Шабнам Худойдодова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Бунёди “Бузургмеҳр” аз созмонҳои ҳуқуқӣ хостаанд, ки ба қазияи боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон садо баланд кунанд.

Раисҷумҳури Шри-Ланка Готабая Раҷапакса дар пай инқилоби мардумӣ ва ишғоли кохи раёсатҷумҳур субҳи рӯзи чоршанбе бо як ҳавопаймои низомӣ аз кишвараш фирор карда ба кишвари Малдив паноҳ бурд.

Як ҳавопаймои низомӣ субҳи 13-уми июл раисҷумҳури 73-солаи Шри-Ланка Готабая Раҷапаксаро ҳамроҳи ҳамсар ва ду муҳофизи шахсияш ба шаҳри Малеи Малдив расонд. Интишори хабари хуруҷи раисҷумҳур аз ин кишвар мавҷи шодиро дар байни тазоҳуркунандагон дар шаҳри Коломбо – пойтахти ин кишвар ба ҳамроҳ дошт.
Бино ба гузоришҳо, Готабая Раҷапакса аз ҷониби мардуми Шри-Ланка ба суии идораи давлат ва иқтисод муттаҳам мешуд. Эътирозҳо рӯзи 9-уми июл якбора дар ин кишвар авҷ гирифт ва мардум ба қасри раёсатҷумҳурӣ ҳамла карданд. Дар пайи ишғоли қасри раёсатҷумҳурӣ аз ҷониби мардум Готабая Раҷапакса ваъда дода буд, ки рӯзи чоршанбе ба мақоми худ истеъфо медиҳад. Вай ба хотири пешгирӣ аз боздошти эҳтимолияш рӯзи сешанбе талош карда, ки аз кишвараш хориҷ шавад, вале натавонист. Ва субҳи имрӯз қабл аз эълони истеъфо ва боздошташ тавонист аз кишвараш фирор кунад.
Ба гузориши “Ройтерз” мақомоти интизомии Шри-Ланка рӯзи сешанбе аз хуруҷи бародари раисҷумҳур, ки шаҳрвандии Амрикоро дошт ва то моҳе пеш дар мақомҳои баланди давлатӣ кор мекард, пешгирӣ карда, нагузоштаанд ӯ аз кишвар хориҷ шавад.
Дар пайи фирори рвисҷумҳур нахуствазири ин кишвр ҳам имрӯз чоршанбе аз мақомаш истеъфо дод.
Ёдовар мешавем, ки тазоҳурот дар Шри-Ланка аз чанд моҳи пеш шуруъ шуда буд, ки баъзе онҳо бо хушунат ҳамроҳ буд. Коҳиши шадиди пули миллӣ ва гарон шудани молҳои ниёзи аввал мардуми ин кишварро ба кӯчаҳо кашонд. Ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар буҳрони сахти иқтисодӣ ба сар мебарад, ки дар чанд даҳаи ахир бесобиқа будааст.
Нерӯҳои Британия дар як маъмурияти шашмоҳаи худ дар Афғонистон 54 сокини ғайринизомиро дар вилоятҳои ҷанубии ин кишвар куштанд.

ББС пас аз таҳқиқоти чорсолаи худ ба иттилооте даст ёфтааст, ки нерӯҳои вежаи Британия зери унвони “SAS” амал мекарданд, дар замони як маъмурияти шашмоҳаи худ дасти кам 54 нафар шаҳрвандони ғайринизомии Афғонистонро ба қатл расонидаанд.
Қатлҳои гурӯҳӣ ва ё занҷиравии ин афроди ғайринизомӣ маъмулан шабона анҷом шуда ва барои рӯпӯш кардани ин ҷиноятҳои худ аз тарфанди мавсум ба “туфангҳоро замин биандоз” кор мегирифтаанд.
Дар ин тарфанд, нерӯҳои вежаи Британия дар Афғонистон барои далелнок ҷилва додани ҷиноятҳои худ силлоҳои сабтиномнашударо бо худ бурда, пас аз қатли ғайринизомиён дар ҷои ҳодиса мепартофатаанд ва ин ахборро ба раҳбарони худ гузориш намедодаанд.
Ба гуфтаи ин расонаи бритониёӣ кор дар ин гурдон то ҷое расида буд, ки нерӯҳои мавсум ба “SAS” онҳо “байни худашон барои чӣ касе бештар одам кушта, рақобат мекардаанд ва ҳамчунин талош мекардаанд, ки рекорди гурӯҳҳои қаблии “SAS”-ро, ки пеш аз онҳо хидмат кардаанд, бишкананд.
ББС бо нашри ин гузориш мегӯяд, эҳтимол нерӯҳои Британия дар Афғонистон муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд, аммо Вазорати дифои ин кишвар аз шарҳи ин “иттиҳомот” худдорӣ карда, гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар “бо шуҷоат ва ҳирфаӣ” дар Афғонистон хидмат кардаанд.
Гуфта мешавад, нерӯҳои Британия дар муддати 20 соли ишғоли Афғонистон тавассути Амрико ва ҳампаймонҳояш дар нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳузур доштанд ва пеш аз ин низ нерӯҳои дигар кишварҳо, аз он ҷумла Амрико ҳам ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон муттаҳам шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Қоҳир Расулзода ва писараш Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун рафтааст.

Имрӯз, 12-уми июли соли 2022, Президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сарвазир ва раиси шаҳри Душанбе барои шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ба шаҳри Роғун сафар кардааст.
Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳонаш нахуст “аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуд.”
Соли 2018 дар ин нақб корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, дарозии иншоот бо назардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад.
Иқтидори нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб об мебошад. Нақби сохтмонии қабати чорум дар сурати зарурат барои гузаронидани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст.
Гуфта мешавад, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳоле анҷом мешавад, ки чанд рӯзе пеш Иттиҳоди Аврупо аз омодагии худ барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ хабар дода буд.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Набережние Челнии Ҷумҳурии Татаристони Русия бо гуноҳи қочоқи 20 кило маводи мухаддир 13 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 ҳангоми кӯшиш интиқоли 19,7 кг маводди мухаддир дар ду ҷомадон дастгир шуда буданд.
“Ин афрод моҳи марти соли 2021 дар постгоҳи Тула-1 дастгир шуданд. Кормандони полис як микроавтобуси Nissan Caravan Elgrand-ро боздоштанд, ки дар дохили он ду марди 44 ва 43-сола буд ва онҳо аз пойтахт (Маскав) ба Красноярск ҳаракат мекарданд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили кабина ду ҷомадон бо маводи нашъадор – героин, 6-моноатсетилморфин ва атсетилкодеин бо вазни умумии 19,7 ҳазор грамм дарёфт карда шуд.”-омадааст дар хабар.
Ба гузориши расонаҳо, таҳқиқот муайян карда, ки ин афрод “бор”-ро аз як нафари ношинос аз Егоревское дар вилояти Маскав барои фурӯш гирифтаанд.
Додгоҳи шаҳри Набережние Челни нисбати ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ҳукм бароварда, ҳардуро 13 солӣ аз озодӣ аҳрум кард. Онҳо ҷазоро дар калонияи низомаш сахт паси сар хоҳанд кард.
Назари худи боздоштшудаҳо, вакили дифоъ ва ё наздиконашон дастарси расонаҳо нст. Инчунин аз ному насаб ва макони будубоши онҳо дар Тоҷикистон низ чизе гуфта намешавад.
Вазорати молияи Амрико Тоҷикистонро ба рӯйхати 18 кишваре ворид кард, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол тавассути онҳо ба бозорҳои Русия ва Беларус ворид мешаванд.

Дар ин рӯйхат ба ҷуз аз Тоҷикистон номи кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Бразилия, Ҳиндустон, Исроил, Хитой, Мексика, Никарагуа, Сингапур, Сербия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайван, Туркия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ низ ҳастанд. Ин феҳристро Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва Дафтари саноат ва амният (BIS), ду ниҳоди марбут ба Вазорати молияи Амрико тартиб додаанд.
Дар хабари Вазорати молияи Амрико гуфта мешавад, ки колоҳои таҳти назорат метавонанд, ба таври қонунӣ ҳамчун маводи хом ба ин 18 кишвар барои тавлиди маҳсулоти дигар содирот шаванд. Аммо содироти бештари онҳо ба Беларус ва Русия манъ аст. Маводи мавриди таваҷҷуҳи хос шомили таҷҳизоте аст, ки барои идомаи ҷанг дар Украина ба Русия лозим аст. Аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо, шабакаҳои гидроакустикӣ, мавҷгирҳо (антеннаҳо), шабакаҳои GPS, таҳҷизоти лозим барои истихроҷи нафту газ ва маҳсулоти дигар.
Баъд аз шуруи ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуда буд, кишварҳои ғарбӣ ва Амрико онро маҳкум карда, таҳримҳои зиёдеро болои Русия ҷорӣ карданд. Ҳоло Русия мехоҳад тариқи кишварҳои ҳампаймонаш роҳҳои даврзадани таҳримҳои ҷаҳониро пайдо кунад ва колоҳои лозимаро аз тариқи онҳо ба даст орад.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои пешгирӣ аз нашри маълумотҳо аз рафти “Облава” дар кӯчаву бозорҳои ҷумҳурӣ тарҳи қонуни наверо ба парлумони кишвар таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бино ба гузориши расонаи ҳукуматии АМИТ “Ховар”, Вазорати мудофиаи кишвар дар чорчӯби Тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири пешгирӣ аз нашру паҳн кардани “маълумоти бардурӯғ” дар бораи шароити хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ё дар бораи “раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ” ва дигар муълумоте, ки боиси “коста шудани шаъну шарафи Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад” омода ва пешниҳод кардааст.
Вазорати мудофиаи кишвар аз он изҳори нигаронӣ карда, ки “маълумоти бардурӯғ”-е, ки дар баъзе васоити ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон (аз ҷумла наворҳои облава) нашр мегардад, “эътимоду боварӣ ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.“
Бо дарназардошти чунин вазъият, вазорат бо тарҳи ин қонун барои нашркунандагони чунин маълумот ҷазои ҳабси маъмурӣ ва ҷаримаро пешбинӣ кардааст.
Тарҳи қонуни мазкур дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки дар ҳар мавсими даъвати аскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қонуншиканиҳои зиёди маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ ва маъмурони интизомии кишвар дар наворҳо сабт ва ба шабкаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд.
Коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки пешгирӣ ва таъйини ҷазо барои нашри “маълумоти бардурӯғ дар бораи хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаи Тоҷикистон” маҳз ба хотири пешгирӣ аз нашри наворҳоеи “облава” аст, ки кормандони комиссарятҳо дар кӯчаҳо ва ҳатто донишгоҳҳо бо мошинҳои бе рақам ҷавоноро боздошт мекунанд, ки ин амали онҳо қонуншиканӣ дониста шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқоди шадид қарор мегирад. Вале бо вуҷуди будани тамоми далоил, мақомоти кишвар ҳамеша вуҷуди “облава” ва ё “сарбозшикор”-ро қатъиян инкор мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзҳои 8 ва 9-уми июл рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боздошт кардаанд.

Сабаби боздошти ин ду рӯзноманигор то ҳол маълум нест. Шоми 8-уми июли соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Завқибек Саидаминиро ҳамроҳи як ҳамсинфаш, ҳангони шустани мошинашон аз назди як маркази шустушӯи нақлиёт дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бурдаанд.
Яке аз наздикони ин рӯзноманигор бо шарти набурдан номаш ба Инчунин ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд. Бунёди “Бузургмеҳр, ки аз ҷониби пайвандону наздикони маҳбусони сиёсии тоҷик дар Аврупо таъсис ёфтааст, бо нашри баёнияе боздошту бозпурсии рӯзноманигоронро “худсарона ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон” хонда аст.
Фардо шанбе, 9-уми июл дар Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои дунё мусалмонон иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд.

Иди саиди Қурбон аз ҷумлаи ду иди бузурги мусалмонист, ки рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа баргузор мешавад. Дар ин рӯз шодию фараҳи кӯдакон ҳадду канор надорад.
Мусалмонон пас аз хондани намози ид ба зиёрати якдигар рафта, аз ҳоли беморону ниёзмандон огоҳ мешаванд. Ва инчунин шахсони сарватманд ва доро гову гусфанд ва ё буз қурбонӣ намуда, гушти онро ба ниёзмандон тақсим мекунанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии Иди саиди Қурбонро барои тамоми мусалмонои дунё, бахусус ҳамдиёрони азиз, ки дар ҳар гӯшаву канори дунё ҳастанд, табрику таҳният гуфта, барои якояки азизон аз Худованди Мутаол тани сиҳату рӯзгори хӯшро таманно дорад.
Ҳамаше дасти пуру хонаи обод дошта бошед ва дар ҳалқаи хонадону ёру дӯстон зиндагии босаодатро бароятон хоҳонем.
Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!
Сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ имрӯз дар пайи як сӯиқасд, дар бемористон даргузашт. Дар ин бора расонаҳои ҷаҳонӣ хабар доданд.

Бино ба гузоришҳо, Синдзо Абэ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Нара, ки пас аз сӯиқасд ба ҷонаш бо чархбол бурда шуд, даргузашт. Масъулони бемористон гуфтаанд, Абэ хуни зиёдеро аз даст дод ва бо вуҷуди талошҳои зиёди табибон натавонистанд, ӯро наҷот бидиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 8-уми июли соли 2022 собиқ нахуствазири Ҷопон ҳангоми суханрониаш дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Нара бар асари тирандозӣ захмӣ шуда буд.
Дар ҷои ҳодиса полис Тэтсуя Ямагамии 41-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба собиқ нахуствазири ин кишвар боздошт кардааст ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Гумонбар низ дар суҳбат бо пулис гуфтааст, ки аз амалкарди ҷаноби Абе дар замони раҳбариаш норозӣ будааст ва ба ин хотир тарафи ӯ ду тир холӣ кардааст.
Синдзо Абэ аз соли 2006 то 2007 ва аз соли 2012 то 2020 сарвазири Ҷопон буд. Бори дувум ӯ ба хотири вазъи саломатиаш аз ин мақом истеъфо дода буд.