13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 533

Садои Омбудсмени тоҷик баланд шуд

0

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба омбудсменҳои давлатҳои хориҷа ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар муроҷиат намуда, хостори садо баланд кардан дар баробари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Афғонистон шудааст.

Омбудсмени тоҷик дар муроҷиати худ аз вазъияти охири Афғонистон нигаронӣ намуда, афзудааст, ки сохторҳои дахлдори Cозмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар баробари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Афғонистон хомушӣро ихтиёр кардаанд.

“Мутаассифона, сохторҳои дахлдори СММ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хомӯшӣ ихтиёр намуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакон, маъюбон, занону духтарон ва дигар кишрҳои осебпазири ҷомеа вокуниш нишон намедиҳанд. Ҳар лаҳза поймолкунии ҷиддӣ ва оммавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва теъдоди кушташудагони аҳолии осоишта  дар ин кишвари ҷангзада зиёд шуда, табъизи қавму халқҳои ғайрипаштунӣ ба назар мерасад”, – омадааст дар муроҷиати Бобозода.

Ин муроҷиати Омбудсмени тоҷик дар ҳолест, ки мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ҳазорҳо нафари бегуноҳ дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ё бо як “лайк” мондан барои солҳои дароз равонаи зиндон мешаванд, боре садояш барои ҳимояти ҳуқуқи чунинҳо шунида нашудааст.

Дар аксар ҳолат вақте Бобозода аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пурсида мешавад, изҳори бехабарӣ мекунад ва ё мегӯяд, касе барои поймол шудани ҳуқуқи худ ба онҳо муроҷиат накардааст.

Ҳамчунин Омбудсмени тоҷик аввали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотие аз ҳукми додгоҳ нисбати пирамарди 80-сола, Донёр Набиев (Бобои Дона) пурсида шуд, гуфта буд, ки дар бораи ӯ чизе намедонад ва бо ҳамин аз посух фирор кард. Ӯ дар ҳоле аз ин қазия изҳори бехабарӣ кард, ки хабари он пирамарди 80-сола қариб дар аксар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ пӯшиши васеъ ёфта буд.

Қиёми мардум дар Бағлон алайҳи Толибон

0

Хабаругзории русии “ТАСС” хабар дод, ки мардум дар вилояти Бағлон алайҳи Толибон қиём карда, бо зӯр онҳоро ба ақаб рондаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, задухӯрдҳои байни ҷангҷӯёни Толибон ва нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон рӯзи якшанбе дар шимоли Бағлон шурӯъ шуда аст.

Субҳи имрӯз низ задухурдҳо дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароби Бағлон оғоз шуда, ҷангҷӯёни Толиб маҷбур шуданд аз ин минтақа ақибнишинӣ кунанд. Бо ин ҳол, даргириҳо дар минтақа идома дорад.

Ҳамзамон Радиои “Озодӣ” хабар дода, ки субҳи ҳамин рӯз яке аз фармондеҳонӣ маҳаллӣ бо номи Хайрмуҳаммади Андаробӣ дар наворе, аз озод шудани се ноҳия дар ин вилоят хабар дода аст. Андаробӣ ба Толибон ҳушдор дода, ки ҳамин гуна дар ҳамаи вилоят онҳоро шикаст хоҳад дод.

Вилояти Бағлони Афғонистон бо вилояти Панҷшер ҳамҷивор аст. Пас аз суқути бахше аз вилояти Панҷшер ба дасти Толибон Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо интишори як фарохони умумӣ аз мардуми Афғонистон хоста буд, ки алайҳи Толибон қиём кунанд.

Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон “риққатбор” аст

0

Вазъи озодии баён ва журналистика дар Тоҷикистон “риққатбор” арзёбӣ шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар кишвар бо вуҷуди будани телевизиону радио ва маҷаллаву рӯзномаҳо маҳдудияти озодии баён ошкор ба чашм мерасад.

Баҳси озидии баён ва мушкилоти матбуоту рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя рӯзҳои 9-10-уми сентябр дар шаҳри Тошканд зимни ҷаласаи 23-юми САҲА дар робита ба вазъи матбуот дар кишварҳои Осиёи Миёна баррасӣ шудааст.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, намояндаи Тоҷикистон – Сӯҳроб Пӯлотов, ҳуқуқшиносони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз боздошти Далер Шарифов, мушкилоти додгоҳии Мижгона Ҳалимова ва аз чоп мондани “Вечерка” мисол оварда, вазъи рӯзноманигорон ва озодии баёнро “риққатбор” арзёбӣ кард.

Пӯлотов инчунин аз зиндонӣ шудани Абдумаҷид Ризоев, як ҳуқуқшиноси мустақил мисол овард, ки номбурда барои бознашри матне дар Фейсбук ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Монеа эҷод кардани ҳукумати Тоҷикистон ба кори рӯзноманигорон ва ё боздошту зиндонӣ кардани онҳо солҳои ахир зиёд ба чашм мехӯрад. Танҳо аз аъзоёни боздоштшудаи ҲНИТ рӯзноманигороне монанди Маҳмадалӣ Ҳаит, ки дар гузашта дар вазифаи муовини раидои ва телевизиони Тоҷикистон кор кардааст, инчунин Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат ва аз рӯзноманигорои мустақил ба монанди Муҳаммадюсуф Исмоилов ва чанде дигар вуҷуд доранд, ки зиндонӣ шудаанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти хабарии охираш гуфт, ки дар кишвар 395 нашрияву маҷалла фаъолият мекунад, ки 391-тои он ғайридавлӣ маҳсуб мешаванд. Аммо шумори расонаҳои мустақиле, ки дар воқеъ битавонад авзоъро бепарда пӯшиш бидиҳад, ангуштшуморанд.

Иштироки раиси КДАМ дар нишасти махфии Покистон

0

Хабаргузории “

Ба иттилои ин манбаъ, ин нишаст рӯзи шанбе дар Исломобод, пойтахти Покистон доир шуда, дар он сарони кумита ва вазоратҳои амниятии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Чин, Русия, Эрон ва Тоҷикистон низ ширкат кардаанд. Аммо дар ин бора ҳеч изҳороти расмӣ то ҳол нашр нашудааст.

Нишаст бо даъвати раиси Хадамоти истихбороти Покистон генерал Файз Ҳамид сурат гирифта аст ва ҳадаф аз он баррасии вазъият дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа унвон шудааст.

Ҳамзамон рӯзномаи “India Today”, хабар медиҳад, ки ба ғайр аз раҳбарони истихборотии Эрон, Чин, ва Русия, ҳамзамон раҳбарони истихбороти Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон аз меҳмонони нишаст будаанд.

Ин дувумин нишасти минтақавӣ аст, ки Покистон пас аз мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон доир ба амнияти минтақа баргузор мекунад.

Файз Ҳамид, раиси хадамоти истихброти Покистон, ҳафтае пеш аз Кобул баргашта. Гуфта мешавад, ки ин сафар бо даъвати Толибон сурат гирифта буд.Толибон гуфтанд, ки нигарониҳои марзӣ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.

Интиқоли зиёда аз 1400 тонна маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон

0

Шаби 6-ум ба 7-уми сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 1400 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензин, дизел ва газ интиқол дода шудааст.

Бино ба манобеи АЗДО ТВ, ин маҳлусоти нафтӣ дар 70 мошини сӯхтбар тавассути гузургоҳи Панҷи Поён/Шерхон-Бандар бидуни ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохтҳои боҷи гумрукӣ ба Афғонистон интиқол ёфтаанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, масъулини ҳамлу нақли ин фаровардаҳои нафтӣ дар “Фароз” ба сарҳадбонон ва кормандони гумрук дар вақти интиқоли бор гуфтаанд, ки соҳибони бор талаб доранд, ки борашонро интиқол диҳем, ба ин хотир дар ин шароит мо маҷбурем, ки ин маҳсулоти нафтиро ба онҳо бирасонем.

Гуфта мешавад, ин фаровардаҳои нафтӣ моли тоҷирони афғон унвон шуда, ширкати “Фароз”-и Шамсуллоҳ Соҳибов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон масъули интиқоли онҳо мебошад.

Ширкати “Фароз” дар гузашта низ пайваста нерӯҳои НАТО ва сипас Толибонро дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон бо фаровардаҳои нафтӣ таъмин мекард. Аммо он замон ширкати “Фароз” хеле аз маҳсулоти нафтиро бидуни пардохтҳои гумгурӣ аз тариқи лӯлаҳои зериобӣ ба Афғонистон интиқол медод. Лӯлаҳои зериобии ширкати “Фароз” дар чандсанд метрии пули Панҷи Поён дар соли 2006 сохта шуданд.

Ихроҷи иддае аз мухолифон аз Лаҳистон

0

Хадамоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, ки дар миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ барои ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ироқ ду парвози чартерӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

Сухангӯи ин ниҳод Анна Мичалска дар суҳбат ба “PAP” гуфтааст, ки ин парвозҳо барои ихроҷи муҳоҷироне аст, ки Додгоҳ ҳукми ихроҷашонро содир кардааст. Сухангӯи Хадамоти марзбонии Лаҳистон афзуд, чунин парвозҳо замоне анҷом мешаванд, ки теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба андозаи кофӣ ҷамъ шуда ва имкони фиристодани онҳо аз роҳҳои заминӣ вуҷуд надошта бошад.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон масъули ҳамоҳангии чунин парвозҳои чартерӣ барои ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонқни буда, ҳазинаи онро Ожонси Фронтекс пардохт хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар як моҳи ахир беш аз 1000 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Беларус ғайриқонқни вориди Лаҳистон гаштаанд ва то мушаххас шудани вазъияти ҳуқуқияшон дар кампҳои бастаи паноҳандагон нигаҳдорӣ мешаванд.

Тибқи маълумоте, ки ба дасти Аздо тв расид, дар чанд моҳи ахир беш аз 40 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ аз Белорус вориди Лаҳистон гаштаанд ва эҳтимол меравад ин парвоз барои бозгардонидани онҳо фароҳам шуда бошад.

Ҳангоме, ки ин хабар омода мешуд, яке аз паноҳандагони Тоҷикистон ба Аздо ТВ тамос гирифта изҳори нигаронӣ кард, ки афсарони Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар хонаи онҳо қарор доранд ва мехоҳанд онҳоро ба Фурӯдгоҳ бибаранд. Ин хонум мегӯяд, феълан муаллимаи фарзандонаш бо афсарони марзбонӣ ҷанҷол дорад ва талош дорад монеи ихроҷи онҳо гардад.

Ҳамзамон Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗ дар як тамоси телефонӣ ба Аздо тв ин хабаро таъйид кард ва гуфт: “Дар лагерҳои бастаи Лаҳистон 3 оила аз аъзои “Гурӯҳи 24″ ва 2 оила аз аъзои ҲНИТ қарор доранд ва ин кумита барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва пайдо кардани адвокат талош дорад ва барои баъзе аз онҳо адвокат гирифтааст.”

Ин бори авал нест, ки Лаҳистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ихроҷ мекунад. Пеш аз ин Мустафо Ҳаётов, узви “Гурӯҳи 24” низ аз Лаҳистон ихроҷ шуда буд ва инчунин 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми ифротгароӣ аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд.

Марги сокини ноҳияи Восеъ дар натиҷаи занозанӣ

0

Сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар латукӯб ва куштори як сокини дигари ҳамин ноҳия гумонбар дониста мешавад.

Кормандони милитсия як сокини 34-солаи Восеъро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, боздошт карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар деҳоти Раҷабови ноҳияи Восеъ рух додааст.

Гуфта мешавад, занозанӣ байни гумонбар ва як сокини 29-солаи маҳаллӣ сар задааст, ки дар натиҷаи он дуввумӣ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз сокини кушташуда ва гумонбар ном наовардааст. Инчун назари муттаҳам ва ё адвокату пайвандонаш низ дар хабар вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, хабар медиҳад ВКД-и Тоҷикистон.

“Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфтанд

0

Дастаҳои “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфта, муборизаро барои ҷом идома медиҳанд.

‌‌11-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи “20 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи “Хуҷанд” бо задани як гол дастаи “Хатлон”-и Бохтарро  шикаст дод.

Рақиби Хуҷанд дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб хоҳад буд, ки дар чорякфинал бар ССКА -и пойтахт бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ин бозӣ 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд баргузор гардид.

‌‌Бозии дигар барои роҳхат ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи ССКА -и Вазорати мудофиаи ҶТ байни дастаҳои  “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Истаравшан” баргузор гардид. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.  Дар вақти иловагӣ гол зада нашуд. Дар силсилаи пеналтӣ дарвозабони “Эсхата” Мӯъминҷон Гадойбоев се пеналтиро гардонда, ба дастааш пирӯзӣ овард (3:2).

‌‌Дар 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон рақиби “Эсхата” барандаи ҷуфти чорякфиналии “Истиқлол” – “Файзканд”-и Восеъ хоҳад буд.

Бози финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 имсол дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” -и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 кишварро дар Ҷоми AFC-2022 муаррифӣ хоҳад кард. Агар як даста  қаҳрамони (ё ноиб) кишвар ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шавад, пас барандаи медали биринҷии Чемпионати Coca-Cola Тоҷикистон-2021 дар мавсими оянда дар Ҷоми AFC бозӣ хоҳад кард.

‌‌‌

Раисӣ ба Душанбе меравад

0

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳамчун президент нахустин сафари хориҷии худро аз дидани Тоҷикистон оғоз мекунад.

Акс аз Асри Эрон

Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон хабар додааст, ки Иброҳим Раисӣ, президенти ин кишвар барои ширкат дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе сафар мекунад.

Дар назар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо ҳузури сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Беларус, Русия ва сарвазири Покистон Имрон Хон баргузор шавад. Намояндаи Чин, нахуствазири Ҳиндустон ва президенти Манголия ба таври он-лайн ширкат хоҳанд кард. Аммо Азияплюс дар такия ба “ТАСС” иттилоъ дода, ки дар ин нишаст аз Афғонистон, ки узви нозири Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад, касе ширкат намекунад.

Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 16-17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.