Сафари Додситони кулли Тоҷикистон ба Амрико
Прокурори генералии Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ озими Амрико шудааст. Дар бораи ин сафари Юсуф Раҳмон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 22-уми апрели соли 2022 Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикисттон бо Муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳи (СММ) бо Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот кардааст.
Ба навиштаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин “мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025” ва масъалаҳои таҳдиду чолишҳои амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.”
Инчунин “дар рафти мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористии СММ ва иқдомҳои муштарак дар доираи “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”
Байден: ба артиши Украина силоҳҳои сангин мефиристем
Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико зимни суханроние рӯзи 21-уми апрел аз ирсоли 800 миллон доллари иловагӣ ба Украина хабар дод.

Раисҷумҳури Амрико, ки дар мавриди Украина суханронӣ мекард, гуфт, ки ҳукуматаш ба Украина 800 млн долллари иловагӣ фиристоданист. Ба гуфтаи ӯ, бастаи кумакҳои низомии Амрико иборат аз силоҳҳои сангин ва ҳавопаймоҳҳои бесарнишин аст.
Байден ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико дар баробари кумакҳои низомӣ ба Украина, қасд дорад дар ҳаҷми 500 миллион доллар ба ҳукумати ин кишвари ҷангзада ҳамчун кумаки иқтисодӣ бифиристад.
Байден мегӯяд, Путин ба нақшаҳои худ, ки ғасби тамоми Украина аст, муваффақ нахоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол Кремл имрӯз аз тасарруфи пурраи шаҳри Мариупол хабар дод, ба ҷуз корхонаи фулодсозии “Азов”, ки дар он ҳудуди 2 ҳазор сарбози украинӣ камн гирифта, бар зидди қувваҳои Русия меҷанганд.
Даъвати баҳории сарбозон ба артиш 50% иҷро шуд
Дар 20 рӯзи даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар сатҳи ҷумҳурӣ нақша 50% иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш дар 20 рӯзи аввал 40 дарсадро ташкил додааст.
Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор даъвати ҳарбиро пурра иҷро карда, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят беш аз 50 %-ро ташкил медиҳад.
Аммо дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақша 60 дарсад иҷро шуда, комиссариатҳои ҳарбии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳориро ҳанӯз дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба артиш, яъне якуми апрел 100% иҷро карда буд.
Комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе, дар умум 60 % нақшаро дар даҳ рӯзи аввал иҷро кардаанд.
Дар ҳоле Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз 50% иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавон ба артиш хабар медиҳад, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввал наворҳо ва аксҳои ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо маҷбуран бо усули “облава” барои хидмат ба артиш бурдаанд. Мақомот ҳамеша ба набуди “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Аз ҷалби иҷбории донишҷӯён ба артиш сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба вакилони парлумон низ шикоят бурдаанд.
Дирӯз дар ҷаласаи навбатии парлумон Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, ки тағйироти навро дар қонун дар бораи мудофиа муаррифӣ мекард, суол карда буд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон чӣ гуна мегузарад ва беш аз 11 миллион сомоние, ки бар ивази он шуморе аз ҷавонон аз хидмат озод шуданд, куҷо шуд?
Ин суоли Ғаффорзода ба раиси парлумони кишвар Маҳмадтоир Зокирзода хуш наомад ва ба вакилон ду маротиба ишора кард, ки аз мавзуъ берун нараванд.

Собирзода ба суолҳои Абдуҳалим Ғаффорзода ҷавоби дақиқ надода, танҳо гуфт, ки “даъват тибқи нақша идома дорад, ягон мушкилеро намебинем” ва қайд кард, ки “маблағи супоридаи ҷавонон ба либос, хӯрок, ҷойи хоби сарбозон ва инчунин сохтмони иншоот сарф мешавад”.
Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки аз посухи додаи муовини аввали вазири дифоъ қонеъ нест.
Дар идома Ғаффорзода аз шикояти сокинон аз облаваи донишҷӯён гуфт ва таъкид кард, ки ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиш мушкилиҳое ҷой доранд, ки масъулон бояд чора бинанд.
Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.
Бо вуҷуди ин ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар ҳар мавсим сабти даҳҳо ҳолати “облава” нашр мешавад, боз ҳам мақомот иддо мекунанд, ки “облава” дар кишвар вуҷуд надорад. Ин боис гашта, ки корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида ҳал шуданӣ нест.
Тоҷикистон хостори таъсиси “камарбанди амниятӣ” атрофи Афғонистон шуд
Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти машраватии ШҲС дар Маскав хост, атрофи Афғонистон “камарбанди амниятӣ” таъсис дода шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 20-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Москав машваратҳои сиёсии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар ин нишасти минтақавӣ Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагӣ карда, “аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ёдовар шуд.”
Дар ин нишастҳои машваратӣ дар бораи “фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар самти муқовимат бо “се нерӯи бадӣ” – терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, инчунин оид ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир табодули афкор сурат гирифт.”
Инчунин “муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ аҳаммият ва зарурати қабули қарор дар бораи таъсиси Маркази зидди мухаддироти СҲШ ҳамчун як ниҳоди алоҳидаи доимӣ дар шаҳри Душанберо қайд кард.”
Ба гуфтаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар рафти машваратҳо ба вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷонибҳо мавқеи ҳамоҳангшударо роҷеъ ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир бо шумули намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои этникию сиёсии ҷамъияти Афғонистон таъкид карданд.”
Аммо пеш аз дигар аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Русияву Чин ва Покистон алакай сафирони Аморати исломии Толибонро дар Маскаву Пекин ва Исломобод ба ҳузур пазируфта, то эътироф кардани расмии Толибон аз ҷониби онҳо танҳо чанд қадами кӯтоҳе мондааст, ҳол он ки Тоҷикистон расман аз оғоз то имрӯз дар бораи ба расмият шинохтани Толибон мавқеи худро дигар накардааст.
Навалний: фаронсавиҳо ба Макрон овоз диҳанд, М. Ле Пен одами Путин аст
Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонӣ ва мухолифи сарсахти Путин аз мардуми Фаронса хост, то 24-уми апрел дар даври дуюми интихоботи президентии ин кишвар
Навалний рӯзи чоршанбе, 20-уми апрел бо паёми твиттерие дар ҳисоби шахсияш навишт: “Бидуни тардид аз фаронсавиҳо даъват мекунам, ки 24-уми апрел ба тарафдории Эммануэл Макрон раъй бидиҳанд.” 2/16 Я, безусловно, и без всяких колебаний призываю французов 24 апреля проголосовать за @EmmanuelMacron, но обратиться хочу к тем, кто не исключает для себя голосование за @MLP_officiel. Сказать хочу о коррупции и о консерватизме. — Alexey Navalny (@navalny) April 20, 2022 Ин мухолифи зиндонии Кремл, рақиби Эммануэл Макрон хонум Марин Ле Пенро ба “аз ҳад зиёд” наздик будан ба Валидимир Путин, раисҷумҳури Русия муттаҳам кард. Навалний хонум Марин Ле Пенро ба он муттаҳам кирд, ки ҳизбаш соли 2014 аз як бонки Русия бо номи “Первый Чешско-Российский Банк (ПЧРБ)” 9 млн евро вом дарёфт кардааст. Ба гуфтаи вай, “Ин фасод ва фурӯши нуфузи сиёсӣ ба Путин аст”. Бино ба иттилои Навалний, ки бештар таҳқиқоташ вобаста ба фасоди молӣ дар Русия аст, ин бонк “як ожонси пулшӯӣ” аст ва бо “дархости Путин” таъсис ёфтааст. Ин мухолифи рус дар ҳоле фаронсавиҳоро ба тарафдории Макрон даъват мекунад, ки қарор аст 24-уми апрел дар Фаронса даври дуюми интихобти президентӣ баргузор шавад. Дар ин интихобот Эммануэл Макрон, расиҷумҳури кунунии Фаронса бо Марин Ле Пен раиси ҳизби рости ифротии “Иҷтимои миллӣ” рақобат хоҳад кард. Алексей Навалний, яке аз мухолифони сарсахти Путин ба шумор рафта, пас аз заҳролуд шуданд ва табобат гирифтан дар Олмон ба Русия баргашт. Аммо ҳангоми баргаштан дар фурӯдгоҳ боздошт ва моҳи марти соли 2021 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
Таркиш дар масҷиде дар Мазори Шариф 48 куштаву захмӣ ба ҷо гузошт
Дар натиҷаи як таркиш дар масҷиде дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дасти кам 18 нафар кушта ва 30 каси дигар аз намозгузорон захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон ин таркиш зуҳри имрӯз дар масҷиде бо номи Се дукони шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон рух додааст.
Пеш аз ин Ғавсиддин Анварӣ, раиси бемористони Абуалӣ Синои ин вилоят, ки аксари захмиҳо ба он интиқол дода шудаанд, гуфта буд, ки теъдоди захмиҳо зиёд аст, вале омори дақиқи онҳо ҳанӯз маълум нест.
Ду рӯз пеш аз ин ҳам дар шаҳри Кобули Афғонистон дар натиҷаи таркишҳо дар як мадраса ва омӯзишгоҳи минтақаи шианишин даҳҳо нафар аз муҳассилин кушта ва захмӣ шуда буданд.
Бар асоси иттилои расонаҳои Афғонистон бар иловаи ин таркиши мудҳиш дар масҷиди шиаёни шаҳри Мазори Шариф, чанд таркиши дигаре ҳам имрӯз дар вилоятҳои Нангарҳору Кундуз ва шаҳри Кобул низ ба қайд гирифта шудааст, вале то кунун омори дақиқи кушта ба захмиҳои онҳо расонаӣ нашудааст.
Гуфта мешавад, то замоне ин хабар таҳия мешуд, касе ё гурӯҳе даст доштани худ дар ин таркишҳои мудҳишро бар уҳда нагирифта аст. Аммо пештар мақомоти амрикоӣ эълон карда буданд, ки дар баҳори имсол, замоне дамои ҳаво гармтар шавад, ДИИШ домани ҳамлаҳояшро густариш медиҳад.
Муфтии Покистон аз Толибон хост мактабҳои духтаронаро боз кунад
Муфтӣ Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, яке аз шинохтатарин чеҳраҳои мазҳабӣ дар Покистон ва ҷаҳони ислом аз раҳбарияти Толибон хостааст, ки дари мактабҳоро ба рӯи духтарон боз кунанд.

Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, муовини Дорулъулуми Карочии Покистон бо ирсоли номае ба раҳбари Толибон Мулло Ҳибаттуллоҳ Охундзода таҳсили духтаронро як амри шаръӣ ва яке аз заруратҳои замони муосир дониста, аз вай хостааст, ки “ба хотири пешгирӣ аз таблиғоти манфӣ алайҳи Аморати исломӣ дар дунё” тибқи талаботи шаръӣ лозим аст, ки духтарон ба мактабу мадрасаҳо ҷалб карда шаванд.
Вай дар ин номааш бо пешниҳоди ду роҳ гуфтааст, ки метавон осон мушкили набуди ҷои алоҳида барои дарсхонии духтаронро бартараф кард:
а) писарон дар як баст ва духтарон дар басти дигар дар як бино метавонанд алоҳида дарс бихонанд.
б) дар ҳолати дуюм, метавон синфхонаҳои як биноро ду тақсим карда, дар як бахши он писарон ва дар қисми дуюм духтарон дарс бихонанд.
Толибон аз замони дубора сари қудрат омаданашон дар 15-уми августи соли 2021 бо иддаои он, ки замону макони муносибе барои таҳсили духтарон дар Афғонистон вуҷуд надорад, таҳсили духтаронро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо манъ кардаанд.
Ба хотири бекор кардани ин қарори Толибон то кунун садҳо нафар аз духтарону бонувони Афғонистон ва сиёсатмадорони дунё дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар эътироз кардаанд. Толибон ҳам пайваста гуфтаанд, ҳар вақте шароит фароҳам шуд, духтарон ба мактабу донишгоҳҳо ҷалб карда мешаванд.
Як корманди Додситонии кул барои таҳқири Юсуф Раҳмон боздошт шуд
Зокир Назарзода, собиқ сардори раёсати корҳо ва ободонии Додситонии кул, ки рутбаи сарҳанг (полковник)-ро дорад, боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Назарзода расман ба “аз худ кардани маблағҳои давлатӣ” гумонбар аст ва парвандаи ӯро Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кули кишвар месанҷад.
Аммо наздиконаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва боздошташро қасосгирӣ номидаанд. Яке аз наздикони Назарзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯро ноодилона аз кор озод карда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
Боздошти Зокир Назарзода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ гӯё дар як маҳфил додситони кул Юсуф Раҳмонро таҳқир кардааст.
То ҳол Додситонии кул аз боздошти собиқ кормандаш расман хабар надодааст.
Раиси ноҳияи Дарвоз фармони Эмомалӣ Раҳмонро итоат накард
Баъд аз хароб шудани хонаҳои сокинони деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз комиссияи давлатӣ ба сокинон ваъдаи сохтани хонаро дод, аммо раиси ноҳия гуфтааст, ки танҳо 3 ҳазор сомонӣ ҳақ доранд.

Баъд аз ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Дарвоз охири моҳи март ва хароб шудани 12 хона дар деҳаи Умарак, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати як комиссия аз шаҳри Душанбе бо мардуми зарардида вохӯрӣ анҷом дода, ба 15 нафар ваъда додаанд, ки дар деҳаи Паткнови ноҳия барояшон пурра аз ҳисоби давлат хона сохта медиҳанд.

Дар хабаре, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ВМКБ рӯзи 4-апрел дар Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, Шералӣ Кабир дар вохӯрӣ гуфта буд, ки хонаҳо қисман аз ҷониби ҳукумат ва қисман аз ҷониби чанд соҳибкор сохта мешаванд, вале раиси ноҳия маблағи хонаҳоро аз кормандони ҳукумат ва мардум ҷамъоварӣ дорад. Azda tv барои назари мақомоти ноҳияро пурсидан натавонист тамос барқарор кунад. Дар ҳоли вокуниши мақомоти ноҳияи Дарвоз, омода аст назари онҳоро низ нашр кунад.

