Дар назар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни як сафари расмӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд биравад.

Дар назар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни як сафари расмӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд биравад.

Қазоқистон қасд дорад содироти ғалла ва ордро ба хориҷ то моҳи июн маҳдуд кунад. Дар ин бора Гуфта мешавад, тасмими ҷорӣ кардан маҳдудият дар содироти ғалла ва орд дар Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилии он гирифта шудааст. Тибқи маълумоти масъулони Вазорати кишоварзӣ, талаботи солонаи бозори дохилии Тоҷикистон ба орд бештар аз 700 ҳазор тонна мебошад ва худи Тоҷикистон танҳо 50-60 дарсади сокинони кишварро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад. Тоҷикистон орду гандуми воридотиашро бештар аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар пасманзари ҳамлаи Русия ба Украина гаронии орду ғалла дар аксар кишварҳои дунё эҳсос мешавад. Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоли идомаи ҷанг дар Украина фақру гуруснагӣ ва камбуди ғизо кишварҳои дунёро таҳдид мекунад. Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон нархи як халта орд аз 320 – 330 ҳам гаронтар шудааст. Иқтисодшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки дар ҳолати маҳдуд шудани содироти гандуму орд аз Русия ва Қазоқистон ин маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Тоҷикистон бамаротиб гарон хоҳад шуд.
Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон (МТС)-ро ба асардуздӣ муттаҳам кард.

Бино ба иттилои “Диссернет” Мутиева Саодат Журажоновна (Ҷӯрахонзода), ки он замон ному насабашро тоҷикӣ накарда буд, вақти навиштани рисолаи илмияш дар мавзӯи “Такмили системаи хидматрасонии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 149 саҳифаи кори докториаш 115 саҳифаашро аз рисолаи илмии (Хидматрасонии шуғли аҳолӣ дар бозори меҳнат) Елена Мелнова, ки онро соли 2002 дифоъ кардааст, бидуни зикри сарчашмаи аслӣ рӯйбардор кардааст.
Ба навиштаи ин пойгоҳ, муовини раиси МТС, кори илмияшро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳқиқ карда, онро 14-уми майи соли 2011 дар Шӯрои дифои рисолаҳои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини собиқи вазири маориф ва илм ва раиси собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Диловар Қодирзода дифоъ кардааст.
Инчунин гуфта мешавад, ки 20-уми январи соли 2022 Шӯрои ҳимояи рисолаҳои D310.001.03 дар Академияи гумруки Русия тавсия додааст, ки хонум Мутиева аз дараҷаи илмии номазади илмҳои иқтисодӣ маҳрум карда шавад.
Ба навиштаи “Азия-Плюс”, Саодат Ҷӯрахонзода дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигорон аз шарҳи ин хабар худдорӣ кардааст.
Тайи чор соли ахир пойгоҳи таҳқиқоти интернетии “Диссернет” беш аз 60 рисолаи олимони тоҷикро таҳқиқ ва муаллифони онҳоро, ки дар байни онҳо кормандони баландпояи ҳукумат низ ҳастанд ба асардуздӣ муттаҳам кардааст.
Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорони падарашро бо кумаки Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба тамошои “ширкатҳои бонуфузи олмонӣ” бурдааст.

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон 5-уми апрели соли 2022 хабар дода, ки “бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон силсилаи вохӯриҳои ҳайати иқтисодии кишвар иборат аз роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тавҳидбонк” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ширкатҳои бонуфузи олмонӣ танзим шуда истодаанд.”
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ин се ширкати мансуб ба як хонавода, ки тавассути Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додараруси Президенти кишвар идора мешаванд, мегӯяд, ки “31 марти соли 2022 ҷиҳати имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бо мудири кулли ширкати бонуфузи “Airbus Operations GmbH” Гуннар Грос мулоқот сурат гирифт.”
Гуфта мешавад, ки инчунин дастёрони Ҳасан Асадуллозода бо намояндагӣ аз ин се ширкати мансуб ба вай “бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда гуфтугӯ анҷом доданд.”
Ширкати “Сомон Эйр” ахиран хабар дода буд, ки парвозҳои худ ба Русияро меафзояд, вале бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нагуфтааст, ки “Ориёнбонк”-и Ҳасан Асадуллозод ва “Таҳвидбонк”-и писараш Муҳиддин Ҳасанзода қасд доранд, барои ширкати ҳавпайомии “Сомон Эйр”-и мансуб ба ин хонавода ҳавопаймо бихаранд ва ё бо истифода аз низоми лиззингӣ таёрае ба иҷора бигиранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон “Тавҳидбонк” фаъолияти суғуртавӣ ва лизингӣ надорад. Инчунин ягон ташкилот ва ё корхонае вуҷуд надорад, ки бонк дар сармояи он зиёда аз 25% ҳиссагузорӣ карда бошад. Аммо ба гуфти Бокни миллӣ “Ориёнбонк” фаъолияти лизингӣ дораду суғуртавӣ на. Инчунин ба гуфтаи Бонки миллӣ дар ин Бонк “саҳоми дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок вуҷуд надорад.”
Гуфта мешавад, бино ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс“, “бар асоси маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 саҳми Олмон дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1,7 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми умумии тиҷорати Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 миллион долларро ташкил карда, ки нисбат ба соли 2020 17,5% бештар будааст. Ба ҳисоби тақрибӣ 99,7 дарсади муомилоти молии дуҷониба ба интиқоли маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.”
Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв
Олмон пас аз расонаӣ шудани аксу наворҳои кушаташудаҳои шаҳраки Бучaи Украина ва иттиҳоми Русия ба “наслкушӣ” 40 дипломати русро ихроҷ кард.

Бино ба иттилои Хабаргузории “Мавҷи Олмон”(Deutsche Welle), “давлати Олмон дар вокуниш ба ҷинояти ҷангӣ дар Бучa 40 дипломати Русияро ихроҷ кард. Вазири хориҷии Олмон ин афродро “номатлуб” ва ҳамкори созмонҳои иттилоотии Русия хонд. Фаронса низ эълом кард мехоҳад 35 дипломати русро ихроҷ кунад.”
4-уми апрели соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Олмон Сафири Русия Сергей Нечаевро эҳзор ва пас аз суҳбати кӯтоҳ ба вай гуфтааст, 40 дипломати рус афроди номатлуб ташхис дода шудаанд ва бояд тайи панҷ рӯзи оянда кишварро тарк кунанд.
Инчунин Хабаргузории давлатии Русия “Тасс” низ иттилоъ дода, ки Итолия ҳам эълон карда, ки дар пайравӣ ба Олмону Фаронса қасд дорад, даҳҳо дипломати Русияро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кунад.
Дар вокуниш ба ин Мария Захарова, Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия гуфтааст: “Русия ҳатман ба амалкарди Олмон, ки 40 корманди намояндагии дипломатии Русияро “афроди номатлуб” эълон кардааст, посух медиҳад.”
29-уми марти соли ҷорӣ Белгия, Ирландия ва Нидерландия ҳам эълон карда буданд, ки дар пасманзари ҳамалоти ваҳшиёнаи Русия ба Украина 43 дипломати русро ихроҷ мекунанд.
Аммо Дмитрий Медведов, собиқ президент ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қавл дода, ки посухи Русия нисбати ин кишварҳо ҳамсон хоҳад буд. Вай афзуда, бо вуҷуди он ки ин кор “барои равобити дуҷониба харобиовар аст”, дипломатҳои аврупоӣ бояд кори нав ҷустуҷӯ кунанд. Дар баробари ин, дар Русия, ба гуфтаи Дмитрий Анатолевич, чизе дигар намешавад.”
Пеш аз ин, 22-уми марти соли 2022 Станислав Зарин, Сухангӯи Хадамоти амнияти дохилии Лаҳистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин ниҳод “45 нафар аз афсарони Хадамоти махфии Русия ва афроди муртабит ба онҳоро, ки дар Лаҳистон мақоми дипломатӣ доранд, шиносоӣ кардааст.” Инчунин кишварҳои Литва, Латвия, Эстония, Булғористону Словакия ва Ҷумҳурии Чех ҳам аз даҳҳо дипломати рус хоста буданд, ки хоки кишварҳояшонро тарк кунанд.
Муносибати аксари кишварҳои ҷаҳон, ба хусус давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина тира шуд ва дар муддати 40 рӯзи ахир равобити ин кишварҳо бо Русия рӯз то рӯз сардтар мешавад.
Ҳамзамон мақомоти Украина, кишварҳои ғарбӣ бо шумули Амрико, Олмону Фаронса ва Бритония нерӯҳои Русияро ба наслкушӣ дар шаҳраки Бучаи Украина муттаҳам карданд. Аммо мақомоти Русия ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, ки ин кори дастгоҳи таблиғотии Киев алайҳи Маскав мебошад.
Раисҷумҳури Покистон гуфтааст, ки Имрон Хон, нахсутвазири ин кишвар то замони интихоби сарпарасти мақоми сарвазирӣ дар курсии худ боқӣ мемонад.

3-юми апрели соли ҷорӣ Раисиҷумҳури Покистон Ориф Алавӣ бо дархости Имрон Хон, Нахуствазири ин кишвар парлумони кишварашро муваққатан барҳам дод.
Расонаҳо покистонӣ пас аз барҳам додани Маҷлиси миллӣ ва маҷлисҳои иёлатӣ гуфта буданд, ки Имрон Хон ҳам дигар наметавонад, ки дар курсии нахуствазирии ин кишвар такя бизанад, аммо ахиран Ориф Алавӣ, Президенти Покистон эълон карда, ки то замони муаррифии сарпарасти мақоми нахуствазирӣ Имрон Хон ба кори худ идома медиҳад.
Инчунин ба гуфтаи рӯзномаи “Навоӣ вақт” Нахуствазири Покистон пеш аз ин иддао карда буд, ки мухолифони ҳукуматаш намефаҳманд, ки ҳамроҳи онҳо чӣ корҳоеро анҷом дода истодаанд. Вай гуфтааст: “Аз хориҷи кишвар барои барканор кардани ҳукумати вай созиш кардаанд.”
Имрон Хон дар як силсила тввитрҳои худро мухолифонаш аз Ҷунбиши демократии Покистон дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ барои суқут додани ҳукуматаш муттаҳам карда, гуфтааст: Онҳо сарашонро ба осмон баланд карда мегуфтанд, ки ҳукумати ӯро ноком мегузоранд, агар ишон пуштибонии мардумӣ дошта бошанд, пас чаро аз интихобо метарсанд?
Дар бахши дигаре Имрон Хон мегӯяд, “Оё беҳтар нест, ки ُҶунбиши демократии Покистон интихоботро қабул кунад, ба ҷои он ки дар як фитнаи хориҷӣ барои сарнагун кардани ҳукумат ва хароб кардани сохтори маънавии мо бо ороиш додани бозорҳои нангини виҷдон интихоботро қабул кунад?”
Имрон Хон, раҳбари Ҳизби Таҳрики инсоф ва Нахуствазири Покистон аст. Вай дирӯз, 3-юми апрели соли ҷорӣ баъд аз он ки ноиби парлумони ин кишвар аз анҷоми баргузории ҷаласаи раъйи эътимод ба вай мамониат кард, дар вақти як суханронии телевизионии худ мустақим аз Раисҷумҳури ин кишвар хост, ки Маҷлиси миллӣ ва маҷлисҳои иёлатӣ дар ин кишварро барҳам диҳад.
Ин ҳолати ба вуҷудомада дар Покистон авзои сиёсиро ба ҳам рехтааст ва акнун ҳизбҳои мухолифи ин кишвар бо пешниҳоди дархосте ба Девони олии Покистон гуфтаанд, ки нисбат ба ин амалкарди ноиби парлумон, ки аз раъйгирӣ барои адами эътимод ба Нахуствизир мамониат карда буд, баҳои ҳуқуқӣ дода, дар мавриди сарнавишти ояндаи Имрон Хон дар раъси қудрат тасмимгирӣ кунад.
Тоҷикистон аз фурӯши нахи пахта дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 52,5 миллион доллар ба даст овардааст.

Ҳаҷми фурӯши нахи пахта назар ба моҳҳои январ ва феврали соли гузашта аз рӯи вазн 21,5% камтар, вале аз рӯи арзиш 24% афзудааст.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 21 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи беш аз 52,5 миллион доллар содирот шудааст.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар кишвар 388,8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Гуфта мешавад, аз 3 кг пахта 1 кг нахи пахта истеҳсол мешавад.
Дар кишвар ҳудуди 30 корхонаи нассоҷӣ фаъолият мекунад, ки иқтидори умумии коркарди онҳо дар як сол то 100 ҳазор тонна пахтаро ташкил медиҳад.
Давлати Чин пас аз Русия дувумин кишварест, ки расман дипломатҳои Толибонро дар сафорати Афғонистон дар Пекин ба кор қабул кардааст.

Хабаргузории Форс иттилоъ дода, ки Амирхон Муттақӣ, Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Толибон дар Афғонистон “элом карда, ки дипломатҳои ин гурӯҳ барои ҳузур дар сафорати Афғонистон дар Пекин пазируфта шудаанд.”
Ба иттилои ин манбаъ, Амирхон Муттақӣ бо қадрдонӣ аз Чин бобати қабули дипломатҳои Толибон барои ҳузур дар сафорати Афғонистон дар Пекин гуфтааст: “Фароҳам шудани заминаи содироти Афғонистон ба Чин, нишастҳои ҳамчун нишасти Вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва низ пазируфта шудани дипломатҳои ҷадиди Толибон дар сафорати Афғонистон дар Пекин нишонаи нияти хуби Чин аст.”
Пеш аз Чин Русия эълон карда буд, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ дипломатҳои Толибонро дар Маскав барои кор дар сафорати Афғонистон пазируфтааст.
15-уми августи соли 2021 нерӯҳои Толибон пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон Кобулро тасарруф карда, сипас Толибон ҳукумати сарпарасти худро дар Афғонистон эълон кардаанд.
Инак бо гузашти 7 моҳ ҳеч давлате расман эълон накардааст, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият мешиносанд, аммо кишварҳое назири Чину Русия, Покистону Ирон, Ӯзбекистону Туркманистон, Туркияву Қатар ва Индонизия дар ин муддат нисбатан равобити хубтареро бо гурӯҳи Толибон дар Афғонистон барқарор кардаанд. Тоҷикистон ҳар чанд равобити хуби иқтисодие бо Афғонистон дорад ва сафорати кишвар то ҳол дар Кобул бидуни вақфа кор мекунад, вале мисли кишварҳои дар бола зикршуда, дар барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо Толибон шитоб надорад.
Пас аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз атрофи Киев, аксҳое аз ҷасадҳои беҷони садҳо ғайринизомӣ дар кучаҳои шаҳри Буча дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки вокуниши ҷаҳониро ба бор овард.

Дар вокуниш ба ин ахбор кишварҳои ғарбӣ хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Маскав шудаанд. Рӯзи душанбе Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия ҷонибдорӣ карда, гуфт:
“Нишонаҳои возеҳе аз вуқуи “ҷиноёти ҷангӣ” дар шаҳраки Буча вуҷуд дорад ва тақрибан маълум аст, ки омилони он артиши Русия аст”.
Дар ҳамин ҳол раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар хостори таҳқиқи ҳодисаи куштори ғайринизомиён дар Буча шудаанд.
Додситони собиқи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҷиноятҳои Югославияи собиқ ва Руанда, Карла Дел Понте аз Додгоҳи ҷиноии байналмиллалӣ (ГААГА) хост, ки барои боздошти раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармон содир кунад. Ӯ дар суҳбат бо “LE TEMPS” гуфт, раисҷумҳури Русия дар Украина даст ба “ҷиноёти ҷангӣ” задааст ва бояд дар назди Додгоҳи ҷиноии байналмиллалӣ посух бигӯяд.
Аммо Кремл ин ҳама иттиҳомотро қотеъона рад мекунад ва рӯзи душанбе хостори баргузории ҷаласаи вежаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои баррасӣ ва таҳқиқи ин масъала шуд.
Котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков мегӯяд, наворҳое, ки кушта шудани ғайринизомиёнро дар кӯчаҳои Буча нишон медиҳанд, шубҳаоваранд ва онҳоро “тавтиаи ҷониби Украина” номид. Ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, “ҳадди ақал ба далелҳои мо гӯш кунанд”.
Вазорати дифои Русия иддао мекунад, ки рӯзи 30-уми март нерӯҳои ин кишвар аз атрофи Киев хориҷ шуда буданд ва ин аксҳо баъдтар дар шабакаҳо пайдо шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3-уми апрел ба кишвар 198 ҳазору 900 воя ваксини бар зидди Covid-19 навъи “Pfizer-BioNTech” ворид гашт.

Гуфта мешавад, ин ваксинаҳо дар чорчӯби механизми ҷаҳонии КОВАКС-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 ва эмкунии шаҳрвандон ба кишвар ворид гаштааст. Аммо дар бораи дақиқан аз кидом кишвар ворид гаштани ин ваксинаҳо дар хабар чизе гуфта намешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бори охир рӯзи 17-уми март омори гирифторони беморони COVID-19-ро нашр карда, ки тибқи он аз оғози инштори ин беморӣ дар кишвар 17388 нафар мубтало гашта, 124 нафари дигар фавтидаанд.
Аммо оморҳои ғайрирасмӣ гирифторони ва фавтидагони шаҳрвандонро аз ин беморӣ ба маротиб бештар аз омори Вазорати тандурустӣ арзёбӣ мекунанд.