Хона блог саҳифа 508

Захмӣ шудани як муҳоҷири тоҷик дар Киев

0

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш зикр нашудааст, шаби 9 ба 10-уми март дар Киев ҳангоми “манъи тараддуди шабона” (комендантский час) ба берун баромада, мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар натиҷа захмӣ шудааст.

Радиои Озодӣ аз қавли Сафорати Тоҷикистон дар Украина 10-уми март хабар дод, ки “муҳоҷири 22-сола Н.Ҷ. шаби 9-уми март ҳангоми “манъи тараддуди шабона” ба кӯча баромадааст ва аз тарафи номаълум ба сӯяш оташ кушодаанд.”

Худи муҳоҷири маҷрӯҳ рӯзи 10-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта, ки соати 11-и шаб ба кӯча баромада, дарҳол зери тир мондааст. Ин ҷавони тоҷик гуфта, ки аз пояш захмӣ шудааст. “Ҳоло ман дар беморхона ҳастам. Пойамро ҷарроҳӣ карданд, ҳоло табибон иҷозат намедиҳанд, ки бистарро тарк кунам, бояд чанд рӯзи дигар дар беморхона бимонам”, – мегӯяд ин муҳоҷир.

Сафири Тоҷикистон дар Киев Давлаталӣ Назризода мегӯяд, ки кормандони сафорат аз ҳоли ин муҳоҷири тоҷики маҷрӯҳшуда дар бемористон хабар гирифтаанд. Табобати лозима барояш фароҳам шудааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи Русия ба Украина мақомоти интизомии ин кишвар дар шаҳри Киев аз соати 20:00 то 07:00 “манъи тараддуди шабона” эълон кардаанд. Дар ин соатҳои шаб баромадани шаҳрвандони оддӣ ба кӯча қатъиян манъ аст. Тавре, ки раиси шаҳри Киев Виталий Кличко эълон карда буд, шахсоне, ки дар ин вақт ба кӯча мебароянд, аъзои гурӯҳҳои диверсионии душман ба  ҳисоб мераванд.

Ҳамлаи шабонаи қирғизҳо ба маҳаллаҳои тоҷикон дар Чоркӯҳ

0

Шоҳидон мегӯянд, шаби 11-уми март тахминан соати 01:20 нерӯҳои марзбонии Қирғизистон чанд маҳалларо дар Чоркӯҳ мавриди тирборон қарор доданд.

Вобаста ба ҳодисаи тирпарронии шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон расонаҳои қирғизӣ дигар чиз мегӯянду шоҳидони айнӣ чизи дигар.

Хабаргузории 24.kg бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад, ки шаби 11-уми март тахминан соати 02:50 як ҳодисаи дигар миёни марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дода, тақрибан 20 дақиқа давом кардааст.

Ба иддаои Хадамоти марзбонии Қирғизистон “марзбононони тоҷик дар қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфана дар мавзеи Эки-Тоши ноҳияи Бодканд ба сангандозии мошинҳои раҳгузар шурӯъ карданд. Онҳо талаби марзбонони қирғизро бораи қатъи амалашон нодида гирифтанд. Сарбозони қирғиз маҷбур шуданд, ки ба ҳаво тир парронанд. Дар ҳамин ҳол як отряди дигари Тоҷикистон, ки дар ин минтақа хидмат мекард, ба манораи дидбонӣ, ки дар он сарҳадбонони қирғиз ҷойгир буданд, оташ кушоданд”.

Дар ҳоле Хадамоти марзбонии Қирғизистон марзбонони тоҷикро ба сар задани ин ҳодиса гунаҳкор мекунад, ки шоҳидони ҳодиса аз маҳаллаҳои Чоркӯҳ чизи дигар мегӯянд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон нимашаби 11-уми март ба сурати якҷониба чанд маҳаллаи Чоркӯҳро мавриди тирборон қарор доданд. Ин ҳодиса тақрибан соати 01:20-и шаб рух дода, марзбонони қирғиз ба маҳаллаҳои ба номи Ибод Файзуллоев ва Бӯстон тир холӣ карданд, ки тақрибан 1-1,5 соат давом кард.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи тирборони марзбонони Қирғизистон ягон нафар мардуми осоишта зиён надидааст.

Як сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шаб онҳо дар хона буданд, дар натиҷаи тирпарронӣ хонаҳо зиён надиданд ва мардум низ, аммо то саҳар аз тарс хоб нарафтаанд.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки “торик буд ба тарафи маҳалла тир холӣ карданд, вале маълум нест, ки он тир ба куҷо расид. Ва то ҳол хабари маҷруҳ шудан ё нашудани касе аз мардуми осоиштаро нашунидаанд.”

Мутаассифона, мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар бораи ҳодисаҳои дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдода, изҳори назар накардааст. Ва тамоми расонаҳо фарзияи Қирғизистонро нашр мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми март дар пайи тирпарронӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз як низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта ва як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки аз ҷониби онҳо касе осеб надидааст. Пас аз ин ҳодиса миёни намояндагони мақомоти ду ҷониб музокира сурат гирифт. Аммо дида мешавад, ки ин музокира бенатиҷа анҷом шудааст.

Русия: Бекор шудани маҳдудияти парвозҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

0

Федератсияи Русия бо қабули як Қарор тамоми маҳдудиятҳои вобаста ба парвозҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон бо Русияро бекор кард.

Бино ба иттилои хабаргузории “Тасс“, “9-уми марти соли 2022 тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Русия маҳдудиятҳо барои парвозҳои мунтазам ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон, ки қаблан барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ҷорӣ гардида буданд, бекор карда шуд.”

Русия пеш аз ин маҳдудиятҳо барои парвозҳо ба Беларус, Ҷумҳурии Доминикан, Миср (ба истиснои Қоҳира), Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Финландия, Ҷумҳурии Чех, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ ва Кубаро низ комилан лағв карда буд.

Русия дар ҳоле аз бекор кардани маҳдудиятҳои вобаста ба парвозҳо суҳбат мекунад, ки пас аз оғози ҳамлаҳояш ба Украин Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Канада ва чанд кишвари дигар осмони худро ба рӯи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бастаанд ва дар посух Русия низ осмони худро ба рӯи кишварҳои таҳримкунандааш баста, дар муддати беш аз 10 рӯзи ахир ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ садҳо миллион доллар зарар дидаанд.

Русия аз оғози интишори бемории ҳамагири COVID-19 дар соли 2020 парвозҳоро маҳдуд карда буд ва ҳоло мегӯяд, аз ин пас “парвозҳо ба ин кишварҳо ҳоло танҳо тибқи муқаррароти созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳаракати ҳавоӣ ва созишномаҳои ҷудогонаи мақомоти авиатсионии кишварҳо маҳдуд мешавад.”

Поёни музокироти Русия ва Украина. Кулеба: Украина таслим намешавад

0

Музокироти дирӯзаи вазирони хориҷии Русия ва Украина дар Анталияи Туркия бенатиҷа ба поён расид. Лавров хостори таслими Украина шуд, Кулеба рад кард.

10-уми марти соли ҷорӣ музокироти сулҳи Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия бо вазири умури хориҷии Украиан Дмитрий Кулеба дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд.

Ин музокирот байни ду тарафи дагир дар Украина барои бори аввал дар сатҳи вазирони умури хориҷии ҳар ду кишвар бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушуғлу сурат гирифт, вале мисли се даври музокироти қаблии Русия ва Украина дар Белорус бенатиҷа поён ёфт.

Дар ин даври музокирот Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия хостаҳои қаблии кишвараш аз Украина, аз он ҷумла ба расмият шинохтани пайвастани Қрим ба Русия, эътирофи истиқлолияти “Ҷумҳурии халқии Луганск” ва Ҷумҳурии халқии Донетск” ва тағйири Конуститутсияи Украина ва шомил нашудани он ба НАТО ва дигар блокҳои низомии ҷаҳонро матраҳ кард.

Аммо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина дар робита ба ин хостаҳои Русия гуфт, ки Кремлин мехоҳад, ки Украина таслим шавад, вале Киев ин хостаҳои Кремлинро қабул надорад.

Пас аз ин музокирот Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, “амалиёти махсуси низомӣ” дар Украина идома меёбад ва аз сӯи дигар ҳамтои укроиниаш Дмитрий Кулеба афзуда, ки Киев барои расидан ба оташбаси талошҳои худро идома медиҳад.

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина 16 рӯз мегузарад ва дар ин муддати ба гуфтаи Созмони Миллали Муттаҳид зиёда аз 2 миллион нафар муҳоҷир ва ҳазорҳо каси дигар захмӣ ва кушта шудаанд.

Се муҳосиб беш 2 млн сомонӣ пули буҷаро дуздиданд

0

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон се муҳосиби як муассисаи давлатӣ бо гумони дуздии беш аз 2 миллион сомонии буҷаи давлат аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуданд.

Бино ба иттилои Агентии зидди фасоди Тоҷикистон, сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш Файзулаев Ҳабибулло бо ҳамдастии ду зертобеаш Алишеров Исмоилҷон ва Ҳалимов Маҳмадюсуф ҳаҷми фонди музди меҳнатро барзиёд нишон дода, бо ин роҳ аз буҷаи кишвар ҳудуди 2 миллиону 341 ҳазору 315,62 сомониро азонихуд кардаанд.

“Чунончӣ, номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади азонихуд намудани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишод дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан калон ба маблағи 2.341.315,62 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.”, омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон бо моддаҳои 245 қисмҳои 2, 3, 4 бандҳои “а”, “б”, “г”, ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар ин моддаҳои Кодекси ҷиноятии кишвар, ки дар парвандаҳои боздоштшудагон дарҷ ёфтааст, барои айбдоршаванда ҷаримаҳои зиёд дар ҳаҷмҳои калон ва ё аз 2 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, аммо на барои ҳама

0

Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки наздики ду рӯз масдуд буд, танҳо барои мошинҳои мусофирбар барқарор шудааст.

Тавре ба расонаҳо аз ширкати IRS иттилоъ додаанд, дар оғоз ҳаракати нақлиёт дар як самт – аз Хуҷанд ба самти Душанбе барқарор шуда буд. Баъд аз рафъи хатар, ҳаракати мошинҳо аз Душанбе ба Хуҷанд низ иҷозат дода шудааст, аммо ҳоло танҳо барои мошинҳои сабукрав.

Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ,  аз ҷумла километрҳои 48-71 муддати қариб ду рӯз ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуда буд.

Шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ, ягона роҳе аст, ки пойтахтро бо шимоли кишвар пайваст мекунад ва аз хатарноктарин роҳҳои кишвар, махсусан дар фасли зимистон ба шумор меравад.

Мақомот боздошти наздикони марҳум Саид Абудллоҳи Нуриро оғоз кардааст

0

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, мақомоти шаҳри Бохтар Муҳибуллоҳ Нуриддинов, бародарзодаи марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ роҳбари ҲНИТ ва раиси Комиссияи оштии миллиро боздошт кардаанд.

Мақомот то ҳол расман сабаби боздошти Нуриддиновро шарҳ надодаанд, аммо наздикони ӯ рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот ӯро ба “гирифтани пул аз хориҷа” муттаҳам кардаанд.

Боздошти Муҳибуллоҳ Нуриддино дар ҳолест, ки охири моҳи январ мақомот як бародарзодаи дигари марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Нусратуллоҳ Саидовро боздошт карда буд.

Он замон наздикони Саидов ба АЗДО ТВ гуфтанд, ки Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон асри рӯзи 24-уми январи соли 2022 соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ домулло Нусратулло Саидов ва дасти кам 4-5 нафари дигареро ҳам бо ӯ якҷо барои бозпурсӣ даъват карданд. Ва инак бо гузашти наздики ду моҳ то ҳол Нусратуллоро аз боздошт раҳо накардаанд.

Мулоқоти Сисӣ ва Раҳмон

0

Субҳи имрӯз Презеденти Ҷумҳурии Арабии Миср ҳамтои Тоҷикистонии худро дар Қасри Иттиҳодия дар шаҳри Қоҳира ба ҳузур пазируфт.

Аз сомонаи Президенти Тоҷикитсон

Расонаҳои мисрӣ дар бораи ҷузъиёти ин мулоқоти Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба ҷуз аз ба садо дарворадани сурудҳои миллии ду кишвар дар майдони назди Қасри Иттиҳодия ва ба дохили қаср даъват карда бурдани Эмомалӣ Раҳмон тафсилоти зиёде надодаанд.

Аммо Хадамоти матбуоти президенти кишвар бо нашри як гузориши муфассал дар бораи “мулоқот ва музокирот”-и сарони Мисру Тоҷикистон дар бораи масоили мухталифи дуҷониба ва бисёрҷониба хабар додааст.

Хадамоти матуботи Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар бораи ҳамлаҳои Русия ба Украина ва дар умум ҷанг дар ду кишвари барои Тоҷикистон “шарики стратегӣ” ва барои Миср “шарики бо эътимоди тиҷоратӣ ва иқтисодӣ” ҳеч ҳарфе нагуфтааст.

Аммо дар охири гузориш зикр шуда, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои мисриаш Абдулфаттоҳи Сисӣ даъват карда, ки “дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид” кунад ва Сисӣ ҳам ин даъватро “бо хушнудӣ пазируфта” аст.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарони мустақил, дар чанд соли ахир сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои дуру наздик, аз он ҷумла сафари ахири вай ба Аврупо ва инак ба Миср бештар ҷанбаи саёҳатӣ ва истироҳатӣ барои як раиси ҷумҳур касб карда, на сафарҳои корие, ки тараф дар вақти баргаштан ба Ватан бо дасти пур ва ё бастаи сармояҳои ҳангуфтеро ҷалб карда оварда бошанд.

Президенти Тоҷикистон 9-уми марти соли ҷорӣ дар раъси як ҳайъати боломақоми кишвар бо анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар карда буд.

Ҳамла ба як бемористони кӯдакон дар Украина хашми ҷаҳониёнро барангехт

0

Русия пас аз эълони оташбаси 12-соата дар 5 шаҳри Украина ба яке аз бемористонҳои кӯдакона ва зоймон ҳамла карда, дар натиҷа даҳҳо модару кӯдакро маҷрӯҳ кард.

Бахши зоймони бемористони кӯдаконае, ки дар шаҳри Мориупол мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Акс аз ББС

9-уми марти соли 2022 нерӯҳои Русия дар Ҷануби Украина дар шаҳри Мориупол як бахши зоймони як бемористони кӯдаконаро мавриди ҳамла қарор дода, даҳҳо модару кӯдакро захмӣ карданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский ин иқдоми Русияро “наслкӯшии украиниҳо” тавсиф карда гуфт: Федератсияи Русия чӣ кишварест, ки аз бемористонҳои кӯдакона ва зоишгоҳҳо меҳаросад ва мехоҳад онҳоро нобуд кунад?

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ин ҳамларо “ваҳшатнок” тавсиф карда, аз Русия хост, ки ба “хушунатҳои бедалел” дар Украина поён диҳад.

Инчунин вазири умури хориҷаи Амрико ҳам ин ҳамларо маҳкум карда, Русияро ба “иқдомҳои ноҷавонмардона” дар Украина муттаҳам намудааст.

Нахуствазири Бритония ҳам ин ҳамларо маҳкум карда гуфтааст: Ҳеч чизе “ғайриахлоқитар аз ҳамла ба инсонҳои осебпазир ва бедифоъ” вуҷуд надорад.

Мақомоти Русия аз ин иқдоми худ изҳори пушаймонӣ накардаанд, балки ба гуфтаи ББС Вазорати дифои Русия гуфта, ки дар ин амр “кӯтоҳӣ аз ҷониби Украина сурат гирифта, зеро онҳо дар хориҷ кардани ғайри низомиён аз минтақаҳои даргир корро кашол додаанд.”

Гуфта мешавад, бар асари ин ҳамлаи Русия ба бахши зоишгоҳи бемористони кӯдакона дар шаҳри Мориупол намои зоҳирии бино хароб ва қариб тамоми шишаҳои тирезаҳои он шикаста ба замин рехтаанд. Кормандони полис ва дар якҷоягӣ бо нерӯҳои Украина занони бордор ва кӯдаконро ба ҷои амн интиқол додаанд.

Гароншавии бесобиқаи нархи маҳсулот дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон баъди поин рафтани қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ нархи маводи ғизоӣ ва сузишворӣ якуякбора гарон шуд.

Як халтаи орди 50 килоӣ, ки дар бозорҳои Тоҷикистон рӯзи гузашта 270-280 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бо нархи 330-340 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар баробари ин бисёре аз нуқтаҳои фурӯши орд дар бозорҳо дарҳои худро барои харидорон бастаанд. Ба гуфтаи тоҷирон, дар анборҳо қимати орд боло рафтааст ва ҳоло намедонанд, ки фардо чӣ мешавад. Тоҷирон мегӯянд, агар ордро бо талаби мардум бо нархи пештара фурӯшанд, дигар онро бо нархи ҳозира харида наметавонанд.

Овозаҳо дар бораи боз ҳам гарон шудани нархи орд мардумро барои харидорӣ шитобзада карда, сабаби навбатпоии зиёди мардум дар бозорҳои кишвар гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, як зарфи 5-литраи равғани растанӣ, ки вобаста ба сифат ва истеҳсолкунанда аз 105 то 115 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бо қимати 115-125 сомонӣ фурухта мешавад.

Нархи шакар, макарон ва дигар маҳсулот низ дар бозорҳои ба таври бесобиқа гарон шудааст.

Инчунин рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон гароншавии қимати ҳама навъҳои сӯзишворӣ мушоҳида мешавад. Гази моеъ, ки нархи як литри он 6,3-6,4 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло то 6,9-7 сомонӣ боло рафтааст.

Бензин низ нисбат ба як рӯзи пеш 1,4 сомонӣ гарон шуда, ҳоло 12-12,2 сомонӣ арзиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллии сомониро дар баробари доллари амрикоӣ 14,9% поин бурд. Ҳоло 1 доллари амрикоӣ ба 13 сомонӣ баробар аст. Рӯзи 8-уми март 1 доллар баробар ба 11,3 сомонӣ буд. Дар бозори сиёҳи кишвар қурби доллари амрикоӣ афзоиш ёфта, 1 доллар 14 сомониро ташкил медиҳад.