Хона блог саҳифа 498

Жириновский даргузашт

0

Раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар синни 76-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Дар ин бора рӯзи 6-уми апрел раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дод.

Володин зимни як нишаст дар Думаи давлатии Русия аз марги Жириновский хабар дод. Фраксияи Ҳизби либерал-демократи Русия низ ин хабарро таъйид кардааст.

Жириновский дуюми феврали соли ҷорӣ бо нишонаҳои коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Рӯзи 25-уми март расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар бораи марги Жириновский хабар дода буданд, вале баъдан ин хабарро Володин ва ҳизби Жириновский рад карданд ва иддао доштанд, ки вазъи саломатии ин сиёсатмадори рус муътадил аст.

Владимир Жириновский шаш маротиба номзад ба мақоми президентӣ буд ва дар байни мардум бо шеваи хашмгин суҳбат кардану изҳоротҳои шадидаш, аз ҷумла миллатгаронааш маъруф буд. Инчунин ӯ бо изҳороти баҳсбарангезаш дар бораи Тоҷикистону муҳоҷирони корӣ низ шинохта мешуд.

Ӯ аввалин ҳизби мухолифро дар Иттиҳоди Шӯравӣ сабти ном карда, то дами марг онро раҳбарӣ мекард. Дар охири солҳои 2000-ум ӯ ва ҳизбаш ба як шарики Кремл табдил ёфтанд ва дар аксар ҳолатҳо сиёсати Кремло дастгирӣ мекарданд.

Таркиш дар бузургтарин масҷиди Кобул

0

Расонаҳои Афғонистон аз таркиш дар масҷиди Пули Хиштии Кобул хабар дода мегӯянд, ки то кунун захмӣ шудани шаш нафар дар ин ҳодиса тасдиқ шудааст.

Шоҳидони айнӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки таркиш дар дохили бузургтарин масҷиди Кобул замоне рух дод, ки мардум намози пешинро адо мекарданд.

Абдунофеъ Таквар, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Толибон дар Афғонистон бо таъйиди ин хабар ба Омоҷнюс  гуфтааст, ки ин таркиш бархоста аз як “бомби дастӣ” буда, шаш нафар захмӣ шудааст. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят як нафар боздош гардидааст.

Аммо шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки теъдоди осебдидагон бештар аз он чизе аст, ки мақомоти расмӣ эълон мекунанд. Инчунин дар як навори видеоӣ, ки ба расонаҳо роҳ ётфтааст, дида мешавад, намозгузорони зиёде пас аз ин таркиш бо тарсу ҳарос пароканда шуда, аз ҷои ҳодиса дур мешаванд.

Масҷиди Пули Хиштии Кобул дар маркази Кобули қадим, яке аз ҷойҳои пуродами пойтахти Афғонистон бино шудааст. Ин масҷид дар қарни 18 мелодӣ сохта шуда, дар даҳаи 1960 ба фармони Муҳаммад Зоҳиршоҳ, президанти вақти ин кишвар бозсозӣ ва тавсеа ёфт. Инчунин дар ҷангҳои солҳои 1990-и Кобул ҳам ин масҷид осеб дида, аммо дубора бозсозӣ шуд.

Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудои Тошканд

0

Дар Ҷоми ҷудои Осиё байни наврасон ва ҷавонон, ки дар Тошканд баргузор мешавад, Тоҷикистонро 28 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 5-8 апрели соли ҷорӣ дар пойтахти Узбекистон, шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Дар қувваозмоиҳо байни наврасон, ки рӯзҳои 5 ва 6-уми апрел баргузор мегардад, 9 варзишгари навраси тоҷик ширкат мекунанд.

Мусобиқа байни ҷавонон рӯзҳои 7 ва 8-уми апрел баргузор гардида, дар он 19 варзишгар Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан) ва миёни ҷавонон 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз 4 кишвари қора ширкат мекунанд.

Сафари хапу хомӯшонаи Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент

0

Дар назар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни як сафари расмӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд биравад.

Бино ба иттилои хабаргузории “

Акс аз саҳфаи шаҳдории Панҷакент дар Фейсбук

Бо вуҷуди он, ки шаҳрдории Панҷакент низ дар бораи сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа ҳеч иттилое надода, ҳунарманди шинохтаи кишвар Афзалшо Шодӣ, ба расонаҳо гуфтааст, ки исми ӯро аз феҳристи касоне, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент баромад мекунанд, ҳазф кардаанд.

Гуфта мешавад, сафари Президенти кишвар ба шаҳри Панҷакент дар ҳоле хапу хомӯш сурат мегирад, ки ҳамлаи Русия ба Украина аксари кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистонро аз бекор мондани қисме аз муҳоҷирон ва камбуди маводи ғизоӣ, ба хусус орду гандум дар кишвар нигарон кардааст.

Аз сӯи дигар ба назар мерасад “эътирофот”-и ахири кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба ҳукумати Толибон ва ҳузури сафирони Аморати исломӣ дар Маскаву Пекин ва Исломободу Ишқобод, инчунин изҳори “муҳаббат”-и Теҳрону Тошканд ба Толибон маънои онро дошта, ки онҳо ҳама Тоҷикистонро дар муқобили Аморати исломӣ танҳо гузоштанд ва Эмомалӣ Раҳмон сахт нороҳат шуда, ҳатто дигар намехоҳад пешопеш барномаҳои сафарии худ ба шаҳру навоҳии кишварро бо мардум шарик бисозад.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв

Дар Тоҷикистон орд боз ҳам гарон мешавад?

0

Қазоқистон қасд дорад содироти ғалла ва ордро ба хориҷ то моҳи июн маҳдуд кунад. Дар ин бора

Акс аз интернет

Гуфта мешавад, тасмими ҷорӣ кардан маҳдудият дар содироти ғалла ва орд дар Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилии он гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти масъулони Вазорати кишоварзӣ, талаботи солонаи бозори дохилии Тоҷикистон ба орд бештар аз 700 ҳазор тонна мебошад ва худи Тоҷикистон танҳо 50-60 дарсади сокинони кишварро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад. Тоҷикистон орду гандуми воридотиашро бештар аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

Дар пасманзари ҳамлаи Русия ба Украина гаронии орду ғалла дар аксар кишварҳои дунё эҳсос мешавад. Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоли идомаи ҷанг дар Украина фақру гуруснагӣ ва камбуди ғизо кишварҳои дунёро таҳдид мекунад.

Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон нархи як халта орд аз 320 – 330 ҳам гаронтар шудааст. Иқтисодшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки дар ҳолати маҳдуд шудани содироти гандуму орд аз Русия ва Қазоқистон ин маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Тоҷикистон бамаротиб гарон хоҳад шуд.

Боз як мансабдори тоҷик ба асардуздӣ муттаҳам шуд

0

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон (МТС)-ро ба асардуздӣ муттаҳам кард.

Бино ба иттилои “Диссернет” Мутиева Саодат Журажоновна (Ҷӯрахонзода), ки он замон ному насабашро тоҷикӣ накарда буд, вақти навиштани рисолаи илмияш дар мавзӯи “Такмили системаи хидматрасонии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 149 саҳифаи кори докториаш 115 саҳифаашро аз рисолаи илмии (Хидматрасонии шуғли аҳолӣ дар бозори меҳнат) Елена Мелнова, ки онро соли 2002 дифоъ кардааст, бидуни зикри сарчашмаи аслӣ рӯйбардор кардааст.

Ба навиштаи ин пойгоҳ, муовини раиси МТС, кори илмияшро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳқиқ карда, онро 14-уми майи соли 2011 дар Шӯрои дифои рисолаҳои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини собиқи вазири маориф ва илм ва раиси собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Диловар Қодирзода дифоъ кардааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки 20-уми январи соли 2022 Шӯрои ҳимояи рисолаҳои D310.001.03 дар Академияи гумруки Русия тавсия додааст, ки хонум Мутиева аз дараҷаи илмии номазади илмҳои иқтисодӣ маҳрум карда шавад.

Ба навиштаи “Азия-Плюс”, Саодат Ҷӯрахонзода дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигорон аз шарҳи ин хабар худдорӣ кардааст.

Тайи чор соли ахир пойгоҳи таҳқиқоти интернетии “Диссернет” беш аз 60 рисолаи олимони тоҷикро таҳқиқ ва муаллифони онҳоро, ки дар байни онҳо кормандони баландпояи ҳукумат низ ҳастанд ба асардуздӣ муттаҳам кардааст.

Саёҳати “шайка”-и Ҳасан Асадуллозода дар Олмон

0

Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорони падарашро бо кумаки Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба тамошои “ширкатҳои бонуфузи олмонӣ” бурдааст.

Акс аз сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон 5-уми апрели соли 2022 хабар дода, ки “бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон силсилаи вохӯриҳои ҳайати иқтисодии кишвар иборат аз роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тавҳидбонк” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ширкатҳои бонуфузи олмонӣ танзим шуда истодаанд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ин се ширкати мансуб ба як хонавода, ки тавассути Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додараруси Президенти кишвар идора мешаванд, мегӯяд, ки “31 марти соли 2022 ҷиҳати имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бо мудири кулли ширкати бонуфузи “Airbus Operations GmbH” Гуннар Грос мулоқот сурат гирифт.”

Гуфта мешавад, ки инчунин дастёрони Ҳасан Асадуллозода бо намояндагӣ аз ин се ширкати мансуб ба вай “бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда гуфтугӯ анҷом доданд.”

Ширкати “Сомон Эйр” ахиран хабар дода буд, ки парвозҳои худ ба Русияро меафзояд, вале бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нагуфтааст, ки “Ориёнбонк”-и Ҳасан Асадуллозод ва “Таҳвидбонк”-и писараш Муҳиддин Ҳасанзода қасд доранд, барои ширкати ҳавпайомии “Сомон Эйр”-и мансуб ба ин хонавода ҳавопаймо бихаранд ва ё бо истифода аз низоми лиззингӣ таёрае ба иҷора бигиранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон “Тавҳидбонк” фаъолияти суғуртавӣ ва лизингӣ надорад. Инчунин ягон ташкилот ва ё корхонае вуҷуд надорад, ки бонк дар сармояи он зиёда аз 25% ҳиссагузорӣ карда бошад. Аммо ба гуфти Бокни миллӣ “Ориёнбонк” фаъолияти лизингӣ дораду суғуртавӣ на. Инчунин ба гуфтаи Бонки миллӣ дар ин Бонк “саҳоми дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок вуҷуд надорад.”

Гуфта мешавад, бино ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс“, “бар асоси маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 саҳми Олмон дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1,7 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми умумии тиҷорати Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 миллион долларро ташкил карда, ки нисбат ба соли 2020 17,5% бештар будааст. Ба ҳисоби тақрибӣ 99,7 дарсади муомилоти молии дуҷониба ба интиқоли маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.”

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв

Вокуниши Русия ба ихроҷи дипломатҳояш аз кишварҳои аврупоӣ

0

Олмон пас аз расонаӣ шудани аксу наворҳои кушаташудаҳои шаҳраки Бучaи Украина ва иттиҳоми Русия ба “наслкушӣ” 40 дипломати русро ихроҷ кард.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои Хабаргузории “Мавҷи Олмон”(Deutsche Welle), “давлати Олмон дар вокуниш ба ҷинояти ҷангӣ дар Бучa 40 дипломати Русияро ихроҷ кард. Вазири хориҷии Олмон ин афродро “номатлуб” ва ҳамкори созмонҳои иттилоотии Русия хонд. Фаронса низ эълом кард мехоҳад 35 дипломати русро ихроҷ кунад.”

4-уми апрели соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Олмон Сафири Русия Сергей Нечаевро эҳзор ва пас аз суҳбати кӯтоҳ ба вай гуфтааст, 40 дипломати рус афроди номатлуб ташхис дода шудаанд ва бояд тайи панҷ рӯзи оянда кишварро тарк кунанд.

Инчунин Хабаргузории давлатии Русия “Тасс” низ иттилоъ дода, ки Итолия ҳам эълон карда, ки дар пайравӣ ба Олмону Фаронса қасд дорад, даҳҳо дипломати Русияро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кунад.

Дар вокуниш ба ин Мария Захарова, Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия гуфтааст: “Русия ҳатман ба амалкарди Олмон, ки 40 корманди намояндагии дипломатии Русияро “афроди номатлуб” эълон кардааст, посух медиҳад.”

29-уми марти соли ҷорӣ Белгия, Ирландия ва Нидерландия ҳам эълон карда буданд, ки дар пасманзари ҳамалоти ваҳшиёнаи Русия ба Украина 43 дипломати русро ихроҷ мекунанд.

Аммо Дмитрий Медведов, собиқ президент ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қавл дода, ки посухи Русия нисбати ин кишварҳо ҳамсон хоҳад буд. Вай афзуда, бо вуҷуди он ки ин кор “барои равобити дуҷониба харобиовар аст”, дипломатҳои аврупоӣ бояд кори нав ҷустуҷӯ кунанд. Дар баробари ин, дар Русия, ба гуфтаи Дмитрий Анатолевич, чизе дигар намешавад.”

Пеш аз ин, 22-уми марти соли 2022 Станислав Зарин, Сухангӯи Хадамоти амнияти дохилии Лаҳистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин ниҳод “45 нафар аз афсарони Хадамоти махфии Русия ва афроди муртабит ба онҳоро, ки дар Лаҳистон мақоми дипломатӣ доранд, шиносоӣ кардааст.” Инчунин кишварҳои Литва, Латвия, Эстония, Булғористону Словакия ва Ҷумҳурии Чех ҳам аз даҳҳо дипломати рус хоста буданд, ки хоки кишварҳояшонро тарк кунанд.

Муносибати аксари кишварҳои ҷаҳон, ба хусус давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина тира шуд ва дар муддати 40 рӯзи ахир равобити ин кишварҳо бо Русия рӯз то рӯз сардтар мешавад.

Ҳамзамон мақомоти Украина, кишварҳои ғарбӣ бо шумули Амрико, Олмону Фаронса ва Бритония нерӯҳои Русияро ба наслкушӣ дар шаҳраки Бучаи Украина муттаҳам карданд. Аммо мақомоти Русия ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, ки ин кори дастгоҳи таблиғотии Киев алайҳи Маскав мебошад.  

Имрон Хон то муаррифии сарпарасти мақоми сарвазирӣ ба кори худ идома медиҳад

0

Раисҷумҳури Покистон гуфтааст, ки Имрон Хон, нахсутвазири ин кишвар то замони интихоби сарпарасти мақоми сарвазирӣ дар курсии худ боқӣ мемонад.

3-юми апрели соли ҷорӣ Раисиҷумҳури Покистон Ориф Алавӣ бо дархости Имрон Хон, Нахуствазири ин кишвар парлумони кишварашро муваққатан барҳам дод.

Расонаҳо покистонӣ пас аз барҳам додани Маҷлиси миллӣ ва маҷлисҳои иёлатӣ гуфта буданд, ки Имрон Хон ҳам дигар наметавонад, ки дар курсии нахуствазирии ин кишвар такя бизанад, аммо ахиран Ориф Алавӣ, Президенти Покистон эълон карда, ки то замони муаррифии сарпарасти мақоми нахуствазирӣ Имрон Хон ба кори худ идома медиҳад.

Инчунин ба гуфтаи рӯзномаи “Навоӣ вақт” Нахуствазири Покистон пеш аз ин иддао карда буд, ки мухолифони ҳукуматаш намефаҳманд, ки ҳамроҳи онҳо чӣ корҳоеро анҷом дода истодаанд. Вай гуфтааст: “Аз хориҷи кишвар барои барканор кардани ҳукумати вай созиш кардаанд.”

Имрон Хон дар як силсила тввитрҳои худро мухолифонаш аз Ҷунбиши демократии Покистон дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ барои суқут додани ҳукуматаш муттаҳам карда, гуфтааст: Онҳо сарашонро ба осмон баланд карда мегуфтанд, ки ҳукумати ӯро ноком мегузоранд, агар ишон пуштибонии мардумӣ дошта бошанд, пас чаро аз интихобо метарсанд?

Дар бахши дигаре Имрон Хон мегӯяд, “Оё беҳтар нест, ки ُҶунбиши демократии Покистон интихоботро қабул кунад, ба ҷои он ки дар як фитнаи хориҷӣ барои сарнагун кардани ҳукумат ва хароб кардани сохтори маънавии мо бо ороиш додани бозорҳои нангини виҷдон интихоботро қабул кунад?”

Имрон Хон, раҳбари Ҳизби Таҳрики инсоф ва Нахуствазири Покистон аст. Вай дирӯз, 3-юми апрели соли ҷорӣ баъд аз он ки ноиби парлумони ин кишвар аз анҷоми баргузории ҷаласаи раъйи эътимод ба вай мамониат кард, дар вақти як суханронии телевизионии худ мустақим аз Раисҷумҳури ин кишвар хост, ки Маҷлиси миллӣ ва маҷлисҳои иёлатӣ дар ин кишварро барҳам диҳад.

Ин ҳолати ба вуҷудомада дар Покистон авзои сиёсиро ба ҳам рехтааст ва акнун ҳизбҳои мухолифи ин кишвар бо пешниҳоди дархосте ба Девони олии Покистон гуфтаанд, ки нисбат ба ин амалкарди ноиби парлумон, ки аз раъйгирӣ барои адами эътимод ба Нахуствизир мамониат карда буд, баҳои ҳуқуқӣ дода, дар мавриди сарнавишти ояндаи Имрон Хон дар раъси қудрат тасмимгирӣ кунад.  

Тоҷикистон дар ду моҳ ба қимати $52,5 млн нахи пахта содир кардааст

0

Тоҷикистон аз фурӯши нахи пахта дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 52,5 миллион доллар ба даст овардааст.

Ҳаҷми фурӯши нахи пахта назар ба моҳҳои январ ва феврали соли гузашта аз рӯи вазн 21,5% камтар, вале аз рӯи арзиш 24% афзудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 21 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи беш аз 52,5 миллион доллар содирот шудааст.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар кишвар 388,8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Гуфта мешавад, аз 3 кг пахта 1 кг нахи пахта истеҳсол мешавад.

Дар кишвар ҳудуди 30 корхонаи нассоҷӣ фаъолият мекунад, ки иқтидори умумии коркарди онҳо дар як сол то 100 ҳазор тонна пахтаро ташкил медиҳад.