16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 507

Темур Раҳимов дар “Grand Slam Baku-2021” соҳиби медали нуқра шуд

0

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои “Grand Slam Baku-2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар Озарбойҷон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи байналмиллалӣ Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразилия ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба кард.

Дар даври ниҳоӣ варзишгари тоҷик бо паҳлавони ҷопонӣ Сайто Татсуро, қувваозмоӣ намуда шикаст хурд. Ҳамин тариқ, Темур Раҳимов соҳиби медали нуқра гардид.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷудои “Grand Slam Baku-2021”  6 варзишгар: Муҳаммадраҳим Сарахонов, Хушвахт Идиев, Ҳақназар Назаров, Амирҷони Насимҷон, Ҷахонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд.

Муҳаммадраҳим Сарахонов бошад, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар вазни -73кг дар рақобати аввалаш дар даври дуюм бар Виктор Степру аз Молдова пирӯз шуда, дар чорякфинал аз намояндаи Олмон Лукас Веннеколд ва дар рақобати дигар аз варзишгари Русия Аюб Хоҷалиев шикаст хурд.

Дигар варзишгарон дар рақобати аввалашон аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд.

Дар ин мусобиқа Маҳмадбаек Маҳмадбеков, ки Русияро намояндагӣ мекунад, дар даври ниҳоӣ бар варзишгари ҷопонӣ пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ 5-7-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуда, Дар он 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат иштирок карданд.

Ба иштирокчиёни мусобиқа, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои аввалро ба даст овардаанд, ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 5 ҳазор евро, барои ҷойҳои дуюм ва сеюм 3 ҳазор ва 1,5 ҳазор евро дода шуд.

Ҳушдори таҳдидомези Толибон ба нерӯҳои ҷабҳаи муқовимат

0

Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори амнияти Панҷшер аз ҷониби Толибон хитоб ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки ҳар куҷое бошед, одрас диҳед, ҳамонҷо рафта шуморо саркӯб мекунем.

Абдулҳамид Хуросонӣ, ки ба намояндагӣ аз Толибон амнияти Панҷшерро бар уҳда дорад, дар як паёми видеоӣ хитоб ба нерӯҳои муқовити миллии Афғонистон онҳоро “мунофиқ”, “бағоватгар” (саркашон) ва “муфсидин” хонда, гуфтааст, ки ҳеч гуна муқовимате вуҷуд надорад ва ин як тиҷорат аст. “Чорто муфсидин дар хориҷ шишта, дар Тоҷикистону дигар ҷойҳо ва чорто муздурони худро дар ғорҳои кӯҳ ҳастанд, мисли мӯш мебароянд як-як навор мегиранду равон мекунанд ва мардумро мағшуш месозанд.”

Ин намояндаи Толибон мегӯяд, “мо бароятон членҷ додем, ҳар ҷое бошед, ба суроғатон меоем, саркӯбатон мекунем. Ҳар касе бошед. Агар дигарон ҳам дар баробари шумо иродаи саркӯб надоша бошанд, мо шахсӣ мезанематон. Ҳар касе зери ҳар унвоне дар баробари Иморати исломӣ бағоват кунад, мо саркӯбашон мекунем.”

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии ин кишвар шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аз замони суқути давлати Ашраф Ғанӣ ба дасти Толибон ба рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ дар Кобул аз таъсиси ҷабҳаи худ дарак додаанд.

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки дар ин авохир ҳузурашон дар майдонҳои набард ва сиёсат камрангтар нишон дода мешавад, асосан дар таллу тепа ва кӯҳҳои вилояти Панҷшер, Андаробҳои Бағлон ва қисман ҳам дар Бадашони Афғонистон ҳузур доранд.

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия

0

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои Австрягиаш Михаэл Линҳарт дар Душанбе доир шуд.

6-уми ноябр, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Австрия дар рафти мулоқоти худ дар мавриди “масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.”

Ҳамзамон дар ин рӯз форуми тоҷирони Тоҷикистону Австря дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони давлатӣ баргузор гардида, ҳар ду ҷониб имкониятҳои ҳамкорӣ кардан дар бахшҳои хусусӣ ва сармоягузорӣ кардан дар тарҳҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ба хусус дар “бахши хусусӣ дар соҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, рақамикунонӣ, фанновариҳои муосир, дорусозӣ, гардишгарӣ, лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ ва дигар самтҳои ҳамшарикии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аҳаммияти махсус дорад. Ба ин мақсад, фаъол намудани абзорҳои нав ва муосири густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди ҳамоишҳои сармоягузорон, анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои муштараки соҳавӣ амри зарурӣ мебошад.”

Ин нишасти соҳибкорон бо ҳузури беш аз 60 нафар баргузор шуда дар он роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ва ширкату соҳибкорон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ намуда, дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои мустақим бо истифода аз имкониятҳои фаровони дуҷонибаи истифоданашуда табодули афкор намуданд.

Гуфтанист, сафари давараии вазири корҳои хориҷии Австрия ҳамроҳ бо ҷамъе аз мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорони ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо меҳварияти Афғонистон сурат гирифта, қарор аст то фардо, 9-уми ноябр аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон ҳам диданд кунанд.

Қазияи Мадина Салимзодаро ҳам барканор кард

0

Муовини аввали додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Суҳроб Салимзода, аз мансабаш барканор шуд. Барканории ӯ дар пайи қатъи парвандаи Азиза Давлатова, ки дар латукӯб ва сӯиқасд ба ҷони Мадина Маҳмадҷонова гумонбар мешавад, сурат гирифтааст.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Суҳроб Салимзода ҳафтаи гузашта аз мансабаш барканор шуда, рӯзи ҷумъа охирин рӯзи корияш будааст.

Гуфта мешавад, ин дуввумин масабдори сохторҳои қудратист, ки дар пайи қатъ кардани тафтиши парвандаи Азиза Давлатова, ки дар бераҳмона латукӯб ва то дами марг расондани Мадина Маҳмадҷонова гумонбар дониста мешавад, аз мансаб барканор мешаванд.

Ҳафтаи гузашта низ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Синои-2 шаҳри Душанбе Зафар Исмоилзода низ дар пайи қазияи мазкур аз симаташ сабукдӯш шуда буд.

Озодӣ аз чанд манбаъи муътамадаш хабар дод, ки сабаби асосии барканории Зафар Исмоилзода ва Суҳроб Салимзода аз мақомҳояшон “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” мебошад.

Суҳроб Салимзода, бародари Шерхон Салимзода, собиқ Додситони кулли Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов дар охирҳои моҳи август маъшуқаи шавҳараш, Мадина Муҳаммадҷоноваро то ҳаде латукӯб ва шиканҷа кардааст, ки муддати инак беш аз ду моҳ мешавад дар ҳолати беҳушӣ (кома) дар бемористони “Шифобахш” бистарӣ аст ва то ҳол ба худ наомадааст.

Бо вуҷуди ин мақомоти ноҳияи Сино қазияи мазкурро баъд аз тафтиши кӯтоҳе мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парвандаро қатъ кард. Танҳо пас аз вокунинши тунди фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор дахолат кард ва таҳқиқи қазия аз нав гирифта шуд. Ҳоло қазияи мазкурро Додситони кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

Сафари намояндаи Амрико ба Тоҷикистон

0

Томас Вест, намояндаи ҷадиди Амрико дар умури Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Ин намояндаи Амрико қарор аст дар сафари худ ба як қатор аз масъулони баландпояи кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дидору гуфтгӯ анҷом диҳад. Меҳвари гуфтушуниди намояндаи Амрико бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди Афғонистон хоҳад буд.

Вай гуфта, нахуст ба кишварҳои аврупоӣ ва сипас ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад ва бо муттаҳидон ва шарикони Иёлоти Муттаҳида дар мавриди иқдомоти баъдӣ дар мавриди Афғонистон суҳбат хоҳад кард.

Ин намояндаи Амрико афзуда, барои он ки иқдомоти ҷомеаи байналмиллалӣ дар масоили Афғонистон муассир бошад, бояд кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ якҷониба амал кунанд.

Томас Вест баъд аз истеъфои Залмаи Халилзод, собиқ корманди Вазорати умури хориҷаи Амрико ва намояндаи ин кишвар дар умури сулҳи Афғонистон ба вазифаи ӯ таъйин шуд.

Интиқоди ҷаҳониён аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

0

Рӯзи 4-уми ноябр нишасти 39-уми Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR-39)-и Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева баргузор гардид. Тоҷикистон дар ин нишаст аз вазъи ҳуқуқи башар ба кишварҳои аъзо гузориш дод.

Дар ин нишаст баъд аз шунидани гузориши Тоҷикистон зиёда аз 10 кишвари аврупоӣ, осиёӣ ва африқоӣ бо шумули Амрико ва Австралиё аз Тоҷикистон талаб карданд, ки зиндониёни сиёсии кишварро озод ва ба таъқибу фишор болои фаъолони ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигорон хотима диҳад.

Намояднаи Люксембург дар ин нишаст аз Тоҷикистон хост, ки фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорони зиндониро озод намуда, таъқиб ва фишор болои вакилони мудофеъро қатъ карда, ба таъаҳудоти байналмилалии худ дар робита ба ҳуқуқи башар пойбанд бошад.

Ҳамзамон дар ин нишаст Австралия ва Утриш ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки ба боздошти зиндониҳои сиёсӣ поён диҳад, ба гурӯҳҳои мухолифини мусолиматомез иҷозат диҳад, ки озодона ба кори худ идома диҳанд ва кафолати озодии баён дар Тоҷикистонро таъмин карда, аз иқдомҳое, ки кори расонаҳои дохилиро тазъиф мекунанд, худдорӣ намояд.

Инчунин кишвари Нидерландия аз Тоҷикистон хост, ки тамоми қонунҳое, ки озодиҳои мазҳабӣ ва диниро маҳдуд мекунанд, бознигарӣ кунад.

Дар ин нишаст кишвар Норвегия аз Тоҷикистон даъват кард, ки мубориза бар зидди шиканҷа ва хушунатро афзоиш дода, ҳама намуди хушунатҳои ҷинсиро вориди Кодекси ҷиноӣ намояд ва барои вакилон озодона фаъолият кардани вакилони мудофеи ҳуқуқ шароити яксон фароҳам оварда, озодии баёнро таъмин намояд.

Кишвари Ирландия тавсия дод, ки Тоҷикистон қонунҳои ҷазоияшро бознигарӣ кунад. Аз ҷумла тавсияҳои дигари ин кишвар ба Тоҷикистон ин бознигарии банди ҷазои ҷиноӣ барои таҳқири Президент ва дигар масулини ҳукуматӣ, фароҳам кардани шароити мусоид барои расонаҳои мустақил ва ислоҳи қонунҳое, ки дигарбошонро тавҳин ва таҳқир мекунад, буданд.

Ҳамчунин кишвари Олмон аз Тоҷикистон бобати пазируфтани паноҳандагони Афғонистонӣ изҳорӣ сипос карда, аз иқдоми Тоҷикистон дар бознигарии листи терористияш истиқбол кард.

Ҳамзамон Олмон аз вазъи озодии баён, сензураи шадид дар расонаҳо, озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Олмон ба Тоҷикистон тавсия дод, ки шароит дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳоияшро тибқи стандардҳои Нелсон Мондела фароҳам сохта, ба Салиби Сурх иҷозаи боздид аз зиндонҳо, таҳқиқоти мустақил шӯришҳои сарзада дар зиндонҳоро бидиҳад. Ислоҳи қонқни мубориза бо тероризм, ба вижа банди 17-и қонқни мазкур ва ғайра аз ҷумлаи пешниҳодоти ин Олмон ба Тоҷикистон буданд.

Дар ин Женева Тоҷикистонро ба он муттаҳам карданд, ки аз қонунҳои марбут ба мубориза зидди терроризм сӯиистифода карда, озодии баёнро маҳдуд ва фаъолони сиёсии мухолифи ҳукуматро таъқиб, боздошт, зиндонӣ ва мунтаҳо ҳама гурӯҳҳои мухолиф ва фаъоли ҷомеаро саркӯб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки нишасти 39-уми Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR-39)-и Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Миллали Муттаҳид 4-уми ноябр дар Женева ба кори худ оғоз кард ва вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар ин нишаст ба таври онлайн ширкат кард. Нишасти 39-ми Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR-39)-ро муовини раис Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз кишвари Баҳама хонум Кева Лоррейн Бейн мудирият мекард.

Рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

0

Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи шанбе 6-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд бозӣ мекунад.

Бозии дигари даври ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе 7-уми ноябр баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Хуҷанд” дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад. Бозиҳо соати 14:30 оғоз мешаванд.

Бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 27 ва 28-уми ноябр баргузор мешаванд.

Интиқоли Ашраф Ғанӣ аз Аморот ба Амрико

0

Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистонро мақомоти амрикоӣ аз Абузабӣ, пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқол додаанд.

Аҳмад Саъидӣ, коршиноси Афғонистон дар саҳфаи Фейсбукиаш хабар дода, ки “иттилооти дақиқ ва мувассақе назди ман вуҷуд дорад, ки мақомоти амрикоӣ Ашраф Ғаниро бо як теъдод аз ҳамкоронаш аз Абӯзабӣ ҷиҳати маълумот ва таҳқиқоти бештар ба Амрико интиқол додаанд”.

Саъидӣ меафзояд, “дар миёни касоне, ки бо Ашраф Ғанӣ ба Амрико интиқол дода шудааст, Фазлӣ намебошад, балки Фазлӣ ба Сувис (Швейтсария) рафтааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки тамоми пулҳое, ки Ашраф Ғанӣ дар замони фирораш аз Афғонистон аз хазонаи ин кишвар бо худ бурдааст, аз ҷониби мақомоти Идораи хазонадории амрикоӣ силсила рақамҳои долларҳои номбурдаро шиносоӣ ва онҳоро аз доираи арзиши молӣ дар бозори ҷаҳонӣ хориҷ кардаанд. Ин пулҳо ҷаълӣ ба ҳисоб рафта, ҳар касе, ки дар оянда аз онҳо истифода кунад, дар ҳолати боздошт мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт.

Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон ба торихи 15-уми августи соли ҷорӣ аз Кобул фирор кард ва худи ҳамон рӯз Толибон эълон карданд, ки идораи қудрат дар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистонро ба даст гирифтанд.

Дар ҳамон лаҳза намояндаҳои сафорати Русия дар Афғонистон аз аввалинҳо буданд, ки ба расонаҳо хабар доданд, ки Ашраф Ғанӣ пулу моли зиёдеро ҳангоми фирораш аз Афғонистон бо худ бурдааст. Иддаъое, ки баъдтар худи Ашраф Ғанӣ онро рад кард, вале бо гузашти 80 рӯз аз суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти Толибон то ҳол ҷузъиёти ин фирор пурра таҳқиқ ва расонаӣ нашудааст.

Рустами Эмомалӣ охирин нишонаҳои пойтахтро аз байн мебарад

0

Бо супориши Рустами Эмомалӣ, шаҳдори пойтахт фаввораи назди бинои парлумон дар маркази шаҳри Душанбе пурра аз байн бурда шуда, ҷои он  гулгашт табдил хоҳад шуд.

Фавораи назди бинои парлумони Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи муҷассамаи Исимоили Сомонӣ сохта шуда буд, яке аз нишонҳо ва осори таърихии шаҳри Душанбе шинохта мешуд, ки сокинон ва зоирон сайёҳон хотироти зиёде аз ин фаввора доранд.

Гуфтанист, пеш аз ин тобистони соли ҷорӣ бо супориши шаҳрдорӣ фаввораи назди бинои Чойхонаи Роҳат ҳам дар маркази пойтахт тахриб ва макони он ба гулшат табдил ёфта буд.

Тахриби осори боқимонда аз замони Тоҷикистони Шӯроӣ, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда буданд, тайи даҳ соли ахир суръати бештаре касб кард, ҳукумат талош дорад, ки тамоми осор ва нишонаҳои таърихиро аз шаҳри Душанбе аз байн барад ва ба ин тариқ ба наслҳои баъдӣ нишон диҳад, ки бунёнгузори Душанбеи навин Эмомалӣ Раҳмон аст.

Номаи кушодаи маҳбусони сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Ду зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ бо ирсоли номаи кушодае аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки барои бознигарии парвандаашон дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ мусоидат кунад.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдулло Розиқов

Дар нусхаи номаи зиндониёни сиёсӣ, ки ба дасти Аздо тв расид, таъкид мешавд, ки онҳо гуноҳе надоранд ба ҷуз узви ҲНИТ будан, аз ин рӯ хостори адолат шуданд. “Агар моро гунаҳгор медонанд, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест.”,- омадааст дар номаи онҳо.

Ин ду маҳбуси сиёсӣ таъкид намудаанд, ки ба муносибати рӯзи Сарқонуни кишвар, ки Раҳмон худро кафили он медонаду пуштибони волояти қонун дар кишвар ҳисобида мешавад, хостаанд ӯро бо номаи кушод аз асли воқеаи ба сарашон омада дар ҷараён бигузоранд.

Гуфта мешавад, нусхаи асли он ба ҷойи лозимӣ фиристода шудааст.

Дар поён матни комили нусхаи номаи зиндониёни сиёсиро мутолиа кунед:

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи маҳкумшудагон:

Розиқов Зубайдулло ва Ҷобир  Раҳматуллои Раҷаб бо моддаҳои

187 қ.1,187 қ.2, 189 қ.3 б ”а”, 307 қ.3, 331 қ. 3 б. “а”, 104 қ. 2 б. а,

б, ж,з,и,л,м,п. 32 қ. 3, 104 қ.2, 309 қ.2 б. “б”, 32 қ. 3, 179 қ.3 б.”а”,

306, 313, 195, 199 қ. 4 б. а,б,ж,з,и,л,м,п., 3071 қ. 1, 3071 қ. 2

муҳлати ҷазо 25 ва 28 сол.

Оғози ҷазо аз 19.09.2015 с.

Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ.

Номаи кушод

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон!

Мо собиқ аъзои Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҳбас қарор дорем, қариб ба ҳамаи сохторҳои зидахли кишвар бо аризаи шикоятӣ ва муроҷиатнома арзи ҳол намудем, мутаассифона ҳамаи онҳо ба дархости мо ҷавоби рад доданд.

Имрӯз ногузир ба Ҷаноби Шумо бо умеди имдод бо мактуби кушод муроҷиат намуда, мехоҳем воқеъияти аслии қазияро ба таври муфассал баён намоем.

Шоми рӯзи 15.09.2015 с. кормандони КДАМ 13 тан аъзои РО ҲНИТ-ро бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат аз манзилҳои истиқоматиямон дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ оварда, баъди латукӯби зиёд ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд. Пас аз чанд рӯз бо вуҷуди дар даст надоштани далели айбдоркунанда нисбати мо аъзоёни РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2-и КМҶҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд. Ин дар ҳоле буд, ки ҲНИТ расман фаъолият дошт. Танҳо баъди 13 рӯзи ба маҳбас кашидани мо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ онро мамнӯъ эълон кард. Баъди содир намудани ҳукми боздошт аз тарафи гурӯҳи муфаттишони Прокуратураи генералӣ, мисли он ки кайҳо боз моро пурсида ва мутақоид карда бошанд, бо моддаҳои 187 қ.1,187 қ.2, 189 қ.3 б ”а”, 307 қ.3, 331 қ. 3 б. “а”, 104 қ. 2 б. а,б, ж,з,и,л,м,п. 32 қ. 3, 104 қ.2, 309 қ.2 б. “б”, 32 қ. 3, 179 қ.3 б.”а”, 306, 313, 195, 199 қ. 4 б. а,б,ж,з,и,л,м,п., 3071 қ.1, 3071 қ. 2 КМҶҶ ҶТ парванда боз намуда пурсупорсро оғоз намуданд. Аз чунин ранг гирифтани кор эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд. Бар замми ин  болои парвандаи пурсарусадои мо муҳри махфӣ ни ҳоданд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд. Дар асл парванда ба ҷуз аз аҳли ҷомеа пинҳон доштани туҳмату буҳтон ягон нуктуи махфӣ надошт. Ин буд, ки муфаттишон аз аввал то охири рафти тафтишот танҳо ба таври ошкор саҳнасозӣ ва нақшабозиҳои беҳунарона нишон медоданд. То ҷое, ки бозпурсиҳои муфаттишон ва посухҳои мо гумонбаршудагон дар парванда дарҷ нашуд. Мо аз сардори гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ Иброҳим Иброҳимзода пурсидем, ки чаро дар парванда посухҳои мо сабт нашуд ва расму манзараҳо, хулосаҳои тиббие, ки ба мо тамоман рабт надорад дар парванда ҷой дода шудаанд?

Ӯ дар посух гуфт, аз ҷавобҳои шумо матлаб ҳосил намешавад. Бинобар ин мо ногузир ҳамаи ин далелҳоро ба алайҳи шумо ҷамъоварӣ намудем.

Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ асли воқеъаро ба назар нагирифта, парвандаро аз ибтидо то интиҳо кӯркӯрона ва ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, беасос моро гунаҳкор донистанд. Дар раванди тафтишот вақте мо барои исботи бегуноҳии хеш далелҳои қотеъ пешниҳод меанмудем, муфаттишон бо табассуми муғбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст.

Аз ҷавоби онҳо бармеояд, ки мо дар асоси қонун ба хотири ҷиноят содир намудан зиндонӣ мешавем, балки дар кишвари ҳуқуқбунёди демократӣ чунин балоро фармони кадом фармонравое бар сари мо овардааст. Аз ҳама аламовару ҳайратангез он буд, ки ҳар боре дар рафти суҳбати кормандони КДАМ аз риояи қонун ва волоияти онҳарф мезадем, ҳамаи онҳо писханд зада моро ба боди масхара мегирифтанд. Ва Чуноно вонамуд мекарданд, ки ҳама кор дар дасти онҳост ва онҳо болотар аз қонун ҳастанд.

Ба ҳамин тарз Прокуратураи генералӣ якчунин парвандаи ҷаълиро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. раисикунандаи мурофиаи судӣ Сатторзода А. дар дар раванди мурофиа ба далелҳои пешниҳоднамудаи мо эътибор намедод ва мисли он ки суханҳои моро намешунид. кӯшиш мекард, ки ба санадҳои қалбакии сохтаи парвандаи прокуратура кучактарин тағйирот ворид насозад. Ин гувоҳӣ он аст, ки ӯ зери фишор қарор дошта, дар ҳалли масъала заррае мустақилият надошт. Ҳатто дар ҳолатҳои шунидани далелҳои раднопазири бегуноҳони “гунаҳгор” даст ба сӯи боло бардошта, ишора мекард, ки ӯ низ дар ҳалли дурустии масъала бечора ҳаст ва қазия дар ҷои дигар ҳал мешавад.

Дар ниҳояти кор раисикунандаи мурофиаи судӣ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳаитов  Маҳмадалӣ аз афроди шинохтаи кишварро, ки барои миллат дар ҳар лаҳзаи зарурӣ хидматашон мерасид бегуноҳ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Розиқов Зубайдуллои 77 соларо, ки бояд дар ин сину сол дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш қорор медошту ба тарбияи онҳо машғул мешуд, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуда ба иҳотаи нозирони Муассисаи ислоҳии низомаш сахтфиристод.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70 соларо, ки яке аз рӯзноманигорони озодандеши кишвар аст, ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро, ки аз беҳтарин донишманд ва дорандаи ордени Шараф буд, ба 23 сол роҳии зиндон намуд.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаби 64 сола, Давлатов Абдуқаҳҳор ва Авазов Қиёмиддинро, ки аз афроди донишманду лаёқатанманд ба 28 солӣ ва дигар аъзои РО ҲНИТ-ро ба муҳлатҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Бояд қайд намуд, ки муҳри махфӣ доштани парванда ҷиҳати пинҳон мондани сирри он ҳама туҳмату буҳтонҳои дастандаркорони КДАМ, Прокуратураи генералӣ ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суде набахшид ва 99 саҳифаи ҳукми суд ба таври комил ғайри чашмдошт дар шабакаҳои интернетӣ пурра нашр шуда,сохта будани парванда назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гашт. Аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохт.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо бегуноҳони “гунаҳгор” зиёда аз 6 сол мешавад, ки паси панҷараҳои зиндон азият мекашем. Бар замми ин бо тамғаҳои экстримисту террорист, хоинони миллату ватан таъна мешавем ва баъзе қаламбадастони чоплусу муздур бо номҳои корманди академияи улум, марказҳои таҳлилӣ, хабарнигорони ношинос, кормандони муассисаҳои таълимӣ дар ВАО аз ҳарҷо ба ин нидоҳо садо баланд мекунанд, дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо бо ҲНИТ робитаи наздик доштанд ва ҳатто онро барои ҷомеаи  Тоҷикистон як ҳизби зарурӣ тавсиф мекарданд. Мо худро хуб мешиносем ва медонем, ки ба ватани азиз ва миллати сарбаландамон хиёнате накардаем ва нахоҳем кард. Ин тамғазаниҳо танҳо ба хотири он аст, ки мо дар ҷомеаи кишвар ва арсаи байналмилалӣ ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохта нашавем.

Бояд гуфт, агар моро гунаҳгор медонанад, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ба таври расмӣ фаъолият дошт ва дар давраи фаъолияти худ ба ҳеҷ қонуншиканӣ роҳ надод. Ҳизбе, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳм ва дар ба даст овардани истиқлолият ва барқарории он талошҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳизбе, ки дар ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши муассир ва дар меҳварияти як ҷониби сулҳ қарор дошт.

Ин ки моро дар исёни “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо Ҷаноби Олӣ хубтар медонед, ки маншаъи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд. Мо бар ин боварем, ки бо гузашт ва ошкор шудани ҷанбаҳои ҳаводиси номбурданазди Шумо аён гаштааст, ки ҲНИТ ва исёни мазкур ҳеҷ рабте надорад.

Дар тӯли зиёда аз 6 сол ба умеди расидани рӯзе, ки ақли солим ва ангезаи адлу инсоф боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои ба сарамон омадаро таҳаммул кардем. Вале афсус, ки умедамон амалӣ нашуд.

Имрӯз дар арафаи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили он Шумоед ва ҳамеша аз волоияти қонун пуштибонӣ менамоед, хостем ба номаи кушод Ҷаноби Шуморо дар ҷараён гузорем.

Бинобар ин, аз Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллб – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар мавриди шикастан ва дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз сари нав дидани парвандаи моро мусоидат намоед.

Маҳкумшудагон:             Зубайдулло Розиқов,  Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

01.11.2021 с.