25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 459

Кам шудани зиёда аз 2 ҳазор гектар замини кишоварзии обӣ дар як сол

0

Дар давоми як соли ахир дар Тоҷикистон 2 ҳазор 96 гектар аз заминҳои кишварзии обии Тоҷикистон кам шудааст.

Имрӯз, дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид гардид, “заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2021 майдони умумии 24 ҳазору 349 гектар, аз он 2 ҳазору 96 гектар обӣ кам шудааст.”

Хадамати матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри як гузориш аз маҷлиси имрӯзаи Ҳукумат хабар дода, ки “дар ҷумҳурӣ дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин, аз он 682 ҳазору 828 гектар обӣ қарор дорад.”

Ин маҷлис бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ баргузор шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле дар бораи кам шудани заминҳои кишоварзии обӣ дар кишвар хабар медиҳад, ки дар хеле мавридҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бархе кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба заминфурӯшӣ муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ду даҳсолаи ахир қисме аз заминҳои кишоварзии обиро агар кормандони давлатӣ фурухта бошанд, қисми дигарро бо сабабҳои дуруст аҳамият надодан ба соҳилмустаҳкамкунӣ, боронҳои пай дар пай ва селҳои ба вуҷудомада шуста бурданд.

Сомонаҳои хабарии Русия мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтанд

0

Дар пайи ҳамлаи ҳакерии гурӯҳи “Anonymus” чанде аз сомонаҳои расонаҳои Русия масдуд шуданд.

Сомонаҳои русӣ, аз қабили “ТАСС”, “Коммерсант”, “Forbes”, “Такие Дела”, “Известия”, “Знак”, “РБК”, “Е1” ва ғайра ё дар браузерҳои муайян кушода намешаванд ва ё дар он бо забони русӣ аз русҳо даъват шудааст то ба муқобили амалҳои ғосибкоронаи Путин дар Украина садо баланд кунанд.

Вақти боз намудаи сомонаи хабаргузории “tass.ru” ин навиштаҳо пайдо мешавад: “Шаҳрвандони азиз. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ин девонагиро бас кунед, писарону шавҳарони худро ба марг нафиристед. Путин моро маҷбур дорад дурӯғ гӯем ва дар хатар мегузорад. Моро аз тамоми ҷаҳон ҷудо карданд, онҳо аз хариди нафту газ даст кашиданд. Пас аз чанд сол мо мисли Кореяи Шимолӣ зиндагӣ хоҳем кард. Ин барои мо чист? Путинро дар китобҳои дарсӣ ҷой кардан? Ин ҷанги мо нест, биёед онро бас кунем!”.

Дар идома навишта шудааст, ки “дар ҷанг бо Украина 5300 рус кушта шудааст ва ин бештар аз Ҷанги Якуми Чеченистон (1994-1996) аст”.

Дар охир аз номи рӯзноманигорони Русия гуфта шудааст, ки “Ин паём ҳазф мешавад ва баъзеи моро аз кор озод мекунанд ё ҳатто зиндон хоҳанд кард.  Вале мо дигар токат карда наметавонем.”

Дар баъзе нашрияҳо, аз ҷумла дар “Коммерсант”, “РБК” ва “Forbes” шикаста шудани сомонаҳояшонро тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, якчанд расонаҳои Беларус низ мавриди чунин ҳамла қарор гирифтанд.

Қаблан гурӯҳи ҳакерии “Anonymus” дар робита ба сар задани амалиёти ҷангӣ дар Украина алайҳи Русия ҷанги киберӣ эълон карда буд.

Ба мурофиаи Чоршанбе хабарнигорони Радиои Озодиро роҳ надоданд

0

Мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 28-уми феврал дар Боздоштгоҳи муваққатии ЯТ 9/1-и Вазорати адлия бе ҳузури рӯзноманигорон оғоз шуд.

Бино ба иттилои Радио Озодӣ, дар мурофиа вакилони мудофеъ ва хешовандони Чоршанбе иштирок доранд, аммо ба рӯзноманигорони ин расона барои иштирок дар мурофиа иҷозат дода нашудааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, аввал бо талаби вакилони мудофеъ додрас иҷозат дод, ки хабарнигор вориди толори мурофиа шавад.

“Қариб ним соат мунтазир будем. Чоршанберо наоварда буданд, ки масъулини боздоштгоҳ гуфтанд, мурофиа ба соати 14 гузошта шуд. Моро аз бинои Боздоштгоҳ берун карда, гуфтанд, соати 13 биёед. Вақте дубора рафтем, масъулини Боздоштгоҳ дигар иҷозат надоданд, ки ба мурофиа ворид шавем,” – гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.

Наздикон ва вакилони Чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин мурофиа додситон ва ду нафар аз шоҳидон баромад кардаанд. Ба гуфтаи онҳо ин шоҳидон бар зидди Чоршанбиев гувоҳӣ додаанд.  

Қарор буд мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев дар рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ пушти дарҳои баста баргузор гардад. Вакилони дифои ӯ аз додгоҳ хоста буданд, ки муҳокимаи ӯ на дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ, балки дар худи додгоҳ баргузор шавад. Аммо ин дархости онҳо аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонӣ рад шуд.

Варзишгари шинохтаи тоҷик рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет айбдор карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии кишвар аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.

СММ: оворагони ҷанги Украина ба 600 ҳазор нафар мерасад

0

Пеш аз ин ББС бо нашари як гузориш гуфта буд, Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон хабар дода, то кунун наздик ба 422 ҳазор нафар аз Украина ба дигар кишварҳо паноҳ бурда ва ҳудуди 100 ҳазор каси дигар ҳам дар дохили ин кишвар овора шудааст.

Ин ниҳоди СММ мегӯяд, гузоришҳоеро дар ҳоли баррасӣ қарор дода, ки тибқи онҳо дар Украина аз савор шудани мардум ба қатораҳо пешгирӣ карда мешавад.

Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон афродеро аз кишвар фирор мекунанд, ҳамчун паноҳанда мешиносад. Аксари паноҳандаҳои Украина занону кӯдакон ва мардони болои 60-сола ҳастанд. Давлати Украина ба мардони аз 16 то 60-сола иҷоза намедиҳад, ки аз кишвар хориҷ шаванд.

Дар минёнаи паноҳандаҳое, ки дар ин шабу рӯз Украинаро тарк мекунанд, садҳо нафар тоҷикистонӣ ва ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони дигар кишварҳо низ ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир Лаҳистону Словакия ва Руминияву Маҷористон кишварҳое мебошанд, ки бештарин паноҳандаҳои Украинаро дар ин чанд рӯзи ҷанг мизбонӣ мекунанд.

Зеленский хостори қабули фаврии Украина ба Иттиҳодияи Аврупо шуд

0

Президенти Украина, Валадимир Зеленский рӯзи душанбе аз Иттиҳоди Аврупо хост ҳарчи сареъ кишварашро ба узвияти ин иттиҳод бипазирад.

Зеленский дар суханронии видеоияш гуфт: “Мо хостори ҳамроҳ кардани Украина ба узвияти Иттиҳоди Аврупо тибқи як тартиби нав ҳастем. Ман мутмаинам, ки ин кор дуруст ва имконпазир аст.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфта буд, ки дар ниҳоят Украина бояд ба Иттиҳодияи Аврупо шомил шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский бомдоди рӯзи душанбе дар саҳифаи Твиттераш хабар дод, ки шаб бо раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар бораи таҳкими иқтидори дифоии Украина, кумакҳои молиявӣ ва узвияти Украина дар ИА-ро баррасӣ карданд.

Музокирот оғоз мешавад. Ҳайати Укаини вориди Белорус шуд

0

Ҳайати музокиракунандаи Украина вориди хоки Белорус шудааст. Қарор аст музокироти намояндагони Маскав ва Киев тақрибан соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз шавад. Дар ин бора роҳбари ҳайати Русия, ёвари Президент Владимир Мединский хабар дод.

Владимир Мединский, раҳбари ҳайти музокиракунандагони Русия 

Бино ба иттилои “РИА Новости” намояндагони Киев бо каме таъхир, вале ба макони таъйиншуда пас аз лаҳзае мерасанд ва гуфтушуниди ҷонибҳо оғоз мешавад.

“Ҳоло мо маълумот гирифтем, ки онҳо тақрибан як соат пас мерасанд ва  то соати 12 сари мизи гуфтушунид менишинем” гуфт ӯ.

Аз ин пеш Киев пешниҳоди Маскав дар мавриди гузаронидани гуфтушунид дар Минскро бо далели ин, ки нерӯҳои русӣ аз хоки Беларус ба Украина ҳамла мекунанд, рад карда буд.

Украина барои оғози музокирот бо Русия аз чанд шаҳри дигар дар ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла Варшава, Вилнюс, Будапешт ва Истанбул ном гирифта, гуфта буд, ки ба ғайр аз Минск омодааст, ки дар ҳар ҷои дигар бо Русия сари мизи музокирот бинишинад. Аммо баъдтар бидуни ҳеч пешшарти Маскав дар марзи Белорус бо Украина музокиротро пазируфт.

Ташкили Ситоди кумак ба муҳоҷирон аз ҷониби ПМТ дар Аврупо

0

Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи гурӯҳе аз мухолифини тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, дар Аврупо Ситоди кумак ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар пайи ҷанг аз Укроин ба Аврупо паноҳ мебаранд, ташкил кардааст.

Шоҳнаими Карим, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло раҳбарии Ситоди кумак ба муҳоҷиронро бар душ дорад, дар суҳбат бо АЗДО ТВ гуфт, ин ситод шабонарӯзӣ фаъолият дорад ва дар ин муддат шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Укроин ба Аврупо паноҳ мебаранд, роҳнамоӣ намуда, ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.

Дар идома Шоҳнаими Карим афзуд, ки ПМТ ба ҳама давлатҳои Аврупоӣ, ки ҳаммарз бо Укроин ҳастанд, барои кумак ва қабули муҳоҷирон нома навиштааст.

Раиси Ситоди кумак ба муҳоҷирин гуфт, ки баъд аз ҷамъоварии гузоришҳо омодааст ба расонаҳо маълумоти муфассале аз кори ин ситод ироа намояд.

Ҳамзамон Исломҷон Саидов, намоядаи ПМТ дар Лаҳистон дар суҳбат бо АЗДО ТВ гуфт, ки ситод дар муддати ду рӯз беш аз 100 муҳоҷири тоҷик, узбек ва қирғизро, ки аз Украина ба хоки Аврупо паноҳ бурдаанд, кумак ва роҳнамоӣ намудааст. Ӯ афзуд, “ҳоло низ муҳоҷирони зиёде дар роҳ ҳастанд ва бо онҳо дар тамос ҳестем ва барои кумаки онҳо омодагӣ мебинем.”

Саидов мегӯяд, дар байни ин муҳоҷирон калонсолон ва кӯдакон зиёданд ва онҳое, ки шароит ва ҷойи зист надоранд, онҳоро бо мошинҳо ба хонаҳои дигар ҳамватанон бурда, бо ҷойи хоб таъмин карданд.

Ба гуфтаи намояндаи ПМТ дар Лаҳистон, Ситоди кумак ба муҳоҷирон шабонарӯзӣ фаъол аст ва ба ҳар муҳоҷири ниёзманд, ки дар Лаҳистон бе ҷои зист мондааст ва ё ниёз ба кумакҳои ҳуқуқӣ дорад, кумак карда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки бомдоди 24-уми феврал артиши Русия бо фармони Путин ба қаламрави Украина ҳамла кард, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои пайдарпай садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд ва даҳоҳазор нафар тарки ин кишвар карда истодаанд. Ҳукумати Лаҳистон эълон кард, ки аз аввали ҷанг то имрӯз беш аз 200 ҳазор нафар ба хоки ин кишвар паноҳ бурдаанд ва ҳазорҳо нафари дигар дар назди марзҳои Лаҳистон барои ворид шудан ба ин кишвар мунтазиранд.

Тавофуқи Украина барои оғози музокирот бо Русия дар Белорус

0

Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский бо нашри як хабари кӯтоҳ дар саҳфаи телегарамиаш дар бораи натиҷаи сӯҳбат бо Александр Лукашенко гуфтааст: “Мо тавофуқ кардем, ки ҳайати украинӣ бо ҳайати русӣ дар сарҳади Украинаю Белорусия, дар наздикии дарёи Припят бе ягон шарти пешакӣ мулоқот кунад.”

Ба гуфтаи Владимир Зеленский, Александр Лукашенко бо итминон қавл дода, ки дар ҷараёни сафари ҳайъати Украина, музокирот ва бозгашати онҳо тамоми ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва мушакҳои мустақар дар қаламрави Беларус дар замин бимонанд.”

Пеш аз ин вақте Маскав пешниҳод карда буд, ки музокиротро бо Киев дар Минск оғоз кунанд, Украина бо далели ин, ки нерӯҳои русӣ аз хоки Беларус ба Украина ҳамла мекунанд, музокиротро дар ин кишвар қабул накарда буд.

Украина барои оғози музокирот бо Русия аз чанд шаҳри дигар дар ҳамсоякишварҳояш аз он ҷумла Варшава, Вилнюс, Будапешт ва Истанбул ном гирифта, гуфта буд, ки ба ғайр аз Минск омодааст, ки дар ҳар ҷои дигар бо Русия сари мизи музокирот бинишинад.

Ғарб Русияро аз низоми ҷаҳонии SWIFT берун кард

0

Шоми шанбе Комиссияи Аврупо бо судури баёнияе бори дигар ҳуҷуми Русияро ба хоки Украина маҳкум намуда, аз фишори нави молӣ болои Маскав хабар дод.

Акс аз сомонаи “pymnts.com”

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо шумули Амрико ва Канада Бонки марказии Русияро аз дастрасӣ ба системаи ҷаҳонии паёмрасонии байнибонкии “SWIFT” қатъ кард.

Гуфта мешавад, ин бузургтарин иқдомест, ки Ғарб болои Русия пас аз оғози ҳамла ба Украина гирифта аст.

Ихроҷи Русия аз ин низоми молии ҷаҳонӣ пас аз дархости вазири хориҷии Украина Дмитри Кулеба сурат гирифт.

Раиси Комиссюни Аврупо Урсула фон дер Ляйен шоми шанбе гуфт, Ғарб ва Амрико бо берун кардани Русия аз низоми “SWIFT”, исдор ва ворид кардани колои русиро қатъ намуда, ҳисобҳои Бонки марказии Русияро мунҷамид ва саҳмияҳои русиро аз гардиши ҷаҳонӣ боз медоранд, ки ин зарбаи бузурги иқтисодӣ бар Русия ворид хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 24-уми феврал бо фармони Президенти Русия Владимир Путин ҳамлаи мушакӣ ба шаҳрҳои Украина оғоз шуд.

Пас аз оғози ҳамлаҳои низомии Русия ба Украина президенти ин кишвар Владимир Зеленски дар кишвараш вазъи ҳарбӣ эълон када, аз шаҳрвандонаш хост, ки ҳама дар хонаҳояшон бошанд. Ӯ инчунин тамоми парвозҳои ғайри низомиро бекор кард.

Путин иддао дорад, ки ин амалиёти ӯ дифоъ аз худ ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои бузургтаре аст. Аммо Амрико ва сарони кишварҳои арврупоӣ ин амалиёти низомии Русияро ҳуҷум ба хоки Украина дониста, аз Путин борҳо хостанд, ки ҳарчи сареъ амалиётро қатъ кунад.

Қосим Раҳбар: чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам

0

Қосим Раҳбар, раиси шаҳри Ҳисор бо гузашти як ҳафта хомӯшӣ ахиран рӯзи 24-уми феврал доштани суратҳисоб дар Бонки Швейтсария бо маблағи беш аз 9 миллион долларо рад кард.

Акс аз “Азия-Плюс”

Ӯ дар суҳбат бо ҳафтаномаи “СССР” мегӯяд, ки чунин матлабе ҳанӯз 10 сол пеш дар хабаргузории “Центразия” нашр шуда буд ва аз дигарбора нашр шудани ин хабар аз оғози моҳи феврал огоҳӣ доштааст.

“Зеро 1 ҳафта пеш аз интишори он аз рақамҳои ношинос ба воситаи шабакаи Телеграмм ба аҳли хонавода, ба бародаронам дар Тоҷикистон, ҷияну бародарзодаам, ки дар Россия таҳсилу зиндагӣ мекунад, паёмҳои гуногун расида, тарафи номаълум пешниҳод медоданд, ки барои пешгирӣ аз нашри хабар ман ин қазияро ё шарҳ диҳам ё пешгирӣ намоям, вале ман ба ҳамаи ин аҳамият надодам, зеро чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам ва дар Швейтсария ҳам боре набудам,” – гуфт Қосим Раҳбар.

Ӯ мегӯяд, дар сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 ӯ низ захмӣ шуда буд ва пас аз тавсияи табибон барои муолиҷа соли 2001 ба Вена пойтахти Австрия сафар карда буд.

Қосим Раҳбар дар шарҳи қазияи суратҳисоб кушодан дар Аврупо чунин гуфт: “Соли 2001 буд, он замон на ман Аврупоро дида будаму на корти бонкӣ доштаму на суратҳисоб барои кафолат ва табобат дар Аврупо. Клиникаи аврупоӣ ҳам кафолати шахсеро талаб мекарду ҳам бояд ҳисоби бонкии аврупоӣ мешуд. Тавре маълум аст клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд. Он вақт ман чунин имкониятро надоштам ва ба кӯмакам 1 соҳибкори хориҷӣ омад, ки он солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд. Муҳим аз ҳама ӯ шаҳрванди Австрия буду кафили ман шуд. Рафтем ба Вена, ташхиси пурраро гузашта ба Тоҷикистон баргаштем. Он замон ман дар вазифаи раиси вилояти Суғд кор мекардам ва наметавонистам корро як сӯ гузорам. Аммо дасту ҷигар ҳамоно маро азият дода, хуни сироятёфта ҳеҷ тоза намешуд. Маҷбур шудам соли 2003 бо 1 табиби дигар боз ба Вена сафар карда, ин маротиба муолиҷаро низ то ба охир бигирам. Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам. То ҷойе огаҳ дорам ба номам дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобатамро аз пули худам пардохт карда буд.”

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки аз суратҳисоб доштан ба номаш дар Аврупо соли 2007 огоҳ шудааст. Ва таъкид мекунад, ки он соҳибкори аврупоӣ “тавассути суратҳисоби ба номи ман кушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода.”

Қосим Раҳбар дар ҳоле доштани чунин суратҳисобро бо номи худаш дар Бонки Швейтсария рад мекунад, ки рӯзи 22-юми феврал хабарнигорони “Азия-Плюс” барои дарёфти назари ӯ дар ин маврид ба шаҳри Ҳисор рафта буданд, вале ӯ хабарнигоронро напазируфт ва ба василаи раиси Дастгоҳи ҳукумати ҳисор паём дод, ки ин масъаларо шарҳ намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-феврал Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) аз кафши суратҳисоби бонкии ҳисоби бонкии раиси нави шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар Бонки Швейтсария хабар дод.

Ба иттилои таҳқиқгарони ин созмон, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин миқдори пули зиёд чӣ гуна ва аз кадом сарчашмаҳо ба даст омадааст.

Қосим Роҳбар соли 1994, дар 30-солагияш раиси собиқ ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996 раиси вилояти Суғд таъйин шуда, то соли 2006 дар ин мақом кор кардааст. Баъди тарки ин мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Ӯ аз соли 2008 то 2015 ҳамчун вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст.