Хона блог саҳифа 458

Таҳдиди Путин ба Ғарб

0

Раиси ҷумҳури Русия дар суҳбат бо вакилони Думаи давлатии ин кишвар гуфтааст, ки Ғарб агар ҷуръат дорад, дар майдони набард моро биозмоянд.

7-уми июли соли 2022, Раиси ҷумҳури Русия дар суҳбат бо бархе вакилони Думаи давлатии ин кишвар дар Маскав гуфтааст, “имрӯз мо мешунавем, ки мехоҳанд маро дар майдони набард шикаст диҳанд, дар ин ҷо чӣ мегӯӣ, бигзор биозмоняд.”

Владимир Путин дар идома илова карда, ки ” мо бисёр шунидаем, ки Ғарб мехоҳад, то охирин украинӣ бо мо биҷангад, ин барои Украина як фоҷеа аст, вала ба назар мерасад, ин кор шуданист.”

Президенти Русия дар ин суҳбати худ хитоб ба Украина ва Ғарб таъкид карда, ки бояд бидонанд мо то ҳол ягон амалиёти ҷиддиерро оғоз накардаем, бо ин ҳол мо аз гуфтушунидҳо дар бораи сулҳ даст намекашем, вале касе, ки гуфтушунидҳоро рад мекунад, бояд бидонад, ки ҳар чӣ дуртар шавад, ҳамон қадр суҳбат кардан бо Русия душвортар хоҳад шуд.

Гуфтанист, Русия ҳамлаҳои худ ба Украинаро ба рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз кард ва то кунун ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Дар натиҷаи ин ҷангҳо то кунун даҳҳо ҳазор нафар куштаву захмӣ ва инчунин ҳазор аскару сарозони дигар ҳам аз ду тараф ба асорат гирифта шудаанд. Миллионҳо нафар аз сокинони Украина хонаву дари худро тарк карда, барои наҷоти ҷонҳои худ тарки ин кишвар кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сарфакорӣ даъват кардааст

0

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикоти идонааш аз мардум хостааст, ки “сарфаю сариштакор” бошанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 8-уми июли соли 2022, Эмомали Раҳмон дар паёми табрикотии идонааш ба мардум гуфтааст, “таъкид менамоям, ки ҳар як оила бояд дар фикри омодагии ҳарчи беҳтар ба мавсими тирамоҳу зимистон бошад ва талаботи қонуни танзимро ба таври қатъӣ риоя намояд.”

Президенти Тоҷикистон бар хилофи солҳои пешин, ки ба навъе қурбонӣ карданро дар ин рӯзҳои ид тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” маҳдуд мекард, имсол гуфтааст, ки “дар рӯзи ид шахсони дорои имконияти моддӣ дар роҳи Худо қурбонӣ мекунанд.”

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Президенти Тоҷикистон дар ин паёми худ меафзояд: “Бовар дорам, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон – ин ойини дастгирии ҳамдигарӣ, сабру таҳаммул ва хайру эҳсон – ҳамватанони мо ба ҷойи сарфу хароҷоти беҳуда ва зоҳирпарастиву худнамоӣ ба хотири расонидани кумак ба ҳамдиёрони ниёзманд, ятимону маъюбон, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ободонии Ватан иқдомоти хайру савобро анҷом медиҳанд.”

Аммо ин таъкидҳо ва даъватҳои Эмомалӣ Раҳмон дар замоне садо додааст, ки ҳанӯз 10 рӯз пеш худи ӯ дар вақти сафари раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон садҳо килло мававу сабзавотҳои мухталифро барои худнамоӣ дар саҳну долонҳои бустонсарои ҳукуматӣ пеши пойи Владимир Путин ба намоиш гузошта буд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Исрофкории аз ҳад зиёд ва худнамоии беҳамтои Эмомалӣ Раҳмон дар назди Владимир Путин аз як сӯ то ҳол мавҷи қаҳру ғазаб ва нафрини корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоиро фурӯкаш накардааст ва аз сӯи дигар ин рафторҳои нобихрадона боиси шармандангӣ барои як миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.

Аз ҷониби дигар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сафари беш аз 5 ҳазор зоири тоҷикистонӣ барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ ҳеч ишорае накардааст, вале бо овардани ду байт аз шоире, ки гуфтааст:                                   “Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба бунёди Халили озар аст,
Дил назаргоҳи Ҷалили акбар аст.”,
талош кардааст, ки аз ҳурмат ва азамати ин фаризаи Илоҳӣ бикоҳад.

Акс аз саҳфаи фейсбукии сухангӯи Кумитаи дин

Гуфтанист, даъватҳо ва таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва тарс додани мардум аз  ин ки мегӯяд, “27 кишвари дунё ба хатари гуруснагӣ рӯбарӯ” ҳастанд” замоне таъсиргузор хоҳанд буд, ки худи ӯ ва ҳукуматаш дар робита ба дороиҳои давлатӣ “сарфаю сариштакор” ва намунаи ибрат барои дигарон бошанд ва на он ки бо беҳуда сарфу харҷ кардани миллионҳо сомонӣ дар ҷашну маросим нафрати мардумро ба вуҷуд биоранд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишасти сулҳ бо Толибонро рад кард

0

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри эъломияе шоиот дар бораи нишасти ин ҷабҳа бо Гурӯҳи Толибон дар Душанберо рад кард.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар сомонаи расмии худ навишта, ки гузоришҳо дар бораи гуфтугӯ миёни Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ ва гурӯҳи Толибон дар Тоҷикистон воқеият надорад.

“Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамвора сулҳи пойдор, воқеӣ ва иззатмандро роҳҳалли асосӣ барои муъзали кишвар медонад. Аммо Гурӯҳи Толибон монанди гузашта эътиқода ба музокира ва сулҳ надошта ва ба давоми қудрати номашруъи хеш аз тариқи зӯр таъкид мекунанд, ки бо гузашти ҳаррӯз чеҳраи зишти ин гурӯҳ ба минтақа ва ҷаҳониён ошкортар мегардад”, омадааст дар эъломияи ҶММ.

Ёдовар мешавем, ки чандест дар расонаҳо хабарҳо аз баргузории як нишасти бузурги ҶММ ва чеҳраҳои саршиноси Афғонистон бо ҳузури намояндагони Толибон дар Тоҷикистон нашр мешавад. Аммо замони баргузории ин нишастро касе дақиқ намегуфт, ки инак ин шоиот аз ҷониби ҶММ расман рад шуд.

Ҳамла ба нахуствазири собиқи Ҷопон ӯро роҳии бемористон кард

0

Нахуствазири собиқи Ҷопон дар ҳангоми як суханронӣ дар ин кишвар мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, захмӣ шудааст.

Ба гузориши

Расонаҳо ба нақл аз Юичӣ Масузу, собиқ шаҳрдори Токио низ навиштаанд, ки оқои Абе дар асари ин ҳодиса дучори “исти қалбӣ” шудааст.

“Исти қалбӣ” марҳилаи ниҳои ҳар буҳрони ҷисмонӣ аст ва ин истилоҳи “исти қалбӣ” дар Ҷопон маъмулан пеш аз расман эълон кардани хабари вафоти шахс истифода мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса полис як марди 41-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба собиқ нахуствазири ин кишвар боздошт кардааст ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ҳамзамон бархе расонаҳо мегӯянд, ки шахси ҳамлавар ба полис гуфтааст, ки аз амалкарди ҷоноби Абе дар замони раҳбариаш норозӣ будааст ва ба ин хотир ӯро террор кардааст.

Марги як сокини Роштқалъа ҳангоми бозпурсӣ дар Хоруғ

0

Рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ сокини деҳаи Бидизи ноҳияи Роштқалъа Абдураҳим Гулобови 66-сола даргузашт.

Бино ба иттилои манобеи “Pamir Daily News” Гулобов ҳангоми бозпурсӣ дар ин шуъба ҷон додааст.

Ин сокини ноҳияи Роштқалъа ҳамроҳи писараш Муталиб аз ҷониби кормандони ВКД боздошт шуда буд. Мақомоти интизомӣ онҳоро ба он муттаҳам карданд, ки гӯё онҳо дар хонаашон милтиқи шикорӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди таъйид нашудани ин иттиҳом, мақомот фишорро болои Абдураҳим Гулобов идома додаанд, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расидааст. Ба эҳтимоли зиёд ин сокини Роштқалъа ҳангоми бозпурсӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар Хоруғ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Ба иттилои “Pamir Daily News” мақомот пайвандон ва наздикони Гулобовро таҳдид доранд, ки бо рӯзноманигорон суҳбат накунанд ва маълумоте дар ин бора надиҳанд.

Писараш Мутолибро барои иштирок дар маросими дафн муваққаатан озод карданд ва гуфтаанд, ки пас аз ду рӯз боз ба ШВКД дар Хоруғ баргардад.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

ДАЪВОИ БЕПОЯИ “ҶАНОБ ХАБАР НАДОРАД…”

0

Ибораи “Ҷаноб хабар надорад” бо супориши худи Раҳмонуф ба гӯши сокинон бор мекунонанд, то ин ки ҳама камбудиҳои зиндагӣ ва ҷиноятҳои содиршуда ба гардани дигарҳо бор шаваду “ҷаноби бехабар“ доим бегуноҳ, тасвиру ташвиқ карда шавад.

Қариб сӣ сол мешавад мову Шумо ҳамватани гиромӣ, аз забони баъзе нафарон ибораи “Ҷаноб хабар надорад”-ро он қадар зиёд шунидаем, ки баъзеамон зери таъсири “сеҳри сухан” қарор гирифта, ба он бовар мекардагӣ шудаем. Дар аввалҳо ман ҳам гумон мекардам, ки паҳнкунандаи ин сухан баъзе зудбоварон ва содалавҳонанд, локин бо пайдо шудани “фабрикаи ҷавоб” маълум шуд, ки ин тарҳест ва аз тарафи гурӯҳи чоплусони бефарҳанг таблиғ мешавад.

Чуноне медонед, “фермаи ҷавоб” аз андози шаҳрвандон маош мегираду доим ба таҳқири ҷавонмардон ва “реклама”-и бешарафон ва сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ нишон додан машғул мебошанд. Чунин ибораҳоро бо супориши худи Раҳмонуф ба гӯши сокинон бор мекунонанд, то ин ки ҳама камбудиҳои зиндагӣ ва ҷиноятҳои содиршуда ба гардани дигарҳо бор шаваду “ҷаноби бехабар“ доим бегуноҳ, тасвиру ташвиқ карда шавад.

Тибқи масали мардумӣ “Як бор ҷасти малахак…..”оқибат рӯйи  сиёҳи “пешвои чоплусон” ошкор шуд. Тибқи хабари Радиои Озодӣ (ин хабар дар шабакаҳои телевизионӣ ҳам нашр шуда буд), Э. Раҳмон дар суханрониаш рузи 18-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳе дар Данғара бо ширкати мақомоти маҳалӣ ва ҷумҳуриавӣ гуфт, амри “безарар кардани нафарони яроқдор”-ро (шахсан ӯ) дода, ба гуфтааш “илоҷи дигаре” набуд. Яъне, худаш бо забони ба дурӯғгӯӣ одаткардааш мегӯяд, аз замоне ки ман “музаҳои колхозӣ”-ро ба “либосҳои боевикӣ” ва “боевикӣ”-ро ба шиму кастуми “ҷанобӣ” иваз намудаам, ба ҳама ҷиноятҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар ибтидо иҷрочӣ (чунки дар аввалҳо чойрезаки Сангак буд) ва дар солҳои баъдӣ фармондиҳандаи асосӣ будам.

Дар сурате, ки ҳоло ҳам бе машварат ва гӯшакиҳои хоҷагонаш даст ба иқдоме намезанад, вале аз он солҳо дида хело бозингару ниммустақил шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳамин вобастагиаш аз хоҷагони хориҷӣ сабаб мешавад, то дар ҳар суханрониаш ба нафарони солимфикр ва ҳақталаб тамғаи “хочагони хориҷӣ” зада, аз ҷиноятҳои содиркардааш, ки аз фурӯхтани хоки Ватан, куштори ҳамватан, қатли сарбози Ватан, зиндонии ҳар шарафманд, бекорӣ, бесаводӣ ва беқадрии ҳар соҳибмиҳан иборат аст, хушку бегуноҳ баромадан мехоҳад.

Бояд гуфт, ки иқрор шудани “ҷаноби бехабар” на ба хоҳиши худи ӯ сурат гирифтааст, балки ин самараи муборизаи бошарафони Ватан, хосатан ҷавонмардони Бадахшон мебошад, ки бо истодагарӣ ва ҳақталабиашон ӯро маҷбур карданд, то ба ҷиноятҳояш қоил гардад. Ин ҳам яке аз дастовардҳои роҳпаймоиҳои мардуми Бадахшон ба ҳисоб меравад ва бовар дорем, ки баъд аз ин иқроршавии Раҳмонуф сокинони зудбовар ва чоплусони ҳукумати оилавӣ ибораи “бехабар”-ро аз “ҷаноб” ҷудо намуда, дар оқибати кор аз “ҷаноб” ҳам рӯй мегадонанд.

Дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ, шаҳрвандон ва таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ назарҳояшонро баён намудаанд. “Журналистон” ва “коршиносон”-и ҳукумати оилавӣ чун ҳамеша мардуми осоишта ва ҳақталабро гунаҳкор ва “ҷанобашон“ ва гурӯҳи силоҳбадасташро барпокунандаи волояти қонун тасвир менамоянд. Илова бар ин, рӯзноманогорони ҳукуматӣ, мусибатзадагонеро, ки наздиконашонро аз даст додаанд ва бо зӯри “калашников” ба назди камераҳои телевизионӣ оварда мешаванд, аз онҳо ҳамчун иштирокчии бенизомиҳо ва фиребхӯрдагон ном мебаранд.

Ин амалкарди Раҳмонуф ва “командааш”-ро золимоне мисли Чингизу Гитлер нисбати мардуми худашон ва ҳатто нисбати душманонашон анҷом надода буданд. Фарзанди бегуноҳатро мекушанд ва он ҷое ки, ту бояд аз котилон шикояту қасос ситонӣ, маҷбурат мекунанд, то кушташудагони мазлумро ҷинояткор ва қотилону фармонравоёнӣ онҳоро “ҷорикунандаи  амну субот” маънидод намуда, нисбати золимон мадҳу сано бихонӣ.

Назари таҳлилгарони мустақил нисбати раҳпоймоиҳои мардуми Бадахшон дар он аст, ки сокинон аз ҳуқуқи конистусионии худ истифода карда, мехостанд ба гӯши ношунавои ҳукуматдорон талабҳояшонро бирасонанд ва инчунин пайгирии одилонаи қазияи Гулбидинро талаб менамуданд. Чуноне медонед, ин ҷавони бономус, яке аз “пагондорон”-и бешарафи ҳукумати Раҳмонуфро, ки нисбати духтари маҳалӣ бадрафторӣ намуда буд, ҳушдор медиҳад ва амали ин ҷавонмард ба ноҷавонмардони Раҳмонуф писанд наомаду окибат аз дасти кормандони полис, бераҳмона ба қатл расонида шуд.

Дар сурате, ки муроҷиати сокинони Бадахшон қонунвайронкунӣ набуда, балки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон (Моддаи.1) ҳаққи конистутсионии онҳо ба ҳисоб меравад. Бар замми он ки талабҳои сокинони Хоруғ қонунӣ ва иҷрошаванда буд, дар назари Раҳмонуф “беилоҷ” номида шуда, ба гурӯҳи силоҳбадасташ амри “безарар” гардонидани иштирокчиён ва дигар нафарони осоиштаро содир намуд. Тибқи хабарҳои раҳмонуфӣ, 16 нафар безарар ва 200 нафар дастгиру бозпурсӣ шуд, локин манбаҳои мустақил аз кушта шудани беш аз 30 ва дастгиру шиканҷа шудани тақрибан 300 нафар хабар медиҳанд (21.06.2022.Радиои Озодӣ). Мутаасифона, хабарҳои боздошту шиканҷаҳо то ба ҳоло ҳам давом дорад.

Суоле ин ҷост, ки чаро “пешвои чоплусон” бо мардуми худаш чунин бархурд менамояд ва силоҳбадастонашро (барои он силоҳбадаст менависам, ки афсар ва сарбози Ватан бар зиди ҳамватани худ тир намекушояд) ба сӯи сокинони осоишта равона месозад. Баъзеҳо гуфтанд, ин ҷиноятҳои “падар – пешво” барои омода кардани роҳи қудрати ”писар-пасво”, дигаре бехатар мондани роҳи Чин, сеюм душмании “пешво” бо мардуми озодандеш, чаҳорум тарсонидани сокинон баҳри дарозумрии ҳукумати оилавӣ ва дигар манфиатҳои шахсию оилавӣ.

Дар умум, дар ҳамаи ин назарҳо ҳақиқате вуҷуд дорад, локин як ҳақиқати дигареро ҳам зикр кардан ба маврид мешуморем. Чуноне ки нависандаи фаронсавӣ Монтескё (Montesquieu) мегӯяд: “Ҳар милат тавре идора карда мешавад, ки сазовори он аст”. Умедворем, ки ҳамватани гиромӣ ин суханро ҳамчун таҳқир не, балки ҳамчун луқмае барои тафаккур қабул мекунад. Ман ҳам намехоҳам зери ин суханҳо худамро таҳқиршуда биҳисобам, локин мутаасифона, ҳақиқат талх ҳам бошад, набояд онро сарфи назар кард. Яъне, хомушӣ ва сархамии мо яке аз сабабҳои ассоии давомнокии ҳукумати золимонаи Раҳмонуф ва беқадрӣ ва шиканҷаву зиндониву саргардонии милати бечора гардидааст ва инро ҳар яки мо бояд дарк ва баҳри зиндагии бошарафонаи худ ва наслҳои баъдӣ кӯшиш намоем.

Хулосаи калом, то ҷое ману шумо “вай”-ро (иқтибос аз ибораи “вая вай кунед”) ба хубӣ шинохтаем. “Вай” ҳамон нафарест, ки дар иҷлосияи тақдирсузи миллат намояндаҳои мардумӣ ва призиденти ҳамонвақтаро ба гаравгон гирифта, дар аввалин амалиётҳои “безараргардониҳояш” Қ. Аслонов, имзокунандаи санади истиқлолияти Тоҷикистонро ба қатл расонидааст ва аз рӯзи аввале, ки бо қувваҳои хоҷагони хориҷиаш ба курсӣ нишонда шуд,  аз худ хабар дод, ки ман зидди истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон ҳастам ва дар охирон суҳбаташ ҳам ошкоро таъкид кард, ки ғайр аз ҷиноят нисбати мардуми шарифи Тоҷикистон “дигар илоҷе”-ро намедонам ва дигар навъи муомиларо нисбати шумо раво намебинам, агар метавонед худатонро тағйир диҳед, он вақт аз ҷиноятҳои ман наҷот меёбед.

Ба гуфтаи баъзе равоншиносон, ақли инсон воқеиятро аз асл фарқ намекунад. Дар зеҳнат худатро тарсӯ ва ноуҳдабаро гумон кардӣ ҳамон хел рафтор менамоӣ ва ҳар гоҳ худро ҷасуру бошараф баҳо диҳӣ, амалҳоят ҳам ҷасурона  мегардад. Бояд гуфт, ки қисми зиёди ватани моро куҳсорҳо ташкил медиҳад  ва сазовор аст, ки мо ҳам мисли кӯҳҳо боазамату сарбаланд ва монанди уқобҳои он ҳушёру ҷасуру баландпарвоз бошем.

Ҳамватани гиромӣ, вақте расидааст, ки мо худамонро шиносем ва исбот намоем, ки мо ворисони салтанатҳои Тоҳириён, Сомониён, Сафориён, Ғуриён ва муборизону родмардоне мисли Абӯмуслими Хуросонӣ, Темурмалик, Яқубхони Бадавлат, Восеъ ва донишмандоне, мисли Бухориву Тирмизӣ Рӯдакиву Сино, Ҳофизу Берунӣ, Носиру Камол, Донишу Айнӣ ҳастем ва дар муқобили зулм сукут намеварзем, бо  ғосибону золимон дастаҷамъона мубориза мебарем, то ин ки ҳар ҳамватани мо дар дохилу хориҷи Ватан сарбаланду азиз бошад ва таҳқиру озоре набинад.

Бо умеди ободии Ватан ва шарафмандии ҳамватани азиз!

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Кремлин: истеъфои Ҷонсон нишони пуштибонии мардумӣ надоштани ӯст

0

Дар пасманзари истеъфои қарибулвуқуи сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, Кремлин мегӯяд, талаби истеъфои Борис Ҷонсон аз ҷониби аъзои кобина Бритониё нишони пуштибонии мардумӣ надоштани ӯст.

Бино ба гузориши расонаҳои русӣ, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар нишасти матбуотие имрӯз, 7-уми июл аз ҷониби хабарнигорон пурсида шуд, ки оё метавон гуфт, ки талаби истеъфои Борис Ҷонсон аз нокомии ӯ дар баробари мавқеъҳои хусуматнокаш нисбати Русия аст? Ӯ дар ҷавоб гуфт: “На, чунин намепиндорам ва тарҳи суол ба ин шакл нодуруст аст. Ин нокомӣ нест. Ва вазифаи мо ҳам ин нест, ки амалкардҳои ҳукумат ва кобинаи Бритониёро арзёбӣ кунем”.

Песков дар идома афзуд, “онҷо як сиёсати бисёр печидае вуҷуд дорад, ки агар шахсе пуштибонии мардумӣ ҳам надошта бошад, метавонад ҳукуматро идора кунад ва гумон мекунам оқои Ҷонсон аз ин қабили мардум аст.”

Сухангӯи Кремлин таъкид таъкид кард, ки “Ба ҳар ҳол вазифаи мо баҳогузорӣ нест ва мардуми худи Бритониё ҳастанд, ки амалкардҳои ҳукуматҳояшонро баҳо медиҳанд.”

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки баҳогузории буҳрони сиёсии Бритониё аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо нест, “чун мо ӯ (Борис Ҷонсон)-ро дӯст намедорам ва ӯ моро”.

Бино ба гузориши расонаҳои Бритониё имрӯз, 7-уми июл Борис Ҷонсон, сарвазири ин кишвар пас аз баҳсу баррасиҳои зиёд ва истеъфои беш аз 50 аъзои ҳукуматаш розӣ шуд, ки аз мақоми раҳбари Ҳизби муҳофизакор истеъфо диҳад, аммо то фасли тирамоҳ ҳамчун сарвазири Бритониё боқӣ мемонад.

Парлумони Аврупо қатънома дар бораи саркӯби мардуми Бадахшонро қабул кард

0

Парлумони Аврупо бо иттифоқи аксари оро қатънома дар мавриди саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ҳукуматро қабул кард.

7-уми июли соли 2022, Парлумон Аврупо бо қабули қатънома аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ карда, хостори ҳимоят аз ақаллиятҳои қавмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.

Дар ин қатънома таъкид шудааст, ки дар моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон мақомоти Тоҷикистон тазоҳургарон, рӯзноманигорон, блогерҳо, ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро саркӯб ва рафторҳои хушунатомезро алайҳи онҳо раво дидаанд.

Ҳамчунин дар ин қатънома дар хитоб ба мақомоти Тоҷикистон таъкид мешавад, ки муборизаи қонунӣ бо терроризм ва ифротгароӣ набояд ҳамчун баҳона барои саркӯб кардани фаъолияти мухолифон истифода шавад ва инчунин аз мақомот хоста шуда, ки озодиҳои бунёдии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва волоияти қонун бояд кафолат дода шавад.

Вакилони Парлумони Аврупо ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостори он шуданд, ки ба созмонҳои байналмилалии башардӯстона ва ҳуқуқи башар барои назорати вазъ ва таҳқиқи одилона даргириҳои хушунатомез иҷозат дода шавад. Ва инчунин хоста шуда, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фаврӣ ва бидуни шарт дастрасии комил ба фаврӣ ба интернет ва иттилоот барқарор карда шавад.

Ҳамзамон яке аз талаботи дигари Парлумони ИА аз мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки афроди худсарона боздоштшуда фавран озод ва ҳама иттиҳомоти зидди онҳо эъломшуда лағв карда шаванд.

Гуфта мешавад, ҳангоми ба раъйгузории ин қатънома 520 нафар аз вакилони Парлумони Аврупо раъйи мусбат додаву 24 вакил зид ва  31 каси дигар дар ин раъйигирӣ ҳузур надоштаанд.

Ёдовар мешавем, ки Парлумони ИА 9-уми июни соли 2016 қатъномае дар бораи вазъияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонида буд ва дар он хостори озодии фаврии Зайд Саид, раиси Ҳизби Тоҷикистони Нав, раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакилони зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов шуда буд, вале Ҳукумати Тоҷикистон талаботи ин қатъномаро нодида гирифта, иҷро накард.

Борис Ҷонсон аз мақомаш истеъфо медиҳад

0

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон имрӯз 7-уми июли соли 2022 ба истеъфо меравад. Дар ин бора расонаҳои бритониёӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, Борис Ҷонсон розӣ шудааст, ки аз мақоми раҳбари Ҳизби муҳофизакор истеъфо диҳад, аммо то фасли тирамоҳ ҳамчун сарвазири Бритониё боқӣ мемонад.

Ба истеъфо рафтани Ҷонсон дар пасманзари истеъфои беш аз 50 узви ҳукумати Бритониё сурат мегирад. Ин ҳама вазирону аъзои ҳукумат бо ибрози нобоварӣ ба Борис Ҷонсон аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Надҳим Заҳавӣ, вазири молияи Бритониё, ки рӯзи 5-уми июл аз сӯи Борис Ҷонсон ба ин мақом таъйин шуда буд, субҳи 7-уми июл аз нахуствазир хостааст, ки истеъфо диҳад. Инчунин имрӯз, 7-уми июл вазири маорифи ин кишвар Мишел Дунлан, ки ду рӯз пеш ба ин вазифа таъйин шуда буд, аз мақомаш истеъфо дод. Пештар аз ин вазирони молия ва тандурустии ин кишвар низ истеъфо дода буданд.

Вазири дифоъ Бен Уоллес низ Ҷонсонро ба истеъфо даъват кард, аммо гуфт, ки худи ӯ барои ҳифзи амнияти миллӣ дар вазифааш боқӣ хоҳад монд.

Яке аз сабабҳои талаби ба истеъфо рафтани Ҷонсон ба интихоби Крис Пинчер, вакили Ҳизби муҳофизакор дар порлумон маҳсуб мешавад, ки ӯ ҳоло ба дастдарозӣ ба як мард муттаҳам аст.

Пештар аз ин Борис Ҷонсонро барои зиёфатҳои бешумор дар даври пандемияи коронавирус танқид карда, истеъфояшро талаб намуда буданд.

Тибқи назарсанҷиҳои YouGov, 60% бритониёҳо аз кори ҳукумат ва 71% шахсан аз кори Ҷонсон розӣ нестанд. Дар ин назарсанҷӣ гуфта мешавад, ки аксари аъзои Ҳизби муҳофизакор, ки Ҷонсон раҳбари он мебошад, истеъфои ӯро талаб доранд.

Бино ба иттилои BBC ва The Sun, Ҷонсон пас аз истеъфо то интихоботи раиси Ҳизби ҳокими муҳофизакор дар мақоми нахуствазир корро идома медиҳад. Интихоби раиси нави ин ҳизб пеш аз тирамоҳ ё дар аввалҳои ин фасл сурат мегирад.

Борис Ҷонсон моҳи ноябри соли 2019 аз Ҳизби муҳофизакори ин кишвар ба мақоми нахуствазири Бритониё интихоб шуда буд.

Барканории ду судя дар Тоҷикистон

0

Президенти Тоҷикистон бо судури ду фармони алоҳида ду судяро барои анҷоми кирдорҳое, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз кор озод кард.

6-уми июли соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо  судури ду фармони алоҳидае ду тан аз судяҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз кор озод кард.

Бар асоси ин ду фармон Президенти Тоҷикистон Сайдаҳмадзода Рустам Сайдаҳмадро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Носирӣ Ҷамшедро ҳам аз вазифаи судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз кор озод кардааст.

Гуфта мешавад, дар оғози моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бархе судяҳоро бидуни эълони айб тибқи моддаи 69-и Сарқонуни Тоҷикистон ва “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, гуфта аз кор озод карда буд.