини Арабистони Саудӣ

0

Додгоҳҳое дар Арабистони Саудӣ чор донишманди исломӣ ва даъватгарони шинохтаеро дар ин кишвар ба 97 соли зиндон маҳкум карданд.

Дуктур Носир ал-Умар. Акс аз манбаъҳои боз

Дирӯз, 12-уми сентябри соли 2022, беш аз 15 ниҳодҳои илмие аз кишварҳои исломӣ дар вокуниш ба ҳукмҳои содиршуда алайҳи чор донишаманди мусалмон дар Арабистон ин амали мақомоти Саудиро маҳкум карданд.

Дар байнияе, ки аз ҷониби 16 ниҳодҳои илмӣ дар кишварҳои арабӣ содир шудааст, таъкид шуда, ки мақомоти Арабситони Саудӣ, дуктур Носир Ал- Умарро, ки аз соли 2018 инҷониб зиндонӣ буд, аз нав ба 30 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Инчунин дар ин баёния низ таъкид шуда, ки мақомоти Арабистони Саудӣ дуктур Абдурраҳмон Маҳмудро, ки аз 2021 инҷоб зиндонӣ буд, ба 25 соли зиндон, дуктур Асом Увайдро, ки аз соли 2020 ба ин сӯ дар зиндон ба сар мебурд, ба 27 соли зиндон ва дуктур Иброҳим Дувайшро ба 15 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Муаллифони ин баёния мегӯянд, мақомоти Арабистони Саудӣ бояд бидуни ҳеч гуна пешшарте тамоми уламову донишмандон ва дигар касоне, ки аз ҷониби додгоҳҳои мунсифона алайҳи онҳо ҳеч гуна иттиҳоме собит нашудааст, фавран озод кунанд.

Ба қавли ин донишмандони исломӣ, ки аз кишварҳои мухталифи исломӣ, аз он ҷумлар аз Қатару Фаластин, Ироқу Либия, Судону Мавритания, Эрону Туркия ва ғайра зери ин баёния имзо кардаанд, идомаи боздошти даъватгарони мусалмон ва онҳое, ки ҳеч гуна иттиҳоме алайҳи онҳо собит нашудааст, на танҳо бадтарин гуноҳ ва зулму ситам аст, балки оромиши ҷомеаро халалдор карда, суботи онро низ аз байн мебарад.

Ҳамзамон саҳфаи тввтирие, ки мавсум ба “муътақилийи ар-раъй” (боздоштшудаҳои соҳиби фикр) аз аҳволи зиндониҳо ва боздошт шудаҳои ин кишвар ҳар дам хабар медиҳад, мегӯяд, ки мақомоти Сауди барои гирифтани эътирофоти дурӯғин аз боздошшудаҳо онҳоро дар бадтарин шароити зиндон нигаҳ медоранд.

Гуфта мешавад, аз замони сари қудрат омадани Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ҷавони Арабистони Саудӣ фишорҳои мақомоти ин кишвар на танҳо алайҳи донишмандон ва даъватгарони мусалмон, балки алайҳи фаъолони ҷомеаи маданӣ, рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимое, ки ҳукуматдорон аз ҳар гуна ҳузури онҳо дар минбаҳои расонаӣ эҳсоси хатар мекунанд, афзоиш ёфтааст.

“Инқилоби маънавӣ”-и тоҷикон дар баробари Озарбойҷон

0

Пешниҳоди Соҳиба Ғафорова, раиси парлумони Озарбойҷон дар хусус насби тандиси Рӯдакӣ дар Боку ва аз Ганҷавӣ дар Душанбе ба вокуниши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

12-уми сенятбри соли 2022 Соҳиба Ғафорова, раиси парлумони Озарбойҷон дар дидорҳои алоҳидаи худ бо раиси парлумон ва Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки агар Тоҷикистон тандиси шоир Низомии Ганҷавиро дар шаҳри Душанбе насб намояд, ҷониби Озарбойҷон ҳам омодааст, ки тандиси сардафтари адабиёти тоҷик Абуадуллҳи Рӯдакиро дар шаҳри Боку насб кунад.

Ин пешниҳод ба вокуниши фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯбарӯ шуд ва ба қавли адиби шинохтаи тоҷик

Муҳаққиқ ва таъриҳнигори тоҷик Луқмон Бойматов ин ҳама вокунишҳоро ба тавре ба худаш хос хулоса карда, мегӯяд: “Ҳушёр будани миллат дар баробари фиребкориҳои сиёсӣ навъе аз инқилоби маънавист.”

Ҳамзамон дар ҷамъи касоне, ки ба ин пешниҳоди раиси парлумони Озарбойҷон мавзеъгирӣ кардаанд, касоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, вақте ҳукумат барои гузоштани тандиси шоири порсигӯи худамон Низомии Ганҷавӣ дар шаҳри Душанбе маблағ надошта бошад, бояд аз мардум ва миллати худамон онро ҷамъоварӣ кунад ва онҳо низ омодаанд, ки дар ин кор саҳми худро гузоранд.

Гуфта мешавад, Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс бин Юсуф бин Закӣ, бин Муаййид мутахаллис бо Низомии Ганҷавӣ, шоир ва достонсарои порсигӯест, ки дар асри дувоздаҳи мелодӣ дар шаҳри Ганҷаи Эрони Бостон, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Озарбойҷон аст, таваллуд шуда ва ҳамон ҷо ба камол расидаву он ҷо вафот кардааст.

Нархи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад

0

Дар Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли ҷорӣ қимати нерӯи барқ 15 дарсад гарон мешавад.

Ин қарори Ҳукумат рӯзи 31-уми август аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, онро нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” имрӯз, 13-уми сентябр нашр кардааст.

Тибқи қарори нави Ҳукумат, нархи як киловатт нерӯи барқ барои аҳолӣ қариб 4 дирам боло рафта, 26,51 дирамро ташкил хоҳад дод. То ҳол аҳолии Тоҷикистон барои як киловатт барқ 22,66 дирам пардохт мекарданд.

Бори охир нархи барқ дар Тоҷикистон соли 2019 гарон шуда буд.

Гароншавии нархи нерӯи барқ дар ҳолест, ки қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” тибқи оморҳои охир, аз марзи 3 миллиард доллар гузаштааст.

Ба назари иқтисодшиносон боло рафтани нархи барқ афзоиши нархи маҳсулот ва хидматрасониҳои боқимондаро дар пай хоҳад дошт, ки дар натиҷа ҷайби холии сокинони кишварро холитар хоҳад кард.

Тарифҳои нав:

Мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ сазовори ҷоиза шуд

0

Мустанади “Аз ҳад калон”-и рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар “Ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур” дар Қазоқистон беҳтарин мустанад дониста шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Радиои Озодӣ, мустанади “Аз ҳад калон”, филми сохтаи рӯзноманигори зиндонии тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар “Ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур” дар Қазоқистон соҳиби ҷоиза шуд.

Ин филми сохтаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки айни замон дар зиндон ба сар мебарад, дар бораи як навраси 13-солаи тоҷик нақл мекунад, ки вай бинобар доштани шароити сахти зиндагӣ наметавонад мисли ҳамсолонаш дар мактаб рафта таҳсил кунад.

11-уми сентябри соли 2022 “Ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур” ба поён расид ва мустанади рӯзноманигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар баробари 17 филм ба ин ҷашнвора роҳ ёфта, беҳтарин филми мустанад дониста шуд.

Гуфта мешавад, журналист ва блогери тоҷик, Абдуллоҳ Ғурбатӣ наздик ба се моҳ мешавад тавассути кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. Мақомот ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ гузошта, дар бораи ҷузъиёти он иттилоъ намедиҳанд.

Нигаронии СММ аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғон ва таъқиби фаъолони ВМКБ дар Тоҷикистон

0

Надо Ан-Нашиф, иҷрокунандаи Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, аз Тоҷикистон барои ихроҷи паноҳҷӯёни афғон ва таъқиби фаъолони ВМКБ интиқод кард.

12-уми сентябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи 51-уми СММ оид ба ҳуқуқи башар, хонум Надо Ан-Нашиф аз таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст.

Иҷрокунандаи Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар гуфтааст, ки барои бархе гумонбарон додситон то 25 соли зиндон, ҳатто умрбод талаб кардааст, ки ин вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Дар идома хонум Надо Ан-Нашиф аз Тоҷикистон талаб кардааст, ки ҳар як ҳодисаи нақзи ҳуқуқи инсон ва сӯиистифодаро таҳқиқ намуда, баррасии одилона мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро таъмин кунанд.

Ҳамчунин Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар аз боздошту ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ, аз ҷумла кӯдакон аз хоки Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, ёдовар шудааст, ки чунин амалҳо “принсипи манъи ихроҷ”-и нафаронеро, ки барои паноҳҷӯӣ муроҷиат мекунанд, нақз мекунад.

Нигаронии хонум Надо Ан-Нашиф аз поймол шудани ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки баъд аз ҳодисаҳои ахири Бадахшон, мақомоти Тоҷикистон даҳҳо фаъоли ин вилоятро боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми чанд рӯзи ахир беш аз 200 паноҳҷӯи афғонро аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ карданд, ки ин амали мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Гуфта мешавад Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ба интиқод ва талаби Надо Ан-Нашиф, иҷрокунандаи Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, посух надодаанд.

Даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Арманистону Озарбойҷон

0

Ба гузориши расонаҳо шаби 12 ба 13-уми сентябр дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон миёни нерӯҳои ду кишвар даргириҳои мусаллаҳона аз нав сар зад.

Вазорати дифои Арманистон субҳи рӯзи сешанбе хабар дод, ки нерӯҳои низомии Озарбойҷон мавзеъҳои низомӣ ва ғайринизомии шаҳрҳои наздимарзии Варденис, Сотк, Артаниш, Ишханасар, Горис ва Капанро бо тупхона, паҳпод ва силоҳҳои вазнин мавриди ҳамла қарор додааст.

Дар вокуниш ба ин хабар ҷониби Озарбойҷон дар сарзадани даргирии имрӯза ҷониби Арманистонро гунаҳкор медонад ва Вазорати дифои ин кишвар хабар дод, ки ҳамлаҳои низомияшро дар вокуниш ба ҳузури низомии Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ гирифтааст.  

Вазорати дифои Озарбойҷон хабар дод, ки ин ҳмлаҳо дар посух ба ҳамлаҳои як моҳи ахири Арманистон ба мавзеҳои Калбаҷару Лочин, Дашкасан ва Гадабой, ки ба артиши Озарбойҷон тааллуқ доранд, гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷаи Амрико субҳи рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе хостори таваққуфи фаврии даргиҳои мусаллаҳона байни Арманистон ва Озарбойҷон шуд.

Вазорати хориҷаи Туркия низ аз ҷонибҳо дархост карда, ки “аз амалҳои таҳрикомез” даст кашанд ва мушкилоти марзиро бо роҳи гуфтугӯ ва музокира ҳал кунанд.

Ёдовар мешавем, ки даргириҳои мусаллаҳои ахири ин ду кишвар аз 27-уми сентябри соли 2020 бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ сурат гирифта буд. Ҷанг байни нерӯҳои ду кишвар аз як моҳ бештар давом кард ва дар натиҷа бо миёнҷигарии Русия он хотима ёфт.

Ҳамдуллоҳ Муҳиб аз Амруллоҳ Солеҳ дида ба Толибон наздиктар будааст

0

Толибон писари Ҳамдуллоҳ Муҳиб, собиқ мушовири амнияти миллии ҳукумати Ашраф Ғаниро консули генералии Афғонистон дар Туркия таъйин карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Вазорати корҳои хориҷии Толибон Абдуллоҳи Солеҳиро, ки то ин дам дар мақоми корманди чаҳоруми дабири аввал фаъолият мекард, консули генералии Афғонистон дар Истанбули Туркия тайин кард.

Пеш аз ин дар мақоми консули генералии Афғонистон дар Туркия Забеҳуллоҳ Ҳусейнхел, домоди Амруллоҳ Солеҳ, муовини якуми президенти пешини Афғонистон кор мекард ва ба гуфтаи худаш, “ба далели набуди ҳамкорӣ бо Толибон аз мақоми худ истеъфо додааст.”

Гуфта мешавад, бар асоси як номае, ки ба дасти расонаҳо расидааст, Амирхон Мутақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар ҳукумати муваққати Толибон, ба консули генералии Афғонистон дар Туркия навиштааст, ки “то огоҳии баъдӣ Абдулло Солеҳӣ, корманди чаҳоруми дабири аввал, аз умури консулгарӣ намояндагӣ мекунад.

Як шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон ба ҳалокат расид

0

Як шаҳрванди 38-солаи Русия, рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ ҳангоми парвоз бо параплан дар дараи Харангони Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, Павел Чернов ҳангоми парвоз мувозинатро аз даст дода, дигар натавонистааст парапланро идора кунад. Ин шаҳрванди Русия дар натиҷа ба замин бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Охирин парвози Чернов ва лаҳзаи суқуташро видеокамераи параплан сабт кардааст, ки он дар расонаҳо нашр шудааст.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагон соати 11:25 ба ҷойи ҳодиса расида, соати 12:45 ҷасади Черновро пайдо кардаанд.

Тибқи иттилои КҲФ-и Тоҷикистон, ҳодисаи суқути параплан ва ҳалокати одамон дар кишвар бори аввал ба қайд гирифта шудааст.

Чернов узви маъруфи ҷамъияти мотосиклронии Санкт-Петербург буда, бо лақаби “Мотовоз” маъруф буд. Вай инчунин ба тиҷорати мотосикл машғул будааст.

Хонум Наталя, ҳамсари Павел Чернов барои овардани ҷасади шавҳараш аз Тоҷикистон ба Русия пул ҷамъоварӣ дорад.

Зубайдзода: теъдоди муҳоҷирон дар Кувайтро зиёд карданием

0

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт гуфтааст, ки айни замон дар ин кишвар муҳоҷири кам дорем, вале дар оянда қасди зиёд кардани теъдоди онҳоро дорем.

Бино ба иттилои расонаҳои кувайтӣ, Зубайдулло Зубайдзода, Сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар суҳбат бо расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки сеюмин нишасти гурӯҳҳои кории муштараки Тоҷикистон ва Кувайт аз 19 то 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Сафири Тоҷикистон, ки дар бораи 31-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар назди расонаҳои арабӣ суҳбат мекард, гуфтааст, ки ҳанӯз тамоми зарфиятҳо ва имконоти ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузӣ ба кор гирифта нашудааст.

Ҷаноби Зубайдулло Зубайдзода дар хусуси муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Кувайт таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо кам аст, вале дар шароити хуб ба сар мебаранд ва дар оянда ҷамъи муҳоҷирони кории кишварамон афзоиш хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Кувай дар 1995 расман барқарор карда шуданд. Кувай яке аз доротарин кишварҳои Халиҷ ва ҷаҳон аст ва мақомоти Тоҷикистон қасд доранд бо ҷалби бештари сайёҳони ин кишвар таваҷҷуҳи сармоягузорони онро низ ба соҳаҳои мухталиф ҷалб кунад.