Ҷомеа

Издивоҷи занон бо дарахтон дар Бритониё

Дар минтақаи Бристоли Бритониёи Кабир беш аз 70 зан аз намояндагони созмонҳои ҷонибдори муҳити зист дар вокуниш ба тарҳи сохтани 166 бинои маскунӣ дар маконе, ки онҷо ҳоло 74 дарахт вуҷуд дорад, маросими “издивоҷ бо дарахтон”-ро баргузор карданд.

Акс аз Интернет

Ба гузориши “newsweek.com” занон дар ин маросим либсои арусии ба сабки фарҳангҳои мухталифро ба тан карда, бо ин амалашон хостанд ин дарахтонро аз нобудӣ наҷот диҳанд.

Яке аз занони иштироккунанда дар ин маросим бо номи Сузон Ҳект мегӯяд: “Издивоҷ бо дарахт воқеан як ифтихор аст. Дарахтон намунаи воқеӣ аз ишқи бидуну қайду шарт ҳастанд”.

Ӯ дар идома афзуда, ки “издивоҷ барои зиндагӣ аст, нафас кашидан ҳам барои зинда мондан аст.”

Акс аз сомонаи "www.bbc.com"

Издвоҷи занон бо дарахтон бори аввал нест, ки дар расонаҳо мунташир мешавад. Соли 2018 гурӯҳе аз занон дар Мексика барои пешгирӣ аз қатъи дарахтон дастаҷамъона бо дарахтон издивоҷ карда буданд. Ва пеш аз ин низ дар даҳаи 70 асри гузашта дар Ҳиндустон низ чунин амалкардҳо аз ҷониби дӯстодорони муҳити зист анҷом ёфта буд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҷомеа

Ҷомеа

Бадахшону Исфара дар як рӯз нақшаи даъвати сарбозонро иҷро карданд

Ҷомеа

Дар рӯзи чоруми нишасти САҲА чӣ гуфта шуду чӣ гузашт?

Ҷомеа

Се рӯзи нишасти САҲА бе ҳузури намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон гузашт

Тоҷикистон

Се донишманди тоҷик узви Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон шуданд