Хона блог саҳифа 54

Имсол ҳам Тоҷикистони фасодзадатарин кишвар шинохта шуд

0

Тоҷикистон дар соли 2025 дар миёни кишварҳои фасодзадатарини дунё қарор гирифтааст.

Transparency International “Индекси дарки фасод”-ро барои соли 2025 нашр кард, ки Тоҷикистон бо гирифтани 19 хол аз 100 дар миёни 182 кишвари ҷаҳон мақоми 166-умро касб кардааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Тоҷикистон танҳо Туркманистон натиҷаи пасттар дошта, бо гирифтани ҳамагӣ 17 хол дар мақоми 167 ҷой дорад.

Бино ба арзёбии созмон, Қирғизистон бо 26 имтиёз дар ҷойи 142, Узбекистон бо 31 имтиёз дар ҷойи 124 ва Қазоқистон бо 38 имтиёз дар ҷойи 96 қарор доранд.

Ин нишондиҳандаҳо бар асоси 13 манбаи мустақили беруна, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, марказҳои таҳлилӣ ва ширкатҳои рейтингӣ ҳисоб карда мешаванд ва созмон ҳамчунин дар гузоришаш бар арзёбии коршиносон ва соҳибкорон такя мекунад.

Дар гузориши Transparency International гуфта мешавад, ки пойинравии сатҳи демократия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон боис гаштааст, фасоди молӣ бештар ва фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ тангтар гардад.

Ба ҳамин хотир ин созмон аз мақомоти кишварҳои фасодзада хостааст, ки ҳарчи зудтар мустақилии додгоҳҳо, фаъолияти озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаффофияти ниҳодҳои давлатиро тақвият диҳанд.

Дар миёни кишварҳои фасодзадатарини дунё қарор гирифтани Тоҷикистон дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша иддао мекунад, бар зидди коррупсия ва решакан кардани он мубориза мебарад ва мақомдорон ба қабули Стратегияи муқовимат ба коррупсия то соли 2030 дар соли 2021 ишора мекунанд. Аммо баръакс, дар муқоиса ба соли 2021 Тоҷикистон дар радабандии Transparency International 9 зина пойин рафтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва хешутаборбозӣ реша паҳн кардааст. Тасдиқи гуфтаи коршиносон ин хабари боздошти солона даҳҳо мақомдор бо иттиҳоми гирифтани пора мебошад, ки худи расонаҳои давлатӣ онро пахшу нашр мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ҳар мансабдори ҷадид худаш мансабро бо додани пул мехарад ва сипас ӯ низ барои рӯёндани маблағҳои сарф кардааш ҳамеша даст ба ришваву фасод мезанад. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.

Эълоне, ки қаблан собиқа надошт. Оё вокуниши мухолифон ҳукуматро нигарон кард?

0

Барои бори аввал аст, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз мулоқоту барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон маълумот нашр мекунанд.

Рӯзи чоршанбе, 11-уми феврал Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон бо нашри иттилоияе навишт, ки “Рӯзҳои наздик чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.

Аммо, торихи мулоқотҳо зикр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки қарор аст дар рӯзҳои наздик раисҷумҳур бо президенти Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Ҷоу Ҷиайи ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошербаев дидор кунад.

Пас аз чанд соате Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон як матлаби дигаре нашр кард, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон зери рақами №АП-971 ба Вазорати молияи Тоҷикистон фармон додааст, ки “аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо ду миллиону чил ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.”

Ин амри Президентро қариб тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки дар Фейсбук саҳифа доранд, нашр карданд. Аз ҷумла, Паёми Душанбе, Ҷавонони Тоҷикистон, (ки ҳам дар сомонааш ва ҳам дар саҳфаи фейсбукияш нашр кард) Шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ва инчунин чандин ниҳоди дигар.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз ду ҳафта аст, дар расонаҳо дида намешавад, дар ҳоле ки қаблан ӯ ҳатто барои ифтиҳоҳи мағозаву роҳҳои оддӣ ҳам дар расонаҳо пайдо мешуд. Ва аз ӯ дар расонаҳои давлатӣ ба шиддат таърифу тамҷид мешуд. Ин ғайбати ӯ дар шабакаҳои тоҷикӣ бозтоби васеъ ёфта, ҳатто расонаҳои хориҷӣ ҳам онро пӯшиш доданд.

Нопадид шудани Эмомалӣ Раҳмон баҳсу гумонҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, ки раисҷумҳур ё бемор аст ва ё ҳодисае ба сараш омадаву мақомот онро эълон намекунанд.

Чунин ҳолатҳо қаблан ҳам сурат гирифта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд муддате аз расонаҳои давлатӣ ва маҷлисҳои ҳукуматӣ ғайб мезад. Борҳо дар бораи вафот ё беморияш овозаҳо нашр мегашт, аммо пас аз нашри овозаҳо, боз дар расонаҳо пайдо мешуд.

Вале ин бор, бахусус пас аз оне, ки мақомот насиҳатҳои васиятгунаи Эмомалӣ Раҳмонро нашр карданд, ки ӯ дар он наворҳо ба ҷавонону кӯдакон ва шаҳрвнадони кишвар хитоб намуда, аз худ ситоиш мекунад, ки умрашро барои ободии давлати Тоҷикистон бахшидааст, баҳсҳоро бештар кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи Раидио Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои табобат ба Чин сафар кардааст. Аммо мақомоти давлатӣ дар ин бора чизе намегӯянд.

Ба назари коршиносон, матлабе, ки Дастгоҳи Президент дар бораи мулоқотҳо ва барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, дар асл як посухест ба мавҷи овозаҳо, ки ҳамаро пур кардааст. Ва мехоҳанд ба ин тариқ ба мардум бирасонанд, ки ӯ саломат асту барномаҳояш ҳам мисли қаблӣ идома доранд.

Боз қонуни нав: Шароити муҳоҷирон дар Русия душвортар мегардад?

0

Шароити будубоши муҳоҷирон дар Русия дар пасманзари қабули пайдарпайи қонунҳои нав сахттар мешавад.

Комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузорӣ ислоҳот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР” ва Кодекси андозро ҷонибдорӣ кард. Дар ин тағйирот талаботи иловагӣ барои тасдиқи даромади муҳоҷирон ва уҳдадориҳои нави андозӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни тасдиқшуда, шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар Русия зиндагӣ мекунанд, уҳдадор мешаванд, то ба ВКД маълумот дар бораи даромадҳои қонунии худро пешниҳод намоянд. Ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда маълумотнома дар бораи даромад, нусхаи эъломияи андоз ва санадҳои пардохти андоз қабул карда мешавад.

Дар сурати тасдиқ нашудани даромад, муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ, ки дар таъминоташ қарор доранд кӯтоҳ карда мешавад.

Ҳамчунин барои гирифтан ё тамдиди патенти меҳнатӣ даромади муҳоҷир бояд аз сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ дар минтақа бо дарназардошти “коэффициенти” минтақавӣ кам набошад. Дар ин ҳолат истисно барои гирифтани нахустини патент ва инчунин барои шаҳрвандони хориҷие пешбинӣ шудааст, ки назди шахсони воқеӣ танҳо барои эҳтиёҷоти шахсии онҳо кор мекунанд.

Илова бар ин, барои муҳоҷирони корие, ки назди шахсони воқеӣ фаъолият доранд, пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ҷорӣ карда мешавад. Ҳаҷми пардохт бо ҳар як кӯдаки ноболиғи дар таъминотбудааш 50 фоиз зиёд мегардад.

Ба гуфтаи раиси ҳайати Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Русия Владимир Груздев, меъёри асосии пардохти пешакии моҳона барои кормандони ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ 1,2 ҳазор рубл ва барои кормандони назди шахсони воқеӣ, ки барои эҳтиёҷоти шахсӣ ба кор гирифта шудаанд, 1,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Муаллифони ташаббус қайд мекунанд, ки ислоҳот ба тақвияти назорат аз болои даромади шаҳрвандони хориҷӣ ва боло бурдани ҷамъоварии андоз аз даромади шахсони воқеӣ равона шудааст.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боз чӣ гузашт?

0

Қочоқбарони афғон боз марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур карда, бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон даргир шудаанд.

Бино ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, шаби 10-уми феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии “Дарқад” дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон 4 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии сарҳадбонон як қочоқбар бо номи Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини деҳаи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид. Аммо ба 3 қочоқбари дигар муяссар шуд, ба самти Афғонистон фирор кунанд.

Ҳамчунин аз ҷойи ҳодиса 2 камераи резинӣ дарёфт карда шуд, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳад аз он истифода бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон вобаста ба ин ҳодиса бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқ ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад парванда боз карда, тафтишот оғоз шудааст.

То ҳол назари Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст доранд, дастраси расонаҳо нашудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки дар чанд моҳи охир даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ Кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чаҳор нафар, ки онҳоро «аъзои гурӯҳи террористӣ» номид, кушта шудаанд. Аммо мақомоти Толибон дар Афғонистон иддао карданд, ки ин афрод қочоқбар буданд.

Ҳамчунин рӯзи 24-уми декабри соли гузашта дар ҷараёни як задухӯрди мусаллаҳона дар ҳамин ноҳияи марзӣ ду афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон он замон хабар доданд, ки се ҳамлагар, аз «аъзои ташкилоти террористӣ» нобуд карда шуданд.

Илова бар ин, дар аввали моҳи декабри соли гузашта дар ду ҳамлаи дигар аз қаламрави Афғонистон дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон беш аз 10 шаҳрванди Чин куштаву захмӣ шуданд.

Раиси КДАМ-и Қирғизистон аз мансабаш барканор шуд

0

Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон, ки дар баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳузур дошт, аз мансабаш барканор шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов 10-уми феврал бо судури фармони махсус Қамчибек Тошиевро аз вазифаҳои муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) озод кард.

Дар шарҳи ин хабар расонаҳои қирғизӣ аз қавли Ҷабборов навиштанд, ки ӯ гуфтааст: “Ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад.”

Аммо баъдтар сухангӯи расисҷумҳур Аскат Алагозов ба расонаҳо шарҳ дод, ки суханони президент Собир Ҷаббаров дар бораи “пешгирӣ аз тафриқа дар ҷомеа” ба Камчибек Тошиев рабте надоранд. Ба гуфтаи ӯ, “сухан дар бораи амалҳои афроди алоҳидае буд, ки бо пинҳон кардани номи Камчибек Тошиев ба вакилони парлумон (Жогорку Кенеш) ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ занг мезаданд ва онҳоро ба қабули қарорҳои гуногун водор месохтанд. Ин метавонист ба шиддат дар дохили парлумон ва сохторҳои давлатӣ мушкилсоз шавад.”

Тошиев, ки аз моҳи октябри соли 2020 ин вазифаҳоро ишғол мекард, ҳамчун шахсияти калидӣ дар ҳукумати Ҷабборов шинохта мешуд. Барканории ӯ, ки ҳамчун дӯст ва ҳампаймони деринаи Ҷабборов дониста мешавад, тахмину гумонзаниҳои зиёдеро дар байни ҷомеа ба вуҷуд оварда, аз вуҷуди халалу нофаҳмиҳо миёни элитаи сиёсии Қирғизистон дарак медиҳад. Гуфта мешавад, ин тасмим метавонад нишонаи тағйироти калонтар дар элитаи ҳокими Қирғизистон бошад.

Ба иттилои расонаҳо, ҳангоми судури фармон Тошиев барои табобат дар Олмон қарор доштааст ва гӯё ин хабар барои ӯ ногаҳонӣ будааст. Баъзе расонаҳо гузориш медиҳанд, ки ӯ ду рӯз пеш аз Қирғизистон баромада буд ва эҳтимолан аз ин тасмим огоҳ набудааст. Ҳамзамон бо барканории Тошиев, президенти Қирғизистон чанд муовини ӯ, аз ҷумла Курбанбек Авазов, Даниэл Рисалиев ва Элизар Смановро низ аз вазифаҳояшон озод кардааст.

Мувофиқи хабарҳои нашршуда, ҳоло ба ҷои Тошиев, Ҷумгалбек Шабданбеков, ки пештар муовини раиси КДАМ ва сардори Хадамоти 9-уми ин кумита буд, ба ҳайси иҷрокунандаи вазифа раиси КДАМ таъйин гардидааст.

Ба назари таҳлилгарон, ин тағйирот дар ҳоле сурат мегиранд, ки чанде пеш худи Тошиев аз номзад шуданаш дар интихоботи президентии оянда хабар дода буд. Ва ҳамчунин дар Қирғизистон танишҳои сиёсӣ байни элитаи ҳоким афзудааст ва овозаҳо дар бораи барканории дигар мақомҳои баландпоя, аз ҷумла раиси парламент низ паҳн мешаванд.

Коршиносони сиёсӣ ин ҳодисаро ҳамчун нишонаи таҳкими қудрат дар дасти як шахс ва он ҳам бошад, Собир Ҷабборов арзёбӣ мекунанд. Тошиев, ки дар инқилоби соли 2020 дар паҳлуи Ҷабборов фаъол буд, акнун метавонад ба ҳайси мухолиф пайдо шавад, ҳарчанд ҳанӯз изҳороти расмии ӯ дастрас нашудааст.

Оғози моҳи шарифи Рамазон маълум шуд

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 10-уми феврал пас аз нишасти худ расман оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон кард.

Афшин Муқим, сухнагӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар ба хабаргузории “Азия-Плюс” инттилоъ дода, ки Шӯрои уламо оғози моҳи шарифи Рамазонро вобаста ба ҳисобҳои илмӣ 19-уми феврали соли ҷорӣ муайян кард.

Гуфта мешавад, Шӯрои уламо дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин қарорро қабул кардааст.

Ин дар ҳолест, ки аксар кишварҳои исломӣ оғози моҳи шарифи Рамазонро аз пеш эълон намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, мувофиқи ҳадисҳои Паёмбар (с) бояд бо дидани моҳ рӯза гирифт ва бо дидани он ид кард.

Шӯрои уламо ҳамзамон дар ҷаласаи имрӯзааш фитри рӯзаро низ муайян кард, ки бар асоси он бояд ҳар як кас 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта фитри рӯза 8 сомонӣ муайян шуда буд.

Ҳамчунин нисоби закот 64 ҳазор сомонӣ таъйин гардид. Яъне агар шахси мусалмон 64 ҳазор сомонӣ ва ё зиёдтар дошта бошад, бояд 2,5%, ки 1 ҳазору 600 сомонӣ аст, закот диҳад. Соли гузашта ин ин ниҳод нисоби закотро 36 ҳазору 900 сомонӣ муайян карда буд, ки маблағи пардохти закот 880 сомонӣ мешуд.

Ҳамчунин Шӯрои уламо фидяи рӯза (моли пардохт барои мусалмоне, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегирад)-ро имсол барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар кард. Дар соли гузашта ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз)-ро ташкил медод.

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

0

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Зафари Сӯфӣ, мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” рӯзи 9-уми феврал дар саҳфаи фейсбукиаш навишт, ки писари бузургаш 18-уми январи соли ҷорӣ ба дидани ҳамсар ва гузарондани моҳи асал ба Ереван рафт, аммо ғайриинтизор дар фурудгоҳ боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Бобосӯфӣ Рауфиро бо иттиҳоми “узвият дар созмонҳои мамнуъ”, яъне моддаи 307 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ, ки аксар мунтақидони режимро ба ин банд муттаҳам мекунанд, дар ҷустуҷӯ қарор дода будааст.

Худи Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ки писараш ҳеч ҷурмеро муртакиб нашудааст ва “танҳо далели роҳ андохтани ин фитна фарзанди ман будан ва безорияш аз худкомагӣ буду ҳаст”.

“Дар хонаводаи мо як усуле побарҷост, ки огоҳона ба ҳеч гурӯҳе узв намешавем. Ҳадди ақал то имрӯз ин усул риоят шудаву мешавад. Аммо ҳамеша дар тарафи адолат ва ҳамроҳи афроде будему ҳастем, ки новобаста аз узв ё тарафдори кадом ҳизбу гурӯҳ буданашон, аз мардумсолорӣ, ростиву дурустӣ ва каромату шарофат ва ҳуқуқи инсон пуштибонӣ мекунанд,” – навиштааст Зафари Сӯфӣ дар саҳфаи фейсбукиаш.

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мегӯяд, писараш Бобосӯфӣ бо фишор ва талоши созмони Helsinki Citizens’ Assembly Vanadzor дар Ереван ва кормандони сафорати Фаронса дар Арманистон рӯзи 7-уми феврал раҳо шуд ва ба иттилои ӯ, Бобосӯфӣ Рауфӣ ҳафтуми феврал раҳо шуд ва ба Аврупо баргашт.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 низ алайҳи Бобосӯфӣ Рауфии 32-сола бар асоси моддаи 207 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ” парванда боз карда, таҳти пайгард қарор дода буданд.

Бояд гуфт, дар як соли охир ин бори дувум аст, ки зодагони Тоҷикистон бо дархости Душанбе дар марзи Арманистон боздошт мешаванд. Моҳи августи соли 2025 Исмоил Холов, узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар сарҳади ин кишвар дастгир ва дертар озод шуд.

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

0

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода омӯзгороне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд. Идомаи фаъолияташон дар муассисаҳои таълимӣ дар соли оянда номаълму аст.

Ин хабарро худи Вализода дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар пайи таҳқиқи гурӯҳи кории мо маълум шуд, ки 70 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳия ҳаҷ карда, омаданд. Вале баъд аз бозгашт, сафари ҳаҷашонро барои кӯдакон нақл карданд. Раиси ноҳияи амали онҳоро “тарғиби ифротгароӣ дар байни хонандагон” номида, мегӯяд, сабаби аз кор ронданашон маҳз ба ҳамин хотир аст.

Таҳлилҳо нишон дод, ки аксарияи омӯзгороне, ки аз ҳаҷ гашта омадагиянд, дар дасрҳо вобаста ба сафари ҳаҷашон нақл мекунанд, ки ин таъсири бевосита ба кӯдакон расонда истодааст. Мо тасмим гирифтем, ки онҳоро аз масъулияти роҳбари синфӣ озод созем.“, мегӯяд раиси ноҳияи Шаҳринав.

Ӯ мегӯяд, онҳо фаъолият мекунанд, лекин ҳамчун роҳбари синф ҳуқуқ надоранд, ки дар бораи ҳаҷ маълумот диҳанд ба шогирдон? “Ҳаҷ кардаст барои худаш кардаст, барои ташвиқот кардааст?“, мегӯяд Вализода.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Мо онҳоро таъкид кардем, ки шумо барои худатон ҳаҷ кардед, омада инҷа ташвиқот набаред, аз ҳоло кӯдакро ба ифротӣ ва хурофотпарастӣ ташвиқ накунед. Ба ҳамин хотир мо гуфтем, бигузор ҳамчун омӯзгор бимонанд, лекин ҳамчун роҳбари синф, ҳамчун директори муассисаи таълимӣ фаъолияташро қатъ кунед.”

Корбарони зиёде дар шабкаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дода, раиси ноҳияро ба динситезӣ ва нафрат доштан нисбати диндорон ва арзишҳои динӣ муттаҳам карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз кормандони КДАМ ҳамроҳ бо дигар мақомоти ҳукумати ноҳияи Файзобод ба мактабҳои миёна рафта, кӯдаконро пурсуҷӯ кардаанд, то бифаҳманд, ки кадоми онҳо дар хонаҳошон дарси динӣ мехонанд ва ё хатти арабӣ хонда метавонанд. Дар пайи ин пурсуҷӯи мақомот чандин падару модарон аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

0

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия раванди бозгардонидани онҳо қатъ шудааст.

Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон то имрӯз дар чор марҳила 382 зану кӯдакро ба Ватан баргардонидааст. Илова бар ин, 90 нафар худашон ба кишвар бозгаштаанд.

Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ тақрибан 800 зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ қарор доштанд. Қисме аз онҳо баргардонида шуда, қисми дигар аз бозгашт худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи Қодирӣ, заноҳи боқимонда аз боздошту зиндонӣ шудан нигаронанд, дар ҳоле ки мақомот таъкид мекунанд, ҳамаи баргардонидашудагон бахшида шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳамаи кӯдакони баргардонидашуда ба оилаҳояшон супорида шудаанд, аммо тақдири боқимондаҳо то ҳол рӯшан нест.

Бояд зикр кард, ки аз соли 2013 ҳудуди 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи мамнуи “Давлати исломӣ – ДИИШ) пайвастаанд. Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 аксари мардони тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

0
Screenshot

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, “Рӯзи нон” фаъолона иштирок намуда, нони суннатии тоҷикӣ ва таомҳои миллиро ба меҳмонон муаррифӣ мекунанд.

Дар бораи баргузории ин чорабинӣ Илҳомҷон Ёқубзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯзи 6-уми феврал хабар додааст.

Ӯ менависад ин ҷашни фарҳангӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла арманӣ, белорусӣ, эстонӣ, юнонӣ, караимӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, латвиягӣ, лаҳистонӣ, молдовӣ, руминӣ, ромӣ, тоторӣ, туркӣ, украинӣ, олмонӣ, яҳудӣ ва дигар ақаллиятҳои миллӣ баргузор гардид.

Иштирокдорон на танҳо нону таомҳои миллиии худро пешкаш намуданд, балки меҳмононро ба таърих, анъанаҳо ва фарҳанги миллии худ низ ошно сохтанд.

Ҷамъияти тоҷикиони Литва ин чорабиниро фурсати хуб ва намунаи равшани муколамаи байнифарҳангӣ ва гуногунрангии фарҳангии Литвар номида, ду сол боз дар он иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ҷашни “Рӯзи нон” ҳамасола бо ташаббуси “Хонаи ақаллиятҳои миллӣ” баргузор шуда, ин анъана аз соли 2005 идома дорад.