Хона блог саҳифа 499

Чин ҳам дипломатҳои Толибонро дар Пекин қабул кард

0

Давлати Чин пас аз Русия дувумин кишварест, ки расман дипломатҳои Толибонро дар сафорати Афғонистон дар Пекин ба кор қабул кардааст.

Акс аз Аларабия

Хабаргузории Форс иттилоъ дода, ки Амирхон Муттақӣ, Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Толибон дар Афғонистон “элом карда, ки дипломатҳои ин гурӯҳ барои ҳузур дар сафорати Афғонистон дар Пекин пазируфта шудаанд.”

Ба иттилои ин манбаъ, Амирхон Муттақӣ бо қадрдонӣ аз Чин бобати қабули дипломатҳои Толибон барои ҳузур дар сафорати Афғонистон дар Пекин гуфтааст: “Фароҳам шудани заминаи содироти Афғонистон ба Чин, нишастҳои ҳамчун нишасти Вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва низ пазируфта шудани дипломатҳои ҷадиди Толибон дар сафорати Афғонистон дар Пекин нишонаи нияти хуби Чин аст.”

Пеш аз Чин Русия эълон карда буд, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ дипломатҳои Толибонро дар Маскав барои кор дар сафорати Афғонистон пазируфтааст.

15-уми августи соли 2021 нерӯҳои Толибон пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон Кобулро тасарруф карда, сипас Толибон ҳукумати сарпарасти худро дар Афғонистон эълон кардаанд.

Инак бо гузашти 7 моҳ ҳеч давлате расман эълон накардааст, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият мешиносанд, аммо кишварҳое назири Чину Русия, Покистону Ирон, Ӯзбекистону Туркманистон, Туркияву Қатар ва Индонизия дар ин муддат нисбатан равобити хубтареро бо гурӯҳи Толибон дар Афғонистон барқарор кардаанд. Тоҷикистон ҳар чанд равобити хуби иқтисодие бо Афғонистон дорад ва сафорати кишвар то ҳол дар Кобул бидуни вақфа кор мекунад, вале мисли кишварҳои дар бола зикршуда, дар барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо Толибон шитоб надорад.

Русия ба “наслкушӣ” дар Украина муттаҳам мешавад

0

Пас аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз атрофи Киев, аксҳое аз ҷасадҳои беҷони садҳо ғайринизомӣ дар кучаҳои шаҳри Буча дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки вокуниши ҷаҳониро ба бор овард.

Акс аз “LE TEMPS”

Дар вокуниш ба ин ахбор кишварҳои ғарбӣ хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Маскав шудаанд. Рӯзи душанбе Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия ҷонибдорӣ карда, гуфт:

“Нишонаҳои возеҳе аз вуқуи “ҷиноёти ҷангӣ” дар шаҳраки Буча вуҷуд дорад ва тақрибан маълум аст, ки омилони он артиши Русия аст”.

Дар ҳамин ҳол раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар хостори таҳқиқи ҳодисаи куштори ғайринизомиён дар Буча шудаанд.

Додситони собиқи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҷиноятҳои Югославияи собиқ ва Руанда, Карла Дел Понте аз Додгоҳи ҷиноии байналмиллалӣ (ГААГА) хост, ки барои боздошти раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармон содир кунад. Ӯ дар суҳбат бо “LE TEMPS” гуфт, раисҷумҳури Русия дар Украина даст ба “ҷиноёти ҷангӣ” задааст ва бояд дар назди Додгоҳи ҷиноии байналмиллалӣ посух бигӯяд.

Аммо Кремл ин ҳама иттиҳомотро қотеъона рад мекунад ва рӯзи душанбе хостори баргузории ҷаласаи вежаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои баррасӣ ва таҳқиқи ин масъала шуд.

Котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков мегӯяд, наворҳое, ки кушта шудани ғайринизомиёнро дар кӯчаҳои Буча нишон медиҳанд, шубҳаоваранд ва онҳоро “тавтиаи ҷониби Украина” номид. Ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, “ҳадди ақал ба далелҳои мо гӯш кунанд”.

Вазорати дифои Русия иддао мекунад, ки рӯзи 30-уми март нерӯҳои ин кишвар аз атрофи Киев хориҷ шуда буданд ва ин аксҳо баъдтар дар шабакаҳо пайдо шуданд.

Ба Тоҷикистон боз наздики 200 ҳазор воя ваксин ворид гашт

0

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3-уми апрел ба кишвар 198 ҳазору 900 воя ваксини бар зидди Covid-19 навъи “Pfizer-BioNTech” ворид гашт.

Гуфта мешавад, ин ваксинаҳо дар чорчӯби механизми ҷаҳонии КОВАКС-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 ва эмкунии шаҳрвандон ба кишвар ворид гаштааст. Аммо дар бораи дақиқан аз кидом кишвар ворид гаштани ин ваксинаҳо дар хабар чизе гуфта намешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бори охир рӯзи 17-уми март омори гирифторони беморони COVID-19-ро нашр карда, ки тибқи он аз оғози инштори ин беморӣ дар кишвар 17388 нафар мубтало гашта, 124 нафари дигар фавтидаанд.

Аммо оморҳои ғайрирасмӣ гирифторони ва фавтидагони шаҳрвандонро аз ин беморӣ ба маротиб бештар аз омори Вазорати тандурустӣ арзёбӣ мекунанд.

Темур Раҳимов аз Анталия бо медали биринҷӣ ба Ватан бармегардад

0

Темур Раҳимов варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” дар вазни +100 кг сазовори медали биринҷӣ гашт.

Темур Раҳимов, ки мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда буд, дар ин давр бар Григорий Приор аз ИМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз шикаст хӯрд.

Варзишгари тоҷик дар қувваозмоиҳои баъдӣ, Ушангӣ Кокаури аз Озорбойҷон ва Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дода, сазовори ҷои сеюм гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чехия (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар чорякфинал аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ мағлуб гардид. Комроншоҳ имкон дошт мисли Темур сазовори ҷои сеюм гардад, аммо дар қувваозмоии баъдӣ аз Луис Крибер Гагнон аз Канада шикаст хӯрд.

Дигар варзишгарони тоҷик, аз ҷумла Меҳрзод Сӯфиев (-60кг), Абубакр Шеров (-66кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” аз 1-ум то 3-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.

Дар баробари медал ба варзишгарон барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро ҷоизапулӣ таъин гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо мебошад. Ин варзишгари тоҷик дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо бо касби 3564 хол дар ҷойи севвум қарор дорад.

“Говзӯрӣ”-и мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура дар хонаи журанлист

0

Субҳи имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура дар шаҳри Душанбе ба хонаи журналисти тоҷик Муҳаммади Султон рафта, занону кӯдакони хонаро тарсондаанд.

Акси кормандони ВКД ва Прокуратураи ноҳияи Сино аз сафҳаи Муҳаммади Султон

Муҳаммади Султон бо нашри акси нозири минтақавии маҳаллаи 101 ноҳияи Сино ва муфаттиши пурокуратураи ин ноҳия навишааст, ки зери унвони “

Муҳаммади Султон, журанлисти беш аз 70-солаи тоҷик зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асту дар ин авохир борҳо нисбат ба рафторҳои ғайриқонунии мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии кишвар дар шаҳри Хоруғ ва дар умум дар ин вилоят вокуниш нишон додааст.

Ҳодисаҳои 25-28-уми моҳи ноябри соли 2021 дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ, ки бар асари онҳо се нафар кушта ва 17 каси дигар аз тазоҳуротгарони мусолиматомез захмӣ шуд, вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба вуҷуд овард ва вазъият дар ВМКБ-ро ноором кард ва то кунун суботи доимӣ дар он барқарор нашудааст.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон пас аз ин ҳодисаҳо то кунун чандин нафар аз чеҳраҳои шинохтаро боздошт ва даҳҳо каси дигар аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ва касоне, ки ҳодисаҳои ин вилоятро пайгирӣ ва нашр мекунанд, зери таъқибу фишор қарор додаанд.

Дар якум рӯзи оғози “облава”-и баҳорӣ Бадахшон нақшаро иҷро кард

0

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз имрӯз, 1-уми апрел даъвати ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар чанд соати рӯзи аввал ВМКБ, Рашту Фархор нақшаро комилан иҷро карднд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, тибқи фармони Президент даъвати навбатии ҷавонони аз 18 то 27-сола, ба хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз гардида, то охири моҳи май идома мекунад.

Ба навиштаи расонаи ҳукуматии “Ховар”, дар рӯзи аввал нақшаи даъват ё “облава”-и баҳориро ноҳияи Фархор, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ҳатто 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ пурра иҷро кардаанд.

Нақшаи даъвати ҳатмии ҳарбиро ноҳияҳои Сангвору Лахш 100%, Тоҷикобод 105 %, Нуробод 101% Рашт 100,7 % ва ВМКБ 102,5%  иҷро кардаанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввал анҷом шудани нақшаи даъватро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ба “зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ” рабт додааст, аммо таҳлилгарон чизи дигар мегӯянд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1-уми апрел то 31-уми май ва тирамоҳ аз 1-уми октябр то 30-уми ноябр идома мекунад. Аммо Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки ба анҷом расидани муҳлати ҷалби ҷавонон ба артиш, комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо то оғози маъракаи навбатӣ даъватшавандагонро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд.

Маҳмадализода тамоми сол ҷалб шудани ҷавонон ба артишро ба омодагии пешакии ҳарбӣ қабл аз адои хидмати дусолаи сарбозӣ рабт дода буд.

Таҳлилгарон дар рӯзҳои аввал иҷро шудани нақшаи даъватро дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ҳамин  қарори охире, ки ҷавон тамоми сол ба артиш ҷалб мешаванд, рабт медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳи нав қабул карда шуд.

Агар дар гузашта, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамуданд, аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод буданд ва ба онҳо рутбаи афсари хурди таҳмовар (младший лейтенант) дода мешуд, аммо тибқи тарҳи нави қонун баъди 12 моҳи хидмати ҳарбӣ ба онҳо ин рутбаро медиҳанд.

Ҳамчунин тибқи тарҳи нави ин қонун ҷавонон метавонанд бо пардохти 26ҳазору 880 сомонӣ аз хидмат озод шаванд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунанд, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дорад.

Украина ба ҳуҷум гузаштааст?

0

Шаҳрдори Белгород гуфта, ки чархболҳои низомии Украина ба як анбори нигаҳдории маводи сӯзишворӣ дар хоки Русия ҳамла кардаанд.

Бино ба иттилои ББС, шаҳрдори Белгород чархболҳои низомии Украинаро ба убур аз марзи ин кишвар ва ҳамла ба анбори маводи сӯзишворӣ муттаҳам кард, вале мақомоти Украина масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтанд.

Ҳамзамон хабаргузории “Reuters” иттилоъ дода, ки “як мақоми Русия гуфт, ду чархболи низомии украинӣ рӯзи ҷумъа ба як анбори маводи сӯхт дар шаҳри Белгороди Русия ҳамла карданд ва ин аввалин иттиҳоми ҳамлаи ҳавоии Украина ба хоки Русия пас аз ҳамлаи Маскав ба ҳамсояи худ дар охири моҳи феврал дониста мешавад.”

Наворҳои видеоии ин ҳамла, ки дар интернет нашр шудаанд, нишон медиҳанд, ки чанд мушак аз баландии паст партоб шуда, пас аз он инфиҷор рух додааст.

Аммо губернатори вилоят Вячеслав Гладков сӯхтор дар анбори сӯзишвории шаҳри Белгороди Русияро, ки дар наздикии марзи Украина воқеъ аст, ба “Reutres” тасдиқ карда, гуфтааст, ду рӯз пеш ҳам дар як анбори силоҳ сӯхтор ба амал омада буд, ки баъдтар боиси таркишҳои зиёд гардид.” Бо ин ҳол, “Reutres” меафзояд, ки то ҳол натавонистааст, ки ин иддаоҳои Русияро тасдиқ кунад.

Ҳамлаҳои низомии Русия алайҳи Украина 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуда, то ҳол ҷанд дар ин кишвар идома дорад. Бар асари ин ҳамлаҳо зиёда аз 4 миллион нафар овора ва ба кишварҳои ҳамсоя панаҳ бурдаанд. Теъдоди дақиқи афроди кушташуда ва захмиҳоро ҳар ду ҷониб зиёда аз 20 ҳазор нафар эълон мекунанд.

Табрикоти рамазонӣ

0

Тибқи эълони расмии аксари кишварҳои дунё имрӯз охирин рӯзи моҳи Шаъбон буда, фардо шанбе, (2-юми апрели 2022) 1-моҳи мубораки Рамазон аст. Ва тамоми мусалмонони дунё аз фардо шанбе рӯзадор ҳастанд.

Шодем, ки Худованди бузург бори дигар моро ба моҳи пурбаракату пурфайз, моҳи мубораки Рамазон расонид.  

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳайати эҷодии АЗДО ТВ тамоми мусалмонони дунё, ба хусус мусалмонони Тоҷикистонро бо фарорасии ин моҳи шариф муборакбод мегӯяд.

Рамазон дар баробари ин ки моҳи нузули Қуръон, моҳи тиловату ибодат ва моҳи хайру эҳсону қабули дуоҳост, инчунин моҳи худсозӣ, моҳи ислоҳсозии ҷомеа ва зудудани фасоду зулму истибдод, моҳи таҷдид ва таҳкими робитаҳо бо Худо ва мардум аст. Аз ин рӯ, барои ҳама ҳамвандони азизамон тавфиқи бандагӣ, қабули тоот ва бедории ҳақиқиро аз даргоҳи Худованди Маннон орзумандем.

Интишори дубораи КОВИД-19 дар Чин ва карантин дар Шонгҳой

0

Далвати Чин пас аз интишори дубораи КОВИД-19 ҳудуди 16 миллион нафар аз бошандагони Шонгҳойро карантин кард.

Акс аз Алҷазира

Бино ба иттилои Алҷазира, аз замони оғози бемории ҳамагири КОВИД-19 дар соли 2019 ин шабу рӯз бадтарин ҳолати интишори ин бемориро дар Шонгоҳй, аз ҷумла дар манотиқи шарқ ва ҷанубии ин бузургшаҳр таҷриба мекунад.

Давлати Чин пеш аз ин қисме аз бошандагони Шонгҳойро ба сабаби интишори коронавирус карантин карда буд ва аз имрӯз, 1-уми апрели 2022 барои 16 миллион нафари дигарро ҳам дар манотиқи ҷануб ва шарқи Шонгҳой то рӯзи душанбе карантин эълон кард.

Чин қонуну қоидаҳои сахтгиронаеро барои пешгирӣ ва мубориза ба бемории ҳамагир ҷорӣ карда, ҳамагуна гашту гузори афродро мамнуъ эълон намуда, танҳо барои касоне, ки санҷиши COVID-19 месупоранд, иҷозати аз хона баромадан дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсири ҷанги Украина ба Тоҷикистон гуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон бидуни ном бурдан аз ҷанги Русия алайҳи Украина гуфт, ки ҳолати ба вуҷуд омада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

1-уми апрели соли 2022 Президенти Тоҷикитсон зимни ироаи паёми шодбошиаш ба муносибати фарорасии моҳи рамазон мардумро табрик карда, онҳоро ба сарфаву сариштакорӣ даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бахше аз ин паёмро ба нигарониҳои худ дар бораи ҳифзи истиқлолият ва таъмини мардум ба ҷои кору фароҳам овардани шароити беҳтар барои зиндагӣ бахшид.

Вай дар бораи “тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД – 19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо” дар бораи ҷанги Русия алайҳи Украина ишора карда, бидуни ном бурдани ин кишварҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки дунёро “сахт ба ташвиш овардааст.”

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги Русия алайҳи Украина ба як “давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ, пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд” ва “ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.”

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: “Мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин, хусусан соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.”

Президенти Тоҷикистон то кунун расман дар бораи ҳаводиси Украин изҳори назар накардааст, вале ин бори чандум аст, ки бидуни ном бурдан аз ҳамлаҳои Русия алайҳи Украина нигаронии худро баён мекунад.

Ин дафъа ӯ “вазъияти сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон”-ро “ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо” хонда мегӯяд, ки ин раванд “масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуда, ки ҳолати ба вуҷудомада “ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем. Мо вазифадорем, ки барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем.”

Гуфтанист, Русия ва Украина ҳар ду барои Тоҷикистон аз шарикони стротегӣ ва иқтисодӣ мебошанд ва чун беш аз 2 миллион тоҷикистонӣ дар Русия ҳазорҳо каси дигар дар Украина  кору зиндагӣ мекунанд, ба ин хотир суботи иқтисодиёти Тоҷикистон ба суботи иқтисоди Русия сахт вобастагӣ дорад.