Хона блог саҳифа 543

Freedom Now аз СММ хост ба ҳуқуқи зиндониёни ҲНИТ расидагӣ кунад

0

Созмони Freedom Now аз Гурӯҳи кории боздоштҳои худсарона (UN WGAD)-и Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хост барои ҳимояи ҳуқуқи зиндониёни сиёсии ҲНИТ ва хонаводаҳои онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биорад, то даст аз таъқибу шиканҷаи онҳо бардорад.

Freedom Now аз раиси Гурӯҳи кории Кумитаи ҳуқуқи башари СММ хонум Элина Стейнерт дархост кардааст, ки ба қазияи шиқаҷаи зиндониёни сиёсӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ, Зубайдуллои Розиқ, Раҳматуллои Раҷаб, аъзоёни аршади ин ҳизб расидагӣ кунад.

Дар нома хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бино ба ҳукми содир кардаи Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи КҲБ-СММ дар торихи 17 апрели соли 2018 ва инчунин дар торихи 19 ноябри соли 2019, “мо шуморо аз нақз шудани ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ огоҳ мекунем, мо нигарони коршикании ҳукумати Тоҷикистон нисбати Маҳмадалӣ Ҳаит ва интиқомҷӯӣ нисбати Раҳматулои Раҷаб ва Зубайдулои Розиқ ҳастем.
Аз замони боздошташон дар 16 сентябри соли 2015 ин 3 нафар ҳамвора мавриди шиканҷа ва озори мақомоти Тоҷикистон қарор доштаанд. Дар августи соли 2016 барои шикоят аз рафтори бади зиндонбонон, масъулини зиндон шона ва пойи Маҳамадалӣ Ҳаитро шикастанд, дар моҳи марти соли 2019 ҷаноби Ҳаит дар мулоқот бо ҳамсараш нишонаҳо ҷароҳат дар пешонӣ ва шикамашро нишон дода буд. Ҳаит гуфта буд, ки Нуриддин Раҳмон, муовини феълии раиси зиндонҳо, ӯро ба хотири сабт накардани эътирофи видеоӣ, шиканҷа ва лату кӯб кардааст.”

Гуфта мешавад, аз болои ҳамаи ин ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шикоят расидааст ва ин шикоят дар дасти баррасии ин Кумита қарор дорад.

Дар муроҷиат таъкид мешавад, ки Кумита парвандаи Маҳамадалӣ Ҳаитро зери назорати вежаи худ қарор додааст. Ҳамчунин қайд гардида, ки дар торихи 4-уми ноябри соли 2020 Нилс Мелзер, гузоришгари вежаи зидди шикаҷаи СММ нигаронияшро дар мавриди шиканҷа ва таҳқири зиндониён бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошта буд.

Дар ин ҳукм СММ боздошт ва зиндонӣ кардани раҳбарони ҲНИТ-ро ғайриқонунӣ дониста ва хостори озодии фаврии онҳо гашта буд.

Дар номаи Freedom Now гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз Маҳмадалӣ Ҳаит ва хонаводааш интиқом мегирад. “Дар 24-уми ноябри соли 2021 хонаводаи ӯ бояд бо М.Ҳаит мулоқот мекард, ки ин фурсат дар 6 моҳ 1 бор ва барои 30 дақиқа то 1 соат дода мешавад ва ин бор ҳамин мулоқоти пушти шишаро низ масъулони зиндон иҷозат надоданд ва далелашро нақзи муқарароти зиндон аз ҷониби Ҳаит, яне нарафтан ба берун барои ҳавохӯрӣ унвон кардаанд. Ба хотири он ки дар гузашта М. Ҳаит аз ҷониби масъулини зиндон мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор гирифта буд, мо ъамиқан нигарони вазъи саломатии ӯ ҳастем.”, омадааст дар нома.

Freedom Now ҳамчунин аз интиқомҷӯии мақомот нисбати Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ, ки баъд аз навиштани нома ба Президент Раҳмон дар “карсер” ҷой карда шудаанд ва инчунин аз парвандаи ҷиноӣ боз кардани мақомоти Тоҷикистон нисбати Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб интиқод кардааст.

Мутобиқ ба резалутсияи 72/247 Маҷмааи умумии СММ замоне, ки мақомоти як кишвар шахсиятҳо ва ё пайвандони онҳоеро, ки СММ дар бораи парвандаи онҳо назар додааст, бозҷӯӣ ва таъқиб мекунанд, ин рафтори мақомот ҳамчун даҳшатафканӣ ва интиқомҷӯӣ дониста мешавад. Ин дарҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дархости СММ барои озодии зиндониёни сиёсиро рад карда, онҳоро на танҳо озод накардааст, балки пайваста ҳуқуқи ин афрод ва хонаводаҳояшонро нақз мекунад.

Дар ҳамин ҳол Карл Ҳорберг, намояндаи Freedom Now дар суҳбат бо Аздо тв гуфт, Созмони Freedom Now ба Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ва чанд Гузоришгарони махсуси СММ дар бораи шароити нигаронкунандаи Махамадалӣ Хаит ва ҳамҳизбиёни зиндонии ӯ нома фиристодааст.

Карл Ҳорберг, намояндаи Freedom Now

“Мо сахт нигарон ҳастем, ки шароити зиндагии онҳо бад шудааст ва мақомоти Тоҷикистон барои навиштани номаи кушод ба раисиҷумҳури Тоҷикистон бо дархости аз нав баррасӣ кардани ҳукми онҳо аз онҳо интиқом мегирад. Мо умедворем, ки СММ дар робита ба ин ҳолат чораҳои фаврӣ андешида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ин зиндониён бештар ҷалб мекунад.”, афзуд Карл Ҳорберг.

Ихроҷи як тоҷик аз Лаҳистон бо иттиҳоми пайравӣ аз ДОИШ

0

Мақомоти кишвари Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ДОИШ аз хоки ин кишвари аврупоӣ ихроҷ кард.

Акси марбута аз Интернет

Станислав Жарен, мудири Ожонси амнияти дохилии Лаҳистон рӯзи 20-уми декабр дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “Одилхон С. шаҳрванди Тоҷикистон яке аз муҳоҷиринест, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз тариқи Белорус ғайриқонунӣ вориди хоки Лаҳистон гашта буд ва бо иттиҳоми пайравӣ аз ДОИШ аз хоки Лаҳистон ихроҷ гашт.

Жарен мегӯяд, таҳқиқоти наҳоди зертобеи ӯ мушахас карда, ки ҳангоми дар маркази нигаҳдории паноҳандагон будани Одилхон С. дар рафтори ӯ нишонаҳои радикали динӣ будан ошкор гаштааст. Ва Ожонси амнияти дохилӣ мушаххас кард, ки ин мард ҷонибдори ДОИШ аст.

Кумитаи марзбонии Лаҳистон аз рӯзи 10-уми ноябр Одилхонро ба ҷурми таҳдид ба амнияти миллии Лаҳистон аз ин кишвар ихроҷ кард ва вуруди дубораи ӯро ба Лаҳистон ва кишварҳои узви Шенген ба мудатис 3 сол мамнуъ кардааст.

Аз ин пештар низ кишвари Лаҳистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми “радикали динӣ-мазҳабӣ” ва ё узви ДОИШ будан аз хокаш ихроҷ карда буд.

Ягон кишвари исломӣ Толибонро эътироф накард

0

Нишасти якрӯзаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Исломобод ба поён расид, аммо аз 70 кишвар ва созмонҳои ширкаткунанда ҳеч касе омода нашуд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад.

19-уми декабр Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати Толибон дар ҳошияи ин нишасти Исломобод дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, “интизор дорем ҷаҳони ислом равобити худ бо Афғонистонро оддӣ ва сафоратхонаҳои худро дар Кобул бозгушоӣ кунанд.”

Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи аввали ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон пайваста иддаъо мекунад, ки то Толибон ҳукумати ҳамашумул ташкил накунанд, онҳоро ба расмият намешиносад, аммо сафорати кишварамонро барои як рӯз ҳам дар Кобул таътил накардааст.

Бузургтарин гузаргоҳи марзӣ дар Панҷи Поён ё Шерхонбандар ҳам боз буда, мисли пешин транзити молу колоҳои тиҷоратӣ озод интиқол дода мешаванд. Коре, ки дигар ҳамсояҳои Афғонистон ҳам ба мисли Ӯзбекистону Туркманистон ва Эрону Покистон ҳам онро иҷро мекунанд.

Кишварҳои Қатар, Туркия ва ахиран Аморат Муттаҳидаи Араб ва Индонезия ҳам бо баҳонаҳои ирсоли кумакҳои инсонӣ аз омодагии худ барои ҳамкорӣ бо Аргнишонони Кобул хабар додаанд.

Нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо пешниҳоди Арабистони Саудӣ ва бо мизбонии Покистон зери унвони баррасии вазъияти Афғонистон баргузор шуд.

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ намояндаи хосси худ дар умури Афғонистонро муаррифӣ кард ва бо пешниҳоди Эрон аз таъсиси як сандуқи ҷамъоварии кумакҳои башардустона дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид хабар дод.

Намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид ҳам дар ин нишаст гуфт, ки соли оянда “Созмони Миллал бузургтарин дархости кумакҳои инсониро дар ҳаҷми 4.5 млрд доллар солона барои расидагӣ ба вазъияти мардуми Афғонистон ироа хоҳад кард.

Созмони Ҷаҳонии Ғизо пештар эълом карда буд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 80 дарсад мардуми Афғонистон бо фақр дасту панҷа нарм мекунанд ва аз ин миён зиёда аз 20 миллион нафар аз норасоии ғизои солим рӯзона ранҷ мебаранд.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти умури хориҷаи Толибон дар ин нишаст гуфт, ки Афғонистон бо як ҷанги расонаӣ рӯбарӯ шудааст, дар ҳоле, ки пас аз ба қудрат расидани онҳо дар Афғонистон сулҳ ва оромӣ омадааст. Вай таъкид кард, “масдуд кардани дороиҳои Афғонистон тавассути Омрико ба афғонҳо осеб мерасонад. Ин кор нақзи ҳуқуқи башари афғонҳост ва метавон онро ба душманӣ ба як миллат таъбир кард.”

Гуфтанист, нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Омрико дар муддати 20 соли ҷанг дар Афғонистон натавонистанд як ҳукумати фарогир ва пойдор ташкил кунанд, худи онҳо низ дар тобистони соли ҷорӣ пеш аз ба қудрат расидани Толибон Афғонистонро тарк карданд.

Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ Кобулро ба қасди Аморати Муттаҳидаи Араб тарк кард ва дигар аъзои кобинааш ҳам аз пойтахт фирор карданд ва худи ҳамон рӯз ба гуфтаи Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳури Афғонистон ӯ аз Толибон даъват кардааст, ки вориди Кобул шуда, барои пешгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ қудратро ба даст бигиранд.

Омрико пас аз фурӯпошии ҳукумати дастнишондиҳандааш дар Афғонистон дороиҳои ин кишварро масдуд карда, акнун касе аз кишварҳои чӣ исломӣ ва ё чӣ ғайри исломӣ ҷуръат намекунад, ки шикасти ИМА ва ёронашро дар Афғонистон эътироф кунад ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад ва ба таври оддӣ муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо ин кишвар дубора барқарор кунад.
Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Ироаи Паёми Президент ба парлумон

0

Фардо, 21-уми декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистонро ироа мекунад.

Бино ба иттилои АМИТ “ХОВАР”, “21-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.”

Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худ ба парлумонро бо Қарори писараш Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даъвати ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум” баргузор мекунад.

Тибқи ин Қарори Рустами Эмомалӣ қарор аст Президент Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ сари соати 8:00-и саҳар дар Ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ширкат карда, Паёми солонаи худро ироа кунад.

Гуфта мешавад, ин ҷаласаи якҷояи ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон барои шунидани Паёми солонаи Президент мутобиқи моддаи 55-и Конститутсияи Тоҷикистон Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа мегардад.

Дар гузашта Президент Раҳмон паёмҳои солонаи худ ба парлумонро маъмулан дар моҳҳои январ ироа мекард, аммо ба гуфтаи бархе коршиносон имсол ба хотири тезтар фароҳам кардани заминаи интиқоли қудрат аз падар ба писараш Рустами Эмомалӣ шитоб дорад. Аммо ин шитобзадагии Эмомалӣ Раҳмон маънои онро надорад, ки хонум Озодаи Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии кишвар аз ин кори падар ва бародараш розӣ буда, президент шудан намехоҳад.

Фаврӣ:”Isloh TV” дар ютуб баста шуд

0

Шабакаи ютубии “Isloh TV”-марбут ба яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби шикоятҳои зиёд баста шуд.

Шабакаи ютубии “Isloh tv”, ки масъули он Муҳаммадиқболи Садриддин аст,  дар Ютуб баста шуд. Сабаби баста шудани он, вайрон кардани қоидаҳои Ютуб (таҳқир ва таҳдид) гуфта мешавад.

Гуфтанист, ин аввалин ҳодисаест, ки як шабакаи пурбинандаи мухолифин бо сабаби шикоятҳои зиёд баста мешавад.

“Isloh tv” яке аз сербинандатарин шабакаҳои ютубии мухолифон ба шумор рафта, он 151 ҳазор обуна ва дар умум 95 миллион боздид дошт.

Дар ин шабака бештар аз мушкилоти ҷомеа ва сирру асрори паси пардагии ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешуд.  

Масъули ин шабака Муҳаммадиқболи Садриддин буда, яке аз чеҳраҳои сарсахти мухолифи ҳукумати имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор меравад.

Муҳаммадиқболи Садриддин боз масъули шабакаи “Isloh plus” ва сомонаи isloh.net мебошад.

Бо пайдо шудани маълумоти бештар ва назари масъули ин шабака хабар такмил мешавад.

Латукӯб шудани духтарон дар рӯзи равшан дар Душанбе

0

Ду духтари наврас дирӯз 19-уми декабр баъд аз нисфирӯзӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби чанд ҷавонписар мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтанд. Дар ин бора рӯзноманигор Шаҳноз Комилзода хабар дод.

Шаҳноз Комилзода, журналист ва фаъоли мадании тоҷик шоми дирӯз дар сафҳаи фейсбукиаш аксҳоеро нашр карда, навиштааст, ки соати 3-и баъд аз нисфирӯзӣ духтараш Мумтоз ва як дугонааш дар маркази пойтахт мавриди латакӯби гурӯҳӣ тавассути се ҷавонписар қарор гирифтаанд.

Вай меафзояд, “ба аъзои бадани духтарам даст мерасонанд, духтарам кӯшиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, ва телефонашро аз дасташ бигирад, дар ҳамин миён ду каси дигар аз дӯстони он писар ҳамроҳ шуда, таҳқир мекунанд. Дугонаи духтарам ҳам талош мекунад, вале ба вай ҳамла карда вайро ба замин меғалтонанд ва бо лагад ба сару рӯяш ва дигар аъзои баданаш мезананд.”

Ба гуфтаи Шаҳноз Комилзода, “ҳолати равонии духтарон бисёр бад аст. Зарбаи шадиди равониву ҷисмонӣ гирифтаанд.”

Ин ҳодиса дар рӯзи рӯшан ва дар қалби Душанбе замоне рух додааст, ки иддае аз мувофиқони Ҳукумати Тоҷикистон пайваста аз сулҳу субот ва оромии ҷомеа хабар медиҳанд, аммо модари Мумтоз, духтари 15-солае, ки ҳамроҳи дугонааш мавриди латукӯб ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд, бо киноя мегӯяд, ки Душанбе барои духтарон макони амн нест ва “мо аз Толибон гила дорем боз!”

Маҳдӣ Собир, собиқ корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар вокуниш ба ин ҳодиса ва тасдиқи гуфтаҳои Шаҳноз гуфтааст, “дар кӯчаҳои Душанбе чену чоқ кардани пасу пеш ва камари хоҳарону модарон ба як кори оддии муқаррарӣ табдил ёфтааст. Ҳар сари қадам ин амали номатлубро мушоҳида кардан мумкин аст.”

Аммо хонум Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи кишвар ва собиқ номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст: “Албатта чунин ҷиноятҳо сабабҳои зиёде доранд ва ин авбошон ҷазояшонро ҳатман мегиранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки масъала ҳал мешавад. Ҳафтаи гузашта чоплусон маъракаеро бо номи вазири беҳтарин, генерали беҳтарин, раиси беҳтарин, зиёии беҳтарин ва ғайра ташкил намуданд. Агар онҳо беҳтарин хизматчиёни давлатӣ бошанд, вазифаи худро содиқона иҷро намоянд, чунин даҳшатҳо ба вуҷуд намеоянд.”

Дар ҳамин ҳол “Азия-Плюс” хабар дод, ки милитсияи пойтахт нафарони гумонбар ба лату кӯби духтарони 15-соларо боздошт намудааст. Аммо ҷузъиёти хабар маълум нест.

Мулоқоти Раҳимзода бо намояндаи нави ВКД-и ФР дар Тоҷикистон

0

Дар шаҳри Душанбе, масъалаи таҳкими ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ шуд.

18-уми декабри соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо роҳбари нави намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алексей Егоров мулоқот кард.

Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо барои пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир пешниҳодҳо карданд.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, зимни мулоқот Раҳимзода ва Егоров барои рушду густариши ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Боздошти ду корманди низомӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду занро, ки кормандони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд будаанд, бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кард.

Акс аз “Азия-Плюс”

Манбаъ меафзояд, ки Мавзуна Абдуллоева, корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд буда, барои омода карда додани билети ҳарбии корношоямӣ “не годен” аз як шаҳрванд, ки шартан “А” номгузорӣ шудааст, маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 4000 сомониашро қаблан гирифтааст ва ҳангоми гирифтани боқимонда 6000 сомонӣ боздошт шуд.

“Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъд аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.”, омадааст дар хабари Агентӣ.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар натиҷаи тафтишот муайян гардида, ки дар гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҳамроҳи Абдуллоева “инчунин шаҳрванд Ғафурова Зарина Ибрагимовна низ алоқамандӣ дошта, номбурдагон маблағи тасарруф кардаро ба хароҷотҳои шахсиашон сарф намудаанд.”

Айни замон Абдуллоева Мавзуна ва Ғафурова Заррина боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи  моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г”, дар ҳоли исботи ҷиноят ин ду корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғдро ё ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян интизор аст.

Боздошти ин ду корманди Комиссариати ҳабарӣ дар ҳолест, ки дар кишвар айни замон агарчи мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба охир расида бошад ҳам, даъват ва боздошти ҷавонон идома дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки даъвати бардавоми ҷавонон сафи ришварситонҳо ва фасодро дар ин соҳа бештар хоҳад кард.

Муҳоҷирати тоҷикон аз Русия ба Аврупо, аммо бо кадом роҳҳо?

0

Қарор аст имрӯз, 18 декабр шумори зиёде аз шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки 243 нафар гуфта мешавад, аз Русия ба шаҳри Гроднои кишвари Белорус барои убур ба Аврупо то надзди марзи Лаҳистон оварда шаванд.

Дар ин бора номаеро шабакаи телеграмии “NEXTA” нашр карда, ки дар он Сардори Роҳи оҳани Белорус М. Морозов аз Сардори Мақомоти иҷроияи шаҳри Гродно Гой Мечислав хостори таъмини шароити маишӣ барои муҳоҷирони меомада шудааст.

Дар нома гуфта мешавад, “Роҳи оҳани Белорус санаи 18 декабр соати 23:21 ба истгоҳи Гродно омадани қатораҳоро аз ҳудуди Русия бо 243 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.”

Дар баробари ин Сардори роҳи оҳани Белорус дар номааш менависад, “тибқи маълумоте, ки аз ҷониби Русия ба даст омадааст, афроди мазкур дар ҳолати вазнини иҷтимоӣ ва маишӣ қарор доранд. Дар асоси ин гуфтаҳо Роҳи оҳани Белорус пешниҳод мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ намудани бӯҳрони иқтисодӣ, таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон бо маводи озуқа ва пӯшока дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳан пас аз расиданашон ба он ташкил карда шавад.”

То ҳол барои Аздо тв муяссар нашуд, ки ин хабарро аз дигар манобеъ таъйид кунад.

Аммо бархе коршиносон бар ин назаранд, ки якбора омадани шумори зиёди муҳоҷирон ба шаҳри Гродно, ки бо Лаҳистон ва Литва ҳаммарз аст, ба эҳтимоли зиёд барои талоши убур ба кишварҳои аврупоӣ ҷамъ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ин коршиносон, айни замон таблиғгароне дар байни муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия вуҷуд дорад, ки онҳоро ба ваъдаи кор ва зиндагии хуб дар Аврупо тариқи Белорус ба марзи Лаҳистон мерасонанд. Тавре ки моҳе пеш ин ҳодиса дар марзи Белорус ва Лаҳистон мушоҳида шуд, ки ба як буҳрони инсонӣ печид.

Дар ин бора коршиноси масоили сиёсию ҳуқуқӣ ва мудири Бунёдии ҳамгароии фарҳангӣ дар Лаҳистон Муҳаммадҷон Кабиров чунин назар дорад: “Тавсияи ман ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин аст, ки ба таблиғоти муҳоҷирати осон ва ваъдаи зиндагии хуб дар Аврупо бовар накунанд. Чун ба доми қочоқбарон гирифтор шуда, мавриди сӯиистифода қарор хоҳанд гирифт.”

Кабиров дар идома афзуд: “Дар ин ҳавои сарди зимистон ҷонашонро дар азоб намонанду дар хонаҳои гарми худ шинанд. Чун кишвари Белорус аз муҳоҷирин ҳамчун абзори фишор бар Аврупо кор мегирад ва хеле аз паноҳандагон ба умеди муҳоҷират ба Аврупо дар марзи Белорус дар ҳавои сард банд мондаанд ва беш аз даҳҳо нафар ҷонашонро дар ҷангалҳои сард ва ботлоқҳо аз даст доданд. Муҳоҷирон танҳо бо истифода аз роҳои қонунӣ ба Аврупо сафар кунанд ва барои муҳоҷират ба Аврупо аз роҳи Белорус истифода накунанд.”

Гуфта мешавад, тариқе, ки муҳоҷирони тоҷик оварда мешаванд, айнан ҳамон масирест, ки моҳе пеш муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои африқоӣ, арабӣ ва Афғонистон омада буданд ва дар марзи Белорусу Лаҳистон чандин нафар ҷони худро аз даст доданд ва кӯшиши онҳо барои убури ғайриқонунӣ ба Аврупо ба як буҳрони шадид ва фоҷиаи инсонӣ мубаддал гашт.

Толибон аз Тоҷикистон хоста, ки бо Аморати исломӣ ҳамкорӣ кунад

0

Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар ҳукумати Толибон аз Тоҷикистон хостааст, ки бо Аморати исломӣ ҳамкорӣ кунад.

Шермуҳаммад Аббос Истоникзай, дар як изҳороти худаш дар Ҳирот тариқи телевизиони миллии Афғонистон гуфтааст:

“Афғонистон хонаи муштарки тамоми афғонҳост ва тамоми афғонҳо ҳаққи зиндагии бидуни табъизҳои қавмӣ, забонӣ ва мазҳабиро доранд.”

Муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки “мо бо Тоҷикистон муштаркоти зиёде дорем!” ва хоҳони барқарории равобити хубе бо ҳама кишварҳои дунё, ба хусус бо ҳамсояҳои Афғонистон ва Омрико мебошем.

Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёси Марказӣ ва кишварҳои узви ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки расман эълон карда, ки Аморати исломии Толибонро то замони ташкили ҳукумати ҳамашумул эътироф намекунад.

Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ҳамеша аз минбарҳои дохилӣ, байни давлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронии худро аз хатари таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Афғонистон иброз мекунад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳадот аз кишварҳои дунё хоҳони дарёфти кумакҳои молӣ ва низомӣ мешавад.