15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 433

Бар асари боришоти зиёд дар Тоҷикистон даҳҳо ҳавлӣ зери обу лой монд

0

Бар асари боришоти сахти шаби 5-ум ба 6-уми май оби рудхонаҳо дар шаҳри Турсунзода боло рафта 75 замини наздиҳавлигии сокинон зери обу лой мондааст.

Обхезӣ дар Фархор, моҳи июни соли 2018 (Акс: Asia-Plus)

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, бар асари ин ҳодисаи шаби гузашта хушбахтона талафоти ҷоние ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, боришҳои зиёди баҳорӣ дар зери об мондани 237 хонавода дар деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти 10-солагии Итиқлоли шаҳри Турсунзодаро таҳдид мекунад.

Ба иттилои Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои дур сохтани хатари жолаи сахт ба осмон 128 мушаки “Аллазан” партоб шудааст, ки бо ин кор хатари резиши жоларо дар қаламрави шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бартараф намудаанд.

Инчунин дар хабар омада, ки боришоти 6-уми май 29 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 450 метр роҳи байни деҳавӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зери обу лой монда, ҳамзамон дар вилояти Суғду шаҳри Ваҳдат низ заминҳо ва роҳҳои мошингард хароб шудаанд.

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, боришоти зиёд ва боду ҳавои номусоид то охири ҳафта дар қаламрави кишвар боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар аз сокинон ва меҳмонон хостааст, ки дар ин рӯзҳо дар соҳили дарёҳо сайру гашт накунанд ва инчунин аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ худдорӣ кунанд.

Путин аз Исроил барои суханҳои Лавров узр пурсид

0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз раҳбарияти Исроил ба хотири изҳороти вазири корҳои хориҷааш Сергей Лавров

Лавров дар мусоҳиба бо телевизиони итолиёии “Mediaset” рӯзи 1-уми май раисҷумҳури Украина Владимир Зеленскиро миллатро хонд ва ин сифатро ба яҳудӣ будани ӯ марбут донист. Ӯ гуфт, ки “Гитлер ҳам хуни яҳудӣ дошт“. Ба ин изҳороти Лавров мақомоти Исроил вокуниш нишон доданд.

Дар торихи 2-уми май Вазорати хориҷаи Исроил сафири Русияро барои “тавзеҳ”-и гуфтаҳои Лавров даъват кард.

Рӯзи панҷшанбе вебсайти Кремл хабари гуфтугӯи телефонии раисиҷумҳури Русия ва нахуствазири Исроилро нашр кард, ки дар мавриди узрхоҳии Путин чизе гуфта нашудааст. Аммо дар баёнияе, ки баъдан кобинаи Нафталӣ Беннет мунташир кард, омадааст, ки “нахуствазир узрхоҳии раисиҷумҳури Русияро пазируфт ва аз ӯ барои рӯшан кардани бархурдаш бо мардуми яҳудӣ ва хотираи Ҳолокост ташаккур кард.”

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина Исроил ҳамчун миёнарав байни Русия ва Украина талош кард, ва бо расиҷумҳурони ду кишвар гуфтугӯҳо дошт, вале зоҳиран нақшаш чандон муваффақиятомез набуд.

Алайҳи Анора Саркорова парванда боз кардаанд

0

Рӯзноманигор Анора Саркорова, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад ва аз режими кунунии Тоҷикистон интиқод менамояд, ба “паҳн кардани маълумоти нодуруст ва иғвоангез” муттаҳам мешавад.

Дар ин бора саҳифаи фейсбукии INFO VMKB хабар додааст. Ин саҳифа ҳамчун блоги шахсӣ муаррифӣ шудааст, аммо аз маълумоте, ки нашр мекунад метавон хулоса кард, ки ба мақомоти иҷроияии Вмлояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъаллуқ дорад.

“Паҳн кардани маълумоти беасос ҷавобгарии ҷиноӣ дорад. Нисбати шаҳрванд Саркорова Анора дар асоси паҳн намудани маълумоти нодуруст ва иғвоангез парвандаи ҷинояти оғоз карда шуд. Номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна маводҳои иғвоангез во нодурустро паҳн намуда мардумро ба бадбини нисбати  Ҳукумати қонунии мамлакат даъват менамояд” — омадааст дар иттилоияи ин саҳифа.

Дар ҳамин ҳол сабаби боз шудани парванда нисбати Саркороваро на навиштаҳои интиқодиаш дар бораи мақомдорони вилоят, балки нашри “маводҳои беасос оиди вазъи муассисаи таълимии №34 ноҳияи Ишкошим эълон шудааст:

“Аз ҷумла номбурда санаи 4 майи соли 2022 маводҳои беасос оиди вазъи муассисаи таълимии #34 ноҳияи Ишкошим дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук инъикос намуда мардумро фиреб менамояд, ки муассисаи мазкур дар ҳолати хеле валангор қарор дорад. Дар асли муассисаи мазкур дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад. Вобаста ба ин нисбати номбурда аз тарафи  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷинояти оғоз гардида ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад”.

Зоҳиран мақомот нахостаанд парвандаи рӯзноманигори ВВС чун сиёсӣ муаррифӣ шавад.

Манбаъ: Паём.net

Дар пайи ҳамлаҳои Русия ба Украина 221 кӯдак кушта шудаанд

0

Дар пайи ҳамлаҳои Русия ба Украина 221 кӯдак кушта ва 408 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Додситони кулли Украина дар

Дар хабар гуфта мешавад, ки “аз ҳама бештар кӯдакон дар вилояти Донетск – 139, вилояти Киев – 116, Харков – 95, Чернигов – 68, Херсон – 46, Николаев – 44, Луганск – 37, Запороже – 27, Суми – 17, Киев – 16 ва дар Житомир – 15 кӯдак зарар дидаанд”.

Дар 24 соати охир дар деҳаи Шибинои вилояти Киев ҷасади духтари 10-солае ёфт шуд, ки дар натиҷаи бархурдани мушаки русҳо ба хонааш ҷон додааст.

Инчунин рӯзи 3-юми май дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Русия ба Украина, дар деҳаи Великий Кути ноҳияи Николаев духтараки 9-сола захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои Додситони кулли Украина, бар асари бомбгузорӣ ва тирпарронии артиши Русия 1584 муассисаи таълимӣ осеб дида, 118-тои онҳо комилан хароб шудаанд.

Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон кам шудааст

0

Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9% кам шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 дар кишвар беш аз 971,4 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 60,3 ҳазор тонна кам мебошад. Дар семоҳаи аввали соли 2021 беш аз 1 миллиону 31,7 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда буд.

Бо вуҷуди кам истеҳсол шудани семент дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, Тоҷикистон қасд дорад то соли 2024 содироти сементро солона ба 2 миллион тонна расонад.

Афзоиши солонаи содироти семент 200 ҳазор тонна пешбинӣ шуда, то соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи бинокорӣ бояд ба 7 миллион тонна дар 1 сол расонда шавад.

Агар Тоҷикистон тавонад солона 2 млн тонна семент содир кунад, танҳо аз содироти он 98 млн доллар ба даст меоварад.

Феълан дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди семент машғул аст, ки иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулот арзёбӣ мешавад.

Тибқи оморҳои расмӣ, тамоми талаботи дохилӣ ба семент, ба истиснои сементи ранга аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин карда мешавад.

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Тибқи оморҳои расмӣ соли гузашта беш 1,4 миллион тонна сементи истеҳсолшуда бо нархи 65,4 млн доллар ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст.

Ниёзмандонро кӣ дастгирӣ мекунад, Президент ё муҳоҷирон?

0

Ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мақомоти шаҳри Турсунзода ба собиқадорони ин ҷанг 15 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” мақомоти шаҳри Турсунзода ин кумакро аз номи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги ҷаҳонӣ тақдим кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 2 нафар собиқадори ҷанг ва 4 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ боқӣ мондаанд.

Агар ин маблағи 15 ҳазор сомонӣ ба 6 нафар иштирокдорони Ҷанги ҷаҳонӣ ба таври баробар тақсим шавад, ба ҳар нафаре 2,5 ҳазор сомонӣ (ба қурби имрӯзаи Бонки миллӣ ҳудуди 200 доллари амрикоӣ) мерасад. Яъне Эмомалӣ Раҳмон аз собиқадорони ҷанг, ки хеле шуморашон кам мондааст, 200 долларӣ қадрдонӣ кардааст.

Албатта, ин маблағ (агар дуруст бошад) аз кисаи чанд соҳибкори бозор ва корхонаҳо рӯёнда шудааст, на мустақим аз маоши Эмомалӣ Раҳмон ва ё мансабдори дигаре.

Аммо дар баробари ин, имрӯзҳо мебинем, ки гурӯҳе аз блогерони тоҷик барои кумаки ниёзмандон ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат мекунанд, ки дар як фурсати бисёр андак муҳоҷирон ва мардуми Тоҷикистон ба онҳо маблағи хеле зиёд, ки ҳатто барои харидани хонаи нав кифоят мекунад, кумакашон мекунанд.

Дар баъзе аз ин наворҳо дида мешавад, як маъюбе дар орзуи як аробачаи махсуси маъюбӣ аст то битавонад ба воситаи он ба берун барояд ва онро хайрхоҳон ба ӯ мерасонанд, ки мегӯяд, кумаку ғамхории мардумро дида, “дилам ба зиндагӣ гарм шуд“.

Оё то ин дам ҳукумат воқеан наметавонист як аробачаи маъюубӣ барояш ҳадя кунад ва ӯ битавонад аз хонааш берун барояду аз паси ризқу рӯзияш гардад? Ва ё аз ҳоли чунинҳо бехабар буданд? Албатта, ҳам медонист ва ҳам метавонист. Як сафари бо дабдабаи Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ки миллонҳо сомонӣ масраф мешавад, агар нисфи маблағи он ба маъюбу ниёзмандон расонида шавад, шояд хонаи даҳҳо ниёзманд обод гардад.

Модом ки мардум худаш маъюбу ниёзмандони ҷомеаро бо пули муҳоҷират таъмин мекунад, ин ҳукумат барои кӣ ва чӣ кор мекунад, ки наметавонад ниёзи касеро бароварда созад? Ин миқдори маблағе, ки аз будҷаи кишвар барои бознишастагон ва маъюбон ҷудо мешавад, оё воқеан ба дасти соҳибонашон мерасад? Агар мерасид, ҳечгоҳ як мард барои як буридаи нон ашки ғам намерезонд.

Маҳмадалӣ Юсуф

Душанбеву Тошканд вазъи амнияти Осиёи Маркарзиро баррасӣ карданд

0

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон дар як суҳбати телефонӣ вазъи амнияти Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дирӯз, 4-уми майи соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҷонибҳо масоили муҳим барои ҳар ду кишварро баррасӣ каданд.

Ба гуфтаи сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо пас аз табрикоти иди Фитр бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва боз ҳам тақвият додани муносибатҳо изҳори итминон карданд.

Ба иттилои манбаъ, “дар идомаи суҳбат роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.”

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисӣ вазъи амнияти минтақа ва бахусус ҳамсояҳои Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода буд.

Гуфтанист, Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистону Эрон ва Покистон кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дониста мешаванд, ки бо сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар борҳо эълон кардаанд, ки хатарҳое аз хоки Афғонистон амнияти онҳоро таҳдид мекунад. Ахиран кишварҳои Покистону Эрон ва Узбекистон ҳам аз хоки Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифта буданд.

Илон Маск қасд дорад сафҳаҳои даромадзои Твиттерро пулакӣ кунад

0

Илон Маск, сарватмандтарин марди дунё, ки чанде пеш барои хариди Твиттер ба маблағи 44 миллиард доллар бо саҳҳмони он ба тавофуқ расид, акнун қасд дорад бархе саҳфаҳои онро пулакӣ кунад.

4-уми майи соли 2022 Илон Маск дар саҳфаи расмии худ дар Твиттер эълон карда, ки “Твиттер барои корбарони оддӣ ҳамеша ройгон хоҳад буд, аммо барои тоҷирон ва корбарони ҳукуматӣ мумкин аст каме ҳазина дошта бошад.”

Баъд аз ин эълони Илон Маск, дар ҳол ин хабар дар сархати хеле аз расонаҳои дунё қарор гирифт ва бархе расонаҳои ҷаҳонӣ ҳам дар тафсири ин паём гуфтанд, ки Илон Маск қасд дорад қисме аз хароҷоти худро бо роҳи ҷорӣ кардани ҳаққулузвият бар саҳфаҳои даромадзо ва мақомоти расмии кишварҳо рӯпӯш кунад.

Хабаргузории Ройтерз ҳам дар истинод ба манобеи худ хабар дода, ки Илон Маск “дар музокироти таъмини молӣ бо бонкҳо гуфтааст, ки вай ба дунболи роҳҳои ҷадиде барои касби даромад аз ин шабакаи иҷтимоии маҳбуб аст.”

Гуфтанист, Илон Маск аз соли 2009 ба ин сӯ аз саҳҳомдорони ин шабакаи иҷтимоӣ буд ва , 25-уми апрели соли 2022 бо пешниҳоди 44 миллиард доллари ИМА ризоияти моликони ширкати Твиттерро ба даст овард, то тамоми саҳмияҳои ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд.

Сиёсатшиноси тоҷик: Тоҷикистон кишвари диндортарини дунёст

0

Рустам Ҳайдаров, муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) мегӯяд, Тоҷикистон кишвари диндортарини дунё маҳсуб мешавад.

Ин гуфтаҳои Ҳайдарав, ки АМИТ “Ховар” ҷузъе аз назарҳои ӯро нашр кардааст, дар вокуниш ба дархости Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии дин (USCIRF), ки моҳи апрел аз Кохи Сафед хоста буд, Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ шомил кунад, садо додааст.

Ҳайдаров гузоришгарони Комиссияи Амрико дар умури динро муҳаққиқони “иғвоангез ва ғаразманд” хонда, гуфтааст, ки “дар бораи ҳаёти мазҳабӣ дар Тоҷикистон тасаввуроти ҳавоӣ доранд”.

Ба гуфтаи ин сиёсатшиноси тоҷик, Тоҷикистон аз кишварҳои диндортарини дунё ба шумор меравад. Ӯ ин гуфтаи худро ба фаъолияти Маркази исломшиносии назди Президент, Шӯрои уламо, Донишкадаи исломӣ ва фаъолияти масҷидҳо асоснок мекунад.

Ҳайдаров дар матлаби худ аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки гузоришҳои Комиссияи Амрико дар умури дин ба робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико латма мезанад.

Дифои Ҳайдаров дар ҳолест, ки аксари коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ аз маҳдудиятҳои густардаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон мегӯянд. Дар ҳамин ҳол як таҳлилгари мустақили тоҷик, ки нахост номаш фош шавад, ба Azda tv гуфт: “Муборизаи беамонӣ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар зидди риши мардҳову ҳиҷоби занҳо ҳамеша расонаӣ ва мавриди интиқоди ҷомеа қарор мегирад, ки инкорнопазир аст. Инро ҳама олам медонад. Аммо ҳукумати Раҳмон мисли инкори “Облава” ва дигар мушкилоти ҷомеа ҳамеша дар пайи инкори воқеиятҳрст.”

Иштироки бонувони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии бокс

0

Бонувони тоҷик барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ба шаҳри Истанбули Туркия мераванд.

Ин мусобиқа рӯзҳои 6-21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда, 419 варзишгар аз 93 кишвари дунё ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 варзишгар: Сумая Қосимова (то 48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (то 50 кг), Миҷгона Самадова (то 57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (то 63 кг) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки то баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бонувони варзишкори тоҷик дар Узбекистон тамрин мегирифтанд.

Чемпионати ҷаҳонии бокс байни бонувон дар 11 вазн баргузор шуда, фонди ҷоизавии мусобиқа 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Барои ҷои аввал $100 ҳазор мукофоти пулӣ пешбинӣ шуда, варзишгароне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро мегиранд, $50 ҳазор ва $25 ҳазор доллар дода мешавад.

Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии бокс байни занон як медал ба даст овардааст. Соли 2012 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Чин намояндаи Тоҷикистон Мавзуна Чориева барандаи медали биринҷӣ гардида буд.