Хона блог саҳифа 469

Дар Узбекистон аз талоши қочоқи $356 ҳазор ба Тоҷикистон пешгирӣ шуд

0

Дар гузаргоҳи марзии Бекбоди вилояти Тошканди Узбекистон ду зани узбек бо гумони қочоқи ғайриқонунии маблағи зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон боздошт шуданд.

Акс аз навори гузориши Хадамоти марзбонии Узбекистон

Тавре расонаҳои узбекӣ, аз қавли Хадамоти амниятӣ ва марзбонии Узбекистон хабар медиҳанд, ки ин ду зан яке 42 ва дигарӣ 28-сола сокинони ноҳияи Бекбод якҷоя ҳамроҳи худ 356 ҳазор доллари амрикоиро ғайриқонунӣ мехостаанд ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Аммо барои чӣ мақсаде мехостаанд ин пулҳоро интиқол бидиҳанд, маълум нест.

Занҳои боздоштшуда “бо дархости як дӯсташон бо номи Маҳмуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешавад, мехостанд ба ин кишвар пул интиқол диҳанд. Онҳо пулҳоро дар либосҳои худ пинҳон карда буданд, аммо натавонистаанд аз гузаргоҳи Бекобод гузаранд”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷинотии Узбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, барои муайян кардани соҳибони аслии 356 ҳазор доллари ИМА чораҳо андешида мешаванд.

Қирғизистон: Тоҷикистон сокинони Ворухро ба ҷои амн интиқол медиҳад

0

Шуруъ аз субҳи имрӯз мақомоти Тоҷикистон сокинони бархе деҳаҳои наздимарзӣ дар Исфараро ба ҷои амн интиқол медиҳад.

Акс аз сомонаи “Радиои Озодӣ”

Имрӯз, 14-уми июни соли 2022, хабаргузори “Тасс”-и Русия дар истинод ба манобеи худ дар Бодканти Қирғизистон гуфтааст, ки “мақомоти Тоҷикистон ба эвакуатсияи шаҳрвандони худ аз Ворух шуруъ карданд.”

Ин мабаъ меафзояд, мақомоти Тоҷикистон шуруъ аз соати 09:25 ба вақти маҳаллӣ интиқоли сокинони деҳаҳои наздимарзӣ, аз ҷумла Ворухро ба ҷои амн оғоз карда, сатҳи омодабоши нерӯҳои марзбониро қавитар карданд.

Пеш аз ин хабар дода будем, ки тахминан соати 6:00 дар нуқтаи марзии “Кех”-и ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара байни марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа як сарбози 26-солаи тоҷик ҷон бохтааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст: “Дар онҷо панҷ дақиқа нофаҳмӣ шуда, тирпарронӣ шудааст, қарибии соати 6-и субҳ” ва муфаттишони Додсинтони ҳарбии Суғд ва Додситони низомии Қирғизистон бо ташкили “гурӯҳи корӣ муайян мекунад, ки сабаби тирпарронӣ чист.”

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ асри дирӯз бо судури як изҳорот ҳамлаи субҳи 14-уми июни Қирғизистон ба ҷамоати Ворӯхи Исфараро маҳкум карда, гуфта буд, ки командири дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” захмӣ шуда, дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Субҳи имрӯз, тахминан соати 6:00 дар нуқтаи марзии “Кех”-и ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара байни марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа як сарбози 26-солаи тоҷик ҷон бохтааст.

Тавре манобеи “Азия-Плюс” хабар медиҳанд, ҷониби Қирғизистон субҳи имрӯз бе ягон сабаб ба самти марзбонони тоҷик, аз ҷумла аз миномётҳо тир кушодаанд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аллакай дар ин бора изҳорот пахш карда, боз ба сар кардани низоъ дар марз ҷониби Тоҷикистонро муттаҳам кард.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, тахминан соати 7-и субҳ ба вақти маҳаллӣ дар нуқтаи марзии Булоқ-Боши ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Булак-Башӣ”-и КДАМ Қирғзистон аз ҷониби сарҳадбонони Тоҷикистон тир холӣ шудааст. Дар посух ҷониби Қирғизистон низ ба самти посгоҳи Тоҷикистон тири ҷавобӣ партоб кардааст. Сарҳадбонони ду тараф фавран мавқеъҳои ҷангиро ишғол карданд.

Дар хабари ҷониби Қирғизистон гуфта мешавад, ки дар вилояти Бодканд бо намояндаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтугӯи телефонӣ анҷом шуда, сардорони қисми сархаддии тарафҳо ба ҷои воқеа рафтаанд.

Аммо то ҳол, мисли ҳамеша мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ дар бораи ин задухӯрд ва кушта шудани як сарбози тоҷик изҳороте пахш накардаад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзи пеш 3-юми июни соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона баъди убури ҳадафмандонаи марзбонони қирғиз ба қаламрави таҳти назорати марзбонони тоҷик сурат гирифта буд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар сар задани задухӯрди мусаллаҳонаи дар марз якдигарро муттаҳам карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте онро “амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистон” хонда, аз ҷониби Қирғистон даъват карда буд, ки барои пешгирии чунин муноқишаҳо ҳамаи мувофиқаҳои бадастомадаро қатъиян риоя кунанд.

Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе супурд

0

Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буданд, барои идомаи адои ҷазо дар Ватан ба Душанбе супурд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як манбаи номаълум дар додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон иттилоъ дод. Аз мащкумшудащо Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ном бурда мешавад, ки додгоҳи ноҳияи Лейлек онҳоро бо моддаҳои “Ҷиноят алайҳи сулҳ” ва “Ғоратгарӣ”-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон гунаҳкор дониста буд. Дар аввал ҳарду ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд, аммо моҳи декабри соли 2021 Додгоҳи вилояти Бодканд ҳукми онҳоро иваз карда, ҳукми умрбодро бо 20 соли зиндон иваз кард.

Пайвандони Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки дар бораи истирдоди наздиконаш ба Тоҷикистон шунидаанд, вале то ҳол ба онҳо аз мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар деҳаи Борбодуки вилояти Ботканди Қирғизистон зиндагӣ мекардаанд. Онҳоро баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва беш аз 200 каси дигар маҷруҳ шуда буд, дастгир карданд.  

Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки дар телефони яке аз онҳо акси ӯро бо сарбозони тоҷик ёфта, дигариро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистаанд.

Пайвандонашон  он замон гуфта буданд, ки иттиҳомоти эълоншуда алайҳи асос надорад ва муҳокима ҳам дар вилояти Ботканд ноодилона ва бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшудаҳо рӯзи 7-уми июн аз Бишкек ба Хуҷанд оварда шудаанд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд. Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи онҳоро баррасӣ дорад ва рӯзҳои наздик хулосаи он гуфта мешавад.

Ислоҳот дар пардохти боҷи гумрукии Тоҷикистон

0

Тоҷикистон пардохти дукаратаи боҷи гумрукиро ҳангоми воридоти молу коло ба кишвар дар рӯзҳои истироҳат ва ид лағв кардааст.

Хабаргузории “Тренд“ ба нақл аз дафтари матбуоти Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) иттилоъ додааст, ки Тоҷикистон бо пуштибонии ин Марказ тасмим гирифтааст, тартиби барасмиятдарории гумрукии колоҳоро соддатар кунад.

Инчунин Тоҷикистон пардохти дукаратаи боҷи гумрукиро ҳангоми воридоти коло ба кишвар дар рӯзҳои истироҳат ва ид лағв кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, қимати стандартии гумрукӣ дар рӯзҳои корӣ дар Тоҷикистон вобаста ба арзиши кулли колоҳои воридотӣ аз 10 то 450 долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, Маркази байнулмилалии тиҷорат дар баёнияе гуфтааст, “ин тағйирот дар низоми гумрукии Тоҷикистон боиси афзоиши фаъолияти иқтисодӣ ва ворид шудани даромади изофӣ ба будҷаи кишвар мешавад.”

Марги машкуки ду афсари эронӣ дар як шабонарӯз

0

Марги машкуки ду афсари ҳавофазои Сипоҳи посдорони Эрон дар як шабонарӯз ангушти иттиҳомро ба самти Исроил бурдааст.

Коллаж аз ал-Арабия

Имрӯз, 13-уми июни соли 2022, Саид Хатибзода, Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст: “посухи Исроил дар ҷои худаш дода мешавад, мо агар бихоҳем посухи Исроилро бидиҳем, камо ин, ки то ба алъон додем, дар ҷои худаш додем, дар кишварҳои солис (савум) намедиҳем.”

Пеш аз ин хабаргузории “Форс”-и Эрон хабар дода буд, ки Муҳаммад Абдус, аз коркунони ҳавофазои Симнон “дар ҳини анҷоми маъмурият” кушта шудааст.

Инчунин хабаргузории “Тасним”-и Эрон низ рӯзи гузашт иттилоъ дод, ки “Алӣ Камонӣ, аз размандагони ягони ҳавофазо” дар шаҳри Хумайн бар асари садамаи ронандагӣ кушта шудааст.

Шабакаи “Аларабия“ низ ба нақл аз “Ҷерузалим Пост” навиштааст, ки “ду узви ҳавофазои Сипоҳи посдорони Эрон, ки шаби гузашта кушта шуданд, дар заминаи сохти паҳподҳо фаъолият мекарданд.”

Гуфта мешавад, пеш ин ҳодисаҳо дар як моҳи ахир дасти кам марги ду афсари дигари эронӣ низ ба номҳои Ҳасан Сайёдхудоӣ ва Алӣ Исмоилзода дар шаҳрҳои Теҳрон ва Караҷ дар ҳолатҳои машкук гузориш шуда буд.

Гузоришҳои хеле аз расонаҳои эронӣ ва исроилӣ аз ин ҳама маргҳои машкук ва ё ба таъбири дигар “қатлҳои занҷиравӣ” ҳокӣ аз онанд, ки Исроил амнияти дохилии Эронро рахна карда, дар хоки ин кишвар шаҳрвандон ва донишмандони мавриди назарашро ҳадаф қарор додааст.

Аз сӯи дигар вокуниши Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки мегӯяд, “посухи Исроил дар ҷои худаш дода мешавад”, ба ҳамин маъност, ки вақте Исроил дар дохили хоки Эрон даст ба қатлу кушторҳо задааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар хоки Исроил ба он посух медиҳад.

Пирӯзии дувуми мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023  дар гурӯҳи “F” дувумин пирӯзии худро ба даст овард ва имкони Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба Ҷоми футболи Осиё-2023 боз хубтар шуд.

Дар даври дувуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, дастаи футболи Тоҷикистон тими Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.  

Ягона голро дар ин бозӣ Шервон Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми зад. Шервон Мабатшоев дар бозии гузашта ба дарвозаи тими Мянмар 2 гол зада буд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ соҳибони майдон – мунтахаби футболи Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 бар тими Мянмар пирӯз шуд.

Бо анҷоми даври дувуми бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бо доштани 6 холӣ Тоҷикистон дар ҷойи якум ва Қирғизистон дар ҷойи дувум қарор доранд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 14-уми июн бо тими миллии Қирғизистон, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек бозӣ мекунад.

Тоҷикистон ҳатто бо натиҷаи мусовӣ ҳам метавонад ба Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёбад.

Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста, аз ҷумла шаш дастае, ки ғолиби гурӯҳҳоянд ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтар дар ҷойҳои дувум қарор доранд, роҳ меёбанд.

Мардум чӣ гуна барои ду сол маводи хӯрока захира кунанд? Раис мефаҳмонад

0

Дар вилояти Хатлон барои фаҳмондадиҳии сокинон, ки чӣ гуна бояд барои ду сол маводи хӯрока захира кунанд ва ба исрофкорию хароҷоти зиёдатӣ роҳ надиҳанд, аз ҳисоби ҷавонон ва ходимони дину дигар ниҳодҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешавад.

Тавре расонаҳои ҳукуматӣ хабар доданд, ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи кории вилоятӣ бо ҳузури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои корӣ вазифадоранд, ки хона ба хона гашта ба сокинон ва деҳқонон “роҳҳои истифодаи замин, тақвияти консервакунонию хушконидани меваю сабзавот, захиракунии маводи озуқаворӣ барои ду соли оянда, роҳ надодан ба хароҷотҳои беҳудаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар кишти такрорӣ бештар гузаронидани кишти зироатҳои лӯбиёгиҳо ва захираи донагиҳо дар хонаводаҳо” фаҳмонанд.

Аммо худи мардум ва фаъолони маданӣ бар ин назаранд, фалсафаи захира кардани хӯрокворӣ барои ду солро худи ҳукуматдорон медонанд ва бояд роҳҳояшро ба мардум фаҳмонанд. Ба гуфтаи онҳо, аз рӯи таҷриба барои ду сол захира кардани маҳсулоти деҳқонӣ имкон надорад.

“Барои ду сол захира кардани картошкаву пиёз ва ё дигар маҳсулоти деҳқонӣ, бояд ҳар оила анбори бузурги муҷаҳҳаз бо яхдонҳо дошта бошанд, ки тавонанд ҳадди ақал баъзе аз маҳсулоти заминро то ду сол сахира кунад, ки чунин имконро ба ҷуз расиону мақомдорон ҳеч деҳқон надорад. Ва дигар ин ки агар ин имконро мардум медошт, ҳеч ҳоҷати ба Русия сафар кардану дар ғурбат заҳмат кашидан набуд”, мегӯяд як деҳқон ба Azda tv.

Баъзе фаъолон бар ин назаранд, ки ҳукумат ба ҷои тарғиб кардани ин ки мардум бояд хӯрокаи ду солаи худро захира кунад, беҳтар мебуд, ки бо барномаи амалӣ шароитро барои мардум, ба хусус деҳқонон фароҳам мекард, ҷойҳои корӣ муҳайё месохт ва сатҳи фасоду хешутаборбозиро дар идораву вазоратҳо решакан мекард, ки то мардум рӯ ба ҳиҷрат наоранду дар ватани худ назди хонавода ва фарзандони худ як луқмаи нонашро пайдо мекард.

Куштани Мазорову Раҷабов ва боздошти бародари Алим Шерзамонов дар Бадахшон

0

Мақомоти интизомии тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 12-уми июн Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро ба қатл расонда, дар пайи он Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистонро боздошт карданд.

Хурсанд Мазоров, Зоир Раҷабов ва Муслим Шерзамонов

Мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, ки имрӯз 12-уми июн дар пайи як амалиёти махсус Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, ду раҳбари мардумии Бадахшон ва сокинони шаҳри Хоруғро, ки гӯё худро ба мақомот таслим накарданд, куштанд. Аммо Pamir Daily News аз манобеаш хабар дод, ки онҳо (Мазоров ва Раҷабов) худро мунфаҷир карданд.

Мақомот бо куштани ин ду нафар чандин сокини дигари Бадахшонро бо иттиҳоми “шахсони наздик ба онҳо” боздошт кардааст.

Алим Шерзамонов дар суҳбат бо Azda tv боздошти бародараш Муслим Шерзамоновро таъйид кард ва афзуд, ки аз баски бо пайвандонаш тамос надорад, аз ҷузъиёти бештари ин ҳодиса хабар надорад.

Алим Шерзамонов ва бародараш Муслим Шерзамонов

Шерзамонов ҳамчунин афзуд, ки мақомоти кишвар аз ӯ қасос гирифтан мехоҳанд ва боздошти бародараш маҳз ба ҳамин хотир аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як рӯз пеш, 11-уми июн аз боздошти се раҳбарони мардумии Бадахшон, Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов расман хабар дода буд. ВКД аз онҳо “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ” ном бурда, мегӯяд, дар пайи як амалиёти вежа боздошт шудаанд.

Ба қавли манобеъ, мақомоти интизомии кишвар баъд аз куштани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар шаҳри Хоруғ ҳамарӯза “амалиёти махсус” гузаронда, хона ба хона мегарданд ва ҷавонони зиёдеро бо ҳар баҳонае боздошт ва шиканҷа мекунанд.

Боздошти Толиб Аёмбеков ва ҳамроҳонаш дар Бадахшон

0

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) се тан аз раҳбарони маҳаллӣ тавассути мақомоти кишвар боздошт шуданд.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Имрӯз, 11-уми июни соли 2022, пойгоҳи иттилоърасонии “Памир Дайли Нюс” хабар дод, ки субҳи имрӯз мақомот дар шаҳри Хоруғ Толиб Аёмбеков ва Мунаввар Шанбиевро барои суҳбат даъват карда, сипас онҳоро дар ҳамон ҷо боздошт кардаанд.

Аммо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) онҳоро “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” хонда гуфтааст, ки “дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус” дар шаҳри Хоруғ “Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки пеш аз ин “Помир Дайли Нюс“ иттилоъ дода буд, ки “дар шаҳраки “Хлебзавод”-и шаҳри Хоруғ садои тирпарронӣ шунида мешавад. Роҳҳои назди ин шаҳракро кормандони «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бастаанд. Ва манобеъ аз боздошти “Бизмич” Ниёзшо Гулобов  хабар медиҳанд.”

Ба гуфтаи АМИТ “Ховар”, мақомоти қудратии Тоҷикистон ин афроди боздоштшударо дасти кам ба 11 ҷинояти “вазнин ва махсусан вазнин” муттаҳам мекунанд. Ин ҷиноятҳое ба пои онҳо мезананд, ба шакли зайл раддабандӣ мешаванд: “куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ” мебошанд.

Ҳарчанд тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон ҳеч кас ҳақ надорад, ки пеш аз содир шудани ҳукми суд касе дигарро ҷинояткор гӯяд, аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон ва ба вижа раҳбарияти АМИТ “Ховар” одат кардаанд, ки ин талаботи қонунгузории кишварро зери по карда, дар вақти нашри чунин хабарҳо шаҳрвандони кишварамонро пеш аз содир шудани ҳукми суд дар ҷомеа”ҷинояткор” эълон кунанд.

Аздо тв дар бораи ҷузъияти ин боздоштҳои ахир дар шаҳри Хоруғ аз дигар манобеъ мустақил то ҳол иттилоъи мувассақе дарёфт накардааст, мавзӯъро дунбол мекунад ва дар сурати даст ёфтан ба иттилооти ҷадид, дубора ба ин мавзӯъ бар мегардад.

Гуфта мешавад, нооромиҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба хусус дар шаҳри Хоруғ пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалаъа дар 25-11-2021 оғоз шуда буд.

Дар ин муддат чанд дафъа сокинони маҳаллӣ барои додхоҳӣ ба назди мақомот рафтанд, вале аз ҷониби силоҳбадастони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мавриди ҳамла ва ҳадафи тирборон қарор гирифтанд. Мақомот дар натиҷаи ин тирпарониҳо ва қатлҳои омми худ тайи 20 рӯзи ахир низ ҳудуди 40 нафар аз сокинони ин вилоятро кушта, даҳҳои каси дигарро захмӣ ва боздошту равонаи зиндонӣ кардаанд.