Хона блог саҳифа 47

Узви собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара куштанд

0

Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз куштори фоҷиавии узви собиқаш Содиқов Маннони 61-сола, маъруф ба домулло Абдуманнон, сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфара хабар дод.

Бино ба иттилои расмии ҳизб, марҳум тақрибан як ҳафта бедарак буда, ҷасадаи ӯ субҳи имрӯз, 4-майи соли 2026 пайдо гардидааст. Тибқи изҳороти мазкур, домулло Абдуманнон аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткор ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.

Тибқи маълумоти иловагие, ки ба дасти Azda.tv расид, шаби 26 ба 27-уми апрел, тақрибан соати 03:00, марҳум Содиқов Маннон бо даъвати чанд нафар, ки худро миёнарав дар масъалаи озод кардани маҳбусон муаррифӣ кардаанд, аз хона берун рафтааст ва аз ӯ дигар хабаре дастрас нашудааст ва субҳи 4-уми май ҷасади ӯ бо нишонаҳои 11 зарби корд дар канори деҳаи Сурх пайдо гардидааст.

Бар иддаои манбаъ, дар ин ҳодиса чанд нафар аз сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла Бобоев Эҳсон, Суҳроб Зиёев ва ғайра даст доштаанд, ки худро корманди амният ва миёнарав муаррифӣ намуда, ба домулло Абдуманнон ваъда додаанд, ки дар ивази 100 ҳазор доллари амрикоӣ “зиндониён”-ро озод мекунанд. Аммо маълум нест, инҷо сухан дар бораи кадом зиндониён меравад.

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти расмӣ дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд ва Azda.tv ҳам дурустии ин гуфтаҳоро мустақилона таъйид ё рад карда наметавонад.

Бояд гуфт, Содиқов Маннон раиси собиқи бахши ҲНИТ дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара буда, аз соли 2014 мавриди таъқиб қарор гирифта, ба зиндон маҳкум шуда буд. Аммо дар охири соли 2015 аз маҳбас озод гардид.

Фарзанди марҳум – Содиқов Абдусалом низ моҳи октябри соли 2024 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардида, бо иттиҳомоти сохта барои 7 сол равонаи зиндон гашта буд.

Имсол ҳам озодии матбуот дар Тоҷикистон дар “сатҳи паст” қарор дорад

0

Мувофиқи шохисҳои байналмилалӣ, имсол ҳам озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон дар сатҳи поён қарор дошта, аз соли гузашта ҳам вазъ бадтар шудааст.

Дар арафаи “Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот”, ки ҳамасола рӯзи 3-уми май қайд мегардад, беш аз 40 расонаи ҷаҳонӣ дар эътилофе бо номи “One Free Press Coalition” муттаҳид шуданд, то таваҷҷуҳро ба рӯзноманигороне ҷалб кунанд, ки ба хотири гуфтани ҳақиқат мавриди таъқиб қарор гирифтаанд.

Ин эътилоф дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ), Гузоришгарони бидуни марз (RSF), Бунёди байналмилалии расонаҳои занон (IWMF) рӯйхати солонаи “10 ҳолати фаврии соли 2026”-ро нашр кардааст, ки дар он рӯзноманигороне аз Тоҷикистон, Эрон, Ҳонконг, Ветнам, Чин, Камерун, Филиппин, Озарбойҷон, Эфиопия ва Алҷазоир шомил шудаанд, ки бо иттиҳомҳои “терроризм” ва “фаъолияти зиддидавлатӣ” маҳкум ба зиндон гаштаанд.

Тибқи маълумоти CPJ, то охири соли 2025 дар ҷаҳон 330 рӯзноманигор дар боздошт қарор доранд, ки 61 дарсади онҳо маҳз тибқи моддаҳои “зиддидавлатӣ” маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар ин рӯйхат аз Тоҷикистон номи Улфатхоним Мамадшоеваи 69-сола оварда шудааст, ки соли 2022 пас аз эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт шуд.

Мақомот рӯзноманигорро ба иттиҳомҳои сохтаи ташкили бетартибиҳо айбдор карда, алайҳи ӯ чанд иттиҳоми вазнин, аз ҷумла “хиёнат ба давлат”, “терроризм”, “таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ” ва “кӯшиши ғасби ҳокимият бо роҳи зӯр”, инчунин “куштор” ва “сӯиқасд ба куштор”-ро эълон карда, додгоҳ ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Гуфта мешававад, Мамадшоева ҳамчун рӯзноманигори мустақил маъруф буда, мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсии минтақа, инчунин масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи занонро пӯшиш медод.

Номи Улфатхоним Мамадшоева дар ҳоле вориди ин рӯйхат мегардад, ки Созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон таъкид мекунанд, ки вазъи ҳуқуқии шаҳрвнадон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам “ниҳоят сангин” боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол роҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии RSF Жанна Кавеле дар суҳбат ба Azda.tv таъкид кард, ки дар Тоҷикистон “ҳеҷ беҳбудие дида намешавад — танҳо рукуд. Тоҷикистон бо назорати шадиди давлатӣ, рӯзноманигорони зиндонӣ ва қариб пурра аз байн рафтани расонаҳо яке аз бадтарин кишварҳо аз нигоҳи озодии матбуот боқӣ мемонад.”

Ҳамзамон дар индекси озодии матбуоти RSF дар соли 2026 Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон бо 32 хол ҷои 155-умро ишғол кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 дар ҷои 153-ум қаор гирифта буд. Дида мешавад, ки ду зина вазъи озодии матбуот бадтар шудааст.

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

0

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро бо иттиҳоми фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” равонаи зиндон карданд.

25-уми апрели соли ҷорӣ, Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бо нашри иттилоияе хабар дод, ки сокини 39-солаи ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдатро бо моддаи 179 иловаи 2, қисми 2, банди «а»- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, яъне такроран маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Додгоҳ аз ин сокини Ваҳдат ном набудрда дар қарораш гуфтааст, ки ӯ аз соли 2008 инҷониб мунтазам ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафтааст. Ва ин муҳоҷир бори охир 28-уми майи соли 2022 ба Масква сафар карда, гӯё бо ақидаҳои роҳбарони созмонҳои ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон шинос шуда, онҳоро ҷонибдорӣ кардааст.

Ин додгоҳ ҳамчунин иддао кардааст, ки гумонбар барои дастгирии аъзоёни фаъоли онҳо, аз ҷумла ба Муҳаммадиқболи Садриддин, ки додгоҳ аз ӯ “муовини роҳбари созмони терростӣ– экстремистӣ” ном бурдааст аз 1-уми май то 31-уми декабри соли 2023 ҳафт маротиба ба миқдори умумии 17 500 рубл маблағ фиристодааст.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки яке аз сабабҳои ин кор сатҳи пасти дониши ҳуқуқи шахрванд ва камфаъолиятии масъулини ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат мебошад.

Назари фарди маҳкумшуда ба ҳукми нисбаташ эълоншуда дастрас нест, аммо Додгоҳи шаҳри Ваҳдат иддао кардааст, ки ӯ аз кардааш сидқан пушаймон шудааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони пешинро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати “Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон” боздошту зиндонӣ мекунанд. 

Пештар, моҳи майи соли 2025 мақомоти интизомии Кӯлоб 24 нафарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба ӯ дастгир карда буданд.

Худи Муҳаммадиқболи Садриддин он замон интиқоли маблағ ба ҳисоби “Ислоҳнет”-ро рад накарда буд, аммо таъкид карда буд, ки ҳеч нафареро, ки ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд. 

Дар ҳамин ҳол чанд муҳоҷири тоҷик дар суҳбатҳои алоҳида ба Azda.tv гуфтанд, ки дар Тоҷикистон нисбати онҳо низ барои фиристодани пул ба мухолифон парванда боз кардаанд ва мақомот талаб дорад, ки ба кишвар баргарданд, аммо худи муҳоҷирон мегӯянд, ки иттиҳомоти нисбаташ эълоншуда туҳмат буда, боре ҳам ба гурӯҳҳо ва расонаҳои мухолифон маблағе нафиристодаанд.

Ҳамчунин ин муҳоҷирон мегӯянд, ки вақте ба кормандони мақомот, бахусус ВКД гуфтаанд, ки маблағе нафиристодаанд аз он тараф посух гирифтаанд, ки “Сбербанк”-и Русия ба мақомоти Тоҷикистон рӯйхати иборат аз 3000 нафареро додааст, ки аз Русия барои мухолифон пул фиристодаанд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон афроди зиёдеро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мухолифони тоҷики дар Аврупо буда, фиристодани маблағ ба онҳо ва гузоштани лайку комент зери навору навиштаи онҳо равонаи зиндон кардаанд. Танҳо онҳое, ки бо иттиҳоми “лайк” равонаи зиндон гаштаанд шумораашон беш аз 1500 нафар гуфта мешавад.

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

0

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.

Дар ин бора хабаргузории амрикоии Axios бо такя ба ду манбаи огоҳи низомии Амрико навиштааст, ки қарор аст имрӯз як нишасти тавҷеҳӣ дар бораи гузинаҳои низомии эҳтимолӣ алайҳи Эрон барои трамп баргузор шавад.

Ба иттилои манбаъ, ин тарҳи ҷадидро Брэдфорд Купер фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико ироа мекунад. Манобеи ин расона гуфтаанд, Трамп мехоҳад барои бозгардондани Эрон ба мизи музокирот ва иҷбори ӯ барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз дар ҳоли баррасии азсаргирии амалиёти низомӣ дар Эрон аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Трамп имрӯз дар шабакаи иҷтимоии марбути худаш “Truth” навишт, ки “як тундбоди шадиде дар роҳ аст, ки ҳеч кас наметавонад онро боздорад.” Пеш аз он низ бо нашри аксе аз худаш, ки дар даст силоҳ дорад, дар мавриди ҳамла ба Эрон таҳдид карда буд.

Бар асоси гузоришҳо, низомиёни амрикоӣ ҳоло барои Трамп тарҳеро бо номи “мавҷи кӯтоҳ ва шадид” пешниҳод кардаанд, ки эҳтимол бо ҳамлаҳои ҳавоӣ зерсохторҳои Эронро ҳадаф қарор хоҳад дод. Нақшае, ки қаблан ҳам Трамп борҳо Эронро ба он таҳдид карда буд.

Аммо бархе манобеъ навиштаанд, ки Амрико бо ҳамлаи эҳтимолии худ мехоҳад барои убури озоди киштиҳои байналмилалӣ бахше аз тангаи Ҳурмузро зери контроли худ дарорад. Ва инчунин эҳтимоли иҷрои амалиёти нерӯҳои вежа барои берун баровардани захирҳои урониюми Эрон вуҷуд дорад.

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

0
Screenshot

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Бино ба иттилои мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод, 19-уми апрели соли ҷорӣ дар соҳили дарёи Элок, воқеъ дар деҳаи Сари Ҷашма, як ҷасаде пайдо шуд, ки ба қисмҳо пора карда шуда, шахсияташ номаълум буд.

Тибқи ахбори ВКД, тафтишот муайян кардааст, ки ин шахс сокини 43-солаи ноҳияи Фархор бо номи Раҷабматов Насим мебошад. Гуфта мешавад, марҳум аз 31-уми декабри соли 2025 ҳамчун гумшуда дар ҷустуҷӯ буд. Мақомот мегӯяд, ӯ аз ҷониби шиносаш Шарифзода Нурандеши 33-сола, ки ҳарду дар ҳолати мастӣ бо ҳам даргир шудаанд, “бо бераҳмии махсус” кушта шудааст.

Мувофиқи маълумоти тафтишот, гумонбар пас аз дастгир шудан дар баёноти худ иқрор кардааст, ки “пас аз истеъмоли маводи мадҳушкунанда ҷабрдидаро бо истифода аз арраи оҳанбурӣ ва корд” ба қисмҳо ҷудо кардааст. Баъдан, қисматҳои ҷасадро дар соҳили дарё ва ҳамчунин дар таҳхонаи бинои зисташ пинҳон намудааст.

Бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (куштор), нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қайд мегардад, ки Шарифзода Нурандеш қаблан низ барои ҷиноятҳои дуздӣ ва авбошӣ маҳкум шуда, 15 сол дар маҳбас адои ҷазо намудааст. Аммо дар ҳодисаи мазкур бора тафтишот идома дорад ва шояд ҷузъиёти бештари он баъдан нашр шавад.

То ҳанӯз назари худи гумонбар ва наздиконаш дар ин маврид расонаӣ нашудааст. Ва инчунин сабаб ва ангезаи ба ин амали мудҳиш даст задани гумонбар ҳам дақиқ маълум нест. Ва гуфта нашудааст, ки марҳум сокини ноҳияи Фархор бошад, чӣ гуна ҷасади ӯ дар ноҳияи Файзобод пайдо шуда ва ё гумонбар сокини кадом ноҳия буданаш низ зикр нашудааст.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.

Тавре расонаи давлатии “Ховар” рӯзи 29-уми апрел хабар дод, раисҷумҳури кишвар имрӯз фармонеро дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар идораҳои давлатиро имзо кард.

Гуфта мешавад, маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад ва ҳадаф аз ин иқдом ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хидмати давлатӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, бо қабули санади мазкур низоми нави ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ мегардад. Аммо чанд дарсад будани изофапулӣ ва тафсилоти бештар зикр нашудааст.

Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, маоши мутахассисони ботаҷрибаи IT дар Тоҷикистон метавонад то 15,000 сомонӣ ва аз ин ҳам болотар бошад, ки ин нисбат ба маоши миёна дар кишвар чанд баробар зиёд аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, мақомоти тоҷик бо дарс гирифтан аз даргириҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ бо суръат аз пайи рақамикунонии сутуҳи ҳукумат ва таҷҳизи артиш бо техналогияҳои модерн, аз ҷумла бесарнишинҳо ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар амалиётҳо ҳастанд ва барои ин кор ҷалби мутахассисони соҳаи IT қадами муҳим арзёбӣ мешавад.

Мутахассисон истифодаи давлатҳо аз зеҳни сунъиро барои назорати шадидтари рафтори онлайнӣ ва воқеъии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ мекунанд. Чун ин техналогия имконияти таҳлили дақиқ ва васеъи иттилоъоти аҳолиро ба ҳукуматҳо медиҳад.

Ҷабборов “дӯсташ” Тошиевро ба зиндон меандозад?

0

Дар Қирғизистон нисбат ба чанд мансабдорони собиқи баландмақом бо иттиҳоми кӯшиши табаддулоти давлатӣ парванда боз шудааст.

Хабаргузории қирғизии 24.kg дар истинод ба вакил Шердор Абдикапаров навиштааст, ки дар миёни гумонбарон — раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев, вакили собиқи парлумон ва собиқ додситони кул Курманкул Зулушев, инчунин раиси пешини Жогорку Кенеш (парлумон)-и Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу ҳастанд.

Гуфта мешавад, ин мақомдорони собиқ рӯзи 28-уми апрел дар Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ чанд соат бозпурсӣ шуда, дар ҳоли ҳозир озод шудаанд.

Ба иддаои манбаъ ба онҳо иттиҳомҳои сангин, аз ҷумла вобаста ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва амалҳое, ки тафтишот онҳоро ҳамчун кӯшиши ғасби ҳокимият арзёбӣ мекунад, нисбат дода шудаанд.

Расман ҷузъиёти айбномаҳо ва раванди тафтишот ифшо намешаванд, аммо расонаҳои қирғизӣ навиштаанд, ки ин айбномаҳо ва бозпурсиҳо ба номи “номаи 75” иртибот дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ, гурӯҳе иборат аз 75 нафар, ки дар миёни онҳо чеҳраҳои шинохта ва мақомдорони собиқи Қирғизистон буданд, ба президент Содир Ҷабборов ва раиси Жогорку Кенеш муроҷиат намуда, даъват карда буданд, ки дар кишвар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор гардад.

Пас аз муроҷиати ин 75 нафар Қамчибек Ташиев аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини раиси Девони вазирон барканор шуда, дар ин Кумита ислоҳоти сохторӣ анҷом шуд ва чанде аз кормандони он боздошт шуданд. Ҳамчунин чанд мансабдорони баландмақом аз вазифа барканор гардида, Нурланбек Тургунбек уғлу аз вазифаи раиси Жогорку Кенеш истеъфо дода, ҳамрҳои Курманкул Зулушев ваколати вакилии худро супурданд.

Баъдан парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва қисме аз имзокунандагони “номаи 75” бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавб ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Қамчибек Тошиев дар ҳоле бозпурсӣ мешавад, ки қаблан раисҷумҳури Қирғизистон Собир Ҷабборов гуфта буд, “дӯсташ” вохӯриҳоро бо муаллифони муроҷиат рад кардааст ва таъкид карда буд, ки Тошиев дигар ба мансабҳои давлатӣ таъйин нахоҳад шуд.

Пулис дар Амрико панҷ ҷавонро барои ғоратгарӣ ва таҷовуз меҷӯяд

0
Screenshot

Дар шаҳри Филаделфияи Иёлоти Муттаҳидаи Армико пулис аз ҷустуҷӯи панҷ ҷавон хабар медиҳад, ки ба ҳамлаи мусаллаҳона, ғоратгарӣ ва таҷовузи ҷинсӣ гумонбар мешаванд.

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, субҳи 25-уми апрел гурӯҳи шашнафара ба як муассисаи тиҷоратӣ дар қисми марказии шаҳр ворид шуда, одамони дар онҷобударо бо силоҳ таҳдид кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, баъд аз ғорат, дар дохили бино ҳамчунин амалҳои таҷовузи ҷинсӣ сурат гирифтааст.

Яке аз гумонбарон Саидаҳмад Боқиеви 18-сола аллакай боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, нисбат ба ӯ чанд иттиҳоми ҷиноӣ, аз ҷумла таҷовуз ва ғоратгарӣ, эълон шудааст.

Пулис ҳамчунин аксҳои панҷ гумонбари дигарро нашр кардааст ва аз мардум хостааст дар сурати шинохти онҳо ё доштани маълумоти муфид ба мақомот хабар диҳанд.

Бино ба иттилои пулис, ин афрод то расидани пулис ба ҷои ҳодиса тавассути боми бино фирор кардаанд ва ҳоло талош барои пайдо кардани онҳо идома дорад.

Гумонбарон ҳамчун ҷавонони мард тавсиф мешаванд. Ба гуфтаи пулис, онҳо эҳтимолан аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ бошанд, аммо ин маълумот ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, мулоқот имрӯз, 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он ҷонибҳо ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст, таъкид шудааст, ки Тоҷикистону ИМА дар чаҳорчӯби созмони “С5+1” ҳамкориро идома хоҳанд дод ва Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии ҳамкорӣ бо ИМА дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кимиё гуфтааст.

Ҳамзамон ӯ аз рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ ва рақамикунонии иқтисод, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва ҷалби сармоя дар ин заминаҳо гуфта, таъкид кардааст, ки ИМА яке аз панҷ кишвари аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон аст.

Бояд гуфт, бори охир раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо худи Доналд Трамп моҳи ноябри соли гузашта дар чаҳорчӯби созмони “С5+1” дар ИМА мулоқот карда буд.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

0

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи Ваҳдат андохта, худкушӣ кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба наздикони ин сарбози ҷавон навиштааст, ки Шаҳбоз барои даҳ рӯз дар рухсатӣ буд ва 28-уми апрел, бояд ба маҳалли хидматаш, яъне ба баталёни минрубии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бармегашт. Аммо рӯзи 27-уми апрел аз хона баромада, ба наздиконаш гуфтааст, ки барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат меравад.

Вале он рӯз ӯ телефони мобилиашро ба як зани роҳгузар дода, худро аз болои панҷараи пул ба рӯдхонаи Кофарниҳон партофтааст. Ба иддаои наздиконаш он зан фикр кардааст, ки ӯ телефонро баро аксгирӣ ба ӯ додаасту чизе напурсидааст ва вақте ин ҳодисаро мебинад, сахт метарсад.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки то 500-600 метр ҷисми Шаҳбоз дар рӯи об намоён буд, вале баъдан дар зери об нопадид шудааст ва ҳоло наздикон ва сокинони маҳаллӣ пайкари сарбозро дар соҳилҳои Кофарниҳон ҷустуҷӯ доранд.

Наздикони ин сарбоз мегӯянд, ки намедонанд чаро ӯ ба ин кор даст задааст, чун ба онҳо чизе нагуфта буд, вале борҳо аз шароити бади хидмат шикоят карда, гуфта будааст, ки гурдаҳояш осеб дидаанд.

Гуфта мешавад, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, аз ӯ як тифли панҷмоҳа ятим мондааст.

Бояд гуфт, марги сарбозон дар Тоҷикистон падидаи нав набуда, чанде пеш расонаҳо аз марги Исрофил Азимзодаи 25-сола дар бемористон ҳамагӣ пас аз 14 рӯзи рафтан ба хидмат хабар дода буданд.

Мақомот иддао кардаанд, ки ӯ аз ошёнаи чорум ғалтидааст. Аммо наздиконаш мегӯянд, ки ӯро шиканҷа кардаву аз ошёнаи чорум ба поён партофдаанд.

Ҳатто худи Исрофил дар бемористон чор нафарро нишон дода гуфтааст, ки ҳаминҳо фармон дода ва ӯро задаанд. Ба ғайр аз он чор нафари дигар, боз 17 нафари дигарро ҳам нишон дода будааст.

Ҳоло аз Исрофил, ки якуним сол пеш хонадор шуда буд, як духтарчаи шашмоҳа ятим мондааст.

Гуфта мешавад, бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва марги сарбозон дар Тоҷикистон боис гаштааст, ки ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар фирор кунанд ва мақомот аксар ҷавононро иҷборан ба хидмат мебаранд.

Аз ҷумла, дар ин солҳои ахир мақомот равиши нави сарбозгириро пеша карда, имомон ва раисони маҳаллаҳоро муваззаф мекунанд, ки пеш аз оғози мавсим хонаводаҳоро маҷбур кунанд, то фарзандонашонро дар ҳарҷо ки бошанд, биёранд ва ба артиш гусел кунанд, дар акси ҳол бар зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ боз мешавад.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр мешавад, ки дида мешавад, маъмурони комиссарияти ҳарбӣ дар рӯзи равшан дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто дохили хонаҳо даромада, ба зӯр ҷавоноро боздошт мекунанд ва ба артиш мебаранд, ки ин падида солҳост ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро нигарон кардааст.