Хона блог саҳифа 453

Афзоиши фишори мақомот болои модари журналист Анора Саркорова

0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон фишор алайҳи модари бемори журналист Анора Саркороваро афзоиш додаанд.

Имрӯз, 22-юми июли соли 2022, хонум Анора Саркорова бо нашри як матлаб дар саҳфаи фейсбукиаш гуфт, дар зарфи як ҳафтаи ахир се маротиба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо баҳонаи гуногун ба назди модараш рафта, ӯро бозпурсӣ кардаанд.

Журналист Анора Саркорова афзуда, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо вуҷуди бемор будан ва таби баланд доштани модари бузургсолаш аз вай посухи суолҳои такрориеро ҷӯё шудаанд, ки рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ дар бинои Раёсати корҳои дохилӣ дар вақти бозпурсӣ аз ӯ суол карда буданд.

Вай таъкид мекунад, ки дар вақти ин бозпурсиҳо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ суроғаи фарзандони ноболиғу як бародари бемораш ва низ дар бораи падари фавтидааш, ки 17 сол пеш бар асари бемории саратон даргузаштааст, суолу ҷавоб кардаанд.

Гуфта мешавад, журналист хонум Анора Саркорова ҳамсари журналист Рустами Ҷонӣ аст, ки ҳар ду аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Пас аз ҳодисаҳои 25-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ инҳо ҳам нисбат ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар ВМКБ бетараф наистода, пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри матлабҳо рисолати касбӣ ва мавоқеи шаҳрвандии худро баён кардаанд. Шиддат гирифтани фишори мақомот ҳам алайҳи онҳо дар ҳамин давра бештар шудааст.

Тавофуқи чорҷониба барои содироти гандуми Украина

0

Қарор аст имрӯз дар бораи содироти гандуми ва дигар ғалладонаҳои Украина аз тариқи баҳри Сиёҳ тавофуқи чорҷонибае дар Туркия ба имзо бирасад.

Бино ба иттилои ББС, Туркия мегӯяд, тавофуқе бо Русия ҳосил шудааст, ки бар асоси он Украина метавонад содироти ғалларо тавассути баҳри Сиёҳ аз сар бигирад.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст имрӯз, 22-уми июли соли 2022 ин созишнома “дар Истамбул аз ҷониби Украина, Русия, Туркия ва Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) имзо шавад.”

Гуфта мешавад, Украина яке аз содиркунандагони умдаи ғалла дар ҷаҳон аст. Баъд аз оғози ҳамлаҳои Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин кишвар содироти ғалла халалдор ва нархи он гарон шуда, миллионҳо инсон дар ҷаҳонро нигарон кардааст.

Айни замон дар анборҳои шаҳри соҳилии Украина ҳудуди 20 миллион тонна ғалла, ки барои содирот нигаҳдорӣ мешаванд, банд мондаанд. Созмони Миллали Муттаҳид ҳам борҳо ҳушдор дода буд, ки қатъ шудани содироти ғалладонагиҳои Украина мардумони зиёдеро дар бархе кишварҳо нигарон карда, хавфи гуруснагиро ба бор овардааст.

Баррасии масоили амниятӣ байни Тоҷикистону Сурия

0

Сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт бо Муовини Президенти Сурия дар Димашқ мулоқот карда, дар барои бозгардонидани тоҷикистониҳо ба Ватан гуфтгӯ кардааст.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 21-уми июли соли 2022 Зубайдулло Зубайдзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар давлати Кувайт бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук дар Димашқ мулоқот кардааст.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.”

Инчунин Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Ҷаъфарӣ дидор карда, бо ӯ низ масъалаи базгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватанро ба миён гузоштааст.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҷангҳои дохилӣ ва зуҳури ДИИШ дар Сурия ва Ироқ хеле аз шаҳрвандони кишварҳои дунё, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони таъсиси “хилофати исломӣ” ба онҳо пайвастанд.

Дар байни тоҷикистониҳое, ки ба ин созмони террористӣ пайваста буданд, нафароне низ аз кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон, аз он ҷумла сарҳанги Вазорати корҳои дохилии Гулмурод Ҳалимов ҳам ҳузур дошт, ки ахиран ба симати Вазири дифои  ДИИШ таъин шуда буд.

Пас аз суқути давлати “хилофати исломӣ”-и ДИИШ даҳҳо нафар аз занону кӯдакони онҳо дар Сурияву Ироқ банд монданд ва мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин ҳам бо кумаки дигар созмонҳо қисме аз онҳоро ба Ватан баргардонида буданд.

Боздошти як нафар бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми беш аз 3 млн сомонӣ

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо роҳи қаллобӣ дар азхудкунии беш аз 3 миллион сомонӣ гумонбар мешавад.

Акс аз Интернет

Гумонбаршаванда сокини шаҳри Душанбе буда, ба гуфтаи мақомот, худравҳои гаронарзиши ду сокини пойтахтро бо роҳи фиреб аз онҳо гирифта, маблағи онҳоро, ки наздики 300 ҳазор доллари амрикоӣ (беш аз 3 миллион сомонӣ) мебошад, барнагардонидааст.  

Дар тафсилоти хабар гуфта мешавад, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе – аз ӯ ном бурда нашудааст – 28-уми марти соли 2022 аз як сокини пойтахт “автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”-ро ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаро фурӯхта маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо автомашинаро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”

Инчунин ин сокини 26-солаи пойтахт боз як нафари дигарро низ ба доми худ андохта, “12-уми майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ даромада, аз ӯ 270 ҳазор доллари амрикоӣ ва ду адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” ва тамғаи “Мерседес Бенс” гирифта, забонхат додааст, ки то рӯзи 15 июли соли 2022 маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад. Аммо то ҳол барнагардонидааст.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зарари умумии расонидашуда 297 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Гумонбаршаванда боздошт шуда, тафтишоти пешакӣ вобаста ба ин ҳодиса идома дорад.

Мулоқоти “сард”-и сарони Тоҷикистону Қирғизистон

0

Дар рафти мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи боз шудани марзҳои муштараки байни ду кишвар баҳс нашуд.

Бар пояи гузоришҳое, ки

Ҳамзон дар аксар аксу наворҳое, ки аз ин мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон нашр шудааст, ҳар чанд ба зоҳир дар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов “заҳрханде” дида мешавад, вале ба назар мерасад, забони ҳоли онҳо мегӯяд, ки ҳамоно решаҳои беэътимодӣ байни онҳо нахушкидааст ва ба ҳамин хотир бо чеҳраҳои гирифта ба мулоқоти сарди якдигар рафтаанд.

Гуфта мешавад, тайи як соли охир марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон борҳо шоҳиди нооромиҳо ва сар задани низоъҳои мусаллаҳона буданд ва дар натиҷа даҳҳо нафар аз ду тараф кушта ва захмӣ шуданд. Дар ин даргириҳо сокинони осоишта ва молу мулки онҳо аз ҳама зиёдтар зиён диданд.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв

2333 донишҷӯ баъди хатми донишгоҳҳо “ихтиёрӣ” ба артиш рафтааст

0

Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки имсол 2333 донишҷӯ баъд аз хатми донишгоҳҳои кишвар “ихтиёрӣ” ба сафи артиш рафтааст.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбутии ниҳоди зертобеаш дар шаҳри Душанбе гуфт, “аслан, имсол, бисёр нафароне буданд, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мо худашон муроҷиат карданд, муроҷиат аз ҷониби худи хатмкунандагон буд, мо онҳоро ба инобат гирифтем, омӯхтем, инҳо ихтиёран ба сафи артиш рафтанд.”

Ба гуфтаи Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, тибқи маълумоти охир 2333 нафар хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ба сафи артиш рафтаанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвар ба сафи сохторҳои қудратии кишварҳое асосан касоне ҷалб карда мешаванд, ки дар сафи артиш хидмат карда бошанд ва “бештари онҳое, ки ба сафи артиш рафтаанд, риштаи ҳуқуқро хатм кардаанд.”

Гуфта мешавад, ин иддаои Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи “ихтиёрӣ” ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рафтани донишҷӯён дар ҳоле садо медиҳад, ки “облава” асосан дар мавсими даъвати баҳорӣ дар моҳи апрел ва дар давраи тирамоҳӣ дар моҳи ноябр сурат мегирад ва тибқи гузоришҳои нашршуда аксари донишҷӯён ҳам дар ҳамин ду моҳ бо роҳи зӯрӣ ба сафи артиш сафарбар карда шудаанд, на ихтиёрӣ.

Раиси собиқи Шаҳритус ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам шуд

0

Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 20-уми июл хабар доданд, ки собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Рамазон Оймаҳмадзода 2 гектор замини як корхонаи саноатиро ба аҳолии ин ноҳия ғайриқонунӣ тақсим кардааст.

Тавре “Азия-Плюс” хабар медиҳад, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории замини Додситонии вилояти Хатлон, Рустам Сангинзода 20 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора гуфта, ки “вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шахсони мансабдор парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

“Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қонунгузории замин аз тарафи як қатор шахсони масъул ва шахсони алоҳида дағалона вайрон карда шудааст. Аз рӯи маълумоте, ки мо дар даст дорем зиёда аз 2 га замини як корхонаи саноатӣ аз ҷониби собиқ раиси ноҳия ва дигар шарикони ӯ ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон тақсим карда дода шудааст”,- гуфт Рустам Сангинзода.

Масъалаи тақсими замин яке аз мушкилоти мубрам дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки солона даҳҳо мақомодор бо баҳонаи фурӯш ва ё тақсими ғайриқонунии он боздошт ва ё нисбаташон парвандаҳо боз мешавад.

Ёдовар мешаваем, ки Рамазон Оймаҳмадзода соли 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Аммо 22-уми июли соли 2019 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи раисии ин ноҳия барканор карда шуд. Ӯ пеш аз ин раиси ноҳияи Носири Хисрав шуда кор мекард.

Вохӯрии Кабирӣ бо намояндагони САҲА дар Вена

0

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон аз вохӯрии худ бо як қатор намояндаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Вена хабар дод.

20-уми июли соли 2022, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар саҳфаи Твиттриаш эълом кард, ки дар ҳошияи Конфронси Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари “ДИДҲБ” бо намояндагони як қатор ҳайатҳои вакилони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Вена мулоқот кардааст.

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки “маълум аст, мавзӯи Украина бартарӣ дорад. Аммо, хушҳолам, фаҳмише вуҷуд дорад, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон набояд фаромӯш шаванд.”

Аз Маҳмудҷони Файзраҳмон, раҳбари департаменти равобити хориҷии Паймони Миллии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин мулоқотҳои Муҳиддин Кабирӣ пурсидем, вай гуфт: “Ҳамон қадар маълумот кофист.”

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 2015 пас аз “шикаст”-и ҳизбаш дар интихоботи парлумонӣ Тоҷикистонро тарк карда буд, то кунун дар табъид қарор дорад. Вай соли 2018 ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳое аз мухолифини Тоҷикистон эътилоферо бо номи Паймони Миллии Тоҷикистон таъсис дода, раҳбарии онро ҳам бар уҳда дорад.

Баргузории панҷумин нишасти сарони кишварҳои ОМ дар Тоҷикистон

0

Нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Имрӯз, 21-уми июли соли 2022 дар чорумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон қарор шуд, ки панҷумин нишасти онҳо дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гузаронида шавад.

Сарони кишварҳои Осиёси Марказӣ пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро дар бораи баргузории нишасти навбатии онҳо дар шаҳри Душанбе якҷоя дастгирӣ карданд.

Ба гуфтаи сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон “Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад”, гузаронида хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, нахустин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ҳамгироии кишварҳои минтақа бо ташаббуси Қазоқистон дар соли 2018 баргузор гардида буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

0

Субҳи имрӯз, 21-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Қирғизистон шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Иссик-Кул Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов истиқбол гирифтааст.

Хадамоти матбуоти Президент хабар дод, ки ҳадаф аз ин сафари Раисҷумҳур ба ин кишвари ҳамсоя иштирок дар нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки шуруъ аз соли 2018 ба инсӯ ҳамсола ин дидори раҳбароин доир мешавад.

Ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор аст имрӯз, 21-уми июл дар шаҳри Чолпон-Атаи вилояти Иссик-Кули Қирғизистон баргузор шавад.