Хона блог саҳифа 542

Шакли нави гирифтани “патент” барои муҳоҷирон дар Русия

0

Дар Русия аз ин ба баъд муҳоҷирони меҳантӣ иҷозатномаи корӣ ё “патент”-ро ба шакли электронӣ – пас аз гирифтани акси чеҳра ва изи ангушт дастрас хоҳанд кард.

Дар ин бора фармони Вазорати корҳои дохилии Русия дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқӣ нашр гардидааст, ки аз 29-уми декабр мавриди амал қарор мегирад.

Дар фармон омадааст, ки шакли нави “патент” ба шаҳрванди хориҷӣ ё нафаре, ки бидуни раводид вориди хоки Русия шудааст, дода мешавад. Навъи нави “патент” дар шакли корти электронии ҳомили иттиллоот хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ки дар “патент”-ҳои нав микросхемае насб хоҳад шуд, ки он дорои тамоми иттилоот дар бораи соҳиби санад мебошад. Аз ҷумла маълумоти инфиродии биологӣ, акси электронӣ, изи ангушт ва дигар маълумотҳо, ки барои муайянсозии шахсият заруранд.

Инчунин дар “патент”-ҳои шакли нав маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатии муҳоҷир ворид мегардад.

Гуфтанист, дар Русия зиёда аз 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик кору фаъолият мекунанд ва маълум нест, ки ин фармон барои гирифтани “патент” дар шакли нав кори онҳоро осон мекунанд ва ё аз ин ҳам мушкилтар.

Раҳмон аз пешрафтҳо гуфт, аммо воқеият куҷост?

0

Чанд соли ахир дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон беист аз дастовардҳои замони истиқлолият мегӯяду онро ба раҳбарии Эмомали Раҳмон рабт медиҳад.

Телевизионҳои давлатӣ гаштаву баргашта наворҳои бинову боғу гулгаштҳои навро намоиш дода, мардумро бовар мекунонанд, ки Тоҷикистон рушд кардаст ва сокинонаш аз ин чиз шукргузорӣ бояд кунанд.

Чанде пеш мо 30-солагии истиқлолияти кишварамонро таҷлил намудем. Аз ин се даҳсола, расо 29 сол мешавад, ки Тоҷикистон зери идораи президенти худкома қарор дорад. Бинобар ин мо лозим донистем аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки натиҷаи кораш воқеияти имрӯзаи кишвар аст, аз рӯйи рақаму омори мавҷуда баҳогузорӣ кунем.

Дар замони муосир қасру биноҳои зебо, мили баландтарину боғу гулгаштҳои шукуфон дигар таҷассумгари сатҳи рушди кишвар нестанд. Мавқеи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро тавассути индикаторҳо – нишондиҳандаҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид муқаррар кардааст, мешавад муаян кард.

Сатҳи зиндагӣ

Чунончи, аз омори мавҷуда маълум кардем, сатҳи зиндагии сокинони Тоҷикистон дар қиёс бо 14 кишвари пасошуравӣ аз ҳама бадтарин будааст. Аз рӯйи тадқиқоти Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар гузориши “Human Development Report” гирд оварда шудааст, кишвари мо мавқеи пасттарин – 125-ро ишғол кардааст.

Дар радабандии кишварҳо дар ин гузориш:

– саломатии аҳолӣ;

– дастрасӣ ба маориф;

ва сатҳи иқтисодии аҳолӣ ба назар гирифта шудааст.

Соҳаи тандурустӣ

Бино бар таҳқиқоти Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, Тоҷикистон ҳамин ҳоло барои 560 БЕМОРИСТОН ВА МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ниёзманд аст. Аксарият биноҳои соҳаи тандурустӣ дар замони Шӯравӣ сохта шуда, таъмирталаб гардидаанд – таҷҳизоташон куҳна ва корношоям мебошанд.

Аз рӯйи маълумоти расмӣ, дар кишвар зиёда аз 1000 ДУХТУР ва 4000 ҲАМШИРАИ шафқат намерасад. Барои мисол, дар Тоҷикистон ба 100 ҲАЗОР аҳолӣ ҳамагӣ 170 ДУХТУР рост меояд, ҳол он ки дар дигар кишварҳои пасошуравӣ ин нишондод аз 220 то 440 мерасад.

Сабаби норасоии пизишкон дар соҳаи тандурустӣ, ФИРОРи онҳо аз кишвар номида мешавад. МАОШИ НОЧИЗ, ФАСОДзадагии соҳа ва ШАРОИТИ БАДИ КОРӣ мутахассисонро водор кардааст, ки ба Русия ва дигар кишварҳо кӯч бибанданд.

Сатҳи пасти зиндагӣ ва ақибмондагии соҳаи тандурусти ба дарозумрии сокинони кишвар таъсир гузоштааст – ба ҳисоби миёна шаҳрвандони Тоҷикистон 69,5 сол умр мебинанд, ки аз рӯйи ин нишондод, дар зинаи пасттарин дар миёни кишварҳои минтақа қарор доранд.

Дастрасӣ ба маориф

Мушкили аввалиндараҷаи соҳаи маориф дар Тоҷикистон камбуди МАКТАБ ва ОМӮЗГОР будааст. ШУМОРАИ МАКТАББАЧАҲО дар кишвар ба 2 МИЛЛИОНУ 110 ҲАЗОР нафар баробар буда, дар мамлакат ҳамагӣ 3 870 мактаб мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна дар ҳар синфхона аз 35 то 50 кӯдак дар як вақт таҳсил мекунад, ки ин аз муқаррарот қариб ду баробар зиёд аст.

Аз рӯйи гузориши ҳукумати Тоҷикистон, соли гузашта дар макотиби миёнаи кишвар кариб 3 ҳазор омӯзгор намерасидааст.

Маоши миёнаи мударрисон аз 65 то ба 85 доллар баробар аст. Бинобар маълумоти Агентии зидди фасод, маориф аз ҳама соҳаи фасодзадатарини мамлакат ба шумор меравад. Ин ҳам бошад ба маоши ночизи омӯзгорон пайвастагӣ дорад.

Сатҳи иқтисодии аҳолӣ

Нон ва чой – ғизои асосии аҳолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз се як фисади сокинони кишвар аз гуруснагӣ азият мекашанд. Чунончи, Бонки Ҷаҳони мегӯяд, бештар аз 47 фоизи тоҷикистониён дар сатҳи фақр қарор доранд. Ташкилоти ЮНИСЕФ бошад сабаби 35 фисади марги навзодон ва кӯдаконро дар кишвар ба норасоии ғизо рабт медиҳад.

Маоши миёна дар Тоҷикистон 1357 сомонӣ аст, қиммати як халта орд ба 300 сомонӣ расид. Ҳукумат мегӯяд, шумораи бекорон дар кишвар 75 ҳазор аст, вале муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз 1,5 то 2,5 миллион нафар гуфта мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон ду сол пеш муайян карда буд, ки 70 фисади хонаводаҳо аз ҳисоби интиқоли пул аз хориҷа зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион долларро ташкил дод, ки баробар ба 25 дарсади иқтисоди кишвар аст.

Сатҳи фасод

Соли ҷорӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои фасодзадатарини дунё шомил шуд. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки мутаалиқ ба Дастгоҳи раисҷумҳури кишвар аст, зимни як назарсанҷӣ муайян карда, ки дар кишвар ягон сохтори давлатие вуҷуд надорад, ки орӣ аз фасод бошад. Зиёда аз ин, худи раисҷумҳури Тоҷикистон олуда ба фасод аст – ӯ фарзандону домодон ва хешу табори худро ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ таъйин кардааст, ки хилофи қонунҳои кишвар аст.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон сӯиистифода аз мақоми худаш манфиатҳои ширкатҳои хешовандонашро ҳифз карда, онҳоро аз пардохти молиёти давлатӣ озод кардааст.

Озодии сухан ва озодиҳои сиёсӣ

Бо вуҷуди инқадар мушкилиҳои ҷомеа, сокинони Тоҷикистон ҳатто аз ҳаққи ибрози назар ва эътироз комилан маҳрум карда шудаанд. Тоҷикистониён наметавонанд озодона назари худро баён кунан ва аз баъзе амалкардҳои ноҷои ҳукумат эроде бигиранд ва ё интиқоде кунанд. Дар се даҳа дар кишвар озодиҳои шаҳрвандӣ пурра маҳдуд гардида, расонаҳое, ки аз вазъи мамлакат ҳарф мезаданд баста шуданд ва ашхосе, ки даст ба интиқод заданд равонаи зиндон шуданд ё аз ватан фирор карданд.

Ҳокими Дубай ҳудуди $718 млн алимент месупорад

0

Ҳокими Дубай ба собиқ ҳамсар ва ду фарзандашон, ки соли 2019 аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Бритониё фирор карда буданд, бо ҳукми суд ҳудуди 718 миллион доллар алимент бояд супорад.

Додгоҳи хонаводае дар Бритонияи Кабир Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум, ҳокими Дубайро амр кард, ки бояд ба шоҳзода Ҳая бинт Ал-Ҳусайн, ҳамсари собиқаш 251 миллиону 500 ҳазор фунт стерлинг (ҳудуди 333 млн доллар) пардохт кунад.

Довар Филипп Мур, ки ҳукми талоқи онҳоро содир кард, барои ҳимоя ва нигоҳубини ду фарзанди онҳо низ 290 миллион фунт стрелинги иловагӣ ҷудо кардааст. Ин баландтарин маблағи алиментест, ки додгоҳи Бритониё дар парвандаи талоқ таъин кардааст.

Ҳаяи 47-сола бо ҳокими Дубай соли 2004 издивоҷ карда буданд. Вай ҳамсари шашуми амири Дубай ва хоҳари нотании (угай-аз падар як ва модаронашон ҷудо)-и шоҳ Абдуллоҳи Дувум, шоҳи Урдун тобистони соли 2019 бо ду фарзандаш аз Дубай фирор карда ва худи ҳамон сол барои ситонидани алимент ба додгоҳи хонавода дар Ландан шикоят кард.

Инчунин Додгоҳи хонаводагии Ландан ҳокими Дубайро муваззаф кардааст, ки ҳам алименти духтари 14-сола ва ҳам писари 9-солаашро пардохт кунад. Тамоми хароҷоти парастор ва мураббӣ, мошини зиреҳпӯш барои оила ва хароҷоти нигоҳдории ҳайвоноти хонагии кӯдаконро Шайх Муҳаммад ибни Рашид Оли Мактум бар ӯҳда хоҳад дошт.

Шайх Рашид Оли Мактум худи ҳамон сол талош кард кӯдаконашро ба Дубай баргардонад, аммо муваффақ нашуд, зеро ҳамсараш Ҳая нахост фарзандонашон дар тарбияи падарашон бимонанд. Вай ба додгоҳ муроҷиат карда хостори муҳофизати ҷони худ ва фарзандонашон шуд.

Ҳая бинти Ал-Ҳусайн собиқ ҳамсари ҳокими Дубай ягона зане нест, ки аз ин хонавода фирор карда аст, балки пеш аз вай дар августи соли 2000 як духтари Ҳокими Дубай ҳам ба Бритониё фирор карда буд, вале баъдтар боздошт ва ба Дубай интиқол ёфта 8 сол ба зиндон маҳкум шуд.

Ҳая бар иловаи донишҳои сиёсӣ доштанаш як варзишкор ҳам ҳаст. Вай дар соли 2000 намояндаи кишавар Урдун дар мусобиқоти Олимпии Сиднӣ буд.

Малайзия: Гурӯҳе аз кишварҳои исломӣ Толибонро хоҳанд шинохт

0

Вазири хориҷаи Малайзия аз ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби шуморе аз кишвараҳои  исломӣ хабар дод.

Бино ба иттилои пойгоҳи телеграмии “Тулуънюс”, вазири корҳои хориҷии Малайзия гуфтааст, ки кишвараш дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати ҷадиди Афғонистон бидуни раъйи кишварҳои ғарбӣ тасмим хоҳад гирифт.

Вай гуфтааст, ки эҳтимол дорад гурӯҳе аз кишварҳои исломӣ ҳукумати ҷадиди Афғонистонро бо раҳбарии Толибон ба расмият бишносанд, аммо феълан дар ин кор шитобе надоранд.

Гуфтанист, 19-уми декбари соли ҷорӣ дар нишасти якрӯзаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо даъвати Покистон дар Исломобод ба баргузор шуд, аз 70 кишвар ва созмонҳои ширкаткунанда ҳеч касе омода нашуд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад.

Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ Кобулро ба қасди Аморати Муттаҳидаи Араб тарк кард ва дигар аъзои кобинааш ҳам аз пойтахт фирор карданд ва худи ҳамон рӯз ба гуфтаи Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳури Афғонистон, ӯ аз Толибон даъват кардааст, ки вориди Кобул шуда, барои пешгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ қудратро ба даст бигиранд. Аммо бо гузашти зиёда аз 4 ҳеч як кишвари дунё онҳоро ба расмият нашихот.

Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон 5% афзоиш ёфтааст

0

Сатҳи ҷинояту ҷинояткории шаҳрвандон дар Тоҷикистон 5,1 дарсад нисбат ба ҳамин давараи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Хабаргузории Авесто бо такя ба Ожонии омори Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 22,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ба маълумоти манбаъ, дар ин давра шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда 5,1 фоиз, аз ҷумла дар вилояти Суғд 8,5 фоиз, вилояти Хатлон 1,5 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9,5 фоиз, ВМКБ 24,2 фоиз зиёд шудааст. Аммо сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба аҳмин давраи соли гузашта 3,5 дарсад кам гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин давраи ҳисоботӣ шумораи ҷиноятҳои вазнине, ки ба қайд гирифта шудаанд 4797 ҳолатро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2020 7,6 дарсад зиёд мебошад.

“Бақайдгирии ҳодисаҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор 4,4%, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба номус 50%, дуздӣ 3,6%, ғоратгарӣ 37% афзоиш ёфтааст.”, омадааст дар хабар.

Дурӯғҳои Президент дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ

0

21-уми декбари соли ҷорӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон бар иловаи хеле аз таърифу тавсифҳои ноҷои худ дар чанд маврид аз қиёсҳои бемаврид ва дурӯғҳои шохдоре ҳам истифода кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин Паёмаш гуфт: “дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.”

Дар ин ҷумла Президент Эмомалӣ Рамҳон ҳам дурӯғ мегӯяд ва ҳам ҷиноятҳои хеле аз ҳамкорон ва кормандони идораҳои давлатии зертобеашро моҳирона рӯпӯш мекунад. Наздик ба 80 дарсади заминҳои зикршуда, ҷудо не, балки тавассути кормандони давлатӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба мардум фурӯхта шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дигар суханрониаш бо таъкид мегӯяд: “агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст.”

Дар ин ҷо ҳам Эмомалӣ Раҳмон қиёси бемаврид ва дурӯғ мегӯяд. Зеро аввал ин, ки ин қиёси хандадор аст. 30 сол пеш телефонҳои мобилии муосир аслан вуҷуд надоштанд, дастгоҳҳои мухобиротӣ буд. Расман теъдоди аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 9 миллион 600 ҳазор нафар аст. Аз ин теъдод 20% онҳоро кӯдакони то 6-сола ташкил медиҳанд. Илова бар ин зиёда аз ду миллиону 200 ҳазор нафари онҳо ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд. Яъне 9,6-20%=7.68/ 7,68-2.2=5.68) Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон хеле аз муштариёни алоқаи молибилӣ дорои ду ва ё се симкортӣ ҳастанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дониста ё надониста дурӯғҳои аз ҳад зиёд муболиғаомез мегӯяд. Хулоса, теъдоди муштариёни фаъоли шабакаҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 4 миллион нафар арзёбӣ мешавад, на бештар.

Яке аз дурӯғҳои дигаре, ки дар Паём садо дод, ин таъсиси 200 ҳазор корхона дар давоми 30 соли истиқлол буд. Раҳмон бо даҳони пур иддао кард, ки ҳукуматаш ва албатта бо шарофати “сиёсати хирадмандона”-и худаш тавониста дар давоми 30 соли давлатдорияш 200 ҳазор ҷои кор таъсис бидиҳад ва шаҳрвандонро ба ҷои кор таъмин кунад.

Аммо агар каме диққат диҳем ва ҳисоб карда бароем, ки ин 200 ҳазор корхона агар 25 нафарӣ коргар медошт, ҳоло 2,5 миллон тоҷик дар ватан ба ҷои кор таъмин буд. Яъне ҳоло як тоҷик ҳам дар хориҷ муҳоҷири хору зор надоштем ва баракс, аз Узбекистону Қирғизистон муҳоҷирон ба кишвари мо меомаданд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо ТВ  

Раҳмон аз норасоии табибон дар кишвар нигаронӣ кард

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи Паёми имрӯзааш ба Парлумони кишвар аз норасоии мутахассисон дар соҳаи тиб нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, “дар 30 соли ахир 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода шудааст, аммо имрӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар мутахассис намерасад”.

Нигаронии Раҳмон дар ҳоелст, ки чанде пеш коршиносони тоҷик барои рафтани табибон аз кишвар ба Русия ва ё дигар кишварҳо садо баланд карда буданд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии кишвар низ аз норасоии мутахассисон дар ин бахш хабар дода буд. Аз ҷумла Раёсати тандурстии вилояти Хатлон хабар дода буд, ки танҳо дар давоми як соли ахир аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон “83 духтур бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки вазифа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандурустиро нигарон кардааст.”

Бино ба гуфтаи баъзе табибон муҳоҷирати мутахассисони соҳаи тиб дар вилояти Хатлон сабабҳои гуногун дорад ва аз ҳама муҳим ин набуди маоши хуб, хона барои зиндагӣ ва мушкилоти дигари иқтисодӣ мебошад.

Як табиби ҷарроҳи тоҷики муқими Русия, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат ба Аздо тв гуфт, ду сол боз дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунад ва сабаби аслии ба Русия рафтанаш низ мушкилоти иқтисодӣ аст. Ӯ гуфт:

“Ростӣ барои як мутахассиси соҳаи тиб муҳоҷир шудан кори хуб нест, аммо маҷбурем. Шаш сол дар ватан кор кардам, вале маошам ба хӯрокам намерасид. Дар инҷо дар давоми ду сол ҳам шаҳрвандӣ гирифтам ҳам соҳиби хона шудам ва ҳам шароитамро дар кишвар хуб кардам. Пас кӣ чунин шароитро намепазирад?”

Ӯ дар идома гуфт, “дар Русия ҳазорҳо мутахассисони варзидаи кишвар аз тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад, ки кору зиндагӣ мекунанд, агар шароити маошу зиндагӣ дар ватан хуб бошад, ҳеч кас девона нест, ки солҳои тӯлонӣ дар ғарибӣ дур аз волидайн ва наздикон бошад. Маошро баланд бардоранд, ришваситонӣ ва “тағобозӣ”-ро решакан кунанд ҳама бармегардад.”

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ба муҳоҷират рӯ овардани табибон боз ҳам ба қашоқтар шудани иқтисоди кишвар сабаб мегардад. Зеро ба гуфтаи онҳо, ҳар як мутахассис сармояи ин кишвар маҳсуб мешавад, бо баромадани онҳо аз кишвар авзоъи ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ бадтар мегардад.

“Isloh TV” дубора фаъол шуд

0

“Isloh TV” дар муддати камтар аз 24 соат баъди масдуд шуданаш, барқарор шуд ва ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Шабакаи ютубии “Isloh TV”-марбут ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон, ки  бо сабаби шикоятҳои зиёд масдуд шуда буд, аз нав барқарор гардид.

Масъулони Isloh TV дар суҳбат ба Azdo.tv гуфтанд, ки ба “Ютуб” дархости бознигарии бастани шабакаро карданд ва ин дархости онҳо дар муддати камтар аз 24 соат қабул гардид ва ютуб барои овардани як чунин мушкилот узр хостааст.

Дар номаи ҷавобии “Ютуб” гуфта мешавад, ки “Салом Isloh TV ! Тафтиши такрории мо нишон дод, ки шабакаи Шумо ягон қоидаи “Ютуб”-ро вайрон накардааст. Ва тасмим гирифтем, ки ҳисоби Шуморо барқарор кунем. Ин маънои онро дорад, ки он боз фаъол аст ва Шумо метавонед онро истифода баред. Мутаассифона, баъзан мутахассисони мо ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Мо барои ҳаргуна нороҳатие, ки оварда шуд узр мехоҳем.”

Гуфтанист, ин аввалин ҳодисае буд, ки як шабакаи пурбинандаи мухолифин бо сабаби шикоятҳои зиёд баста мешавад.

“Isloh TV”, ки тақрибан як рӯз масдуд буд, сабаби он вайрон кардани қоидаҳои “Ютуб” (таҳқир ва таҳдид) гуфта мешуд.

Шабакаи мазкур яке аз сербинандатарин шабакаҳои ютубии мухолифон ба шумор рафта, он 151 ҳазор обуна ва ҳудуди 80 миллион боздид дорад. Дар он бештар аз мушкилоти ҷомеа ва сирру асрори паси пардагии ҳукуматдорони Тоҷикистон гуфта мешавад.  

Масъули ин шабака Муҳаммадиқболи Садриддин буда, яке аз чеҳраҳои сарсахти мухолифи ҳукумати имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор меравад. Ӯ низ масъули шабакаи “Isloh plus” ва сомонаи isloh.net мебошад.

Коҳиши чашмраси қурби доллар дар Туркия баъд аз суханронии Эрдуғон

0

Дар пайи изҳороти Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия шоми рӯзи душанбе қимати 1 доллари амрикоӣ дар бозорҳои озоди ин кишвар аз 18,4 лира ба 12 лира коҳиш ёфт.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин дар ҳолест, ки то зуҳри рӯзи душанбе арзиши як доллари амрикоӣ дар бозорҳои озоди Турикя бо 18,4 лира муъомила мешуд.

Раисҷумҳури Турикия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи душанбе пас аз поёни нишасти кобинаи давлат дар Анкара як нишасти хабарӣ баргузор кард ва дар он роҳҳои бурунрафт аз буҳрони иқтисодии пешомада дар ин кишвар ва барномаҳои иқтисодӣ барои бархӯрд бо нархи болои таваррумро ба хабарнигорон ироа кард.

Эодуғон дар изоҳороти худ вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодии кишвараш гуфт: “Аз ин ба баъд шаҳрвандони кишвар ба далели нигаронӣ аз болоравии қурби асъор пасандозҳои худро аз лира ба арзи хориҷӣ иваз нахоҳанд кард.”

“Мо ваъдаи худро дар хусуси ҳифзи болоравии нархҳо иҷро мекунем ва аз фишор болои кормандонамон ҷилавгирӣ кунем”, – гуфт ӯ ва афзуд, ки давлаташ барои рафъи нигарониҳои шаҳрвандон аз болоравии қурби асъор роҳҳои алтернативаи нави молиявиро пешниҳод хоҳад кард.

Ҳамчуннин раисҷумҳури Турикя иддао кард, ки кишвараш дар ҳоли ҳозир ҳудуди 5 ҳазор тонна тилло ба маблағи 280 миллиард доллар сарфаи ғайрииқтисодиро дорост ва барои ворид шудан ба давраи нави иқтисодӣ ин вомбаргҳои давлатӣ ҳамчун роҳҳал пешниҳод карда мешаванд.

Freedom Now аз СММ хост ба ҳуқуқи зиндониёни ҲНИТ расидагӣ кунад

0

Созмони Freedom Now аз Гурӯҳи кории боздоштҳои худсарона (UN WGAD)-и Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хост барои ҳимояи ҳуқуқи зиндониёни сиёсии ҲНИТ ва хонаводаҳои онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биорад, то даст аз таъқибу шиканҷаи онҳо бардорад.

Freedom Now аз раиси Гурӯҳи кории Кумитаи ҳуқуқи башари СММ хонум Элина Стейнерт дархост кардааст, ки ба қазияи шиқаҷаи зиндониёни сиёсӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ, Зубайдуллои Розиқ, Раҳматуллои Раҷаб, аъзоёни аршади ин ҳизб расидагӣ кунад.

Дар нома хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бино ба ҳукми содир кардаи Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи КҲБ-СММ дар торихи 17 апрели соли 2018 ва инчунин дар торихи 19 ноябри соли 2019, “мо шуморо аз нақз шудани ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ огоҳ мекунем, мо нигарони коршикании ҳукумати Тоҷикистон нисбати Маҳмадалӣ Ҳаит ва интиқомҷӯӣ нисбати Раҳматулои Раҷаб ва Зубайдулои Розиқ ҳастем.
Аз замони боздошташон дар 16 сентябри соли 2015 ин 3 нафар ҳамвора мавриди шиканҷа ва озори мақомоти Тоҷикистон қарор доштаанд. Дар августи соли 2016 барои шикоят аз рафтори бади зиндонбонон, масъулини зиндон шона ва пойи Маҳамадалӣ Ҳаитро шикастанд, дар моҳи марти соли 2019 ҷаноби Ҳаит дар мулоқот бо ҳамсараш нишонаҳо ҷароҳат дар пешонӣ ва шикамашро нишон дода буд. Ҳаит гуфта буд, ки Нуриддин Раҳмон, муовини феълии раиси зиндонҳо, ӯро ба хотири сабт накардани эътирофи видеоӣ, шиканҷа ва лату кӯб кардааст.”

Гуфта мешавад, аз болои ҳамаи ин ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шикоят расидааст ва ин шикоят дар дасти баррасии ин Кумита қарор дорад.

Дар муроҷиат таъкид мешавад, ки Кумита парвандаи Маҳамадалӣ Ҳаитро зери назорати вежаи худ қарор додааст. Ҳамчунин қайд гардида, ки дар торихи 4-уми ноябри соли 2020 Нилс Мелзер, гузоришгари вежаи зидди шикаҷаи СММ нигаронияшро дар мавриди шиканҷа ва таҳқири зиндониён бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошта буд.

Дар ин ҳукм СММ боздошт ва зиндонӣ кардани раҳбарони ҲНИТ-ро ғайриқонунӣ дониста ва хостори озодии фаврии онҳо гашта буд.

Дар номаи Freedom Now гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз Маҳмадалӣ Ҳаит ва хонаводааш интиқом мегирад. “Дар 24-уми ноябри соли 2021 хонаводаи ӯ бояд бо М.Ҳаит мулоқот мекард, ки ин фурсат дар 6 моҳ 1 бор ва барои 30 дақиқа то 1 соат дода мешавад ва ин бор ҳамин мулоқоти пушти шишаро низ масъулони зиндон иҷозат надоданд ва далелашро нақзи муқарароти зиндон аз ҷониби Ҳаит, яне нарафтан ба берун барои ҳавохӯрӣ унвон кардаанд. Ба хотири он ки дар гузашта М. Ҳаит аз ҷониби масъулини зиндон мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор гирифта буд, мо ъамиқан нигарони вазъи саломатии ӯ ҳастем.”, омадааст дар нома.

Freedom Now ҳамчунин аз интиқомҷӯии мақомот нисбати Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ, ки баъд аз навиштани нома ба Президент Раҳмон дар “карсер” ҷой карда шудаанд ва инчунин аз парвандаи ҷиноӣ боз кардани мақомоти Тоҷикистон нисбати Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб интиқод кардааст.

Мутобиқ ба резалутсияи 72/247 Маҷмааи умумии СММ замоне, ки мақомоти як кишвар шахсиятҳо ва ё пайвандони онҳоеро, ки СММ дар бораи парвандаи онҳо назар додааст, бозҷӯӣ ва таъқиб мекунанд, ин рафтори мақомот ҳамчун даҳшатафканӣ ва интиқомҷӯӣ дониста мешавад. Ин дарҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дархости СММ барои озодии зиндониёни сиёсиро рад карда, онҳоро на танҳо озод накардааст, балки пайваста ҳуқуқи ин афрод ва хонаводаҳояшонро нақз мекунад.

Дар ҳамин ҳол Карл Ҳорберг, намояндаи Freedom Now дар суҳбат бо Аздо тв гуфт, Созмони Freedom Now ба Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ва чанд Гузоришгарони махсуси СММ дар бораи шароити нигаронкунандаи Махамадалӣ Хаит ва ҳамҳизбиёни зиндонии ӯ нома фиристодааст.

Карл Ҳорберг, намояндаи Freedom Now

“Мо сахт нигарон ҳастем, ки шароити зиндагии онҳо бад шудааст ва мақомоти Тоҷикистон барои навиштани номаи кушод ба раисиҷумҳури Тоҷикистон бо дархости аз нав баррасӣ кардани ҳукми онҳо аз онҳо интиқом мегирад. Мо умедворем, ки СММ дар робита ба ин ҳолат чораҳои фаврӣ андешида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ин зиндониён бештар ҷалб мекунад.”, афзуд Карл Ҳорберг.