-0.1 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 47

Тафтиши беш аз 1200 муҳоҷир дар Маскав дар як лаҳза

0

Мақомоти қудратӣ ва интизомии Русия дар шаҳри Маскав бо баҳонаи ошкор кардани қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират рейдҳои густарда гузарониданд.

Дар яке аз ин рейдҳо, ки 2-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор шуд, кормандони Кумитаи тафтишотӣ, ВКД, ФСБ ва Росгвардия дар як хостел беш аз 1200 нафарро тафтиш ва 60 шаҳрванди хориҷиро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштанд, ошкор кардаанд.

Инчунин 19 нафареро, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт карда будаанд, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Дар як наворе, ки ҷараёни ин рейд сабт шуда ва дар шабакаҳо нашр шудааст, дида мешавад, ки ҳама муҳоҷиронро дар беруни хобгоҳ ҷамъ карда, кормандони мақомот дар баробари ҳуҷҷат аз онҳо сатҳи донистани забони русияшонро месанҷанд ва ҳар нафаре, ки русиро намедонад ба автобусҳо савор мекунанд.

Худи ҳамон рӯз мақомоти рус дар як бинои бисёрошёнаи дигар дар кӯчаи Наро-Фоминскаяи Маскав низ рейд гузаронида, 300 муҳоҷири дигарро дастгир кардаанд ва онҳоро барои риояи қонунҳои муҳоҷират ва эҳтимоли алоқамандӣ ба ҷиноятҳо месанҷанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар ин бино хостел ҷойгир буда, он ба оилаи Радики 17-сола, ки дар марги футболбози 20-солаи дастаи “Русская община Щёлково” Арсений Ерошевич гумонбар мебошад, таалуқ доштааст. Арсенийи 20-сола миёнаҳои моҳи август дар натиҷаи як занозании гурӯҳӣ, ки дар он муҳоҷирон низ ширкат доштаанд, дар бемористон бистарӣ шуда буд. Агарчи гумонбар Радик ҳамроҳи оилааш ба Исроил фирор кардааст, мақомоти рус 3 нафари дигар аз иштирокчиёни ин занозаниро боздошт кард.

Гуфта мешавад, рӯзи 3-уми сентябри соли ҷорӣ, амалиётҳои монанд дар Шёлково дар хостели “Шёлковый путь” ва чойхонаи “Самарқанд” низ, ки ба падари Радик тааллуқ доранд, гузаронида шудааст. Дар ин рейдҳо нерӯҳои ОМОН иштирок карда, шумораи зиёди хориҷиёнро аз биноҳо берун баровардаанд. Тақдири ин муҳоҷирон то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, рейдҳои монанд дар дигар минтақаҳои Русия низ идома дорад.

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосияш муҳоҷирони тоҷик мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо рейд гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд.

Ба гуфтаи худи муҳоҷирон, мақомоти интизомии Русия асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд ва ё муҳоҷирони бешаҳрвандиро иҷборӣ ба ҷанг мебаранд.

Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Бо вуҷуди норасоии қувваи корӣ дар Русия, ки мақомот ва коршиносон аз нарасидани 2-2,2 миллион корманд мегӯянд, шумори ихроҷи муҳоҷирон низ аз ин кишвар бештар шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳар гоҳ дар дохили Русия мушкилоте пайдо шавад, мақомот фазои муҳоҷирбадбиниро ба вуҷуд меоранд, то таваҷҷуҳи шаҳрвандонро аз мушкилоти асосӣ дигар тараф равона кунанд ва маҳз ҳодисаи “Крокус” ба мақомот ин имконро фароҳам овардааст.

Конор Макгрегор президенти Ирландия мешавад?

0

Машҳуртарин варзишгари ирландӣ ва ситораи UFC – Конор Макгрегор эълон карда, ки дар интихоботи президентии Ирландия номзадияшро пешбарӣ мекунад.

Ин варзишгари шинохта рӯзи 4-уми сентябр дар паёме ба ҷонибдоронаш дар Дублин изҳор намуд, ки “вақти тағйирот фаро расидааст” ва мардумро даъват кард, то барои номзадии ӯ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кунанд.

Бар асоси қонунҳои Ирландия, шахсе мехоҳад номзад ба президентӣ шавад, бояд дастгирии ҳадди ақал 20 вакили парлумон ё 4 шӯрои маҳаллиро ба даст орад. Макгрегор иддао дорад, ки пуштибонии мардумро соҳиб шудааст, вале то ҳол аз ҷониби мақомоти расмӣ тасдиқ нагардид. Вале ин тасмими Макгрегор баҳсу танқидҳои зиёдеро дар дохили кишвараш ба бор овардааст.

Қарор аст, 24-уми октябри соли ҷорӣ дар Ирландия нтихоботи президентӣ баргузор шавад. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди номазадҳо барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ то 24-уми сентябри соли 2025 муқаррар шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ин варзишгар барои ширкат дар интихобот сабти ном мешавад ё на.

Ёдовар мешавем, ки Конор Макгрегор баъд аз мусобиқаи пуршӯр бо Ҳабиб Нурмагомедови доғистонӣ, ки дар он шикаст хӯрд, ба шуҳрати ҷаҳонӣ расид.

Омори қурбониёни заминларзаи Афғонистон аз 2200 гузашт

0

Мақомоти Толибон дар гузориши ҷадиде омори ҳалокшудагони заминларзаи Афғонистонро 2205 нафар эълон карданд.

Ба иттилои ниҳодҳои расмии Толибон, заминларзаи вилояти Кунар ва атрофи он 6700 хонаро пурра хароб карда, 3640 нафар захмҳои гуногун бардоштаанд.

Бар пояи маълумоти созмони хайрияи бритониёии Islamic Relief Worldwide, 98 дарсади хонаҳо дар шаҳру навоҳие, ки заминларза рух додааст, ё ба таври комил вайрон шуда ва ё осеби ҷиддӣ дидаанд.

Ҳамзамон созмони Салиби Сурхи Афғонистон мегӯяд, ки беш аз аз 84 ҳазор нафар ба таври мустақим ва ғайримустақим дар ин фоҷеа зарар дидаанд. Ин созмон вазъияти инсонӣ дар манотиқи зилзилазадаи ин кишварро “вахим” арзёбӣ карда, аз бад шудани авзоъ нигаронӣ намудааст. Инчунин аз камбуди шадиди маводи ғизоӣ, дору ва сарпаноҳ ин созмон ҳушдор додааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маркази зилзиласанҷии Аврупо шоми панҷшанбе хабар дод, ки 4-уми сентябр соати 20:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ бори дигар Афғонистонро як заминларзаи сахте бо шиддати 6,2 дараҷаи Рихтер такон дод. Гуфта мешавад, маркази ин заминларза дар умқи 10-километрии замин ва 14 километр дуртар аз маркази шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор рух додааст.

То ҳанӯз мақомоти Толибон дар маврид хисороти ҷонӣб ва моддии заминларзаи рӯзи гузашта маълумоте ироа накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби якшанбе, 31-уми августи соли ҷорӣ заминларзаи маргборе бо шиддати 6 дараҷаи Рихтер вилояти Кунар, Нангарҳор ва қисматҳое аз шақи Афғонистонро такон дод, ки дар пайи он беш аз 2200 нафра ҷони худро аз даст дод.

Ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо, заминларзаи аввал соати 23:17 шаби якшанбеи гузашта вилояти Кунар ва шаҳру навоҳии гирду атрофи онро ларзонд. Бар асоси иттилои ин пойгоҳ, шиддати заминларза 6 дараҷаи Рихтерро ташкил дода, маркази он дар 25-километрии шаҳри Саъдобод – маркази вилояти Кунар рух додааст.

Гуфта мешавад, пас аз омодани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон, аз соли 2021 то кунун ҳамасола чандин маротиба заминларзаҳои шадиде дар кишвар рух додааст, ки 3-тои онро маргбортарин заминларзаҳо унвон мекунанд. Ба иттилои расонаҳо, соли 2021 дар ин кишвар дасти кам 1 заминларза, соли 2022 – 6, соли 2023 – 7, соли 2024 – 5 ва соли 2025 то кунун дасти кам 6 маротиба заминларзаҳо сабт шудааст, ки кушта ва захмиёни ин ҳамаро бештар аз 10 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд.

Ҳамкории ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

0

Рӯзи 4-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии формати С5+1 — сохтори ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати намояндагони сатҳи баланди вазоратҳои корҳои хориҷии минтақа ва Департаменти давлатии ИМА доир гардид, масоили муҳими сиёсӣ ва иқтисодии ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.

Мавзуъҳои меҳварии ҷаласа таҷлили 10-солагии ташаббуси С5+1, таҳкими дипломатияи иқтисодӣ, фаъолсозии Форуми В5+1 барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти канданиҳои фоиданок буд. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо фаъолияти гурӯҳҳои кории Котиботро низ мавриди арзёбӣ қарор дода, барои ҳамоҳангсозии бештари барномаҳои муштарак ибрози омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли ҷашнии С5+1 (2025) рӯйдодҳои муҳиме дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ шаванд, ки ба тавсеаи ҳамкории амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мусоидат хоҳанд кард.

Нигаронии амиқи HRW аз муносибати бади мақомоти тоҷик бо зодагони Бадахшон

0

Дидбони Ҳукуқи Башар (HRW) аз мақомоти Тоҷикистон таҳқиқи фаврӣ ва беғаразонаи марги панҷ зодаи Бадахшонро, ки дар соли 2025 дар маҳбасҳои кишвар фавтидаанд, талаб кардааст.

Дар изҳороти HRW, ки 3-уми сентябри соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, бархе аз ин зиндониёни сиёсӣ пас аз радди кумаки тиббӣ фавтидаанд ва дар бораи марги Боғшо Иматшоев, ки ҳанӯз моҳи феврал даргузашта буд, маълумот танҳо охири августи соли 2025 ифшо шуд.

Гуфта мешавад, Қулмамад Паллаеви 50-сола, фаъоли маданӣ аз Рӯшон моҳи январ, Боғшо Имматшоеви 67-сола моҳи феврал, Аслан Гулобови 35-сола аз Хоруғ моҳи июн, Музаффар Давлатмирови 61-сола як рӯҳонии шинохта аз Хоруғ дар моҳи июн ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола моҳи июли имсол дар зиндонҳои кишвар фавтида буданд.

Сийнат Султаналиева, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар HRW дар ин маврид мегӯяд: “Марги панҷ зиндонии помирӣ дар чанд моҳ суолҳои ҷиддиро дар бораи муносибат бо зиндониёни сиёсӣ ва вазъи маҳбасҳо дар Тоҷикистон бармеангезад. Мақомот бояд сабаби марги онҳоро фавран ва шаффоф таҳқиқ кунанд ва ба хонаводаҳояшон рӯшан шарҳ бидиҳанд.”

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки тибқи Принсипҳои СММ дар маврид пешгирӣ аз қатлҳои худсарона, ҳар гуна марги шубҳанок дар маҳбас бояд бо даққат, фаврият ва беғаразона таҳқиқ шавад. Хонаводаҳои фавтидагон бояд аз раванди тафтишот огоҳ гашта, ба мурофиаҳои додгоҳӣ ва маълумоти парванда дастрасӣ ва ҳаққи пешниҳоди далелҳои дигарро низ дошта бошанд.

Инчунин HRW аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки ба саркӯбу шиканҷаи мардуми помирӣ бояд фавран поён диҳаду тамоми помириҳои худсарона боздоштшударо раҳо кунад. Онҳоро аз табобат маҳрум насозад ва ҳуқуқи фарҳангиву забониашонро барқарор кунад. Ва дар изҳорот гуфта шудааст, ки вокуниши байналмилалӣ ба буҳрони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нисбатан хомӯшона будаву ҳукуматҳо бояд дар баробари ин нақзи бади ҳуқуқи инсон набояд сокит бимонанд.

Пештар аз HRW 8 созмони ҳуқуқи башарӣ дар изҳороте аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо ва марги чанд тани онҳо дар зиндонҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда буданд. 

Ин созмонҳо гуфта буданд, ки шароити номусоиди зиндонҳо, набудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва марги зиндониён дар боздоштгоҳҳо мушкили системавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Инчунин аз давлатҳои ҳамсоя ва Русия хоста буданд, ки дар таъқибҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накунанд ва аз кишварҳои ҳомии ҳуқуқ талаб карданд, ки алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

Ҳар рӯз 30 сомонӣ: харҷи нави маҷбурӣ барои ронандагони микроавтобусҳо

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо атрофи иқдоми нав — муҷбур кардани ронандагони микроавтобусҳо ба истифодаи дастгоҳҳои пардохти ғайринақдӣ (POS-терминалҳо) шиддат гирифтааст.

Корбари фейсбук бо номи Али Ализод ин тасмимро “зарбаи сахт ба кори ронандагон” унвон карда, гуфтааст, ки аз ронандагон талаб мешавад аз ҳисоби шахсии худ POS-терминалҳоро бо нархи 2800 сомонӣ харидорӣ намоянд ва ҳар моҳ 900 сомонӣ барои хидматрасонӣ пардохт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин “навоварӣ” на танҳо ронандагонро зери фишор мегузорад, балки барои мусофирон низ нооромиву нороҳатиҳо меорад.

Дар ҳамин замина, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси дигаре низ сабт шудааст: як мусофир ҳангоми сафар ба ронанда шикоят кардааст, ки ӯро маҷбур карданд роҳкиро танҳо бо пули нақд супорад, дар ҳоле ки мусофир талаб дошт, ғайринақдӣ пардохт кунад.

Мутахассисон мегӯянд, ки барои ҷорӣ кардани чунин иқдом бояд имкониятҳои техникӣ ва шароити воқеии иқтисодии ронандагон ва мусофирон ба назар гирифта шавад, вагарна чунин навоварӣ метавонад ба ҷойи осон кардани равуои мардум, мушкилоти нав эҷод кунад.

Қарор аст, то миёнаҳои моҳи сентябр ҳамаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ (микроавтобусҳо) дар шаҳри Душанбе ба пардохти ғайринакдӣ гузаранд ва дар дохили мошинҳои худ дастгоҳҳои пардохти ғайринақдӣ (POS-терминалҳо ё валидаторҳо) насб кунанд.

СММ: 2 ҳазор аз аҳолии Ғазза дар назди марказҳои тақсими ғизо кушта шуданд

0

Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи фоҷиабори Ғазза изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, Исроил танҳо дар назди марказҳои тақсими ғизо наздики 2 ҳазор фаластиниро куштааст.

Масъули вежаи СММ оид ба фақр ва ҳуқуқи инсон Оливе Де Шуттер мегӯяд, барои талоши наҷоти ҷони мардум дар Дайри Балаҳ ва Хон-Юнус аллакай дер шудааст. Чун сат ба соат дар ин минтақаҳо буҳрони гуруснагӣ авҷ мегирад.

Ба гуфтаи ин масъули СММ, Исроил дар минтақаи Зайтун – ҷанубу шарқии Ғазза тамоми хонаҳоро ба хок яксон кардааст. Ҳамин корро низ дар Шуҷоия ва Туффоҳ ҳам анҷом додааст.

Аксҳое, ки баъзе расонаҳо аз моҳвора нашр карданд, ки дида мешавад, ки аксҳои қабл аз моҳи август аз моҳи август хеле фарқ мекунанд, хусусан минтақаҳои Шуҷоия ва Туффоҳ қариб ки аз байн рафтаанд.

Ба иттилои расонаҳо, танҳо дар давоми 24 соати гузашта наздики 90 нафар дар Ғазза ба дасти артиши Исроил кушта шуданд, ки 4 нафарашон дар интизори дарёти ғизо буданд ва 3 нафари дигар ба гуруснагӣ тоқат наоварда, ҷон бохтаанд.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Ғазза, аз 7-уми октябри соли 2023 – оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун 64 ҳазору 231 нафар кушта шуда, 161 ҳазору 583 каси дигар захмӣ шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, омори ҷонбохтагон аз норасоии ғизо то кунун ба 370 нафар расида, ки 131 нафарашонро кӯдакону ноболиғон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Бритониё низ дар изҳороте гуфтанд, ки “мавқеи мо дар бораи ҷанги Ғазза хеле возеҳу ошкор аст. Ин расвогиҳое, ки дар Ғазза рух медиҳад, бояд ҳарчи зудтар хотима ёбад.”

Созмони Милали Муттаҳид, Юнисеф, Салиби Сурх ва чандин созмону кишварҳои дигар вазъи инсониро дар Ғазза фоҷиабор тавсиф карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки барои пешгирӣ аз қатлу кушторҳои бераҳмонаи Исроил дар Ғазза иқдоми фаврӣ кунанд ва болои ҳукумати Натанёҳу фишор биёранд, то гузаргоҳҳоро барои вуруди доруву ғизо боз кунад.

Ҷашни Истиқлол дар Маскав. Чароғи сабзи Путин ба интиқоли қудрат дар Тоҷикистон?

0

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9-уми сентябр ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлол парчами кишвар дар биноҳои баландошёна ва фурӯдгоҳҳои Домодедово ва Внуковои Русия намоиш дода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ин тасмими мақомоти Русияро баёнгари “муносибатҳои неки дипломатӣ байни ду кишвар” арзёбӣ мекунанд. Аммо таҳлилгарони рус инро як тасмими оддӣ ва тасодуфӣ намедонанд, балки, ба гуфтаи онҳо, ин як паёми дипломатие аст, ки дар бораи як воқеаи муҳими торихӣ пешгӯӣ мекунад.

Рӯзномаи русии “Независимая” бо нашри матлабе дар ин бора мегӯяд, намоиш додани парчами Тоҷикистон дар Маскав бедалил нест. Чун ин иқдоми Русия ба таври махсус дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои Қирғизистон (31-уми август) ва Узбекистон (1-уми сентябр) 34-солагии Истиқлоли худро ҷашн гирифтанд, бидуни ин ки парчамҳои онҳо дар шаҳрҳо ва фурӯдгоҳҳои Маскав барафрошта шавад.

Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки 10-уми октябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари роҳбари Русия Владимир Путин ба Душанбе, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кунад, ки кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мепайвандад, ки ин ба марҳалаи наве дар равобити ду кишвар ва ҳамгироии минтақавӣ табдил хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, ИИАО ба манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯ нест. Аммо эҳтимол меравад, дар ин росто бознигарии арзишҳо сурат гирифтааст. Чун дар аввали августи соли ҷорӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфт, ки аз намояндагони Вазорати иқтисод, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон иборат буд. Ба масъулон дастур дода шуда буд, ки вазъиятро бо назардошти ҳолати иқтисоди ҷаҳонӣ, шиддатёбии вазъияти геополитикӣ дар ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна ҳамаҷониба таҳлил кунанд. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода буд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар аз як сӯ, ин иқдом баёнгари тамоюли наздикшавии Тоҷикистон ба Русия дар чорчӯби пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бошад, аз сӯи дигар қазияи интиқоли қудрат аз падар ба писар низ дар роҳ аст.

Тавре медонем, Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар 30-юми майи соли ҷорӣ дар Кремл бо Владимир Путин мулоқот кард. Ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили гуногуни байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмон масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО-ро ҷиддӣ баррасӣ кардааст ва эҳтимол ӯ бар ивази пуштибонии ғайрирасмии роҳбарияти Русия ва таъмини амнияту субот ҳангоми интиқоли қудрат ин тасмимро гирифта бошад.

Суръати интертет дар Тоҷикистон боло меравад?

0

Тоҷикистон мехоҳад бо пайвастшавии мустақим ба шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин суръати интернетро боло ва арзишашро дар кишвар пойин барад.

Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи кишвар, барои амалӣ намудани он ширкати Тоҷиктелеком лоиҳаи кашидани хатти оптикӣ ва симчӯбҳоро то марзи Чин (Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма) рӯйи даст гирифтааст.

Тибқи ин лоиҳа дар марҳилаи аввал то ноҳияи Дарвоз дар масофаи 182 киллометр симчӯбҳои алоҳида насб гардида, дар қитъаҳои дигар ба воситаи симчӯбҳои нерӯи барқ хатти оптикӣ кашида мешавад ва аз моҳи июли соли 2025 то имрӯз 108 киллометри он пайваст карда шудааст.

Ба иттилои Бахтовар Абдусатторов, муовини аввали Директори генералии “Тоҷиктелеком” корҳои пайвастсозӣ то охири соли равон ба маркази ноҳияи Дарвоз расонида шуда, интиқоли интернет аз Душанбе ба Дарвоз шуруъ мешавад.

Марҳилаи дуюм аз аввали соли 2026 шуруъ шуда, дар назар аст, ки то охири сол ба сарҳади Тоҷикистону Чин расонида шавад, яъне сокинон пас аз пайвастшавӣ бояд бо интернети дорои суръати баланду нархи арзон дастрасӣ пайдо кунанд.

Дар ҳоле мақомоти Тоҷикистон аз интернети бо суръати баланду нархи арзон мегӯяд, ки чанд соли охир соҳаи алоқа дар кишвар бо мушкили ҷиддие рӯ ба рӯ гашта буд ва сокинони кишвар аз сифати пасту арзиши гарони он солҳо боз шикоят доранд. Тоҷикистон дар раддабандиҳони ҷаҳонӣ ҳамеша зиннаҳои поёниро дар ин маврид касб мекунад.

Ба назар мерасад, бо иваз шудани раиси Хадамоти алоқа, яъне барканор шудани Бег Сабур, ки дар замони ӯ ин соҳа аз рушд боз монда буд ва бо таъйин шудани Исфандиёри Саъдулло каме ҳам бошад, барои бартараф намудани ин мушкилот корҳои амалие анҷом дода истодаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, пайвастшавии мустақим ба шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин метавонад интернетро тезтар ва арзонтар кунад, вале хавфи назорат ва вобастагӣ меафзояд.

Ришвахорӣ дар ноҳияи Рудакӣ

0

Кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон сармеъмори ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми гирифтани ду миллион сомонӣ ришва боздошт карданд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеи худ аз мақомоти тафтишотӣ ва ҳукумати Рӯдакӣ навишта, ки Рустам Раҳмонзодаи 31-сола аз як соҳибкор барои додани қитъаи замин 200 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Ва соҳибкор, ки номаш дар хабар оварда нашудааст, қасди сохтани хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ин порчаи заминро доштааст.

Ҳоло бар зидди ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Рӯзи боздошти Рустам Раҳмонзода ва назари вакили дифоу наздиконаш дар ин бора маълум нест.

Гуфта мешавад, Раҳмонзода ягона мақомдор аз ноҳияи Рӯдакӣ нест, ки бо иттиҳоми қаллобиву гирифтани ришва дар тақсими замин боздошт мешавад. Ҳадди ақал дар 15 соли ахир номи даҳҳо мақомдор, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо бо гумони фасодкорӣ ҳангоми тақсими замин расонаӣ шуда буд.

Ин ноҳия, ки аз калонтарин ноҳияҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар канори Душанбе ҷойгир буданаш сабаби ҷазби сокинон барои соҳиби замин шудан дар ин ноҳия гаштаву боиси зиёд будани фасодкорӣ дар ин ноҳия шудааст.

Ҳатто раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 зимни суханронияш дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфта буд, “заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст” ва соле баъд, Рустам Акрамзодаро раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин кард, то ба дарди заминфурӯшӣ дар ноҳия даво пайдо кунад.

Аммо соли 2020 Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот маълум карда буд, ки Рустам Акрамзода дар тақсими ғайриқонунии замин низ даст дошта, ба чанд тан аз наздикони худ замин барои бунёди манзили зист додааст ва пас аз нашри ин мақола ӯ аз мансаб барканор шуд.

Ҳоло раиси ин ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор мебошад, ки дар гузашта ба ҳайси муовини аввали Додситону кулли кишвар кор кардааст.

Бояд гуфт, ҳамасола дар манотиқи гуногуни кишвар даҳҳо мақомдор бо иттиҳоми ғайриқонунии хариду фурӯши замин боздошт мешаванд, вале боз ҳам ин раванд идома дорад. Ба гуфтаи коршинсон, заминфурӯшону аснод тартиб медодагиҳо худи мақомот ҳастанд, ки бо гирифтани пора ва ё хешутаборбозӣ заминҳои зиёдеро дар ихтиёри дигарон мегузоранд, вале сокинони ниёзманд дарбадари мақомот барои як тикаи замин мегарданду солҳо навбат мепоянд боз ҳам чизе ҳосилашон намешавад. 

Ва фасоду ришва дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи коршиносон, ин тарзи муомиларо худи ҳамон мансабдор вақти гирифтани мансабаш дидааст, яъне мансабро бо додани пул харидааст ва ӯ низ ин корро идома хоҳад дод. Пас, ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.