Хона блог саҳифа 470

Судури ҳукми истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон

0

Имрӯз, 10-уми июни соли 2022 додгоҳи минтақаи Пшемишли Лаҳистон ҳукми истирдоди шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро таъйид ва ба истирдоди ӯ раъй дод.

Ба гуфтаи Анвар Деркач, раиси Созмони “Рука и Допомоги+”-и Украина, ин шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон (ба хотири ҳифзи амнияташ номаш зикр намешавад) аз ҷониби мақомоти тоҷик ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротии ДИИШ ва Алқоида дар пайгард қарор дошт.

Анвар Деркач дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки имрӯз ӯ дар додгоҳ ширкат дошт, вале қозии додгоҳ шаҳодати ӯро ба эътибор нагирифт ва ба далелҳои дифоъии ӯ гӯш надод.

Ҷаноби Деркач мегӯяд, Созмони “Рука и Допомоги+” аз ҳуқуқи ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина ҳимоят мекард ва мақомоти Украина ин шаҳрванди Тоҷикистонро бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт карда буданд ва Додистони Украина ҳукми истирдоди ӯро содир карда буд ва баъд аз шикоят ба Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо, ин додгоҳ монеъи истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон гашт ва то замони ҳамлаи Русия ба Украина ӯ дар Украина ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш зиндагӣ мекард.

Azda tv бо модари ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуд, (ба хотири ҳифзи амнияти онҳо ва пайвандонашон аз ин модар ба номи мустаори Сония ёд мекунем).

Хонум Соня дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки писараш мутаваллиди соли 1993 буда, Коллеҷи Ҳоҷи Камолро бо баҳои аъло хатм карда, сипас соли 2011 ба Донишгоҳи Химия-Фарматсевтии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дохил шуда, то соли 2014 дар ин донишгоҳ таҳсил кардааст. Ва баъд аз мушкилоти иқтисодӣ донишгоҳро тарк карда, ба Туркия рафт, баъд аз кудетои нофарҷоми ҷонибдорони Фатҳулло Гулан дар ин кишвар ба хотири таъқиби шогирдони мактаби ӯ, писараш ба Украина истирдод мешавад ва дар Украина ҳамроҳи зану фарзандаш зиндагӣ дошт. Фарзанди дувумаш дар онҷо ба дунё меояд.
Модари ӯ мегӯяд, агар даъвои мақомот дуруст бошад, ки писари ӯ дар суфуфи гурӯҳои ифротӣ будааст, пас чӣ гуна дар ин замон ҳамсараш аз ӯ соҳиби фарзанд шудааст?

Хонум Соня мегӯяд, ӯ аз хонаводаи таҳсилкарда аст ва худаш низ дар донишгоҳи тибби Душанбе дарс хонда, хатмкарда Коллеҷи тиббӣ мебошад ва дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Relief International” ва “Наҷоти кӯдакон” кор кардаст. Ӯ писарашро бегуноҳ ва иттиҳомоти эълоншуда алайҳи  ӯро беасос медонад. Ин модари тоҷик аз ҳукумати Лаҳистон хоҳиш карда, ки додгоҳи одилона баргузор кунанд, то писараш ба Тоҷикистон истирдод нашавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати истирдод ӯро дар Тҷоикистон ҳабси тӯлонӣ, шиканҷа ва ҳатто марг таҳдид мекунад.

Анвар Деркач, раиси Созмони “Рука и Допомоги+”-и Украина

Анвар Деркач аз қавли Потр Сура, вакили дифои ин шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон гуфт, ки додгҳи шаҳри Пшемишл ҳукми истирдоди ин ҷавони тоҷикро таъйид кард ва ба шаҳодати Анвар Дарчек гӯш надод ва инчунин ҳукми Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо барои манъи истирдоди таҳти ҳимояи ӯ аз Украинаро ба эътибор нагирифт ва гуфт ҳамаи ин ҳукмҳо ва далелҳо марбут ба ҳузури маҳкумшаванда дар Украина мебошад ва мо тибқи шавоҳид ва далелҳои худ тасмим мегирем.
Ҷаноби Деркач аз он нигаронӣ дорад, ки додгоҳ бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикситон ва саркӯбҳои ахир дар Бадахшонро нодида мегирад. “Барои пешгирӣ аз истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба Додгоҳи Ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурд,- мегӯяд ӯ.

Ёдовар мешвем, ки ин боре аввал нест, ки кишварҳои аврупоӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро истирдод мекунанд, пештар додгоҳе дар Утриш Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон истирдод карда буд ва ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Дидбони ҳуқуқи башар: Толибон дар Панҷшер ҷиноёти ҷангӣ содир карданд

0

Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки Толибон дар як моҳи ахир дар вилояти Панҷшери Афғонистон муртакиби “ҷинояти ҷангӣ” шудаанд.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар гузорише гуфтааст, ки нерӯҳои Толибон дар вилояти Панҷшер, дар шимоли Кобул, сокинонро ба иртибот бо “Ҷабҳаи Муқовимат” муттаҳам карда, сипас ғайриқонунӣ боздошт ва шиканҷа кардаанд.

Ин созмон дар гузориши худ гуфтааст, ки даргириҳо дар вилояти Панҷшер аз нимаи моҳи май, замоне, ки нерӯҳои муқовимат ба посгоҳҳои Толибон ҳамла карданд, шиддат гирифтааст.

Бар асоси ин гузориш, Толибон бо ҷобаҷогузории ҳазорон ҷангҷӯ ба ҳамлаҳои “Ҷабҳаи Муқовимат” вокуниш нишон дода, амалиёти ҷустуҷӯиро барои ҳадаф қарор додани афроде, ки иддао мекунанд бо “Ҷабҳаи Муқовимат” дар иртибот ҳастанд, анҷом додаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Толибон дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ “ҷиноятҳои ҷангӣ” содир кардаанд.

Пас аз суқути давлати Афғонистон ба дасти Толибон дар 15-уми августи соли 2021 вилояти Панҷшер охирин минтақае дар Афғонистон буд, ки ба дасти ин гурӯҳ суқут кард ва аз оғози баҳори имсол то кунун борҳо дар ин минтақа даргириҳои шадид байни нерӯҳои зиддитолибонӣ бо сарбозони Амороти исломӣ рух додааст.

Талаби яхдон дар зиндони нав

0

Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз пайвандони зиндониҳо хостааст, ки барои нигаҳдории хӯрокҳои зудвайроншаванда ба зиндон яхдон биоранд.

Акс аз саҳфаи фейсбукии Хосият Ёрова

10-уми июни соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе аз назди бинои зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат нашр шуд, ки дар он дида мешад, наздикону пайвандони зиндониёни кишвар бо ҳузури кӯдакон зери офтоби сӯзон интизори дохил шудан ба назди зиндониён мебошанд.

Пеш аз ин ҳам дар моҳи августи соли 2021 Аздо тв хабар дода буд, ки зарфи беш аз ду ҳафтае, ки маҳбусон ба зиндони нав интиқол ёфтаанд, аз оддитарин шароити будубош дар зиндон маҳрум ҳастанд. Онҳо на оби тозаи ошомиданӣ доранд ва на хӯроки маъмулие, ки шикамашонро сер кунанд.

Шуҳрати Раҳматулло, писари зиндонии сиёсии тоҷик Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар ин зиндон нигаҳдорӣ мешавад, мепурсад, дар гузашта “он яхдонҳое, ки аз тарафи ташкилоти хоричӣ кумак карданд, куҷо шуданд?”

Он замон ҳам пайвадони маҳсубонро маҷбур мекарданд, ки қариб тамоми лавозимоти заруриро барои онҳо муҳайё кунанд. Инак бо гузашти қариб як сол ҳамоно масъулини зиндон аз наздикону пайвандони зиндониён мехоҳанд, ки аз коғази ҳоҷатхона то яхдону “кондиционер” зиндонро таъмин кунанд.  

Гуфта мешавад, тибқи талаботи қонунгузорӣ ва риояи сохтмони биноҳои дорои хусусияти ҷамъиятӣ бояд ки барои зоирон ва корафтодаҳо шароити мусоид барои интизор шудан фароҳам оварда шавад, аммо дар ин акс дида мешавад, то кунун дар назди ин зиндони нав на маконе махсус барои пазироӣ аз меҳмонону корафтодаҳо сохта шудааст ва на ҷое барои муваққатан нигоҳ доштани дастовез (дачка) ва озуқаворие, ки мардум мехоҳанд ба зиндониён бирасонанд.

Президент домодашро аз вазифааш барканор кард

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ барканор кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент ин фармон рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ ба имзо расида, дар он гуфта мешавад, ки “Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад”.

Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар гузашта дар мақомҳои гуногуни ҳукуматӣ кор кардааст, 4-уми майи соли 2015 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси БМТ таъйин гардида буд.

То ҳол маълум нест, ки Нуралиев баъд аз барканорияш ба кадом вазифа таъин мегардад. Аммо мешавад ҳадс зад, ки бо доштани падарарусе ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ӯ ба яке аз вазифаҳои калидии дигаре дар ҳукумат ба кор хоҳад рафт.

Ҷамолиддин Нуралиев 44 сол дошта, шавҳари раҳбари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи Анқара

0

Сафири Тоҷикистон дар Туркия барои фароҳамсозии пешзаминаи сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ректори Донишгоҳи Анқара мулоқот кардааст?

8-уми июни соли 2022, Ашрафҷон Гулов, домоди Президенти Тоҷикистон ва сафири кишварамон дар Тукрия бо ректори Донишгоҳи Анқара профессор, доктор Неҷдет Унувар дидор кард.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо оид ба масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаи мазкур, алалхсус вазъи таҳсил ва шароити зисти онҳо, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, мубодилаи афкор намуданд.”

Пеш аз ин дар даҳаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ ҷаноби Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср низ бо ректори Донишгоҳи Қоҳира мулоқот карда буд, сипас ҳамагӣ баъди камтар аз як ҳафта ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳира ва боздид аз ин донишгоҳ ба вай унвони доктори ифтихорӣ дода буд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, Президент Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад бо сафари расмӣ ба Туркия биравад, локин то ҳол шароит пурра фароҳам нашудааст. Сафир ва дигарон ба талошҳои худ идома медиҳанд, то дастовардҳои ин сафари эҳтимолӣ хеле хуб бошад.

Эмомалӣ Раҳмон бори ахир дар 18-уми декбари соли 2012 вақте Абдулло Гул, президенти Туркия буд бо сафари расмӣ озими Анқара шуда буд ва ҳар чанд дар муддати раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон зоҳиран муносиботи ҳар ду кишвар нисбат ба Эрон ва кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ хуб буд, вале дар 10 соли ахир расман ба Туркия нарафтааст.

Парвозҳои мутсақим байни Теҳрону Душанбе дубора барқарор мешаванд

0

Парвозҳои мустақим дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон пас аз танаффуси дусола, ки бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз рӯзи 13-уми июн дубора барқарор мешаванд.

Хабаргузории “IRNA” дар истинод ба вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии исломии Эрон Рустам Қосимӣ хабар дод, ки рӯзи парвози нахустин дар ин масир дар ҷараёни сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ба мувофиқа расида, ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад.

Рустам Қосимӣ гуфтааст, ки мувофиқи тавофуқ теъдоди парвозҳо оҳиста-оҳиста то чаҳор парвоз дар як ҳафта расонда мешавад.

Пештар дар бораи азсаргирии парвозҳо бо Эрон, Азия-Плюс дар истинод ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дода буд. Дар хабар гуфта мешуд, ки парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Теҳрон тавассути ҳавопаймоҳои “Iran Air” анҷом дода мешавад ва дар сурати имкониат ширкати “Сомон Эйр” ҳам дар ин масир парвозҳо анҷом хоҳад дод.

Тоҷикистон тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Ду голи Шервон Мабатшоев, голи Манучеҳр Ҷалилов ва голи Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” пирӯзӣ овард.

Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” тими миллии Қирғизистон дастаи мунтахаби футболи Сингапурро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Бо анҷоми даври аввали бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” Тоҷикистон дар ҷойи якум ва Қирғизистон дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Тоҷикистон дар ду бозии дигари худ 11-уми июн бо мунтахаби Сингапур ва 14-уми июн бо дастаи мизбон – Қирғизистон – бозӣ хоҳад кард.

Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста, аз ҷумла шаш дастае, ки ғолиби гурӯҳҳоянд ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтар дар ҷойҳои дувум қарор доранд, роҳ меёбанд.

Қирғизистон ба Тоҷикистон 66 ҳазор доллар кумаки башардӯстона кардааст

0

Ҷумҳурии Қирғизистон давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон то 66 ҳазор доллари амрикоӣ кумаки башардӯстона расондааст.

“Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон хабар дод, ки дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ (январ-апрели соли 2022) аз 50 кишвари дунё ба маблағи 66 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 баробар бештар аст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми бузурги ин кумакҳои башардӯстонаи ба Тоҷикистон тақдимшуда 43,7% саҳми ИМА ва 30% саҳми кишвари Чин аст. Ҳамчунин Ҷопон (6,1%), Ҳинд (4,1%), Шветсия (3,4%), Узбекистон (2,3%), Русия (2,2%) низ саҳми дар ин кумакҳо саҳм доранд.

Ба иттилои Агентии омори кишвар, саҳми Қирғизистон дар кумак ба Тоҷикистон аз ҳаҷми умумии кумакҳо 0,1% буда, ки он ҳудуди 66 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Аммо маълум нест, кумакҳои кишрвари ҳамсоя ба Тоҷикистон аз чӣ иборат буд ва дар куҷо масраф шуд. Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба намояндагони ВАО ва сокинони кишвар дар бораи тақсими кумакҳои башардӯстона маълумот намедиҳанд, ҳарчанд ин маълумот сирри давлатӣ ҳам набошад, вале мақомоти кишвар тақсимоти кумакҳои хориҷиро ба андозаи он ҳифз мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки баъди даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи майи соли 2021 Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон ба таври якҷониба баста буд. То ҳол марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста аст ва аз даргириҳои мусаллаҳона байни марзбонон, ки ҳатто ба кушта шудани онҳо меанҷомад тақрибан ҳар моҳе гузориш мешавад.

Изҳороти чор расонаи ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумат

0

Ду расонаи ҳукуматӣ ва ду расонаи наздик ба ҳукумат, ки ҳамроҳ бо созмонҳои журналистӣ пештар аз Далери Имомал ҳимоят карда буданд, бо нашри як изҳорот аз иқдоми худ қафокашиданд.

8-уми июни соли 2022 сардабирони рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, “Минбари халқ”, нашрияи расмии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “СССР” бо нашри як изҳорот гуфтаанд: “Дар баёния чанд масъала ва бархӯрдҳои дигаре низ оварда шудаанд, ки аслан мо аз тафсилоти онҳо хабар надорем ва зери он имзо нагузоштаем. Изҳорот бояд бо ному насаби мо, на бо унвони расонаҳое, ки дар он фаъолият дорем, мерафт.”

Сарони ин чор нашрия, ки иборатанд аз Самариддин Асозода, Бахтиёр Ҳамдамов, Шарифи Ҳамдампур, Сайёфи Мизроб, лату кӯби журналист ва блогери тоҷик Далери Имомалӣро тавассути кормандони мақомот зери суол бурда, гуфтаанд: “Ӯ, агар мавриди озору шиканҷа қарор гирифта бошад, итминон дорем, ки қонунгузор марҳилаи расмӣ ва ошкори ҳаллу фасли онро пешниҳод менамояд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд.”

Аммо аз сӯи дигар онҳо дар ин изҳороти худ то ҷое худи журналистони “ҷабрдида”-ро дар мисоли Далери Имомалӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ, Анушервон Орипов, Рамзия Мирзобекова ва Насим Исамовро “гунаҳкор” ҳисобида, таъкид ҳам кардаанд, ки “Агар ҳар як журналист, новобаста аз мансубияташ ба кадом як расона, берун аз доираи Қонун амал кунад, бояд ҳатман ошкоро ва бехотирбинӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.”

Гуфта мешавад, 6-июни соли ҷорӣ 10 созмони рӯзноманигорӣ ва расонаҳои муқими Душанбе бо интишори як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки бар асоси талаботи қонунгузории кишвар ҳамагуна таҳдиду фишорҳо алайҳи журналистонро хотима бахшида, омилони лату кӯби рӯзноманигоронро боздошт ва ба панҷаи қонун бисупоранд.

Баёнияи созмонҳо ва расонаҳои муқими Душанбе аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ истиқбол шуд, аммо ин изҳороти қафогардии сарони рӯзномаи “Садои мардум”, “Минбари халқ”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва “СССР” бо вокуниши хеле тунд рӯбарӯ шудааст.

Кумаки 17 млн евроии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

0

Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои беҳбуди системаи обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 17 миллион евро гранту қарз ҷудо мекунанд.

Ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳае ИА 8,4 млн евро грант ва БАТР 8,3 млн евро қарз ба Тоҷикистон медиҳанд.

Лоиҳа имрӯз, 8-уми июн аз ҷониби хонум Марета Ягер, муовини директори генералии Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо ва ҷаноби Марк Боуман, ноиби президенти БАТР ба имзо мерасад.

Гуфта мешавад, ки тибқи ин лоиҳа беҳтар кардани хадамоти обтаъминкунӣ ва канализатсия, харид ва насби ҳисобкунакҳо, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва ғайраҳо дар шаҳри Кӯлоб дар назар аст.