Хона блог саҳифа 468

ПМТ: қатлу террорҳо дар ВМКБ-ро маҳкум кард

0

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния қатлу кушториҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро “баробар ба наслкушии қавмӣ” донистааст.

Дар ин баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), ки 15-уми июни соли 2022 дар саҳфаи фейсбукии ин эътилофи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд, таъкид шуда, ки “аз ҳукумат қотеъона талаб менамояд, ки дар асраъи вақт нерӯҳои низомиро аз Бадахшон берун бурда, ба саркуби мардуми Бадахшон поён диҳад.”

ПМТ Ҳукумати Тоҷикистонро бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба парокании “тухми кинаву адоват байни ақвом ва ҳисси нафрат байни маҳалҳо” муттаҳам карда, меафзояд: “заминаи нооромиҳо ва бесуботиҳои баъдиро фароҳам меоварад, ки зарараш ба тамоми миллат хоҳад расид.”

Гуфта мешавад, “Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ин саркубгариҳои табъизомез ба фазои бе он ҳам заифи таҳаммулпазирӣ байни мардум ва рӯҳияи якпорчагӣ ва ваҳдати миллат зарбаи ҷиддие хоҳад зад ва баҳои ин рафтори зиёнбори мақомотро танҳо миллати тоҷик пардохт хоҳад кард.”

Русия қасд дорад Толибонро ба расмият бишносад

0

Маскав қасд дорад ба фарқ аз давлатҳои ғарбӣ яке аз нахустин кишварҳое бошад, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон дар бораи вуруди ҳайати Толибон барои ширкат дар нишасти иқтисодии Санкт-Петербург ба ин кишвар хабар додааст.

Замир Кобулов гуфтааст, ки эҳтимол меравад Русия ҳукумати муваққати Толибонро ба расмияти бишносад ва “Маскав дар ин мавзуъ дунболарави тасмими Ғарб ва дигар кишварҳо нахоҳад буд.”

Инчунин Кобулов таъкид кардааст, ки ҳайати Толибон барои хариди маҳсулоти ин кишвар озими Русия шудаанд ва Влдимир Путин ҳам дастур додааст, ки ғалладонагиҳои содиротӣ барои Афғонистонро захира кунанд.

Гуфта мешавад, Русия ва тамоми ҳамсояҳои Афғонистон ба истиснои Тоҷикистон дипломатҳои Толибонро барои кор дар пойтахтҳои худ қабул кадаанд, аммо бо гузашти беш аз 10 моҳ аз замони дубора ба сари қудрат омадани Толибон то кунун ҳеч кишваре ҳукумати муваққати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Боздошти корманди пулиси Тоҷикистон дар Қирғизистон

0

Як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ҳангоми интиқоли беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД-и Қирғизистон хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон зимни як амалиёт гурӯҳи нашъаҷаллобро боздошт кардааст, ки як корманди пулиси Тоҷикистон низ узви он будааст.  

Ба иддаои ВКД-и Қирғизистон ин гурӯҳ ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва Қазоқистон машғул будаанд.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус, ки тӯли як сол давом кард, ҳамаи аъзои ин гурӯҳ аз ҷумла созмондиҳандаи он шаҳрванди Тоҷикистон О.А., соли таваллудаш соли 1960 ва узви гурӯҳ — сержанти калони милитсияи Тоҷикистон И.М., таваллудаш соли 1982 боздошт шудаанд”- омадааст дар хабар.

Аз боздоштшудагон 33 килову 241 грамм маводи нашъаовар мусодира шуда, боздоштшудагонро ба СИЗО-и рақами 1 дар шаҳри Бишкек интиқол додаанд.

Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон аз идомаи тафтишот хабар дода, нагуфтааст, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистонро кай боздошт кардааст.

То ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти кормандашро рад ва ё таъйид накардааст.

Сарбозе, ки ҳамхидматашро парронда буд, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгҳи гарнизонии шаҳри Хуҷанд 5 майи соли ҷорӣ сарбоз Исоев Муҳаммадҷонро дар куштани ҳамхидматаш Қурбонзода К.С бо тири туфанг гунаҳкор дониста, барои 10 сол равонаи зиндон кард.

Акс аз манбаъҳои озод

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, додгоҳи мазкур дар ин ҷиноят ҳамчунин Довутиев Фарҳод, сардори наряди сарҳадии гурӯҳи кофтуковӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадзии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадиро барои хунукназарӣ гунаҳкор дониста, мутобиқи моддаи 392 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро низ барои 1 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Гуфта мешавад, 16 январи соли 2022 посбони наряди сарҳадӣ сарбози қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш тамғаи АК-74 бе ягон сабаб қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ҳамхизматаш Қурбонзода К.С.-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Мақомот аз рӯи ин ҳодиса нисбати капитан Довутиев Ф.С., бо моддаи 392 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати сарбози қаторӣ Исоев М. Ш. бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Боздошту бозпурсии Далери Имомалӣ дар ноҳияи Айнӣ

0

Рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ дар ноҳияи Айнӣ тавассути кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шудааст.

Субҳи имрӯз, 15-уми июни соли 2022 журналист ва блогери тоҷик, ки мехост барои таҳияи филме ба ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд сафар кунад, дар роҳ дар ноҳияи Айнӣ боздошт шудааст.

Рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар бораи сабабҳои ин боздошт тафсилоти зиёде надода, вале танҳо дар саҳфаи фейсбукиаш хабар додааст: “Агар бо ман чизе шуд ман дар милитсияи н. Айнӣ. Мехостам Конибодом сабти филм равам.”

Ин бори аввал нест, ки ин блогери шинохтаи тоҷик тавассути мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишвар барои чанд соат боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор мегирад.

Чанд рӯзе пеш низ тавассути кормандони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Дар он вақт гуфта мешуд, ки яке аз прокурорҳои ин ноҳия, ки писари вазири адлияи Тоҷикистон ва домоди раиси Суди олӣ аст, бо раво доштани зӯргӯӣ ва хушунат ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задааст.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то замони таҳияи ин хабар сабабҳои ин боздошту бозпурсиҳои Далери Имомалиро шарҳ надодааст, вале ин дафъа низ мисли боздошту бозпурсиҳои қаблӣ хабари боздошту бозпурсии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифи корбарон рӯбарӯ шудааст.

Уфти 25% содироти маҳсулот дар Тоҷикистон

0

Дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 2 миллиарду 735,9 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 % ё 115,1 миллион доллар бештар шудааст.

Дар моҳҳои январ майи соли 2022 Тоҷикситон ба маблағи 848,2 миллион доллар ба дигар кишварҳо маҳсулот содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 25% ё 283,3 миллион доллар камтар мебошад.

Аммо воридоти маҳсулот 26,7 дарсад ё 398,4 миллион доллар афзуда, 1 миллиарду 887,7 миллион долларро ташкил додааст.

Дар ин давра шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон, Русия – 611,3 миллион доллар, Қазоқистон – 544,6 миллион доллар ва Чин – 550 миллион доллар будаанд.

Муроҷиати ҳаҷвнигори шинохта Бахтиёр Раҳимов ба мардум

0

Ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар Бахтиёр Раҳимов бо нашри як муроҷиатнома аз мардум ва ба хусус онҳое, ки “дасти хайр доранд”, дархости кумак кардааст.

Акс аз навори муроҷиати расмии Бахтиёр Раҳимов

Раҳбари гурӯҳи ширинкорони шинохтаи тоҷик “Ғарибшо копания” Бахтиёр Раҳимов дар як муроҷиатномаи видеоии худ аз мардум кумак хоста, мегӯяд, ки ” 30 сол сабр кардам, з0 сол шуд иҷора мешинам, акнун мушкилоти манзилие, ки дорам ба қароре омадам, ки барои ҳал кардани мушкили худ ба шумо муроҷиат кунам.”

Ин ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик дар муроҷиаташ аз чанд нафар, аз ҷумла аз набераи Президенти Тоҷикистон Исмоили Муҳаммадзоҳир, Раҳим Ғармӣ ва Маҳмудҷон Муродов ном мебарад, ки дар ин мушкилияш ба ӯ ёрӣ кунанд.

Бахтиёр Раҳимов мегӯяд, аз соли 1993 то ҳол сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Вай дар хобгоҳи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки Вазорати фарҳанг ба кормандонаш медиҳад, тибқи қонун зиндагӣ мекард. Аммо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба воситаи тӯфанг ӯро аз он ҷо ихроҷ карданд.

Раҳбари гурӯҳи “Ғарбишо компания” таъкид мекунад, ки дар суроғае, ки тибқи қонун ӯ бояд зиндагӣ кунад, дар ҳоли ҳозир қариб 12 нафари дигар сукунат доранд ва ба ин хотир ӯ маҷбур шудааст, ки онҷоро тарк карда, дар ҷои дигаре иҷоранишин шавад.

Ин ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар, ки аз замони сари қудрати омадани Эмомалӣ Раҳмон то ҳол ба муддати наздик ба 30 сол дар хидмати ҳукумат ва мардум қарор дорад, то ҳол натавониста соҳиби хонаи шахсӣ шавад ва акнун аз набераи Президенти Тоҷикистон дархости кумак кардааст.

Баъзе доираҳо муроҷиати Бахтиёр Раҳимовро чунин маънидод мекунанд, ки ин ҳунарманд ду паёми асосиро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд, яке ин ки дар давлате, ки раҳбариаш 30 сол шуд дар дасти як нафар ва як хонавода аст, як эҷодкор дар хонаи қонуниаш зиндагӣ карда наметавонад ва дигар ин ки бо маоши моҳонае, ки ҳукумати Раҳмон ба кормандони фарҳанг медиҳад, дар 30 сол касе соҳиби хона намешавад.

Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистонро маҳкум кард

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо судури як изҳорот ҳамлаи субҳи 14-уми июни Қирғизистон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и ҷамоати Ворухи Исфараро маҳкум кард.

Асри 14-уми июни 2022, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳамлаи субҳи дирӯзро “амали таҷовузкоронаи беасос” хонда гуфтааст,”командири дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол гардид. Айни замон вазъи саломатии ӯ аз ҳад вазнин арзёбӣ мегардад.”

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурта гирифта, “соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гурӯҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд.”

Вазорати корҳои хориҷии кишварамон дар ҳоле аз захмӣ шудани командири дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” иттилоъ медиҳад, ки дирӯз расонаҳои Тоҷикистон аз кушта шудани як сарбози 26-солаи нирӯҳои марзбонӣ хабар дода буданд.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, “Тоҷикистон амалҳоии иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад.”

Тоҷикистон бори аввал ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Петр Сегрти хорватӣ, дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қирғизистон бозиро мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кард.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек дар ҳузури беш аз 17 ҳазор тамошобин баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон дар умум ҳафт холӣ ба даст оварда, мақоми якум ва дувумро дар гурӯҳи “F” касб карданд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон қаблан дар ду бозии аввал бар тимҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) пирӯз шуда буда, дар ин 3 бозӣ ягон гол ба дарвозаи футболбозони тоҷик зада нашудааст.

Инчунин футболбози тоҷик Шервон Мабатшоев бо задани 3 гол дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар миёни беҳтарин голзанҳо қарор дорад.

Гуфта мешавад, новобаста аз натиҷаи бозии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълум шуда буд, ки футболбозони тоҷик ба Ҷоми Осиё 2023 роҳ ёфта буданд.

Ин баъди он маълум гардид, ки дар гурӯҳи “В” мунтахаби Филиппин аз дастаи Фаластин бо ҳисоби калони 4:0 шикаст хӯрд.

Тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои аввалин бор дар таърихи худ ба финали Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад, роҳхат пайдо кард.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби футболи Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Узбкъекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия ба финали Ҷоми Осиё 2023 роҳ ёфтанд.

Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17-уми октябри соли ҷорӣ қабул мешавад.

Бояд бозиҳои футболи Ҷоми Осиё 2023 дар даҳ шаҳри Чин баргузор мешуд, аммо ин кишвар баргузории онро ба хотири ҳолати эпидемологӣ рад кард.

Қабули нусхаҳои эътимодномаи 5 сафири нав дар Тоҷикистон

0

Тайи ду рӯзи ахир 5 сафири ҷадид дар Тоҷикистон насхаҳои эътимодномаи худро ба муовинони Вазири корҳои хориҷии кишвар тақдим карданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзҳои 13 ва 14-уми июни соли 2022 Музаффар Ҳусейнзода ва Фарҳод Салим, муовинони Вазири корҳои хориҷии кишварамон нусхаҳои эътимодномаи сафирони навтаъйини Фавқулода ва Мухтори 5 кишварро қабул кардааст.

Фарҳод Салим, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ва нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чачаван Сакорнсинро қабул кард.

13-уми июни соли ҷорӣ низ “муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Олинто Виейро қабул кард.”

Инчунин  имрӯз, 14 июни соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Маҷористон Отто Иван Рона ва нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Подшоҳии Марокаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рашид Маанинуро қабул кард.

Гуфта мешавад, зимни ин мулоқот “ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Маҷористон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули афкор намуданд.”