26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 444

Буҳрони Покистону сарнавишти Имрон Хон

0

Додгоҳи олии Покистон эълон кард, ки ҳукумат ва парлумони парокандашуда, дубора барқарор ва шанбеи 9-уми апрели соли 2022 ҷаласаи раъйгирӣ барои адами эътимод ба Имрон Хон, Нахуствазири Покистон баргузор шавад.

Нахуствазири Покистон ҳам дар вокуниш ба ин ҳукми Додгоҳи олии кишвараш дар саҳфаи Твиттери худ эълон кард, ки 8-уми апрел “ҷаласаи кобинаи федеролӣ ва ҳизби порлумонии худро даъват карда, шоми имрӯз (бо як паём) ба миллат муроҷиат мекунам. Паёми ман ба миллат ин аст, ки ман ҳамеша барои Покистон ҷангидам ва то охирин нафас мубориза хоҳам кард.

Ҳамзамон мухолифони Имрон Хон бо хушҳолӣ аз қарори Додгоҳи олии ин кишвар дар робита ба барқарор кардани ҳукумат ва парлумон истиқбол карда, даъво доранд, ки дар ҷаласаи раъйгирӣ барои адами эътимод ба Имрон Хон пирӯз хоҳанд шуд ва аз ҳоло Шаҳбоз Шариф, бародари Навоз Шарифро Сарвазири ояндаи Покистон медонанд.

Аммо аз сӯи дигар сенатор Файсал Ҷовид Хон аз Ҳизби Тарҳрики инсоф низ эълон карда, ки “Имрон Хон бо чолишҳо рӯбарӯ аст – зоҳиран мухолифон фикр мекунанд, ки онҳо пирӯз шудаанд, аммо ин хел нест – онҳо мағлуб шудаанд – шириниҳоро аз даст додаву – суханҳо дар ёд хоҳанд монд – вақт нишон хоҳад дод. Капитан ин шом як эълони муҳим хоҳад кард – ӯ ҳеҷ гоҳ мардуми худро ноумед намекунад.

Ҳамзамон Латиф Кҳуса, аз раҳбарони Ҳизби мардумии Покиситон аз мухолифони Имрон Хон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки  Додгоҳи олии Покистон адолати торихиро барқарор кард ва имрӯз Сарвазири Покистон имрӯз истеъфо медиҳад.

Имрон Хон ҳафтаи гузашта аксарияти тарафдорони худро дар парлумон аз даст дод ва якшанеб 3-уми апрел ҳам мухолифон хостанд ҷаласаи раъйгирӣ барои адами эътимод ба Нахуствазирро баргузор кунанд, аммо муовини парлумон аз Ҳизби Таҳрики инсоф иддаъо кард, ки ин кор бо тавтеаи хориҷӣ ва ғайриқонунӣ сурат мегирад, ба ин хотир ҷаласа баргузор намешавад.

Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон бо раҳбарии Имрон Хон 150 курсии парлумонро соҳиб аст ва ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон қарор аст, имшаб Имрон Хон аз ҳамзибиёни худ дар парлумон бихоҳад, ки пеш аз баргузории ҷаласаи раъйгирии адами эътимод ба Нахуствазир аз мақоми худ истеъфо диҳанд, дар он сурат мухолифон наметавонанд ин ҷаласаро баргузор кунанд ва дар охир давлат маҷбур мешавад, ки интихоботи зудҳангомеро баргузор кунад.

Бесуботии сиёсӣ дар як ҳафтаи ахир Покистонро ба буҳроҳои зиёде гирифтор карда, арзиши пули миллии он-рупияро дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ ба шиддат пойин бурдааст.

Гуфта мешавад, ки агар шанбеи 9-уми апрел Имрон Хон натавонад дар ҷаласаи парлумон раъйи эътимод ба даст биорад, мухолифонаш метавонанд Нахуствазири худро пешниҳод кунанд ва дар ғайри он сурат Кумитаи интихоботи Покистон ҳам дирӯз эълон кард, мумкин аст дар моҳи октябри соли ҷорӣ интихоботи ҷадид баргузор шавад.

Шоҳида Маҳмадҷонова барои ду шарҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

0

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов имрӯз, 7-уми апрел бо қарори додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ, ки субҳи имрӯз, 7-уми апрели соли 2022 дар Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии пойтахт баргузор шуд, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ки ба хонум Шоҳида Маҳмадҷонова 7 сол ҳумки зиндон содир кунад.

Намояндаи додситонӣ Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба он айбдор кардааст, ки ду маротиба дар шабакаи иҷтимоии Ютуб зери наворҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” зидди сохторҳои ҳукуматӣ шарҳ навиштааст. Дар ҳоле ин модари тоҷик ба навиштани шарҳ зери навори писараш айбдор мешавад, ки пештар ӯро дар ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам карда буданд.

Хонум Маҳмадҷонова низ дар рафти ин мурофиа он ду шарҳро моли худ дониста, гуфтааст, ки “худро гунаҳкор меҳисобад ва аз кардааш пушаймон аст”. Аммо мардум бар ин боваранд, ки хонум Шоҳида Маҳмадҷонова ин эътирофро зери фишор ба дӯш гирифтааст.

Вакили дифои хонум Маҳмадҷонова аз додгоҳ хостааст, ки бинобар эътироф кардани зерҳимояш ба гуноҳи худ барои ӯ “ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.” Аммо ба назар мерасад, ки дархости вакили дифоъ нодида гирифта шуда, ин модари тоҷик ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Гуфтанист, ин қазия тамоми созмонҳои мухолифинро муттаҳид кард ва қариб ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ боздошти хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки фавран ӯро озод кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли 2022 ба шуъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз онҷо бедарак гардид. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон маҷбур шуд, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ боздошти ӯро эътироф кунад, вале бо ин вуҷуд аз замони боздошт боре ҳам ба пайвандони ӯ иҷозати мулоқот бо хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро надоданд.

Раисҷумҳури Яман аз мақомаш канор рафт

0

Раисҷумҳури фирории Яман дар Арабистони Саудӣ Абдураббиҳи Мансур аз мақомаш канор рафт ва тамоми салоҳиятҳои худро ба Шӯрои раҳбарии Яман таҳвил дод.

Акс аз “Reuters”

Бино ба иттилои Алҷазираи Қатар, субҳи имрӯз, 7-уми апрели соли 2022 Абдураббиҳи Мансур, собиқ Президенти фирории Яман, ки дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ ба сар мебурд, пас аз таъсиси Шӯрои раҳбарии Яман тамоми салоҳиятҳои худро ба ин шӯро таҳвил дод.

Шӯрои раҳбарии Яман иборат аз 8 нафар буда, раҳбарии онро дуктур Рашшод Ал-Алимӣ бар уҳда дорад. Аммо ҷамоати Ансоруллоҳи Яман, ки амалан идораи ин кишварро дар даст дорад, таъсиси ин шӯроро ғайриқонунӣ хондааст.

Раёсати ҷумҳурии Яман эълон карда, ки раҳбарии сиёсӣ, амниятӣ ва низомии Яманро ин шӯро бар уҳда дорад ва барои расидан ба сулҳ ва суботи пойдор бо ҳусиҳои ин кишвар, ки идораи давлатро зери даст доранд, вориди музокира мешавад.

Гуфта мешавад, эътилофи низомии арабӣ, ки зери раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб соли 2014 ташкил шуд, то кунун натавонист, ки ба аҳдофи худ дар Яман даст ёбад ва ба қали худашон “ҳукумати қонунӣ”-ро барқарор кунад.

8 соли ҷанг ва муҳосираи Яман тавассути ин эътилоф миллионҳо нафар сокинони ин кишварро овора карду ба ҳамин монанд миллионҳо каси дигарро зери хати фақр кашонд, вале натавонист ҳусиҳоро аз қудрат барканор кунад.

Аммо дар ин муддат, ҳусиҳо нерӯмандтар аз 8 соли пеш гардида, муҳимтарин марказҳои стотегӣ ва иқтисодии Арабистони Саудӣ ва Аморотро зери ҳадафҳои мушакӣ ва таёраҳои бидуни сарнишини худ қарор доданд ва ин боис шуд, ки эътилофи арабӣ охири марти соли 2022 оташбаси 3-моҳа эълон карду ба дунбол ин Шӯрои раҳбарии Яманро таъсис доданд.

БОР: Соли ҷорӣ интиқоли маблағи муҳоҷирон то 50% коҳиш меёбад

0

Бонки осиёии рушд дар гузориши ахираш баён дошт, ки давоми соли 2022 интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон то 50 дарсад коҳиш меёбад.

Тавре “Азия-Плюс” ба нақл аз гузориши БОР хабар медиҳад, гузоришгарон дар пешгӯии худ сабаби коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷиронро ба беқурбшавии рубли русӣ дар натиҷаи таҳримҳои иқтисодии Ғарб алаҳи Русия ва кам шудани ҷойҳои корӣ рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин ҳолат, яъне беқурбшавии рубл ва аз даст додани ҷойҳои корӣ, боиси мегардад, муҳоҷирон Русияро тарк кунанд ва ба Тоҷикистон баргарданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони БОР ҳатто дар сурати таъмини ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон ба мисли пештара ҳам баргардад, ҳаҷми интиқоли пул дар соли 2023 ба миқдори 10% барқарор шуда метавонад.

Пештар низ бархе коршиносон ҳадс мезаданд, ки бар асари таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд ва дар натиҷа ё ба ватан бармегарданд ва ё ба кишварҳои дигар барои кор ҷустан сафар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои шадиде алайҳи Русия ҷорӣ карданд ва дар баробари ин аксари ширкатҳои иқтисодии бонуфузи ҷаҳонӣ бозори Русияро тарк карданд, ки дар натиҷа зиёде аз муҳоҷирон ҷойҳои кории худро аз даст доданд. Ба гуфтаи коршиносон, аз сабаби зиёд будани қувваи кории Тоҷикистон дар Русия зарбаи аввалин ва сахттарини ин таҳримҳо аввалан ба хонаводаҳои тоҷик мерасад.

Шоҳида Маҳмадҷонава: Талаби 7 соли зиндон барои “ду шарҳ”

0

Дар нахустин мурофиаи додгоҳии хонум Шоҳида Маҳмадҷонова айбдоркунандаи давлатӣ аз судя хост, ки ба вай 7 сол ҳумки зиндон содир кунад.

Бино ба иттилои “Радиои Озодӣ“, субҳи имрӯз, 7-уми апрели соли 2022 нахустин мурофиаи додгоҳии Шоҳида Маҳмадҷонова дар Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии пойтахт баргузор шуд.  

Намояндаи прокуратура Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба он айбдор кардааст, ки ду маротиба дар шабакаи иҷтимоии Ютуб зери наворҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” зидди сохторҳои ҳукуматӣ шарҳ навиштааст.

Хонум Маҳмадҷонова низ дар рафти ин мурофиа он ду шарҳро моли худ дониста гуфтааст, “моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки бародараш ба хотири хоҳарзодааш “Абдураҳмон 09” аз кор озод шудааст.

Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай ҳамчунин афзуд, ки дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар хариди либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар “Ютуб” навишт.”

Вакили дифои хонум Шоҳида Маҳмадҷонова аз додгоҳ хостааст, ки бинобар эътироф кардани зерҳимояш ба гуноҳи худ барои ӯ “ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.” Судя пас аз баргузории мурофиа инро шунида барои содир кардани ҳукм ба хонаи машварат рафтааст.

Гуфтанист, ин қазия тамоми созмонҳои мухолифинро муттаҳид кард ва қариб ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ боздошти хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки фавран ӯро озод кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли 2022 ба шуъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз онҷо бедарак гардид. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон маҷбур шуд, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ боздошти ӯро эътироф кунад, вале бо ин вуҷуд дар замони боздошт ягон маротиба ба пайвандони ӯ иҷозати мулоқот бо хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро надоданд.

Русия дипломати нави Толибонро ба расмият шинохт

0

Маскав рӯзи 6-уми апрел дпломати Толибонро расман эътироф кард. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 6-уми апрел хабар дод, ки дипломати Толибон Ҷамол Гарволро ба ҳайси кордори умури Афғонистон дар Маскав расман эътироф кардааст.

Ба гуфтаи Захарова, Вазорати хориҷаи Русия ба сафорати Афғонистон дар Маскав нота фиристода, онҳоро аз қатъи ваколати Сайид Тайиб Ҷавод, сафири собиқи ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва эътирофи дипломати Толибон Ҷамол Гарвол ба ҳайси кордори умури Афғонистон дар Маскав огоҳ кардааст.

Дар ҳамин ҳол вазорат таъкид мекунад, ки Гарвол дар Маскав мақоми вакили муваққати корҳои Афғонистонро дорад, на сафир. Зеро Русия Толибонро ҳамчун ҳукумати қонунӣ то ҳол расман эътироф накардааст, вале корҳои дипломатиашро оғоз кардааст.

Таҳдид ба Афзалшоҳи Шодӣ: “Вазъиятро нохуб нагардон…”

0

Кобарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба ҳазфи исми Афзалшоҳи Шодӣ аз листи касоне, ки дар рафти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент консерт баргузор мекунанд, вокуниш карданд.

Субҳи имрӯз пас аз “

Вокушингароне, ки дар ҷамъи гурӯҳи сеюм ҳузур доранд, ба назар мерасанд, ки мухлисони сарояндаҳои ҷавони кишваранд ва аз шунидани сурудхонии Афзалшоҳи Шодӣ хушашон намеояд. Бо ин вуҷуд, корбаре ҳам бо номи Шодӣ Худоёров таҳдидомез ба Афзалшоҳи Шодӣ гуфтааст: “…Дар арафаи сафари Ҷаноби Олӣ бо ин корҳоят, ки инчо садоҳои Қадами Қурбону маҳалчигӣ баромада истодаанд, вазъиятро нохуб нагардон, то ки боз дар ягон ҷои дигар ҳофизӣ накунӣ. Эҳтиёт ними ҳаёт.”

Вале дар ҷамъи касоне, ки ба гурӯҳи чоруми ин вокунишгарон пайвастаанд, зоҳиран дида мешавад, онҳое ҳастанд, ки дар маҷмуъ ба сиёсатҳои иҷтимоии Эмомалӣ Раҳмон ва сафарҳои серхароҷоти ӯ ҳарфҳое барои гуфтан доранд. Ба гуфтаи яке аз инҳо бо номи Ҳакимҷон Нуров, “ҳоло замоне шудааст, ки агар мардум шуморо хуш қабул кунанд, душмани миллат ҳисоб мешавед…”, локин корбаре дигар бо номи Билол Сулаймон навиштааст: И суруд хона нарху наво арзони мешидай ки !!! Шикам сер бошад садои баклашкарам форамай!”

Гуфта мешавад, хабар дар бораи ҳазф кардани исми Афзалшоҳи Шодӣ аз феҳристи сарояндаҳое, ки дар рафти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент суруд мехонанд, субҳи имрӯз нахуст тавассути Азия Плюс нашр шуд ва сипас ба дигар расонаҳо роҳ ёфт ва вокунишҳои мухталиферо дар ҷомеа ба вуҷуд овард.

Афзалшоҳи Шодӣ, соли 1962 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон (собиқ Институти санъати Тоҷикистон) аст. Вай дорандаи унвони “Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон” аст.

Жириновский даргузашт

0

Раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар синни 76-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Дар ин бора рӯзи 6-уми апрел раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дод.

Володин зимни як нишаст дар Думаи давлатии Русия аз марги Жириновский хабар дод. Фраксияи Ҳизби либерал-демократи Русия низ ин хабарро таъйид кардааст.

Жириновский дуюми феврали соли ҷорӣ бо нишонаҳои коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Рӯзи 25-уми март расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар бораи марги Жириновский хабар дода буданд, вале баъдан ин хабарро Володин ва ҳизби Жириновский рад карданд ва иддао доштанд, ки вазъи саломатии ин сиёсатмадори рус муътадил аст.

Владимир Жириновский шаш маротиба номзад ба мақоми президентӣ буд ва дар байни мардум бо шеваи хашмгин суҳбат кардану изҳоротҳои шадидаш, аз ҷумла миллатгаронааш маъруф буд. Инчунин ӯ бо изҳороти баҳсбарангезаш дар бораи Тоҷикистону муҳоҷирони корӣ низ шинохта мешуд.

Ӯ аввалин ҳизби мухолифро дар Иттиҳоди Шӯравӣ сабти ном карда, то дами марг онро раҳбарӣ мекард. Дар охири солҳои 2000-ум ӯ ва ҳизбаш ба як шарики Кремл табдил ёфтанд ва дар аксар ҳолатҳо сиёсати Кремло дастгирӣ мекарданд.

Таркиш дар бузургтарин масҷиди Кобул

0

Расонаҳои Афғонистон аз таркиш дар масҷиди Пули Хиштии Кобул хабар дода мегӯянд, ки то кунун захмӣ шудани шаш нафар дар ин ҳодиса тасдиқ шудааст.

Шоҳидони айнӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки таркиш дар дохили бузургтарин масҷиди Кобул замоне рух дод, ки мардум намози пешинро адо мекарданд.

Абдунофеъ Таквар, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Толибон дар Афғонистон бо таъйиди ин хабар ба Омоҷнюс  гуфтааст, ки ин таркиш бархоста аз як “бомби дастӣ” буда, шаш нафар захмӣ шудааст. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят як нафар боздош гардидааст.

Аммо шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки теъдоди осебдидагон бештар аз он чизе аст, ки мақомоти расмӣ эълон мекунанд. Инчунин дар як навори видеоӣ, ки ба расонаҳо роҳ ётфтааст, дида мешавад, намозгузорони зиёде пас аз ин таркиш бо тарсу ҳарос пароканда шуда, аз ҷои ҳодиса дур мешаванд.

Масҷиди Пули Хиштии Кобул дар маркази Кобули қадим, яке аз ҷойҳои пуродами пойтахти Афғонистон бино шудааст. Ин масҷид дар қарни 18 мелодӣ сохта шуда, дар даҳаи 1960 ба фармони Муҳаммад Зоҳиршоҳ, президанти вақти ин кишвар бозсозӣ ва тавсеа ёфт. Инчунин дар ҷангҳои солҳои 1990-и Кобул ҳам ин масҷид осеб дида, аммо дубора бозсозӣ шуд.

Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудои Тошканд

0

Дар Ҷоми ҷудои Осиё байни наврасон ва ҷавонон, ки дар Тошканд баргузор мешавад, Тоҷикистонро 28 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 5-8 апрели соли ҷорӣ дар пойтахти Узбекистон, шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Дар қувваозмоиҳо байни наврасон, ки рӯзҳои 5 ва 6-уми апрел баргузор мегардад, 9 варзишгари навраси тоҷик ширкат мекунанд.

Мусобиқа байни ҷавонон рӯзҳои 7 ва 8-уми апрел баргузор гардида, дар он 19 варзишгар Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан) ва миёни ҷавонон 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз 4 кишвари қора ширкат мекунанд.