Хона блог саҳифа 454

Боздошт ва истирдоди як зани тоҷик аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон

0

Додситонии кулли Ҷумҳурии Озарбойҷон 19-уми июл хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон Мирзоғоева Маҳбуба Абдусамиевнаро боздошта ва ба Тоҷикистон супурд.

Акс аз Интернет

Тавре расонаи “Trend” бо истинод ба Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод, хонум Маҳбуба бо иттиҳоми “қаллобӣ ва расонидани зарари махсусан калон” ва бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

“Додситонии кулли Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузории миллӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки Озарбойҷон ҳам узви он аст, ба Додситонии кулли Озарбойҷон барои истирдоди Мирзоғоева Маҳбуба Абдусамиевна, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст, дархост ирсол намуд, то вай ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.”, омадааст дар хабар.

Додситонии кулли Озарбойҷон рӯзи 19 июл хабар дод, ки хонум Маҳбуба Мирзоғоева бо ҳамроҳии як ҳайати махсуси Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Озарбойҷон ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии ОМ дар Қирғизистон

0

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон гирди ҳам ҷамъ омада, дар бораи амнияти минтақа ва Афғонистон табодули назар карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми июли соли 2022 “дар шаҳри Чолпон-Ота Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.”

Ба иттилои манбаъ, дар нишаст мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи “ҳифз ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ намуда перомуни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.”

Гуфта мешавад, пеш аз оғози ин нишаст вазирони корҳои хориҷии минтақаро Президенти Қирғизистон ба ҳузур пазируфтааст ва инчунин дар вақти баргузории нишасти вазирон “таваҷҷуҳи хоса ба масоили амниятӣ дар заминаи вазъи кунунии Афғонистон равона гардид.”

Камбуди 3400 омӯзгор дар мактабҳои Тоҷикистон

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳудуди сеюним ҳазор муаллим дар мактабҳо намерасад, омӯзгорон таъкид мекунанд, ки агар маошашон зиёдтар шавад, бар мегарданд.

Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикитсон

19-уми июли соли 2022, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш дар шаҳри Душанбе гуфт, ки тибқи оморҳои расмӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 3400 нафар омӯзгор намерасад ва онро як раванди маъмулӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон хонд.

Аммо ин мавқеъгирии Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифе рӯбарӯ шуд:

Қисме аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки собиқаи кори омӯзгорӣ дар мактабҳои Тоҷикистонро доранду акнун дар муҳиҷират ба сар мебаранд, мегӯянд, ки маоши онҳоро камаш 5000 ҳазор сомонӣ таъйин кунанд, ба касби дӯстдошта ва пурифтихори худ бар мегарданд.

Гурӯҳи дигаре низ аз онҳо таъкид мекунанд, ки дар шароити феълӣ кор кардан дар мактабҳои Тоҷикистон бо 1200 то 1500 сомонӣ, муодили 120 то 150 доллари амрикоӣ ба навъе таҳқири омӯзгор аст, зеро як подабони деҳа рӯзе камаш 100 сомонӣ пули нақд мегирад ва корашро идома медиҳад, вале аксари омӯзгорони деҳот дар хеле мавридҳо ҳамон маоши кам ва ё моҳонаи худро бо таъхир ва даву тозу саргардониҳои иловагӣ ба даст меоранд.

Қисми сеюм касоне ҳастанд, ки мегӯянд, норасоии 3400 омӯзгор дар Тоҷикистон даҳшат аст. Аксари омӯзгорони касбӣ бо сабаби кам будани маош ва бад шудани шароити зиндагӣ тарки касби омӯзгорӣ карданд ва донишомӯзон ҳам ба ҷои таълими фанҳои дақиқ дар мактабҳои Тоҷикистон аксар вақт рақсу сурӯдхонӣ мекунанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ин нишасти худ таъкид кард, ки дар оғози соли ҷорӣ теъдоди норасоии муаллимон дар мактабҳои кишвар 2100 нафарро ташкил медод ва танҳо дар ин шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 1300 нафари дигари онҳо касби омӯзгориро дар мактабҳо тарк кардаанд ва барои бартараф кардани ин мушкил талош мекунанд.

Имсол дар Тоҷикистон ҳудуди 14, 500 нафар донишҷӯ риштаҳои мухталифи омӯзгориро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар хатм мекунад ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам умед дорад, ки қисме аз онҳое, ки таҳсилоти худро аз ҳисоби буҷаи давлат хатм кардаанд, ба кор дар ин мактабҳо ҷалб мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 3940 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 128 ҳазору 827 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 80 ҳазору 170 бонувони омӯзгор кору фаъолият мекунанд.

Имзои санадҳои ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Липетск

0

Дар бинои шарҳдории шаҳри Липетски Русия 15-уми июл маросими ботантанаи имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни шаҳрҳои Липетск ва Хуҷанд баргузор гардид.

Акс аз сомонаи “news.tpprf.ru”

Дар чорабини мазкур раиси шаҳри Липетск Евгения Уваркина, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода, раиси Шӯрои шаҳри Липетск Александр Афанасев, раиси Палатаи савдо ва саноати Липетск ва намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Липетск ҳузур доштанд.

Раиси шаҳри Липетск Евгения Уваркина бо қаноатмандӣ қайд кард, ки тоҷирони Липетск чанд сол ин ҷониб бо шарикони тиҷории худ аз Хуҷанд ҳамкории самаранок доранд.

“Мо бо камоли мамнуният пешниҳоди ҳамкориро қабул мекунем ва омода ҳастем, ки дар якҷогӣ робитаҳои иқтисодӣ барқарор кунем ва содироти худро инкишоф диҳем”, – қайд кард Евгения Уваркина.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода таъкид кард, ки муносибатҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду шаҳр кайҳо ба анъана даромадааст. Боқизода афзуд, ки барои инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба корҳои зиёде ба назар гирифта шудааст.

Дар охир ҷонибҳо санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд. Тибқи ин аснод, ҷонибҳо барои инкишофи робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, варзиш, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ талош хоҳанд кард. Қарор аст то охири соли ҷорӣ созишнома оид ба барқарории равобити дӯстона миёни шаҳрҳои Липетск ва Хуҷанд ба имзо расад.

Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар нишасти СММ зери унвони “Лаҳзаи табиат”

0

19-уми июли соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ Мубоҳисаи зери унвони “Лаҳзаи табиат” дар мавзӯъҳои “ҳифзи муҳити зист аз таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯза” баргузор шуд.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Бино ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерилизода Баҳодур раҳбарӣ мекард.

Гуфта мешавад, ин чорабинии мазкур бо ташаббуси Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттуҳид Абдулло Шоҳид дар сатҳи баланд баргузор шудааст.

Дар ин чорабинӣ “Раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ А.Шоҳид, Дабири кулли СММ А. Гутерриш ва Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ К. Келапиле иштирок ва суханронӣ карда, аҳаммияти баргузории чорабинии мазкурро дар мубориза ба таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ карданд.”

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, раҳбари ҳайати намояндагии кишвар Шерилизода Баҳодур дар нишасти мазкур “ба ҳайси панелист дар сегменти аввали чорабинӣ таҳти унвони “Коркарди вокунишҳои ҳамоҳангшудаи низоми муштарак дар мубориза бар зидди чолишҳои ҷаҳонӣ” суханронӣ ва се таҳдиди умдаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, аз даст додани биогуногунӣ ва ифлосшавии муҳити зистро зикр кард. Мавсуф зимни суханронии худ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва чораҳои андешидашудаи кишвар дар ин маврид гуфт.”

Воридот ва истеҳсоли орд дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

0

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ воридоти орд 14,2% ва истеҳсоли орд дар дохили кишвар 35% коҳиш ёфтааст.

Имрӯз, 20-уми июли соли 2022, Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки тибқи оморҳои расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҳудуди Тоҷикистон 23,1 ҳазор тонна орд ворид шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ордҳои воридшуда, ба ҳисоби миёна бо нархи 354 доллари амрикоӣ барои як тонна ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 долларӣ сари ҳар тонна қиматтар будааст.

Инчунин муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, дар ин давраи ҳисоботӣ 227,5 ҳазор тонна орд дар дохили кишвар истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашт 35% камтар мебошад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон 374,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 119,3 миллион доллар ворид шудааст, ки ба ҳисоби миёна барои ҳар як тонна гандум 319 доллари амрикоӣ рост меояд. Ин омор ҳам нишон медиҳад, ки воридоти гандум низ ба ҳудуди гумгукии Тоҷикистон 67,3 ҳазор тонна ва ё худ 15,2% кам гардидааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳудуди 97,2% гандуми воридотии худро аз Қазоқистон харидорӣ мекунад ва ба гуфтаи Хадамоти зиддииҳисорӣ тоҷирон дар аввали соли ҷорӣ як тонна гандумро бо нархи 280-285 доллари амрикоӣ ворид мекарданд, вале дар ҳоли ҳозир воридоти ҳар як тонна гандум ба Тоҷикистонро 400-405 доллари амрикоӣ ташкил медиҳад.

Русия қасд дорад тамоми шаҳрҳои Украинаро бомборон кунад

0

Бино ба иттилои манобеъ, нерӯҳои низомии Русия қасд доранд тамоми шаҳрҳои Украинаро бомбборон кунанд.

Хабаргузории “Ройтерз” аз тирборони шадиди шудани шаҳри Сумӣ дар шимол, партоби бомбаҳои кассетӣ ба Миколайв ва як зарбаи мушакӣ дар Одесса ҷануби Украина хабар дод.

Бино ба иттилои расонаҳо, Русия пас аз он ки дар оғози ҳамла ба Украина аз рӯзи 24 феврал пойтахти ин кишвар Киевро забт карда натавонист, ба ҳмалаҳои харобиовар ва бомбборон кардани шаҳрҳои Украина бо мушаркҳои дурафкан шуруъ кардааст.

Гуфта мешавад, ҳоло Русия нерӯҳои худро дар ҷанубу шарқи Украина мустақар карда, барои назорат ва забти бештари ин манотиқ талош дорад. Вале барои ҳарос додани ҳукумати Киев гоҳо дигар шаҳрҳои ин кишварро низ аз дур бомбборон мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Русия аз субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ ҳамлаҳои худ ба хоки Украинаро оғоз бахшид. Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина таҳримҳои шадиди Амрико ва Ғарб болои Маскав ҷорӣ карда шуд. Пас аз он Русия аз баъзе манотиқ ақибнишинӣ кард, вале минтақаи Луганск, Донетск ва дигар минтақаҳои шарқии Украинаро ба куллӣ забт кард.

Дар натиаҷаи ин ҷанг миллионҳо шаҳрвандони Украина ба хориаҷ кишвар овора шуданд ва ҳазорҳо сарбоз аз ду тараф кушта шудааст.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо иттиҳоми куштор дар Русия

0

Мақомоти интизомии Русия дар вилояти Тула ду муҳоҷири меҳнатиро боздошт кардаанд, ки дар қатли ваҳшиёнаи як соҳибкори маҳаллӣ ва ғорати амволи ӯ муттаҳам мешаванд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.

Акс аз “newstula.ru”

Намояндаи Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар нишасти матбуотии худ 18-уми июли соли ҷорӣ хабар дод, ки ин ду муҳоҷир ҳамчунин ҳамсари соҳибкорро ваҳшиёна лату кӯб карда, ба номусаш таҷовуз кардаанд.

“Пас дасту пои ӯро баста, ба ҳавзи шиноварӣ партофтаанд, ки ғарқ шавад. Аммо зан тавонистааст аз об барояд ва ба пулис хабар диҳад”,- гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манобеъ, муҳоҷирон гуноҳи худро эътироф намекунанд ва айбро ба дӯши ҳамдигар мепартоянд.

Қаблан хабаре нашр шуда буд, ки 4 июн дар шаҳри Чекалини ноҳияи Суворови вилояти Тула дар як хонаи шахсӣ ду нафари номаълум ба соҳибхона ҳамла карда, маблағи бузургро ғорат кардаанд. Марди 52-соларо дар рӯи ҳавлӣ, дар яке аз ҷуқуриҳои барои қубури об канда дафн кардаанд.
Ҳамсари соҳибкорро латукӯби шадид карда, сипас таҷовуз кардаанд. Ӯро бо корд тарсонида, маҷбур карданд, ки хазина (сейф)-ро кушояд ва тақрибан се миллион рубл, соат ва ҷавоҳиротро ғорат кардаанд.

Гуфта мешавад, яке аз муҳоҷирон 31-сола ва дигаре 18-сола буда, пас аз содир кардани ҷиноят пароканда шуда, якеаш ҳангоми парвоз дар фурудгоҳ боздошт шудааст. Пулис мегӯяд, яке онҳоро аз Маскав ва дигариро аз вилояти Ленинград боздошт кардааст.

Мақомоти Русия ҳардуи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, аммо назари худи боздоштшудаҳо ва ё вакили дифоъашон дастрас нест.

Оё Эрон ба қиблаи кишварҳои минтақа табдил мешавад?

0

Сафари сарони Русия ва Туркия ба Эрон ва имзои қарордодҳои азими дарозмуддат дар ҳоле баргузор мешавад, ки Аморати муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ, ду тан аз ҳампаймонони аслии Амрико дар Ховари Миёна низ хостори беҳбуди равобити дипломатӣ бо Теҳрон шудаанд.

Пеш аз сафари Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Ардуғон ба Теҳрон дар моҳҳои гузашта сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон ҳам бо анҷоми сафарҳои корӣ вориди Теҳрон шуда буданд.

Аз сӯи дигар Озарбойҷону Покистон ва ҳукумати муввақати Толибон дар Афғонистон ҳам хостори тақвияти ҳамкориҳо ва тармими робитаҳои худ бо Эрон шудаанд.

Ба иборати возеҳтар, равобити хориҷии давлати Иброҳим Раисӣ бар хилофи Ҳасани Рӯҳонӣ бо кишварҳои ҳамсояи Эрон ва минтақа то рафт беҳтар мешавад ва бо вуҷуди вазъи таҳримҳои миёншикани Ғарб алайҳи Теҳрон иқтисоди Эрон рӯз то рӯз беҳтар мешавад ва фурӯши нафташро ҳам нисбат ба солҳои пешин хеле зиёдтар кардааст.

Аз сӯи дигар, дар ин ду моҳи ахир нигарониҳои амниятии Эрон дар дохили ин кишвар афзудааст ва теъдоде ҳам аз афсарони низомии он бо сабабҳое ҷони худро аз даст додаанд. Ангушти иттиҳом бештар болои нерӯҳои исроилӣ аст ва ахиран сарвазири Исроил ҳам эълон карда буд, ки дар як соли даҳҳо амалиёт дар хоки Эрон баргузор кардаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон давлати Исроилро “режими номашрӯъ” мешиносад ва вуҷуди он дар минтақаро барои худ як таҳдид талаққӣ мекунад. Барои мисол, тайи ду соли охир яке аз иллатҳои сард шудани равобити Теҳрон бо Абузабӣ ва Боку низ ҳузури фаъолонаи Исроил дар он сӯи марзҳои Эрон арзёбӣ мешавад.

Аммо акнун, ки пас аз оғози ҷанги Русия ва Украина авзои минтақа ва ҷаҳон ба гунае тағйир кардааст, аз чанд ҷиҳат Эрон барои хеле аз кишварҳои минтақа ба “қутбе” табдил ёфтааст, ки яке пайи дигар хостори тармими равобит ва тақвияти ҳамкориҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ бо он мешаванд. Зеро, аз як нигоҳ Эрон таҷрибаи зиёде дар бахши дур задани таҳримҳо ва “иқтисоди муқовиматӣ” дорад ва аз сӯи дигар дар бахши низомӣ ҳам бо паҳподҳо ва мушакҳои худ хеле пешрафт кардааст.

Бинобар ин, гуфта мешавад, тамоми ин кишварҳои зикр гардида, ки ба истиснои Русия ҳама аз муттаҳидони Ғарб бо раҳбарии Амрико низ мебошанд, аз сари хушӣ ва хушҳолӣ ба Эрон намераванд, балки эътимоди онҳо нисбат Ғарб ва пештоз будани Амрико дар ҷаҳони сиёсат ва иқтисод зери суол қарор гирифтааст.

Русия ва Чин, ду иқтисоди бартари минтақа ҳам дар қутбнамо шудани Эрон барои ояндаи кишварҳои минтақа таъсиргузорӣ мекунанд ва бар ин бовар ҳастанд, ки ҷаҳони оянда якқутбӣ не, балки чандқутбӣ ҳаст, ки яке аз онҳо дар минтақа Эрон хоҳад буд.

Амруллоҳи Низом

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Мақомот Абдуллоҳи Ғурбатиро ба узвият дар ҲНИТ муттаҳм кард

0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки 15-уми июни соли ҷорӣ боздошт карда буд, ба узвият дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳм кард.

Аммо масъулини ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар ин иттиҳоми мақомотро рад карда, гуфтанд, ки Абдуллоҳи Ғурбатӣ  ҳаргиз на узви ин ҳизб буду на ҷонибдори он.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки “Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста мешавад.”

Аммо сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Бобоҷон Қаюмов дар суҳбат бо Azda tv ҳамкории Абдуллоҳи Ғурбатиро бо ин ҳизб қатъиян рад карда гуфт, ки ҳатто худи онҳое, ки ин туҳматро бар рӯзноманигорон бор кардаанд, хуб медонанд, ки онҳо ба ҲНИТ рабте надоранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар ин авохир мақомот ҳар фаъоли ҷомеаи маданиро, ки боздошт кард ва иттиҳоме барояш пайдо накард, “ӯро ба наҳзатӣ будан муттаҳам мекунад.”

Сухангӯи ҲНИТ дар идома афзуд:

“Ҳам Завқибек Саидаминӣ, ҳам Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ва ҳам Абдуллоҳ Ғурбативу Далерӣ Имомалӣ ҳеч кадом ба Наҳзат камтарин робитае надоранд ва ҳечгоҳ онҳо на узви Наҳзат буданд ва на аз ҷонибдорони Наҳзати исломии Тоҷикистон. Онҳо фақат озодихоҳе буданд, ки барои ҳуқуқҳои мардум, барои иттилоърасонии дурусту озод фаъолият доштанд.”

Ба гуфтаи Бобоҷон Қаюмов, ягона нуқтаи муштарак байни он рӯзноманигороне, ки дар “ҳамкорӣ бо ҲНИТ” муттаҳм мешаванд, дар озодихоҳии онҳо аст.

“Ва агар дуруст нигоҳ кунем, амалан мақомоти Тоҷикистон имрӯзҳо ба гунае амал мекунанд, ки ҳар як озодихоҳ наҳзатӣ аст барои онҳо. Яъне, имрӯз наҳзатӣ будан баробар шудааст ба озодихоҳ будан. Ва мухолиф будан ба сиёсатҳои зӯргӯёна ва сиёсатҳои хушунатбори Ҳукумат меъёри наҳзатӣ будан шудааст. Вагарна ҳама медонанд, ки онҳое, ки ба наҳзатӣ будан муттаҳам мешаванд, рабте ба ин ҳизб надоранд.”, мегӯяд сухангӯи ҲНИТ дар тамос бо Azda tv.

Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро дар рӯзҳои аввали боздошташ ба он муттаҳам карданд, ки гӯё ӯ як корманди милисаро дар бинои ШВКД Шоҳмансур-1 “лату кӯб” кардааст. Аммо Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ӯ гуфта буд, ки худи Ғурбатӣ рӯзи боздошташ ва рӯзи мурофиа ин иттиҳомро рад кардааст.

Чандест мақомоти Тоҷикистон боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданиро шиддат бахшидааст. Давоми чанд моҳи ахир 7 рӯзноманигору блогер ва фаъолони ҷомеа дар кишвар боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ гунаҳкор эълон шуданд.

Пас аз боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигаронро фавран озод кунад. Аммо мақомот баракси талаботи созмонҳои ҳуқуқӣ, нисбати онҳо парвандаҳои дигаре илома кард.