13.9 C
Dushanbe

Номаи кушодаи маҳбусони сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Ду зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ бо ирсоли номаи кушодае аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки барои бознигарии парвандаашон дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ мусоидат кунад.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдулло Розиқов

Дар нусхаи номаи зиндониёни сиёсӣ, ки ба дасти Аздо тв расид, таъкид мешавд, ки онҳо гуноҳе надоранд ба ҷуз узви ҲНИТ будан, аз ин рӯ хостори адолат шуданд. “Агар моро гунаҳгор медонанд, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест.”,- омадааст дар номаи онҳо.

Ин ду маҳбуси сиёсӣ таъкид намудаанд, ки ба муносибати рӯзи Сарқонуни кишвар, ки Раҳмон худро кафили он медонаду пуштибони волояти қонун дар кишвар ҳисобида мешавад, хостаанд ӯро бо номаи кушод аз асли воқеаи ба сарашон омада дар ҷараён бигузоранд.

Гуфта мешавад, нусхаи асли он ба ҷойи лозимӣ фиристода шудааст.

Дар поён матни комили нусхаи номаи зиндониёни сиёсиро мутолиа кунед:

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи маҳкумшудагон:

Розиқов Зубайдулло ва Ҷобир  Раҳматуллои Раҷаб бо моддаҳои

187 қ.1,187 қ.2, 189 қ.3 б ”а”, 307 қ.3, 331 қ. 3 б. “а”, 104 қ. 2 б. а,

б, ж,з,и,л,м,п. 32 қ. 3, 104 қ.2, 309 қ.2 б. “б”, 32 қ. 3, 179 қ.3 б.”а”,

306, 313, 195, 199 қ. 4 б. а,б,ж,з,и,л,м,п., 3071 қ. 1, 3071 қ. 2

муҳлати ҷазо 25 ва 28 сол.

Оғози ҷазо аз 19.09.2015 с.

Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ.

Номаи кушод

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон!

Мо собиқ аъзои Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҳбас қарор дорем, қариб ба ҳамаи сохторҳои зидахли кишвар бо аризаи шикоятӣ ва муроҷиатнома арзи ҳол намудем, мутаассифона ҳамаи онҳо ба дархости мо ҷавоби рад доданд.

Имрӯз ногузир ба Ҷаноби Шумо бо умеди имдод бо мактуби кушод муроҷиат намуда, мехоҳем воқеъияти аслии қазияро ба таври муфассал баён намоем.

Шоми рӯзи 15.09.2015 с. кормандони КДАМ 13 тан аъзои РО ҲНИТ-ро бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат аз манзилҳои истиқоматиямон дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ оварда, баъди латукӯби зиёд ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд. Пас аз чанд рӯз бо вуҷуди дар даст надоштани далели айбдоркунанда нисбати мо аъзоёни РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2-и КМҶҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд. Ин дар ҳоле буд, ки ҲНИТ расман фаъолият дошт. Танҳо баъди 13 рӯзи ба маҳбас кашидани мо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ онро мамнӯъ эълон кард. Баъди содир намудани ҳукми боздошт аз тарафи гурӯҳи муфаттишони Прокуратураи генералӣ, мисли он ки кайҳо боз моро пурсида ва мутақоид карда бошанд, бо моддаҳои 187 қ.1,187 қ.2, 189 қ.3 б ”а”, 307 қ.3, 331 қ. 3 б. “а”, 104 қ. 2 б. а,б, ж,з,и,л,м,п. 32 қ. 3, 104 қ.2, 309 қ.2 б. “б”, 32 қ. 3, 179 қ.3 б.”а”, 306, 313, 195, 199 қ. 4 б. а,б,ж,з,и,л,м,п., 3071 қ.1, 3071 қ. 2 КМҶҶ ҶТ парванда боз намуда пурсупорсро оғоз намуданд. Аз чунин ранг гирифтани кор эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд. Бар замми ин  болои парвандаи пурсарусадои мо муҳри махфӣ ни ҳоданд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд. Дар асл парванда ба ҷуз аз аҳли ҷомеа пинҳон доштани туҳмату буҳтон ягон нуктуи махфӣ надошт. Ин буд, ки муфаттишон аз аввал то охири рафти тафтишот танҳо ба таври ошкор саҳнасозӣ ва нақшабозиҳои беҳунарона нишон медоданд. То ҷое, ки бозпурсиҳои муфаттишон ва посухҳои мо гумонбаршудагон дар парванда дарҷ нашуд. Мо аз сардори гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ Иброҳим Иброҳимзода пурсидем, ки чаро дар парванда посухҳои мо сабт нашуд ва расму манзараҳо, хулосаҳои тиббие, ки ба мо тамоман рабт надорад дар парванда ҷой дода шудаанд?

Ӯ дар посух гуфт, аз ҷавобҳои шумо матлаб ҳосил намешавад. Бинобар ин мо ногузир ҳамаи ин далелҳоро ба алайҳи шумо ҷамъоварӣ намудем.

Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ асли воқеъаро ба назар нагирифта, парвандаро аз ибтидо то интиҳо кӯркӯрона ва ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, беасос моро гунаҳкор донистанд. Дар раванди тафтишот вақте мо барои исботи бегуноҳии хеш далелҳои қотеъ пешниҳод меанмудем, муфаттишон бо табассуми муғбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст.

Аз ҷавоби онҳо бармеояд, ки мо дар асоси қонун ба хотири ҷиноят содир намудан зиндонӣ мешавем, балки дар кишвари ҳуқуқбунёди демократӣ чунин балоро фармони кадом фармонравое бар сари мо овардааст. Аз ҳама аламовару ҳайратангез он буд, ки ҳар боре дар рафти суҳбати кормандони КДАМ аз риояи қонун ва волоияти онҳарф мезадем, ҳамаи онҳо писханд зада моро ба боди масхара мегирифтанд. Ва Чуноно вонамуд мекарданд, ки ҳама кор дар дасти онҳост ва онҳо болотар аз қонун ҳастанд.

Ба ҳамин тарз Прокуратураи генералӣ якчунин парвандаи ҷаълиро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. раисикунандаи мурофиаи судӣ Сатторзода А. дар дар раванди мурофиа ба далелҳои пешниҳоднамудаи мо эътибор намедод ва мисли он ки суханҳои моро намешунид. кӯшиш мекард, ки ба санадҳои қалбакии сохтаи парвандаи прокуратура кучактарин тағйирот ворид насозад. Ин гувоҳӣ он аст, ки ӯ зери фишор қарор дошта, дар ҳалли масъала заррае мустақилият надошт. Ҳатто дар ҳолатҳои шунидани далелҳои раднопазири бегуноҳони “гунаҳгор” даст ба сӯи боло бардошта, ишора мекард, ки ӯ низ дар ҳалли дурустии масъала бечора ҳаст ва қазия дар ҷои дигар ҳал мешавад.

Дар ниҳояти кор раисикунандаи мурофиаи судӣ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳаитов  Маҳмадалӣ аз афроди шинохтаи кишварро, ки барои миллат дар ҳар лаҳзаи зарурӣ хидматашон мерасид бегуноҳ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Розиқов Зубайдуллои 77 соларо, ки бояд дар ин сину сол дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш қорор медошту ба тарбияи онҳо машғул мешуд, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуда ба иҳотаи нозирони Муассисаи ислоҳии низомаш сахтфиристод.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70 соларо, ки яке аз рӯзноманигорони озодандеши кишвар аст, ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро, ки аз беҳтарин донишманд ва дорандаи ордени Шараф буд, ба 23 сол роҳии зиндон намуд.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаби 64 сола, Давлатов Абдуқаҳҳор ва Авазов Қиёмиддинро, ки аз афроди донишманду лаёқатанманд ба 28 солӣ ва дигар аъзои РО ҲНИТ-ро ба муҳлатҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Бояд қайд намуд, ки муҳри махфӣ доштани парванда ҷиҳати пинҳон мондани сирри он ҳама туҳмату буҳтонҳои дастандаркорони КДАМ, Прокуратураи генералӣ ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суде набахшид ва 99 саҳифаи ҳукми суд ба таври комил ғайри чашмдошт дар шабакаҳои интернетӣ пурра нашр шуда,сохта будани парванда назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гашт. Аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохт.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо бегуноҳони “гунаҳгор” зиёда аз 6 сол мешавад, ки паси панҷараҳои зиндон азият мекашем. Бар замми ин бо тамғаҳои экстримисту террорист, хоинони миллату ватан таъна мешавем ва баъзе қаламбадастони чоплусу муздур бо номҳои корманди академияи улум, марказҳои таҳлилӣ, хабарнигорони ношинос, кормандони муассисаҳои таълимӣ дар ВАО аз ҳарҷо ба ин нидоҳо садо баланд мекунанд, дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо бо ҲНИТ робитаи наздик доштанд ва ҳатто онро барои ҷомеаи  Тоҷикистон як ҳизби зарурӣ тавсиф мекарданд. Мо худро хуб мешиносем ва медонем, ки ба ватани азиз ва миллати сарбаландамон хиёнате накардаем ва нахоҳем кард. Ин тамғазаниҳо танҳо ба хотири он аст, ки мо дар ҷомеаи кишвар ва арсаи байналмилалӣ ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохта нашавем.

Бояд гуфт, агар моро гунаҳгор медонанад, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ба таври расмӣ фаъолият дошт ва дар давраи фаъолияти худ ба ҳеҷ қонуншиканӣ роҳ надод. Ҳизбе, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳм ва дар ба даст овардани истиқлолият ва барқарории он талошҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳизбе, ки дар ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши муассир ва дар меҳварияти як ҷониби сулҳ қарор дошт.

Ин ки моро дар исёни “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо Ҷаноби Олӣ хубтар медонед, ки маншаъи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд. Мо бар ин боварем, ки бо гузашт ва ошкор шудани ҷанбаҳои ҳаводиси номбурданазди Шумо аён гаштааст, ки ҲНИТ ва исёни мазкур ҳеҷ рабте надорад.

Дар тӯли зиёда аз 6 сол ба умеди расидани рӯзе, ки ақли солим ва ангезаи адлу инсоф боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои ба сарамон омадаро таҳаммул кардем. Вале афсус, ки умедамон амалӣ нашуд.

Имрӯз дар арафаи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили он Шумоед ва ҳамеша аз волоияти қонун пуштибонӣ менамоед, хостем ба номаи кушод Ҷаноби Шуморо дар ҷараён гузорем.

Бинобар ин, аз Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллб – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар мавриди шикастан ва дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз сари нав дидани парвандаи моро мусоидат намоед.

Маҳкумшудагон:             Зубайдулло Розиқов,  Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

01.11.2021 с.                  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.